Раҳмонов бар муқобили манотиқи умдатан оппозитсионии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва навоҳии водии Қаротегин сиёсати хасмона ва хушунатбор дорад ва агарчи мехоҳад пинҳон кунад, нонамоён бошад, вале боз маълум ва рушан аст. Баъд аз онки лидерони мардумии Бадахшонро кушт ва гуё ин вилоятро ҳам ғасб ва истило кард, дигар чокару навкару ходимакони ҳукумати Раҳмонов ин хиттаи дастнахурдаро ба маҳалли даромади худ бадал кардаанд. Аз як тараф пул кор мекунанд аз тарафи дигар «сиёсати Раҳмонов»-ро ба иҷро мегузоранд.
Хоруғ
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман барои аввалин бор ба шумо нома менависам. Феълан дар Санкт-Петербург қарор дорам. Аммо хабарам аз Бадахшон аст. Мутаассифона хабари хуб нест. Ба ман хабар доданд, ки дар вилояти Бадахшон як гурӯҳ ғоратгарону порахурони ҳукумати худкомаи фасодзадаи Раҳмон аз Палатаи ҳисоби назди президент рафта ҳама муассисаҳои давлатиро проверка гуён азият карда истодаанд. Хусусан аз мактабҳо ба маблағи 5000 сомонӣ, ки аз маблағи тафтиши маориф ҳам бештару гаронтар аст талаб карда истодаанд. Аз шумо хоҳиш дорам, ки дар барномаҳоятон ин фактро бигуед. Аз ҳама аламовараш ин аст ва инро ман ногуфта наметавонам, ин комиссияи омадагӣ ҳамагӣ намояндагони вилояти Хатлон ҳастанд, аниқтараш аз Кулоб.
Турсунзода
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд шуморо дар пушту паноҳаш нигаҳбон бошад. Ин нома дар бораи ҳаёти худам ва саргузашти худам ҳикоят мекунад. Моҳи апрели соли 2008 як ҷиноят содир кардам. Бо дӯстонам ҷангҷоли гуруҳӣ кардем, яъне занозанӣ. Хуб дигар ҷавонӣ буд. Аз тарси падару модар ва аз тарси милисабозӣ ба хоҳиши худам ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Баҳор буд. Ман ва беш аз 30 касро аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Турсунзода ба военкомати марказии Душанбе бурданд. Рафтем, моро ба як казармаи майда дароварданд. Дар он казарма аз чил нафар зиёд буданд. Мо сӣ кас будем. Онҷо 14ҷойи хоб дошт. Вақти намози шом буд, ки дар кострюли алюминий пур аз приловкаи ҷушондагӣ оварданд, бе нон, бо як қошуқ бачаҳо дарунашро кофтан, ба Аллоҳ қасам дар дарунаш муш ҳамаашро расво кардааст. Ҳама зиқу пушаймон. Болои ҳамаи ин беэҳтиромӣ, дашному ҳақорат, паст занӣ. На модар монданду на хоҳару на ҳеҷ чӣ. Намедонм чи гуна хоб равем. Нисфи шабӣ буд, ки аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва аз Помир одамони нав оварданд. Ҳамаҷо ифлосӣ. Дарро маҳкам кардаанд. Барои ҳоҷатхона рафтан соатҳо зорӣ мекунӣ. Баъд дарро мекушоянд. Ба ҳамин қадар одам 30 дақиқа барои қазои ҳоҷат вақт доданд.
Одамони зиёд буданд, ки ҳафтаҳо дар онҷо нигаҳ дошта шуда буданд. Приловкаро медиданд, дилашон мешурид, аммо маҷбур мехурданд. Падару модарҳо меоварданд, аммо овардагиии онҳо ҳеҷчи намешуд. Даже як луқмагӣ намешуд. Ман дар онҷо 3 рӯз будам. Бовар кунед, ки ҳоли саг аз мо беҳтар буд. Калони ҳамин военкомат як генерал- майёр буд, қадбаланд, ишками калон дошт. Ва боз ду -се полковники мутакаббири фукчухти бераҳми назарбаланд.
Аз Файзобод як даҳмардаи девонаро оварданд, ранги хар бу мекард. Як вақт яке аз ҳуш рафт, приступаш гирифт, аз даҳанаш кафк мерехт, сарашро дар замин сахт- сахт мезад, меларзид. Даромада ба шата зада мегуянд, ки «дуруға мекуна ин фалони оча» ва боз мезадандаш. Ман бо як нафар берун баровардем. Дар берун боз заданаш, сараш кафид. Мо сарашро бастему боз обратно даровардем.
Боз аз ин бадтар як девонаи дигар аз Ҳисор буд. Ҳардуяшро саҳар дар ҳамин қисми ҳарбии Душанбе, ба политехникум бурданд. Маро бошад ба қисми ҳарбии 26-20 риссовхози Ленинский бурданд. Гуё инҷо тамрингоҳи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст ва инҷо 1500 сарбоз хизмат мекард. 22 апрел буд. Шаб омадем. Азоб сар шуд, шатахурӣ, ҳақоратшунавӣ, хуллас азоби саг. Саҳар хестем, як кружка чойи нимширин, 20 грам маска ва 3 бурида(кусок) хлеб. Сарбозҳо нигоҳ мекунанд, мегуянд, ки «ака нахурӣ манда те». Ба номи Аллоҳи меҳрубон қасам дар обед приловкаи ҷушондагии картошкадор кормае, ки мурғ мехурад, ку ана ҳамон хелӣ ҷушонида додандмон. Ҳаррӯз ҳамин ҳолат буд. Мо ки навоҳии аз тобеъи марказ будем падару бародарони ман омада манро зуд зуд хабар мегирифтанд.Аммо сарбозҳое, ки аз Бадахшону Суғду Хатлон буданд, ҳоли хуб надоштанд. Чунон лоғару нотавон шуда дар вақти сафкашӣ аз ҳуш мерафтанд. Ман аз барои коммисават госпитал хов рафтам, бо пули калон. 2 моҳ хоб будам. Аксари касалиҳо курруда ё аппендитсит ҷарроҳӣ мешуданд ва боз баъзеашон грижа оператсия мекарданд. Як хел сарбоз хоя- моя ҳояшон ба мисли пуфак дам мекард. Мепурсӣ, ки чи кор кард? Мегуфтанд, ки аз ҷабри задан, мояаш дам мекардааст.
Онҳоро ҷарроҳӣ мекарданд, аммо на духтур ва на командири часту дигару дигараш намепурсид, ки чаро ба ин ҳолат афтодаӣ? Боварам кунед ҷавонписарон бе зурриёт аз онҷо мебароянд. Ба ҷое сарбозӣ хидмати ватан мардшудан равед аз онҷо бар акс бармегардед. Дар бораи вазъу шароити беморхонаи ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ гап занам,гапҳои хело бисёр аст.
Боз сайру гашт мебаромадем. Дидам, ки фермаи хук доранд. Гуфтам, ки инҳоро чи кор мекунед? Гуфтанд, ки бонӣ мекунем. Ҳар як хуку хукбачаи фарбеҳе доштанд, ки бениҳоят калон буданд. Гуфтанд, ки барои хуроки сарбозҳо меандохтаанд. Чунон бу мекард фермаи ин хукҳо дар дохили Душанбе. Онҳоро кушта ба беморхона ва военний частҳо медодаанд.
Хулосаи гап инки коммисават нашуда боз рафтам части 26- 20. Ҳаво гарм. Сарбозҳо аз ҳуш мераванд дар зери офтоб. Ғам медиҳанд, ишками гурусна бе мадор мегарди.
Як офитсер омад, ротаи моро бор карду бурд сари замини ангур ва фармуд, ки токҳои ин заминро, ки аз офтисери дигар будааст, хомток кунем. Бовар кунед, ки аз гушнагӣ сарбозҳо баргҳои дарахтони ангрурро мисли чукрӣ ба намак зада хурдем, ки дар дарахтҳо як дона барг намонд, лублучи урён шуданд дарахтҳо. Ҳамон вақт аз хонаи мо ҳеҷ кас хабаргирӣ намомад. Се рӯз аз гушнагӣ барги ангур хурдем. Офитсерҳо омаданду диданд ва то соати 12 -и шаб 150 нафари моро ангурҳоро хурдагед гуфта ғам доданд. Ин части 26- 20 тамрингоҳ набуд. Ҷойи нигоднийҳо буд.
Аз приловкаи чиркину кармаи мурғхурӣ аксари аскарон курруда мешуданд, грижа мешуданд. Онҳоро зада ахта мекарданд, маъюб мекарданд, ҳоли зор доштанд сарбозҳо. Вақти омадан ба хизмат фарбеҳу солим меоамданд аммо дар хизмат касалу лоғар мешуданд.
Моҳи июн моро отправка карданд ба чор тарафи Тоҷикистон. Ман ба Суғд, ба отряди сарҳадии Истаравшан рафтам. Ду рӯз дар отряд будам. Баъд ба дидбонгоҳи сарҳади 8 ба номи Бобо Тағо роҳӣ карданд. Сардори дидбонгоҳ Раҳмон ном дошт. Фамилияаш дар ёдам нест. Рутбаи ҳарбиаш лейтенанти калон буд. Сардори дидбонгоҳ парвои сарбозҳо надошт. Ҳаррӯз дембилҳоро мезаданд. Хонаи хобаш назди казарма буд. Назди тиреза хоб мерафт. Овози задани моро мефаҳмид, аммо парво надошт. Аз шаллоқи зиёд дил беҷо мешудем. Тарафи дембилҳо мегуфт, ки «эй паҳато бо ягонташа накуше, бо да рӯшон назанен, сиёҳу кабуд нашава». Баъд аз чанд рӯз ду сарбоз шикоят кард, ки моро азоб медиҳанд. Пагоҳаш баромада дембилҳоро гуфт, ки «ин ду буза назанен, неки аз задана батар кунен» ва боз гуфт, ки «бо устав ғам тиен орзуи задан кунан».
Ҳамон вақт фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ генерал маёор Шералӣ Мирзо ба дидбонгоҳ коммисия омад.
Эй Шералӣ Мирзо! Омадӣ дидбонгоҳ, класс даромада будӣ, нон ёфта будӣ. Ана ҳамон нон, нони ман буд, баҷоӣ хурда истода будам. Ту ин нонро дида хандида будӣ. Чаро ҷиддӣ тафтиш накардӣ, чаро продуктаҳоро аҳамият надодӣ. Гуште, ки аз тарафи давлат медиҳанд, напурсидӣ, чаро бо сарҳадбонон суҳбат накардӣ, чаро ба мошини ҳарбии ГАЗ-66 аҳамият надодӣ? Вақте ту омада будӣ, се сарбоз дар дидбонгоҳ набуд:-як истаравшанӣ ва ду исфарагӣ. Ҳар сеи онҳо донишҷу буданд. Аммо номашон дар хизмат буду худашон набуданд, яроқҳояшон дар боло-яъне дар криша пинҳон буд. Онҳо се кас гуё наряди сарҳади тарафи чап, тарафи Ниҷони аслӣ буданд. Ҳар вақт комиссия меомад ҳар сеи онҳоро наряди сарҳадӣ менавистанд
Яктоашро пурсидам ҳар моҳ 1500 сомонӣ ба Раҳмон медодааст.
Дидбонгоҳи мо як пост дар Шаҳристон дошт. Ҳар шаб 5 ё ки 7 мошини калони боркаш меояд. Аз тарафи Тоҷикистон мо сарҳадбонон ҳақи тафтиш надорем. Мо мепурсидем, ки ин чи аст? Мегуфтанд, ки корат набошад. Ё ки мегуфтанд, гушти мурғ ё ки собун. Мегуфтанд, ки мо ҳақи даст задан надорем. Аз тарафи Узбекистон солярка, селитра, мочевин, тарбуз, харбуза ва ҳаргуна чизҳои дигар медароварданд.
Як шаб, нисфи шаб шаш хари болояш пури борро қапидем. Аз даруни сой қапидем. Ду зан ва ду мард меоварданд. Ин ду зан аз Узбекистон буданд. Пурсидем, ки ин чи аст? Гуфтанд, ки дору, доруҳои бисёр қимат. Гуфтем, ки рафтем пост. Он ду зан сраза ба Раҳмон занг заданд. Раҳмон ба онҳо нарасед, гуфт. Даже моро дашном кард ва гуфт, ки ба як сарбоз доруи сардард деҳ. Аммо он ду мард гуфтанд, ки нагиред: «ино доруи соз не. Афзуданд, ки «доданба метием доруву илоҷаш бошад нагир, фоида надорад».
Ин лейтенанти калон Раҳмон аз тарафи Узбекистон як марди шинос дошт. Ин марди узбекистонӣ говҳои Раҳмонро нигоҳ мекард. Хонаи ин мард дар лаби сарҳад воқеъ буд. Ҳар вақт, ки мо сарбозҳоро медид, нону чака медод. Аз гушнагӣ мехурдему хурсанд мешудем. Бисёр вақт мо мепурсидем, ки ба мо нону чака диҳад. Ҳар саҳар Раҳмон шир мехурд. Ҳар саҳар соати 5 мо 2 кас бе яроқ барои шир хонаи ҳамин мард мерафтем. Се бор сарбозҳои узбек сурониданд, аз қафоямон мепаронданд, мо мегурехтем. Ду маротибаи дигар сагҳои он мард суронда як сарбозро газиданд. Аммо вақте бе шир мерафтем Раҳмон боз роҳӣ мекард, шир биёр мегуфт. Қариб як сарбози моро меқапиданд. Мегуфтем биё бо яроқ равем, Ҷаббор не мегуфт. Ҷаббор бо мо ба сарҳад рафта буд. Ин Раҳмон соати 3 шаб аз тарафи Узбекистон гуспанду буз оварда буд, ки онҳоро харидорони истаравшанӣ мехариданд. Чандин бор соатҳои 22 -23-и шаб аз тарафи Узбекистон бо мардҳои шубҳанок дар лаби марз вохурӣ мекард. Мо ин ҳолатро чандин бор шоҳид будем. Дар як вақту соат ин мардҳо баъди суҳбат дар дасти Раҳмон як сеткаи сиёҳи калонро медоданд. Фақат дар болои сетка нонҳои бозории калон- калон 5 ё ки 6 адад, маълум буд. Аммо сеткаро дар дасти ҳеҷки намедод, то дидбонгоҳ худаш бардошта меомад
Ҳамон вақтҳое ки Раҳмон сардори дидбонгох буд, он вақтҳо зану фарзандҳояш дар Зафаробод зиндагӣ мекарданд. Дузди тапа-тайёр буд. Лекин одами намозхон. Вақте корҳояш соз бошад ва дар дасташ пул омадан гирад, намозҳояшро мехонад. Аммо вақте камтар корҳояш суст бошад, арақ мехурад, намозҳояшро намехонад. Ин хислаташро сарбозҳо медонанд. Раҳмон аз Ховалинг аст. Аз рутбаи прапоршикӣ то лейтенанти калон расидагӣ. Донишгоҳи ҳарбиро нахондааст, аммо «таға» дошт. Раҳмон аз соли 2004 хато накунам то соли 2010 сардори дидбонгоҳи 8-и сарҳадӣ бо номи Боотағо буд. Ба гуфти одамони Душанбе перевод карданд. Ин агар хато накунам фамилияаш Мудинов аст. Шояд хато карда бошаму фамилияаш Мудинов набошад. Баъд аз дидбонгоҳи 8 маро перевод карданд ба тарафи Зафаробод, шаҳраки Меҳнатобод ба дидбонгоҳи рақами 2. Як соли мондагии хизмати аскариро дар назди капитан Тоҷиддин гузаронидам.
Ҳисор
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Гачаки Ҳисор менависам. Ман мехоҳам барои номаи № 183 илова кунам. Ин бародари дар ҳукумат кор карда, ки аз Гачаки Ҳисор бароятон дар барномаи 183 навиштааст, ҳамаи гапҳояш рост аст, вале дар бораи мактаби байни деҳа чизе нагуфтааст. Чаро?
Дар деҳаамон як мактаби нимколасохт буд, ки онро пеш аз солҳои 2000 ҷойи он ки соз кунанд ба 500доллар ба Расулов фурӯхтанд. Ин оила плитаҳои мактабро фурӯхт. То он вақте ки ҳукумат сохтанашро шуруъ кард дар соли 2010 натавонистанд кор кунанд. Барои онки ин мактаби куҳнаро фурӯхтагӣ буданд ва барои корро сар кардан бояд Расуловҳоро розӣ мекарданд. Баъдан мактаби куҳнаро бо мактаби нав иваз карданд, ки дар маркази деҳа қарор дошт. Як сотих замини ин мактабро ба Ҷонибек фурухтанд, ҷои амбори ангиштро. 4 сотихашро ба муаллима Назарова Сурайё доданд. Боқимондаашро ҳамин Расуловҳо- Комил ва Умед хона карданд. Ин ҳолатро бояд мегуфтед, ки дар 500 доллар соҳиби 40 – 50 сотик замин шуданд. Дар ҳоле, ки дар маркази деҳа як сотих замин 5000доллар меистад. Ҳоло бубинем, ки амният зур аст ё Ҷамол, Гулбаҳор, Нуралӣ, Баҳодур Ёрмаҳмад ё Расуловҳо. Ман аз номи халқи Гачак гуфтаниам, ки замини мардумро холӣ кунед.
Ногуфта намонад Расулов Ҷамолиддин, ки дар хариди бинои мактаб даст дорад, бо бародаронаш як сол пеш бо гумони одамфурӯшӣ дастгир шуд. Бародараш Иззат бо тахаллуси муломошеник дар адлия кор мекунад. Ва гап-гап аст ки бояд бародарашро дар авф барорад. Ҳоло чӣ шуд намедонам.
Қубодиён
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Қубодиён менависам. Дар бораи Абдураҳмон, вақтҳое ки дар Қубодиён буд ва дар бораи Лутфуллои гаишники Шаҳритуз менависам
Биёед аввал дар бораи Лутфулло гап занем. Ин ҳаромхур солҳои 1998 дар ноҳияи Шаҳритуз дар қисми ҳарбии Бобоҷон гуфтанӣ як командири ҳаромхури дигар, ки мардуми Шаҳритуз, Бешкент, ва Қубодиёнро ба дод оварда буд, хизмат мекард.
Баъди хизмат ба милисаи ноҳия ба кор даромад. Барои он ки дар онҷо язнааш Нуъмонов Раҳматулло началники милитсия буд, рутбааш полковник, инсони хуб буд, бо ҳама муомилаи хуб дошт. Пешаш мерафтӣ нағз қабул мекард.
Ин Лутфулло оҳиста ба ГАИ гузашт ва баъд сар кард ҳаромхуриро. Уро боз як ҳамраҳаш буд номаш Умед. Вайро ҳама Умеди сиёҳ мегуфтанд. Ягон 45 кг вазн дошт. Умеди сиёҳро шербачаҳои Қубодиён зада нимкуштааш карданд ва он қадар издеватсия карданд, ки беҳисоб. Ин Умеди сиёҳ ду нафари онҳоро ба муҳлати 5 солӣ шинонд. Вақте Лутфуллои ҳаромхур ба кор омад либоси пушиданӣ надошт. Якбора нодида диду сар кард ва ҳамин хел то ҳозир мардумро ғорат карда гаштааст.
Мегуянд, ки дар милиция 25 сол кор кунӣ ба нафақа мебароӣ. Инҳо қариб, ки 30 сол шуд дар милисаанд, аммо нафақа намераванд, ё инки сини нафақа ба инҳо дахл надорад?
Акнун меравем ба Қубодиён. Дар вақти Союз як бародари Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар банки ноҳия кор мекард.
Ин бародари Абдураҳмон, ки вай ҳам фамилияаш Бузмаков буд барои ҳама намуд сейфҳои оҳанин калид мекард, сейфи бе калидро мекушод. Худи Абдураҳмон дар мактаби рақами 1ноҳия мехонд. Мактабро хатм кард, баъд ба фирмаи акаи Фозил Насимов ба кор даромад ба ҳайси нармировшик. Дар он вақт бародари акаи Фозил дар ноҳияи Шаҳритуз прокурор буд, номаш Фаррух Насимов- хело одами босаводу ба маънӣ буд. Ҳозир дар қайди ҳайёт нест. Ин Насимовҳо ҳамаашон хондагӣ. Дар оила 5 нафаранд, ки ҳамаашон маълумоти олӣ доранд.
Генерал ҳаминҷо кор карда мегашт. Як ҷавони спокойнии бо ҳама хушмуомила буд. Акаи Фозил генералро ба мактаби МВД дохил кард. Мактабро хатм кард ва ба ноҳия ба кор омад. Агар хато накунам соли 1995 буд. Уро помошники уголовного розыска монданд ва аллакай дар соли 1996 начальник уголовного розыск шуд.
Соли 96 бачаҳои Қубодиён муқобили бачаҳои марказ митеж карданд. Дар як шаб отдели милисаи ноҳияро бо постҳояш гирифтанд. Ҳамаро заложник гирифтанд. Онҷо генерал ҳам буд. Акаи Фозил он вақт дар хонааш қариб 50 нафар армияи худашро дошт. Миёндаро шуда генералро то ноҳияи Ҷилликул бурда гурезондан ва генерал рафт халос шуда буд.
Бародарони қубодиёнӣ бачаҳои ғаюр буданд. Ҳоло ҳам ғаюранд. Дар он вақт командир бо номи Бахтиер бо Маҳмуд Худойбердиев якҷоя шуда миёни бачаҳоро шикаст, вагарна Қубодиён шермардони бо нангу номус бисёр дошт ва дорад.
Бародар Муҳаммадиқбол, ман бо шумо ҳамкорӣ доштам ва ҳоло ҳам дорам. Дар номаҳои оянда мушаххас кунам дар бораи ҳоҷӣ Равшан менависам, ҳоҷӣ Равшан бародари Шоҳзамон, командири Фронти халқӣ. Дар бораи инҳо ман навишта будам. Боз бо фактҳои нав ва ногуфта менависам.
Исфара
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Найман ду нома фиристода будам, ки худоро шукр ҳардуяш ҳам барнома шуд. Инҳо он қадар пул ҷамъ карданд, аммо боз камӣ кардааст. Ҳоло бошад аз бизнесменҳо ва аз халқ боз пул мегузарад. Дар гурӯҳи Найман партофтан, ки ҳар хоҷагӣ 300 сомонӣ ҷамъ кунад. Чи магар ин мардум заводи пул дорад чи? Ё ба мисли Раҳмонов гови пул мезойидагӣ дорад? Ин мухоҷир обедашро эконом карда ба фарзандаш дорую таблетка мехарад. Барои хонаашро гарм кардан ангишт надорад. Аммо ин чоплуси Аҳмадов Сарвар боз пул мегуяд ва боз аз призивникҳо пул меситонад. Ҳар як призивник ба маблағи аз 3 ҳазор сар мешавад. То 15 ҳазор ҷамъ доранд, ки мо аз дигар район салдат мехарем гуфта гирифта истодаанд. Нашавад дар Найман як заводи пул мекушоем ва аз ҳамон ба чопикҳои Раҳмонов медиҳем. Халқ ба ҳамин нимча муллоҳо бовар карда пул мепартояд. Яке аз ин нимчамуллоҳо қорӣ Ином. Дар видео ҳаст дар группаи Найман. Ба ҷои насиҳат гап фақат аз садақа мепурсад, муред садақа наталбида.
Эй, халқи Тоҷикистон ва асосан ба Найманиҳо! Шумо худатонро худатон аз дасти ин хел навкару чоплусҳои Раҳмонов халос накунед ҳолатон ҳамин хел мемонад, ҳар рӯз пул мегирад ва масҷидатонро то рузи қиёмат намекушояд ва то рӯзи қиёмат пул ҷамъ мекунанд.
Бубинед, ки дар группаи Найман чи навиштаанд:
«Найманиҳои азиз, бародарон салом. Ин отчёти пурраи асфалт. Ин саҳар дар намози бомдод маслиҳат карда ба ҳама фаҳмондем, ҳама тасдиқ карданд. Одамҳои пул додагиро ҷудо кардем, одамҳои пул надодагиро пагоҳ списка мекунем. Ба ҳар як сари хоҷагӣ 300 сомонӣ қарор кардем. Худо хоҳад қарзи мондагиро аз одамҳои пул надода ҷамъ мекунем. Бародарҳо ба дастгириатон раҳмат. Худованд кушоиши корҳоятонро диҳад. Дар паноҳи Худо бошед.»