К. Шарифзода, прокурори н.А. Ҷомӣ: «Раҳмонов кияй, як калхозник буд. Ура амаки ма мондагияй».

Ислоҳ нет

                Номаи маро алоҳида нашр кунед№ 57

Чанд рӯзи пеш матлабе дар бораи ҳодисаи куштори Оиша Каримова як бонуи  23 сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Ислоҳ» нашр шуда буд. Муаллифи он нома иддао дошт, ки ин зан аз тарафи шавҳараш ба қатл расид, аммо пизишки қонунӣ-судмедэксперт ва прокурори ноҳия бо гирифтани ришва ҳамдаст шуданду иллати қатлро угар-дуди движок эълон карданд. Муаллиф ваъда карда буд, ки дар бораи прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ матлабе мефиристад. Дасти азизаш дард накунад, ки ба ваъдааш вафо кард ва матлабе фиристод, ки ҷолибу хонданӣ аст. Маълумотҳое дар бораи ин прокурор ва падару амаки вай, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хеле аз ҷиноятҳои вазнин даст зада будаанд, ифшо кардааст. Ва мо бо камоли майл онро пешкаши шумо мегардонем.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Бисёр хуб шуд, ки номаи мо дар бораи ҳодисаи куштори Оиша Каримова аз дасти шавҳараш Маҷидов Давлатёрро ба таври алоҳида чоп намудед. Аз Худо умед дорем, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад ва пуштибонони Маҷидовҳо ҳам, ки бар ивази пораи калон тафтишотро ба самти дигар бурда куштори айну дайнро бардурӯғ ба дуди движок  рӯпӯш карданд ҷазои худро хоҳанд гирифт.

 Ман Камолиддин Шарифзода, прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фозилова Саодат, судмедэксперти вилояти Хатлонро дар назар дорам, ки яке 100 ва дуввумӣ 10 ҳазор доллар ришва гирифта парвандаро дигар хел сохтанд. Қатлро ба дуди движок иваз карданд.

 Бародар Муҳаммадиқбол ин Камолиддин ва Фозилова Саодат хешу табори наздик будаанд ва барои ҳамин нотарсида пулро ҳардуяшон гирифтаанд. Инҳо як мафияанд. Инҳо ҳарду амакбача будаанд. Фозилова Саодат духтари акаи падари Камолиддин Шарифзода будааст. Барои ҳамин ин Фозилова Саодатро, агарчи бо пора дастгир карданд ва ҳатто суд шуду 7уним сол гирифт зиндонаш набурда баъди ду ё се моҳ аз СИЗО озодаш карданд ва боз дар ҷойи кораш барқарораш карданд. Чуноне мегуянд: «авлоди зура бе раҳмш»

Ман дар номаи пешинаам ваъда карда будам, ки дар бораи ин оила менависам. Сари ваъдаам истодаам ва ҳоло мушт намунаи хирвор, ин навиштаро мефиристам. Маъқулатон шуд, нашраш кунед.

   Камолиддин Шарифзода, прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бисёр одами ҳавобаланд, мутакаббир ва худхоҳ аст. Прокурори вилоятро тамоман писанд намекунад.

Амакаш генерали марҳум Ҳумидин Шарипов буд, ки чандин сол вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Инҳо зоту решаашон аз Балҷувон аст. Ин авлод аксарият дар милиса ва умуман мақомот кор мекунанд. Фарзандони Ҳумидин Шарипов имрӯз дар мансабҳои баланд кор мекунанд. Нӯҳ нафаранд.

Шомуддин Шарипов бародари Ҳумидин Шарипов генерали КДАМ аст. Ҳоло муовини СС.Ятимов мебошад.Чандин сол раиси КДАМи Хатлон буд.

Як шогирдам корманди ВКД аст. Аз мардуми Ёвон. Нақл мекунад, мегӯяд, ки ин Камолиддин Шарифзода беҳад мардуми Рашт-ғармиҳо ва ҳамчунин ёвониҳоро бад мебинад. Инро кӣ прокурор мондааст мегӯяд. Аз пушти падарш ҳавобаландиву кибру ғурур мекунад.

  Вақте мефаҳмад, ки ин духтар- Каримов Оиша ғармӣ будааст, гуфтааст «гиҷое мерен брен ма задагиюм ҳамаи шумора». Ин гапҳоро ошкоро ба тарафи наздикони ин духтар гуфтааст. Ҳатто талош кардааст, ки аз хешу таборҳои ин духтар ягон нафарро суд кунад. Падару модари он духтарро сахт тарсондааст.

Камолиддин Шарифзода тамоми мардуми Абдураҳмони Ҷомиро дар ҷонашон расонидааст. Аз ҳама доля мегирад. Аз соҳибкороне, ки магазини стройматериал доранд, ҳар моҳ доля мегирад. Тамоми мардуми Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин доля медиҳад. Падараш таъсири зиёд дар амнияти вилояти Хатлон дорад.

Бародар, мо мехоҳем, ки кушоду равшан нишон диҳӣ, ки то чӣ дараҷа инҳо ана ҳамин хел аз соли 93, ки падарҳояшон кушта омаданд, ҳоло худашон идома дода истодаанд. Шумо дар як навиштаи хубатон, ки бо номи «Шомуддин Шарипов, муовини нави СС.Ятимов ва корномаҳои вай», ки дар таърихи 25.06.2023 чоп шудааст, дар бораи инҳо гуфта будед.

Инҳо дар он солҳо, тибқи ҳисобҳое, ки мардум кардаанду медонанд, тақрибан 500 бачаи ёвониро куштагианд. Началник милисаи Ёвон-Малаховро дар соли 92 ҳаминҳо куштагианд. Қиём полвонро ҳам ҳаминҳо куштагианд. Бачаи ин полвон дар радиои Озодӣ баромад намуда талаб кард, ки қотилони падарашро бояд биёбанд. Ин гурӯҳ иборат буд аз Саъдулло Бекназаров ва Раҷабалӣ Қодиров, ки ҳарду пешу пас раиси ноҳияи Ёвон шуда буданд дар он солҳо, Шералӣ Хайруллоев, ки сардори тюрмаи Ёвон ва баъд муовини вазири дохилӣ шуда буд дар он солҳо, Девонаевҳо Сафиалло ва Зайнулло, ки инҳо ҳам бародарони Шералӣ Хайруллоеванд. Асосан насаби Хайруллоевҳо Девонаев аст.

Дар Қайнари ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ совхози Илич ин Зайнулло як ҷиян дорад бо номи Камол, ки то ҳозир ҳаст. Ҳамааш аз пушти ҳамин Девонаевҳо. Чунки яроқро ҳаминҳо додагианд. Дар ҳамон зиндони Ёвон, штаби ноҳияи Ёвонро Шералӣ Хайруллоев ташкил кард ва роҳбарӣ мекард. Тавассути Восити қалуғ, ки аъзои штаб буд хелеҳоро бо указкаи ҳамин Хайруллоев ва Девонаевҳо куштагианд. Мардуми ду ноҳияи Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ-Куйбишеви собиқро дар давоми як ҳафта 5000ашро қир карданд.

Панҷум ба шашуми декабри соли 1992 Абдумаҷид Достиев, ки дар сессияи 16 дар Хуҷанд ҷонишини Раҳмонов шуда буд, аз сессияи 16 ба инҷо омад. Аз номи Раҳмонов супориш дод, ки сокинони бадахшонӣ (помириҳо гуфта буд) ва ғармиро аз 14 сола болояшро нест кунед. Ин гапҳоро нафарҳое ҳастанд, ки съемка кардагианд. Овозаи ин съемка баъдан паҳн шуд. Гуфтанд онро як нафар милиса, сардори УУР карда буд. Тошев ном дошт. Ӯро ба ҳадде расониданд, ки чандин сол гуреза шуду Русия рафт. Ҳоло ҳам ҳаст. Аммо вай пир шудааст. Вале съемкаро ӯ накардааст. Съемка дар дасти дигарҳост, ки бинобар гуфтаи огаҳон як каме хира шудааст, аммо ба хубӣ дида мешавад.

Ман чи гуфтаниам? Бубинед ин авлодро, ки дар вақташ қири мардуми ин ду ноҳияро бароварда буданд, ҳоло боз писари яке аз онҳо ин корро идома дода истодааст.

 Ин Камолиддин Шарифзода ҳоло кафки даҳон паронида гуфта истодаст, «ман фалон мекунам одами гапмезадагира, тем более мардуми ғарма».

Вай гоҳо, ки масту сархуш мешавад, мегуфтааст, ки «И, Раҳмонова мо мондагием. Ин як подабони калхозник буд. Амаки ман раиси суд буд, (Ҳумидин Шарифовро дар назар дорад) раиси ҳукумати Ёвон Раҷабалӣ Қодиров аз таҳҷоиҳои Ёвон, Шералӣ Хайрулло, сардори тюрма кор мекард, баъд Девонаев Сафиалло, Девонаев Зайнулло ҳаминҳо мондагианд»

Ин Девонаев Зайнулло, як участковийи девона дар собиқ ноҳияи Ҷомӣ, совхози Илич буд. Тамоми яроқҳоро оварда ба Камоли ҷиянаш ҳамин медод. Чуноне гуфтам основной мардуми ноҳияи Ҷомиву Ёвонро ҳаминҳо он солҳо куштагианд.

Абдумаҷид Достиев ҳамон рӯзи 6 декабри соли 1992 ҳамроҳи Хуҷа-командир (Хуҷа Каримов, яке аз қумандонҳои хуношоми саҳроии Фронти халқӣ, ки баъди солҳо дастгир гардид ва ҳоло дар зиндон аст) омада буд.Он милисае,ки гӯё навори суҳбатҳои Достиевро дорад акаашро куштанд. Гермон ном дошт, як пояш ланг буд. Ба хотири ҳамон запс. Как будто сабти навор дар дасти ӯ аст.

Ин Камолиддин ба номи амакаш гузошта шудааст. Як амакаш,ки Камолиддин ном дошт вай ҳам милиса буд.

Ин Камолиддин Шарифзодаи прокурори Ҷомӣ мардуми ноҳияро дар копеек намегирад. Фақат мардумро меҷуқад, доля ҷамъ мекунад: аз тамоми нуқтаҳои савдо, аз мағозаҳо, аз бозорҳо, аз ҷои моҳипарварӣ, аз ошхонаҳо, аз заправкаҳо, хуллас, аз ҳама ҷо. Вай, бо вуҷуди онки ин қадар ришваву пора мегирад таъминоти хонаашро аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил кардааст: картошка, пиёз, сабзӣ, равған, гӯшт, биринҷ, нахуд, каду, помидор, бодиринг, лубӣ, гречка, мош, ҳамаро бурда медиҳанд. Шакару қанду конфету печену дигарҳоро аз мағозаҳо ҷамъ карда мегирифтааст. Мардуми Ҷомӣ аз ин прокурори чашмгушна безор шудагианд.

Шогирди ман мегӯяд «ин хел прокурори бесаводро мисли Камолиддин Шарифзода надидаам. Аксари вақт дар ҷои кораш ҳам нест. Ягонҷо барои пулу пора бошад меравад, пулро мегирад ҳуй мехурад. Вай худаш мераваду пораро мегирад. Наметарсад, ки мабодо коррупсия аз қафояш нашавад. Мегӯяд : «ман люботаша задагӣ»

Бадии дигари кор дар инҷо аст ки сардори амнияти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам аз Данғара аст. Ва аз онки падари Камолиддин муовини раиси КДАМ аст «нуқ» гуфта наметавонад. Ҳамааш як гурӯҳанд.

Кайфаш тарангу боло мешудааст мегуфтааст, ки «и Раҳмонов худш кӣ буд? Раҳмоновро амаки ману падари ман одам кардагинд. Ин як калхозник буд». 

 Соли 92 началники милисаи Ёвон Малахов буд. Ӯро яке аз амакҳои ҳамин куштагӣ. Восити қалуғро мефармоянду мусаллаҳ мекунанд ва вай мекушад.

Малаховро Девонаевҳо аз бегаҳ мебаранд, фиребаш мекунанд. Ин кор ба сардории Қодиров Раҷабалӣ раиси ноҳияи Ёвон шудагӣ аст. Аммо дар ин ҷинояти куштор Ҳумидин Шарифови амаки Камолиддин, ки раиси суди ноҳия ва Шералӣ Хайруллоев, ки сардори тюрмаи Ёвон буд, шариканд. Малахов як милисаи равшанфикр буд. Барои ҳамин ӯро куштанд. Чунки инҳо дастур гирифта буданд, ки ҳар масъул ва махсусан дар сохторҳои қудратӣ аз амри штаб- штаби Фронти халқӣ сарпечӣ кард, ҳамроҳ нашуд, ӯро несту нобуд кунанд, ба гуфтаи Раҳмонов «безарар» гардонанд

Ин ҳамон Восите аст ки овозхон Кароматулло Қурбоновро ҳам дар октябри соли 1992 кушта буд. Восит супориши ҳаминҳоро иҷро мекард, боевики ҳаминҳо буд, чи хеле, ки Хуҷа супориши Достиевро иҷро мекард ва чандин нафарҳоро кушта буд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар ин лаҳзаҳо, ки ин номаро бароятон мефиристам, ҳанӯз моҷарои куштори Оиша Каримова дар додгоҳ ниҳоӣ нашудааст. Ва, ҳамин ки ин кор анҷом ва натиҷа маълум гардид, ҳатман менависам.

 

  Пасгуфтори Ислоҳ

Ин нома танҳо дар бораи як прокурор нест. Он манзараеро тасвир мекунад, ки дар он мансаб, хешутаборӣ ва пуштибонии мақомоти баландпоя метавонанд аз қонун болотар қарор гиранд. Муаллиф иддао мекунад, ки парвандаи марги Оиша Каримова бо ришва ва тақаллуб аз масири аслии худ дур карда шудааст. Ин иддаоҳо бояд аз тарафи мақомоти мустақил, бо иштироки наздикони марҳум ва коршиносони беғараз, ба таври шаффоф таҳқиқ шаванд.

Иддаоҳои дигар дар бораи ришваситонӣ, таҳқири мардум, бадбинии маҳаллӣ ва ҷиноятҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ бисёр сангинанд. Мо наметавонем ҳамаи онҳоро мустақилона тасдиқ кунем. Аммо агар ҳатто қисме аз онҳо дуруст бошад, сукут кардан худ шарикӣ бо беадолатист.

Мақомот бояд ба ҷойи тарсонидани муаллифон ба саволҳои асосӣ посух диҳанд: чаро парвандаи марги Оиша Каримова бозбинӣ намешавад, чаро шахсони номбурда мавриди санҷиши воқеӣ қарор намегиранд ва чаро мардум барои расондани шикояти худ ба «Ислоҳ» паноҳ мебаранд?

Қонун бояд барои ҳама яксон бошад ҳам барои мардуми одӣ ва ҳам барои прокурор, генерал ва хешовандони мансабдорон.

Огоҳӣ ба Камолиддин Шарифзода!

Камолиддин Шарифзода! Ба пушти падару амакҳоят такя карда, худро болотар аз қонун напиндор. Мансаб,хешутаборӣ ва пуштибонии афроди қудратманд абадӣ нест. Агар иддаоҳои муаллифи нома дар бораи таҳқири мардум, ришваситонӣ ва бадбинии маҳаллӣ дуруст бошанд, пеш аз он ки дер шавад, аз зулму худсарӣ даст бардор ва дар назди қонун ва мардум ҷавоб бигӯ.

Бо суханони таҳқиромез нисбат ба мардуми Рашт ва Помир чӣ ҳадаф дорӣ? Мехоҳӣ захмҳои ҷанги шаҳрвандиро дубора боз кунӣ ва мардумро бар асоси зодгоҳашон ба ҳам муқобил гузорӣ? Тоҷикистон дигар набояд ба рӯзҳое баргардад, ки шаҳрвандро танҳо барои «ғармӣ» ё «помирӣ» буданаш таъқибу куштор мекарданд. Ҳар касе, ки имрӯз чунин андешаҳоро таблиғ ё амалӣ мекунад, бояд бидонад, ки ин кирдор метавонад паёмадҳои вазнини ҳуқуқӣ ва таърихӣ дошта бошад.

Саволи ҷиддӣ ба Шомуддин Шарифзода низ ин аст: оё ӯ аз рафтору суханҳои нисбатдодашуда ба писараш хабар дорад? Агар хабар надорад, бояд фавран санҷиш кунад ва пеши роҳи чунин амалҳоро бигирад. Агар хабар дорад ва хомӯш аст, пас бояд шарҳ диҳад, ки чаро аз нуфузи худ барои ҳифзи қонун истифода намекунад. Мо далеле надорем, ки ӯ фармони содир кардани ҷиноят додааст ва бе далел чунин ҳукм карда наметавонем. Аммо мақом ва масъулияташ муовини КДАМи ҶТ талаб мекунад, ки ба ин иддаоҳои бисёр сангин ошкоро посух диҳад.

Ин огоҳӣ таҳдид нест-талаби риояи қонун аст. Даст аз таҳқири мардум, бадбинии маҳаллӣ ва ҳар навъ худсарӣ бардоред. Мардум дигар хомӯш намемонанд ва ҳар амали мансабдор рӯзе мавриди ҳисобу бозпурсӣ қарор хоҳад гирифт.

Share This Article