Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №71

Ислоҳ нет

    Мардум таъсир ва натиҷаи кори «Номаҳо…» ро эҳсос кардааст ва ҳоло ҳам менависанд ва ҳам ташвиқ ва илқо карда истодаанд, тавсия дода истодаанд, ки ҳамакаса бинависем. Манзурашон ин аст ки ҳадди ақал ҳоло силоҳу абзори муборизаамон муқобили Эмомтапк ва режими зиддимиллии вай ҳамин минбари дар ихтиёр  халқ гузошта аст ва масъулони он ҳам бо камоли майл ба ҳарфу дарди дили мардум гуш медиҳанд.

Дар воқеъ нафаре аз Турсунзода дуруст мегуяд, ки натарсед ва бо «Ислоҳ» ҳамкорӣ кунед ва масоил ва мушкилоти худро дар миён бигзоред:

  «Аксҳояшонро равон кунед. Ин ба фоидаи ману шумо аст. Ҳар касе бар зидди мардум аст ва ҳар касе аз режими Эмомтапаки касиф истифода мебарад, ба мардум зулм мекунад, бояд чеҳраашро мардум шиносад. Ҳар бузу бузғолае, ки мешиносед, сураташро гиреду равон кунед. Аз дасти ин номардони золим ва аз дасти ин бузҳо тюрмаҳо пур аз фарзандони азизу бегуноҳи мардум шудааст. Бояд имон дошта бошед, ки мо ҳатман ин режимро шикаст медиҳем. Ба Аллоҳ қасам агар мо мардум тарсро аз худ дур кунем, аз Эмомтапаки касиф натарсему аз Аллоҳ битарсем, ҳақи қонунии худро талаб намоем, ин режим бе чуну чаро шикаст мехурад.

Мо, худамонро худамон мазлум кардаем, ки ин золимон болои сари мо пайдо шуданд».

                                   Тавилдара

 Салом бародари азиз ва дустдоштанӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Шумо ва тамоми муборизини роҳи ҳақро Худо муваффақ бигардонад.

   Аз Тавилдара бароятон нома мефиристем. Тавилдарае, ки ҳозир ҳам бошад аз шунидани номаш саропои вуҷуди Эмомтапакро ларза фаро мегирад. Тавилдарае, ки ғаюрмардонаш ҳамроҳ бо диловарони миллат Эмоматапакро наказат карданд. Тавилдарае, ки Эмомтапак ҳатто аз номаш метарсад, барои ҳамин номашро иваз кард. Мешавад ин номаи моро раддия ба Юсуф Раҳмон ном гузошт. Ва мо дар нома ҷиноятҳоеро, ки аз маркази ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шуда ба воситаи ғуломони фурухташудаи маҳаллӣ дар ноҳияи Тавилдара амалӣ мешаванд, ифшо ва ошкоро хоҳем кард.

   Шояд суол пеш ояд, ки барои чи раддия ба Юсуф Раҳмон. Вай чи дахл ба ноҳияи Тавилдара дорад.

Чанд вақт пеш Юсуф Раҳмон дар ахбори омма бо як кибру ғурур эълон кард, ки чанд нафар аз ноҳияи Тавилдара бо Муҳаммадиқбол ҳамкорӣ кард ва мо онҳоро дастгир ва зиндонӣ кардем.  

    Ман инҷо ба ҳамон рузноманигорон, ки ба хотири як бурида нон тамоми арзишҳои рузноманигориро фурухтанд, хитоб мекунам. Чаро таҳқиқ намекунед, ки  оё воқеан онҳо бо Муҳаммадиқбол ҳамкорӣ кардаанд?

  Агар ҳамкорӣ карданд, чи сабаб шуд, ки онҳо бо Муҳаммадиқбол ҳамкорӣ кунанд? 

  Ин саволест ҳам ба рузноманигорон ва ҳам ба ҳукумати ноҳияи Тавилдара

 Онҳо, Худо шоҳид аст, ки бегуноҳ буданд, Гуноҳи онҳо ин буд, ки барномаҳои  муборизинро тамошо мекарданд ва ба воситаи баъзе аз бузҳои дохили худашон фурухта шуданд. Агар пайгирӣ ва тамошои барномаҳои муборизин ҷиноят бошад пас чаро аз ҳар гушаи ҷумҳурӣ баъзеҳоро мачбур мекунед то дар барномаҳои онҳо суҳбат кунанд? Ҷонишинҳои раисони ноҳияҳо дар барномаҳои онлайнии Ислоҳ ширкат карда истодаанд, магар кори онҳоро ҷиноят намешуморед?

 Падарону модароне, ки ҷигарбандони шуморо зиндон карданд, даъво кунед онҳо бегуноҳанд.

  Хитобам ба Юсуф Раҳмон ё президент-пешвочаи оянда. 

Гуфтаӣ, ки ман зани Зоирро шу медиҳам. Мо мардуми Тавилдара ба ту мегуем, ки мо зани туро ба Аббоси ғармӣ хоҳем дод ва он рӯз ҳам деру дур нест. Ту бо як фахр гуфтӣ, ки мо чанд тавилдарагиро бурда зиндон кардем, ба ҳамин кор тамом, дигар ҳама тарсид. Ту ва дигар кормандони боломакоме, ки аз як мусафеде, ки ба пояш ба зур рост меистад, яъне Эмомтапак мисли барги дарахт меларзед, моро мисли худатон фикр мекунед. Ин густохии ту сабаб мешавад то берун аз ноҳия, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба муборизон тавсияҳо кунам барои бархостан ба мубориза.  

   Ҷиноёти мақомотҳои ноҳияи Тавилдара

  Маҳмади кал, ту ҳоло ҳам одам нашудӣ, ки нашудӣ 

Аз деҳқоният гуфтем, ки картошкакори хубӣ, лек бо ин деҳқоният дар ҷони мардум задӣ. Мо зид нестем, ҳазорҳо гектар бикор, аммо бо техника, мардумро ба ҳоли худаш гузор.

 Техникаҳои давлати дар шумову техникаҳои кони тилоро истифода мебаред.

 Тухмиҳои картошка помоши хориҷиҳову соляркаву бензин аз буҷети давлат. Аммо ҷамъоварии ҳосил бо дастони мардум, дар бади мардум задаед.

  Кони тило барои заминҳо роҳ меканад, об меорад, шумо аз буҷаи давлат пулро кашида мегиред, ки мо чанд гектар заминро обёрӣ кардем. Ба фикрам аз ҳамин пулҳо ба Юсуф Раҳмон дода будӣ, чун ба гуфти мардум бисёр даҳонаш тасп карда буд ва аз ту изҳори ризоият мекард.

Солҳои гузашта мардум ва муаллиму духтурҳоро барои ҷамъоварии картошка маҷбур намуда будед, имсол бошад мактаббачагонро. Аз худо шарм кунед.

Дар вохуриҳое, ки бо мардум мегузаронӣ, худатро хоксор ва бегуноҳ ҷилва медиҳӣ, ҳатто гуё дар фикри мактабу маориф ҳастӣ. 

 Мардум туро хуб дарк карданд, ки шайтоне беш нестӣ.

Агар дилат ба маорифу мактаб месухт, муаллиму хонандагонро ба картошкачинӣ намебурдӣ. Агар дилат ба маорифу мактаб месухт маорифро фоҳишасозӣ ва мактабҳоро бо мудирони алкашу фоҳишаву дузд пур намекардӣ, то дили ҳама аз хондан монад.

Муаллимҳое, ки воқеан дилашон ба дарсу мактаб месузад, як -як дилзадаи мактаб карда пеш кардед. Се -чор мудири боинсофе мондааст, ки барои босавод шудани талабагон кушиш мекунанд, ҳисобҳои молиашонро аз молия масдуд намудед, то пули таъмир ва гармидиҳии мактабҳоро аз мардум ҷамъ кунанд ва аз чашми мардум биафтанд, яъне пеши мардум беқадр шаванд, ё ки бас кунанду раванду мактабҳоро ба ҳамон алкашҳои табъи дили шумо вогузор кунанд. 

 Медонам вазнин аст аммо дар бари ин гуна мудирон биистед, ёрӣ кунед. Агар инҳо ҳам бас кунанд оянда кудаконатон ба гусфанд табдил меёбад. Ҳамин ҳоло шумо худ шоҳид ҳастед аз бесаводии баъзеҳо истифода бурда нозири барқ фиреб медиҳаду пулро барзиёд мегирад, моҳи дигар боз қарздор нишон медиҳад. Барои ҳамин мегуям ҳамроҳи чунин мудирони дилсуз бошед. Аз дастатон ояд муаллимони хубро ёрӣ кунед то писарону духтарони шуморо таълим диҳанд. Дилатон ба фарзандонатон сузад. Онҳоро инсони кур бузург накунед.

   Маҳмади Ғайрат, ҷойи онки ба Зайдуллои КГБ пул дода делои дуздиҳои писаратро хобонидӣ, мемурдӣ, ки мактабҳоро таъмир кунӣ! Як каме ҳам бошад виҷдонатро бедор кун, ба ин ҳад бешараф нашав. 

  Фикр накунед, ки шумо аз ин ҳукумат ҷазо намегиред ва дар ивази ҷазо нагирифтан ба Эмомтапак хидмат мекунед. Қасам ба Худо аввалин хезиш, ки шуд шумо аз дасти мо раҳо намеёбед. Ба ин Эмомтапак бисёр умед набандед, ки рӯзҳояш башумор мондааст.

  Мудири ШКД-и ноҳия яке аз дустони писари Ҳиммати Ғайрат, Ҷомӣ мебошад. Ӯро барои он ба ноҳия оварданд, то ҷиноятҳои ҷамъшудаашон, яъне делоҳояшонро нест кунанд. Ҳатто як хонаи давлатиро, ки барои кормандони аз дигар минтақа меомада пешбинӣ мешавад, таъмири замонавӣ карда доданд ва шояд ҳуҷҷат ҳам карда диҳанд. Чунки як чунин хонаи дигарро ба писари амакаш Убайд, ҳозир дар Нуробод замначалник кор мекунад, ҳуҷҷат карда доданд. Началники навомада авалан кормандони милисаи ноҳияро ба як проститутка табдил кардааст. Ба ӯ деҳқонӣ мекунанд. Ӯ худаш шоҳу табъаш вазир. Ҳар куҷо хоҳад рафта шикор мекунад. Ба ҳадде хоин ва бадбин нисбати мардуми одӣ аст, ки борҳо шунидаам Лоиқ Шералиро дашном кардааст. Лоиқе, ки ҳарфаш миллату хоки ватану забону фарҳанг аст, пас худатон қазоват кунед.

   Ин началники бефаросат ҷавононе, ки аз муҳоҷират меоянд, як каме риши паст доранд, ба шуъба даъват карда онҳоро бо муборизин ҳамкор гуфта таҳдидҳо мекунад. Баъд яке аз милисаҳои маҳалиро, ки ӯ гуё ҷинояткор аст пешдаро карда дар ивази маблағ ҷавоб медиҳад. Аммо маблағаз 10 000 боло аст.

Ҳатто нозирони минтақавиро фармон кардааст, ки як тонаӣ картошка оварда супоранд. Ман аз ин нозирони талбанда шармам меояд. То куҷо беқадр ҳастанд, мисли талбандаҳои пеши масҷидҳои шаҳр шудаанд, мурен ғулмҳо.

 Амнияташ бошад аз ин бадтар. Тамоми онҳое, ки писаронашон ба сини хизмат расидагианд ба як гови ҷушо табдил дода баъзеҳояшонро буз кардаанд.

Бародарон, ҷойи ин ҳама хориву забуниву зиллат беҳтар аст бачаҳоятонро фиристед хидмат кунанду аз ин бешарафӣ, ки худро ғуломи инҳо кардаед, наҷот диҳед.

Агар ислоҳ нашаванд, ин навбат оиди муовинони раис, раисони ҷамоатҳо, шуъбаҳои минтақаии ҷамоати Чилдара ва Сангвор хоҳам гуфт.

 Ва мехоҳам чанд тавсия ба муборизон дошта бошам, хусусан ба шумо бародар Муҳаммадиқбол!

  1. Дар барномаи “Минбари муҳоҷир” дигар ҳеҷ касро аз пешвопарастон ба ҷуз раисони ноҳияҳо, судҳо, прокурорҳо, сардорони милисаву амният каси дигарро қабул накунед.

Ҳатто муовинонашонро қабул накунед. Бигзор шахсони боломақоми вазоратҳои қудратӣ биёянду аз пешвояшон дифоъ кунанд.

2.) Бародар мардум ҳама огоҳ шудааст аз ин ҳама дуздӣ ва ҷиноёт. Мунтазири як ҷарақа ҳастанд. Аз шумо хоҳиш оиди як инқилоби муваффақ чанд барномаи 30 дақиқаӣ таҳия кунед, то мардум хест чи корҳо карда шавад.

 3.) Тамоми бародарони мубориз ба ҳам якчо шаванд. Ин ба мардум қувват медиҳад мисли оне ки Эмомтапакро бо тухм заданд, ки боиси ифтихори мо шуд. Он бародарон чеҳраи касифи ӯро ба хок молиданд ва ба мардум ин як таҳрике шуд барои озодӣ. Инро ба унвони як бародари шумо аз сидқи дил мегуям.

  4.) Бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ҳазрати Умар,  разияллоҳу анҳу Холидро аз сарлашкарӣ барканор кард ва худат хубтар медонӣ, ки чаро. Барои ҳамин гоҳ вақтҳо ягон чеҳраи навро дар мубориза ба ҷои худ муаррифӣ кунед. Вақти бемориатон камранг гаштани мубориза шиддату қудрати онро коҳиш дод. Худо накунад лекин рӯзе саратон балое биояд, ки он рӯз бар сари ҳар яки мо меояд, то як нафари дигар меояду бо мардум шинос мешавад вақт меравад. 

Ва дар охир як гила аз Шумо ва устод Кабирӣ дорам. Дар яке аз барномаҳоятон Эмомтапакро бо Гитлер муқоиса мекардед ё бо Толибон. Гитлер ё Толибон кадоме хоки ватанашонро, замини ватанашонро фурухтанд?  Ин як бешарафест, муқоисанашаванда, ки балои ҷони миллати бошарафе ба номи Тоҷик гаштааст

Ин буд ҷавоби густохии Юсуфи Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон.

                                         Чоркуҳ

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Номаро аз Чоркуҳ бароятон менависем.

 Ман ба шумо дар бораи масҷиди Сароб (Найман) мехоҳам маълумот бидиҳам. Дар масҷиди Найман намози ҷумъа ва намози идҳоро  мехонданд. Ҳоло мардуми Найман саргардонанд. Барои адои намози ҷумъаву ид ба масҷидҳои Чоркуҳу Исфара мераванд

   Эмомтапаки тухми мурғ ба Чоркуҳ омада дар маҳаллаи Лангар бинои мактаби нав ва дар маҳаллаи Муминободу дар ҷамоати Сурх стадионҳоро ифтитоҳ кард. Шояд тасодуф бошад ё шояд амдӣ, ки Эмомтапак ба тарафҳои мо рӯзи ҷумъа сафар мекунад.

  Ба ҳамин сабаб хондани намози ҷумъа ва идҳоро дар чандин масҷид манъ карданд, аз он ҷумла дар масҷиди Найман. Замоне, ки Эмоматапак омад, Ахмедов Обид, ки ӯ алҳол барои корҳои кардааш дар назди Аллоҳ ҷавоб дода истодааст, ҳамроҳи Насруллои динфуруш гуфтанд, ки ин ҳафта дар масҷиди Найман намоз нахонед, чунки Эмомтапак меояд. Баъде, ки вай омаду баргашту рафт, яъне аз ҳафтаи оянда бихонед. Ҳамин тавр як ҳафта намози ҷумъа баргузор нашуд. Эмомтапак омад Чоркуҳу Сурх, мактабу стадионҳоро кушоду рафт вале аз он замон то ба имрӯз дар масҷиди Найман Домулло Насруллои имомхатиб ва Ахмедов Обид раиси бахши дин дар Исфара буданд ва онҳо намози ҷумъаву идро дар масҷид манъ карданд. Сардори милисаи Чоркуҳ ҳамон замон як марди камтар боимон буд. Гуфтааст, ки мо танҳо як ҳафта, то президент омада рафтан нахонед гуфтем тамом, аммо ин Обиду Насрулло тамоман маҳкам кардаанд. Ин Насрулло душмани Аллоҳ асту бандаи Эмомтапак аст.

   Як соҳибкори найманӣ қасди сохтани масҷиди калон дар деҳаи Найманро дошт. Соҳибкор гуфтаст, ки дар деҳа як масҷиди калонтаринро месозам. Ҳамаи найманиҳо имзо монданд. Ин ҳуҷҷат то ҳукумати ноҳияи Исфара рафт. Бояд ба Душанбе мерафт. Ҳукумат гуфтааст, ки майлаш, аввал бемористони марказиро обод мекунӣ, сонӣ иҷозат медиҳем. Ин соҳибкор рози шуда беморхонаро мисли беморхонаи Туркия ободу зебо кард.

   Валлоҳӣ қасам, домулло Насрулло ҳукумати Исфара рафта гуфтааст, ки мо дар ҷамоати Сурх масҷид дорем-масҷиди бобоӣ-таърихӣ, дигар масҷид даркор нест ба мо. Ва нақшаи сохтмони масҷидро «отменит» кардааст. Ин гапро як муаллиме, ки санадҳо барои сохтмони масҷидро омада мекард, гуфт ба мо. Ӯ гуфтааст, ки домулло Насрулло ҳамаи корҳоро расво кард, яъне сохтани масҷидро отменит кард. «Мо масҷид дорем, ба мо масҷиди дигар лозим не» гуфтааст. Он соҳибкор дар Қазоқистон мадраса сохта ба мардум туҳфа карда дод вале ба мардуми худамон намонданд кунад.

Бубинед,ки ба чи ҳолу рӯз афтодем. Аз мулло сар карда то як корманди одӣ масҷидро бад мебинанд.

 Бародар Муҳаммадиқбол. Ҳамаи ин моҷароро дар як намози ҷумъа як бародари найманӣ дар Чоркуҳ ҳикоят кард. Ман дарҳол ба шумо навиштам, то чоп кунед, то мардум бидонад, ки ин Насруллои фосиқ домулло нест, як фосиқи динфуруши душмани Аллоҳ аст.

  Бародар мо ҳамроҳи шумо ҳастем ва шумораи мо ҳазорҳо нафар аст, ки бо зану фарзанд омодаи мубориза ҳастем ва дар роҳи мубориза на зану фарзанд ва на молу мулк ва на ҷон мегуем. Ҳамаашро ба хотири Аллоҳ барои ин ватан фидо мекунем, то мардум намозашро озодона дар масҷидҳо бихонаду озод бошанд насли ояндаи мо ҳадди ақал.

                                            Турсунзода  

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як коргари навтаъиншудаи ВКД дар ноҳияи Турсунзода ҳастам. Зода ва сокини ҳаминҷоям. Мехоҳам ҷинояткоронро бо воситаи шумо ифшо кунем, то чеҳраи воқеии ин палидонро мардум хубтар шиносанд.

Аввал аз он касоне сар мекунам, ки зодагони ҳамин ноҳияанд ва баъд аз ононе, ки аз дигар ҷо ба ноҳияи Турсунзода ба кор омадаанд. Ман аз оилаи Шариповҳо сар мекунам: 

Шарипов Муҳаммадюсуф, Шарипов Муҳаммадюнус. Инҳо бародаронанд. Юсуф -ако ва Юнус -додар. Инҳо криша доранд, кришаашон Шарипов Маҳмад аст, ки як шахси қотил ва дузд аст, ки солҳост дар ҳукумати ноҳия кор мекунад. Ду зан дорад. Рутбаи полковникӣ дорад.

Аммо ин ду нафар Юсуф ва Юнус хуни мардуми Регарро хурданд. Аз давраи дар отдели ҷамоати шаҳраки Пахтаобод кор карданшон то ба отдели район гузаштанаш мардуми Пахтаободро ба дод оварданд. Амакашон началник отдели Пахтаобод буд. Махсусан Юнус кори аслиаш подставит кардани шербачаҳо буд.

 Худаш як бангӣ аст. Аммо бо ин мавод мардбачаҳое, ки ин корҳоро тамоман намекарданд, ҳатто сигор намекашиданд подставит мекард. Дар беморхонаи Пахтаобод як дӯсти наздики худашонро подставит карданд.  Медонанд, ки киро дар назар дорам. Беморхона медароянду дар палата пайдояш намекунад. Дар даруни либосҳояш дар шикаф ҳашиш мемонанд ва ҳамин хел   тоб дода ӯро боздошт мекунанд. Ва аз он бечора, ки нав аз Русия омада баъди захму зардоби муҳоҷират табобат мегирифт, подставит карда 2600 долларашро мегиранд.

 Дар пайи зулми зиëде, ки дар болои мардуми ҷамоати Пахтаобод мекунанд, кор ба ҳадде мерасад, ки инҳоро бо амакашон, ки сардори милиция буд аз кор бо статя сур мекунанд. Юнус бошад айни ҳол дар Русия қарор дорад. Бинобар маълумоти мо дар Москва аст ва кори аслиаш бангфурушӣ. Боз тоҷикбачаҳои клиентҳои худашро, ки аз худи вай банг мехаранд, сурат гирифта ба акааш Юсуф равон мекунад ва ин Юсуф вақте онҳо бармеграданд бо таҳдиди кушодани делои ҷиноӣ аз онҳо пул меканад. Бародарҳо аз инҳо эҳтиёт бошед. Махсусан бародароне, ки дар Москва ҳастед, бо инҳо додугирифт накунед.

Баъд аз ронда шудан аз отдели милицияи Пахтаобод даводави зиëд мекунанд ва Юнус нештатний -буз мешавад. Юсуф бошад дар ШВКД-и Регар бо додани пораи калон дар кор медарояд. Бешарафони ВКД ба вай барои зулми зиëдаш боз рутбаи майëр медиҳанд. Сардори ин ду бародари ҷиноятпеша Маҳмад Шарипов аст ки началники милитсияи Пахтаобод буд. Вай тамоми мағозаҳои шаҳраки Пахтаободро доля баста буд. Ба мисли генерал Шоҳ Искандар, ки дар Регар ҳама мағозаҳо 100 сомонӣ доля месупориданд. Ин ҳам даъво мекард, ки «ма аз Шоҳ чи камӣ дорм, марам начальникум».

 Дар бораи падари Юсуфу Юнус инро бояд бигӯям, ки вай дар МБТИ кор мекард дар давраи кориаш чанд ҷиноят содир кард ва ӯро ҳам аз кор сур карданд. Инҳо хаëл карданд, ки «форма пушидем ҳар ҷинояте кунем ба мо касе кор намегирад». Агар шуморо сагҳои калон ҷамъу гир намекунанд, ҳатман рӯзе мешавад, мардум ҷавобатонро дар кафи дастатон мегузорад. Худоро зорӣ кунед, ки кор дар дасти мардум нарасад вагарна ҳолатон вой мешавад. Инҳо ҳамаашон дар деҳаи ҳамон Барак Обама -Баракатулло Аҳмадов собиқ раиси ноҳия зиндагӣ мекунанд..

Ман дар бораи инҳо бисёр мухатасар навиштам. Ба наздикӣ аз ин оилаи аждаҳо маълумотҳои дақиқ расонаӣ мешавад.

 Ба мардуми ноҳия муроҷиат карданиам, ки шумо ба «Ислоҳ» нотарсида нависед. Аксҳояшонро равон кунед. Ин ба фоидаи ману шумо аст. Ҳар касе бар зидди мардум аст ва ҳар касе аз режими Эмомтапаки касиф истифода мебарад, ба мардум зулм мекунад, бояд чеҳраашро мардум шиносад. Ҳар бузу бузғолае, ки мешиносед, сураташро гиреду равон кунед. Аз дасти ин номардони золим ва аз дасти ин бузҳо тюрмаҳо пур аз фарзандони азизу бегуноҳи мардум шудааст. Бояд имон дошта бошед, ки мо ҳатман ин режимро шикаст медиҳем. Ба Аллоҳ қасам агар мо мардум тарсро аз худ дур кунем, аз Эмомтапаки касиф натарсему аз Аллоҳ битарсем, ҳақи қонунии худро талаб намоем, ин режим бе чуну чаро шикаст мехурад.

Мо, худамонро худамон мазлум кардаем, ки ин золимон болои сари мо пайдо шуданд. Умедворам, ки ба гуши ҳар кадоми шумо каме бошад ҳам садои ҳақ расад.

Ман расми ҳамаи ин се нафар ду писар ва падарашонро фиристодам. Нашру пахш намоед, то мардум ин касифонро бишиносанд.

  Мардуми азиз, навиштани шумо ду паҳлуи мусбат барои мову шумо дорад. Ман аз дохили шуъбаи милитсия менависам ва ҳеҷ хавфу тарсе ҳам надорам, чун ҳақ гуфтам ва инро ба ман сарқонуни кишвар иҷозат додааст!

                 Абдураҳмони Ҷомӣ

  Ассалому алайкум бародари азизу гиромиқадр Мухаммадикбол. Ман истиқомат кунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошам. Ин номаро аз бистари бемориам менависам. Ҳамаи баромадҳои шуморо тамошо мекунам. Афсус роҳ рафта наметавонам. Дар ҷои хобам бо садои баланд ҳар лаҳза мегуям Эмомтапак истеъфо! Шояд Аллоҳи зулҷалол ба фарёдам расад. Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз навоҳии моҳипарвари ҷумҳурӣ мебошад.

  Як шахс бо номи ҳоҷӣ Зайнулло аз хешони Эмомтапак ноҳияро аз худ кардааст. Ҳавзҳои моҳипарварӣ ва заминҳои колхозие, ки аз кор баромада буд, мардуми ноҳия солҳо бо азобу қарз ин ҳамаро кораму корсоз карданд, имрӯз, ин шахс кӣ бошад, ки фармон аз боло аст гуфта ин ҳамаро аз мо гирифта истодааст. Дар ин ноҳия ягон қонун амал намекунад. Тартибу низомро худи ҳукуматдорон вайрон карда истодаанд.

  Мактабе, ки наберагонам мехонанд, зиёда аз 1300 талаба дорад ва қариб 40 нафар омузгор. Ҳар рӯз набераҳоям пул мегуянд барои мактаб: 3 сомонӣ пули хурок, 7сомонӣ пули обуна 50-60 сомонӣ пули китоб, 30 сомонӣ пули таъмир. Боз ҳарвақт-ҳарвақт пули плакат, бур, солярка мегиранд. Хуллас, дар ҷонамон расондаанд. Ман намедонам дар Берке чи гап бошад. Ба муаллимҳо занг зада мепурсам, мегуянд моро ҳам 250 сомонӣ барои обуна биёред гуфтанд. Бо 430 сомонӣ аз духтур гузаштем. 150 сомонӣ ба Фароз супоридем, фармон аз ноҳия аст мегуянд. Боз дар ноҳия чи гапе шавад мо хоҷагидорҳо, падару модарҳо дар бало мондагӣ. Аз ҳукумат алоҳида, аз андоз, аз ҷамоатҳо бо ҳар баҳона аз 300 сомонӣ то 1000 сомонӣ талаб мекунанд. Барои рушди ноҳия, барои праздникҳо, барои омад- омади пешво дорожкаи қолин мехарем мегуянд.

 Боз болои ин ҳама муҳоҷирҳоро депорт карда роҳӣ карда истодаанд. Худо медонад, чи гапе мешавад. Ягон  гирдиҳамоӣ мешавад чи бало? Барномаҳои шуморо тамошо мекунем, аз ҳама нохҳияҳо нома менависанд аз Куйбеш не. Нохияи мо баъд аз ҷангҳо зиёда аз 5000 мошин дошт. Аз мошини раис сар када то комбайнҳо. Имруз бошад 100- 200 адад ҳаст ё не. Ин ҳама дар давраи президентии Эмоматапак куҷо шуд? Чаро пурсиш нест?  Ин ҳама яслӣ, боғчаҳои бачагона, гаражҳо хирманҷоҳои пахтакоркунӣ, кинотеатрҳо ва дигар корхонаҳое, ки буданд куҷо шуданд. Ин ҳама дар давраи ин пешвои самозванетс фурухта шуд. Ҳоло дар ноҳия чи ободие ҳаст худи мардуми ин ноҳия кардааст.

  Ман 300 сомонӣ пенса мегирам. Агар духтур равам 30-40 сомонӣ қабули духтур, 100-150 ташхис. Рецептро мебарӣ ба дорухона камаш 150 сомонӣ барои андак касалиҳои шамолхурдагӣ мешавад.

  Дар ноҳия ҳаррӯз аз вилоят ё  аз республика рейд меоянд вале ягон мушкилро ҳал намекунанд, пулро ҷамъ мекунанду мераванд. Ин ноҳияи мо соҳиб надорад. Аз ҳарҷо омада ғорат карда мераванд.

   Дар охир гуфтаниам, ки эй мардуми Куйбеш! Куҷо шуд он ғайрату ҷасорати солҳои пеш? Бедор шавед, чашмҳоятонро кушоед, зану фаозандҳоятонро таҷовуз, бачаҳоятонро муҳоҷир карда истодаанд. Мо фарзанди угайи ин миллат нестем! Фарзандҳои мову шумо ҳам ба ин давлату ҳукумат ҳақ доранд. 

  Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Дар охир як гапро бисёр мехоҳам, ки бигуям. Дар Германия Эмомтапакро тухм шапак карданд, ки бовар кунед, кайф кардам, «ҳейййй мада фориддаа».  Кай дар мо инхели мекарда бошанд ӯро,ки пеш аз маргам медидаму бе ормон мемурдам!

                                           Айнӣ

  Ассалому алейкум ба муборизони роҳи ҳақ ва озодӣ. Ман аз авлоди Саидаҳмадхони масчоӣ, ки умри хешро баҳри мубориза бар зидди болшевикон сарф кардааст, мебошам ва ҳамеша дар паҳлуи муборизони озодӣ ва истиқлоли комилу воқеии ватан ҳастам. Бародар Муҳаммадиқбол барномаи Шуморо тамошо карда дидам, ки Шарифзода Туйғун Тоҳир  ё ин ки Шарипов Туйғун Тоҳирович бо овози баланд ба тарафи бародар Салимҷон дод мезанад, ки фарзандат туро намебахшад. Ман дар ҳайрат мондам.

  Туйғун -ако шумо ровӣ ҳастам гуфта баланд дод назанед, боз гулуятон надарад. Шуморо дар ҳукумат ШТТ ном мебурданд. Ин саги сангистонӣ аз хешу ақрабои Абдуфаттоҳ Шарипов-котиби матбуотии Эмомтапак мебошад. Ин фосиқи ШТТ замоне мудири фарҳанги ноҳия буд. Ёдам ҳаст ду нафар факултаи санъатро хатм карда омаданд ва хостанд дар қасри фарҳанг кор кунанд. Ту ШТТ аз онҳо 500 долларӣ гирифта ба кор қабул кардӣ. Он замон санъаткороне, ки дар шуъбаи фарҳанг кор мекарданд агар ягон закази туй мегирифтанд, аввал 10 дарсадашро ба ту медоданд, то ту онҳоро аз кор дафъ накунӣ.  Баъдан замони таъмири хонаи фарҳанг, ки 5 сол давом кард ту чи қадар маблағро бо сардори молияи ноҳия Ойбеки 120 килограмма ба ҷайби худ задед. Баъдан туро собиқ  раиси ноҳия Зиёзода С.Р, ки ҳозир муовини сарвазир аст, ба вазифаи мудири идеология монд ва ту бо ҳамроҳи сардори амнияти ноҳия Фируз Сафаров ба шикори муллоҳо оғоз намудетон. Ҳар рӯз аз ҳар бандаи намозхон мулло гуфта чи қадар маблағ меситонидӣ. Тезтар ишкамат кафад. Вақте ШТТ-ро дар ҳукумат ба кор гирифтанд порахур Зиёзода ( ӯро наҳанги Меҳнатобод мегуянд) ту Тоирова Нуринисоро ба ҷоят мондӣ дар фарҳанг. Тоирова Нуринисо то ҳоло маъшуқаи туст. Тоирова Н замоне маъшуқаи Шамсиддин буд. Ту Шамсиддинро маст кардӣ ва раиси ноҳия Шамсиддинро аз вазифаи мудири шуъба озод намуд ва ту Тоироваро аз худ кардӣ.

  Бармегардам ба корҳое, ки ту дар идеология будӣ ва кардӣ. Бардуруғ як нақша-чорабинӣ кардиву ба бозор ва мағозаҳо баромадӣ ва номҳои мағозаҳо ба талабот ҷавобгу не гуфта аз соҳибони мағозаҳо чи қадар пул ситонидӣ. Факт ба факт медонад мардум ҳама ҷиноятҳои анҷомдодаатро бисёр ҷоғ назан,ки мо медонем туро!.

  Барои вориди мактабҳо кардани мағозаи либосҳои мактабӣ аз Кенҷаева Шаҳло 2000 доллар гирифтӣ. Туро Варансов чи ном монд худат гуй! Бародар Салим медонад ба фикрам, ки Варансов чи мегуяд ШТТ- ро, Ба Туйғун 100 доллар диҳам то саҳар бароям Шоҳнома мехонад ва пойҳоямро массаж мекунад.

Баъдан раиси ноҳия Раҷаббой Рузиевич ( Ашурзода Раҷаб Рузӣ) шуду туро аз кор пеш кард. Пагоҳаш бошад амакат Абдуфаттоҳ бо занги телефонӣ туро ба вазифаи раиси ҲХДТ яъни ҳизби хоинон ва дуруғгуёни Точикистон таъин намуд. Шумоҳо ин кинаро дар дил дошта бо сарварии котибаи Ҷаноби холӣ Абдуфаттогул Раҷаб Рузиро ҳатто ба маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ даъват накарда аз вазифа сабукдуш кардетон.

  Туйғун ту мард мебудӣ замони дар идеология буданат ба сари бечора устои сартарош Ғоибназаре, ки аъзои ҲНИТ буд амнияту прокурор ва ШКДву ҷамоатро намебурдӣ. Агар як худат мерафтӣ аз пустат яғнобиҳои ватандусту диндор таблак метарошиданд.

  Бо ту дод мезанӣ, ки майдони ту аст ва пешоби миллат миллион сарбоз дорад. Эй саг! Порахуриро кам кун. Ҳама кор рӯзу соати худро дорад!  

   Фаҳмидам, ки Тоирова Нуринисо ишқварзиат бо Абдусаломзода Малоҳатро фаҳмидасту бо ту ҳарф намезанад. Собиқ муовини раиси ноҳия Абдуллозода Зарина Ислом, ки бе шавҳар аст мегуфт, ки агар хумори мардак гирад ШТТ-ро даъват мекунам бо забонаш маро ором мекунад. Ҳоло ҳам сари вақт аст, вазифаатро супору рав, муаллимӣ кун, чоплусиро бас кун. Шояд мардум ин коратро дида туро оянда бахшад.

Share This Article