Аз қатли Ҷумъабой,то шиканҷаи Эшони Қиёмиддин дар зиндон

Ислоҳ нет

 

Аз қатли Ҷумъабой,то шиканҷаи Эшони Қиёмиддин дар зиндон

 

Мансур Умаров як қотили ҳирфавӣ Мирзоназаров Каромат-ро муовини сардори зиндони №4 гузошт

 

Хонандаи гиромии Пойгоҳи Ислоҳ.нет.Чанд рӯзи қабл мо як матлаберо роҷеъ ба “Ҷамоати муваҳҳидин”,як созмони дурӯғие ба нашр расонида ва чи тавр мақомоти амниятиву милисаву муфаттишони додситонӣ ҳамватанони зиндонии мову шуморо дар зиндони №4 ба ин иттиҳом печонида буданд, ба нашр расонидем. Ва хоҳиш карда будем, ки дар бораи шароити боздоштгоҳҳову зиндонҳо бароямон бинависед. Ҳоло дар дасти мо чанд маводде расидааст, яке аз онҳоро бароятон пешниҳод менамоем. Албатта,тибқи ваъдаи супоридаамон ном ва насаби муаллиф маҳфуз дошта мешавад:

 

Ман ҳамчун як зиндонии собиқ бар ин қарор омадам,ки нисбат ба ҷиноятҳои майор Мирзоназаров Каромат,муовини собиқи сардори СИЗО-1и СРИҶҶ ВА ва феълан муовини сардори муассисаи ислоҳии №4 воқеъ дар “Якум советский” (зодаи ноҳияи Файзобод) ва одобу ахлоқи вай ва тарзи муносибату рафтораш бо зиндониҳо, ончи ки аз мушоҳида ва дидаву шунавидаҳои худам мебошад, ҳикоя бикунам.

 

Вақте як нафарро аз ИВС-боздоштгоҳии муваққатӣ ба СИЗО-тавқифгоҳи тафтишотӣ интиқол медиҳанд, кормандони СИЗО ба сари ӯ ба мисли каргас мерезанд ва аз ҳар тараф шурӯъ мекунанд ба кандану хӯрдан. Ба сари ман низ ҷамъ шуданд:Мирзоназаров Каромат, Олим Алмосов,(писари Рашид Алмосов, мушовири Рустам Эмомалӣ,раиси шаҳри Душанбе ва писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аспу парвариши асп ва бародари саис аспбони Рустами Эмомалӣ,ки ҳамаи катагиву дағдағааш аз Рустаму падараш будааст) ва як афсари дигар бо исми Абдусалом ва дигарон. Маро то тавонистанд зери мушту лагад гирифтанд, ҳақорату дашномҳои гӯшношунид доданд, абгору хуншор намуданд ва бурданду дар камераи 39-камераи карантинии СИЗО ҷо карданд. Ҳамзамон бо ворид гардидан ба СИЗО ва таҳти шиканҷа қарор доданро марҳилаи аввали“дух”- “снимат” кардан унвон кардаанд. Яъне алови чашми нафари тоза вориди СИЗО шударо мегиранд. Ин кор дар майи соли 2017 иттифоқ афтода буд.Ҳамарӯза моро дашному ҳақорату шиканҷа мекарданд.

 

Мебароварданд аз камераҳо дар “прогулочнии двор” лухту урён мекарданд,трусиро ҳам мекашиданд ва сипас мезаданд. Ҳамаи айбдоршавандаҳои ин тавқифгоҳ ҳолашон ҳамин хел аст. Як ҷинояти дигари онҳо,ба замми ин ҳам шаллоқу дубинкашапӣ аз мардуми онҷо ба зӯрӣ пул меситонанд. Ҳамарӯза аз бисту сиву панҷоҳ то сад сомонӣ кашида мегирифтанд. Мирзоназаров Каромат тамоми гумонбаршавандаҳо,айбдоршаванда ва маҳкумшавандаҳоро дар “доля” шинонида буд. Аз ҳар як камера ҳар ҳафта ду бор рӯзҳои чоршанбе ва шанбе 30 сомонӣ мегирифт. Агар кадом камерае,ки сӣ сомониро намедод ҳамаи ҳамон камерабудаҳоро мебаровард дар “продол”-и ҷойи зист,”форма нол” мекарданд-яъне лучи модарзод ва мезаданд, футбол мекарданд, бо дубинка бо квалда-чакуши чӯбин, бо сим,болои одамҳои афтода роҳ мегаштанд, мепариданд, дар замин дар бетони хунук похелак мекарданд халқро,то инки ҳамон сумро ёфта бидиҳанд.Бо вуҷуди ин ҳама шаллоқу кӯфтан аз баҳри пул намегузаштанд, барои ҳафтаи баъдӣ дукарата карда кашида мегирифтанд, яъне бо %-100%-шаст сомонӣ ба ҷойи сӣ сомонӣ. Ин пулҳоро ҳамин ба ном “одам” мегирифт. Ман дидам,ки чандин нафарҳоро зада куштанд ва чанди дигарро маъюб карданд.

 

Ҷумъабой Маҳмадовро бо задан куштанд

 

Аз ҳама аламовар ва дарднок сарнавишти Ҷумъабой Маҳмадов,собиқ размандаи оппозитсиони тоҷик, сокини ноҳияи Рашт буд. Ин марди худо 26 сентябри соли 2014 дар масҷиди хиёбони “Проспект мира”-и шаҳри Маскав,барои адои намози ҷамоат меояд. Ҳикоят мекунад,ки ҳамватанҳои зиёде ҳузур доштанд. Аз ҳар боб байни ҳамдигар сӯҳбат мекарданд. Ин мард ҳам наздик ба ду ё се дақиқа дар онҷо суханронӣ мекунад. Сӯҳбати ӯ дар мавзӯи ибодату тоати Аллоҳ ва бедории миллат будааст.Инчунин ин оятро дар ҷамъи ҷавонон мехонад.

 

“Мехоҳанд нури Худоро ба даҳонҳояшон хомӯш кунанд, вале Худо комилкунандаи нури худ аст, агарчи кофиронро нохуш ояд”. (Сураи Саф , ояти 8)

 

Бале дақиқан ин оят сабаби дар листи сиёҳи мақомоти кишвар қарор гирифтанаш мегардад. Ӯ дар Подмаскове хона харида онҷо зиндагӣ доштааст. Пас аз се сол аз он сӯҳбат ӯро,ки таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дода будаанд, дар моҳи август дастгир ва депортатсия мекунанд. Душанбе, дар фурудгоҳ ӯро боздошт карда дар сараш халта кашида мустақим ба УБОП меоранд. Хеле латту кӯб карда чандин ҷиноятҳову корҳоро маҷбур мекунанд, ки ба калла бигирад, аммо рад кардааст. Барои ҳамон 1 маротибаи суханронӣ ӯро узви “Гурӯҳи 24” ҳисобиданд. Гирифтанду санксия заданду барои 2 моҳ оварданд ба СИЗО. Дар СИЗО меоваранд ба камераи 39. Як марди маълум буд, ки обрӯманд, муъмин ва бовиҷдон.Бисёр ҳам ростқавл ва шуҷоъ буд. Ин мард аз соли 93 то замони имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 дар сангари мубориза бо Раҳмонов ва режими вай будаааст. Баъди оштии миллӣ силоҳу худро гузошта Русия ба муҳоҷирати корӣ меравад.

 

Дар СИЗО кормандони он ва хусусан Мирзоназаров Каромат як инсони пастфитрат ва бахил,инсонҳои диндор ва тану тӯшдорро бисёр бад медид. Рӯзе дари камераи 39 кушода мешавад. Мирзоназаров Каромат ҳамроҳи се-сор афсари дигар омада Маҳмадов Ҷумъабойро аз камера берун бароварда ва бо таҳқиру дашномҳо,ки: “ҳа ғармии ҳаром,ку ин су баро,шумо ғармиҳо ҳамаат ҳаром ҳастед,ҳамаатон террористу экстремист ҳастед, Шуморо мебояд ва боядам дар ҳамон Ғарм бомбборон кунанду ва зананду кушанд”.

 

Ва сар мекунанд ба заданаш. Чунон заданд,ки аз ҳуш рафт. Аз таги бағалаш оварда ба камера мепартояд. Ҳамкамераҳо сару даҳанашро тоза карда об медиҳанд.Ва дар “шканар” -кати оҳанӣ хобониданд. Каме гузашт ба худ омад. Аммо баъди ин шиканҷа дигар ҳеҷ гоҳ ба худ намеояд.Фишораш ғам медод. Баъд аз он моҳи октябр ё ноябр буд,ки бурданаш ба Ғарм.Ва дар онҷо додгоҳ барои 4 сол равонаи зиндонаш кард ва баъди эъломи ҳукм, овардан ба Душанбе, ба СИЗО-1. Дар “осужденка”,ҷои нафарони”срок” гирифта,ҷо карданд. Баъди ин шиканҷа ба касалиҳо дучор шуд. Ба ҳадде задаанд, ки ҳарду гурдааш аз кор монд, дигар бемор шуд. Ҳамин қадар маҳкумшудаҳо аз дохили камера даъвату фарёд мекарданд,ки биёед ин нафар бемор аст,касе ба суроғаш намеомад. Дар онҷо онҳо як шиор доштанд, ки ба инсонҳо тамоман раҳм надоштанд. Агар мегуфтӣ, ки касал ҳастам бароварда дар долон дубинкашап мекарданд. Бо чаккуши чӯбӣ мегуфтанд,ки “ана акнун соз мешавӣ, мо ина ҳамин хел табобат мекунем”.

 

Бо ҳамин шева бо зиндониҳо рафтор мекарданд. Ҳамин тавр Маҳмадов Ҷумъабой, баъди шиканҷаву задани кормандони зиндон дигар тоб наовард гурдаҳояш маъюб шуда буданд. Дар зиндон ду- се рӯз рӯ ба раҳми Аллоҳ хоб кард, ҳеҷ кас барояш коре натавонист бикунад. Кормандони муассиса ва духтурони он ягон амале барои табобати вай анҷом надоданд. Ин бандаи худо чун дардманди сахт шуда буд,каме равғани хирс, намедонам кадоме дода будаш ё наздиконаш оварда буданд, аз зӯрии дарди ҷон дар баданаш молид. Гуфт шояд захмҳои баданамро, ки дард мекунанд, ором кунад. Баъди ин яку якбора фишораш баланд шуд аз ҳуш рафт. Гирифтану бурданаш, пагоҳаш фаҳмидем, ки аз дунё гузаштааст ва ҷасадашро ба соҳибонаш супорида гуфтаанд ки “давлений” зад мурд. Чунин аст ҷинояти Мирзоназаров Каромат ки ин бандаи худоро бо шиканҷаву азоб куштанд.

 

Чандин нафарҳоро заданду куштанд, ё то ба худкушӣ оварданд. Як нафаре,ки бо моддаи 138 маҳкум шуда буд,коре карданд,ки қасд ба ҷони худ кард.

 

Дар моҳи апрели соли 2018 дар камераи 6-и продоли кӯҳнаи СИЗО-1 раги дасти худро бо дандонҳояш канда худкушӣ кард. Ӯ сарашро зери кампал (одеял) печида раги дасташро кандааст.

 

Ҳамкамераҳояш қисса мекунанд,ки вақте дидем аз зери кампал хун мерехт,аз кати хобаш хун ҷорист,хеста кампалро аз рӯяш гирифтем,ки наздик ба мурдан расидааст. Дарро кӯфта фарёд задем,ки зуд биёд,ки ин одам мемирад. Омаданд,дарро кушоданд, ҳамин Мирзоназаров Каромат ва чанде дигар. Ҷойи онки дар вақти ҷонкании ӯ кумак кунанд, гумон карданд,ки истерика карда истодаасту хуни рехтаи ӯ дар фарши камера сохтакорӣ аст, шаттакорӣ карданд. Дар ин асно полковник Садриддин Шарифов, сардори СИЗО-1 болои сарашон омада, дод зад,ки эй,ҳаромзодаҳо ин мурда истодааст, чаро мезанед? Ва, дод зад, ки мошинро оваред. Мошинро оварданду бор карданду бурданд. То бурданд,ки дар роҳ инаш ҳам мурд. Ин ҷиноят ҳам кори дасти Мирзоназаров Каромат аст. Аммо мутаассифона системаро тавре сохтаанд, ки ҳеҷ ниҳоде, ҳеҷ касе инҳоро барои содир кардани ин ҷиноятҳо,аз ҷумла одамкушӣ ҳатто намепурсад. Тамоман аз сари худ рафтаанд. Фақат барои шиканҷа ва бадрафторӣ як маротиба шояд шикоят шуда буд,ки ба истилоҳ “наказате”,ки Каромат Мирзоназаровро карданд,ин буд,ки аз муовинати сардори СИЗО-1 сабукдӯш карда дар ҳамин СИЗО сардори гурӯҳи тафтишоти фаврӣ монданд-опергруппа. Боз дар ҳамон СИЗО ба пулҷамъкуниву ҳамон корҳои пешинааш идома дод.

 

Шиканҷаҳо ба Эшони Қиёмиддини Ғозӣ дар зиндон

 

Эшони Сайидқиёмиддини Ғозиро дар камераи 2-и СИЗО-1,ки камераи карантинист оварда ҷо карданд. Дар ин камера аз 15 шабона рӯз бештар гумонбаршударо ҳақ надоранд нигоҳ доранд. Мӯсафеди зери 70 солро шиканҷаву азоб медоданд.Таҳқирҳое,ки ӯро мекарданд: “Ҳа,генерали мардумӣ,ку исун буро. Дар к…т б-м,з…та…ва қатор мекарданд, духтару хоҳару модар гуфта. Мезаданд, дашномҳои қабеҳ мекарданд: ту шиа шудӣ, ту ин,ту он,ту зидди ҳукумат ҳастӣ,ту дар вақташ зидди ҳукумат баромад мекардӣ, зидди Асосгузори сулҳу ваҳдат баромад мекардӣ” гуфта дашному ҳақорат мекарданд. Аммо Эшони Қиёмиддини Ғозиро дар ин камера дар ҳолатҳои тоқатфарсо, моҳҳо нигоҳ доштанду шиканҷаи равонӣ ва ҷисмӣ мекарданд. Каламушҳои ин камера мисли раммаи гусфандон ба ҳартараф медавиданд. Мо мешунавидем,ки Мирзоназаров Каромат ва капитан Сайид мегуфтанд, ки мушҳоро накуши,ки фалону бисмадонат мекунем ҳа эҳтиёт кун генерал.

 

Мирзоназаров Каромат ва капитан Саид,ки сардори продоли кӯҳнаи СИЗО буд, дукаса бечораи марҳум Эшони Сайидқиёмиддин Ғозиро дар пушти дари камераи2 навбатдор монда буданд. Росто меистод: аз соати 6-и саҳар то 10 шаб. Ва фақат доклад мекард. Дар СИЗО тибқи қонунҳои ҷорикардаашон як нафар дар пушти дар бояд мудом бошад. Чашмаш ба “глазок”и дар. Ҳар касе, ки парда ё рӯпӯши “глазок”-ро бераҳа кард: фарқ надорад,ки сардори СИЗО аст ё “дубак”-и пушти дар-“постовой” бояд “доклад” кунӣ. Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ, Худо раҳматаш кунад, рӯз то бегоҳ бо ҳамон бадани дардманду ранҷур, бо ҳамин пирӣ ва бо ҳамон барҷомондагӣ дар пушти дар рост меистод ва ҳар вақте ки “глазок” такон мехӯрд ё “кормушка” боз мешуд дар ҳол доклад мекард:“Дар камераи№ 2 10 нафар ё 15 нафар, навбатдор Қиёмиддини Ғозиев: САЛОМ!” ин як шакли шиканҷа ва озори рӯҳӣ буд ба эшон.

 

Ва, ҳамин бандаи худоро наздики 2 моҳ маҷбур карданд,ки бидуни танаффус навбатдорӣ кунад.Дигарҳоро таҳдид карданд,ки агар дар ҷойи эшони Саидқиёмиддин навбатдорӣ ё ягон кас ёрдамаш мекунад, фалон мекунем. Ягон кас ҳам дилёб намешуд,ки ба ин мӯсафед ёрдаме диҳад. Дар ҳоле,ки навбатдорӣ дар камера бо навбат аст. Ва ҳамин тариқ коре карданд,ки мӯсафед дар пайи бо латту кӯбу азоб қандаш баланд шуд ва рӯзе дар ҳамон пушти дар ғалтид, дар болои фарши сементӣ. Фарёд кардем, дарро ба шатта задем. Омаданд гуфтанд, ки чи гап аст? Бароварданд одамони камераро ва дар ҳамонҷо дубинкашап карданд. Гуфтанд, ки чи мегӯед? Ҷавоб доданд,ки ҳамин одам касал аст. Гирифтанду дар паси дар партофтанаш ва гуфтанд, ки бимонед дар ҳаминҷо мурад. Боз намедонам,ки чи фикре карданду гуфтанд, ки хуб,мошинро биёреду баредаш. Дар ҳамон “балничка” мемурад, мезиҳад,ҳамонҷо бимонедаша. Баъдан фаҳмидем,ки алҳамдулиллоҳ зинда мондааст. Ӯро 24 сол ҳукм доданд. Боз овоза шуд, ки 17 ё 18 солашро дар афвҳо кам кардаанд.6 соли дигараш мондааст.Ва баъдан фаҳмидем,ки моҳи маи соли 2019 дар ба ном ошӯби зиндони Ваҳдат ӯро ба қатл расонидаанд.

 

Бо ин ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ, ки Каромат Мирзоназаров дар СИЗО-1 содир намуд ӯро баъди иваз шудани роҳбарияти СРИҶҶ ва омадани Мансур Умаров аз КДАМ ба мақоми муовини сардори зиндони №4 таъйин карданд. Мирзоназаров ва чанде аз аъзои тими ӯро “перевод” карданд ба зиндон.

 

Каромат Мирзоназаров дар аввалин рӯзе,ки дар зиндони №4 ба кор сар кард, дар камераи карнатини зиндон медарояд ва нафарони дар онҷо буда, ки аксарашонро аз СИЗО-1 оварда буданд ва онҳоро Мирзоназаров хуб мешинохт ва онҳо ҳам ӯро мешинохтанд дашному ҳақоратборон мекунад: “Ман ҳамон Каромат ҳастам, агарки ягон кори ғайр мекунед, ё ки беҳурматӣ зоҳир мекунед нисбати кормандони муассиса фалонатон мекунам”.Боз ҳамон пулкоркуниву “беспридели”-е,ки дар СИЗО мекард, дар инҷо идома дод. Мардумро махсус “подстава” мекард, бо ҳар баҳона ва бо ҳар кор мебурд ШИЗО мезад, ПКТ мекард,пул меканд. Ҳамон нафаре,ки дар бораи “Ҷамоати муваҳҳидин” ба шумо сӯҳбат кард, ман шаҳодат медиҳам, ки ҳама гуфтаҳояш ростанд ва ӯ на ҳама ҳодиса ва ҳолатҳоро гуфтааст. Ягон ҳарфи дурӯғ нагуфтааст,балки кам гуфтааст аз ҷиноятҳои онҳо. Онҳо ҷиноятҳои вазнин содир кардагианд ва ҳамаи зиндониҳо ҳам медонанд. Ва худашон ҳам медонанд,ки ҷинояткоранд ва ҷиноятҳои зиёд содир кардагианд.

 

Мирзоназаров Каромат то ҳол ба он ҷиноятҳо даст мезанад ва ман намедонам,ки кӣ дар пушти ӯ ҳаст,ки ҳоло ҳам онҷо кор карда истодааст. Баъди омадани Умаров вазъият бадтар шуд, ва кормандони дохилӣ ва амният бидуни монеа ворид мешаванд.

 

Боз ҳам аз ҷиноятҳои Мирзоназаров Каромат

 

Мирзоназаров Каромат ҳамроҳи Аҷиков Исфандиёри ҷияни Зорро- сардори режим-тартиботи СИЗО-1 роҳбари Умед -88 Одинаев Раҷабалиро дар камераи 88-и СИЗО ҷо карда буданд. Вай барои онҳо аз гови ҷӯшоӣ ҳам бадтар шуда буд. “Доля”-и калон баста буданд. Як нафари дигар пулдор Ҷамшед Зиёев- раиси “Тоҷпромбонк” буд, ки ӯро дар камераи 2 ҷо карданд. Ӯро ҳам дар “доля” шинониданд. Вай аз ҷонаш безор шуд,ки пули калон доду аз СИЗО ба ИВС райони Рудакӣ рафт. Пулдорҳоро бештар азобу шиканҷа медиҳанд, албатта ба хотири пул. Барои мисол мебурданд дар як камерае, ки 12 шканар-кати оҳании ҷойи хоб дошт, то 40 нафарро ҷо мекарданд. Дар чилаи тобистон, дар он гармӣ бадани инсонҳо мепухт. Қазои ҳоҷат дар дохили камера,бӯву таф. Камераҳои холӣ ё камодам ҳам буданд. 1000 сомонӣ мегирифтанд баъд аз ин камера онҷо интиқол медоданд. Шароит дар он камераро махсус бад ва тоқатфарсо мекарданд ва мардумро ба ҳамон дараҷа оварда буданд, ки 1000 сомонӣ медиҳӣ, баъд “раскитка” мепартоянд-яъне дар камераи камодам мегузаронанд. Вале мусаллам аст ки на ҳар кас имкон дорад,ки барои 1 моҳ 1000 сомонӣ бидиҳад. Ва,онҳо ҳам амдан пулдорҳоеро ба мисли Умед-88 ва ё раиси “Тоҷпромбонк” ду-се рӯз онҷо нигоҳ медоранд, то ки худашон таваллову зорӣ карда бо ду дасти адаб 1000 сомониро дода ва боз ҳазор бор миннатдорӣ ва ташаккур карда сипас ба дигар камера бигзаранд….

 

Як пешниҳод дорам ба порлумони ҷадиди кишвар

 

Ба назари ман парлумони Тоҷикистон бояд як қонунеро қабул кунад, ки вазорати корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ натавонанд, ки оянду дар зиндон ворид шаванд. Зеро идораи зиндонҳо ба вазорати адлия тааллуқ дорад. Аммо муфаттишони ин мақомот бемалол дар зиндонҳо ворид шуда бо воситаи шиканҷаву азоб ва ҳатто ҷараёни барқ зиндониҳо ва айбдоршавандаҳоро ба хотири онки барои худ “резултат” кунанд ҷинояткору ҷиноятпеша месозанд. Ҳозир ҳамин кор мӯд шудагӣ аст. Барои онки резултат даркор мешавад меоянд:- “ҳо фалонӣ, инҷо биё, ту дар куҷо хонда будӣ, ту бо фалонӣ салом карда будӣ, ӯро аз куҷо мешиносӣ?” ва мегиранду дар “свет” мемонанду бо тӯҳмату дурӯғ як кори тамоман нокардаро дар пояш мепечонанду дигар “раскруткааш” мебаранд. Агар парлумони кишвар ҳамин қонунро қабул кунад, кори хуб мешавад. Агарчи медонам пешниҳоди ман ба ин порлумон ҳеҷ асаре надорад вале вазифаи шаҳрвандии ман аст ҳамчун як зиндонии собиқ ин пешниҳодро барои беҳбуди вазъи зиндонҳои кишвар бикунам.

 

Хитоби Пойгоҳи Ислоҳ ба хонандагон ва шоҳидони ҳодисоти зиндонҳо

 

Дар охир аз ҳар зиндонии собиқ ва кормандони зиндонеки дар ин калонаҳои ислоҳотӣ кор мекунанд. Агар шоҳиди воқеаҳо ва ҳодисаҳое шуда бошед, ба Ислоҳ нависед,то он воқеъа ва ҳодисаро расонаӣ кунем. Эътирофҳо ва гуфтани ҷиноятҳои ҷинояткорон сабаб мегардад сатҳи ҷинояткорӣ дар ин калонаҳои ислоҳотӣ кам мегарданд ва шумо сабаби оромиш ва некӯаҳволии ин бародарон ва хоҳарони зиндонӣ ва асири мазлумамон мегардед. Пойгоҳи Ислоҳ таҳқиқот дар ин заминаро идома медиҳад бо мо бошед!

 

Share This Article