Дуъо силоҳи муъмин аст

Ислоҳ нет

Дуъо силоҳи муъмин аст

(агар хоҳиши мусаллаҳ шудан дорӣ пас бихон)

Дуъо набзи ибодат ва боғи дилҳост. Дуъо ҷаннати дунё, ибодати осон ва мутлақест, ки ба замону макон ва ҳоле вобастагӣ надорад. Дуъо душмани сарсахт ва қасамхӯрдаи балост. Дуъо сипар ва ҷавшани анҷомдиҳандааш буда, инчунин муолиҷакунандаву манъкунандаи фуруди балост, дар айни ҳол агар таъхир дар дуъо сурат гирад зарараш бар шахсе, ки зери уқубати бало қарор бояд гирад кам мегардад.

Паёмбари мо Муҳаммад (салавоту дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамеша ҳарис буданд, ки Аллоҳ дуъояшро пазирад ва қабули даргоҳаш намояд. Аз шайтон ва васвасаҳояш ба сӯйи Аллоҳ паноҳ талаб мекард, то дуъояш мустаҷоб гардад. Дар ҳоле яқинан дуъояш бидуни ҳеҷ тардиде мустаҷоб буд, вале ин ҳама барои он буд, ки барои мо умматонаш нишон диҳад, ки бандаи Аллоҳ аст ва ҳаққи бандагиашро ба ҷой меоварад. Инчунин ба мо омӯзад, ки дар дуъо намудан ба даргоҳи Аллоҳ чи равишеро бояд дошта бошем. Дар дуъоҳои гуногунашон, ки дар аҳодиси саҳеҳ хело зиёд омадаанд, намуна: Эй Парвардигори ман тавбаи маро бипазир ва дуъои маро қабул кун. Паёмбари Илоҳӣ (с) гуноҳи аввалу охираш бахшида шуда, аз гуноҳ эмин ва маъсум чунин талабу хоҳише аз Аллоҳаш мекунад. Пас мову шумо чӣ? Аз ҳазор як дарсади ончи Паёмбарамон (с) анҷом медоду талаб мекард анҷом медиҳем? Дар ҳоле мову шумо ба дуъо ва талаб кардан аз Аллоҳ ниёзмандтарем!

Умар ибни Хаттоб (раз) мегӯяд:

“Ман ҳаргиз ғаму андӯҳи қабул шудан ё пазируфта гаштани дуъоямро надорам. Ҳар вақте, ки муштоқу илҳоми дуъо намудан бароям омад, бидуни шак ҳамроҳаш пазируфта шудани он ҳам аст.

Эй шахси мазлум ва ғамдору мусибатзада!

-Дуъои содиқонаат бидуни ҳеҷ шакку шубҳае аз ту балоҳо, мусибатҳо, азобу шиканҷаҳое, ки туро ҳадаф қарор додаанд дур месозад.

-Дуъо силоҳи муъмин аст.

-Ҳеҷ чизе ва ҳеҷ сабабе судмандтару нишонрастар, дар ончӣ мехоҳӣ чӣ аз ҷалби неъмат бошад чи аз дафъу дурӣ, бало, бартар аз дуъо нест.

-Бо дуъо ғаму андӯҳ ва мусибати дар камин истодаро дур месозӣ.

Ҳамин шараф ва фазилат бандаи дуъокунандаро кофист, ки ҳангоми дуъо Аллоҳ қарибу наздикаш қарор дорад.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барои бандагони дуъокунанда чунин фармуда аст:

وإِذَا سَألَكَ عِباديْ عَني فَإني قريبٌ أُجيب دعوةَ الداعِ إذا دعان فليستجيبوا لي وليؤمنوا بِي لعلهُمْ يرشُدُونَ
(البقرة 186)

Тарҷума: Чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, бигӯ, ки Ман наздикам ва ба нидои касе, ки Маро бихонад, посух медиҳам. Пас ба нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман имон оваранд, то роҳи рост ёбанд!

-Оҷизтарини мардумон ин мазлумону дармондагон ва нотавонону бекасон ва онҳое, ки аз чизе дар ин олам ранҷ мебаранд намебошанд.!

-Балки оҷизтарини оҷизон онҳое ҳастанд, ки дуъо намекунанду худро аз наздикии Холиқ ва Маъбудашон дур мегиранд, бо дуъо ба Ӯ наздик намегарданд.!

-Бо дуъо тану равони пажмурда ва чизе таманнояшро доред мудово намоед.!

-Бо дуъо ҳарчи дар ин олами ҳастӣ таманнояшро доред аз Офаридагори ин ҳама бихоҳед!

-Ончи мехоҳед дошта бошед дар ҳоле аз доштани он маҳрумед, пас онро бо дуъоҳои холисонаатон аз Аллоҳ бихоҳед!

-Дуъо таноби дарозест миёни замину осмон ва ба он дар торикиҳои шаб чанг бизанеду ба даргоҳаш ниёиш намоед ва талаб кунед!

-Танҳо ва танҳо мушкилкушо ҳоҷатбароваранда Аллоҳ аст. Пас бо қалбҳои пур аз яқину дур аз ҳама шаку гумонҳои бад дар дилҳоямон, ки бо васвасаи шайтон мегузарад хотима гузорем. Бо яқин бигӯем, Эй Аллоҳ танҳо ва танҳо аз Ту мехоҳем!

-Имони комил дошта бошем хазинаҳои Холиқи мо пур аст ва дастҳои бе мислу монанди Ӯ боз аст бар ҳар бандааш вақте бихоҳад медиҳад. Касе ва чизе монеъи додани Ӯ наметавонад шавад, ҷуз шакку тардид ва гумони бади мо ба Ӯ .

-Худро бо ҳама дору мадорат ва ҳама ончи мехоҳӣ бо дили пур аз яқину имони росих танҳо ва танҳо ба Ӯ биспор. Инро фаромӯш масоз, ки ҳаргиз Ӯ Таъоло умеди умедкунандаеро бе посух нахоҳад гузошт.

-Ҳаргиз бандае, ки аз Ӯ бо сидқу ихлос пурсидааст бо дастони холӣ бар нагаштааст. Ҳамеша назди гумони неки бандааш ҳаст ва ин ваъдаи Ӯст.

-Оне, ки тангдасту тиҳибахт ва худро аз ҳама хушиҳои дунёи тезгузар маҳрум мешуморад. Туро мепурсам чӣ қадар аз Аллоҳ пурсидаӣ? Оё ҳамеша дар пурсиданат гумони нек доштӣ? Ё дуъое намудӣ бо забон дар ҳоле, ки дар қалбат чизи дигаре мегузашт? Ин саволро аз худат пурс дубора ва такрор ба такрор бо яқини комил бидуни риё дар хилвате оғоз кун, яқини росих бикун ин бор ҳатман бароят медиҳад. Вақте бароят ато намуд шукри Ӯро баҷо ор.

-Боз мегӯям ба Аллоҳ гумони нек дошта бош, зеро шахсе гумони нек дошта бошад ҳаргиз аз неъматҳои фаровону хайри дунё ва охират маҳрум намегардад.

Танҳо дуъо кун ва инро дар ёд дошта бош, ки Парвардигорат кариму бахшанда ва ҷавононе ба ӯ паноҳ мебаранду аз ӯ мепурсанд хело дӯсташон медораду фурсатҳои зиёде дар ихтиёрашон мегузорад. Агар онҳо умри худро аз ҷавонӣ дар тоату ибодат ва бандагии холисонаи Ӯ Таъоло гузаронида бошанд. Барояшон нур аст рӯзи қиёмат. Пас кӯшиш кунед мӯйи худро дар пойбандӣ ба ин дин сафед намоеду аз бандагони нуронии Аллоҳ дар охират бошед.

Ҳаргиз ғамгину дилшикаста ва ошуфтахотир мабош, ки чаро дуъоят дер боз аст мустаҷоб намегардад. Зеро шахсе, ки дареро ҳамеша бикубад ҳатман он дар бар рӯяш боз мешавад. На ҳама ончи мову шумо мехоҳем барои мо хуб ва иҷобаташ муҳим аст.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ба ин посухи хӯбе додааст:

“Шояд чизеро бад бинед ва дар он хайри шумо бошад ва шояд чизеро дӯст дошта бошед ва ӯ бароятон бад бошад. Худо медонад ва шумо намедонед!” (Сураи Бақара, ояти 216)

Барои он ки дуъоямон мустаҷоб гардад ба ин ҳашт нуқта аҳамият бидеҳ:

Ихлос ва самимият дар дуъоҳое, ки мекунем.

Тавба аз гуноҳон ва бозгашти содиқона ба сӯйи Аллоҳ ва пок намудани дил аз ҳама бадиҳо мисли ҳасад, кибр, ғайбат, намима, суханчинӣ, тамаъ, ғазаб, гумони бад.

Ҳангоми дуъо фурӯтан ва бо ҳолати бандаи мухлис бояд буд, зеро дуъои шахси мутакаббир ва фахрфурӯш мустаҷоб намегардад.
Ҳамеша дар дуъо ва ончи мехоҳӣ такрор ба такрор пурсида шавад. Аз дуъо кардан ва пурсидан набояд хаста шуд. Тибқи ривояти Ибни Масъуд (раз) Расули Акрам (с) дӯст медоштанд се маротиб дуъо кунанд ва се маротиб истиғфор намоянд. Ин далолат бар хаста нашудан дар дуъо ва пайваста дуъо кардан аст.
Дар ҳолати хушӣ ва бе мушкилот будан бояд шахс дуъо кунад, то ҳангоме, ки шахс ба мушкилоту мусибат гирифтор гашт дуъояш мустаҷоб гардад.
Пурсидан аз Аллоҳ ва наздикӣ ҷустан ба номҳои зебояш ва сифатҳои накӯяш. Вақте дуъо мекунед бо номҳои Аллоҳ ва сифатҳояи зебои гуногун дуъо кунед, аз куҷо маълум кадом ном ва сифот Наздаш мақбултару маҳбубтар ё исми аъзам аст.
Ҳангоми дуъо кардан ҷумлаҳои хубе ихтиёр намудан ва бо он дуъоҳои маснунае, ки дар суннати набавӣ дорем анҷом шаванд. Агарчӣ мо дар идомааш ҳоҷатҳои шахсии худро изофа намоем.
Инчунин дар ҳаққи бародар ва хоҳари мусалмони мазлуму муҳтоҷат дуъо кунед. Зеро дуъои ту дар ҳаққи онҳо қабл аз расидан ба онҳо бар худат бар мегардад. Яке аз услубҳои муҳими истиҷобати дуъо ин аст.

Одоби дуъо.

-Бо вузуъ будан ҳангоми дуъо

-Рӯй ба сӯйи қибла будан ҳангоми дуъо.

-Дуъоро бо сано ба Аллоҳ ва салавот бар Муҳаммад (с) шуруъ кардан.

-Бардоштани дастҳо ҳангоми дуъо кардан.

Вақтҳои иҷобати дуъо

— Шаби қадр
-Дуъо дар дили шаб қабл аз дамидани субҳ.
-Пас аз ҳар намози панҷгона. Бархе гуфтаанд қабл аз салом додан ва бархе дигар гуфтаанд пас аз салом додан.
-Миёни азон ва қомат
-Ҳангоми боридани борон
-Як соате аз рӯзи ҷумъа бархе миёни ду хутба онро мегӯянд ва бархе пас аз аср то шом.
-Ҳангоми нӯшидани оби замзам
-Ҳангоми шунидани садои хурӯс зеро ӯ малоикаро мебинад.
-Ҳангоми гуфтани “Ло Илоҳа илло Анта Субҳонака инни кунту миназ-золимин. Бо гуфтани ин дуъо Аллоҳ Зонун(а)ро аз шиками моҳӣ наҷот дод.
-Ҳангоме, ки касе аз шумо вафот кард ва ин ҳангом бигӯед “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.Аллоҳума аҷирни фи мусибати ва ахлуф ли хайран минҳо”Аллоҳ барояш беҳтар аз он ато менамояд.
-Ҳангоме, ки касе вафот мекунад ва шумо онҷо ҳастед бояд дуъои хуб намоед. Зеро малоик онҷо ҳузур доранд ва ҳарчи барои худатон мегӯед ва барои он майит. Малоикаҳо ба ончи мегӯед бовар доранд. Пас ҳаргиз дар он ҳолат сухани носазо нагӯед зеро ҳолати истиҷобати дуъо ва пазируфтани сухани шумо аз тарафи малоик мебошад.
-Дуъо дар назди бемор ҳарчи мегӯед он ҳам мустаҷоб аст, зеро онҷо ҳам малоик ҳузур доранд ва ончи мегӯед онро тасдиқ мекунанд.
-Дуъои шахси мазлум, ҳангоме, ки зери зулм аст, ҳар чизе аз Аллоҳ бихоҳад дуъояш мустаҷоб аст. Аз дуъои мазлум ҳамеша бояд тарсид. Инчунин мазлумон ҳам аз дуъо набояд боз истанд.
-Дуъои падар дар ҳаққи писар ва инчунин бар акс дуъои писар ё духтар дар ҳаққи падараш.
-Дуъои қабл аз намози пешин он вақт осмон боз мегардад ва дуъо мустаҷоб аст.
-Дуъои мусофир ҳангоми сафараш то баргаштан ба хонааш.
-Дуъо ҳангоми аз хоб бедор шудан.

Ин ҳама ҳолатҳое баён намудем бо аҳодиси саҳеҳ ворид шудаанд. Барои он ки мақола тӯлонӣ нагардад матни аҳодис ва санадҳояшонро наовардем. Агар лозим шуд, ҳамаро бо матн ва санадҳояшон бароятон тақдим мекунем.

Дар охир бо ин васияти Ибни Раҷаб (раҳ) мақоларо ба охир мерасонем.

“Шинохти банда Аллоҳро бар ду навъ аст.

Шинохти Аллоҳ дар умум
Шинохти Аллоҳ ба шакли хос

Шинохти дар умум: Аллоҳро дар умум маъбуд донистан ва иқрор намудан ва тасдиқ кардану ба Ӯ имон овардан аст. Ин барои оммаи муъминон аст.

Шинохти хосса: Ин шинохт он аст, ки банда дӯст дорад Аллоҳро ва ба Ӯ наздик шавад. Ингуна наздикӣ ҷустан ба Аллоҳ бандаро мутаваҷҷеҳи худ мекунад ва банда ҳамеша аз паи ислоҳи худ мешавад. Ҳар қадар инсон аз паи ислоҳи худ шуд, мухлисияту тақвояш ҳамон андоза зиёд мешавад. Дуъояшро Аллоҳ мустаҷоб мекунад ва аз мусибату сахтиҳо бандаро наҷот медиҳад. Дар охир ин ҳадисро овардааст, ки Расули Акрам (с) мефармоянд, ки Аллоҳ мегӯяд:

“…Бандаам ҳамеша бо навофил ба ман наздик мешавад, то инки ӯро дӯст дорам. Чун ӯро дӯст доштам гӯшаш мешавам, ки бо он мешунавад. Чашмаш мешавам, ки бо он мебинад ва дасташ мешавам, ки бо он мегирад. Пояш мешавам, ки бо он роҳ меравад ва агар аз Ман бихоҳад яқинан ба ӯ хоҳам дод. Ва агар ба Ман паноҳ барад яқинан ӯро паноҳ хоҳам дод.”
(ҳадис ба ривояти Имом Бухорӣ аст. Шайх Арнаут заифаш медонад)

Share This Article