Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №352

Ислоҳ нет

Метавон гуфт, ки ин нашри барномаи мо бештар сиру асрор ошкор кардааст.

Аз Душанбе як номаи ғайриодӣ омад. Фарзанди як баландмақоми Кумити амният аз бадмастии падараш ва баъзе аз сиру асрори дигари ин идора парда мебардорад 

Номаи расида аз Кулоб ҳам аз он мегӯяд, ки Исмати Дулик (Исматулло Абдуллозода, раиси собиқи фурудгоҳи Душанбе) муовини мудири ширкати Талко таъин шудааст. Исмате, ки ҳамагӣ чанд моҳи пеш бо пардохти қисмате аз зарари расонидааш, ки гуфта мешавад ба чандин миллион доллар (ҳудуди якуниммиллиард сомонӣ) аз зиндон озод шуда ва подписка о не виезде дорад, чи гуна метавонад муовини раиси бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон шавад?

Муаллифи нома аз Истаравшан ҳам як розеро ошкор кардааст. Ин роз марбут аст ба бинои нави СИЗОи Истаравшан, ки чанде пеш хабари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онро чанде аз расонаҳо дода буданд. Фарқи ин хабар он аст ки сабаб ва иллати асосии сохтмони СИЗОи нави ин шаҳр аз тарафи як домсозро ошкор мекунад.

Аз Исфара дар бораи ба Хитой супоридани шахтаи Шӯроб навиштаанд. Муаллиф мегӯяд, ки замину замони Шӯробро хитоиҳо ғасб  ва пахш карданд. 1500 хитоӣ бештар ба ин корхона оварда шудааст.

                                          Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як ҷавони 16 сола аз шаҳри Душанбе ҳастам. Падари ман як корманди баландрутбаи Амният мебошад. Бародар, ман аз рӯзе худамро мешиносам ягон маротиба падарамро ҳушёр надидаам, ҳамеша менӯшад. Вале модарам намозхон аст. Як рӯз ба деҳа рафтем- хонаи бобову бибиам. Бобоям ҳамон вақт аз ҳаҷ омада буданд. Дар он маърака як мулло насиҳату суханҳои  хуб карда, гуфт фарзанду авлодатонро бо луқмаи ҳалол таъмин кунед. Баъдтар қариб, ки ҳама рафтанд ман аз мулло кунҷкобӣ карда пурсидам, луқмаи ҳалол чист, чи хел оилаву фарзандҳоро таъмин кунем. Мулло зиёда аз як соат гуфту ман гӯш кардам.
Чандин рӯзҳо  гуфтаҳои муллоро бо зиндагонии имрӯза муқоиса карда мегаштам. Чи тавре ман бо чашмони сари худам мебинам, фикр мекунам, падарам моро бо як нола ҳам луқмаи ҳалол надодааст.

 Хонаи мо ҳамеша ҳамкорони падарам меоянд, корашон ҳамеша арақ нушӣ. Падари ман гӯё дар хориҷа кор мекарда бошад, дар як моҳ, ду моҳ мебинемаш. Дар болои ин ҳама ҳамеша маст мошин меронад. Намедонам ин кормандони амният чи хел кор мекарда бошанд?

Вақте падарам аз сарҳад хона меояд ҳамкоронаш то рафтани падарам дар хонаи мо, мегӯӣ штабашон хонаи мо бошад. Ману модарам ба худо безор шудаем. Ин генерал Ятимов куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Ҷамъ кунад ин алкашҳояшро аз ҳарҷо. Бародар натиҷаҳои луқмаи ҳаромро дида истодаам. Ҳамеша проблема дорем:- касалӣ, беморӣ. Модарам ҳамеша мегӯяд ин ҳамааш аз корҳои ҳароми падарат аст. Як рӯз падарам сахт маст буд. Бо телефони тағоям бо кадом ҳамкораш гап зада гуфт, ки мо ин қадар солҳо кор мекунем, ҳоло ҳам моро аз пойтахту шаҳрҳо дур мепартоянд, ин ҳама корҳои Ятимов аст. Дар гирду атрофи пойтахту шаҳрҳо ҷойҳои равғани бехатарриро ба ҳамшаҳриҳои худаш додагӣ. Мо гаштем сарҳад ба сарҳад, дар кӯҳу пуштаҳо, ҷонамон дар кафи даст, аз зану фарзанд ҷудо. Боз каме истод. Аз он тараф ҳамкораш чизе гуфт, ки падарам гуфт Ятимов худаш бо қудояш ҳамин корро ташкил кардаанд. Ҳама ҳамшаҳриҳо ва одамони худашонро дар дохили пойтахту ноҳияҳои тобеъ ҷой карда буданд.

 Аз кадом барномаи «Ислоҳ» шуниданд, ки Генерал президент шуниаст.  Ятимов ҳамон замон бо қудояш занг зада гуфт, ки гапу корҳоямон баромад, метавонӣ аз ватан бароӣ. Ятимов бо қудояш ин суханро мегӯяду боз фармон медиҳад, ки равед бардоредаш.

 Бародар Муҳаммадиқбол, падарам ҳамеша мегӯяд, ки оқибати ин ҳама зулм  пош хурдани авлодҳои пешво мешавад ва ҳамаи мо кунҷи зиндон меравем. Ҳукумат ба  мардум аз ҳад зиёд зулм карда истодааст. Гуфтаниҳои зиёд дорам аммо вақт надорам. Модарам намозхонӣ хестанду ман бо шумо нависонавис дорам. Боз набинад. Мегӯяд ҳоло ҳам телефонбозӣ дорӣ ва аз дастам мегирад.

 Барномаҳои шуморо падарам бо ҳамкоронаш тамошо мекунанд. Ба онҳо ҳамон барномаи Ҷорубқул маъқул ва гапҳои шумо. Пешво мегӯяд, ку  «эээ ма перепутит кадесам». Баъд шумо мегӯед, «и паданалат як ҳаётай перепутит кадесай».  Гапҳои шуморо гуфта механданд. Боз бо якдигарашон қили асп, чоплус, сабзибадаст, пинвинг, Шоҳрих, ҳамин суханҳоро бо якдигарашон бачаҳои амният гуфта механданд.

                                         Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Боз ҳам аз Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлёти Тоҷикистон мегӯям. Як шиносам ин ҳарфҳоро зад. Гап дар бораи он аст Музаффар Юсуфӣ дар ҳузури яке аз шогирдонаш гуфтааст, ки « и паати Исмати Дулика я чи хотир дидан. (Исмат Абдуллозода, раиси собиқи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе) Паата ҳам ай тырма бровардан ҳам бо вазифаш додан. Ҳаромира бурдан дар Алюминзавод муовинш мондан. Оли агар ягон каси дига мебуд, говсудуш мекардан Исмати Дулик, ки тамоми сиру асрори беваи Азизмора кати Ҳасан медона, ранги гули хонагӣ эҳтиётш мекнан. Оли бади Алюминзавод миёранша бо ягон вазифаш метан».

Дар идома Музаффар Юсуфӣ гуфтааст, ки «неки ку и Комили Рохи охан я чи рид, ки Исмати Дулик нафурушаш. Ма и ҳаромора ҳамаи сиру асророшона медонм. Ма бояд кати Исмати Дулик вохрм. Ҳисобу китобомон ай чанд чиз мондагияй. Агар паат отказ кна, ма медонм чира дар ёдш биёрм».

Вале афзудааст Музаффар Юсуфӣ, ки «Паати Исмата номш дар Алюминзавод муовин рафтестай, хдш боша гумай. Неки қандоша зана бачаи Исмат Кароматулло. Ҳамара ба по хезонд. То Рустама ридан. Кароматулло гуфт, ки агар отама наброран ҳамаи записои Азизмора кати Ҳасану зани Рустам меброрм. Паат иқаи дига Исмати Дулика намебровардан, медидем ку чи записора Кароматуллои бачаи Исмати Дулик нишон медод. Марам иқа запис ҷам кадагийм ай вақти Прокуратураи Генерали бданм дар бораи и оилаи Раҳмон, медодмша, нишон медод».

                                       Истаравшан

Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз шаҳри Истаравшан бароятон менависам. Дар чанде аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дар бораи аз тарафи як соҳибкори маҳаллӣ сохта ва ба истифода дода шудани бинои СИЗОи нав дар Истаравшан чоп шуд. Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Бинои нави СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистонро дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ карданд.

Дар ин хабарҳо гуфта мешуд, ки соҳибкор ин биноро ба хотири писари зиндониаш сохтааст. Аммо, то онҷо, ки ман медонам ин бизнесмени домсози истаравшаниро маҷбур карданд, ки дар ин шаҳр бинои нав барои боздоштгоҳи муваққатӣ-СИЗО бисозад.

Ҳукумат маҷбур кард. Бечора сохт. Дирӯз Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд омада як маърака баргузор карда онро ба истифода дод. Ман ҳайронам, ки ин давлат чи кор мекунад? Мардуми бечора тюрмахона созад, роҳ асфалт кунад болнитса созад. Пас, барои мо раиси шаҳру вилоят ва президент чи даркор бошад, ба ростӣ, ки ман ҳайрон. Ин боздоштгоҳ дар Лакати Истаравшан, дар бари автодром ҷойгир аст. Номи ин соҳибкор Аскар Эшонов, ки бо номи Аскари домсоз машҳур аст. Писари Аскар  як бачаро се сол пеш кушта буд. Ин бача набераи хола мебошад.

17 июни соли 2024  Аминҷон Аскарзода Садриддин Ҷалоловро бо қайчӣ ба ҳалокат расонида буд. Ҷангҷол аз чи сар зад?

  Садриддин Ҷалолов ҷияни Шукуров Мазбут Ваҳҳобович мебошад. Ин Шукуров Мазбут худаш муаллими таеквандо аст. Шукуров Мазбут Ваҳҳобович чанд нафар шогирди обрӯманд дорад. Худи Мазбут ҳам хело бачаи вазнин мебошад. Ман инҳоро хело хуб мешиносам. Номи падари Мазбут Ваҳҳоб Шукуров, номи модараш Исломова Мавлуда Ҷамоловна аст. Апаи Мавлуда муаллима дар мактаб-гимназия,  дар Фабричний мебошад. Набераи ҳамин шахсро 17 июни соли 2024 дар сартарошхона фарзанди Аскар Эшонов кушт. Дар асл Аскар Эшонов инсони хуб аст. Ман ӯро аз хурдиям мешиносам. Пеш запчастфурӯш буд. Ҳоло ба домсозӣ гузаштагӣ аст. Аскар трактор оварда мефурӯшад. Ба одамони зиёд фоидааш  расидагӣ аст.

Одами нағзро нағз гуфтан даркор. Хеле аз иншооти таъиноти иҷтимоӣ барои мардум сохта дод. Чанд сол пеш детдомро пурра навсозӣ кард. Баъдтар бинои прокуратураро дар даромадгоҳи домотдих, дар ҷойи таъмири телевизор сохт.

Дар он ҷо ду шахс кор мекард, Акбар ном дошт, бо лақаби Акбарча. Ин шахс дар ҳақиқат қадпаст буд ва шарикаш Бахтиёр ном дошт. Аскар Эшонов бо ҳардуи онҳо ҳам кор мекард. Онҳо бо таъмири телевизор машғул буданд, ки барои онҳо алоҳида дар дигарҷо дӯкон сохта дод.

Аскар Эшонов баъдан бинои ҳукумати шаҳрро пурра обод карда дод. Боз дар маркази шаҳри Истаравшан дом сохт бо номи Истаравшан плаза. Боз дар рӯбарӯи онҷо доми дигар сохт. Дар онҷо боғи адибон ҷойгир буд, дар бари масҷиди ҳазрати Шоҳ валӣ. Аскар Эшонов дар посёлкаи шаҳри Истаравшан барои кӯдакон як боғчаи замонавӣ сохт.

Вале ин шахс беҳад маҳзун ва ғамгин аст. Чунки айни ҳол писараш дар тюрма мебошад. Чанд вақт пеш ба дидори писараш рафта аҳволи онҷоро дида ба маҳбусон раҳмаш омад. Вай қасд кард, ки ин СИЗОро нав созад.

 Чунки ин СИЗОи Истаравшанро хато накунам 80-90 сол пеш сохтагианд. Аскар Эшонов хело одами раҳмдил мебошад. Худи ҳамон рӯз сохтумони СИЗОро оғоз  ва ба зудӣ ба анҷом расонд. Қофлонбой санаи 11 апрели соли равон омада онро ба истифода дод ва қарор аст маҳбусҳоро ҳамин шабурӯзҳо ба ин бинои нав кӯчонанд. Мегуфта бошӣ, ки ин мардум аз ин кормандони давлат қарздор бошанд. Чаро ин корҳоро бизнесменҳо кунанд? Модоме бизнесмен ин корҳоро кунанд ба мо раиси шаҳр, раиси вилоят, президент барои чи даркор? Маҳон задагӣ нестем ин мансабдорҳоро? Як бизнесмен ҳамин қадар корро анҷом дод. Аммо ин ҳаромхурҳоро як бор як кори хайрашонр надидем ва аниқ ки намебинем. Чунки ин малъуни гарданбалонигазии бачаи Майрами гӯрсӯхтаи валадиззино дар сари ин мардуми камбағал ҳарчиро бор мекунад. Ин Қофлонбой ҳам боз шарм нокарда бо ишками дамаш бо қайчии нохунгиракаш ин биноро кушод. Боз таъриф доранд, ки раиси вилоят омада ба корҳои сохтумонии СИЗО баҳои баланд дод. Ин шо Аллоҳ,   насиб бошад, ту Қофлонбой ва валадиззинои Раҳмонов дар ҳаминҷо ҷойгир мешавед. Ҷойи тоза, бинои нав.

 Аммо ин бино ба хотири фарзанди Аскар Эшонов бунёд шуд. Ин шахс ба хотири фарзандаш сохт. Ҷойи шумоҳоро бошад бародар Муҳаммад иқбола медонад дар куҷо буданашро. Кирпичний?! Чи гуфтӣ, бародар Муҳаммадиқбол ба ҳамин гапи ман? Рост мегӯям?

  Ин Аскар Эшоновро ман то ҳатто шофёрҳояшро мешиносам, ки беҳад одамони хуб мебошанд. Чунки Эшонов худаш одами хуб аст. Ин шахс ҳамаҷоро обод мекунад. Ман боварӣ дорам ин ҳоло як корҳое мекунад, ки ин пешоби миллат ва ин Қофлонбой дар ҳаёташон карда наметавонанд. Ин Қофлонбой фақат бо дуздӣ овора. Ногуфта намонад, ки Аскар Эшонов роҳи хонаи кӯдакони бе падару модарро ҳам аз ҳисоби худаш мумфарш кард. Боз ният дорд, ки хонаи пиронсолҳоро ҳам ба наздикӣ нав карда диҳад. 

Ҳозир боз як хабари нав омад. Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой, раиси вилояти Суғд Аскар Эшоновро фармон додааст, ки боз барои маризони бемориҳои рӯҳӣ- бемористон-яъне девона хона созад. Қофлонбой ба Аскар Эшонов гуфтааст, ки «барои савоб» . Эшонов майлаш гуфта розӣ шудааст.

Аммо ман гуфтаниам ба Қофлонбой, ки ин девонахонаро бояд ту созӣ, чунки ту раиси вилоят ҳастӣ. Аз пулҳои дуздидаат. Чаро аз ҷойи ту мардуми одӣ созад?

Боз шунидам, ки бо каладам-пешоби миллат ба наздикӣ ба Истаравшан омаданӣ будааст. Ва бо қайчиаш мебиёяду мекушояд ин беимон.

Лаънатӣ,чаро як бор худаш намесозад? Чаро ин қадар биноҳои боҳашаматро барои Данғара сохта метавонаду дар инҷо не. Эй, Қофлонбой  охир як бор худат соз, то мо ҳам бинем, ки ҳукумату давлат ҳама минтақаҳоро бо як чашм мебинад.

Шумоҳо фақат аз ҳисоби мардум кайф  карда мегардед. Дар инҷо мардум азоб кашида мегардад?!  Бас акнун зулм кардан.

  Аскар ту насозӣ ҳеҷчӣ. Налогатро дода гаштӣ шуд. Ту тюрма созӣ, девонахона созӣ, бинои ҳукумати шаҳрро созӣ, пас ин тайёрхӯрҳои дузд чи кор мекунанд?  Муҳаммадиқбол, бародари гиромӣ! Ин номаи маро ҳатман чоп кунед, то ин ҳукуматиҳои кару кӯр фаҳманд, ки мардум дар азоб аст. Боқӣ,саломат бошед.

                                         Исфара

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Умедворам хубу хуш бошед. Ман аз Шуроби Исфара бароятон ин номаро равон мекунам. Ин ҳукумат, мо мардуми Исфараро ба бозӣ гирифтааст. Хеле аз заминҳои моро бо қирғизҳо дод ва ба иваз, бар ивази замину ҳавлиҳои хуб, ба мо хонаҳои похсагӣ ва заминҳои корношоям гирифт.

Чанд рӯзи пеш ба баҳонаи марафони ободии Исфара тамоми халқро маҷбур карданд, пул ҷамъ карда ба сандуқи хайрияи онҳо бурда супорем. Ин ягон хел бо хоҳиши мардум набуд, ин маҷбурӣ буд. Аз  мактабу масҷиду магазинҳову чойхонаҳову таксиҳои микроавтобусҳову аз ҳамаҷо, бозору савдогарҳо, то гӯштфурӯшу мӯзадӯзу сартарошҳо пул ҷамъоварӣ карданд барои ин марафон. Аз бизнесмеҳои дохил, аз муҳоҷирҳои мо дар шаҳрҳои Русия ҳам пул ситониданд. Бовар кунед, ки инҷо ин маблағ аз даҳ миллион сомонӣ ҳам зиёд шудагӣ аст. Аммо мо намедонем, ки ин маблағро раиси Исфара ба куҷо сарф мекунад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо гӯё ба ҳамин қарибиҳо Раҳмонов Исфара меомадааст ва ин маблағро асосан барои тайёрии сафари вай ҷамъ кардаанд.

Ҳолату ҳодисаи дигар ин масъала ё маъракаи облава, сарбозҷамъкунӣ аст. Ин маърака ҳам назар ба солҳои пешина бисёр ҳам сахт гузашт. Чунки облавапулӣ хеле боло рафт. Дар хабарҳо гуфтанд, ки Исфара дар рӯзи аввал нақшаро буд кард. Бовар кунед, ки дар ҳамин маърака ҳам аз падару модарҳо беҳад пули калон гирифтанд.

Ва хабари дигарам ин аст шахтаи Шӯробро ҳам аз дасти мардуми Исфара гирифтанд. Шахта-кони ангиши машҳури Шӯробро, ки ҳанӯз дар ҳукумати подшоҳии Николай ва амирони манғит истифодаашро мардум сар карда буд ба хитоиҳо доданд. Ҳозир дар ин шахта аз Хитой 1500 коргар зиёдтар овардаанд. Барои инҳо ҳама шароитро фароҳам карда истодаанд, хона бо тамоми шароит. Ман дар инҷо аз соли 2012 аст ки кор мекунам, аммо хонаи худро надорам. Вале ба хитоиҳо хонаҳоро тақсим карда доданд.

Тибқи маълумотҳо гӯё хитоиҳо барои 20 сол контракт бастаанд. Шумо худатон як фикр кунед, ки хитоӣ аз Хитой барои чӣ меояд? Барои пайдо кардани кор. Аммо мо барои пайдо кардани кор Русияву Қазоқистон меравем. Чаро? Магар худи мо мардуми Шуроб дар шахта кор карда наметавонем? Беш аз 100 сол кор карда тавонистем, чаро ҳоло наметавонистаем?

Директори генералии шахта як нафар бо номи Насимҷон Каримов аз ноҳияи Восеъи вилояти собиқи Кулоб аст. Ин шахта дар асл пурра захватит шудагӣ аст. Онро чанд пора кардагианд ва аксарияти директорон аз ҳамон ноҳияҳои ба ҳамаи мову шумо маълум.

Солҳои пеш, вақте дар ихтиёри давлат буд, яъне давлатӣ буд инҷо хайру баракат дошт. Аммо ин бизнесменҳои омада фақат дар фикри кисса ва фоидаи худ ҳастанд. Частний кардагианд, чи хеле форад маош таъин мекунанд.

Пеш рӯзи корӣ 200 сомонӣ меафтид, ҳоло то 150 сомонӣ аст.

Коргарони хитоӣ маоши калон мегиранд, шароити хобу хурду хурокашон ҳам бамаротибаҳо аз мо беҳтар аст.

Кас ҳайрон мешавад ба корҳои ин ҳукуматдорҳо, ки мо мардум худамон муҳоҷири кории мулкҳои ғарибӣ мешавем, аммо инҷо ҳатто коргари одиро аз Хитой овардаанд.

Share This Article