(раддияи чаҳорум)
идомаи посух ба зиёиёни тоҷик
Бисёре аз мардуми дар сари қудрат фикр мекунанд, ки дунё доимо яксон мемонад ва онҳо ба ҷиноятҳояшон ҳеҷ гоҳ ҷавоб намегуянд. Мо, дар 10-15 соли охир шоҳиди сарнагунии президентҳое будем, ки садҳо миллиард доллар доштанд, лекин дар як лаҳза ҳама барбод рафт, миллиардҳо низ ёрияшон накарданд. Сабаби асосии шикаст ва бархам хурдани зиёде аз роҳбарони давлатҳои диктаторӣ, маҳз аз худ рафтани фарзандону хешу таборон, наздикони Оила, зулму ситамгарӣ аз тарафи органҳои қудратӣ, судҳои бевиҷдони фасодзада, беқонуниятӣ, бе ҷазо мондан, фасодкорӣ дар тамоми системаи давлатӣ, бо туҳмату буҳтон шикастани ҳаёти мардум, ки оқибат ғазаби халқро оварда, дар оташи он ин система ё ки ин режим месӯзад. Як бор дар ёд биёваред, норозигии халқ нисбати фарзандони Саддам Ҳусейн ва фарзандони Муаммар Қаззофӣ, писари Қурмонбек Боқиеву хешу табори Нурсултон Назарбоев ба кадом бадбахтиҳо оварда расонид.
“Ҷиноятҳое, ки имрӯз тамоми хешу табори пешво дар Тоҷикистон карда истодаанд ба ҳама маълум аст, лекин дӯстону рафиқон, шогирдону шарикони бизнесии Оила, ки алоқамандӣ ба хешу табори оилаву пешво доранд, суистифода аз алоқаҳои худ намуда, ҷиноятҳое содир карда истодаанд, ин боз як проблемаи калони ҷамъият шудааст. Ба мисоли сӯйистифодабариҳо ва ҷинояткориҳои Шералӣ Кабиров, вазири саноат, Идиев Ҳусейн, раиси Тоҷикматлубот, Абдуллоев Исматилло (дулик) директори аэропорти Душанбе, Қаюмов Аҳмади “колбаса” ва даҳҳо нафари дигар ин ҳама мисоли равшан аст. Биёед аз ҳаёти Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабиров аз ҳазорҳо, як мисоле меорем, ки ба мардуми каме боимону бовиҷдон ва номус дошта ҳатман таьсир менамояд.”
Шералӣ Кабиров бо Ҳасан Асадуллозода наздик шуда, ӯро хуб омӯхт,ки Ҳасан як нафари бесавод, чашмгурусна, маишатпараст мебошаду фақат таърифу нушидану хурданро дӯст медорад. Ин хислатҳоро аз худи пешво, хешу табор ва наздиконаш омӯхтаанд. Барои Шералӣ ин хислатҳои Ҳасан Асадуллозода як туҳфае аз тарафи Аллоҳ буд, ки ӯ чи қадар тавонист ҳамон қадар ин бесаводро гипноз намуда, дар гирди чилики худ тоб медод ва аз вазъияти фароҳамомада истифода мебурд.
Шикори духтарон ё модарони “сурагат”и бадбахшуда
Тахминан солхои 2003-2004 Шералӣ Кабиров як занеро бо номи Гулбаҳор пайдо намуд, ки ӯ аз рӯйи маьлумотҳои аниқ ” VIP мамарозаи Калонҳо” дар шаҳри Душанбе будаасту дар вақтҳои лозимӣ бо маблағҳои хуб, духтарони тамоман ҷавону толибаҳои мактабхонро ба меҳмонҳои хориҷиву дохилии вазирҳову роҳбарони мақомотҳои қудратӣ таъмин менамудааст. Аввал Гулбаҳор бо супориши Шералӣ Ҳасан ва меҳмонҳои ӯро бо духтарон таъмин менамуд. Лекин рӯзе Ҳасан худи Гулбаҳорро дида ба ӯ ошиқ шуд ва ӯро “арусаки постоянный худ” эьлон намуд, новобаста аз он Гулбаҳор бо супориши Шералӣ, шефи худро бо духтарони нобилиғи мактабхон таъмин менамуд. Ҳасан бисёр дӯстдори духтарони то 17 сола будааст ва мехостааст дар ҳаёти онҳо “шахси аввал” бошад. Гулбаҳор аз Шералӣ супориш гирифтааст, ки барои шеф беҳтарин ва зеботарин толибаҳои мактабиро пайдо намояд. Аз ин хотир ӯ доимо дар мактабҳои Душанбе давр зада мегаштаасту духтарони параметрҳояшон ба Ҳасан маъқулро ёфта бо ягон роҳи фиреб ба назди Ҳасану Шералӣ меовардааст. Парол байни Гулбаҳор ва духтарони мактабхон ” мехоҳӣ соҳиби ҳама чиз бишави?” будааст, ки бечора духтарони ҷавони зудбовар, тез розӣ мешудаанд, ки соҳиби IPhone ё IPad-и нав мешавам. Қасам ба номи Аллоҳ, шахсан ман бо якчанде аз он ҷабрдида духтарон телефонӣ бо видеовызов ҳамсуҳбат шудаам. Яке аз онҳо апаву хохар (дугоник) буданд. Дар вақти сӯҳбат ба онҳо аз хашму ғазаб, аз пастигариҳои Ҳасану Шераливу Исмати “дулик”, аз нафрат ба ин авлоди хиёнаткор, фишори хунам баланд шуданд. Гапҳое, ки онҳо гуфтанд, барои навиштан дасти одам пеш намеравад. Духтарҳое, ки аз дасти Ҳасану Исмати “дулик” таҷовуз шудаанд, пештари онҳо ҳоло аз синни 30-35 боло шудаанду зиёде аз онҳо соҳиби оила ва фарзанд ҳастанд, лекин то ҳозир он ҳолатҳоро дар хотир оварда гиря мекунанд. Нақл мекунанд, ки моро аввал таҷовуз карда, баъд раҳо мекарданд ва дертар мефаҳмиданд, ки мо ҳомила шудаем, пас аз он доимо Гулбаҳор бо ду -се духтар аз пасамон назорат мебурданд, насиҳат мекарданд, ки ҳеҷ куҷо нақл накунем. Телефонҳои IPHON туҳфа медоданд, ояндаи дурахшонро ваъдаҳо мекарданд. Баъд аз шашмоҳа шудани кудак дар баданамон, моро 2-3 моҳ дар хонаҳои пинҳонӣ нигоҳ медоштанд, хурокҳои витаминдор мехурониданд, телефонҳоро пурра аз дастамон мегирифтанд, вақти бо хонаҳоямон гап задан болои сарамон истода, гапҳоро гӯш карда боз телефонро мегирифтанд. Вақте ки мо кудак таваллуд намудем, кудакамонро аз дастамон мегирифтанду рузи сеюм ё чорум ба хонаамон каме пули сомонӣ дода ҷавоб медоданд ва дигар дар давоми 15-16 сол кудакамонро ҳам надидаему намедонем онҳо дар куҷоянд ва чи ном доранд. Ҳоло дар кучаҳо бинем ҳам намешиносем.
Мо дар як хона то 5-6 нафар духтар, таваллуди кудакро аз Ҳасан якҷоя интизорӣ мекашидем, то таваллуд намудан, куча намебаромадем. Ба аҳли оила мувофиқи дастур хабар медодем, ки аз тарафи мактаб, ба Турция ё Дубай курси моделӣ ё забономузӣ рафтаем ва баҳонаҳои дигар мекардем. Гулбаҳор ба мо чи гуфтанро ёд медод. Бо ана ҳамин тавр методҳои ҷинояткорӣ садҳо духтарони нобилиғи ин миллатро ду чупонбачае аз Колхозобод омада, ҳаёташонро сӯзонида аст. Қариб, ки ҳамаи ин духтарон сирру асрори худро аз падару модар ва аз наздикони худ пинҳон намуда, шавҳар карданд, лекин дигар то имрӯз яке аз онҳо фарзандони аз Ҳасани “даҳмарда” ё Исмати “дулик” таваллуд кардаи худро надидаанд. Дар давоми ин қадар солҳо, 4-5 нафаре аз духтарҳо ба назди Ориёнбонк омада рӯйирост доду фарёд карданд, ки кудакамонро бидеҳ, ё ин ки иҷозати диданро бидеҳ, аммо милисаҳои назди банк онҳоро аз дасташон кашида “ин паад девона шидай, иҷа раддом нестай “ гуфта дур мекарданд. Мувофиқи гапҳои Шералӣ, Ҳасан ва Исмати “дулик” ҳар рӯз аз якдигар пурсон мекунанд, ки “ягон духтари наверо имрӯз даст задӣ ё не”. Ҳамаи ин шароитро албатта Ҳасан барои худ муҳайё кардааст, лекин Шералӣ уро дар ҳама ҷинояткориҳо дастгирӣ намуда мегуфтааст, ки “Ака худат ба миллату давлат хизмати зиёд кардаӣ, бояд отдих куни, кору хизмат ба сари мост”. Ҳар соле, ки компанияи Apple, эълони телефонҳои iPhone ё планшетҳои iPad модели нави худро муаррифӣ (презентация) мекунад, дар Дубай харидори аввалини 100-150 донаи ин техникаҳо ҳатман Шералӣ Кабиров мебошад, ки оварда, қисми зиёдашро ба дасти шефи худ месупорад ва ханда карда мегуяд, ки “Ака барори кор, ба шикорҳои нав”. Ҳасан бошад, бо ин телефонҳо ҳаёти боз садҳо духтарони ноболиғро бо фиреб, бо як зурӣ, бо доруҳои мадҳушкунанда мешиканад. Мо бисёр ҳолатҳоро пеш аз ҳама аз суханҳои худи Шералӣ ва баъдан аз суханҳои ҷабрдидагон аниқ намудаем. Маҳз Шералӣ Кабиров аз Дубай 10-12 нафар духтарони филлпиниро барои нигоҳубини кудакони ҳаромӣ таваллудшудаи Ҳасан овард, ки агар тоҷиконро ба кор қабул намоем овоза мешавад.
Абдураҳмон Аюбов, собиқ намояндаи тиҷоратии Точикистон дар ОАЭ барои пайдо намудани филиппиндухтарон ва бо онҳо мусоҳиба (собеседование) гузаронидан вобаста шуда буд. Ӯ ба онҳо визаҳои Тоҷикистонро дастрас намуда ба Душанбе равон мекард. Доимо хурокаи кудакон, памперсу коляскаҳои онҳо, бозичаҳову дигар лавозимотро низ аз Дубай ва Италия Шералӣ Кабиров ва Абдураҳмон Аюбов бо тайёраҳои Сомон Эйр дастрас менамуданд. Ҳамин тавр шумораи ин кудакони Ҳасан дар соли 2020 ба 68 нафар, шумораи кудакони Исмати дулик ба 54 нафар расида буданд. Ҳоло бошад аниқ намедонем чанд нафар шудаанд. Ҷои зиндагии кудакони Ҳасан дар паси бинои Ориёнбонк, дар се табақаи пурра, хонаҳои навсохтаи баландошёна мебошад. Онҳоро ҳар саҳарӣ дар микроавтобусҳои рақамҳои ҳукуматӣ дошта, ба мактаби шахсии Ҳасан, ки Шералӣ Кабиров як боғчаи бачагонаро бо зури аз дасти соҳибкоре гирифта ба шефи худ мактаб сохта буд, барои таҳсил мебаранду асосан бо забонҳои русиву англисӣ дарс медиҳанд. Кудакон, ки ҳама аз кудакӣ бо филиппинидухтарон ба забони англисӣ суҳбат карда калон шуда истодаанд, забони англисиро хуб мефаҳманду филиппинкаҳоро “Оча” Ҳасанро бошад “Ота” мегуянд.
Шералӣ Кабиров ба Ҳасан мегуфтааст, ки “Ака парво накун, бачаҳо калон шаванд ба ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ раисшон мемонем, то он вақт кудаконро заводи Талко мехуронаду мепушонад”.
” Исмати “дулик” ақалан ягон омӯзишгоҳи касбй-техникй (ПТУ)-ро хатм накардааст, лекин 5-6 сол мешавад, ки директори фурудгоҳи пойтахт шуда кор мекунад. 100% бовар дорем самолётро аз вертолёт фарқ намекунад. Фурӯдгоҳи пойтахтро ба як бозор табдил додааст.”
Як бор назар афканед ба сурату симои Ҳасан ва Исмати “дулик”. Ду нобакор дар симои инсон, мисли хук бенуру бенамуд, наҳсию касофатӣ аз сару рӯйяшон мерезад, лекин худро ҳамчун ситораҳои филми ҳиндӣ тасаввур мекунанд. Барои ин рафторҳои пасти онҳо, ҳаромигариҳои онҳо аксарияти мардуми тоҷик орзу ва дуо менамояд, ки Аллоҳ онҳоро дар зиндагиашон ҳатман ҷазо диҳад, ки ба дигарон ибрат гардад. Барои он ки ҳамаи мо фарзанд дорем, духтару хоҳар дорем. Он духтарҳои зулму ситамдида низ хоҳару духтарони ягон бародарони мо ҳастанд. Ҳатман пеши роҳи ин ҳаромиҳоро бояд гирифт. Агар инҳоро пешгирӣ накунем, ҳатман фардо Муҳиддину Исмоилу Сомону дигарҳояш ибрат мегирад. Шералӣ Кабиров дар иҳотаи наздикони худ, Ҳасанро бо тахаллуси “РФ” ном мегирифтааст, ки зиёда мардум “Российская Федерация” фикр мекардаанд. Лекин Шералӣ фаҳмонида аст, ки причём инҷо Россия, маънояш ” Раиси Ферма” аст. Худи Шералӣ Ҳасани “РФ” ро дар ҳамин роҳ тела намуда, баъд аз якчанд соли ҷамъшавии гуноҳҳои зиёд, як компромати калон бо видеоҳояш нисбати шефи худ ташкил намуда, аввал ба ҳамсари Ҳасан бо тамоми адресҳои занҳои дувум ва кудакони беҳисоб, баъдтар ба худи пешво бо пуррагӣ супоридааст. Ҳамсари Ҳасан 2-3 нафар хешу табори содиқи худро супориш додааст, то ин ки ба хонаи зани дуюми Ҳасан, “мамароза” Гулбаҳор ҳамла карда ӯро нобуд созанд. Ин нафарон шабона ҳамла оварда бо туфангча як кудакро дар ҷойи хоб кушта, Гулбаҳор ва духтарчаи дигарашро бо тир захмӣ сохтанд. Гулбахор дар ҳолати ниҳоят вазнин ба яке аз беморхонаҳои Душанбе интиқол дода шуда , 3-4 моҳ бистарӣ гашт. Баъд аз он Гулбаҳорро то як вақти муайян ба ватанаш райони Бойсуни вилояти Сурхандарёи Узбекистон равон карда баъди 5-6 моҳ боз ба Душанбе овардаанд. Ҳама органхои ҳифзи ҳуқуқ аз ин моҷаро дарак доштанд. Лекин ҳамаро руйпуш ва нопадид намуданд. Барои он ки Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҳар рӯзе 3-4 соати худро дар Ориёнбонк мегузаронад. Фикр кунед дар ин ҳолат кадом мақомот наздик мешавад.
Бовар кунед, агар дар Владивосток ё Сахалин як нафар дар интернет лайк гузорад, дар масҷидҳои Ғарму Тоҷикобод, Масчоҳу Исфара ягон мулло як фатво ё ривояте ба фоидаи ҷамъият бе иҷозати ҳукумат ҳарф занад, ҳатман пешвои миллат аз ин кор хабардор мешавад. Дар наздиктарин маҷлис супориш медихад ва он нафар ҷазои сахттаринро сазовор мегардад. Яъне ҳолат нишон медихад, ки органҳои ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд, пешво аз вазъияти ҷамъият хабардор аст. Савол ба миён меояд, ки пешво чаро нафаҳмидааст, ки зиёда аз 18-20 сол, ҳамагӣ дар масофаи 200 метр дуртар аз қасраш ва 500 метр дуртар аз хонааш, садҳо духтарони 15-17 сола таҷовуз мешаванд, 120-130 кудак аз ду даҳмарда бо номи Ҳасану Исмат бо таҷовуз таваллуд шуда, онҷо зиндагӣ мекунанд, ки алакай синни кудакони аввалашон ба 17-18 расидааст, пешво бехабар мондааст. Шумо бовар доред, ки пешво, ин қадар домоду духтар, набераву қудоҳо ва органҳо дораду аз ин ҷинояткориҳо хабар надоранд? Як майдатарин соҳибкорро “оила” аз ноҳияҳои дурдаст ёфта, бизнесҳояшро кашида мегиранду аз ин кору гапи Ҳасан, магар хабар надоранд?? Ҳамаашро медонанд, вале Ҳасан хешу табор аст. Ин ҳама рафторҳо, зулму ситам, оқибати норозигиҳои байни мардум оқибат ба шуриш оварда мерасонад. Ин аз ҳазорҳо яке аз ҷиноятҳои Ҳасани “РФ” ва Исмати “дулик” аст ки бо дастгирӣ ва маблағгузориҳои Шералӣ Кабиров содир шудааст, ки оқибат боз худи Шералӣ ба дигарон ошкор намуд.
“Дар таҷовуз миёни Исмати “дулик” ва Ҳасани “раиси ферма” мусобиқа вуҷуд доштааст. Чандин маълумоти хело бад ва имкони тақдими он набуда ба “Ислоҳ” расидааст,ки виҷдонамон намегузорад онро нависему тақдим намоем.”
Исмати “дулик” раиси аэропорти Душанбе буда, фурудгоҳро ба бадтарин ҳолат оварда расонидааст. Дар фурудгох ягон система кор намекунад. Ҳатто лентаҳое, ки багажҳоро мебурданд, сӯхтаанду кор намекунанд ба хубӣ мардум багажхояшонро то чойи лозима пушт карда мебаранд. Дар давоми солҳои охир зиеда аз 14-15 оила вайрон гашта, 4-5 нафар худро куштаанд. Сабаб дар он аст, ки ду сол, се сол боз кормандон маош намегиранд, ки ин сабаби хамаи ин мусибатҳо гаштааст. Гузаргохи депутатҳоро ҷойи гузаштани арусҳои худаш кардааст. Айни ҳол ӯ имконияти роҳгаштан надорад. Исмати “дулик” ба кор бо аробачаи маъюби меояд. Охир фурудгохи Душанбе ин зеби пойтахт аст. Наход онро ҷойи манфиатҳои шахси кард? Писари хурдии Исмат, ки дар фурудгоҳ кор мекунад, низ чун падараш кораш факат зиност. Кор ба чое мерасад, ки як духтарро падару писар тоб медиханд. Аз дасти Исмат дар шаҳр духтар намондааст. Ба бемории ВИЧ мубтало будани Исмати “Дулик” солҳост ҳама аз он огоҳанд. Акнун фикр кунед,ки чиқадар зану духтар ва он кудаконе дорад мубтало ба ин беморӣ гаштаанду ранҷ мекашанд. Онҳо дар ҷомеъа зиндагонӣ мекунанду ҳазорҳои дигарро мубталои ин беморӣ мегардонанд.
“Исмати “Дулик”ончунон корношоям шудааст,ки утоқи кории раиси фурӯдгоҳ дар ошиёнаи дуюм қарор дошт. Ба хотири онки бо аробачаи маъюбӣ ба кор меояд утоқи корияшро ба ошиёнаи якум интиқол додаанд. Исмати “Дулик”ро дуъои ин ҳама духтарони таҷовузшуда ва маҳрум гашта аз фарзандонашон гирифта ва то имрӯз панҷ корманди фурӯдгоҳ аз бе маошӣ худро ба шаклу шеваҳои гуногӯн куштаанд,ки баъзе аз он расонаӣ шуда буд. Тибқи маълумоти дигар 12 кормандони соҳибтаҷрибаи фурӯдгоҳ аз сабаби се сол маош нагирифтан аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд.”
Як писараш корманди ВКД,ки баёнотро навишта наметонист сардори тафтишоти ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд. Писари дигараш Кароматуллои Исматулло дар прокуратураи Сино буд ва ахиран дар прокуратураи шаҳри Душанбе кор мекард. Кароматулло дақиқан мисли падараш бе саводаст вале ёрдамчиёне мисли Ҷамшед, ки собиқ корманди прокуратура буд Ҷамшед аз онҷо бас кард ва адвокат шуд ва ба Кароматулло ёрдамчӣ шуд. Маҳз чунин бесаводон дар прокуратура ҳаёти ҳазорҳо шаҳрвандонро месӯзанду сӯхта истодаанд.
Исмати “дулик” гуфтааст ба ман дигар духтарони ҷавон онқадар писанд нест ва ба кампиргирӣ шуъ кардааст. Масалан Сафаргул Юсуповаро гирифта ва дар ихтиёри ӯ сетевой маркетинги “Наҷот”, ки наздики фабрики Ширин мақар дорад. Қаблан дар фабрикаи Ширин сеюм ошиёна қарор дошт даромадгоҳаш аз тарафи тарабхонаи “Шоми Душанбе” буд. Кори ин ширкат мисли ширкати муҳрабизнеси Ҷамшед Сиёев аст вале бо шакли замонавияш. Хело хонаи мардумро сӯхтаанд бо ин ширкаташон. Сафаргул Юсуповаро касе чизе наметавонад гуфта чунки бо ифтихор мегуфтааст: “ ма зани дуликм” кор тамом, ҳеҷ кас чизеаш намегӯяд. На ВКД ,КДАМ, Прокуратура, Коррупсия занак зани дуликаи дигар.
“Гап гап аст, ки бояд Ҳасан Исмати “Дулик” ро барканор ва ба ҷой ӯ Қурбони зард ё Узбаков раиси фурӯдгоҳи Хуҷанд қудои Таҳминаро гузоранд. Аммо Шералӣ Кабиров розигии худро ба Ҳасан надода будааст. Аммо Қурбон Узбаков ба Раҳмонов писанд будааст, чунки ҳайкали модарро дар Хуҷанд бо ташаббуси ӯ сохтаанд,ки Раҳмонов онро диду сахт гириста буд. Боз вақт нишон медиҳад, ки раиси фурӯдгоҳ мешавад.”
Дар мавриди даст доштани Исмати “дулик” ба маводи мухаддир ва дороиҳо ва биноҳои ӯ матлаби ҷудогонае омода шуда истодааст ва ҳатман дар он муфассалтар хоҳем гуфту муаррифӣ намуд. Дар ин бахш ,то ин андоза кофист.
Нисбати яке аз “намояндагон”-и Шералӣ Кабиров ё ба қавли зиёиён “шогирд”и Шералишо,ки маводҳои мавриди ниёзи аввали Тоҷикистон: ба мисоли орду равғану шакарро монополия кардааст ва солҳои дароз бо супориш ва дастгирии бевоситаи Шералӣ маҳз ӯ ин бозорро таъмин менамояд ва гуё нархи маҳсулоти хуроквориро дар бозорҳо нигоҳ медорад, далелҳои қавӣ ва раднашавандае дорем, ки дар матлаби оянда пешкаши хонандагони муҳтарам менамоем. Ин нафар Қаюмов Аҳмади “колбаса” аст, ки дар матолиби гузашта каме аз ӯ маълумот дода будем. Пас аз нашри он матолиб саломатии Аҳмади “колбаса” хуб набудааст вале ӯ бояд ҷиноятҳояшро пеш аз рахти сафар карданаш бубинад ва пас аз он ҳаволаашро ба Аллоҳ месупорем,ки худаш ҷазояшро диҳад. Дар мавриди Аҳмади “колбаса” матлаби махсӯси ҷиддиро интизор бошед, ки воқеан хело даҳшат ва ваҳшатангез аст….