-Ака, мегум ҳами Бег Сабур я чи пулдор шид. Бист сол муовини вазиру вазири алоқа, бо қудои Ҷаноб буд, пула суруп ҷаъм кард. Ҳаф пуштша таъмин кад.
-Э, сарша хура ин пулҷамъкунӣ. На номусш монда буд, на мардӣ. Ҳар вақте Зоир файродуш мекна поҳоша монда ба калаш медавид. Занта, духтарта, очата, апата хоҳарта б..м…
Сараш хам, гарданаш каҷ шиштагӣ, ранги гудак назди муаллим сарш хам ва забонша қурт кадагӣ, гунг, бо гардани қаҷала сари ду зону меистад…Ин чи сумдорӣ?
Бег Сабур дар ВАО
Бег Сабур, собиқ сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ин ниҳоди ҳукумат аз соли 2004,аввал ба ҳайси муовин, сипас, 2006, муовини аввал ва ниҳоят аз соли 2011 ба ҳайси сардор кор кард ва дар январи соли 2025 ба сабаби расидан ба синни нафақа аз мақом барканор карда шуд.
Бег Сабур, танҳо ба истилоҳ вазири ҳукумати Раҳмонов буд, ки тули ин ҳама сол дар Хадамоти алоқа фаъолият кард. Дарозумратин мансабдори ҳукумати Раҳмонов.
Нуктаи дигар, ки Бег Сабурро бо дигар мақомдорони ҳукумати мутафовит мекунад, ин аст, ки алайҳи вай на танҳо расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мо, ҳам қаблан ҳам дар бораи Бег Сабур навишта будем ва ин навиштаҳо дар сомонаи мо таҳти номҳои «Конҳои ангишти дараи Камароб аз они Бег Сабур шуд», «Вой дод аз дасти Бег, бги Бега», «Қудо шавӣ, вазиршавӣ, ҷудошавӣ, ҷазир шавӣ», «Ҷиноятҳои ҷияни Бек Сабур, домоди боҷаи Раҳмонов» ба нашр расида буданд.
муштариёни фиребхурда ва пушаймоншудаи домҳои сохтаи вай, ширкатҳои тавзеъкунандаи интернет, ҳамчунин аксарияти ниҳодҳои давлатӣ, то ҳифзи ҳуқуқуқ соҳавӣ забон тез карданду аснод таҳия карданд, ҳатто худи Раҳмонов ҳам дар як ҷаласаи ҳукумат дар соли 2022 интиқоди шадидаш кард, аммо то ба синни нафақа нарасид, ӯро аз ҷояш ҷунбонида натавонистанд.
Кумитаи андоз на як бору ду бор аз миллионҳои напардохтаи Бег Сабур ба молиёт мегуфту додситону додгоҳ огоҳаш мекарданду ҳушдораш медоданд, ки ислоҳ шаваду ислоҳ кунад. Кумитаи сохтмон ва меъморӣ эълон кард, ки дигар ширкати домсозии «Комил-2010»-и Бег Сабур ба руихати сиёҳ ворид ва аз ҳуқуқи домсозӣ маҳрум карда шуд. Марҳум Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфта буд: «минбаъд барои сохтмони манзилҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ба ин ширкат «Комил-2010» қарордод баста намешавад». Вай гуфта буд: «бо супориши шаҳрдорӣ умуман ба Бег Сабурович дар шаҳри Душанбе барои сохтмон ягон қарор намедиҳанд». Аз вай ширкати «Барқи тоҷик» даъво мекард, аз вай ширкатҳои тавзеъкунандаи хадамоти мобилӣ ва интернет даъво мекарданд, аз вай муштариҳои биноҳои каҷу килеб сохтааш даъво мекард, комиссия қабули дом даъво мекард, вале ягонҷоша ғам набуд. Ҳамаро задагӣ буд.
Дар соли 2020 Баҳром Иноятзода, раиси собиқи Кулоб дар як нишасти хабарӣ аз қарзҳои бузург ва молиёти напардохтаи Бек Сабур интиқоди сахт карда ва ӯро бо пичингу киноя «Хоҷа Аҳрори Валӣ» ном бурд ва таҳдид кард, ки дар Кулоб ба дару дарвозаи корхонаҷоти ҷаноби Сабур печат мезанад, аммо ҳукми Бег Сабур ончунон раво будааст, ки он бечораро на инки аз мақом барканор, балки ба 14сол зиндон маҳкум карданд.
Бег Сабур дар гузашта кӣ буд?
Нуктаи дигари ҷолиб ва ҳайратангез ин аст ки Бег Сабур, то инки ба Хадамоти алоқа биёяд, ҳадди ақал як ҳафта ҳам дар ин ниҳод кор накардааст, яъне як нафари комилан ғайритахассус ва дур аз ин соҳа буд. На инки дар вазорати алоқа кор накардааст, балки дар ҳеҷ ниҳоди давлатӣ кор накардааст, ҳатто бригадири колхоз набудааст, гузашта аз ин ҳама шаҳрванд ва як бизнесмен дар Русия буда ва аз Маскав ба Душанбе омадаву мустақим дар курсии ноиби сардори Хадамоти алоқа нишастааст.
Шояд бигуед, ки аз авлод ва таборони Раҳмонов будагист ва ончуноне мегуянд, қудои раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Дуруст, қудои Раҳмонов аст, аммо ин қудоӣ дар соли 2013 иттифоқ уфтодааст, на дар соли 2004 ,ки Бег Сабур аз Маскав омаду ноиби сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъин шуд.
Бег Сабур балҷувонӣ нест, ончуноне Раҳмонов аст, Бег Сабур шугновист ва то инки қудо бишавад, ҳиҷ робитаи таборӣ бо Раҳмонов надошт, мегуфтаст модрам аз туркои балҷувон аст.
Шумо агар тарҷумаи ҳоли Бег Сабурро як назар андозед, мебинед, ки ҳатто тарҷумаи ҳолаш «фалшивий» ва дуруғин аст. Масалан навишта шудааст, ки вай устоди Донишгоҳи омӯзгории Маскав ва номзади улуми физика аст. Ҳеҷ аҳаде ин ҳарфҳоро таъйид накард ва карда ҳам наметавонад. Вай на номзади илм асту на ҳеҷ гоҳ аспирантура, ки куҷо, донишгоҳро хатм кардааст ва он ҳам дар Маскав. Бале, солҳои зиёд дар Маскав буд ва пулдор ҳам шуда буд, аммо аз илм ба фарсахҳо дур аст.
Бег Сабур аз Восеъободи Восеъ аст. Вай дар солҳои 90 Маскав меравад. Қиссаи Маскавравиаш ҳам ғайриодӣ аст. Ҷавонҳои деҳа ва атрофи Восеъободро ваъдаи кор дар Русия, аниқтараш Астрахан медиҳад. Мегуяд Астрахан тарбузчинӣ меравем ва пули хуб кор карда бармегардем. Аз даҳҳо нафар ҷавонҳо ба баҳонаи роҳпулӣ пул ҷамъ мекунаду он пулҳоро гирифта ҳуй мехурад ва меравад Маскав. Ва, онҷо мемонад, чун дигар роҳи бозгашташ, баста буд, чун пулҳои рафиқонаш ва баччаҳои дигарро гирифта ҳуй хурда буд.
Бархе аз нафароне, ки дар солҳои 90 дар Маскав мустақар шуда буданд, ба кору бори Бег Сабур бо шакку шубҳа менигаристанд ва мегуфтанд, ки вай ба савдои «хоки ватан»-героин машғул аст.
Ин хоҳаре, ки намехоҳем аз вай бигуем, чун феълан дар ватан аст, танҳо ҳаминро, ки солҳои зиёд дар шумори наздикони Бег Сабур дар Маскав будааст, қиссаи ҷолибе кард. Вай гуфт, ки дар Маскав Бег Сабур бо Диловар Абдуллоев, бо кличкаи фархорӣ ва бо гурӯҳи муташаккили ҷиноии «Солнтсево» робитаи хуб ва ниҳоят дӯстона дошт. Диловари фархорӣ аз наркобаронҳои асосии тоҷик дар Маскав аст. Ва гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии «Солнтсево» як гурӯҳи муташаккили бисёр ҳам қавӣ дар олами ҷиноии Русия мебошад, ки онро дар асл худи Хадамоти амниятии Русия (ФСБ) барои аз олами ҷиноӣ дур андохтани гурӯҳҳои умдатан чеченӣ, ки баъди фурупошии СССР шаҳрҳои бузурги Русия, аз ҷумла Маскавро таҳти контрол доштанд ва таҳти сайтараи хеш даровардани даромадҳои ҳангуфти олами ҷиноӣ ташкил карда буд ва хеле аз аъзои он имрӯз бо рутбаи генералӣ вориди Думаи давлатии Русия шудаанд. Масалан афроде мисли Николай Патрушев ва Алексей Бортников, раиси собиқ ва феълии ФСБ ҳам «баччаҳо»-и ҳамин ОГП-и «Солнтсево» мебошанд. Худи Бег Сабур дар як сӯҳбаташ тасдиқ мекунад, ки вай бо ФСБ ҳамкорӣ дорад ва ӯро дар ФСБ хуб мешиносанд:
«Ман ҳамаи марҳилаҳоро гузаштам. Ҳатто метавонед ФСБ ё хадамоти амнияти Русияро бипурсед, ки ин одам кӣ буд. Аз нафароне ҳастам, ки дар кори худ аз адолат кор мегирам».
Бег чи тавр Бег шуд?
Он солҳо Бег Сабур дар Маскав дар проспекти Вернадский -113 панҷ –шаш магазини хурокворӣ дошт. Зиндагиаш мечархиду пеш мерафт. Аммо ин магазинҳояш он қадар пулдораш накарда буданд ва намекарданд. Яке як ҳодисае аҷибе руй дод.
Як фабрикаи дузандагӣ дар наздики метрои кунцевская дар назди бозори Кунтсево (Кунцевский рынок) воқеъ буд. Ин бозор ба мисли собиқ бозори Путовскийи Душанбе, бозори давраи СССР аст.
Он фабрикаи дузандагӣ иборат аз бинои сеошёна буд. Як ошёнааш дар таҳхона, дар поён қарор дошт. Ин бино тақрибан 1000 метри мураббаъ ё ҳатто зиёд ҳам масоҳат дорад. Ин биноро дар он давраи бесоҳибӣ Бег Сабур харид.
Қиссаи хариду фурӯши ин бино ҳам ҷолиб аст. Тахминан байни солҳои 2001-2002лулаи оби гарми ин бино ё кадом крани он мекафад ва аз таҳхона-ошёнаи аввал, чун девори он баланд-се метр аст, то ошёнаҳои боло об пур мешавад ва азбаски зимистон буд, пурра ях мебандад. Дар натиҷа деворҳои бино аз чанд тараф дарз пайдо мекунад, трешина медиҳад. Деформатсия мешавад. Ҳукумати вақти Маскав ин биноро ҳамчун бинои садамавӣ ба савдо мемонад. Барои онки харидор онро аз нав бисозад ва дар ҷояш нав кунад. Хуллас, ин биноро Бег Сабур тавассути сафири ҳамонвақти Тоҷикистон, ки ба он сафир ҳамчун папароза «кор» мекард, ба нархи 60 ҳазор доллар мехарад. Мебоист канда аз нав месохт.
Он вақтҳо рабочикҳои тоҷик дошт, ки дар магазинҳояш кор мекарданд. Бо истифода аз дасту бозуи онҳо он биноро як косметический ремонт карду ба Диловари фархорӣ -Диловар Абдуллоев, ки дар Маскав «команда ва бизнеси вазнин» дорад ба нархи 850 ҳазор доллар фурӯхт. 60 ҳазор харид 850 ҳазор фурӯхт. Ҳуҷҷат карду дод. Ин бино бо тамоми таъмиру навсозӣ ба Бег Сабур бисёр ғалтида бошад 100 000 доллар ғалтид. Ана баъди ҳамон Бег Бег шуд.
Дар мағозаҳояш ҳамон вақт духтарҳои украинӣ, молдаванӣ ва тоҷикҳо ҳам, тахминан 10-15 нафар кор мекарданд. Тавассути баччаи ҳамон сафир ба меҳмонҳои аз Душанбе меомада он духтарҳоро барои истироҳат пешкаш мекард.
Бег чи тавр мансаб гирифт?
Бег Сабур, он солҳо, ки дар Маскав буд, чанд навбат ва дар чанд ҷо бо рафиқонаш шарт мебандад, ки аз ҳаминҷо рост ба ҳукумати Тоҷикистон меравад ва вазир мешавад. Шоҳидони он солҳо, ки аз Бег Сабур шинохти кофӣ доранд, гуфтанд, ки ҳатто қасам мехурд, ки меравад ва вазир мешавад.
Дар ҳақиқат, дере нагузашта ба Душанбе омаду дар вазорати алоқа лангар андохт. Ин вазифаро бар ивази пардохти 200 000 доллар харид. Аммо чи гуна?
Бег меояд Душанбе ва Зоирро (Зоир Соҳибов, шавҳари Фируза, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмонов) 200 ҳазор доллар медиҳад. Бег мехост, ки курсии вазирии энергетикаро тасоҳуб кунад. Аммо он замонҳо дар он курсӣ нафарони наздиктар, Шералӣ Гул нишаста буд.
Зоир ин маблағро мегираду Бегро раиси Федератсияи ҷумҳуриявии бокс мемонад. Бег Сабур аз ғаму алам гирифтори касали қанд мешавад. Қариб ду моҳ аз ҷояш хестан ва роҳ гаштан наметавонист. Охир, ба як маълумот 200 аммо ба маълумоти дигар 300 000 долларашро гирифтанду ягон вазифааш надоданд.
Хабари касали қанд шуданаш ба Зоир мерасаду Зоир фарёдаш мекунаду мегуяд, ки «хайр, биё бачча як 200 тои дигар парто алоқада мемонем». 200 ҳазор доллари дигар «мепартояд» ва бо қарори ҳукумат ва имзои Эмомалӣ Раҳмонов, муовини раиси Хадамоти алоқааш мемонанд. Маълум нест, ки аз пули «партофта»-и Бег Сабур чи миқдораш ба ҷайби Эмомалӣ Раҳмонов даромадааст, аммо бо ҳамин дигар Бег Сабур то ҳамин сол, новобаста аз номуносибиву номувофиқативу нодониву нокоромадиву ношоистагиву носазоворӣ бист сол бештар дар ҳукумати марказии Тоҷикистон, дар як мақоми калидӣ ва муҳим истод, ки чунин иқболи баланд ба каси дигар ҷуз худи Э.Раҳмонов насиб нашудааст….
Бег ҳамаро задагӣ буд
Масалан Бег Сабур ончунон задагӣ буд, ки бинои 16 ошёнаро то 20 ошёна мебардошт. Як нафар аз сардорони пешини Хадамоти назорати сохтмони Кумитаи меъморӣ дар он солҳо дар як нишасти хабариаш гуфта буд, ки «Дар натиҷаи чораҷӯиҳое, ки анҷом додем, сохтмони ду объекти ин ширкат дар Душанбе боздошта шуд. Ин як бинои бисёрошёна дар «Зарафшон» ва бинои баландошёнаи дигар дар хиёбони «Рӯдакӣ»-и пойтахт мебошад. Дар шаҳри Кӯлоб низ як сохтмони иншооташро манъ кардем ва нисбати як объекти дигараш ба прокуратура ва раиси шаҳри Кӯлоб мактуб ирсол намудем».
Як ду ховалингӣ сардори хадамоти техникии Тоҷиктелеком буданд. Вақте ба телефонҳои мобилӣ 0.80 дирам муштарипулӣ зам карданд дар ҳамон шабурӯзи подключат карданд Бег Сабур дар моҳ аз 185 то 300 миллион сомонӣ даромади соф ба даст меовард.
Агар ягон дармондаву муҳтоҷ пешаш меомаданд, даҳ-бист сомонӣ медоду мегуфт, ки надорад. Ақалан сад-дусад сомонӣ намедод. Аз Хадамтои алоқа беҳад суми калон кор кард.
«Баччаҳо»-и «Сонтсевкий группа» рӯзи дароз онҷо буданд. Пулҳояшро ба онҳо медод ва как будто ҳамонҳо проектҳои Бегро сармоягузорӣ мекарданд. Ҳамон сумҳое, ки дӯстони маскавиш барои тарҳҳои Бег вложит мекарданд. Дар асл пулҳои дуздиаш буданд. Баъд пулро аз ҳисоби Хадамоти алоқа ҷудо мекард ва ба онҳо-бачаҳои «Сонтсевкий группа» маош ҳам медод. Яъне двойнову севайно кор мекард.
Бо вуҷуди онки ширкат ва корхонаҳои таҳти идораи Бег Сабур аз ниҳодҳои давлатӣ даҳҳо миллион қарздор буданд, аммо солдармиён Раҳмонов онҳоро мебахшид. Бори охир ба 135 миллион сомонӣ бидеҳии «Тоҷиктелеком»-ро муоф кард. Ба Бег Сабур имтиёзҳои зиёд медод. Он вақт ҳама гумон мекард, ки ин ҳама ба хотири он аст ки Заринаи духтари Раҳмонов келини Бег Сабур мебошад. Масалан Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 0.80 дирами изофашуда ба арзиши пардохти моҳонаи муштариҳои телефонҳои мобилӣ интиқод кард ва гуфт ин як амали ғайриқонунист, ки ба ҷайби Бег Сабур даҳҳо миллион доллар даровардааст, на ба арсаи алоқа ва на ба буҷҷаи мамлакат. Аммо боз ҳам Бег Сабур аз об хушк мебаромад. Раҳмонов ба вай гузашт мекард, Раҳмонов ба вай имтиёз медод, Раҳмонов ба вай на танҳо мақом, балки яке аз калонтарин тарҳҳои сохтмони бинои Хадамоти алоқаро ба қиммати наздики як миллирад сомонӣ ба вай дод. Аз ҳамон деҳаи Восеъобод як зани ҷавон гирифта буд. Вай таваллуди 93-94 аст. Аз вай соҳиби як кудак шуд ва ҷавобашро дод. Вайро як хонаи похсагӣ сохта доду тамом. Он зан ҳоло ҳам дар Восеъобод аст. Боз як зани фархорӣ ҳам гирифт. Вай ҳам ҷавон буд. Фарзанд дорад аз вай ҳам, аммо намедонем чандто.
Бег як зани яҳудӣ ҳам дорад. Аз Бирабидҷон, вилояти яҳудинишини Хантимантии Русия. Аз он зан се духтар дорад. Духтаронаш бист- биступанҷсола шудагианд. Ин духтари яҳудиро, ки сахт зебо буд дар Маскв гирифта буд.
Бег панҷ тарафа қудои бо «Семейка» дорад
Бег Сабур ба ин оила як духтар додаву чор духтар гирифтааст. Як духтари апааш-ҷиянашро ба бародари Зоир, ки Зубайдулло ном дорад, додааст.
Як духтари Файзиддин Нахшов, боҷаи Эмомалӣ Раҳмоновро Бег Сабур ба Саид Зуҳуров бачаи акояш додааст. Ин духтар дар хонаи Раҳмонов калон шудааст ва духтархонди Раҳмонов аст. Як баччаи апаи Бег Сабур хоҳари Зоири домоди Раҳмоновро гирифтагӣ аст. Одами дуввуми фурӯдгоҳи Душанбе аст. Зафар ном дорад. Бег Сабур хоҳари ҳамин Зафарро ба додари Зоир дод.
Хасисиву мумсикии Бег Сабурро бо як ҳикояти воқеӣ исбот мекунем. Сабур, яке аз писраҳои Бег Сабур, ки ба номи бобояш гузоштааст пояш ланг аст. Он вақтҳо ба камияш Бег Сабур дар обороташ аз 500 ҳазор доллар кам надошт. Як нафар, ки он солҳо дар Маскав аз Бег Сабур бохабар ва равуо дошт гуфт, ки як шиносе барои ин баччаи Бег Сабур духтур гапзанон мекунад. Духтур мегуяд,ки бар ивази 1000 доллар пояшро шикаста аз нав мебанданд ва пояш соз мешавад.
Аммо вақте Бег Сабур мешунавад сахт ошуфта мешавад, ки «1000 доллар аз куҷо? Ман нони хурдан надорам.»
Мегуянд, ки Бег баробари як кудаки синфи як ақл надорад. Аммо дар сумёбӣ беҳад бало аст. Буи пулро эҳсос мекунад ва мефаҳмад ва мебинад. Шабу рӯз дар фикри пул аст. Ва, барои худ планҳо кашид. Бег фаҳмид, ки инҳоро, яъне Раҳмонову Зоиру Азизмову Тахминаву дигару дигараш фақат ба ҳамин пул наздик карда мешавад. Ва, аз қазо ин роҳ худаш рост шуд. Бегро ҷалб карданд. Дар назди «Домпечат» як мағозаи чандошёнаи замонавӣ ҳаст бо номи «Ситора»,ки он аз они Тахмина буд. Ин мағоза дар рубаруи «Домпечат» воқеъ аст. Тахмина онро ба Бег ба нархи 3 миллион доллар фурӯхт. Ягон одамизод бо он рах дар он шабурӯз бо ин нарх ин мағозаро намехарид. Як вақтҳо ин мағозаро Маъруф Орифов, соҳибкоре, ки шабакаи мағозаи «Орима» дар Душанберо ташкил карда буд ба иҷора гирифта буд.
Сирри 21 сол дар вазифа будани Бег чӣ буд?
Бег Сабур як корбудкунак шуд, корбудкунаки Оила. Масъалаи сохтмонҳо ва домҳои Бег Сабур аҷиб аст. Ин сохтмонҳое, ки дорад аксарияташон дасти дуюманд. Масалан Тахмина як домро мегирад. Вай вақт надорад, ки биёяду онро бисозад. Меояд Бегро фарёд мекунад ва ба Бег тахминан чунин мегуяд: «ана ҳамин дом дар фалон сомонӣ сохта мешавад, фалон сомонӣ фоида дорад. Баъди сохтмон ту моро 70- 80% бидеҳ. Бигир дигар корро шуруъ кун. Ягон кас аз ягон идора пеши ту намеояд».
Ин тарзи домсозӣ, навъи тиҷорати муосирро бо Бег ҳама аъзои оилаи Раҳмонов то Зоиру дигару дигараш ва то худи Азизмо анҷом медиҳанд. Тамоми ҳуҷҷату кришавату ҷой барои сохти домро инҳо-Тахмина, Азизмо, Рустам, Зоир ва дигару дигараш мегиранду таъмин мекунанд, Бег Сабур бошад корро буд мекунад. Яъне Бег Сабур корбудкунаки оила буд. Ҳам ба онҳо хизмат мекард ва ҳам худаш,бо 20-30%-и даромад аз сохтмони дом даромад дошт, даромади конкретӣ, бо гарантия ва бидуни кадом тафтишу санҷишҳо ва бидуни кори кадом комиссияи қабул. Барои ҳамин буд, ки бо ҳамин қадар ҷазириву вайронӣ ҳеҷ кас ҳеҷ чизаш намегуфт. Чунки он домҳо дар асл аз они худи Оилаанд.
Ана ҳамин аст розу асрори асосии Бег Сабур. Ва чаро вай бо ин ҳама қабоҳату ҷиноят муҷозот намешуд, домҳои каҷу килеби ғайристандартиаш қабул мешуданд, сабабаш ҳамин «бизнес»-и муштаракаш ба Оилаи Раҳмонов буд. Яъне Бег як гови душоии Раҳмонов ва оилаи вай буд.
Барои ҳамин касе натавонист, ба дасти Бег об резад, касе наметонад пишакашро пишт гуяд, буруташро табар намебурад. Оё масъала фақат қудоӣ аст, дар ҳоле, ки Зарина ҷудову Сиёвуш ҷудоанд.
Дар ҳақиқат ҳама дар ҳайрат буд, ки ин Бег Сабур чи дорад, ки ҳамаро тавонист яксараву якбара кунад. Зури касе нарасидаш.
Тоза фаҳмидем, ки ин домҳо аз они Бег Сабур набудааст. Ин домҳо дар асл аз они духтару зану домодҳои Раҳмонов будааст ва Бег Сабур фақат ходими онҳо будаву хидмат мекардааст. Чуноне мегуянд: « Ба номи кӣ, ба коми кӣ» Инки Раҳмонов ба Бег Сабур гузашт мекардааст, имтиёз медодааст, дар асл ба худашу баччаҳову домодҳояш гузашт мекардааст. Пулҳои Хадамоти алоқа, пулҳои Тоҷиктелеком ва пулҳои муштариёни домҳои Бег Сабурро барои сохтмони домҳои Тахминаву Зоиру Азизмо сарф мекардаанд. Мегузоштанд,ки Бег ғорат кунад ва дар биноҳои афроди ин оила сарф кунад. Дар охир худашон мефурӯхтанд хонаҳоро ва чанд дарсаде ба Бег медодаанд. Ин буд ҳаёти воқеъӣ ва пушти пардагии Бег Сабур.