(қисмати аввал,то аждаҳои чор)
Деви ҳафтсар, аждаҳои ҳафткалла, ифрити ҳафтсара ва дигар ҳафткаллаю ҳафтсараҳо аз олами вуҳуш, ки дар асотиру афсонаҳои мардумӣ рамзи бадиву золимӣ ва пурхӯриву баднафсӣ шинохта мешаванд,ҳоло дар Тоҷикистони мо дубора рӯ зада вориди зиндагиамон шудаанд. Аммо ин бор на аз олами вуҳуш,балки дар оилаи Пешво пайдову намудор шуда ва барои озуқа ва тағзияи сару каллаи ҳар кадоме аз ин аждаҳоҳо соҳаҳои алоҳидаи кишвар тақсим карда шудааст. Ин ҳафт аждаҳо ҳафт духтари Пешво ҳастанд,ки бархе дар вазорату ниҳодҳои давлатӣ ва бархе ҳам дар тиҷоратҳои бузург масъулиятҳои калидиро ба ӯҳда доранд.
Агарчанде Раҳмон зимни сафарҳои имсолааш ба манотиқи кишвар борҳо мухолифинро ба баднафсӣ муттаҳам кард (нагуфт,ки мухолифин чи тавр баднафс бошанд ва низ нагуфт,ки худаш то чи ҳад некнафс аст) аммо аз нафси аждаҳоии духтаронаш хомӯш аст
Барои мисол аснои сӯҳбат бо мардуми ноҳияи Деваштич(Ғончӣ) бори дигар аз ҷанги бародаркушӣ ёдоварӣ карда мардумро даъват намуд,ки ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасанд.Гуфт “онҳо ба хотири нафси худ хиёнат карданд, имонашонро фурӯхтанд…. барои нафси бади худ”. Аммо ҳеҷ фикр намекунад,ки барои худ ва духтарони худ ва аҳли хонаводаи худ дар як кишваре,ки фақру қашшоқӣ бедод мекунад ва беш аз ду миллион марду зани он дар муҳоҷират ва муздурӣ дар Русия қарор доранд, оё як муҳити биҳиштӣ фароҳам кардааст?
Ба як ҳисоб Раҳмонов на танҳо барои худаш кишварро ба як ширкати тиҷоратии хусусӣ бадал кардааст, ҳамчунин барои духтаронаш ҳам,ки ҳафтоанд Тоҷикистон ва арсаҳои мухталифи онро бахш-бахш тақсим кардааст. Ҳоло ин ҳафт духтар ба ҳафт аждаҳое монанд шудаанд,ки фақат дар фикри ҳарчи зиёдтар андӯхтани сарват ва ғорати молу маҳсулотеанд,ки ба мардуми кишвар тааллуқ дорад. Раҳмонов тамоми шароитро барои боз ҳам бештар сарватманд-мултимиллионер шудани духтаронаш фароҳам карда ва дар ин роҳ ҳатто ниҳодҳои давлатиро дар хидмати онҳо гуморидааст. Бизнес ва тиҷоратҳои ҳафт аждаҳои парвардаи Раҳмонов тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро дар ихтиёр ва итоати худ гирифтааст.
Маълумоте,ки дар робита ба фаъолиятҳои тиҷоратии ин аждаҳоҳо пешкаши шумо мешавад, яқинан аз сад як аст.Зеро дар сарчашма ва манобеи боз ва дастрас сатре дар хусуси тиҷоратҳо ва корхонаҳои марбути онҳо ба чашм намехурад. Маводҳои мухтасар ва пароканда мавҷуд аст,ки бархе аз онҳоро инҷо овардаем.Дар ҳар сурат ҳамин маълумоти номукаммал кофӣ аст,ки бидонем Раҳмон ва духтарҳои аждаҳонафси ӯ чи тавр Тоҷикистонро тика-тика карда, балъидан доранд.
Шурӯъ мекунем аз духтари калонии Раҳмонов.
Аждаҳои аввал- Фирӯза Раҳмон-хонуми Маҳмадзоир Соҳибов, раиси собиқи Биржаи молу ашё ва раиси пешини Оҷонси хариди амвол ва захоири давлатӣ.
Дар оғоз инро бояд биафзоям,ки ягона духтари пешво аст,ки дар ахлоқ ва садоқат ба шавҳараш побарҷост.Ӯро зани мутамассик ва пойбанд дар дин ва анҷоми фарози исломӣ мешуморанд. Фирӯза тиҷорати худро бо тасарруфи фабрикаи паррандапарварии “Чиптура”-и Шаҳринав оғоз карда аст. Сипас коргоҳи шароббарорӣ ва шампани ин ноҳияро соҳибӣ карда ба тадриҷ силсилаи мағозаҳои худро дар ин ноҳия ва ҳамин тавр шаҳри Душанбе фаъол мекунад. Ҳоло қисмати бузурги тиҷорати Фирӯза ва шавҳари ӯро бозорҳо дар Ҳисор, Қурғонтеппа, бархе дигар аз навоҳии вилояти Хатлон,ҳамчунин тарабхонаҳо,амборҳои ҳифзи молу коло ва як ширкати бузурги мошинҳои боркашонӣ ташкил мекунад. Чанде пештар Фирӯза осоишгоҳи “Зумрад” дар Исфараро харида шахсӣ кардааст ва ҳоло раиси Исфара онро тарми карда истодааст. Бале ҳамон Сиҷоуддин Саломзода. Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар Ҳисор ва Баҳористонро ҳам аз они худ кардаанд. Ин осоишгоҳҳоро Фирӯза ва Маҳмадзоир ҳоло ба садҳо ҳазор доллар таъмиру навсозӣ карда истодаанд. Фирӯза ва Маҳмадзоир аксарияти воридоти молу коло аз Хитойро зери даст доранд. Як ширкати бузурги таҳвили амволи содиротиро дар Чин гардон кардаанд,ки молу маҳсулоти боқии тоҷирони тоҷик ва чиноиро ба Тоҷикистон бо нархи арзон мунтақил мекунанд.Зеро ширкати мутааллиқ ба Фирӯза ва Маҳмадзоир аз боҷ ва дигар аворизи гумрукӣ дар Тоҷикистон дар бештари авқот маоф аст ва ё дар ҳаҷму андозаи дарсадии хеле пойин пардохт мекунад. Бо ин васила ҳам аз бизнесменҳо пул кор мекунад ва ҳам аз ҳисоби коҳиш ва ё бамаротиб кам нишон додани бор дар гумруки Тоҷикистон.
Ёдатон бошад чанд соле пештар миёни арқоми эълонкардаи чиноиҳо ва тоҷикҳо чи тафовути бузурге ошкор шуда буд. Ҳудуди 1 миллиард доллар. Ин ба он маъност,ки Маҳмадзоир ва Фирӯза бо истифода аз пуштибонии Раҳмонов аз падохти гумрук сар боз мезананд. Ҳоло Исмоил Соҳибов,писари Фирӯза ва Маҳмадзоир ҳам ба тиҷорати волидон шарик шудааст чун ба мавзуи мо бештар вобастагӣ надорад дар мавриди тиҷоратҳои Исмоил Соҳибов ва дороиҳои ӯ ва муомилаҳояш дар матлаби махсусе хоҳем навишт. Муҳаммадзоир инчунин як портеро дар Карочии Покистон дар ихтиёр дорад. Ин портро Покистон ба ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти молу коло вогузор карда буд.Аммо чуноне мебинем он на ба манфиати мардуми Тоҷикистон,балки дар ихтиёри Фирӯза ва шӯи он қарор дорад.Тиҷоратҳои калоне тавассути ин порт ба роҳ андохтааст,ки аз тариқи қаламрави Афғонистон (Шерхонбандар) вориди Тоҷикистон мекунад.Сокинони навоҳии ҷануби кишвар шоҳиди зиндаи ин тиҷоратҳоянд.Ба иттилои расида авҷи тиҷорати Фирӯза ва Маҳмадзоир аз ин самт ба солҳои 2005 то 2016 рост меояд. Ба як ҳисоб моҳият ва маънои тиҷорати Фирӯза ин аст ки ӯ ва шавҳараш аз онҳое ҳастанд,ки иқтисоди соягии Тоҷикистон дар ҳаҷми садҳо, шояд ҳазорҳо миллион долларро ташаккул ва равнақ медиҳанд.Инчунин дар мавриди Маҳмадзоир ва бо пораҳои калон мақомдорони калидиро шинонидаасту маболиғи ҳангуфте ба даст овардаасту онҳоро крышагӣ мекунад.Ин афроди калидӣ кӣ мебошанд дар матлаби вижае онҳоро бо маболиғеки пардохт намудаанд хоҳем гуфт.
Аждаҳои дуввум
Озода Раҳмон,роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон-завҷаи Ҷамолиддин Нуралиев,муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон. Озода –рутбаи дипломатӣ, сафири фавқуллода ва мухтор ва мушовири давлатии адлия дараҷаи 1-ро дорад.Дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ба фаъолият пардохта сипас дар вазорати умури хориҷӣ аз сардори Идораи консулӣ, муовин,муовини аввал ва ҳоло роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон сабзида аст.Ӯ узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ҳам мебошад. Амалан нафари дуввум дар кишвар аст. Вақте сардори Идораи консулӣ буд, қиссаи фурӯш ва ё бизнеси шиносномаҳои хориҷии тоҷикҳо ба хусус ба атбои паноҳандаи Афғонистон дар сари забонҳо афтода буд.Ҳатто пеши мо беш аз даҳ нафар Афғонҳое ба онҳо шиносномаи Тоҷикӣ содир намудааст ва пас аз чанде аз баъзеашон онро гирифта ва дороиҳояшонро мусодира намуда худашонро депорт кардааст.Ду нафари онҳо дар Укроин ҳастанд ва аксҳои шиносномаҳояшон ва дороиҳое мусодира намудааст назди мо маҳфузанд. Дар ҳоли ҳозир яке аз манобеи даромади ӯ сиёсати кадрии Раҳмон аст. Тақсими вазифаҳои давлатӣ,яъне ҷосозии кадрҳо аз мақомоти марказӣ гирифта то сатҳи навоҳӣ, сатҳи навоҳӣ тавассути ӯ ба амал бароварда мешавад. Аз ҳаминҷо буд,ки Шаҳбоз Раҷабов, собиқ раиси терминали №1-и Душанбе ва аз маҳрамони хоси Озода давоми ду сол аз як летинанти қаторӣ то подполковникӣ расид. Озода ва шавҳараш Ҷамолиддин бонки “Спитамен” –ро дар бозори молиявии кишвар ба гардиш дароварданд. Дар оғози соли ҷорӣ сармояи ин бонк 90 миллион сомониро ташкил медод. Аммо тиҷорати бузурги Озода асосан аз ширкати пулчинак –IRS дар роҳи Душанбе- Чаноқ, ки солона аз 80 то 100 миллион доллар дармомад дорад, ташкил шудааст. Бонки “Спитамен” ҳам аз пулҳои муфти аз ҳамин ҳисоб ба даст омада ташкил шудааст. Гуфта мешавад ин бонк асосан бо ҳадафи шустушӯи пулҳои аз роҳи ғайримашруъ ба даст омада ва барои интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои манотиқи оффшорӣ аз ҷумла дар Вирҷиниёи Бритониёи Кабир таъсис ёфтааст.
Ва,аммо Озода дигар на танҳо вазирону раисон,балки масоили сиёсиро ҳам таҳти контрол гирифтааст. Гуфта мешавад “список”-и вакилони парлумони оянда ҳам бо ризоияти ӯ таҳия ва тасдиқ мешавад. Наздики се моҳ пештар буд,ки дастури манъи воридоти либоси барои миллат бегонаро ҳам имзо кард,ки дар расонаҳо сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.Зимнан ҳеҷ яке аз духтарони Раҳмонов дар сар ҳавои Данғараро надоранд ва ҳаваси зодгоҳашонро ҳам намехуранд ва аз ин ҷост,ки ҳамаашон “европейка” мегарданд. Аз корҳои маҳрамонаи дигари Озода, ки пинҳон мондааст, бо шавҳараш муомилаи хуб надоштани ӯст. Аз ин рӯ бо Шаҳбоз ва албатта касони дигар иртиботи хуб дорад. Касони наздик ба ӯ мегӯянд, ки Озода борҳо гуфта, ки: “агар Таҳмина ҳамроҳи ронандааш гаштаву аз шавҳари аввали худ ҷудо намешуд, Озода ҳатман ин корро мекард. Зеро шавҳараш ҳамеша ӯро таҳқир кардаву аз оилаи гуруснаву гадо буданашонро таъна мезанад”. Ҳамчунин, Озода соли 2008 хазинаи “Лона” ташкил дода буд ва нафарони боваринокашро ба “даркӯбӣ”-и хориҷиён мефиристод то тавассути ин хазина сарват зиёд кунад. Агарчи, дар оинномаи хазинаи “Лона” ҳадафи таъсиси он барои “кӯмак ба кӯдакони гирифтории саратони хун” нишон дода шудааст,спонсорҳои хориҷии Озода хуб медонистанд, ки пулҳо куҷо мераванд ва ба хотири кушодани имкониятҳои васеъ барои тиҷораташон, ба хазинаи навбунёд пул медоданд. Озода, ки аз ҳеҷ пуле парҳез намекунад, бо маблағҳои кӯчак худро мефурӯхт ва дарҳои ҳамаи идораҳои Тоҷикистонро ба рӯи хайрхоҳонаш мекушод. Масалан, шайхи саъудие дар аввали соли 2009 ба хазинаи “Лона” 10 000 доллари амрикоӣ бахшид ва аз ҳамон лаҳза он шайх дарҳои сарвазиру вазирони Тоҷикистонро бо пояш зада мекушод. Аз ҳамин 10 000 доллар тиҷорати Саъудӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд, ки ҳатто ба сиёсат печид ва ҳоло ҳукумати Озодаву падараш думболи подшоҳи Арабистони Саъудӣ хело давиданд вале мислеки шоҳзода ё валиюлаҳди Саъудӣ таҳвилашон нагирифту ба инҳо таваҷҷуҳи хоссе зоҳир накардааст.
Аждаҳои сеюм (чилшӯя)
Таҳмина Раҳмон,раиси ширкати хайриявии “Лочин”. Завҷаи Зарифбеки Давлат. Тоҷири муваффақ. Таҳмина як “бизнесмен”-и бисёр ҳам чусту чолок аст. Ӯро дар расонаҳо бо чандин ном ҳам мегӯянду “чилшӯя” ҳам лақаб мондаанд. Дар ҳар ҳол аз шавҳари аввалаш,ки писари вазири саноати хӯроквории Тоҷикистон буд, ҷудо шуд. Зубайд Гулов,писари Ёрмаҳмад Гулов чанд бор хонумашро бо як тоҷири сарватманди қурғанӣ (Илҳоми ботрободӣ-дар гузашта қумандон ва ахиран пахтабизнеси каттазан-узбак) ба даст меғалтонад. Раҳмонов худаш хоҳиш ва зора мекунад,ки ба хотири ду фарзандатон ҷудо нашавед аммо Зубайд мегӯяд,ки номи даюсиро намехоҳам дошта бошам. Зубайдро,ки дар аэропорти Душанбе масъулият ва тиҷорати маводди сӯхтро дошт дафъатан аз кор меронанд ва падарашро аз раёсати “Пишепром” берун мекунанд. Таҳмина як ширкати хусусии комилан нозаруреро бо номи “Ожонси миллии ҳавоӣ” ташкил дода, тиҷорати билети ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро дар дасти худ гирифтааст. Инҷо ҳеҷ коре нест,танҳо Таҳмина болои ҳар билет понздаҳ дарсад ҳақи худро гузошта мефурӯшад. Ширкати хусусии хайриявии “Лочин” як дарди саре барои бизнесменҳои Душанбе шудааст. Ӯ солона аз се то чаҳор миллион доллар аз тоҷирону соҳибкорон зӯран маблағ меситонад, ба баҳонаи онки ба муҳтоҷон кумак хоҳад кард. Аммо то ҳол ба кӣ ва чӣ миқдор кумак кардааст, маълум нест. Ҳар моҳ раиси бозори Корвон Нуршед Машрабов ба Таҳмина 200 ҳазор доллар пора медиҳад.Инчунин “Бонки рушди Тоҷикистон”,ки мутааллиқ ба Таҳмина буд, дар бозори бонкӣ ноком омад ва онро Таҳмина иҷборан ба Тоҷиддин Пиров,раиси “Тоҷиксодиротбонк” фурӯхт. Сабаби асосии бо мушкил мубтало шудани “Тоҷиксодиротбонк” ҳамин муомилаи чандмиллион долларӣ аст,ки дар ин бора баъдан хоҳем гуфт.
Номи Таҳмина бори аввал ба унвони тоҷир дар соли 2008 дар нашрияи “Дайджест” ба ҳайси раиси маркази тиҷоратии “Ситора” садо дод.Он замон буд,ки дар ин марказ бар хилофи дастури ҳатто падараш дар яке аз толорҳои ин маркази тиҷоратӣ,ки дар маркази пойтахт фаъолият мекунад, қиморбозӣ-казиноро ба роҳ андохта буд. Ин маркази тиҷоратиро дар маркази пойтахт бо даҳҳо миллион доллар Раҳмонов барои Таҳмина сохта буд.Таҳмина онро ба Маъруф Орифов, раиси силсиламағозаҳои “Орима” иҷора дода ҳар моҳе иҷорапулӣ мегирифт. Кор тавре хатм шуд,ки Таҳмина Орифовро ҳам муфлис кард ва ҳатто барои чанд сол равонаи зиндон намуд. Таҳмина дертар бо Низомхон Ҷӯраев ҳам дӯстӣ барқарор карда ва дар ниҳоят тамоми сарвату боигарии ӯро ҳам тасарруф кард ва худи ӯро оҳиста аз кишвар ба хориҷа гурезонд. Таҳмина бозорҳои “Фаровон” ва маркази тиҷоратии “Садбарг”-дар Душанберо ҳам аз соҳибонаш бидуни пардохти як сент кашида гирифтааст. Ширкати хусусии ”Амирӣ”, ки қанду конфет тавлид мекунад ва ба Таҳмина ва шавҳари ӯ Зарифбеки Давлат тааллуқ дорад.Тибқи маълумоти ба мо расида ин ширкатро Таҳмина бо зури аз соҳиби аслияш,ки як ургутии бечора будааст кашида мегирад ва ҳоло дар ихтиёри ӯ ва шавҳараш қарор дорад.Бо як қарори Эмомалӣ Раҳмон 10 сол аз пардохти анвои молиёт ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.
Таҳмина молу колоҳои аз Туркия ворид шаванда ба Тоҷикистонро тавассути фирмаҳои хусусиаш роҳбарӣ мекунад.Тиҷоратҳои гушт,мурғ, шакар,сигарет ҳама навъҳояш бо шавҳараш ин маводҳоро монополия карда аст дар кишвар,касе ҳаққи ворид кардани ин маҳсулотро надорад.Ширкатеки Таҳмина онҷо бештар қарор дорад номи ин ширкатро “Муниса” мегуянд ва мақарраш дар назди ЦУМ будааст. Марказҳои савдо дар назди дом печат ва маркази савдои Ситора ба ӯ таалуқ дорад.Нисфи бозори Корвонро феълан аз Таҳмина мегуянд ва қисми дигараш аз Рустам ва қисмати камаш аз Нуршеди Холмашраб будааст,инчунин барои он қисмати камҳам ҳар моҳ 200 ҳазор доллар доля медиҳад.Инчунин мошинҳои боркаши куҳнашудаи ширкатҳояшро маҷбуран ба тоҷирони ватание,ки аз Чин молу коло ҳамл менамоянд, бо нархи гарон мефурӯшад.Як намунааш вазъу ҳоли Ҳоҷӣ Далер ва бародараш Шамс аз Муминободанд,ки бо зури 17 мошинро ба онҳо фурӯхтааст.
Ин нуктаро ҳам инҷо зикр мекунем, ки падари Зарифбек ҳам замоне зани пулдореро маъшуқа гирифтаву сипас баъди ба даст овардани пулу дороиҳои он зан, занро бо кадом роҳе нобуд кард ва модари Зарифбекро гирифт. Зарифбек ҳам зани никоҳии худро сар дода, “мерос”-и падар ба даст овард, яъне бевазанеро барои мансабу пулу ҷоҳ ва бар замми ахлоқи бад доштанаш ба занӣ гирифт.Дар мавриди алоқаҳои бади Таҳмина маълумотҳои зиёде дар даст дорем ва дар фурсатҳои муносиб онҳоро тақдиматон менамоем. Бисёриҳо мегуянд, ки Зайд Саид, яке аз мардҳои бо нангу ба номус ва соҳибкори муваффақ, Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон, Президенти тенисбозони Тоҷикистонро ба хотири ҳизбаш зиндонӣ кардаанд. Вале, бохабарон медонанд, ки Зайд Саидро маҳз Таҳминаи аждаҳохӯй ба хотири ғасби молу мулкаш ва пеш аз ҳама барои гирифтани “Душанбе -Плаза” бо тӯҳмат зиндонӣ кардааст. Ростӣ дар як навишта намешавад аз тиҷоратҳои Таҳмина ва ғасбкориву тассаруфи бизнеси дигарон аз тарафи ӯ ҳама чизро гуфт.
Дар ин қисмат инро меафзоям,ки диққат диҳед ҳамаашон муассисаи хайривӣ доранд ва ҳадаф мисли падарашон ғорат кардан бо номи хайрия аст. Ҳеҷ роҳе нест,ки ин аждаҳоҳо аз он барои ҷамъовардани пул истифода накарда бошанд.
Поёни қисмати аввали “Ҳафтаждаҳо” дар қисмати дуввум меравем суроғи чор аждаҳои дигари боқимонда.Дар наздиктарин фурсат бахши дуввумашро тақдими шумо хонандагони гиромӣ менамоем. Бо пойгоҳи Ислоҳ бошед,то аз аждаҳоҳои дигар иттилоъ пайдо намоед.