Досияи сиёҳи амири Дарбанд Дӯстзода Ҳасан Тағдир

Ислоҳ нет

 

Досияи сиёҳи амири Дарбанд Дӯстзода Ҳасан Тағдир

(бахши аввал)

2 январи соли 1974 дар деҳаи Себаки ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1996 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро бо ихтисоси “Муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ” хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1997-1998 ба сифати раиси Иттифоқи касабаи соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод оғоз намуд. Баъдан дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи дуюми шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанд, мутахассиси дараҷаи аввали шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанд ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанди кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2006 то 2010 раиси ҷамоати деҳоти Комсомолобод ва солҳои 2010 то 2015 ҳамчун муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод адои вазифа намудааст.

Бо фармони Фиюрер аз 28 апрели 2015, №473 дар мансаби раиси ноҳияи Нуробод таъин карда шуд.

Мушовири давлатии дараҷаи 2 мебошад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод интихоб шудааст.

Бо Фармони Фиюрер аз 11.07.2016, №723 бо медали «Хизмати шоиста ба оилаи пешво» мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин, «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги ҷумбон ҷумбони Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, бо медалҳои ҷашнии «100-солагии Матбуоти тоҷик дар фанни маддоҳи», «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945», «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» «20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», чи иртибот дорад ба инҳо намедонем «25-солагии ТҶММ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Барои мусоидат дар чоплуси ва маддоҳи» ва нишони ҷашнии «80-солагии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст. Аъзои ҲХДТ. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

 

Оғози досияи сиёҳи Дӯстзода Ҳасан Тағдир

 

Ин навбат аз раиси ноҳияи Нуробод хоҳем гуфт. Аз он мегӯем,ки ин камбағалбачаи кашталканда ,ки ҳар чизе дошт, дар даруни ҷайбҳояш буд ва беш аз он чизе аз молу ҳоли дунё надошт ва вақте ҳам ба мақоми раисии ноҳияи Нуробод расид, чизе надошт ,мошини савори ҷойи худаш, чи тавр дар як фурсати андак соҳиби Лексуси GX 470 шуд ва номерҳои крутой ҳам гирифт: -6111. Ин кас «одами президент» Дӯстзода Ҳасан Тақдир мебошанд. Ҳоло дар километри 9уми Душанбе соҳиби як коттеджи воҳима ҳам шудаанд. Дуруст аст,ки Лексуси раис нав нест ва ба садҳазор аз ҳисоби «обул ой»-и Раёсати молияи ноҳия, ки Сафар раиси он буд аз бозори мошини пойтахт харидааст.

 

Ҳама ончи мегуем хонандаи гиромӣ номаҳои шикоятии мардуми ғаюри ин ноҳия аст,ки онро тақдиматон менамоем:

 

Хариди мошин аз ҳисоби пули бюҷети ноҳия, ки ночизтарин бюҷети як ноҳия дар Тоҷикистон мебошад,танҳо ҷинояти молиявии Дӯстзода ва раиси молияи ноҳия нест. Дӯстзода,ки воқеан ҳам муҳтоҷ ва фақири бенаво буд ҳамроҳи Сафари молия аз бюҷети корхонаҳову беморхона ва маорифу шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ қайчӣ мекарданд. Вақти тақсими квотаҳои президентӣ мудири шӯъбаи маориф ҳақи гапзанӣ надошт: ставка ва нархи квотаҳоро худи раис муқаррар карда ва худаш мефурӯхт. Ҳар гоҳе ягон намояндаи Душанбе ояд ӯ баҳона карда ба раисони ҷамоатҳо дастур медиҳад, ки барои қабули гусели меҳмонҳо пул ва ё гусфанд оваранд. Раҳмонов соли гузашта ба манотиқи шарқи кишвар аз ҷумла ноҳияи мо ҳам сафар дошт. Омадани вай барои Дӯстзода ками кам аз 200 ҳазор сомонӣ даромад овардааст. Вай аз ҳар сари аҳолии ноҳия 10сомонӣ ҷамъ кард.

 

Гузашта аз ин ба соҳибони мағоза, доруфурӯшиҳо, чупонҳо андози алоҳида ҷорӣ кард. Ҳатто кор ба дараҷае кашид, ки аз мактабҳо тавассути талабҳо бонкаи консерва ва аз хонаҳояшон мевагӣ бепул гирдоварӣ кард. Баъдан шунидем, ки ин ҳамаро бурда дар Душанбе дар бозори Меҳргон фурӯхтааст. Дар мавриди инки, то омадани Раҳмонов ба ноҳияи Нуробод мардуми ноҳия тақрибан як моҳ пас аз шом аз хона баромада наметавонистанд. Мардумро ҷамъ намуда гуфта буданд,ки «пешво» меояд агар пас аз шом касеро дар берун бубинем бе пурсиш мепаронем ва нагуед,ки огоҳатон накарда будем.То омадан ва рафтани пешво ҳолу рӯз надоштем,омаданш азоб,пешвозгирияш мусибат,намояндааш аз худаш бадтар аст.

 

То омадан Барои роҳи Нуробод –Душанбе аз ҳама хоҷагиҳои ноҳия пул ҷамъ кард, моли калону майда гирифт ва сипас бо ин қаноат накарда сари ҳар хона боз 20 сомонӣ андоз муқаррар кард. Ноҳия 75.000 аҳолӣ дорад. Ҳисоб кунед,ки чи қадар маблағ ҷамъ овард.Аммо ин қисмати роҳро Ҳоҷӣ Раҳими ғармӣ бо писаронаш асфалтпӯш карданд, аз ҳисоби худашон, бо тамоми хароҷотаҳояш. Ёдатон бошад Раҳмонов ӯро ташаккур кард,ки барои диёраш чунин ободӣ кардааст. Аммо ин ҳама маблағу молҳои ҷамъовардаи Дӯстзода куҷо шуд, номаълум аст.Ва Раҳмонов ҳам як бор намепурсад,ки ту чи кор карда истодаӣ? Чаро мардумро ғорат мекунӣ?

 

Як майдончаи варзиширо ҳам ба муносибати пешвози Раҳмонов сохтанд. Аз бюҷет ва аз мардум боз ҳам пул ҷамъоварӣ карданд. Аммо маҳсулоти ин майдончаи варзиширо чанд нафар тоҷирҳо дастрас намуданд. Сохтмони худи майдонча тавассути мардум ва ҳашарӣ халқӣ ба анҷом расид. Ҳатто як бор ҳам дега ба кафлес назад. Ду кило қанду ним кило чой ҳам наовард. Мардум аз ҳисоби хуадшон хӯрдаву ин майдончаро сохтанд. Аммо ҳудуди 70 000 сомониро аз ҳисоби ин майдонча ба кисааш зад.

 

Манзар Валиев,ки раиси Кумитаи заминсозии ноҳия буд, барои пораи зиёд гирифтан дастгир шуд. Манзар ҳама санадҳоро барои заминфурӯшӣ омода мекард, аммо баъди имзои раис ин санадҳо ҳукми қонунӣ мегирифтанд. Барои ҳамин дар ин тиҷорат Манзар якҷо бо Дӯстзода амал мекарданд. Манзар аз тарафи Раёсати Оҷонсии мубориза бо коррупсияи минтақаи Рашт боздошт шуда буд. Вақте ӯ ба даст афтод Дӯстзода меҳмонхонаи давлатии ноҳияро хусусӣ карда ба сардори Раёсати Оҷонсӣ тӯҳфа мекунанд. Зеро дар сурати зиндонӣ шудани Манзар Валиев Дӯстзода ҳам ҳамроҳаш мешишт. Манзар пайғом мефиристад,ки ба раис бирасонед, ки маро аз инҷо берун оварад. Ман фараи оби инҷоро надорам. Ман ин пулҳоро тоқа нахӯрдаам. Агар хоҳад, ки дар бало назанад маро барорад аз инҷо. Ва раис роҳи наҷотро дар ҳамин меҳмонхонаи ҳукумати ноҳия мебинад. Меҳмонхонаро доданду Манзарро озод карданд. Ҳамин тавр ҳар коре ва ҳар чизеро, ки бо маблағ вазну чен мешавад ҳатман Дӯстзода дар он шарик мешавад.

 

Барои таъмир тармими ягона мактаб- интернати ноҳия аз соҳибкорҳо хеле сум ҷамъоварӣ мекунанд. Афзал,директори мактаб-интернат ин маблағҳоро ба дасти раиси ноҳия вақте бо мошинаш ба Душанбе мерафт медиҳад. Аммо ҳатто ҳамин суми ҳаққи сағираҳоро ҳам Дӯстзода мехурад ва ҳатто барои ин мактаб бӯр намеоварад ягон чизи дигар ҷой худаш.

 

Дӯстзода духтарашро ба шавҳар баровард. Домод писари раиси ноҳияи Тавилдара. Як ҳафта тӯй шуд. На танзим риоят шуду на қонун. Гӯшти оҳуву кабку марғи даштӣ ҳам рӯи хони арӯсии духтари раисро оро медод. Албатта барои меҳмонҳои хос. Сабти навори арусӣ дар дасти мо қарор дорад ва дар сурати лузум онро расонаи мекунем.

 

Соли гузашта дар бораи даъвати баҳории аскарон дар Нуробод дар шабакаҳо навишта буданд. Дар ҳақиқат дарҳои масоҷидро бастанд.Мӯсафедҳоро дашному таҳқир карданд. Шарт гузоштанд,ки то нақшаи даъват иҷро нашавад,масоҷид боз намешавад.Вале боз пул гирифтанд. Мардум пул ҷамъ карда доданд. Кор ба ҳадде кашид,ки муаллимҳо ва духтурҳоро аз паси ҷавонон ба теппаҳо фиристоданд ва онҳо теппаву пушта ба ҷавонони синни даъват мекофтанд.Имсол аз моҳи феврал облава дар ноҳияи Нуробод шурӯъ шуда буд ва нархи як аскарбача аз 5 ҳазор сомонӣ,то 14 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд.

 

Хеле аз пулҳои бюҷети ноҳияро ба суратҳисоби КЖКП гузаронида сипас аз онҷо мегирад.Зеро раиси он додари худи Дӯстзода аст. Муҳосиби КЖКП Муқим ном дорад,ки ӯ ҳам дар дуздиҳои раиси ноҳия ва раиси КЖКП нақши калон мебозад ва инчунин бо номи Мулло Муқимҳам ӯро мешиносанд. Агар шарик набошад чи тавр як бухгалтер метавонад соҳиби РАФ-4и нав ва Мазда- Ҷип бишавад ва боз ду зан ва чандин фарзандро бихуронад? Вай ҳамқишлоқи раис аст.

 

Дар мавриди Эмом,ки тамоми сохтмонҳои ноҳия аз дасти Эмом мегузарад ва читавр пас аз ордени шараф гирифтани Ҳасан Дӯстзода бо раиси интернат дар тарабхонаи «Якачинор»и Душанбе нишаста ва бо як депутат дуздиҳои Дӯстзодаро дуруст мекунанд ва Эмом кормани Дӯстзода ва шафкаҳои гирду атрофи ӯ мебошад,дар он нишаст чи гузашт пас аз нушиданҳои пирӯзияшон бар алайҳи мардуми мазлуми ноҳия.Дар нашрҳои баъди муфассал онро хоҳем гуфт,то қазия комилтар гардад.

 

Инро мехоҳам биафзоям,ки дар шаҳраки Дарбанд об нест. Ҳатто ҳамшираҳои шафқат ва санитаркаҳо дастӣ об мекашонанд. Вале хонаи раиси ноҳия об дорад. Чунки ҳамаи обро маҳкам мекунанд ва лӯлаи об ,агарчи сари ҳар хона сесад долларӣ ҷамъ карда кашида буданд, чи мушкиле дорад,ки обаш кам аст. Аммо онро танҳо худи раис истифода мекунад. Ҳатто беморхона аз об маҳрум аст. Раиси ноҳия мисли рекэт аст. Ҳар куҷо мағоза ва ё аптекае дарояд пул намедиҳад. Хокзанҳояш мегӯянд, ки мо медиҳем аммо бо раис мераванд ва аслан дигар тоб намехуранд.

 

Дар мавриди вазъи вахими масоҷид дар ноҳия ва бастани онҳо аз тарафи Дӯстзода,ки худаш набераи Домулло Дӯст аст хело фоҷеъабор аст.То ҳоло маълумот аз ҳафт масоҷиди ноҳия бароямон расидааст,ки бо фармони Дӯстзода дарҳояшон муҳр зада шудаанд.

 

Дар шӯъбаи дини ноҳия пеш аз Музафаров Эраҷ, Қувватов Давлат сардор буд,ки одами хушсавод ва боодобу бомуомила буд. Дасти тоза дошт, ришвахор набуд. Аммо раиси барои он ӯро аз вазифа гирифт,ки ҳамин гуна одам набуд. Намегирифт ва намедод. Сардори шуъбаи дин ва танзими анъанаи имрӯза Эраҷ Музафаров ҳар чизе,ки раис бифармояд ду даст пеши бар давон-давон иҷро мекунад.Бале ҳамон Эраҷ Музафарове, ки дар бастани масҷиди ҷомеъ дар баҳори соли 2019 барои буд нашудани даъват ба саффи қувваҳои мусалллаҳ ва манъи намози ҷумъа дар ноҳия номаш расонаи шуда буд худи худаш аст. Дар мавриди доляҳо аз ҳар ҳоҷи шаванд дар мақолаи қабли маълумот дода будем онро такрор намекунем.Аммо маълумотҳои ҷолиби дигар дар мавриди ин корманди кумитаи дин ва ҷиноятҳои корупсионии ӯ бо Дӯстзода дорем ва онро ҳам муфассал тақдиматон менамоем.

 

Хонандаи азиз,албатта ин кору кирдори Дӯстзода Ҳасан Тағдир ҳоло дар тамоми навоҳии кишвар ба як амр ва одат табдил шудааст. Дар ҳама ноҳияҳо ба ҳамин минвол, ҳақимардумхӯрӣ ва ришваву фасод, ноадолатӣ аз тарафи намоянда ва масъулони ҳукумат идома дорад. Мо барои ифшо ва дастраси ҳамагон кардани ҷиноятҳои онҳо ҳамроҳи шумо хоҳем буд. Бинависед, дар тамос шавед.

 

Дар бораи Дӯстзода Ҳасан Тағдир бошад тоза шурӯъ кардаем. Барои ҳамин мегӯем,ки давом дорад,агар шоҳиди ҷинояти Дӯстзода ва мақомоти даврубараш бошед нависед,то онҳоро миллат дона два ҷинояткоронро шиносанд.

 

Поёни бахши аввали «Досияи сиёҳи амири Дарбанд Дӯстзода Ҳасан Тағдир”

 

Share This Article