(раддияи дуввум)
Зиёиёни муҳтарами тоҷик!
Мақолаи шумоёнро бо диққат хонда ба хулосае омадам, ки шумоён, як гурӯҳ аҳли илму дониш ва намояндагони фарҳанги тоҷик мехоҳед боз як пешвои дигар бо номи “пешвои иқтисодӣ” мисли Мао Цзэдун ё “Mao Tse-Tung;”, ки ҳокими низомии Чин Ҷёнк Кой Шикро бо роҳи инқилоб шикаст дода буд ва худаш ҳоким гашт. Бингаред ба китоби “ПУТИ ПОДНЕБЕСНОЙ” ,то бештар огоҳ гардед. Шумо мехоҳед ба сари ин халқи сарсахту ғулом пешниҳод ё ин ки чунин ақидаро таҳмил намоед?.Ба худо айб аст, ки кур- курона, надидаву насанҷида як нафарро ин қадар баҳогузорӣ намоем.
Албатта, аввал нафар бояд сари ягон мансабу вазифа як муддати муайян кор кунад, баъдан таърих ва халқ баҳои худро нисбати ӯ мегузорад. Президентҳоро пас аз анҷоми муҳлати якуми худ баъд аз 4 ё 5 соли сари давлат буданашон халқ баҳо дода даъвати дуюми муҳлатро бовар мекунад ё ин ки бовар намекунанд. Ман дар назар дорам давлатҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҳар як овози мардум қадру қиммат доштаро, на он давлатҳои ба мисли мо диктатуриву ғайридемократиро. Дар Тоҷикистон ҳоло вақте расидааст,ки баъд аз 30 соли ҳукмронии Раҳмонов, нисбати фаъолияти ӯ ва ҳукумати сохтаи ӯ, ҳар як нафари синнаш аз 18 боло баҳодиҳӣ карда метавонад. Охири соли 1992 зиёде аз мову шумо бо як орзу, бо як боварӣ, бо як хурсандӣ ба қасамҳову ба суханҳои додааш ба халқ , мардуми соддафаҳми мо ба Раҳмонов бовар карда ӯро ҳар кас бо роҳи худ дастгирӣ намудем. Ҳамаи он қасамҳояш, ки бо шири модару бо Қуръони карим хурда буд, ки ман ғайр аз як акаи тракторист касе надораму даъвои вазифаталошӣ хам надорам, фақат ваъдаи сулҳ оварданро мекард, агар каме назар ба таърих афканем диламон на фақат аз Раҳмонов, балки аз ҳамаи сиёсатмадорону тарафдоронаш сард мешавад. Ҳазорҳо нафар мардуми Тоҷикистон бо ҳар баҳона кушта шуд ва то ҳозир давом дорад. Ҳазорҳо- ҳазор нафар то ҳозир дар зиндонҳо бо парвандаҳои бофтаву сохта, беҳуқуқӣ дар ватани худ, миллионҳо нафар одамон дар муҳоҷирати меҳнатии маҷбурӣ, ҳазорҳо нафар бе ному нишон дар ҷангалҳои Русия куштаву гум шуда, ягон заводу фабрикаҳои аз даврони шуравӣ монда кор намекунад, нархҳои махсулоти хурокворӣ ва сузишворӣ рӯз аз рӯз ба боло рафта истода, коррупсия то охирон мактабу боғчаҳои бачагонаи деҳоти дурдаст фаро гирифтааст, дар ягон соҳа бепуштибону бепул гапатро ҳеҷ кас гуш намекарда, тамоми бизнесҳову ҷойҳои
сердаромади мамлакатро як авлод, як оила забт карда гирифта ва ғайраву ғайраҳо, магар мо бо шумоён ҳамин тавр давлат сохтанӣ будем? Магар мову шумо барои ҳамин ба Раҳмонов овоз дода будем? Баъд аз 5-6 соли роҳбариаш Рахмонов, баъд аз нафарони асосие, ки ӯро ба қудрат оварданд бо ҳар роҳу ҳила аз байн бурда, оҳиста-оҳиста ба вазифаҳои калидии ҳукумат хешу табор ва ҳамдеҳагони худро аз Данғараву, Колхозобод аз Бохтару Фархор, ба гуфтаи худашон мардуми Балҷувонро кашида ба Душанбе ҷамь намуд. Қариб ки 50-60% онҳо бидуни дипломи мактаби олӣ ё ки тамоман аз ихтисоси худ дур буданд, фарқе набуд барои Раҳмонов. Асосаш ба ӯ содиқ бошанд. Ба зиёиён гуфтаниам, ки дар Тоҷикистони Раҳмонов сохта барои соҳиби мансаб шудан 5-10% дониш доштан кифоя аст. Онҷо аз рангу рӯйи одами боақлу бохирад, донишманду сухандон безоранд ва 80-90% наздикӣ ба Оила ё ин ки ба хешу табори онҳо муносибат доштан аст. Дар Тоҷикистон ба ҳамаи кор, сиёсатмадор, ҳуқуқшинос, академики тамоми илмҳо, табиби тамоми дардҳо, гинекологи хуб, мулло, шоир, артист, шеъру сурудфаҳм, раққос, инжинер, ошпазу нонпаз ва ғайра фақат як одами “худодод” аст бо номи Раҳмонов Эмомалӣ. Дигар Тоҷикистон ниёз ба касе надорад. Дар ана ҳамин солҳои бедодгарӣ дар гирди ин оила бисёр нафарони “случайный” пайдо шуданд, ки яке аз онҳо Кабиров Шералӣ мебошад. Бек Сабуров ҳам вазир аст, бояд фаромӯш накунем, агар қудо бо пешво набошад, ӯро ба “пивнушка” роҳ намедиҳанд. Ӯ ҳам “доктор наук” асту дар Москва рисолаи худро гуё ҳимоя кардааст.
Мисолҳо як чанд китобанд, лекин аз мавзуи асосӣ дур намешавем. Нисбати Кабиров Шералӣ, ки мо ӯро бо ҳамин ном мешиносем, ба маълумоти муҳтарам зиёиён расониданиам, ки ӯ дипломи институти кооперативиро ғоибона, баъд аз таъин гардидан ба вазифаи роҳбари “Талко” гирифтааст. Имрӯз ҳама дар дасти худашон аст. Ӯ метавонад дипломе нишон диҳад, ки соли 1980 МГУ-и Москваро тамом кардааст, ҳол он ки соли 1972 ба дунё омадааст, ё ин ки мисли ҳимояи мавзуъи докториаш, ки ин мавзуъро олимони рус таи даҳсолаҳо сараш кор мекарданд, лекин олими бузурги тоҷик дар як моҳ навишта ҳимоя кардааст, шумо як маротиба пурсед, на танҳо маънии мавзуи гуё ҳимоя кардаашро, балки бовар дорам, номи мавзуьро дуруст ва бо пуррагӣ гуфта наметавонад.
“Эмомалӣ Раҳмонов “пешво”и миллат худаш ҳам гуё донишгоҳи миллиро ғоибона хонда диплом гирифтааст, ки ҳамин ҳам зери савол мебошад.”
Шералӣ дар гирди Ҳасан Асадуллозода пайдо шуд ва баъд мардум фаҳмид, ки ҳамин тавр ҷавон ҳам вуҷуд дорад.То он вақт ҳеҷ кас номи ӯро нашунида буд. Шералӣ агар дар зиндагӣ соҳиби як куртаи нав шуда бошад, ё чи муваффақият ва шуҳрат пайдо карда бошад, ҳама аз ҳисоби Ҳасан Асадуллозода аст. Ҳама мардуми хурду калони Тоҷикистон медонад, ки Шералӣ кӣ аст. Ҳасан Асадуллозода дар тамоми гуфтугузорҳои тиҷоратӣ бо хориҷиён, вохуриҳо бо раисону вазирон, қариб, ки дар тамоми сафарҳои пешво ва дигар корҳои шахсии худ ҳамчун ёрдамчӣ Шералиро мебурд ва бовар мекард. Мардум ин ҳолатро дида зиёде корҳои худро ба воситаи Шералӣ ба Ҳасану дигар раисон ҳал менамуданд. Ҳамин тавр Ҳасан, ки худ як одами тамоман бесавод ва маишатпараст мебошад ба Шералӣ пурра бовар намуда, каме барвақт худро Ҷаноби Оли-2 тасаввур кард. Дар охир албатта шаттаи сахт ҳам хурд, сахт пушаймон ҳам ҳаст. Аммо як вақти муайян фоида надорад ва ҳеҷ кор ҳам карда наметавонад. Ҳасан Шералиро ворид ба Оила сохт ва бо Раҳмонов аз наздик шинос намуд. Ҳасан мисли худ як одами кучагӣ ва бемаълумотро бо диплому унвонҳои фальшивый то вазири саноати Тоҷикистон оварда расонид. Ин болоравиҳо дар карера ва олими бузург шудан ин фақат ва фақат хизмати Ҳасан Асадуллозода аст, ки ӯ имрӯз худро ҳамчун “асосгузори иқтисодиети Тоҷикистон” номидааст. Ҳатман ин мақоларо худи Кабиров Шералӣ ба 3-4 нафар ба ном “зиёиён” пул дода навиштааст ва онро мақсаднок ба “Ислоҳ” ирсол намудаанд. Дар давоми чопи як чанд мақаола аз рӯзи таваллуди Шералӣ Кабиров то имрӯза ҳаёт ва фаъолияти ӯро, мисли оина ба шумоён пешкаш менамоем. Зарар ва фоидаи ӯро ба чамъият, чи тавр донишмандӣ ва ободкории ӯро, ҷиноятҳои махсусан калони ӯро, ки 80% аъзои оилаи Раҳмонов ин қадар ҷиноятҳои иқтисодӣ содир накардаанд, нақл менамоем.
“Ҳасан Асадуллозода умуман мехост ӯро сарвазир ё ақаллан муовини аввали сарвазир монад, лекин Раҳмонов президенти солхои 1995-1996 нест. Сарвазир хатман бояд “кукла” ё “Арусак” аз вилояти Суғд бошад, боз дар оила машварат карда ба хулосае омаданд, ки Давлаталӣ Саидов хешутабори наздиктар аст, бояд ӯро таъин намуд.Боз ӯ бояд аз Суғд бошад.”
Хиёни бузрги Шералӣ Кабиров ба Ҳасан Асадуллозода
Ҳасан Асадуллозода , бо як зораву нола, бо дастгирии апааш Азизамоҳ Шералиро вазири саноат монд ва аз байн дере нагузашта Шералӣ тамоми сирру асрори Ҳасан Асадуллозодаро ба пешвову Рустам нақл намуда аз онҳо хост, ки ӯро аз “мустамликаи Ҳасан” халос намоянд. Тамоми муомилоти пинҳоние,ки Ҳасан Асадуллозода аз оила пинҳон тавассути Шералӣ Кабиров анҷом дода буд ҳамаро як ба як барои наздик шудан ба “пешво” барояш гуфт,то садоқаташро ошкор созад. Баъдан гуё бо супориши пешво ва аъзоёни Оила бо пуррагӣ аз Ҳасан Асадуллозода руй гардонид, дигар ба телефонҳояш ҷавоб намедихад, дар ягон маърака агар рӯ ба руй шавад ғайрат мекунад салом накунад ё ин ки сари як миз бо ӯ нанишинад. Ҳатто гапҳо баромад дар кругҳои дохил оилавии “пешво”, ки гӯйё Ҳасан як инсони хело касиф ва мубталои бемориҳои хатарнок ҳам ҳаст. Ҳатто муоиноти тиббиро ҳам ба хонавода тақдим намуда аст. Аз ин ҷо буд, ки модари Муҳиддин апаи Зоир Соҳибов Ҳасанро фоҳиша гуфта ва иқрор намуда аст, ки Ҳасан ӯро ба беморӣ гирифтор намудааст. Ин сару садоҳо дар кругҳо давр мезанад, ки асосашро Шералӣ Кабиров медонанд, ки бо санад докозат карда будааст. (тафсилоти ин ҳодисаро дар раддияи дигар интизор бошед)
Албатта Раҳмонов бисёр актёри калон аст!! Миссияи Ҳасан Асадуллозода ҳам ба фикрам аллакай ба охир расид. Барои он ки нафақат фарзандони Раҳмонов калону гуё боақл шуданд, балки набераҳо низ аз Бобо алакай вазифа талаб доранд. Барои норозӣ нанамудани Азизмо тавассути Шералӣ Кабиров ин ходҳоро омода намуда бошад. Вой бар ҳоли мардуми тоҷик!!!
“Зиёиён навиштаанд, ки гуё соҳибмулки пештараи “Ориёнбонк” ба душвориҳо дучор шуда бонкро ба фурӯш мондааст. “Ориенбонк” ин собиқ “Промстройбанк”- и СССР ва баъдан Тоҷикистон буда, даҳсолаҳо роҳбарии ин банкро марҳум Абдусатторов Абдумуталиб ном одам роҳбарӣ менамуд, ва дар охирҳои соли 1998-1999 Ғаффор Идиев ном соҳибкор, бо ёрӣ ва дастгири командир Суҳроб Қосимов, роҳбари бонк Абдусатторовро аз кабинети кориаш бо яроқу аслиҳа зада, зери фишор аризаашро гирифтанду Ғаффор Идиевро сардори бонк таъин намуданд. Абдусатторов зуд аз Душанбе кучи худро баста ба вилояти Суғд рафт. Ҳамин тавр тахминан ду сол роҳбарии Ориёнбонкро Ғаффор Идиев дар душ дошт, ки аз тарафи Ҳасан Асадуллозод, ки нав аз Колхозобод ба ҳайси раиси биржа омада буд, фишори забт карда гирифтан шуруъ шуд, ҳатман бо супориш ва дастури худи пешво.”
Ғаффор Идиев ҳам ба хубӣ намехост бонке, ки мисли як филми Голливуд забт карда гирифта буд ба осонӣ аз даст бидиҳад. Лекин дар пушти Ҳасан Асадуллозода тамоми аппарати давлат истода буд. Дере нагузашта Идиев Ғаффорро мисли модаҳои ҳозира, “финансирование боевиков Раҳмон “Гитлер”” гуфта прокурори ҳарбии онвақта Шариф Қурбон, як фасодзадаи дигар ӯро ба ҳабс гирифт ва ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд. Дар ин вақт Шералӣ Кабиров фақат ронандаи шахсии Ҳасан Асадуллозода буду тамом.
Ҳасан Асадуллозода дар як мошини жигули 2107, рақами давлатиаш 00-77 ХТА. Дигар ягон рол бозӣ намекард. Баръакс барои ғасб намудани Ориёнбонк “ёрӣ ва меҳнат”-и Идиев Ҳусейн зиёд расидааст, ки ӯ ҳамаи хабарҳоро аз назди писар амакаш Ғаффор Идиев меоварду бо пуррагӣ дар хизмати Ҳасан Асадуллоев буд. Ҳусайн Идиев подоши хидматҳои кардааш ба Ҳасан Асадуллозодаро то ҷое пас гирифт. Мо бояд душманро дар дур накобем, душман доимо ҳамроҳамон аст. Гоҳо худамон бо баъзе амалкардҳоямон душманӣ бар худ мекунем, ҳоло куҷо расад ба душмании нафарони заздикамон.
“Ин қисса хеле дароз аст ва мумкин аст онҳое дар мавриди Идиев Ҳусейн ба “Ислоҳ” менависанд дақиқан ин масаларо каме муфассалтар нависанд, то ин ҳолат ҳам ошкор гардад. Аммо агар онҳо нанавиштанд, мо омодаем ончи ба ин масала марбут аст ба “Ислоҳ” нависем.”
Саҳмиядори асосӣ Идиев Ғаффор буд. Бо як фиребу бо як фишор ба сари Ғаффор Идиев рафта, дар дохили зиндон ба ивази озодиаш аз зиндон ва маҳкам кардани парвандаи сохтаи Шариф Қурбон, саҳмияҳои бонкро имзо кунонида ба фоидаи Ҳасан Асадуллозода гирифтанд. Баъд аз он Ҳасан Асадуллоев ғасби яке аз бонкҳои калони Тоҷикистонро ба охир расонида раиси саҳмиядорони Ориёнбонк шуд. Ориёнбонк аввалин ғасби моликияти дигарон бо роҳҳои фишор, парвандаи сохта буд. Баъд аз ин садҳо корхонаву иншоот ва бизнесҳо аз тарафи Ҳасан Асадуллозода ғасб карда шуда, садҳо одамонро бе гуноҳ зиндон ё ин ки аз мамлакат берун карданд. Яъне пас аз захвати “Ориёнбонк” диданд мешудааст ва ҳеҷ кас чизе ҳам намегуфтааст. Чуноне оғози ба ҳукм расидани Эмомалӣ Раҳмонов ин сессияи 16 ум дар Хуҷанд аст. Оғози ғасбҳои рейдерӣ дар Тоҷикистон тавассути оилаи Раҳмонов ин “Ориёнбонк” аст.
Шералӣ Кабиров аз махинация муҳрабизнез 32 миллион доллар ба Ҳасан дод
Мо як ҳолати воқеиро бароятон мегӯем, ки онро аксари мардуми кишвар хуб медонанд. Агар ёдатон бошад “муҳрабизнес” баромада буд. “Ҷамол Компания” ва Ҷамшед Сиёев як ҷавони Дарвозӣ роҳбари ин ширкати махинация буд. Шералӣ Кабиров сармуҳосиби ин ширкат ва дасти рости Ҷамшед Сиёев буд. Ҳама он пулҳое аз мардум ин ширкат ҷамоварӣ карда буд як моҳ пеш аз бастани ширкати “Ҷамол Компания” Шералӣ Кабиров худро бо Ҳасан наздик мекунад ва роҳи ҳама пулҳои ҷамъовардаи ин ширкатро ба Ҳасан Асадуллоев мефаҳмонад. Ҳама роҳро дуруст мекунанд ва Шералӣ Кабиров аз он ширкат берун мешавад ва пас аз пурра ба даст гирифтани маблағҳо аз ин ширкат. Шералӣ Кабиров барои чандин миллион доллар овардан ба Ҳасан Асадуллозода ба командаи ӯ мегузарад.
“56 ҳазор нафаре, ки баробар ба 117 миллион сомонӣ (ба ҳисоби онвақта қариб 40 миллион доллар) буд, ба кисаи Ҳасан Асадуллозода 32 млнашро ба “Ориёнбонк” гузаронид.”
Хуб бо мардуми пул дода чӣ шуд, Ҷамшед Сиёев чӣ шуд дигараш ба ҳама маълум аст ва ҳоҷат ба шарҳу тафсилоти бештар нест. Аммо ҳамин қадар мегӯем Ҷамшед Сиёеро соли 2003 ба 11 сол ҳукм ба зиндон карданд ва боз бо дахолати Шералӣ Кабиров ва Ҳасан Асадуллозода ба Ҷамшед Сиёев 19 соли дигар ҳукм содир намуданд. Яъне 30 сол ҳукм ба зиндони низомаш пурзур ба он хотир,ки дигар набарояд ва зиндагонии моро талх накунад. Ахиран дар 27 уми октябри соли 2015 дар зиндони “Кирпичний” дар шаҳри Ваҳдат “безарар” гардонида шуд, яъне куштанд ӯро. (Дар дасти “Ислоҳ” аз прокуратураи генералӣ тафсилоти ин қазия бо санадҳои муҳри махфӣ вуҷуд доранд,ки исми Шералӣ Кабиров дар чанд дело вуҷуд дорад.Агарчи ин ширкат ҳамагӣ панҷ моҳ фаъолият намудааст яз моҳи март то августи соли 2003 тафсилоти бештари ин қазияро дар раддияи дигар интизор бошед)
Олимони муҳтарам ин аст ҳақиқати аслии чи тавр соҳиби бонк гаштани Ҳасан Асадуллозода, чуноне, ки фаҳмидед, ягон заррае ҳиссаи Шералӣ дар инҷо нест. Ин ҳама корҳо бо сардорӣ ва роҳбарии бевосита ва роҳнамудоти сӯдманди пешво барои оила сурат мегирад. Ҳасан нав аз қишлоқ ба шаҳр омада буд. Ӯ қудрат надошт бо як милитсионери одӣ гап занад, на он ки ба Суҳроб Қосимов рӯ ба рӯ шавад.
“Оиди корхонаҳои номбар карда шуда “Ориёнбонк”, “Сомон-Эйр”, “Талко”, “Талко Голд”, “Талко кабел”, “Талко Ресурс”, “Талко Кемикал”, “Талко Флюорит”, “Сомон Суғд”, “Сомон-Сохтумон”, “Сомон-Суғурта”, “Сомон –Лизинг”, мо як ба як ба шумоён маълумот пешкаш менамоем ва исбот менамоем бо рақамҳо, ки кадом корхонае, ки Шералӣ Кабиров бевосита ба сохтумонаш ҳисса дошта бошад, ҳатман қимати аслии ин корхона аз 5 то 10 маротиба баланд нишон дода шудааст.”
Оиди доно ва забондонии Шералӣ Кабиров фақат кутоҳакак ҳамин қадар мегуем, ки ғайр аз забони тоҷикӣ дигар ҳамаи забонҳоро Шералӣ “озодона” бо “Google translate” гап мезанад. Мо Шералиро аз ҳамшаҳриҳояш беҳтару хубтар мешиносему бо ӯ муомилаҳо ҳам дорем, то ба имрӯз.
Ҳамин забонро ҳам вақти маслиҳати “откат” мешавад бе шоҳид, бе тарҷумон, танҳо ба танҳо бо шарикони бизнесии хориҷӣ гап мезанад. Ба ҳамаи гуфтаҳо шоҳид дорем. Агар шумо хохед, ки забондонии Шералиро исбот намоед, марҳамат бо яке аз ин забонҳо, ҳамчун вазир як мусоҳибаи озод ташкил намоянд, мо албатта хурсанд мешавем.
Аз рӯйи мактуби навиштаи зиёиён маълум мешавад, ки зиёда аз 20 сол дар Тоҷикистон ғайр аз Шералӣ дигар ягон нафар аз сарвазиру муовинонаш, вазирону раисони кумитаҳо, раисони вилояту шаҳрҳо ҳама бекор, фақат хурда хоб, бо ду чашм интизор, ки кай Шералӣ Кабиров омада, шаҳру вилоят, ё ин ки корхонаҳои моро обод карда медиҳанд, ё ин ки кай як корхонаи нав сохта медиҳанд?! Биёед пеш аз ҳарф задан аз ободкориву созандагии Шералӣ Кабиров як чизро муайян созем. Кабиров Шералӣ вазифаашон аз чи иборат аст ва маблағҳои масраф мекардаашон аз они кист? Шералӣ як мудири (менеджер) корхона, ки аз ҳисоби маош ва ё ягон бонусҳои иловагӣ зиндагӣ мекунанд. Ин кас соҳибмулки Талко набошанд, ё ин ки ақалан вазири молия набошанд, ки ба ягон лоиҳа маблағ чудо кунанд. Ҳар як коре, ки Шералӣ ба сохтумон ё ободкориаш даст задааст, бюджети давлат ё пулҳои Талко масрафаш даҳҳо маротиба баланд шудааст. Ба ҳар яке аз ин сохтумонҳо маълумоти аниқ ҷамь намудаем, албатта, як ба як бо далел онҳоро пешкаш менамоем. Худоро шукр мекунем, ки мисли Шералӣ “олими иқтисодӣ” дар ин ҳукумат фақат якто, агар ду ё се нафар мебуданд бюджети Тоҷикистон масрафи онҳоро намебардошт.
“Дар вазорати саноат ташкил намудани “центр интелектуалный собственность” тамоман ба Шералӣ дахл надорад. Мо боварӣ дорем, ки Шералӣ тамоман ин мавзуъро намефаҳмад. Ин мавзуъи як ҷавоне, ки беҳтарин мактабҳои олии Амрикоро хатм карда омада ин программаҳоро дар Тоҷикистон ташкил намуда истодааст.”
Шералӣ Кабиров гуё доктори илм ва олими ҷавон ҳасту яке аз мавзуъи хеле муҳимеро гуё бо сари баланд навишта ҳимоя кардааст. Дар Шӯрои диссертатсионӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди муҳити соҳибкории корпоративии корхонаи воҳид: назария ва методологияи идоракунии зиддибӯҳронӣ (дар мисоли КВД «Талко»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи докториро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 19 марти соли 2012 дифоь кардааст.” Боварии комил дорам, ки Шералӣ Кабиров номи мавзуъи худро гуфта наметавонад ва тамоман як варақ худаш нанавишта аст.
Нисбати рисолаи доктории Шералӣ Кабиров, Давлаталӣ Саидов ва Асадулло Раҳмонов дар маҷаллаи “дисернет” ва «Компромат.ру» хеле хуб гуфта шудааст, ки аз куҷо ин рисолаҳоро руйбардор ё дуздӣ ё ин ки “плагиати асарҳои илмӣ” карда шудааст. То ҳатто Раҳмонов дар як вохурӣ бо “олимони ҷавони нав ҳимоят карда” баъди ҷангҷолҳои ин ҷамоат чунон гуфт. Ин ҷамоат 32 донишманди тоҷикро ба асардуздӣ маҳкум кард. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон зимни муроҷиат ба “олимон”-и муттаҳам ба асардуздӣ гуфт: “Агар мустақилона рисолаҳои худро нанависед, чӣ гуна академик, профессор ва номзади илм шудед? Шумо нанги ин миллату давлат ҳастед!». Ана хамин тавр доктори илм шудааст Шералӣ Кабиров. Нисбати фаъолияти заводи калонтарини алюминии тоҷик таҳлилҳои чуқур ва далелҳои раднашавандае дорем, ки ӯ саҳифаи зиёдеро мегирад. Кутоҳӣ гап ҳамин, ки беҳтарин, бузургтарин корхонае, ки зиёда аз 20.000коргар дошту бо пуррагӣ шаҳри Турсунзодаро бо тамоми мактабҳову боғчаҳои бачагона ва спортзалҳову хонаҳои маърифатиро дар баланси худ нигоҳ дошта, масрафҳояшро медод ва зиёда аз 500.000 ҳазор тонна истеҳсоли алюминий дошт, маҳз Шералишо Кабиров пурра онро ба нестӣ расонид.
Суғдро Ҳасан Асадуллозода тавассути “Сомон Суғд”у Шералӣ Кабир захват кард
Дар мактуб гуфта мешавад, ки гуё Шералӣ Кабиров дар вилояти Суғд як ширкати бо номи “Сомон-Суғд” ташкил намуда, корхонаҳои пурра аз кор мондаро ба баланси Сомон-Суғд гирифта ба кор дароварда бошад. Нисбати ҳар як корхонаи бо роҳҳои шантаж,фишор ва қаллобӣ ба даст даровардаи Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабиров маълумоти мухтасар пешниҳод менамоем. Фақат ҳаминро фаромӯш набояд кард, ки мардуми вилояти Суғд беҳтарин олимон, мутахассисон,инжинерҳову роҳбарон доранду ба дастгириву роҳнишондиҳии Шералӣ Кабиров барин мутахассисони фальшивый ниёз надоранд. Он корхонаҳое, ки дар вилояти Суғд гасб намуд, ҳама 100% фаъолият дошт, ҳазорҳо нафар кор мекарданд, миллионхо сомонӣ андоз месупориданд, то ба дасти “Сомон- Суғд” гузаштан, баъд аз он 70% корхонаҳоро, баъд аз тамом шудани ашёи хом ва натавонистани фурӯши маҳсулоти тайёр ба оҳанпора бурда фурӯхтанд, заминхояшро ба мардум ҳамчун ҳавлиҷой тақсим карда фурӯхтанд ва то ҳозир фурӯхта истодаанд. Боварӣ дорем аз ҳамаи ин ҳолатҳо пешво хабар дорад, сиёсаташ ҳамин аст, ки мардум бояд пулдор нашаванд. Масалан беҳтарин соҳибкорони вилоят, ки бе ёрии маблағҳои бонку бе ёрии давлат, бо кушишу дониши худ, бо ёрии дустону рафиқони худ даҳҳо корхонаҳоро обод карда буданд ба мисли ширкати ” Нур” терминали аэропорт- Нурулло Усмонов, бозори “Панҷшанбе”- Абдураҳим Исмоилов, соҳибмулки як қатор заводҳои Исфара, ки зиёда аз 3000 нафар коргар дошт Низомхон Ҷураев, ки ҳар се ҳам вакилони якчанд маротибаи маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ буданд. Бо шантаж, фишор, бо парвандаҳои сохта ҳамаро ғасб карда гирифтанд. Аммо ҳоло 90% аз ин корхонаҳо дар ҳолати нестшавӣ қарор доранду ҳеҷ фоидае на худ диданд ва на мардум.
“Ҳамаи ин корҳо маҳз аз сусту беирода, тарсончаку беимон будани раисони вилояти Суғд далолат мекунад, ки лозунгашон “ҳамаро гиранду маро аз вазифа нагиранд” мебошад. Таърих баҳои ҳамаи онҳоро медиҳад. Масалан аз ҳама муддати кам раиси вилоят Ҳомидов Абдуҷалил кор карда дар зиндон мурда бошад ҳам, номи ӯро албатта мардум ба хубӣ ёд мекунанд, назар ба Қосим Қосимову Қоҳир Расулзодаву Абдураҳмон Қодириву Раҷаббой Аҳмадзода. Ин се нафар фақат сандуқи худ ва сандуқи оилаи Раҳмоновро аз ҳисоби фурӯши вилоят пур карданд ва давом дода истодаанд.”
Шералӣ Кабиров бо ягон инвестори хориҷӣ корро то охир хуб ба роҳ намондааст, оқибати кор бо ҳамаи инвесторҳои хориҷӣ бо ҷангҷолу судбозиҳо ба охир расидааст. Дар ёд оред, ҳафтаҳо телевизионҳои тоҷик нишон медоданд, ки инвесторон аз Русияву Хитой, аз Эрону Швейтсария омада гуфтугугузорҳо мекарданду мехостанд миллиардҳо сармоягузорӣ намоянд, вале зиёде аз онҳо корро ҳам шуруъ карда буданд, ва бо сабабҳои номаьлум оҳиста – оҳиста хомӯш шуда бе ному нишон шуда мерафтанд, сабабгори ҳамаи ин гурехтанҳои инвесторҳо маҳз талаби “откат”-ҳо аз онҳост, ки як қисми қарордодҳои онҳо дар назди роҳбарони ду давлат имзо шуда буд ва онҳо намехостанд, ки аз як тараф сармоягузорӣ мекунанд аз тарафи дигар даҳҳо миллион доллар “откат” медиҳанд. Барои ҳамаи ин инвестороне, ки нияти дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардан доштанду бо ҳар хел сабабҳо сармоягузорӣ накарданд.Мо, албатта бо қадри имкон маълумоти воқеии дақиқ пешниҳод менамоем. Маълумоте, ки мо дар даст дорем ва рӯйи коғаз меорем, ҳама бевосита аз мутасаддиёни ин проектҳо, кормандони “Талко”, ва шахсони маълумоти мухтасар нисбати ин ҳолатҳо дошта мебошад. Дар охири ин раддияи худамон инро мегӯем,ки агар шумо нашр намоед, ҳатман муфассал ҳамаро як ба як бо далел тақдиматон менамоем, то мардум “асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”-ро хубтар шиносанд.
Поёни раддияи дуввум ба матлаби “ Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”
Ps : “Ислоҳ” ҳамеша омодааст матолиби муҳим ва мақолаҳои илмӣ ва пажуҳишию тадқиқотиро нашр намояд. Мо кушиш мекунем навиштаҳои шуморо дар мадди аввал гузорему бе даранг онҳоро нашр намоем.