Хумс аз куҷо баргирифта ва чӣ тавр тақсим мешавад?
(Оё Паёмбари ислом пас аз худ чизе барои наберагонаш мерос гузошт ё ин як ҳисоби ғалат аст? № 3)
Эй он тудаеки мехоҳед хумсро ба ғайри ғаноими ҷанги аз мардуми мусалмони мазлум бо фиребу найранг бигиред? Бидонед ва огоҳ бошед хумсе, ки фуқаҳои шиъа барои мансубият ё мунтасибият ба паёмбари ислом (с) қарордодаанд, ба таври куллӣ аз панҷ як фисади сарватҳои рўизаминаст ва агар рўзе иншоаллоҳ ҳамаи мардуми рўизамин мусалмон шуданд дар он сурат ба ҳар як аз касоне, ки иддаои саёдат (эшон будан) менамоянд ва шумораи тамоми онҳо аз росту дурўғи имрўз дар рўизамин ба 3 миллион нафар намерасад, ба ҳаркадом рўзона беш аз чандҳазор долар хоҳад расид! Агар танҳо даромади кишвари Эронро, ки аз ҳайси даромад аз кишварҳои мутавассити исломӣ аст ва аз ҳайси вуҷуди содоти Бани Ҳошим беш аз тамоми кишварҳоаст ба ҳисоб оварда, аз маъдан ва захираҳои зери замини фоидеки аз ҳамаи он ба даст омадаро, ки фуқаҳо он ҳамро шомил ё дохили хумси Оли Расул медонанд, бидуни ғаноиматҳои ҷангӣ, ки имрўз вуҷуд надорад, бозҳам ба ҳар як аз содот ё эшону сайидзодаи Эрон рўзона беш аз 30 долар хоҳадрасид! Бо иловаи ин, ки онҳо метавонанд аз закоти содоти ҳамнажодихеш баҳравар шаванд ва аз андозаи закоти ғайри Бани Ҳошим низ истифодакунанд!!
Ба иловаи ин, ки аз закоти тамоми мардум, эҳтиёҷоти иҷтимоии онҳо аз олоту ҷанг ва аслиҳаву муҳимот ва таъмину таъмир тариқи роҳҳо ва мадорис ва бемористону масҷид мушоҳидаву таъминшудааст, аммо аз тариқи хумс ҷоиз нест. Ростӣ ин чӣ меросе будааст, ки паёмбари ислом, паёмбари раҳмат, паёмбари аҷру раҳмат барои хешовандони худ қарордодааст. Ў, ки ба наси оёти шарифи Қуръон набояд аҷр ва музд аз кассе бихоҳад ва нахост, пас аҷру музди ў чӣ будааст, ки нахостааст? Ва ин ки хостааст (агар ў хоста бошад), пас чӣ чизаст?! Кадом подшоҳиҶаббор ваЧингизи хунхор барои хешовандони худ чунин амволе ба мерос гузоштааст?! Сарфиназар аз паёмбарон ва ҳатто подшоҳон! Оё Фиръавн ва Намруду Шадод, ки иддаои худоӣ мекарданд, чунин меросе барои наберагони худ тавонистаанд таъмин кунандنعوذبالله هَذَا بُهْتَانٌ عَظِيمٌ! Инчӣ тўҳмати бузург ва бўҳтони азимеаст, ки ба паёмбари бузургвор иислом (с) задаанд, ки ўро ҷаббортарин марди рўи замин муаррифӣ кардаанд. Магар ин паёмбари ислом нест, ки дар беш аз ҳашт ояти Қуръони сароҳатан нидои зебое : (لا أسألکم عليه أجراً) бароварда аст ва бар таблиғи рисолати худ аҷру музде аз мардум нахостааст?!
Асосан ин аз хусуиёти ҳамаи анбиёи илоҳӣ ва ҳар доҳӣ ва мубалиғи ҳақ аст, ки аз мардум молу маноле нахоҳанд ва бояд ҳамчунин бошад, зеро моли дунё матлубу маҳбуби аҳли дунёаст ва ҳаркас дар ҳар куҷои дунё ҳаргунае ҷунбишу кўшиш мекунад, маъмулан барои ба даст овардани моли дунёист, пас агар паёмбарони Худо дар таблиғи рисолати худ андаке таваҷҷўҳ ба амволи мардум намоянд, фавран муттаҳам хоҳанд шуд, ки мақсудашон гирдоварии мол аст ва ҳадафашон, ҳадафи ҳамагонии арбоби тамъ аст, ки мехоҳанд бидуни заҳмат, ҷиҳати сарват кунанд. Ин аст, ки оёти шарифаи Қуръон шиори тамоми анбиёро لا أسألکم عليه أجراً (ман аз шумо подоше намехоҳам аз барои ин амалам) муаррифӣ мекунад.
Дар сураи Юнус, ояти 72 аз забони ҳазрати Нўҳ аввалин паёмбар, Улулаъзами Худои мутаол аз забони ў мефармояд: «Ва агар эъроз (сарпечӣ) кардед, ман аз шумоҳеҷ музде нахостаам, ки музди манн боХудост ва манн амр шудаам, ки аз таслим шудагон бошам!»(СураиЮнус, ояти 72)
Дар сураиҲуд, ояти 29 низ аз забони он ҳазрат мефармояд: Эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати хеш моле аз шумо наметалабам. Музди манн танҳо ба Худост. Онҳоеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори хеш дидор хоҳанд кард. Вале мебинам, ки шумо мардуме нодон ҳастед. (СураиҲуд, ояти 29)
Ва дар сураи Шуъаро, ояти 109 низ ҳамон ҳазрат мефармояд: «Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.»(СураиШуъаро, ояти 109)
Дар сураиҲуд ҳазратиДовуд аз забони ҳазратиҲуд мефармояд: «Эй қавми ман, дар баробари паёми худ аз шумо музде наметалабам. Музди манн танҳо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад наме андешед?» (Сураи Ҳуд, ояти 51)
Ва дар сураи Шуъаро ояти 127 боз ҳамон ҳазрат мефармояд: «Ман аз барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди манн танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.» (СураиШуъаро, ояти 127)
Дар ҳамин сура, ояти145 аз забониҳазратиСолеҳ мефармояд: «Ман аз барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.» (СураиШуъаро, ояти145)
Дар ҳамин сура, ояти 164 аз забони ҳазрати Лут бар қавми худ мефармояд: «Ман аз барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди манн танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.» (СураиШуъаро, ояти 164)
Дар ҳамин сура, ояти 180 аз забони ҳазратиШуъайб паёмбар мефармояд: «Ман аз барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди манн танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.» (СураиШуъаро, ояти 180)
Бубинед, ки тамоми анбиё яксадо ва бо як иборат ҳаркадом дар асрҳои гуногӯн , дар миёни мардуми мухталифи дунё фарёд мезананд, ман аз шумо (мардум) барои таблиғи рисолати худ ва заҳамоте, ки барои ҳидояти шумобар дӯш мегирам, аҷру музде намехоҳам ва аҷри ман бар ўҳдаи Парвардигори оламиёнаст. Маълум медорад, ки сират ва равишу дастур ҳамагии онҳо якаст, бидуни андак тафовуте, зеро паёмбаранд ва паёмбарон дар ҳукми шахсӣ ҳама яксонанд.
Бигӯ: «Ман аз миёни дигар паёмбарон бидъате тоза нестам (яъне, пеш аз ман низ дигар паёмбарони Худо гузаштаанд ва шумо медонед, пас чаро аз паёмбарии ман ҳайроншуда инкор мекунед) ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо (дар дунё) чӣ хоҳад расид (чунки ғайбдон нестам). Ман аз чизеҷуз он чӣ ба манн ваҳй мешавад, пайравӣ намекунам ва ман ҷуз бимдиҳандае ошкор нестам». (СураиАҳқоф, ояти 9)
Бигӯед: «Мо ба Худо ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо нозил омада ва низ он чӣ ба Мӯсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ бар паёмбарони дигар аз ҷонибиПарвардигорашон омадааст, имон овардаем. Миёниҳеҷ як аз паёмбаронфарқе намениҳем ваҳама дар баробари Худо таслим ҳастем». (СураиБақара, ояти 136)
На танҳо шиори паёмбарон дар таблиғирисолат(لا اسألکم عليه اجراً)(ман аз шумо подошу музде намехоҳам)аст, балки ҳар доҳии илоҳӣ ва мубалиғи ҳақ ва баёндорандаи оёт ва ҳодии ба роҳи савоб чунинаст. То ҷойе, ки Парвардигори ҷаҳон беҳтарин нишонаҳои доҳиёни ҳақ ва доҳиёни сидқро ба нахостани аҷр ва музд муаррфӣ кардааст, тавре ки дар сураи Ёсин, ояти 21 аз забони муъмини Оли Ёсин мефармояд: «Ба касоне, ки аз шумоҳеҷ музде наметалабанд ва худ мардуме ҳидоят ёфтаанд, пайравӣ кунед!» (Сураи Ёсин, ояти 21)
Аввалин нишонаҳои ҳар як паёмбар нахостани аҷру муз даст: Марде аз шаҳри дурдаст давон – давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед! Ба касоне, ки аз шумо ҳеҷ музде наметалабанд ва худ мардуме ҳидоят ёфтаанд, пайравӣкунед! (Сураи Ёсин, оёти 20-21)
Пас имтиёзи молии паёмбар ва хонаводаву хешони ў ҷуз ба манзури рисолати онҳо нест ва чунин имтиёзе барои ҳеҷ паёмбаре набуда, паёмбари ислом Муҳаммад (с) низ паёмбараст. «Ин (паёмбар) бим диҳандаест монанди бимдиҳандагони пешин.»(СураиНаҷм, ояти 56)
Пас агар ҳеҷ сароҳат ва ишорат ва кинояте дар Қуръон ба адами имтиёзи паёмбари охируззамон вахонаводаи ў набуда, ҳамон ҳукми соири паёмбарон дар адами имтиёзи молӣ ва аҷри рисолат дар ҳаққи ў ҷоиз набуда, дар сурате, ки ҳашт ояти Қуръон махсус ҳамин маъниро дорад.
Идома дорад бо мо бошед то мабодо ба ҷойи закот хумс бидиҳед!
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Сомонаи Васатият:http://wasatiyat.tj/2011-07-1…/2771-2013-12-01-09-07-43.html
Бахши Фесбукии мо:https://www.facebook.com/groups/160750644136038/permalink/163750900502679/