Имрӯзҳо миёни ҷомеъаи мо муомилаҳои доду гирифт дар ҳолати на чандон хубе қарор дорад.Додани қарз ва дубора гирифтани он хело ҷанҷолҳоеро ба бор овардааст.Бархе дар мавриди бахшидани он қарзҳое солҳо қабл додаанд мепурсанд,ки чӣ савобе онҳоро интизор аст?Оё он қарзро талаб кунем ва ё онро бубахшем? Бархе дигар намехоҳанд бубахшанд, мехоҳанд он пулҳои додаашонро дар рӯзи қиёмат аз қарздор талаб кунанд.
Фазилати додани қарз
Бурайда (раз) мегӯяд: аз Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) шунидам,ки чунин фармуданд: “шахсе нигоҳ (муҳлат,ба ҳоли танги)-қарздоре мекунад, садақа аст барояш ба ҳар рӯзеки муҳлат додааст ба андозаи он қарз.” Пас аз он боз шунидам,ки фармуданд: шахсе нигоҳ (муҳлат,ба ҳоли танги)-қарздоре мекунад, садақа аст барояш ба ҳар рӯзеки муҳлат додааст ду баробари(он маблағи қарз)-и додааш.”Дар ин ҳолат аз Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) пурсидам: Чаро як маротиба мисли қарзаш гуфтед ва дар мартабаи дуввум ду баробари қарзаш гуфтед? Фармуданд:
“ барояш ба монанди он маблағаеки қарз додааст,то муҳлате барои қарздор гузошта аст ҳар рӯз(он миқдор) садақа аст.Аммо вақте муҳлати муайян гашта(барои пардохт) гузашт,дар ин ҳолат ҳар рӯз, ду баробари он маблағи (қарзи додааш) садақа аст”( ҳадиси саҳеҳ аст ва Албонӣ онро саҳеҳ гуфтааст)
Имом Муслим (раҳ) дар ривояти дигаре аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қарздеҳи муҳлат диҳандаро зери сояи Арши Аллоҳ рӯзи қиёмат гуфта аст.Инчунин дақиқан бо ин мазмун ривояте аз Имом Аҳмад,ки мазмуни ҳадиси аввалро ифода мекунад вале бо ин ривоят иктифо менамоям.
Пас шахсе қарзи ҳасана диҳад бародар ё хоҳари мусалмонашро,то мушкилашро ҳал намояд барояш барои ҳар рӯзи он қарзи додааш садақа маҳсуб мегардад.Яъне шахси қарздеҳ гӯё он маблағро ҳар рӯз дар роҳи Аллоҳ ба нодорону камбағалон садақа кардааст.Ҳангомеки муҳлати адои қарз расид вале шахси қарздор натавонист онро адо кунад,дар ин ҳолат барояш ду баробари он маблағ ҳар рӯз садақа дар номаи аъмолаш сабт мегардад.Пас бубинед,ки чӣ қадар аҷру савоб ва садақае ҳар рӯз анҷом додаед,бо додани қарзи додаатон!
Ҳукми шахси қодир ба баргардонидани қарз
Инчунин онҳоеҳам ҳастанд,ки қарзе гирифтаашонро намехоҳанд баргардонанд.Пас аз инки шахс қодир ба адои қарз шуд бояд онро ба соҳибаш баргардонад.Агар он қарзи гирифтаашро барнагардонид дар ин ҳолат он шахс гунаҳкор ва золим аст.
Дар ҳадиси саҳеҳе аз Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам),ки онро имом Муслим ривоят кардааст маънояш чунин аст.
Нигоҳдорандаи сарват ё мол зулм аст,пас ҳар вақтоки дар ихтиёратон моле даромад,ки шумо қодир ба адои қарз бошед пас дар ҳол қарзатонро пардохт намоед.(маънои ҳадис)
Баргардонидани ҳақ ба ҳақдор, дар рӯзи қиёмат
Рӯзи охират авф ва бахшиш аз бандагони Худованд дар дунё мебошад, чӣ аз бандаи мусалмон ва чӣ аз бандаи кофир. Дар он рӯз Худованд ҳаққи ҳар касеро аз дигаре хоҳад гирифт, ҳатто аз ҳайвонот. Чуноне, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудааст:
«Ба Худованд қасам, ки ҳуқуқро ба соҳибонаш дар рӯзи Қиёмат хоҳам пардохт, то қасоси гусфанди бешох аз гусфанди шохдор гирифта шавад». (Ривояти имом Муслим).
Касе, ки аз аҳли имон бошад агар ҳаққи касе бар гардани ӯст аз ҳасаноташ ба шахси талабгор дода мешавад ва агар тамом шавад аз гуноҳони талабгор бар гарданаш афзуда мешавад. Пас ҳар шахс дар он рӯз ҳаққи худашро аз дигарон хоҳад гирифт, дар воқеъ роҳи ҳали беҳтаре барои наҷот вуҷуд дорад, ки бисёре аз мардум онро нописанд мегиранд ва он иборат аст аз авф ва бахшиш аз дигарон дар ин дунё.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
«Ва бояд, ки афв кунанд ва даргузаранд,оё дӯст намедоред, ки Худованд шуморо биомӯрзад.» (Сураи Нур, ояти 22).
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло боз мефармояд:
«Пас ҳар, ки даргузарад ва ба ислоҳ оварад подоши ӯ бар ӯҳдаи Худованд аст». (Сураи Шӯро, ояти 40).
Дар ояти дигар Аллоҳ чунин зикр намудааст:
«Агар хайреро ошкор кунед, ё пинҳонаш доред ё аз бадие афв кунед, ҳар оина Худованд авфкунанда ва тавоно аст.» (Сураи Нисо, ояти 149).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд:
«Худованд раҳмат кунад мардеро, ки ҳангоми фурӯхтан ва харидан ва талаб кардан осонгир бошад».
Аз Абӯқатода (р) ривоят аст, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шунидам: «Онки хушаш ояд, ки Аллоҳӯро аз ранҷҳои рӯзи қиёмат наҷот диҳад бояд мушкили фақиреро бикшояд ва ё аз ӯ даргузарад ва қарзашро бибахшад.» (Ривояти имом Муслим).
Дар ҳадиси дигаре аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шунидам: «марде буд, ки ба мардум қарз медод ва ба ходимаш мегуфт: ҳар гоҳ назди тангдасте омадӣ аз ӯ даргузар, то шояд Худованд аз мо даргузарад, пас (ҳангоми маргаш) бо Худованд мулоқот намуд ва аз ӯ даргузашт». (Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим).
Аз Абӯмасъуд (р) ривоят аст,ки Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Марде, ки пеш аз шумо буданд, мавриди муҳосаба қарор гирифт ва барои ӯ чизи хайре дида нашуд ғайр аз инки ӯ бо марде муомала менамуд ва марди осонгир буд ва хидматгузорони худро амр мекард, ки аз нотавонии дигарон даргузаранд.» (Ривояти имом Муслим).
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд: «Мо бар ин кор аз вай сазовортарем, аз ӯ даргузаред».
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «Бандае назди Аллоҳ Таъоло оварда шуд, ки Худованд ба ӯ мол дода буд ва ба ӯ фармуд: дар дунё чӣ амал кардаӣ? Гуфт: (паёмбар) Худо чизеро пинҳон намекунад. Он мард гуфт: эй Парвардигорам ту молатро ба ман додӣ ва ман одати гузаштанро доштам ва бо сармоядор осонгирӣ намуда, тангдаст ва нотавононро муҳлат медодам. Худованд фармуд: Ман ба инкор аз ту сазовортарам аз бандаам даргузаштам ва ӯро бахшидам . Пас Уқба ибни Омир ва Абӯмасъуди Ансорӣ (р) гуфтанд: мо онро аз даҳони Расули акрам( саллаллоҳу алайҳи васаллам )шунидем».
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «касе, ки фақир ё дармондаеро муҳлат диҳад ва ё аз қарзи ӯ кам кунад, Худованд ӯро дар рӯзи қиёмат дар сояи арши хеш ҷой медиҳад, дар рӯзе, ки сояе ҷуз сояи ӯ нест». (Ривояти имом Тирмизӣ).
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: «ҳеҷ садақае молро кам нахоҳад сохт, ва Худованд ҳеҷ бандаеро дар баробари афву бахшишҷуз иззат намеафзояд ва ҳеҷ кас барои Худованд фурӯтанӣ намекунад, магар инки Худованд ӯро баландмартаба менамояд.» (Ривояти имом Муслим).
Дар натиҷа аз ин оёт ва аҳодис бармеояд, ки афв ва бахшиш аз бандагон иззат, сарфарозӣ ва наҷот дар дунё ва охиратро дар бар хоҳад дошт. Албатта аҷр ва подоши афву бахшиш ва ҳамчунин тамомӣ корҳои хайр дар рӯзи қиёмат барои аҳли тавҳид мебошад, зеро касе, ки бо ширк ва куфр бимирад дигар роҳи наҷоте барои ӯ боқи нест, вале агар дар дунё аз аҳли хайру караму садақа бошад, Худованд ҷазои некӯкориашро ҳатман дар ин дунё хоҳад дод.Умед аст аз ин мақола нафъе гирифта бошед.Аллоҳ моро аз ҷумлаи бахшандагон гардонаду,дар охират аз мо даргузарад.
Муҳаммадиқболи Садриддин