(бахши аввал)
Асадулло Раҳмон, ёрдамчии Раиси ҷумҳур оид ба масоили кадрҳо, дар гузашта раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон яке аз папарозаҳои Эмомалӣ Раҳмон аст ки ӯро дар Дастгоҳ Сумбулоғо ном мебурдаанд. Сумбулоғо, исми як марди ахта ва хоҷасарои ҳарами Султон Сулаймони турк аст ки хонанда ва бинандаи “Ислоҳ.нет” аз сериоли туркӣ ӯро хуб мешиносад. Ва, медонанд, ки ӯ чи шуғле дорад. Мегӯянд, ки айни шуғли Сумбулоғоро Асадулло Қимматович дар дарбори Эмомалӣ Шарифович адо мекардааст.
Ҳикоят мекунанд, ки замоне Асадулло Раҳмон дар телевизион сармуҳаррир буд, бо яке аз натоқҳо хеле наздик мешавад. Ин натоқ як бонуи хеле зебо ҳам буд. Баъдҳо ӯро Асадулло Қимматович дар барнмаҳои дигараш низ ба ҳайси гӯянда ва ровӣ ҷалб мекунад. Ҳамин тавр якҷо ғизои чошту шомро ҳам мехуранд. Хулоса, ба ҳадде зич мешаванд, ки аз байнашон, гуфти гапҳо қил намегузарад. М.Ҷ натоқи варзида ва акнун хабарнигору ровии Асадулло Қимматович тамоми сиру асрори худро ҳам бо ӯ дар миён мегузорад. Асадулло Қимматович ин ҳамаро дар навор забту сабт карда рост мебарад ба Ашраф Гулов, шавҳари духтари Эмомалӣ Раҳмон мерасонад. Ашраф, писари Шералӣ Гулов, он замон вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ва аз қудоҳои соҳибэҳтироми Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳолати шок меафтад. Чун ин хонуми М. ҳама гапҳоро ҳатто бӯиданҳову ламсиданҳову ҳатто лесиданҳоро ҳам ҳикоят карда ва аз Ашрафчик ба ҳадде сифат кардааст, тӯ гӯӣ дар даҳони ӯ забон неву як асбоб, шояд дастгоҳ ва таҷҳизотест ки баробари насбу часп ҳолати гуворое ҷисму ҷони ӯро фаро мегирифтааст.
Ҳамин тавр М. бехабар аз онки Асадулло Қиматович ӯро кайҳо ба Ашрафчик фурухтааст аз нархи шубаву палтону гӯшвори дасмонаҳои бриллиантии тӯҳфакардаи Ашраф ҳам ба Асадулло маълумот дода ва аз ҳисоби пулҳои Ашраф Асадуллоро ҳам таъмин мекунад. Дигар М.Ҷ тавассути сармуҳаррири телевизион ҳарчи бештар дар пардаи оинаи нилгун намудор мешуд ва тамоми талошаш ин буд ки Ашрафчик ӯро зиёдтар бубинад. Аммо Асадулло ба Ашраф намекат мекунад, ки ҷойи ӯ барояш камӣ мекунад ва ӯ бояд раиси Кумитаи телевизион бишавад. Ашраф ва Шералӣ Гул барои онки ин ҳама шармандагиашон ба гӯши Раҳмонов ва зани Ашраф Парвина Раҳмонова нарасад тавассути Амиршо Миралиев, ки он замон мушовири давлатӣ оид ба кадр буд Асадуллоро ба унвони ҷавони ояндадор ва муҳимтар аз ҳама данғарагӣ ба Эмомалӣ Раҳмонов шинос мекунанд. Вале оҳиста оҳиста коре мекунанд, ки ин натоқ номзад ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон вале дере нагузашта бо моддаи қаллобӣ аз озодӣ маҳрум мешавад. Аммо дигар Асадулло раиси Кумита шуд. Албатта чуноне фаҳмидед бо роҳи шантаж ва фишор болои Ашрафи домоди Эмомалӣ Раҳмонов. Вале чуноне мебинем, бори каҷ ба манзил намерасад ва ҳеҷ сире ҳам нест, ки як рӯзе ошкор нашавад. Сири ба дарбор ва дастгоҳи Эмомалӣ Раҳмонов роҳ ёфтани Асадулло Қиматович ҳам ҳамин аст. Вақте ӯ раиси Кумитаи телевизион таъин мешавад дар ин вазифа ӯ борҳо озмуни натоқон гӯяндаҳо ва ё инки озмуни ҷалби духтарҳо ба дастаҳои рақсӣ ташкил карда ва аз миёни онҳо чандин нафарашонро ба Эмомалӣ Раҳмонов “тӯғрӣ” мекунад. Мегӯянд, ки ҳоло ҳам як вазифаи асосии ӯ ҳамин аст ва аз ин ҷо аст ки ӯро Сумбулоғо ном ниҳодаанд.
Имрӯзҳо Асадулло Қимматович мушовир –ёвари Эмомалӣ Раҳмон дар умури кадрҳо дигар ба як фигура табдил шудааст, ки хешу таборонаш аз пушти ӯ ва ё бо такя ба ӯ даст ба корҳое мезананд,ки барои дигарҳо на танҳо мамнӯъ,балки ҷиноят ба ҳисоб меравад.
Асадулло Раҳмон духтари калониашро ба писари як марде бо номи Зубаийд дод. Зубаийд писарамаки Кури Авази Султони Кабир аст. Аз Восеъ вале марди хеле хоксор ва бофаросат аст. Писраш ҳам бачаи боодобу бофаросат будааст. Лекин Зубаийд як одат хуб дар тобистон дорад, нуқтаҳои газводаашро гирдгардон мекунад. Одати бадаш дар зимистон нуқтаҳои арақ фурӯшиашро гардон мекардааст. Ҳамсараш бошад сарварии яке аз боғчаҳои кудаконаи шаҳри Душанберо ба уҳда дорад. Тавасути қудои вазифа тақсимкунаш гап гап буд ки боғчаи Хуршеди Тоҷикистонро бояд ба ӯ диҳанд. Дар бораи оилаи қудои Асадулло Рахмон маълумотҳои дигаре низ дар даст дорем ва таҳқиқот идома дорад. Зубайд чанд мартаба депутати ноҳиявӣ низ будааст…
Ҳуснигул Даминоваи Фархорӣ бо досияи сиёҳи М.Ҷ алайҳаш баромад ӯро ба девонахона фиристод. Достони пурмоҷарои Ҳ.Даминова хело тулонӣ аст ва онро мегузорем ба матлаби ҷудогонае. Ин аст ҳиссаи каме аз қисса ва рӯзгори пасипардагии Асадулло Раҳмони раиси кадрҳои Раҳмонов, ки имрӯз балое бар ҷони ин миллат шудааст. Кадрҳое ӯ интихоб мекунад ва аз онҳо пул мегирад, ки аслан ба он мақомҳое таъин мегарданд муносиб нестанд. Инҷост, ки аз бе дироятии ин кадрҳо, ки кишвар ба гирдоби бало ғутавар аст.
Ҷиянҳои сархури Асадулло Раҳмон
Вай дар шаҳри Норак ҷиянҳое дорад, ки онҳоро касе барои ҳеҷ аъмоли ҳатто ғайриқонунӣ ва ноҳақ боздошт карда наметавонанд. Не милиса, не прокурор ва не амният. Чунки онҳо ҷиянҳои раиси “кадрҳо”-анд. Раиси “кадрҳо”-и давлати фасодзадае чун давлати Тоҷикистон будан, ин ба он маъност, ки ҳамеша дар дастат корти бонкии пури пул дорӣ ва ҳарфу суханат ҳам мисли теғи лезва бурранда аст. Чунки ҳар рӯзу ҳар соат мебинӣ, ки дар давру барат аз худи Раиси Калон сар карда, то Раҳбари Дастгоҳ ҳама фақат дар фикри ҷамъоварӣ ва захира кардан мебошанд, пас, чаро ту бояд аз ин имконе, ки бароят фароҳам шудааст, истифода набарӣ. Вақте нархи курсии раиси як ноҳия 300.000 аст чаро 50-тои дигар дар болояш зам накунӣ? “Все таки” пулро ту мегирӣ ку? Раиси Калон ва Раҳбари Дастгоҳ худашон намегиранд ку? Ё бо дасти дигарон гиранд ҳам ҳатмани ҳатман “документҳо” “ через” ту мегузарад. 50-тои ҳаққи худатро изофа намоӣ, ҳеҷ гапе намешавад. 300аш чиву 350яш чӣ? Хоҳед нахоҳед раиси ноҳия ин маблағро “меканад” ва боз даҳҳо ва садҳо баробар аз ин пул бештар даромад хоҳад гирифт. Бале, асос пул аст. Пул, ки афту андомаш дар лаҳад, чи корҳое намекунад, ба чи роҳҳое намебарад ва чи дурӯғҳоеро дар забонатон ҷорӣ намекунад ва чи қадар шуморо аз як одами хуб ба як шахси каззоб мубаддал намесозад. Ҳамин тавр, вақте ман раиси “кадр”-ам, чаро ҷиянҳои ман онро надошта бошанд? Бигзор, онҳо дар макони зисташон хурдаву чаридаву б…гарданд. Дар сояи давлати ман пул кор кунанд. Аз инҷост ки ҷиянҳои Асадулло Раҳмон дар Норак “шеф” ва “бқаянд”. Набояд ягон кас ҳуқуқи ба онҳо накун гуфтанро дошта бошад.
Яке аз ҷиянҳои Асадулло Раҳмон дар ГЭС-и Норак муҳофиз аст. Падари ӯ бошад крановшик. Як бародараш дар Кумитаи телевизион ва радио кор мекунад. Яктои дигараш бо наркотик сару кор дорад. Инҳо барои мақомот бузӣ мекунанд. Бародари калониаш кам-кам таксӣ мезанад. Таксистҳоро чанд бор бузӣ кардаву фурӯхтааст.Ҳеҷ кас ҳеҷ чи гуфта наметавонад. Агар ягончи бигӯяд “одамбозӣ” карда он таксистро фишор меоварад ва кор мекунад, ки аз ба дунё омадан пушаймон мешавад. Ҳамоне, ки дар ГЭС-и Норак кор мекунад, чанд сарбозро “подставит” кард. Худаш ҳозир “калон”-и ҳамонҳо шуда истодааст. Солҳо буд, ки ӯ аз як сарбози қаторӣ беш набуд, дар дами дар посбонӣ мекард. Ҳоло командир шудааст. Аз ҳар як одаме, ки ба тамошои ГЭС-и Норак меояд пул мегирад. 200 то 500 сомонӣ. Барои дохил шудан ва баҳрро тамошо кардан. Падари крановшики ӯ ҳаминҷо арақфурӯшӣ мекунад, кор намеравад вале маошашро гирифта истодааст. Дар инҷо як бар низ дорад. Ин бар тамоман ба талаботи санитариву беҳдоштӣ ҷавоб намедиҳад. Ба номаш бар аст.
Касе меояд “ман язнаи Асадулло Раҳмон, апаша таҷовуз мекунам шуморо мемонум” гуфта таҳдид мекунад. Бародари язнаи Асадулло дар паҳлуи ин бар бари худро кушодааст. Вай ҳам айни бародараш. Мақсад кор намекунанд вале маош гирифта гаштаст. Акаи язнаи Асадулло Раҳмон Давлат Тӯраев ном дорад. Сардори ЖКУи Норак мебошад. Худаш бо тамоми бачаҳояш онҷо кор мекунад. Писари Давлат Диловар ном дорад ва дар маҳаллаи Электрони шаҳри Норак озодона банг фурӯхта истодааст. Мардумро бангӣ кардааст. Касе гап намезанад:- на милиса на участковий, на амният ва на ҳеҷ мақомоти дигар. Як корхонаро бо кадом роҳҳое гирифта ба моли хусусӣ табдил додааст. Аз номи Асадулло Раҳмон воҳима карда гаштаанд. Давлат тамоми рӯз маст мегардад. Як алкаши бадмаст аст. Дар ҳамон Электрон ҳар бегоҳ мебарояд ҳамаро ҳақорат мекунад: “Гап мезадагиатро фалон мекунам,любойтата фалон мекунам.” Ду моҳ пеш як касро бо кордча зад. Он нафари кордхӯрда Шер ном дорад. Ягон милиса, прокурор, амният чизеаш нагуфт.Аввал “гӯиё” нафаҳмиданд вале диданд, ки халқ “возмушатса” кард, сипас барои як муддат бурданд. Аммо боз “одамбозӣ” ва “шиносбозӣ” карданду сар доданд гӯё ба Шер пул дода бошанд. Хулоса Ҷавоб доданд, не дело не ҷарима карданд. Озод бо кордча мезанад мекушамат мегӯяд. Тибқи маълумотҳо Асадулло ба прокурор занг задааст ва аз шикоятҳои зиёди омада аз болояш дар Дастгоҳ бохабар кардааст. Агар як камбағал мошинро сахттар ҳай кунад, ҷаримааш мекунанд, судаш мекунанд. Аммо Давлат банг мефурӯшад, маст шуда корд мезанад, вале касе чизе намегӯяд.
Язнаи Асадулло Раҳмон Тураев Қурбон ном дорад. Бачаҳяош, Лоиқ, Баҳодур ва Бахтиёр.Тураев Лоиқ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардааст. Як вақтҳо дар гумруки фурудгоҳ кор мекард. Барои 40 сомонӣ “взятка” дастгир карда аз кор пеш мекунанд. Ҳозир дар Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир кор мекунад. Ҳар касе, ки дар Норак ба наркобизнес машғул аст мошинҳои онҳоро сурат мегирад ва онҳоро мефурушад. Аз Душанбе одам меорад, онҳоро ба даст меафтонад ва бо ҳамин роҳ пул кор мекунад, чунки миёнаравӣ мекунад байни ҳамин наркобизнес ва корманди Оҷонсӣ. Дар соатҳои корӣ яке мебинед, ки дар Норак таксӣ зада истодааст.
Таксистҳоро азоб медиҳад, клиентҳояшонро руирост мегирад ва мебарад дар мошини худаш мешинонад. Боз бар сари таксистҳо доду фарёд мекашад. Ҳақорат медиҳад, махсус асабонӣ мекунад ва ҷанг мекунад. Ҳамин ки он таксис ягон ҷавобе сазовор гуфт дар бало дармонд. Меравад ба сари ӯ милисаҳоро меоварад. Милисаҳо бо ин роҳ аз он таксистҳо пул мекананд. Ва бо ҳамин роҳ таксистҳоро тарсонида гаштааст. Як рӯз ба сари як таксист мушт мебардораду мезанад. Ӯ ба назарам одам доштааст, ки аз болояш менависад ба ин мақомоту ба он мақомот, ба ин прокурор ба он прокурор. Хеле давид.
Тӯраев Баҳодур, ҷияни калонии Асадулло Раҳмон дар Гвардияи миллӣ командир аст ва чи хеле гуфтам дар “охрана”-и Норак кор мекунад. Одамони камтар вазифа доштаро фурӯхта гаштааст. Аз онҷо ҳеҷ касе ҷуръат намекунад як “саморез” ё “отверка” барорад, меқапанд, ҷаримааш мекунанд, огоҳиаш медиҳанд, аз кор пешаш мекунанд. Аммо Баҳодур ҳама чизро, чи қадаре, ки хоҳад масалн чӯбу тахтаро мебарорад. Сохтмон карда истодаанд, “кришааш”-ро заданд. Кормандони ГЭСро меовранд кор мефармоянд дар сохтмони хусусиашон вале пули корашонро намедиҳанд. Бо онҳо ҷангу ҷангҷол кара мегӯянд, ки мо шуморо аз ҳисоби ГЭСи Нрак овардаем, шумо аз онҷо маош мегиред. Мегӯӣ, ки Норак моли шахсии онҳо ва кормандонаш ғуломи ҷиянҳои Асадулло Раҳмон бошанд. Падар кранвошики Баҳодур,яъне язнаи Асадулло Раҳмон,ки гуфтем крановшик аст хотдог мефурӯхт.Ҷои хотдогаш туалет надорад. Дар пушти девор меравд росторост пешоб мекунад.бармегрдаду меояд боз хотдог мефурӯшад.Чанд бор гуфтанд,ки дастонатро бишӯ.Мегӯяд,ки шумо диден,ки ягонҷоямро қапидам, ман ҳеҷ куҷоямро нақапидаам ку? Чаро дастамро бишӯям? Маълум, ки хело ифлосу нопоке будаанд. Рости гап аинқ намедонем, ки Асадулло ҳам чунин бошад. Вале мешунидемки солҳои донишҷӯӣ ҳамеша бо пироҳанҳое мегаштааст, ки чирки гиребонашон як ваҷаб будааст. Дигар мардум хотдогашро нахарид. Ҳоло арақ мефурӯшад, ва онҷо, назди вай фақат арақхурҳо ҷамъ мешаванду арақ мехуранду м… Шабҳо онҷо масту аласт шуда баъзан хоб мераванд.
Ҷияни дигари Асадулло, бародари Баҳодур Қурбон ном дорад, ки як вақт раиси Кохи Ҷомӣ буд. Вай зани дуюм гирифт. Ва,овоза шуд,ки дар кохи Ҷомӣ фоҳишахона ташкил додааст. Асадулло инро фаҳмид ва барои онки ба худаш ягон осеб нарасад ӯро зуд аз кор ронд. Онгуна ки гуфтем бародари Қурбон бо номи Давлат дар ЖКУ кор мекунад. Ду писар дорад. Якеашро дар сехи мошинҳои ЖКУ сардор таъин кардааст. Дар бозорчаи Электроникаи Норак ду магазин дорад, ки яке аз он магазинҳо боз ҳам ҷойи арақхурӣ аст. Ана ҷиянҳои отделкадри Раҳмонов,вой ба ҳоли ин миллат бо ин афроди калидияш.
Поёни бахши аввал,идома дорад…
Ps: Хонандагони азиз. “Ислоҳ.нет” барои ошкор кардани аъмоли пушти пардаи мансабдорон ва инъикоси авзоъи воқеии кишварамон, ки ҳоло ба рағми майлу хоҳиши мардум дар дасти як тӯдаи дузду ғоратгар задааст,ба шумо такя мекунад. Ин маълумот беш аз ду моҳ аст дар дасти мо қарор дорад ва аз чандин манбаъ онро пурсуҷӯ намудем,гандаш бештар баромад. Ончи дар матн омадааст хело рӯяш кор кардем,то ба ин ҳад шуд. Ҳеҷ манбаъ аз инҳо ба хубӣ ёд накарданд ва бештар бо ҷиноятҳои дигари ин оила онро мураккабтар мекарданд. Мо ба ин андоза иктифо менамоем.
Хоҳиши мо ин аст ки маълумот ва ҳаводису ҳолатҳоеро, ки боиси рӯшантар кардани симои воқеии онҳо мешаванд,бароямон бифиристед,то бо нашру пахш кардан битавонем ҷилави онҳоро бигирем.