Подполковник, муовини командири баталони таъиноти махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми гузоштани «лайк» дар барномаҳои «Ислоҳ» ва шаш афсари дигар бо иттиҳоми гузоштани намоз дар ҷойи кор аз тарафи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дастгир шудаанд. Як манбаи муътамад аз Раёсати тафтишоти КДАМ-и Тоҷикистон бо расонидани ин хабар афзуд, ки алайҳи ин ҳама афсарони вазорати мудофиа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва айни ҳол онҳо таҳти тафтишоти пешакӣ ва дар боздоштгоҳи муқаддамотии амният (ИВС) қарор доранд. Манбаъ гуфт боздошти ин афсарон, баъди баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти вазорати мудофиа дар ҷаласаи вижаи Шурои амнияти Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта сурат гирифт. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон баъди интиқоди фаъолияташ дар соли гузаштаи 2022 аз тарафи КДАМ ва Прокуратураи генералӣ ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ва дар анҷоми кори ҷаласа, ки мебоист Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатиро ба тобеъонаш тақдим мекард, бастаи дипломҳоро ба сари муовинҳояш шапида тарки толор кардааст.
Ҷаласаи Шурои амният чӣ гуна гузашт?
Ин ҷаласаи Шӯрои амният дар «Кохи афсарон»,ки рӯбарӯи вазорати мудофиа ҷойгир аст, рузи 7-уми январи соли ҷорӣ бо иштироки Котиби Шурои амният Маҳмудзода Насрулло, сарпрокурори ҳарбӣ, прокуророни гарнизонҳо, сардори Раёсати контрразведкаи ҳарбии КДАМ, вазири мудофиа ва мувинонаш, сардорони Раёсатҳо, комиссарони вилоят ва ноҳияҳо, командирони қисмҳоӣ ҳарбӣ баргузор шудааст. Тибқи маълумоти расида дар маҷлис фаъолияти яксолаи вазорати мудофиа мавридӣ баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ҷараёни гузориши сарпрокурори ҳарбӣ ва сардори Раёсати контрразветкаи ҳарбии КДАМ фаъолияти вазорати мудофиа мавриди интиқод қарор гирифта ва ба кори вазири мудофиа ҳам бисёр эродҳо гирифта шудааст. Бинобар маълумоти расида дар тули 1 соли 2022 дар вазорати мудофиа 311 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аксарияти ин ҷиноятҳо ба вуҷуди ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоиномавӣ ва мавориди зиёди лату куб дар байни сарбозон рабт мегирад. Дар давоми соли 2022 дар вазорати мудофиа 27сарбоз бо ҳолатҳои гуногун ҷон бохтаанд, ки аз ин теъдод 11 нафари онҳо бо шеваҳои гуногун худкушӣ кардаанд.
КДАМ ва сарпрокуратураи ҳарбӣ комиссариатҳои ҳарбии вазорати мудофиаро ба он муттаҳам кардаанд, ки ба баҳонаи « буд кардани план» садҳо нафар ҷавони «нигодний»-ро бо «облава» ба хизмат овардаанд, ки дар натиҷа ҳама госпиталҳо пур аз сарбозони бемор шудаанд.
Сардори Раёсати контрразветкаи ҳарбии КДАМ аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки дар госпиталҳо аз сарбозони бемор 30 то 40 ҳазор сомонӣ ришва гирифта онҳоро аз хидмати ҳарбӣ «уволит» мекунанд. Танҳо дар вазорати мудофиа дар 1 моҳ то 30 нафарро уволит мекунанд.
Нозирони Шурои Амният вазъи вазорати мудофиаро фоҷеа хонданд
Сарпрокурори ҳарбӣ ва сардори Раёсати контрразветкаи КДАМ ҳамчунин роҷеъ ба шароити зиндагӣ ва хурду хуроки сарбозон ба шиддат изҳори нигаронӣ карда гуфтаанд, «шароити сарбозон ба талабот ҷавобгу нест, сарбозон дар фасли сармо ба ҷои гарм ва хуроки серғизо таъмин нестанд. Аз он миқдор хурокае, ки аз буҷаи давлат барои сарбозон ҷудо мешавад ҳатто 50%-и он дода намешавад. Дар ин масъала кураторони вазорати мудофиа аз прокуратураи горнизони ВМКБ гузориш додаанд. Ҳангоми тафтиш маълум шудааст, ки миқдори ғизои пешбинишуда барои сарбозон ниҳоят кам ба онҳо мерасад.
Мисол: тушонка, тухм, сгушоний молоко, варений ва ғайраҳоро сарбозон давоми ду соли хидмат тамоман намебинанд. Ғизои сарбозон фақат приловка ва гарохпиёба аст. Барои мисол дар як рӯз барои як баталион –иборат аз 200 нафар16 кило гушт ҷудо мешудааст. Вале дар хурок барои 200 сарбоз 2 мурғи акрачка меандохтаанд. Аммо дар дафтари хурока ҳама чиз мисли меъёри муқараргардида гузориш дода мешавад. Ҳамин хел казармаҳои сарбозон дар фасли сармо хунук ва ҳамааш таъмирталаб шудааст. Вале дар ҳуҷҷатҳо ҳамаи онҳо таъмиркардашуда гузориш дода шуда ва маблағро «списат» карда дар киса задаанд. Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки дар ин шароити пасту ногувори фароҳам овардаи кормандони вазорати мудофиа аз зинаи поёнӣ то болоӣ баъзе сарбозон тоб наоварда бемор мешаванд. Таъкид карда шудааст, ки сабаби асосии гурехтан ва худкушӣ кардани сарбозон дар ҳамин мушкилиҳо нуҳуфтааст.
Сардори контрразведкаи ҳарбии КДАМ аз болои як «бизнес»-и дигари афсарони вазорати мудофиа сарпуш бардоштааст. Вай аз он фактҳое зикр кардааст, ки дар воҳидҳои ҳарбӣ аз сарбозон барои 1 рӯз 50 сомонӣ гирифта онҳоро ба рухсатӣ ҷавоб медиҳанд. Баъзе сарбозоне, ки пулдор ҳастанд ҳармоҳа омада платит мекунанд,1500 сомонӣ медиҳанд ва рафта хизматашонро дар берун мегузаронанд, хизматро фақат бачаҳои камбағал адо мекунанд.
Баъди ин ҳама гузоришҳо котиби Шурои амният Маҳмудзода Насрулло шахсан дар суханрониаш бо дасташ тарафи вазири мудофиа Шералии Мирзо, ки Шералии бурут лақаб додаанд, ишорат кардааст, ки «ту куҷоро назорат мекунӣ, вазорати мудофиа ин қадар бардак шудааст». Аз ин суханҳои котиби Шурои амният Маҳмудзода Шералии бурут хеле ғазабнок ва сурху кабуд шудааст. Ва дар охир ҳангоми супоридани туҳфаҳо ба баъзе кормандони фаъоли вазорат қаҳр карда туҳфаҳоро носупорида аз толори маҷлисгоҳ баромада рафтааст.
Коррупсия дар вазорати мудофиа ниҳодина шуда аст
Манбаъи “Ислоҳ” дар вазорати мудофия мегуяд: «движенияҳо» ва фасоди молӣ бисёр аст. Аз ниҳодҳои болоияш сар карда то қисмҳои ҳарбӣ ба порагирӣ ва «списат» кардани пули давлат машғул мебошанд. Дар қисмҳои ҳарбӣ аз сарбозон пора гирифта ҷавоб медиҳанд. Аз хурокаи сарбозон ва бензину соляркаи барои техникаҳо ҷудошуда ё ихтисос ёфта дуздида мефурӯшанд. Аз пули таъмири казармаҳои қисми ҳарбӣ ва техникаҳои ҳарбӣ «списат» ва изофанависӣ мекунанд. Кадом афсаре пора мегирад ба командир доля медиҳад ва командир як қисматашро ба боло ва як қисмате ба кураторони прокуратураи гарнизони ҳарбӣ ва Раёсати контрразветкаи амният медиҳад. Ҳамин хел то ниҳодҳои болоӣ доляи худро доранд. Движенияҳои калон дар боло ҳал мешаванд. Ба мисоли таъиноти кадрии афсарон, қабул ба донишкадаи вазорати мудофиа ва донишкадаҳои ҳарбии Русия, интиқоли сарбозон ба қисмҳои ҳарбии хубтар, «уволит» кардани афсарон, «уволит» кардани сарбозон ҳамааш бо маблағи калон ҳал мешавад, ки ин ҳама корҳо танҳо бо имзои вазир ҳал мешавад. Чи масъалае бо имзои вазир ҳал шавад, минимум аз 5 ҳазор сомонӣ сар мешавад. Мисол интиқоли сарбозон ба дигар қисмҳои ҳарбӣ. Ҳама пул барои сохтмон ва ё таъминоти хурока ва сару либос аз вазорат ҷудо мешавад, то ба қисмҳои ҳарбӣ рафтан миқдори калонаш дуздида мешавад. Ҳама доляи худро гирифт 40 фоизи таъминот ба сарбозон мерасад. Ҳама нафароне, ки дар вазорати мудофиа кор мекунанд аз ниҳоди поёнӣ то болоӣ ба миқдори движенияҳои худ ба боло доля месупоранд. Ниҳодҳои болоӣ то генералҳо, ки вазифаро мехаранд, кушиш мекунанд сарфи кардаи худро ҷамъ кунанд ва боз ба боло пул диҳанд, то дар вазифа монанд ё боз вазифаи болотар раванд. Вазорати мудофиа ҳам мисли дигар сохторҳо ба як бизнес мубаддал шудааст.
Сарбозони вазорати мудфиа ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва низомӣ дар кадом вазъанд?
Ҳар мавсими даъвати хизмат комиссариатҳои ҳарбӣ 12 ҳазор сарбозро ба хизмат ҷалб мекунанд, ки ин сарбозон ба 6 сохтор:- Вазорати мудофиа, Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, СРИҶҶ-и вазорати адлия Кумиати ҳолатҳои фавқулодда ва қушунҳои дохила ВКД тақсим карда мешаванд. Муҳлати адои хизмат 2 сол, ки ҳаст дар 2 сол 4 маротиба 12 ҳазор нафарӣ даъват мешавад ва ҷамъ Қувваҳои мусаллаҳ 48 ҳазор сарбозро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор қисме маълумоташ олӣ бошад 1 сол хизмат кунад ва як миқдораш «нигодни шавад» тақрибан 40 ҳазор сарбоз дар ин сохторҳо тақсим шудаги ҳастанд, ки қариб 20 ҳазораш дар вазорати мудофиа мебошанд. Вазорати мудофиа зиёда аз 60 қисми ҳарбӣ дорад. Вазифаи вазорати мудофиа вазифаи ҷангӣ буда барои мудофиаи давлат аз муноқишаҳои берунӣ мебошад. Қисмҳои ҳарбии вазорати мудофиа ба 3 қушун тақсим мешаванд: ҳавоӣ, хушкигард ва қушунҳои зудамал. Ин қушунҳои Вазорати мудофиа дар пойтахт ва марказҳои вилоятҳо ва бисёри ноҳияҳо ба бригада ва баталионҳо тақсим шудаанд. Дар Помиру Ғарм қисмҳои ҳарбии қушунҳои зудамал мустақаранд ва дар Суғду Хатлон қисмҳоӣ ҳарбии хушкигард ҷойгир мебошанд. Қушунҳои ҳавоӣ бошад фақат дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо аэропорти ҳарбӣ мустақаранд. Ҳар минтақа қисмҳои ҳарбӣ дорад ва ба бригада ва баталион ҷудо шудаанд. Баъзе баталионҳо дар баъзе ноҳияҳо ҷойгиранд ва дар ҳолатҳои ҷанг мавқеи худро муҳофизат ва ба бригада итоат мекунанд бригада бошад, ба қушун ва раёсати қушун ба вазорат.
“Ҳама сохторҳо дар пойтахт ва марказҳои вилоятҳо ва баъзе ноҳия ба бригада ва баталионҳо тақсим мебошанд. Қушунҳои сарҳадӣ бошад қисмҳои ҳарбияш дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошанд ва сарҳадро нигоҳ мекунад. СРИҶҶ-вазорати адлия дар зиндонҳо ва СИЗО-ҳо амал мекунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда (КЧС) дар обхезӣ заминларза, оташсузӣ ва ҳамин гуна фалокатҳо вобаста мебошанд. Гвардияи миллӣ муҳофизати иншшоти муҳими давлат, ГЕС-ҳо, тило завод, биноҳи маъмурии давлатиро бар уҳда дорад. Полкҳои ВКД бошад барои ягон ҳолатҳои калоне, ки дар дохил мешавад масъул аст. Ин сохторҳо ҳамааш ба ғайр аз қисмҳои ҳарбӣ боз дар худ ба мисли дигар вазоратҳо раёсатҳо доранд. Ҳар сохтор барои худ дар пойтахт ва вилоятҳо марказҳои таълимӣ доранд.”
Дар марказҳои таълимии ҳар сохтор сарбозон ба таълиму омӯзиш ҷалб карда мешаванд: танкист, снайперист, артилерист ва ғайраҳо дар 6 моҳ омӯзонда баъд ба қисмҳои ҳарбӣ мефиристанд. Дар қисмҳои ҳарбӣ ҳама сарбозон ихтисоси худро доранд ва бояд аз руй ихтисосашон амал кунанд. Вале сарбозони профессионал хеле каманд. Ҳато афсарон вазифаҳои худро намедонанд ва хуб иҷро карда наметавонанд. Барои онки дар инҷо асосан изофанависӣ ва бардуруғ таҳия карани санадҳо ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Сарбозони танкист як бор савори танка нашудаанд ва ё снайперист ҳатто як бор ҳам тир напаронидааст.Ҳамаро «списат» карда мефурушанд. Ҳангоме пурсидем чихел савори тонк нашуда ва снайперист як бор ҳам тир ва нишон назадааст? Посух чунин буд :
“Барои омӯзиши тонк сузишворӣ бояд ба тонк рехта шавад ва соатҳои дарс мушаххас карда шавад, чунки маблағ барои он ҷудо мешавад. Инчунин сузишвориро мефурӯшанд ва ба кисаҳо мезананду ҳеҷ омӯзише баргузор наменамоянд. Дар мавриди снайперистҳо низ дақиқан ҳамин шакл. Мо бо итминон мегуем сарбозони вазорати мудифа аслан омодагии ҷангӣ надоранд ва ҳеҷ омодасозие дар ин вазорат вуҷуд надорад. Агар ин соҳа назорати ҷидди набарад сарбозони мо осебпазиру ноомода ба ҷангу разманд.”
Аммо бо вуҷуди ин ҳама ошкорсозии ҷурму ҷиноятҳо ва ҳақисарбозхуриву порахуриҳое, ки кормандони вазорати мудофиа мекунанд ҳатмани ҳатман кураторони сарпрокуратураи ҳарбӣ ва контрразветкаи ҳарбии КДАМ аз онҳо «доля»-и худро мегиранд. Аммо ба ғайр аз вазорати мудофиа боз 5 сохтори қудратӣ: Қушунҳои сарҳадӣ, Қушунҳои дохилии ВКД, Гвардия миллӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия, Кумитаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар воҳидҳои низомии худ дар ҳар мавсими даъват сарбоз мегиранд ва мутмаин бошед, ки ин аҳволе, ки дар вазорати мудофиа ҷой дорад дар ҳамаи ин сохторҳо ҳам ҳаст, бештар ҳасту кам не.
“Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Раёсати контрразведкаи КДАМ дар воҳидҳои ҳарбии ин сохторҳо кураторони худро доранд. Агар онҳо ҳалол кор кунанд, чунин вазъ пеш намеояд. Аммо онҳо ҳам «зиндагӣ» доранд ва ҳатман дар ин ҷурму ҷиноят шариканд.”
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20.000 сарбоз дорад. Дар ин вазорат ҳоло аз мавридҳои дуздиҳои калон касе лаб кушода наметавонад. Ончики дар ин ҷаласа гуфта шуд, бовар кунед, ки қатрае аз баҳр аст. Инҷо фақат аз делоҳо ва фактҳое гуфта шуд, ки дар сатҳи поин аст. Гап дар инҷо аст ки дуздони асосии ин вазорат дар худи вазоратанд. Ҳамин хурокиву либосу музаву рахти хоб аз худи вазорат нимта 50% карда мешавад. Вале дуздии асосии вазир ва вазорат асосан аз ҳисоби списат кардани маводди сухт, тиру аслиҳа ва техникаи кориву ҳарбӣ ва махсусан хариди қисмҳои эҳтиётӣ(запчастҳо) аст. Ҳамчунин инҷо аз ҳолатҳои «перевод»и афсару командир, гирифтани рутба пораи зиёд мегиранд. Ҳамаи ин корҳо бо роҳбарӣ ва шарикии худи вазири мудофиа сурат мегирад ва воқеият ин аст ки дар ҳар мавсими даъвати аскарӣ ҳамаи военкомҳо ба вазир садҳо ҳамкорӣ «доля» медиҳанд.
Каме маълумот аз Шералии буруту оила ва писари Ракешаш
Шералии Мирзо ва падару модараш одамони одӣ буданд. Баъди ҷангҳои соли 1992 дар вазорат кор мегиранд. Онҳо аз ноҳияи Московскиянд. Шогирди Шералӣ Хайрулло аст. Баъди чанде донишкадаи ҳарбии Русияро хатм мекунад. Сипас командири бригада дар Кулоб, дертар муовини фармондеҳи қушунҳои зудамал, баъдан сардори Қушунҳои сарҳадӣ ва сипас вазири мудофиа таъин мешавад. Дар ҳасби ҳоли Шералӣ Мирзо нуктаи ҷолиб ин аст ки бисёр ҳам мухлиси ашаддии киноҳои ҳиндӣ (индийский) мебошад. То дараҷае фанати киноҳои «индиски» будааст, ки ду духтар ва як писар дорад, номҳояшонро ба номи актерҳои киноҳои ҳиндӣ мондааст. Писараш РАКЕШ ном дорад.
Вақте писарашро муовини Исмати Дулик, муовини сардори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мемонад Раҳмонов ба Шералӣ Мирзо мегуяд, ки «ин чи хел ном аст, номашро алиш кун». Баъд номашро Муҳаммад мемонанд. Муҳаммад Мирзозода Шералӣ, яъне ҳамон Ракеш, бинобар маълумотҳои ба мо расида мутахассиси соҳаи бонкдорӣ будааст.
“Ракеш дар соли 2019 дар сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон кор мекардааст. Таҳмина, духтари Эмомалӣ Раҳмонов Ҳиндустон истироҳат меравад ва дар онҷо бо Муҳаммад бо лақаби Ҷими шинос мешавад. Ин шиносоӣ «умқ» пайдо мекунад. Таҳмина ба Ҷими мегуяд, ки аризаатро навис, ҳамроҳи ман Тоҷикистон меравӣ. Ва ҳамин тавр Муҳаммад меояду бо мусоидати Таҳмна муовини директори генералии ҶСК фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, муъовини Исмати дулик мешавад. Муҳаммад ҳам рутбаи ҳарбии генералӣ ҳамдоштааст. Ҷои истироҳати Таҳмина ва Муҳаммад бустонсарои Шералӣ Мирзо дар Сари Хосори Ховалинг будааст.”
Нисбати Муҳаммад Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами писараш сахт эътиқод доштаанд ва Рустам ҳам бо ӯ бародарвор муносибат мекардааст. Уро мехоҳанд, ки дар оянда муовини раиси КДАМ таъин кунанд вале Таҳмина мехоҳад, ки Муҳаммад баъди президентии Рустам дар ҷойи вай раиси Душанбе шавад. Ин писари Шералӣ Мирзо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳам ҳаст. Шералӣ Мирзо баъди ин эроди Раҳмонов номҳои духтаронашро тоҷикӣ кардааст. Ракеш ҳам таҳти таъсири падараш киноҳои ҳиндиро нағз мебинад. Вай ҳофиз ҳам будааст ва фақат байтҳои ҳиндӣ мехондааст. Шералӣ Мирзо доимо бо оилааш нишаста киноҳои ҳиндӣ тамошо мекардаанд. Маълум нест,ки чаро «маршировка» бахшида ба 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, артиши миллиро, ки қарор буд 23-феврал доир шавад, лағв карданд. Гуё барқия омдааст, ки ин маросим ба 8-сентябр гузаронида шудааст.
Ва, аммо баъди боздошти шаш афсари вазорати мудофиа барои адои намоз ва тамошои “ Ислоҳ” ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳама воҳидҳои низомӣ ҷаласаҳои фаврӣ баргузор карда ба сарбозону афсарон ҳушдор додаанд, ки аз тақдири онҳо дарси ибрат гиранд ва намоз нахонанд. Вагарна бурда маҳкам мекунанд, ва таъкид кардаанд, ки «эҳтиёт кунед»!