Бори сафарро бастаи эй моҳи пурфайзи Худо.

Ислоҳ нет

Бори сафарро бастаи эй моҳи пурфайзи Худо.
Дилҳо пур аз андуҳу ғам азми сафар дори чаро?
Ёди хуши айёми ту ёди таровеҳу қиём.
Аз дил нахоҳед шуд бурун эй моҳи тақвою сиём.
Ёди саҳаргоҳу ғуруб ёди намози нимашаб.
Он беқарориҳои мо дар моҳи шаъбону раҷаб.
То ту биёи суи мо меҳмони дилҳомон шави.
Аммо чи зуд инҳо гузашт ҳоло ту дори мерави.
Афсусу сад афсус аз ин моҳе ки рафт эй дустон.
Афсус аз ин шабҳои қадр афсус аз ин умри гарон.
Ҳайрону дилхунам Худо ин лаҳзаҳои охираш.
Ҳайрон чу тифли бенаво дар ҷустуҷуи модараш.
Қадраш надонистему рафт ин моҳи Қуръону намоз.
Дарҳои дузах баста буд дарҳои ҷаннат боз боз.
Ё Раб Худоё дар гузар аз ин ҳама узру гуноҳ.
Аз ҷурму аз тақсири мо аз вопасин айёми моҳ.
Моро зи даргоҳат нарон танҳои танҳо мешавем.
Бо кула боре аз гуноҳ бадбахту расво мешавем.
Моро зи даргоҳат нарон шояд видои охар аст.
Ин шиша то соли дигар шояд ки афтоду шикаст

Илоҳи моро аз Рамазон хориҷ макун магар инки Ту моро бахшида боши. Ва мавриди афви хеш қарор дода боши ва ҳолати моро дуруст фармуда боши ва ҷисми ман ва падару модарам ва дустонам ва устодонам ва хоҳаронам ва бародаронам ва ҳама касоне ки ОМИН мегуянд аз оташи дузах озод карда боши. Омин ё раббил ъоламин.

Share This Article