ҲНИТ, ним қарни пурталотум №2\1

Ислоҳ нет

Давраи дуввум, бахши аввал

  (Идомаи талошҳо барои сабти номи ҲНИТ, конфронси Чортут,мухолифати руҳониёни муҳофизакор, сабти ном, ширкат дар тазоҳуротҳо, Ҳукумати Муросои Миллӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳиҷрат ба Афғонистон

     «Мо бо таъсиси созмони худ ягон ҳадафи зиддидавлатӣ надоштем, фақат мехостем ақоиди исломиро дар байни ҷавонон густариш диҳем. Аслан созмон ё ҳаракати мо дар оғоз як ҷунбиши ислоҳотхоҳии исломии иҷтимоӣ буд, на ҷунбиши сиёсӣ».

   Саид Абдуллоҳи Нурӣ. «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум».

  Конфронси Чортут дигар барои мақомоти Тоҷикистон яқин кард, ки ҲНИТ қафо барнамегардад. Чунки замон ва сиёсати давлат аз Маскав иваз шуд ва ҷумҳуриҳо ба ҷуз аз итоат ва пайравӣ кардан ба марказ чорае надоштанд. Дар Маскав барои мисол Ҳизби демократи Русия сабти ном шуда ва дар тамоми умури сиёсӣ мушорикат мекард. Ахиран Ҳизби Наҳзати Исломи Иттифоқи шӯравӣ ҳам таъсис ёфт. Аммо мақомоти тоҷик ҳамоно барои сабти номи ҲНИТ монеа ва саддҳои зиёде мегузоштанд. Дуруст дар як рӯзи қабл аз баргузории конфаронс дар масҷиди деҳаи Чортут Шӯрои олии Тоҷикистон ба номаи Саидиброҳим Гадоев ва Давлати Усмон, муовинони раиси ҲНИТ дар иртибот ба иҷоза додан ҷиҳати дарёфти санади расмии фаъолият посухи рад дод. Қарор қабул шуд, ки ҲНИТ сабти ном нашавад.

  Иброҳими Усмон донишманди таърихнависи тоҷик мегӯяд, ки ҳоло мақомоти Тоҷикистон барои қабули як созмони сиёсии мазҳабӣ омода набуданд:

«… 6 октябри соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷкистон «Дар бораи мактуби Гадоев.С, Исмонов.Д  ва дигарон» масъала муҳокима карда қарор қабул кард. Ва зикр намуд, ки барномаи пешниҳодгардидаи шуъбаи Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ва қонуни СССР «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» мухолиф аст. Аз ин сабаб ба ташкили конференсияи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом дар шаҳри Душанбе рухсат надод ва қарор қабул кард,ки «дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ташкил кардани шуъбаи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ва умуман, таъсиси ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон манъ карда шавад». 

  Иброҳим Усмон. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд 2003 «Нури маърифат».

  Аммо ҷараёни ҳодисаҳо ва таҳаввулоти босуръати вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон масъулони ҲНИТ-ро беш аз пеш ангеза ва таҳрик медод, ки дар ин равандҳо дар канор набошанд. Барои онки ширкати бевосита дошта бошанд, барояшон санади расмӣ ҳатмӣ ва лозим аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки чуноне тазаккураш рафт, аллакай дар Маскав Ҳизби наҳзати исломии умумииттифоқӣ ба кор пардохта ва амалан мубтакирону муовинонаш наҳзатиҳои тоҷик буданд.

  Ба ибораи дигар, мақомоти расмии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳамон оғоз бо ҳам дар мухолифат қарор гирифта буданд.Воқеият ин аст ки ду мафкура ва ду назарияву ҷаҳонбинии бо ҳам зид:-ҷаҳонбинии даҳриёни бедин ва мафкураи исломӣ-миллӣ дар рӯбарӯи ҳам қарор гирифтанд.     

   Аммо на танҳо мақомоти расмии Тоҷикистон, ки садфисад аз коммунистон иборат буданд ба сабти номи расмии ҲНИТ мухолифат нишон медоданд, ҳамчунин руҳониёни анъанавӣ ҳам ошкоро бар зидди фаъолияти расмии ҲНИТ мавзеъгирӣ мекарданд. Ва,мухолифати ин руҳониён дар аз қайди давлатӣ гузаштани ҲНИТ бетаъсир набуд.

  Мулло Ҳайдар Шарифзода, сархатиби вилояти Кулоб ва депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон на як бор ду бор эълон кард, ки ислом ба ҳизб ниёз надорад:

«Ман аз аввал зидди Ҳизби наҳзати исломӣ будам ва чанде умри боқимонда дошта бошам, дар ин ақида мемонам. Агар ҳизб ба дини Ислом лозим мебуд, аз пайғамбари Худо Муҳаммад (с.а.в) билети ҳизбӣ ё ин ки низомнома мерос мемонд».

  Эшони Сайидашраф, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Қурғонтеппа ҳам дар шумори руҳониҳое қарор гирифта буд, ки намехостанд, ҳизбе бо номи ислом рӯи саҳна ояд. Вай мегуфт, ки «Ислом бе ягон ҳизб 1300 сол фаъолият кард,аз ин баъд ҳам ба ҳизбе эҳтиёҷ надорад».

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода,қозии мусулмонони Тоҷикистон ва депутати Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам дар оғози талошҳои Ҳизби наҳзат бар муқобили фаъолияти расмии он суханронӣ ва суҳбатҳо мекард. Абдуллоҳи Раҳнамо, ки бо ин шахсият иртиботи наздик дорад аз қавли ӯ менависад, ки қабл аз конфаронси Чортут устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба манзили ӯ омада талош мекунанд, ки ӯро аз мавзеъи зиддинаҳзатияш мунсариф созанд, то дар Шӯрои Олӣ аз онҳо пуштибонӣ намояд. Аммо, ҷаноби Тураҷонзода, бо пеш овардани чанд далеле, зоҳиран ба онҳо қабул мекунонад, ки сабру тоқат кунанд, чун шароит барои густариши ислом ва барпо сохтани ҷомеаи исломӣ фароҳам шуда истодааст. Аммо даъво барои ташкили ҳизб на танҳо душманони дохилӣ, хориҷиҳоро ҳам бар зидди ин раванд ва ин авзоъ бармехезонад, ки мунҷар ба кундии ин раванд ва беш аз ин боз ҳам дар ҳошия қарор додани ислом   мешавад. Абдуллоҳи Раҳнамо менависад:

 «Вале дар ин миён ба баҳси «масъалаи ҳизб дар ислом» ворид гаштани қозии онвақтаи мусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ акбар Тӯраҷонзода ин масъаларо бисёр ҷиддитар намуд. Зеро ӯ дар ин замон на танҳо ҳамчун раиси идораи динии кишвар, балки ҳамчунин, ба унвони вакили парлумон ва узви Раёсти Шӯрои Олии ҶТ ва яке аз бонуфузтарин шахсиятҳои динӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ дар сарнавишти чунин масъалаҳо таъсири ҷиддӣ дошт. Аз ин рӯ, мавқеи қатъӣ ва расмии Ҳ.А.Тӯраҷонзода дар мавриди дар ин марҳила зарурат надоштани таъсиси ҳизби сиёсии исломӣ боиси дар ин мавқеъ устувортар гаштани назари аксари рӯҳониёни расмӣ ва анъанавии кишвар буд.»

    Абдуллоҳи Раҳнамо «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» Душанбе «Ирфон»-2009

Салими Аюбзод, хабарнигори тоҷик, ки гирудорҳои оғози даврони истиқлол ва ҳаводиси марбут ба онро дар силсилаи гузоришҳояш мунъакис кардааст, менависад, ки дар сабти номи ҲНИТ баробари Душанбе Маскав ҳам эҳсоси хатар мекард:

  «Ҳассосияти ҳизб аз он ҷо меомад, ки сарони он чи дар Душанбе ва чи дар Маскав аз зуҳури ҷавонони исломӣ дар ҳарос буданд. Ҷавононе, ки бо номи ваҳҳобӣ ёд мешуданд. Ҷавононе, ки дар мактабҳои ғайрирасмии исломӣ сабақ мегирифтанд ва сипас ба ҷавонони дигар сабақ медоданд. Муҳаммадшариф Ҳимматов дар бораи нахустин дидораш бо Абдуллоҳ Саидов, ки ҳарду дертар ба сарони наҳзати исломии Тоҷикистон табдил ёфтанд, чунин мегӯяд: «Мо бо устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз соли 1966 инҷониб шинос ҳастем. Ман баъди хатми мактаби миёна ба ноҳияи Вахш, ба деҳаи онҳо омадам ва дар назди падари эшон, ки аз аҳли илм буданд, таҳсили фиқҳ кардам. Баъдан дар Душанбе бо ҳам будем, ҳам дар назди Қорӣ Муҳаммадҷон ва ҳам вақте ки ӯ ҳалқаҳои дарс дошту ман ҳам. Мо ҳарду бо таълим ва тадрис машғул будем.»

    Салим Аюбзод. «Тоҷикон дар қарни бистум. 100ранги 100 сол» Прга. «Пост Скриптум Имприматур» 2002

    Дар нашрияҳои расмии он давра мақомот, бахусус мақомоти амниятӣ маъракаи сияҳсозии неруҳои навзуҳур аз ҷумла ҲНИТ-ро ба роҳ монда ба онҳо тамғаи «ваҳҳобият» мезаданд. Гуё ҲНИТ ва масъулону пайравони он ваҳҳобӣ ҳастанд ва набоядам бо онҳо ҳамроҳ шуд. Дар яке аз шумораҳои нашрияи «Тоҷикистони советӣ» ( «Ҷумҳурият) матлабе муфассале бо номи «Ваҳҳобӣ кист» бо имзои Сунатулло Иброҳим чоп шуд, ки дертар маълум гардид ин имзо ба СС.Ятимов, раиси феълии КДАМ-и Тоҷикистон аст тааллуқ доштааст ва аз инки имрӯз низ сиёсати расмии Тоҷикистон зиддидинист ба туфайли ҳамин нафари масъули амният роҳандозӣ ва пиёда мешавад.

  Вале новобаста аз мухолифати шадиди ҳам ҳукумати коммунистии Тоҷикистон ва ҳам руҳониёни муҳофизакор масъулони ҲНИТ барои сабти номи ҳизб мубориза ва талошҳои худро идома медоданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки раванди рӯ ба исломоварии мардум дар кишвар афзоиш касб мекард. Шумори масҷидҳо ва мадрасаҳои динӣ дар назди онҳо зиёд мешуданд, ки ин ҳама агарчи тавассути Идораи Қозиёти ҷумҳурӣ бо роҳбарии Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сурат мегирифт ва ин шахсияти мазҳабии дар он замона бонуфуз хилофи ҲНИТ мавзеъ гирифта буд, барои боз ҳам пурқувват ва неруманд шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боис мегардид.

Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз собиқадорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани масҷидҳо мардумро, ки 70 сол ташнаи маърифат ва маорифи исломӣ буданд, ба самти эшон савқ медод.

 «То соли 1989 дар ноҳияи Хуросони имрӯза ягон масҷиди ҷомеъ вуҷуд надошт.Пирамардон барои ҷумъахонӣ ба шаҳри Қурғонтеппа мерафтанд. Соли 1988 қозии мусалмонони ҷумҳурӣ ба нафақа рафт ва ба ҷои ӯ донишманди ҷавон ва равшанфикри исломӣ ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар шароите роҳбари Идораи мусалмонони Тоҷикистон таъин шуд, ки Наҳзати исломӣ қариб як даҳсола ба даъвати ошкори мардум пардохта ва домуллоҳои мухолифи наҳзат низ ҳамчунон даъват мекарданд. Дар натиҷа маърифати исломии мардум дар муқоиса ба солҳои ҳафтод боло рафта буд. Аз тарафи дигар бозсозии горбачёвӣ пояҳои заъифгаштаи Ҳукумати шӯравиро заъифтар карда буд ва хавфу даҳшат аз ҳукуматдорон низ рӯзбарӯз коста мешуд.

    Мо як гурӯҳ аз фурсати пеш омада истифода намуда барои дар қаламрави ноҳия таъсиси додани масҷиди ҷомеъ саъю талоши зиёд ба харҷ додем ва ниҳоят баъди даҳ моҳ рафтуомад ба идораҳои ҳукуматӣ ба масҷиди номбурда муваффақ шудем. Он вақт моро дар доираҳои ҳукумат ба забони худашон «антисовет», яъне мухолифи сохти давлати шӯравӣ мегуфтанд. Ва вақте ҷаноби ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода барои эълони таъсиси масҷид ба ноҳияи мо меояд дар вохӯрӣ бо муншии ҳизби коммунистӣ ноҳия ӯ таъкид мекунад, ки «антисоветҳо эшони Қиёмиддин ва мулло Зубайдуллоро имомхатиб таъин накун». Вале вақте мардум барои ҷумъахонӣ ҷамъ шуданд қозидомулло дар охири мавъизааш гуфт: «ҳар касеро мехоҳед ба имомхатибӣ худатон интихоб куед». Бо ҳамин мардум бандаро интихоб карданд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

   Мавлавӣ Саъдиддини Рустам, мушовири фарҳангии раиси ҲНИТ, ки инак барои дуввумин маротиба аст бандии зиндонҳои Раҳмонов мешавад, низ изҳор медорад, ки ӯ ба кор дар Донишгоҳи исломӣ бо даъвати қозӣ ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода вале бо ризояти роҳбарони ҲНИТ меояд:

 «Соли 1990 Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Тирмизӣ таъсис ёфт ва маро ба ин даргоҳи улуми исломӣ ба сифати омӯзгори риштаи забон ва адабиёти форсӣ барномаи махсуси «иқболшиносӣ» ба кор даъват карданд. Ман бо роҳбарияти ҲНИТ маслиҳат кардам ва онҳо салоҳ донистанд, ки ба мақсади пурзӯр кардани корҳои таблиғотӣ ва иршоди исломӣ дар байни ҷавонон ин даъватро бипазирам. Ҳамин тавр ман устоди Донишгоҳи мазкур таъин гардидам. Ва ба улуми тарбиявию ахлоқӣ, паҳн кардани ақоиди пешқадами мазҳабӣ ва миллӣ дар байни донишҷӯён бо шавқу завқ машғул шудам. Ба ростӣ он солҳо авҷи ҳаракати озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ дар ҷумҳуриамон буд ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои милӣ-озодихоҳӣ ва фарҳангиву мазҳабии кишварамон иштироки фаъолона доштанд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп».

   Худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёдгузори ҲНИТ иқрор ва эътироф мекунад, ки барои он даъвати ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро ба вазифаи сардабири «Минбари ислом» -нашрияи Идораи Қозиёти Тоҷикистон пазируфт, ки мехост ҳарду ҳаракати ҷадид ва навхоҳи исломиро бо ҳам ва муттаҳид бисозад:

« Чаро ба Идораи Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даромадам? Ин иқдоми камина низ якчанд сабаб дошт. Сабаби асосӣ ҳамин буд, ки оқои Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода чун узви Президиуми Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон фаъолият мекард ва намояндаи мардумӣ дар раёсати парлумони вақти Тоҷикистон буд. Вақте ки мо ба унвони Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон барои гузаронидани конфронси таъсисии ҳизб нома навиштем, ҳангоми муҳокима дар ҷаласаи парлумон аз ҷумлаи касоне, ки мухолифат карданд, ишон буданд. Мо ба рағми сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорони ҷумҳурӣ конфронси таъсисии ҳизбро гузаронидему сипас аз парлумон иҷозаи фаъолияти расмии онро гирифтем. Вале ин рафтори оқои Тураҷонзода таъсири бисёр баде дар зеҳнияти аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ боқӣ гузошта буд. Онҳо фикр мекарданд, ки як нафар намояндаи муъмину мусулмон дар парлумон доштем, он кас ба ҷои онки ҳизби моро тарафдорӣ намояд, баръакс мухолифат кард. Ин руҳияи носолим ва хатарнок буд ва боиси ҷудоии мусулмонон шуда метавонист. Мо бошем, ба ҳама мегуфтем, ки ин масъалаи ҷузъӣ набояд боиси тафриқа гардад, вале онҳо ин қазияро камаҳамият намешумориданд. Вале оқои Тураҷонзода бо худаш далел ҳам дошт. Ӯ мегуфт, ки ҳоло фурсати фаъолияти сиёсии Ислом фаро нарасидааст ва ҳоло ҳам барвақт асту ҷомеа ба ин кор омода нест. Далелҳояш аз нигоҳи таҳлил бемаънӣ набуданд, маъниҳои ба худ хосе доштанд. Ман ба хотири он ки ин ду ҷараёнро ба ҳам оштӣ бидиҳам, ба Идораи Мусалмонон ё худ Қозиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси сардабири маҷаллаи «Минбари ислом» ба кор даромадам. Зеро кормандони қозиёту руҳониёни расмӣ, кормандони масҷиду мадрасаҳо низ яке аз ҷараёни қавию бузурги исломӣ ба шумор мерафтанд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

 Бо ин ҳол масъала ва ё дақиқтараш мушкилоти сабти номи ҲНИТ то як соли дигар тӯл кашид. Вале вазъ дар ҳукумати шуравӣ тавре тағйир кард, ки дигар имкон надоштанд ба фаъолияти ҲНИТ монеа эҷод намоянд.

Дар Маскав шуморе аз аъзои баландмақоми ҳокимияти марказӣ даст ба табаддулоти давлатӣ зада Михаил Горбачев, президенти СССР-ро аз мақом маъзул ва идораи давлатро ба даст гирифта аз ташкили Кумитаи давлатии вазъияти фавқулодда-ГКЧП хабар доданд.

Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз ГКЧП пуштибонӣ кард. Ин пуштибонии ӯ хашму ғазаби неруҳои нави сиёсӣ ва тарафдорони онҳоро ба бор овард ва Душанбе ба шаҳри тазоҳуроту эътирозоти мардум бадал шуд.

 Сайидиброҳими Назар, узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ, ки он замон масъулияти сабти номи ҲНИТ-ро якҷо бо Давлати Усмон бар дӯш дошт, солҳо баъд дар як мусоҳиба бо нашрияи «Миллат» мегуяд:  

«Ҳамон рӯзи оғози табаддулот бояд ба Маскав мерафтам. Вале ҳам дар ин ҷо ва ҳам дӯстони маскавӣ аз он ҷо тавассути телефон маслиҳат доданд, ки як чанд рӯз аз сафар ба Маскав худдорӣ кунам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Баъди дар Маскав ором шудани вазъият ба он ҷо рафтам, ки аллакай дар ин ҷо вазъият бӯҳронӣ шуда буд. Мардум ба майдон рехтанд. Мардум аз мавқеи дар қиболи ГКЧП гирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ норозӣ буданд ва ба нишонаи эътироз ба майдон баромаданд. Дар байни онҳо аъзои ҲНИ ИШ низ буданд.

Вале ман он вақт дар ин ҷо набудам. Аллакай Маскав рафта будам. Лекин медонам, ки ҳамон гирдиҳамоии моҳи августии соли 1991 билохира бо истиқлоли давлатии Тоҷикистон оварда расонд. Баъдан гирдиҳамоиҳои ҷонибдорони ҳам ҳукумати вақт ва ҳам мухолифони ҳукумат, яъне нирӯҳои муттаҳидаи исломӣ -демократӣ дар майдони «Озодӣ» яке паси дигаре шуд. Бо талаби митингчиёни мухолифини ҳукумат ҳайкали Ленин дар майдони марказӣ поин карда шуд. Ёдатон бошад ҷонибдорони Ҳизби Коммунист барои барчидани ҳайкали Ленин тазоҳурот карданд ва Шӯрои Олӣ талаби онҳо, яъне манъ кардани фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломиро ба инобат гирифт.

Дар навбати худ ҷонибдорони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва нирӯҳои демократӣ гирдиҳамоӣ карданд, ки ба ҳизби наҳзат иҷозаи фаъолияти расмӣ дода шавад. Ҳамчунин талаб карданд, ки фаъолияти Ҳизби Коммунист манъ ва моликияти он миллӣ карда шавад, интихоботи президентӣ баргузор гардад. Шӯрои Олӣ ин талаби иштироккунандагони митинги ҷонибдорони нирӯҳои исломӣ-демократиро ба инобат гирифта ба ҳукми қонун даровард. Агарчи фаъолияти Ҳизби Коммунист манъ нашуда бошад ҳам, моликияти Ҳизби Коммунист миллӣ кунонда шуд. Ба Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон расман иҷозати фаъолият доданд. Рӯзи интихоботи президентӣ таъйин гардид».

  Муаррихи тоҷик Иброҳим Усмонов мегӯяд, ки бо вуҷуди онки Шӯрои Олӣ ду дафъа аризаи ҲНИТ барои сабти номро рад кард вале оқибат розӣ шуд, ки ин ҳизб сабти ном бишавад:

«Масалан, Ҳизби демократи Тоҷикистон 21 июн ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 ба қайд гирифта шудаанд. Ҳол онки то ин вақт ҳизби наҳзат ду дафъа дар мавриди бақайдгирӣ аз Шӯрои Олӣ ҷавоби рад шунида буд. Бории аввал 6 октябри соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷкистон «Дар бораи мктуби Гадоев.С; Исмонов.Д  ва дигарон» масъала муҳокима карда қарор қабул кард. Ва зикр намуд, ки барномаи пешниҳодгардидаи шуъбаи Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ва қонуни СССР «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» мухолиф аст. Аз ин сабаб ба ташкили конференсияи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом дар шаҳри Душанбе рухсат надод ва қарор қабул кард,ки «дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ташкил кардани шуъбаи минтақавии Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ва умуман, таъсиси ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон манъ карда шавад».

 Дафъаи дуюм Иҷлосияи 3 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1991 на фақат шуъбаи тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломро рад кард, балки умуман фаъолияти онро дар кишвар ғайриқонунӣ эълон намуд. Аммо баъди табаддулоти моҳи август мавқеи исломиҳо, аз ҷумла ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон хеле беҳтар шуд. Ин маънӣ аз мусоҳибаҳои қозикалони Тоҷикистон А.Тураҷонзода ва раиси шуъбаи Тоҷикистонии Ҳизби наҳзати ислом М.Ҳимматзода бо мухбири «Независимая газета» бармеояд. Ҳимматзода умед мекунад, ки дар Тоҷикистон ислом ба сифати дини расмӣ эътироф мешавад ва мо аз рӯи шариати ислом зиндагӣ мекунем. Давлати исломии Тоҷикистон роҳи пешрафташро худаш муайян мекунад. Ба ақидаи ӯ демократияи мо (яъне демократияи исломӣ бо демократияи ғарбӣ созгор нест.) Дар мусоҳибаи Тураҷонзода омадааст, ки мо «демократяи исломӣ мехоҳем». Аммо Тураҷонзода мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз таъсиси ҳизби исломӣ барвақт аст ва аслан зидди таъсиси шуъбаи Ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон мебошад.»

  Иброҳим Усмон. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд 2003 «Нури маърифат»

  ҲНИТ ва майдоннишиниҳо

     Неруҳои навхези сиёсии Тоҷикистон бар муқобили ГКЧП баромада даст ба тазоҳурот заданд. Ҳамаи неруҳои нави сиёсӣ-Растохез, Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва созмони Лаъли Бадахшон як иттиҳоди оппозитсионро ташкил доданд. Аммо неруи пешбаранда ва асосии ин гирдиҳамоӣ пайравони ҲНИТ буданд.

  Ба навиштаи радиои «Озодӣ» гирдиҳамомадагон барои дастгирии неруҳои демократии Маскав дар раъси Борис Елтсин, раиси ҷумҳури Русия ва бар муқобили ГКЧП шиор медоданд. Дар ин вақт, яъне 29 август Шӯрои Олӣ, иҷлосияи худро доир кард. Ба таъйиди марҳум Тоҳири Абдуҷаббор онҳо барои баргузории ин тазоҳурот аз шаҳрдори Душанбе иҷозат хоста буданд: 
 
“Мо мехостем эътироз кунем ба ин ва барои он ки эътирози худро расман баён кунем, мо ба шаҳрдорӣ ариза додем барои гузаронидани як митинг. Шаҳрдорӣ ҳам иҷозаи онро дод ва мо ҳам ҷамъ шуда будем. Демократҳо ҳам ба ин пайвастанд ва ҳамин тавр дигарон ва мардум рафта-рафта зиёдтар шуданд баъдан. Сабаби асосиаш ГКЧП буд, ки мо онро ба унвони аъмоли ғайриқонунӣ ва як кудатои воқеъӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ талаққӣ кардем ва эътирози худро мехостем баён кунем.”
  Вале бинобар навиштаи ин расона Давлати Усмон, муъовини раиси ҳизби он замон ғайрирасмии Наҳзати Исломии Тоҷикистон, гуфтааст, ки ин тазоҳурот ибтикори ҲНИТ буд:

“Пешниҳод ва ибтикор аз ибтидо аз ҷониби Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд. Ва чун дар он рӯзҳо Ҳизби Наҳзат нимарасмӣ буд ва созмони мардумии Растохезу Ҳизби Демократ расмӣ буданд, аз ин лиҳоз онҳо ҳамчун мубтакир садо баланд карданд. Дар асл ибтикор аз ҷониби шуъбаи тоҷикистонии Ҳизби Наҳзатии Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва тазоҳуроти рӯзи 29 август ҳам аз ҷониби ҳамин ҳизб бо ба саҳна кашидани афроде, ки ҳизбӣ набуданд, аммо ҳавохоҳи озодиву истиқлол буданд, аз нирӯҳои мазҳабӣ, (баргузор шуд). Ин сабаб шуд, ки як тазоҳуроти пуриздиҳоми бузург рӯзи 29 август ташкил шавад ва талаби истеъфои раҳбарони Тоҷикистонро, ки аз кудато ҳимоят карданд, ба миён бигузорад.”

Ба ин тартиб, ҲНИТ агарчи дар шароити ғайрирасмӣ вале бо бовару итминон барои аввалин бор ошкоро дар саҳнаи сиёсати хиёбонӣ ҳузур пайдо карда ва талабҳои сиёсӣ аз ҷумла барканории ҳамаи се нафар роҳбарони ҷумҳурӣ ва сабти номи худро пеш мегузорад.

 Иброҳими Усмон, муаррихи тоҷик менависад, ки тазоҳурот ва хайманишинҳои майдон ва афзоиши ҳамарӯзаи шумораи иштирокдорони гирдиҳамоиҳо оқибат ҳукуматро фалаҷ кард ва Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳурӣ маҷбур ба тарки мақом шуд ва истеъфо дод:

“Баъди онки дар моҳи сентябри соли 1991 Ҳукумати Тоҷикистон аз нигоҳи сиёсӣ фалаҷ шуд, Қаҳҳор Маҳкамов аз вазифаи президентии Тоҷикистон бартараф гардид, ба ҷойи давлатдории президентӣ давлатдории муваққатии парламентӣ ба вуҷуд омад, аниқтараш то интихобот ба зиммаи роҳбари парламент масъулияти Президент низ гузошта шуд, эътибори неруҳои сиёсии оппозитсионӣ, махсусан Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва муфтиёти Тоҷикистон баландтар гардид. Яке аз сабабҳои  ҷидди паст шудани эътибори роҳбарияти тоҷикистон мавқеи комиссияи фавқулоддаро, ки истеъфои Горбачевро эълон карда буд, ҳимоя кард ва ин сабаби маҳкуми неруҳои ҷадиди демократии Тоҷикистон шуд. Даҳаи ахири август(91) ва тамоми моҳи сентябр авзои сиёсии Тоҷикистон ниҳоят пуршиддат буд ва талошҳо сиёсӣ, гунаҳкоркуниҳо ба тарафдории ГКЧП будан бо авҷ давом мекард. Бинобар ин 4 сентябр ҲК Тоҷикистон аз ҳайати КПСС баромада, мустақил шуд. 21 сентябри соли 1991 анҷумани 12 ғайринавбатии ҲК Тоҷикистон баргузор шуд, ки он мебоист сарнавишти ҳизбро муайян намояд. Аммо ин ҳизб бо тазъиқи митингчиён-растохезиҳо, демократҳо ва исломиҳо, ки бо шиори «Ҳизби ҷинояткор ва анҷумани он пароканда карда шавад» амал мекарданд, кори худро дуруст анҷом дода натавонист. Рӯзи 21 сентябр митинг ба авҷи аълояш расид, дар майдони Озодӣ даҳҳо ҳазор одамон ҷамъ шуданд. Дар майдон шиори «Аз хоби гарон хез» баланд садо медод. Шоми 21 ва 22 сентябр  муҷассамаи Ленин аз ин майдон афтонда шуд. Рӯзи 21 сентябр дар ин майдон митинги коммунистон-тарафдорони бақои ИҶШС оғоз ёфт».

 Иброҳим Усмон. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд 2003 «Нури маърифат»

Сарнагун кардани ҳайкали Ленин барои роҳбарияти Тоҷикистон ва Ҳизби комунист маънои кандани ҳокимияти 70-сола ва маҳрум сохтани онҳо аз ҳокимият ва хати бутлон кашидан ба ҳокимияти 70-солаи онҳоро дошт. Дар ҳоле, ки онҳо ҳамеша аз Ленин ба унвони доҳӣ, ҷовидон, абадзинда ситоишу мадҳ мекарданд ва Ҳизби коммунист ақл, шараф ва виҷдон муаррифӣ мешуд, акнун пайкараи ӯ зери пойи мардум қарор дошта ва болои вай туф мекарданду рақсу бозӣ. Баъд аз онки Маҳкамов истеъфои худро эълон кард, аҳли майдон аз талаби истеъфои Иззатулло Ҳаёев, сарвазир ва Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон даст кашиданд. Дар ҳоле, ки истеъфои ин ду нафар ҳам дар руихати талаботи онҳо ҷой дошт.

Давлати Усмон мегуяд, ки барои он аз истеъфои онҳо мунсариф шуданд, ки хабари боз як тавтиа роҳандозӣ кардани коммунистонро фаҳмиданд. Коммунистҳо талош доштанд, ки Набиевро ба ҷойи Маҳкамов оваранд.

  Дар ин миён Шуравӣ дигар ба охири хат расид ва ҷумҳуриҳои таркиби он яке-яке эълони истиқлолият карданд.

Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам рӯзи 9-сентябр дар ҳузури муътаризини майдони Озодӣ истиқлолияти Тоҷикистонро, ки яке аз талабҳои тазоҳургарон, аз ҷумла ҲНИТ буд эълон кард ва дурусту дақиқ фармон дар бораи миллӣ кардани моликияти Ҳизби комунист ва қатъи фаъолияти онро, ки талаби майдоннишинҳо, аз ҷумла ҲНИТ буд, низ имзо кард.

 Салими Аюбзод хабарнигори тоҷик, ки шоҳиди бевоистаи он лаҳзаҳову он рӯзҳо будааст, аз он ҳаводис чунин тасвир мекунад:

  «Шикастани ҳайкали Ленин баҳонаи муносибе шуд, барои аксуамали ҷиддии коммунистон. Собиқ котиби Ҳизби коммунист Ваҳҳоб Воҳидов мегӯяд: «Маро бо тела-тела маҷбур карданд, ки баромада митингро кушоям. Як ё ду дақиқа асоси мақсадро гуфтам. Яъне, истеъфои Аслонов ва Икромов ва ғайриқонун будани қарору фармонҳои зидди ҳизби коммунист. Дар ҷараёни гирдиҳамоӣ якчанд маротиба аз митинг баромада, ба маҷлиси Шӯрои Олӣ даромадам ва дар онҷо суханронӣ кардам».

   Салими Аюбзод. «100 ранги 100 сол. Тоҷикон дар қарни бистум.»

Ба ин тартиб Шурои Олӣ ҷаласаи изтирорӣ доир кард. Депутатҳои коммунисти ин Шӯро Аслоновро аз мақоми раиси он гирифтанд ва Раҳмон Набиевро ба ҷойи вай оварданд. Ин кори Шӯрои Олӣ неруҳои нави сиёсиро ба шиддат ғазабнок кард ва тазоҳурот дар Душанбе боз ҳам идома кард. Комунистон талош карданд, ки бо баргузории тазоҳуроти ҷавобӣ мавқеъи аз дар ҳоли суқути худ дар ҳокимиятро ҳифз кунанд. Аммо шароит ва авзоъ бар муроди онҳо тоб намехурд.

  Маскав, ки ҳанӯз болои кишварҳо нуфуз дошт, мудохила кард ва академик Е.Велихов ва шаҳрдори Санкт-Петербург А.Собчак ба унвони намояндагони Маскав вориди Душанбе шуданд ва миёни ҳукумат ва гирдиҳамомадагон миёнаравӣ карданд. Набиев муваққатан, то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд ва Тоҷикистон барои аввлин бор ба нахустин интихоботи раиси ҷумҳурӣ аз тариқи ҳамапурсӣ омода шуд.

   Дар ин интихобот, ки миёни Раҳмон Набиев, собиқ Котиби аввали Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва Давлати Худоназар, депутати Шӯрои олии ИҶШС ва раиси Иттифоқи синемогарони Шуравӣ доир шуд, ҲНИТ табъан, ки аз дуввумӣ пуштибонӣ ва ҳимоят кард.

Бо ин вуҷуд ки Набиев барандаи ин маърака гардид, Наҳзат ва бақия неруҳои нави сиёсӣ: Растохез, Ҳизби демократ ва Лаъли Бадахшон тавонистанд, ки ба номзади худ 33% овоз бигиранд.

Салими Аюбзод аз қавли устоди шаҳид Нурӣ менависад: «Собиқ сардабири рӯзномаи Қозиёти ҷумҳурӣ «Минбари ислом» Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин бора мегӯяд: «Як қисми аҳолӣ номзади демократҳо Давлат Худоназаровро тарафдорӣ мекард, аз ҷумла ҳизби исломӣ, қисми дигар, ки коммунистхоҳ буданд аз Раҳмон Набиев пуштибонӣ мекарданд, ки як коммунисти худфурӯхта буд.»

  Сафҳаи фейсбуки С.Аюбзод

 Устоди равоншод барои он Набиевро худфурухта баҳо дода буд, ки Набиевро муддати чандин сол комунистон парт ва узлатнишинаш карда буданд ва маҳз бо туфайли неруҳои нави сиёсӣ вай аз Душанбе депутати Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва дар ҳайати ҷиноҳи демократҳои Шурои Олии Тоҷикистон қарор дошт. Аммо, вақте равандҳо таҳаввул пайдо кард, вай дубора ба сангари ҳамҳизбиҳои собиқаш баргашт ва ниҳоятан кишварро ба ҷангу хун нишонд, ки инро дар идома хоҳем гуфт. (Ва,аммо мунсариф шудани майдоннишинҳо аз талаби истеъфои Ҳаёев ва Аслонов ва ба истеъфо фиристодани Маҳкамов, ки бар хилофи дуи аввал намояндаи шимоли кишвар буд, руҳияи фазо ва таҳаввулотро иваз кард ва клани шимол, ( сулолаи хуҷандиҳо), ки солҳо роҳбарият дар кишварро дар даст дошт бо неруҳои нави сиёсӣ, ба шумули ҲНИТ дар мухосимат қарор гирифт, ки натиҷа ва таъсири он дар ҳаводиси баъдӣ зуд ба мушоҳида расид. Барои мисол дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Хуҷанду Кулобро бародаршаҳр эълон карданд ва дар даврони муқовимати мусаллаҳона ва Иҷлосияи 16 ҳам ҳамин ҳолат ҳифз шуд.)

  Аммо, бо ин вуҷуд интихоботи нахустини раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо шаффофият ва демократӣ баргузор шудани он нотакрор боқӣ мондааст. Он интихоботро ҳатто мухолифин, ки аз натиҷаи он норозӣ буданд, низ эътироф кардаанд. Муҳаммадалии Ҳайит, яке аз муовинони раиси ҲНИТ,ки ҳоло бо ҳукми абад дар зиндони Раҳмонов аст дар ин бора чунин гуфтааст:

«Интихоботи президентии соли 1991-ро бо ҳама тақаллубу тахаллуфҳояш метавон ягона интихоботи озоду шаффоф дар таърихи Тоҷикистони мустақил унвон кард. Дар интихоботи президентии он сол, ки неруҳои исломӣ ва демократӣ дар он ҳамчун як ҷабҳаи воҳид ва дар эътилоф ширкат доштанд бо ба даст овардани беш аз 30% раъй интихобкунандагон боиси нороҳатии доираҳои ҳоким ва собиқ коммунистони шӯравӣ гаштанд. Дар интихоботи мазкур ҲНИТ худро ҳамчун неруи мунсаҷим ва пешрав ба намоиш гузошт ва неруҳои дигаре чун ҲДТ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон», «Носири Хисрав» ва ғайра атрофи он ҷамъ омада буданд.

  Агарчи иқдоми зарба задан ва заъиф сохтани неруҳои озодихоҳ ва истиқлолхоҳи тоҷикро мақомот ҳанӯз соли 1990 дар пайи ҳаводиси баҳманмоҳи хунин рӯи даст доштанд ва он замон ба таври пурра муваффақ нагашта буданд, пас аз ин интихобот ва ҳаводиси солҳои 1991-1992 марҳалаи дуюми ин амлиёт шурӯъ шуд. Дар ниҳоят ба мухолифони неруҳои исломӣ-демократӣ муяссар гашт, ки бо истифода аз пуштибонии кишварҳои беруна ҳукумати ба ном конститутсиониро сари қудрат биёранд, ки он аз он солҳо ба баъд интихоботҳоро мувофиқи сенарияҳои замони шӯравӣ баргузор менамояд» 

Муҳаммадалӣ Ҳаит. «Наҷот» 25апрели соли 22013

  ҲНИТ, ки гуфтем дар тазоҳуротҳои тирамоҳии соли 1991 неруи пешбаранда ва асосиро ташкил мекард, чанд рӯзи қабл аз рӯзи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 26 октябр бо ширкати наздики 1000 вакилу меҳмон дар Кохи “Ваҳдат”, дар маркази Душанбе нахустин анҷуманашро баргузор кард. Дар ин ҳамоиш Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро раис интихоб карданд, ҳарчанд ҳамагон медонистанд, ки раҳбари аслии он Саид Абдуллоҳи Нурист. Ва дар моҳи декабри он сол расман сабти ном шуд.

Саидиброҳими Назар, собиқ муовини раиси ҲНИТ роҷеъ ба чигунагии баргузории нахустин Анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегуяд, ки барои аввалин бор дар ҷаласагоҳи доимии ҳизби коммунист дар Душанбе маҷлис бо қироати ояҳо аз Қуръони маҷид ва бо «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» шурӯъ шуд:

  «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Анҷумани таъсисии худро охирҳои моҳи октябри соли 1991 дар ҳамон қасре, ки замоне моли Ҳизби Коммунист буду чорабиниҳои асосии худро он ҷо мегузаронд, яъне «Кохи Ваҳдат», баргузор кард, ки дар он қариб ҳафтсад вакил ва меҳмон ширкат варзид. Дар ин Анҷуман раиси ҲНИ ИШ Аҳмад Қозӣ Ахтаев, меҳмонон Ҳайдар Ҷамол, Муҳаммад Салоҳиддин ва ғайра иштирок доштанд. Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҳизб интихоб гардид. Давлат Усмон муовини аввал ва банда муовин интихоб шудам. Баъдан дар интихоботи президентӣ ҷонибдорони мухолифин шикаст хӯрданд. Раҳмон Набиев ба сари қудрат омад. Фишорҳо болои мухолифин зиёд шуд, шахсиятҳои алоҳида мавриди таъқиб қарор мегирифтанд. Боз гирдиҳамоиҳо ташкил шуданд. Дар ду майдони «Шаҳидон» ва «Озодӣ».Мутаассифона, муқовиматҳои сиёсӣ билохира ба задухӯрдҳои мусаллаҳона табдил ёфтанд».

«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»

                              Поёни бахши аввал, давраи дуввум

Share This Article