Тоҷик аз болшевик мустақил шуду мустамликаи оилаи меншевик шуд
Дар тамоми нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ- автозаправкаҳои Тоҷикистон, то дурдасттарин, куҳистонитарин рустоҳо «чип» насб шудааст.
Дар тамоми гузаргоҳҳои марзӣ барои вуруди мошинҳои ҳомили молу коло «терминал» сохта шудааст. Бе онки бигӯям ин чип ва ин терминал ба кӣ таааллуқ дорад, худатон фаҳмидед. Ба ширкати «Фароз»-и Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов, шавҳари Рухшона Раҳмонова, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир. Инҷо метавон боз ҳам аз айни ин «бизнес»-ҳои бешумори ин шавҳардухтари Раҳмонов мисолҳоеро зикр кард, ки ҳосил ва самараи сивуяксоли истиқлолияти давлати Тоҷикистон аст. «Бизнес»-ҳое бо даромадҳои миллиониву миллиардӣ. Барои ҳамин аст ки Раҳмонов ин ҳама аз Истиқлол табли шукрона менавозаду «рақс бошад….суруд бошад»,мегӯяду мастона мерақсад.
“Шамсулло як намуна аст, як намунае, ки ин мулк ва ин мардум бо чи наҳву навъе тороҷ мешавад, ғорат мешавад, ба яғмо меравад. Кишвар ба кому номи Раҳмонов ва хонаводаи вай фуру меравад. Тамоми аъзои хонаводаи вай айни Шамсулло «бизнес»-ҳое доранд, ки ё мутаалиқ ба мардум буданд ва ё моли давлат.”
Ин «чип»-ҳо аз ҳар литри бензину соляркаи автозаправкаи хусусӣ, ки бо пули як нафар сохта шудааст, аз бензину соляркаи соҳиби ин нуқтаҳои фурӯш дирамакҳое ба ҷеби Шамсулло мерезад, ки он ба миллионҳо табдил мешавад. Ва,дар он «терминал»-ҳо тамоми мошинҳои боркашонӣ, ки вориди қаламрави Тоҷикистон мешаванд,ҳатман таваққуф мекунанд, то мадраки гумрук ба даст оваранд. Шарти гирифтани асноди гумрук пардохти ҳатмии доллар ба соҳиби ин терминал аст. Ин долларҳо ҳам мустақим мераванд ба ҷеби ҳамин Шамсулло.
Бале, ин аст ки Раҳмонов бо овози баланд аз Истиқлол шукрона мекунад.
Ба як калом Тоҷикистон ва мардуми он аз қайди Кремл истиқлолият гирифтанду дар чанги Раҳмонов заданд.Раҳмонову дору дастааш мардумро «чип» заданд.
“Раҳмонов истиқлолиятро ҷашн мегирад, мардум чиро ҷашн бигирад? Муҳоҷиратро? “Чип”-ро? Дар Тоҷикистон Маскав ба Данғара иваз шуд. Раҳмонов аморат мекунад, чун мустақил аст вале мардум, ки муздур шудааст. Муздури кӣ ва куҷо? Халқи тоҷик аз юғи Маскав раҳо шуд? Ё бадтар шудааст?”
Ин ҳарфҳо саҳлу сода нестанд. Воқеияти сивуяксоли истиқлоланд, ки ба ҷуз аз хонаводаи Раҳмонову чанд пасраву пуштакрав ва чанд лесаки дигар аз он баҳра набурд.
“Феълан давлати Тоҷикистон ғайридавлатӣ, хусусӣ-приватизатсия шудааст. Давлат,ба маънои давлат вуҷуд надорад. Магар давлат шаҳрвандони худро мепарронаду мекушаду дар саросари олам ва ба вижа Русия,ки ҷойи пайдои обу нонаш шудааст,таъқиб мекунад? Раиси давлат ошкоро эълон мекунад, ки ман фармон додам, помириҳоро бикушед!!”
Тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ, чи иқтисоду чи иҷтимоъ, чи сиёсату чи фарҳанг дар дасти ҳамин як Раҳмонов аст. Забту тасаллути мамлакат аз тарафи вай идома дорад.Вайро таъриф кунед(Ато Мирхоҷа) бо фармони вай халқи худро кушед(Алишери Мирзонабот)ҷоиза мегиреду рутбаи боло!
Боре ба худатон савол кардед, ки бугзор, ин истиқлолият муфт ба даст омада бошад ҳам, аммо он аз кӣ гирифта шуд? Ҳиндустон истиқлолияти давлаташро ҷашн мегирад, чун аз мустамликаи Британияи Кабир наҷот ёфт.Ҳамин тавр Алҷазоир аз Фаронса.Мо аз кӣ ва аз куҷо наҷот ёфтем? Дуруст аз Русия. Вале мо ҳоло бидуни Русия ва бе Русияем? Миллионҳои мо дар Русияанд,муздурӣ мекунанд,ҳаммолӣ мекунанд, пул меёбанд ва мардумамонро мехуронанд. Садҳо ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ ҳавас мехурад, дар орзуи дарёфти мақоми шаҳрвандии Русия аст. Саф ва навбати тоҷикҳо дар назди сафоратхонаи Русия барои ширкат дар барномаи «Переселение» ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст. Деҳаҳо доранд ба куллӣ холӣ ва бемористонҳо бидуни пизишк мешаванд.Ҳама Русия меравад. Касе намегӯяд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дорем, шукр бояд кард, ки давлат дорем, вагарна дар СССР ҳамаи ин чизҳо буд: орд, нон, шакар, руған ва арзон ҳам буд, мегӯяд як мутабаҳҳире, ва ончунон бо эҳсосот аз истиқол бунёд мекунад, ки ту гӯӣ Тоҳири Абдуҷаббор бошад, ки ҳарфи истиқлол дар забон вале бо ҷайби тиҳӣ ҷон ба ҳақ таслим кард.
“Саволро дуруст мемонанд, ки агар биҳишти рӯи замин аст, пас чаро аз биҳишт бошандагонаш мераванд? Вале чаро аз Раҳмонов касе намеравад? Раҳмонов Тоҷикистонро барои худаш биҳишт кардааст,барои мардум барзах.”
Онҳо, ки мераванд, садҳо, ҳазорҳо, садҳазорҳо ҳиҷ парвои Истиқлол надоранд, чун дар давлати соҳибистиқлолашон барои онҳо шароити зистан нест. Ҳамаи шароитро Раҳмонов ва қавми яъҷуҷу маъҷуҷи вай гирифтааст.
Бор, худоё вақте суҳбатҳои ин чоплусаки пуштлесакро мебинам, ки давлатмарду давлатсозу ниҳодинаву балову батари дигар мегӯяд, дар ҳайрат мемонам.
Акнун Ҳасани даҳмарда омадааст, ки бозори Панҷшанбеи Хуҷандро мегираду навсозӣ мекунаду ба шароити замони муосир мутобиқ месозад.
Зоири калтаи шӯи Фирузаи духтари Раҳмонов омадааст, ки Зумратро дар Исфара бигираду хушрӯ кунад.
Таҳмина Садбарги Душанберо гирифту ремонт кард.
Роҳи Душанбе-Хуҷандро Ҷамоллиддин бояд «нигоҳубин» кунаду пули мардумро биситонад ва ҳазору як талбису тазвири дигар ва инҳо ҳама шуд Истиқлол ва шукронаи истиқлол ва натиҷаи сивуяксоли истиқлол. Талабаи синфи 1-и Тоҷикстон имсол наздик ба 250 ҳазор будааст. Ҳамаи инҳо ба маблағи 120 сомонӣ справка мегиранд аз ширкати Фароз, ки сиҳату саломатанд. Медонед? Ин ширкат аз ин кудакони 7 сола 30 млн сомонӣ ҷизия ё дан гирифт. Оё ин кудакон ҳам ғуломони даврони истиқлолиятанд? Маълум аст ки бобою бибиву падару модарҳояшон ғуломони даврони истиқлолиятанд.“Чипӣ”-анд. Пас,чаро Раҳмонов аз истиқлол шугрона накунад? Дигар ҳиҷ гоҳ намегуяд, ки дар авлодамон як ман дипломдор будам.Акнун музейи ӯро мекушоянд, акнун ба номи вай деҳаву ҷамоат мегузоранд, акнун аз тани вай китоб менависанд, акнун ҳузури вайро дар расми корандозии корхонаҳо боиси ифтихор мешуморанд ва ….ҳамин гуна корҳо.Пас, чаро Раҳмонов аз истиқлолият шугрона накунад?
«Масчид омадӣ,намозата хону рав хона,нашин дар масчид….» …. «Дар сиёсат қуш нашав,дар кори давлат қуш нашав,қуш шудӣ ҷойи ту зиндон»…. «Шавҳар накардаӣ….чанд забона медонӣ….аҳсан,аҳсан…мушовире ҳастетон-мӣ? навишта гиретон….вақте вай шуд …ман худам… вай мекунам….дастгирӣ кардан даркор….»
Раҳмонов истиқлолиятро аз мардум дуздид. Ҳоло ҳарчизе бихоҳад, ҳар коре карданист, муҳайё мекунанд, иҷро мешавад. Дар биҳишт зиндагӣ дорад.
Аммо авзоъи халқ чи гуна аст? Авзоъи мамлакат чи гуна аст? Парво надорад, чун «ҳамакаса хубанд…онҳо метавонанд»
“Корҳои Рустам ба дараҷаи олӣ. «Сиёма», «Авестогрупп», «Мармарӣ», «Душанбе ситӣ» ва даҳҳову даҳҳои дигар.Ҳоло дигар дар рӯи мизи нишасту маҳофили расмиву ғайрирасмӣ «Сиёма» «Оби зулол»-ро берун кард,ҳамчунони «Сомонайр» «Тоҷикайр»-ро.Яъне,ин давлатсоз,ин давлатмеҳвар давлатро ҳам бар манфиати худу оилааш «янима» карда истодааст.”
Раҳмонов шукр накунад Абдуллоҳи Раҳнамо шукр кунад?
Телевизорро кушову бубин: 24 соат Раҳмонов, радиоро кушову бубин 24 соат Раҳмонов.
Ҳамаҷо анҷумани Наврӯз аст Тоҷикистон ватани Нав—эээ ….Раҳмонов аст.
“Барои ҳизби халқи демократӣ бинои наву хуштарҳи замонавб бо …утоқи корӣ…китобхона, зал сохта шуд. Ба ёди СССР намеафтед? Чаро бояд телевизион танҳо ҳамин ҲХДТ-ро гуяду аз аҳзоби дигар нагӯяд? Чун ТВ-ҳо ҳам аз они Раҳмонов аст, ҳамонгуна ки Сафеддара дар Варзобро ҳам ба касе нагузошту гирифт.Ҳамаи мову шумо ҳам аз они Раҳмонов шудаем.На танҳо заправкаҳо дар худи мо ҳам “чип” задааст.”
Раҳмонов дигар ҷойи Русияро гирифт. Агар1миллион тоннаи пахтаи тоҷик ба Русия мерафт ҳоло тамоми он хоҳ сад тон ё 400.000 тонн дар ҷайби Ҳасан мерезад.
Агар дар шӯравӣ 500.000 тонна алюминй Маскав мерафт ҳоло ҳар онизе ҳаст онро Раҳмонов обу лой мекунад. Агар чандин ҳазор ҷавон то Читаву Магадану Курилу Ленинграду ғайраву ҳоказоҳо хидмати сарбозӣ мерафт ҳоло ҳама аскарҳо ба Раҳмонов хизмат мекунанд.
“Раҳмонов ҳар аз гоҳе, ки аз истиқлолият ҳарф мезанад шираву шарбаташ дар даҳони Абдулло Раҳнамо мазза медиҳад. Ҳай мелесаду мелесад.Мегӯӣ дар даҳанаш коғазпечи маккунахои ҳулбуӣ дорад.”
Баъд истиқлолро тафсиру таъвил мекунад. Агар масъала орд буд, агар шакар буд, агар намак буд…..Охир, бале, агар ин заруриёти зиндагӣ таъмин набуд, «рақс бошад, суруд бошад» ба дарди кӣ мехурад?
Агар аҳзоби мухталиф набуд,агар игарандешон набуд,агар матбуоти озод набуд,агар интихоботҳо озод набуд…ин истиқлолият ба дарди кӣ мехурад? Ниёзи киро бароварда мекунад?
“Бузургтарин корхонаи санъатӣ ва соҳаи асосии кишоварзии кишварро, ки 40% бюҷети давлатро таъмин мекард аз байн бурд, нобуд кард. Инро намегуяду афсона мехонад. Одам то чи андоза бешарафу беномус мешавад, ки мешинаду мебинаду аммо дурӯғ мегуяд? Кадом давлату давлатдорӣ? Рустамро дар ҷойи худаш меоварад,танҳо ба ин хотир,ки медонад мардум ҳанӯз ҳам таҳти таъсири ҷанги шаҳрвандӣ аст.”
Ҳоло пурсиш ин аст ки бо гузашти сивуяк сол аз замони касби истиқлол мо аз Русия озод шудем? Агар озод шудем, чаро «руский язык» забони муоширати байни миллатҳост? ва агар раҳо шудем чаро соли 2023-ро Раҳмонов соли забони урусӣ эълон мекунад? Чаро Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад? Вақте Путин бо такаббур мегуяд, ки забони урусӣ ҳамоно ба унвони забони муошироти байни миллатҳо дар Тоҷикистон аст ва Раҳмонов соли 2023-ро соли забони урусӣ эълон мекунад, Шойгу дар садади тақвияти пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон аст, чи тавр мо мегӯем, ки давлати мустақил ҳастем? Вақте миллионҳо тоҷик дар Русия нонковӣ аст чи гуна мо мустақил ҳастем?
“Мо, зоҳиран мустақил ҳастем. Аммо амалан аз давраи шӯравӣ ҳам жарфтар ба тасаллути Русия фуру рафтаем. Акнун ихтиёрӣ ва бо камоли майл ба самти Русия меравем. Мегӯяд,ки калон мешавам,мактабро тамом мекунам,меравам назди отаам Русия,пул меораму Опел мехарам.Чунки тамоми ин ҳама муддати истиқлол Раҳмонов фақат ва фақат дар фикри танҳо хонаводаи худ ва дар қудрат мондани худ аст.Ламбарҷин, Кадилак, Ландкрузер,….ва ғайраву ҳоказо ҳай мекунад. Э…инҳо дигар ҳиҷчӣ.Рустам самолетчаи худашро дорад.Дар 8 миллион доллар туҳфааш карданд.Сувор мешаваду Данғара меравад,як ҳимсинфои собиқаша зиёрат кунад”
Раҳмонов аз истиқлолият он қадар суиистифода ва суиистеъмол кард, ки 70 соли ҳокимияти хуҷандиҳо пеши ин нол шуд. Абдуллоҷонов дигар дар пеши Ҳасану Ҷамолиддин ё Шамсулло он су истад дар пеши Исмоил то андозаи як моҳичаи кӯл хурд шуд.
Раҳмонов, ҳукуматро, сиёсатро, озодиҳоро, аҳзобро, матбуотро, дину мазҳабу масҷидро, хуллас, ҳамаҳамаро аз они худ ва барои худ кардааст: “Тоҷикистон аз манӣ!!! Ҳамаи инҳо молу мулки Раҳмонованд.
“Ҳоло бишинеду бияндешед,ки дар ин сивуяксоли истиқлол дар зиндагии ҳар як нафари Шумо чи тағйирот омад? Албатта,литсеи Раҳнаморо намегӯем.Хуб,дар худи шумо чизе иваз шуд.Дар ҳамсояи паҳлуӣ ва рӯбарӯятон чи чиз беҳбуд ёфт?Дар умуми мардум чи шуд?”
Агар соҳиби истиқлолед чаро бояд ба кори давлат қуш нашавед? Магар давлат танҳо аз они ҳамин як Раҳмонов аст? Чаро бояд тамоми Тоҷикистон коре бикунад, ки Раҳмонови шоду хурсанду боз ҳам шодтару хурсандтар шавад,то абад, абадӣ хурсанд бошад?
Аз онки аз Русия озодӣ ба даст овардаву мустақил шудед,мустақил ҳастед.Ҳоло ба чанги кӣ афтодед?
Ҳатто наметавонед, ки «ден рождений» доир кунед.Ман гуфтанӣ нестам, ки СССР хуб буд,аммо вақте Раҳмонов намегузорад, ки мардум ба фарзандаш бинои мусулмонӣ омузад,ин чи Истиқлол аст?
“Мушкили мардуми тоҷик истиқлол аз Раҳмонов аст. Бояд аз Раҳмонов истиқлолиятро гирифт, истиқлолиятеро гирифт,ки ба нафъи миллат,мардум ва давлат кор кунад, на ба манфиати танҳо Раҳмонов ва хонаводаи вай. Истиқлоли Тоҷикистон вақте фаро мерасад ва ба даст меояд,ки Раҳмонов набошад.Раҳмонове, ки дар забон аз истиқлолият, аз озодӣ гап мезанад вале ҳамоно шеваи роҳбарони шӯравӣ, ҳамон Леонид Илич Брежневро, ки то мурдан аз устал нахест, такрор мекунад.”
-мо аз Русия мустақил ва мустамликаи оилаи Раҳмонов шудем.
-мо мустақил аз истеъмори аҷнабӣ шудем вале истеъморгаре бадтар аз аҷнабӣ моро хору залил кард.
-эъломияи истиқлолиятро беҳтаринҳои ин миллат имзо карданд вале онро як аҷиршудае ба нафъи оилаи худ кард.
-қаҳрамонони миллати мустақилшударо кушту зиндонӣ кард ва худро қаҳрамону пешво унвон дод
-дар мустамлика буданамон чунин хору залилу муҳоҷиру муздур набудем,ки дар даврони “истиқлолият” шудаем
-аҷнабиёни истеъморгар моро террористу экстремист унвон накарда буданд, ки ӯ моро эълон карду дар ҷустуҷӯ қарор дод.
-аҷнабиёни истеъморгар ҳамин сарзамини зери истеъморашонро ба дигарон надоданду инъом накарда буданд, ки ӯ карду шарм ҳам надошт.
-ҷавони ин миллатро аҷнабии бегона зиндонию бадарғаю ба қатл нарасонида буд, ки ӯ карду мо хомӯш нигоҳ кардему қарсак задем.
Бале, ӯ моро ғулому бардаву бе ҳуввият кард вале мо ва ту хомӯш нигоҳ кардему дастҳоямонро пеши бар гирифтем. Мо аз кишвар фирор кардем ва боз аз хориҷ ҳам моро боздошт карду бурду зиндониямон кард вале боз ҳам интизори касе, қуввае, давлате, муассисае нишастаем.
Моро ҳеҷ давлате, муассисае, қуввае аз ӯ наҷот намедиҳаду мустақиламон намекунад ба ҷуз аз худи мо!
Мо,бояд “чип”-и Шамсуллоро аз автозаправкаҳо ва “чип”- Раҳмоновро аз худамон барканем!!!В-онгаҳ мо мустақил ва соҳибистиқлолем!