Фитна бар зидди Ислом ва мусалмонон

Ислоҳ нет

Фитна бар зидди Ислом ва мусалмонон

Душманони дини Худо ва бадхоҳони ваҳдати исломӣ аз фитнаҳои воқеъшуда миёни асҳоб ва ихтилофот ва кушторҳои миёни онҳо василаи хубе барои ҳуҷум намудан бар шахсият ва адолати онҳо ёфтанд ва тоифае аз нависандагони нав ва қадими бидъатгузор ва гумроҳ низ бар ҳамин минвол ҳаракат карда ва он чиро, ки худ низ намедонанд ва намефаҳманд, сохта ва пардохтаанд, худро дар миёни асҳоб довар қарор дода ва бе ҳеҷ поя ва асоси дурусте бархе асҳобро таъйид ва баъзеро мардуд шумурдаанд. Равшан аст, ки иллати роҳёбии чунин афроди нолоиқе ба арсаи қазоват дар мавриди асҳоби поки Паёмбар (с) ҷаҳл ва бехирадии онҳо аст, ки пўштивор гуфтаҳои кинатузони муғризи бидъатгузор ва дигар нависандагони гумроҳро такрор мекунанд, то ҷое, ки бисёре аз мусалмонон дар оятҳо 
(Кошонӣмегўяд: Он чиро, ки аз зоҳири гуфтаҳои Машоих. аз ҷумла Сиқатул-Ислом Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ дармеёбем ин аст, ки ба таҳриф ва нуқси Ќуръон эътиқод дорад; зеро ривоятҳоеро дар «Кофӣ» нақл кардааст, ки масъалаи таҳрифи Ќуръонро матраҳ мекунад ва Кулайнӣ онҳоро мавриди ҳазф ва ботил қарор надодааст ва дар аввали китоб ҳам баён карда, ки ҳар чӣ дар китоб ворид шуда ҷузви ривоёти саҳиҳ аст. Устоди Кулайнӣ Али ибни Иброҳими Қумӣ низ дар тафсири хеш бисёре аз ин ривоятҳо ҳамроҳ бо зиёдаравии бештар зикр кардааст. Шайх Аҳмад ибни Абутолиби Табарсӣ низ дар китоби «Ал-эҳтиҷоҷ» ҳамин равишро дорад.)
ва ривоятҳое, ки бар адолати саҳоба далолат мекунанд, шубҳа кардаанд.

Ин даста аз нависандагон барои эътибори бештари эътиқодоти ботил ва навиштаҳои масхараомези хеш баъзе аз шубҳаҳо ва равишҳои печидаи шайтонро барои таҳрифи таърих ва коридани тухми фитна ва кина миёни мусалмонон ба кор гирифтаанд, ки аз ҷумлаи онҳо мавридҳои зер баён мешавад:

А) Тардид дар адолати асҳоби Паёмбар (с)
Ин афрод дар миёни мардуми авом овозаи дурўғ панҳ карданд, ки чӣ гуна Қуръон ва суннати Паёмбар (с)-ро аз афроде бигирем, ки муртакиби гуноҳ ва маъсият шудаанд? Чӣ гуна динамонро аз касоне бигирем, ки Худованд ҳукми нифоқ бар онҳо содир намудаст?

Бояд бидоне, ки ҳангоми матраҳ намудани чунин шубҳаҳо ва нашри чунин заҳрҳои (бадгумонӣ) қасди тарвиҷкунандагони он яқинан шахси гумноме аз асҳоб набуда, фарде, ки тарҳи ҳоли воқеъаҳои ў баён нашуда ва зиндагонии ў варақҳое аз таърихро ба худ ихтисос надода ё зане аз асҳоб, ки муртакиби зино шуда бошад, сипас тавба карда ва назди Паёмбар (с) эътироф намуда ва хостори муҷизоти хеш шудааст ё касе ки муртакиби нўшидани хамр шуда ва ҳадро ба ў ҷорӣ сохтаанд ва ҳатто, ин шубҳаҳо афроде монанди Ҳотаб ибни Абубалтаъа (р) ҳам, ки хабари ҳаракати Паёмбар (с)-ро ба Қурайш расонд, нест, зеро ин гуна афрод тавба карда ва Худованд низ аз онҳо хушнуд шудааст, ё тавбаи онҳоро пазируфта ва ё ҳад ва ҷазои шаръӣ дар дунё бар онҳо ҷорӣ шудааст.

Аммо мақсуди аслии тарҳи ин шубҳаҳо ва ҳадафи мустақими онҳо хушадо ва доғдор намудани манзалат ва шахсияти бузургоне аз асҳоб, бо мисли Абубакр, Умар, Усмон (р) ва ғайра мебошад, ки душманони Ислом бо достонпардозиҳо ва бузург ҷилва додани ихтилофоти иҷтиҳодӣ миёни онҳо қасди хомўш кардани нури Худовандиро бо латма ворид кардан бар адолати асҳоб доранд.

Чаро, ки пас аз эҷоди шубҳа ва тардид дар адолати асҳоб роҳ барои эҷоди шубҳа дар китоби Худо ва суннати Паёмбар (с), ки онҳо нигаҳбон ва интиқолдиҳандаи он будаанд, ҳамвор шуда ва дар натиҷа коштани тухми ихтилоф ва тафриқа ва фитна ва кина дар миёни мусалмонон ҳадафе дастёфтанӣ хоҳад шуд.
Ин ҳадафи палид бо андаке диққат дар овозаҳои дурўғи пароканда дар миёни мусалмонон қобили шинохт аст. Зеро муҳимтарин роҳ барои расидан ба ин ҳадаф ривоҷ додани ҳадисҳои дурўғ ва достонҳои беасосу бепоя дар китобҳои ҳадис аст, ки кўмаки шоёне ба онҳо мекунад, монанди достони зарба хўрдани ҳазрати Заҳро (р) ва сўзондани хонаи эшон ва зарбу лат хўрдани шавҳари ў ё ғасби хилофат аз Алӣ (р) тавассути бузургони саҳоба ва дигар дурўғпардозиҳои воридшуда дар китобҳои ҳадис ва ривоят.
Ҷои таъаҷҷуб аст, ки ин ривоятҳо миёни баъзе мардум мавриди қабул қарор гирифта, дар ҳоле ки ҳатто яке аз онҳо низ саҳеҳ набуда ва аз санади пайваста ё марфуъе, ки (ҳадисе, ки силсилаи он ба Паёмбар (с) бирасад), ба Алӣ (р) ё яке дигар аз асҳоб ва ё ривояткунандагони одили шиъаи аҳли байт бирасад, бархўрдор намебошад.

Ин ҷо лозим аст, ки нуктаҳои муҳимро дар бархўрд бо ин масъалаҳо зикр кунем:
1. Фазилати асҳоб дар оятҳои Қуръони карим ба таври ошкор ва равшан баён шудааст. Ҳамчунон, ки суннати Паёмбар (с) ва ривоятҳои аҳли байт низ дар таъриф ва тамҷид аз онҳо комилан гўё ҳастанд.
2. Ин, ки дар миёни асҳоб афроди мунофиқе вуҷуд доштанд, як дурўғи маҳз аст. Зеро ҳамон тавр ки дар таърифҳо баён шуд, мунофиқон ҷузви асҳоб шумурда намешаванд ва бисёри мунофиқон ҳам шахсан ва ҳам бо баёни сифатҳо барои Паёмбар (с) ва асҳоб шинохташуда буданд. Зеро Қуръони карим тамоми ҳаракатҳо ва вазъу ҳатто ниятҳои дарунии ононро фош сохта буд.
Агар ба унвони намуна аз ғазваи Табук мисол биёварем, ки ҷузви охирин набардҳои Паёмбар (с) будааст, мебинем, ки афроде бо далилҳои бепоя, мисли тарс аз фитнаи занони румӣ ва ё далелҳои зишти дигар, ки одати мунофиқон аст, аз ширкат дар ҷиҳод худдорӣ намуданд. Қуръони карим дар бисёре аз оятҳо ба баёни ин масъалаҳо пардохта аст, ҷое, ки ҷуз бархе мардуми мунофиқ ё асҳоби маъзур дигар асҳоби ба ҳамроҳи Паёмбар (с) барои ширкат дар ҷанг, Мадинаро тарк карда буданд.
Аз далелҳои ин ки мунофиқон ҷузви асҳоб нестанд, ин аст, ки Худованд (Раббулиззат) тавба ва бозгашти се нафар аз аҳли Мадинаро, ки беузр ба ҷиҳод нарафта буданд, пазируфт ва тавбаи ростин ва имони азими онҳоро сабаби бахшиши онҳо қарор дод. 
Худованд мефармояд:

«Худованд тавбаи Паёмбар (аз иҷоза додан ба мунофиқон ба ширкат кардан дар ҷиҳод) ва тавбаи Муҳоҷирин ва Ансорро (аз лағзишҳои ҷанги Табук) пазируфт».
(Сураи Тавба, ояти 117)

«Ва низ Худо пазируфт тавбаи он се танро, ки аз ҷанг хилоф карданд, то он гоҳ, ки замин бо ҳамаи кушодияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид ва яқин донистанд, ки ҷуз Худованд ҳеҷ паноҳгоҳе, ки ба он рўй оваранд, надоранд. Пас Худованд тавбаи онон пазируфт, то ба Ў боз оянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст!».
(Сураи Тавба, ояти 118)

Шоёни зикр аст, ки оятҳои сураи Тавба аҳли Мадинаро баъд аз ғазваи Табук ба се гурўҳ тақсим мекунад ва аз гурўҳи чаҳорум сухан намегўяд, ки Паёмбар (с) иҷозаи ширкат накардан дар ҷиҳодро ба онҳо дод, ки иборат буданд аз касоне мисли Имом Алӣ (р) ва Абдуллоҳ ибни Умми Мактум ва фақироне, ки ба хотири надоштани тавони молӣ тавони ҷиҳод надоштанд.
Худованд дар ояти аввал ба баёни қабули тавбаи гурўҳи аввали асҳоб, ки дар ғазваи Табук ширкат доштанд, мепардозад ва дар ояти дуввум мунофиқонро аз иҷтимоъи Мадина ҷудо карда ва ҷузви гурўҳи дуввум ба ҳисоб оварда ва хориҷ нашудани онҳоро ғайри маъзур мешуморад ва пас аз он ба баёни вазъияти гурўҳи саввум, ки се нафар аз асҳоб буда ва дар ҷиҳод ширкат накарда буданд, мепардозад, ки ба хотири садоқат ва ростгўйи онҳо бо Паёмбар (с) мавриди афв ва гузашти Худованд воқеъ шудаанд. Пас мебинем, ки ин оятҳо сафи мунофиқонро аз сафи асҳоб (ҳатто агар беузр ҳам дар ҷиҳод ширкат накардаанд) ҷудо месозад ва дар воқеъ асҳоб бештар аз ҳамаи мардум нисбат ба нифоқ парҳез доштанд ва тамоми ҳолатҳои дарунӣ ва берунии хешро мавриди диққат қарор медоданд, ки ба нифоқ дучор нашаванд.
Аз Салом писари Мустанир ривоят шуда, ки рўзе назди Абуҷаъфар (р.ҳ) нишаста будам, ки Ҳимрон писари Аъян назди ў омад ва суолҳое пурсид, вақти рафтан ба Абуҷаъфар (р.ҳ) гуфт:
– Худованд умри шуморо тўлонӣ фармояд ва моро бо вуҷуди шумо баҳраманд созад, мехоҳам бипурсам, ки чӣ гуна аст мо ба ҳангоми ҳузур дар хидмати шумо дорои диле нарм ва меҳрубон ва нафсе берағбат ба дунё ва бетафовут ба дороиҳои дунёӣ мебошем. Аммо ба ҳангоми хориҷ шудан ва тарки шумо ва муъошират бо тоҷирон ва дигар мардум, аҳволи дигаре дорем?
Абуҷаъфар дар ҷавоб фармуд:
– Ин тағйири ҳолати шумо вобаста ба дигаргунии қалби шумост, ки гоҳе сахт ва гоҳе нарм мешавад ва асҳоби расули Худо (с) низ аз Эшон (с) пурсиданд, ки оё шумо нифоқро дар мо намебинед? 
Паёмбар (с) фармуд: 
– Чаро чунин фикр мекунед?
Гуфтанд: 
– Ҳар гоҳ ки назди Шумо ҳастем ва аз панду раҳнамоӣ ва тазаккуроти Шумо баҳрамандем, ба дунё ва дороиш он бе- рағбат шуда, гўё биҳишт ва ҷаҳаннамро бо чашми сар мушоҳида мекунем. Аммо бо тарки Шумо ва рафту омад ва муъошират бо зану фарзанд ва молҳои дунё наздик аст, ки дигаргун шавем ва гўӣ он ҳолатҳои писандидаро надоштаем, оё инро нифоқ намебинӣ?
Паёмбар (с) фармуд:
– Ҳаргиз, балки ин тағйири ҳолатҳо аз талошҳои шайтон аст, ки шуморо ба сўи дунё муштоқ созад ва аз ёди Худо ғофил кунад ва ба Худо савганд агар ҳамеша бар он ҳолати некў, ки дар назди ман доред, бимонед, тавони дидан ва бо даст салом кардан бо малоика ва роҳ рафтан бар рўи обро хоҳед дошт ва бидонед, ки агар шумо муртакиби гуноҳ нашавед ва сипас бо талаби омурзиши гуноҳон онро маҳв накунед, Худованд махлуқоти дигаре ҷонишини шумо хоҳад кард, ки гуноҳкунанда ва сипас аз Худо мағфират биталабанд ва Худованд низ онҳоро бибахшад.
Абуҷаъфар (р.ҳ) дар идома фармуд:
– Ва бидонед, ки мўъмин касе аст, ки бисёр дучори лағзиш шуда ва дар муқобил бисёр тавба мекунад, оё ин оятро нашунидаед, ки Худованд мефармояд:
«Ҳаройна Худо тавбакунандагонро дўст дорад!»

(Сураи Бақара, ояти 222)

Ва боз мефармояд:

«Пас агар тавба кунед, бароятон беҳтар аст. Вале агар сарпечӣ кунед, бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт».
(Сураи Тавба, ояти 3)

3. Раъй ва назари ҷамъии асҳоб бе айбу нақс аст ва мумкин нест ҳамагии онҳо як гуноҳи сағира ва ё кабираро ҳалол дониста ва онро анҷом диҳанд. Аммо ин, ки иртикоби гуноҳон тавассути афроди онҳо далолат бар бе айбу бе нақс набудани фардии онҳо дорад, латмае ба адолат ва манзалати онҳо ворид намекунад. Далели адолати умумии асҳоб низ баррасӣ ва таҳқиқе аст, ки имомони аҳли байт барои нақли ривоятҳо аз онҳо анҷом додаанд, ки дар ин миён ҳатто як саҳобаи Паёмбар (с) ёфт нашуда, ки як ҳадиси дурўғ ба Паёмбар (с) нисбат дода бошад ва бо вуҷуди ин, ки дар охирҳои асри асҳоб бидъатҳои наве аз ҷумла қадария, хавориҷ ва мурҷиа дар асари ҳукумати афроди паст ва каҷфикр ба вуҷуд омад, аммо дар миёни ин афкор ва пайравони онҳо ҳатто як саҳоба ҳам нақш надошта ва дар сафи онҳо ворид нашудааст ва ин худ далели бисёр ошкоре аст бар ҳидояти умумӣ ва интихоб ва гузиниши онҳо тавассути Худованд, барои ҳамсўҳбат бо Паёмбар (с) ва дарк ва фаҳми дурусти дин, интиқол ва иблоғи комил ва саҳеҳи он.

Абубадуллоҳи Ҳусайн (р) мефармояд:
– Асҳоби Паёмбар (с) дувоздаҳ ҳазор нафар буданд, ҳашт ҳазор нафари онҳо аҳли Мадина ва ду ҳазор нафар аз Макка ва ду ҳазор нафар низ ғуломони озодшуда буданд. Аммо дар миёни ин теъдод ҳеҷ қадарӣ ё мурҷиӣ ё Ҳурурӣ ва ё Муътазилӣ ва ё аҳли раъй вуҷуд надошт, шабҳо ва рўзҳоро дар гўристон ва андўҳи охират буданд ва мегуфтанд:

– Парвардигоро! Рўҳи моро пеш аз ин ки ба нони хамир даст ёбем, ба назди худ бибар.
Имом Содиқ низ ба адолати асҳоб эътиқод дошта ва садақоти онҳоро дар ривояти ҳадисҳои Паёмбар (с) таъйид мекарданд.
Аз Мансур ибни Ҳозим ривоят шудааст, ки гуфт:
– Ба Абуабдуллоҳи Ҳусайн (р) гуфташ:
– Чӣ гуна аст, ки ҳар гоҳ ман дар мавриди масъалае аз шумо мепурсам, маро ҷавобе медиҳед ва агар дигаре ҳамонро пурсад, гунаи дигар посух мегўед?
Фармуд:
– Мо мардумро бар асоси сатҳи фаҳми онҳо посух мегўем!
Пурсидам:
– Пас дар мавриди асҳоби расули Худо (с), (ки аз шумо пурсидаанд, ҷавобе шунидаам), маро чӣ гуна посух мегўед, оё бар Муҳаммад (с) дурўғ мебастанд ё не?
Имом Ҳусайн (р) фармуд:
– Ба яқин, ки ҳаргиз дурўғ набастаанд.
Пурсидам:
– Пас чаро бо якдигар ихтилоф пайдо карданд?
Фармуд:
– Оё намедонӣ, ки расули Худо (с) гоҳе дар ҷавоби суоли як шахс гунае посух мегуфт ва дар ҷавоби ҳамон шахс дар марҳилаи дигар ҷавобе баръакс мекард ва насхи миёни ҳадисҳо ба ин маънӣ аст. Пас бо баёнҳо агар шахсе иддаъои дурўғпардозӣ ё нифоқи яке аз асҳобро матраҳ кард, дар ҳол ба ў гуфта мешафад:
– Далили ту барои ҷудо кардани саҳобӣ аз дигарон чист? Ва равшан аст, ки ҳеҷ далеле надорад.

4. Эътиқод ба адолати саҳоба ба маънои исмати (пок аз гуноҳ ва хато) онҳо нест, зеро онҳо башаранд ва дорои хато ва иштибоҳ низ ҳастанд. Аммо иштибоҳот ва хатоҳои онҳо дар миёни некиҳои бепоёнашон нопайдост. Онон дорои чунон собиқаи дурахшоне ҳастанд, ки ҳеҷ кас ҳар чиз ба пой онҳо намерасад. Онҳо буданд, ки Паёмбар (с)-ро ба ҳангоми ҳуҷуми арабҳо бар ў ёрӣ карда ва бо бахшидани молу ҷон ва авлодашон ўро ёрӣ карданд ва бо падарону бародарон ва қавму қабилаи гумроҳи хеш дар ин роҳ ҷангиданд. Ихлоси хешро ба Худо ва Паёмбар (с) исбот карданд ва дар ниҳояти ишқ гарданҳои хешро барои боло нигоҳ доштан ва иътилои номи Аллоҳ ато карданд. Бо чунин ҷонафшониҳое буд, ки тавонистанд ба некўтарин шева сабабҳои нашр ва густариш ва таблиғи ин дин то ба имрўзро фароҳам оранд. Ҳамин амалҳои онҳо кофӣ аст, ки бо лутфи Худо тамоми гуноҳони кабира ва сағираи онҳо модоме, ки ба куфр наанҷоманд, аз сафҳаи зиндагии онон пок созад.

Худованд мефармояд:
«Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхўю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхўву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо эшон машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худо таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дўст дорад».

(Сураи Оли Имрон, ояти 159)

Алломаи Маҷлисӣ мефармояд:
«Он чи ки аз зоҳири суханони уламо бе ҳеҷ ихтилофе баён шуда, ин аст, ки агар адолати як саҳобӣ бо иртикоби гуноҳ латмадор шавад, бо тавба аз он, адолати вай низ дубора собит мешавад. Ҳатто агар гуноҳи ў лозимаи иҷрои ҷазо бошад, пас аз он тавбаи ў қабул шуда ва адолати вай монанди гузашта барои вай боқӣ буда ва шаҳодати ў ҳам пазируфта мешавад. Бархе аз ёрони мо иҷмоъи уламоро бар ин қазия ривоят кардаанд».
Сайид Абдулқосими Хуйӣ мефармояд:
«Ба маҳзи иртикоби гуноҳ адолати шахсе ҳам махдуш мешавад. Бо анҷоми тавба, исбот мешавад ва ин ки гуноҳи сағира ё кабира бошад, ҳамон ҳукмро дорад».
Сайид Муҳаммад Ҳусайни Фазлуллоҳ фаротар рафта ва адолати имомони ҷумъа ва ҷамъоати асри ҳозирро пеш кашида аст. Касоне, ки нисбат ба асҳоб, ки шарафи ҳамсўҳбати бо Паёмбар (с)-ро аз Худо дарёфт карда буданд, дараҷаи бисёр поинтаре доранд. Вай мегўяд:
«Адолат бамаънии исмат нест, чи басо фарде одил муртакиби гуноҳ шуда ва сипас тавба карда бошад ва ин васфи бархе аҳли тақво аст, ки Худованд мефармояд:
«Чун аҳли тақворо аз шайтон васваса ва хиёле ба дил фаро расад, ҳамондам Худоро ба ёд оранд ва ҳамон лаҳза бо сират ва биноӣ пайдо кунанд».
(Сураи Аъроф, ояти 201)

Аммо адолати як шахс чӣ гуна собит мешавад?
Бояд гуфт, ки санҷиши зоҳирӣ ва рафту омад ва муъоширати умумии як шахс дар иҷтимоъ ба гунае, ки мардум вайро фарди диндор ва дорои ахлоқи фардии мусбат ва ахлоқи иҷтимоъии машрўъ бидонанд, поя ва асос адолати шахс аст. Ҳамон гуна адолати фард собит мешавад бо шўҳрати некие, ки муфиди илм ва итминони хотир бошад ва ё бо таъйиди шахси мутмаъин низ адолати вай собит мешавад. Аммо назари шахси фосиқ, чи дар таъйиди адолат ва чи дар радди адолати афрод, бе арзиш аст.

Б) Таҳрифи сирати асҳоб.
Бо таваҷҷўҳ ба матлабҳои баёншуда дарёфтем, ки душманони Ислом барои ба ҳам задани ваҳдати мусалмонон, равишҳои печида ва хатарнокеро ба кор гирифта ва роҳҳои мухталиферо таҷриба намуданд ва аз чандин василаҳо ва имконон истифода бурданд. Аммо бояд донист, ки таҳрифи симои зиндагии асҳоб муҳимтарин меҳвари талоши онҳо дар ин замина будааст, ки талошҳои онҳо асарҳо ва натиҷаҳои ногувор ва дарднокеро дарпай дошта, ки ҷоиз донистани лаън ва дашному носазогўӣ ба онҳо аз ҷумлаи ин натиҷаҳо аст.
Акнун ба баёни порае дигар аз иқдомоти зишт ва нангини душманон дар ин замина мепардозем (то ҳар фарди мўъмин ва мусалмон бо шинохти онҳо худро бипарҳезад).
1. Дурўғпардозӣ ва нақли достонҳои дурўғ аз забони фард ё афроде аз саҳоба;
2. Иқдом ба зиёд ва ё кам кардан дар ахбори ҳодисаҳо ва иттифоқоти воқеъӣ, ё нисбат додани онҳо ба китобҳо ва марҷаъҳои ҳадисӣ, ки асосан дар онҳо мавҷуд намебошад.
3. Иқдом ба таъвили ботил ва нодуруст аз ҳодисаҳо ва воқеъаҳое, ки дар Қуръон ё дар ҳадисҳои саҳеҳ аз Паёмбари акрам (с), ки дар баёни фазли асҳоб нозил шудаанд, бар асоси эътиқодот ва боварҳои ҳавасомез ва ботили хеш. Дар воқеъ ҳамон нақши бемордилонро, ки Худованд дар ояти зер васф намудааст, бозӣ мекунанд: 
Худованд мефармояд:

«Аммо онҳо, ки дар дилашон майл ба ботил аст, ба сабаби фитнаҷўӣ (гумроҳ кардан) ва майл ба таъвил, аз муташобеҳот пайравӣ мекунанд».

(Сураи Оли Имрон, ояти 7)

4. Тамаркуз бар баён ва изҳори хатоҳои эҳтимоми асҳоб, ки ба хотири ҳадиси аҳди буданашон ба ҷоҳилият дар оғози гаравиданашон ба Ислом аз онҳо рўй додааст ва ҳамчунин худро нисбат ба некўӣ ва хубиҳо бахшиш ва фидокорӣ ва ҷиҳоди азиме, ки пас аз такомули илмӣ, маънавӣ ва тарбиятие, ки аз онон содир шудааст, ба нодонӣ ва ғафлат вонамуд карданд.
5. Иқдом ба сурудани бархе аз шеърҳои хос, ки дар ҷиҳати ҳадафҳои палиди онҳо, фитнапароканӣ, тафриқа ва ихтилоф миёни мусалмонон мебошад ва нисбат додани он шеърҳо ба шахсиятҳои намоён ва матраҳ аз саҳоба ҳамонанди он ҳама суханон ва байтҳои шеъре, ки ба дурўғ ба Алӣ (р) нисбат додаанд.

В) Газофагўӣ ва дурўғ бастан ба аҳли байт.
Дурўғ ва бўҳтон бастан ба аҳли байт дар оғози пайдоишаш бо бархўрди шадиди аҳли байт рў ба рў шуда ва атрофиёни хешро аз ворид шудан дар ин водии залолат манъ кардаанд ва хатарҳои онро гўшзад мекарданд.
Аз Абубасир ривоят шуда, ки мегўяд:
– Аз Абуабдуллоҳи Ҳусайн (р) шунидам, ки мефармуд:
«Худованд подош диҳад касеро, ки моро маҳбуби мардум қарор медиҳад, на душман. Ба Худо савганд агар мардум гуфтаҳои некӣ моро ривоят кунанд, сабаби иззати хеш мешаванд ва касе наметавонад дурўғе ба онҳо нисбат диҳад. Аммо касоне аз онҳо ҳастанд, ки аз мо калимае мешунаванд ва даҳ калимаро ба он меафзоянд».
Абуабдуллоҳ Ҳусайн (р) дар ривояти дигар мефармояд:
«Бархе аз афрод, ки иддаъои пайравӣ аз аҳли байтро доранд, ба онҳо ниёз пайдо мекунад».
Боз мефармояд: «Мардум чунон иштиёқи зиёде ба дурўғпардозӣ бар мо доранд, ки гўӣ Худованд ҳамонро бар онҳо фарз кардааст ва чизе ғайр аз он намехоҳад. Гоҳе барои яке аз онҳо ҳадисе баён мекунад, ҳанўз моро тарк накарда, даст ба таъвил ва таҳрифи маънии он мезанад. Далели он ҳам ин аст, ки ҳадафи онҳо аз ривояти ҳадисҳо маҳбубияти мо нест, балки дунёро мақсад қарор додаанд».
Садоқат ба рост чандон аҳамият дорад, ки аҳли байт пайравони хешро ба ороста шуда ба ин рафтори некў тавсия кардаанд.
Абуабдуллоҳ Ҳусайн (р) мефармояд:
«Мо аҳли байт афроди бисёр ростгў ҳастем, бинобар ин ҳамеша афроде ҳастанд, ки қасди латма ворид кардани моро бо дурўғ баста бар мо доранд. Паёмбар (с) аз лиҳози лаҳҷа ва ҳам аз лиҳози сухан, содиқтарин ва накўтарин халоиқ буд. Бинобар ин дар муқобилаш Мусайламаи каззоб пайдо шуд ва ба ў дурўғ мебаст. Амири мўъминон Алӣ (р) низ ростгўтарини мардум ва поктарини онҳо баъд аз Паёмбар (с) буд ки дар роҳи эшон низ шахсе монананди Абдуллоҳ ибни Сабо ёфт шуд ва бар вай дурўғ баст».
Аз Аббон писари Усмон (р) низ ривоят аст, ки аз Абуабдуллоҳ Ҳусайн шунидам, ки мефармуд: 
«Худованд Абдуллоҳ ибни Саборо лаънат кунад, ки нисбати Худоӣ ба Алӣ (р) дод, дар ҳоле, ки эшон ҷуз бандаи мутеъе набуд. Вай ба ҳоли касе, ки бар мо дурўғ бандад. Афроде ҳастанд, ки бар мо дурўғ мебандад ва дар мавриди мо матлабҳое ривоят мекунанд, ки мо дар ҳаққи хеш онро нагуфтаем. Мо аз онҳо ба Худо паноҳ мебарем. Мо аз онҳо ба Худо паноҳ мебарем».
Амири мўъминон Алӣ (р) мефармояд:
«Рўзе Паёмбар (с) моро фаро хонд ва фармуд:
– Эй Алӣ (р) ту аз ҷанбае бо Исо паёмбар (а) мушобеҳот дорӣ, яҳудиёни Хайбар бо вай кина доштанд ва билохира ба модари вай тўҳмат заданд ва масеҳиён низ вайро ба таври ифрот дўст доштанд, ба тавре ки чунон мақоме барои вай қоил шуданд, ки шоистаи вай набуд». Имоми Алӣ (р) сипас фармуд:
– Пас эй мардум, бидонед, ки дар мавриди ман ду гурўҳ ба гумроҳӣ мераванд, гурўҳе, ки аз шиддати муҳаббат дар мақоми ман зиёдаравӣ мекунанд ва кинатузе, ки дар ниҳоят ба ман бўҳтон мезанад. Эй мардум, бидонед, ки ман Паёмбар нестам ва ба ман ваҳй намешавад. Ман фақат бандаи фармонбардор ва амалкунанда ба китоби Худо ба суннати Паёмбар (с) ҳастам ва ҳаққи ман бар шумо фақат дар чорчўби фармонбардории Худост, чи дўст дошта бошед ва чи бад бидонед».
Дурўғпардозӣ ва зиёдаравӣ бемори ва вайронгаре аст, хоҳ дар амал бошад ё дар сухан. Ва хатари он дучандон хоҳад буд, агар дар амри дин бошад ва агар дўстдорӣ ва бадибнии инсонро дурўғпардозӣ зиёдаравӣ раҳбарӣ кунад, яқинон аз асари харобкунандаи азиме хоҳад дошт. 
Ба ин хотир аҳли байт ба шиддат ва зиёдаравӣ дар ҳаққи онҳо манъ кардаанд. Имом Алӣ мефармояд:
«Худовандо! Ман аз дурўғпардозон ва зиёдаравон безорӣ меҷўям, ба монади Исо писари Марям (а), ки аз насоро безорӣ ҷуст. Худовандо! Ононро барои ҳамеша хор ва нокам соз ва ҳаргиз онҳоро муваффақ нагардон».
Имом Содиқ мефармояд:
«Дурўғпардозон ва зиёдаравон бадтарин махлуқоти Худоянд, бузургии Худоро кўчак шуморида ва барои бандагони Худо ҳаққи рубуббият ва худоӣ қоил ҳастанд, қасам ба Худо, ки онон аз яҳуд ва насоро ва маҷус ва мушрикон низ бадтар ва пастаранд».
Дар поён боз гуфта мегузарем, ки тамоми равишҳои зикршуда сабабаҳои дар ҷиҳати носазогўи ба асҳоб, эродгирӣ ва айбҷўӣ аз онон ва … буда ва ҳанўз ҳам мебошад.

Share This Article