ҲНИТ,ним қарни пурталотум №4\3

Ислоҳ нет

  ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад.

(Бахши саввум, давраи чаҳорум)

   Интихоботи раёсати ҷумҳурии ноябри соли 1999 ва ҳамагӣ 2% овоз гирифтани номзади ҲНИТ ва дучори шикасти шадид шудани ҲНИТ ҳам дар сатҳи раҳбарӣ ва ҳам дар ин маъракаи сиёсӣ ба ин маъно буд, ки кор дар шароити осоишта душвортар аз даврони ҷиҳод ва муқовимати мусаллаҳона пеш меравад.

  Имрӯз баҳо додан ва арзёбии он марҳила осону роҳат аст. Вале як нуктаро бояд мутазаккир шуд, ки таваққуъ ва бовар ба ҳариф ва рақибе, ки бо вай дар ҷангу муборизаи мусаллаҳона қарор доштед, балки вай аз ночор ва таҳти фишор ва ба иҷбор бо шумо сулҳу оштӣ карда буд, сангинтарин иштибоҳи оппозитсион ва бахусус ҲНИТ буд, ки ҳаста ва асоси онро ташкил мекард. Аз ҳақ набигзарем, ки хеле аз роҳбарияти онрӯзаи ҲНИТ, ки баъдан бо ин ва ё он баҳона худро канор кашиданд, ҳамон замони таҳияи асноду қарордодҳо ин рӯзҳоеро, ки баъдан ба сари ҲНИТ гардон ва бор карданд, пешбинӣ мекарданд, вале хушбоварӣ ва гузаштҳои хеле зиёд оқибат ҲНИТ-ро боз ҳам ба шароите, ки ҳоло дорад, бозгардонд. Инҷо, дар мавриди ин паҳлуи масъала тафсилоти бештар доданро ҷоиз намедонем, вале наметавон аз воқеиятҳо фирор кард ва ё пинҳон дошт, дар ҳоле, ки мо дағдағаи навиштани таърихи нимасраи ҲНИТ-ро карда истодаем.

  Дар ҳақиқат ҲНИТ дар даврони муборизаҳои пинҳонӣ дар даврони шуравӣ, дар давраи талошҳо барои гирифтани иҷозати расмӣ ва дар давраи сангарнишиниҳои муқовимати мусаллаҳонаи панҷсола корҳое кардааст, ки аҳзобу ҳаракат ва созмонҳои сиёсии дигар кишварҳои дунё ҳаваси онро мехуранд ва ҳамин ҳоло, ки аз он марҳалаҳо ҳануз фурсати зиёд нагузаштааст, боваратон намеояд,ки ҲНИТ ҳамон мароҳилро тай кардааст ва фикр мекунед, ки он ҳама афсона аст. Аммо он ҳама афсона набуд. Воқеият буд, ки намояндаҳои устод Нурӣ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо қабулу бадрақа мешуданд ва СММ барои ҳамин муассисаи таҳти итоати устод Нурӣ як намояндаи вижа таъсис дода буд. Мешавад аз корнома ва дастовардҳои он мароҳили тайкардаи ҲНИТ дар ин тули 50 сол хеле зиёд навишту гуфт. Аммо, онки ин ҳама талошу пайкор ба роҳатӣ ва бисёр ҳам осон аз даст рафт хеле дардовар аст…..

 Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, агар нуқтаи оғози зарбахурии ҲНИТ шуда бошад, интихоботҳои парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 боиси аз даст додани мақому манзалати вай мешуданд. Давоми ин се навбати ширкат дар интихоботи парлумонӣ ҲНИТ ва ҳақу саҳми ӯро ҳамагӣ бо наздики 9% ҷамъбаст мекарданд. Яъне бо ду вакили Маҷлис. ҲНИТ садди 5%-ро бо як “азобе”тай мекард. Агарчи воқеият чизи дигар буд. Дар асл ҲНИТ раъйи мардумро соҳиб мешуд аммо саришта ва истифода карда наметавонист.Тайи ин се давра навбати интихобот: 2000,2005 ва 2010 қисмати аъзами овози мардуми Тоҷикистонро гирифта буд ва мардум ҳам ба хотири раҳоӣ ва наҷот аз манҷалоб ва ботлоқи сохтаи Раҳмонов ба ҳарифи вай раъй медоданд.

Бахусус дар интихоботҳои маҷолиси маҳаллӣ ва Маҷлиси Намояндагон ҲНИТ раъйи аксариятро ба даст меовард.

Аз соли 2000 то соли 2015 ҲНИТ тавонист, ки намояндагони худро вориди органи олии қонунгузори кишвар Маҷлиси намояндагон ва бархе аз маҷолиси маҳаллӣ бикунад. Ва, ҳамин тавр ҲНИТ ба унвони як ҳизби парлумонӣ ва дуввумин нерӯи сиёсии пурнуфус ва муқтадир баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии президент Раҳмонов дар кишвар эътироф шуд.

  Дар мавриди чандучунии ширкати номзадҳои ҲНИТ дар нахустин интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки феврлаи соли 2000 доир шуд, як пора аз хотироти Асадулло Вализода, узви собиқи ҲНИТ-ро пешкашатон мекунем, то манзара ва ҳолати он сол ва он интихобот рушан бишавад:

«Баъди эҳёи фаъолияти ҲНИТ соли 1999 ба узвияти РО интихоб гардидам. Дар интихоботи парлумонии соли 2000 дар ҳавзаи интихоботии Ҳисор номзадии маро ҳамчун намояндаи ҲНИТ ба вакилии МН МО ба қайд гирифтанд. Мақсад аз пешбарӣ нишон додани чеҳраи намояндаҳои ҳаракати исломӣ ва дар андешаи мардум шикастани қолаби куҳна буд, то онҳо бовар кунанд, ки наҳзатиҳо обод кардани охиратро дар масъулияти ислоҳу таъмири ҳаёти дунё медонанд. Аз дигар тараф, бо истифода аз минбари номзадӣ аҳдофи Наҳзатро бо риояи қонуни шариат ҳамаҷониба тарғиб мекардем ва ба мардум ин рисолатро мерасондем. Албатта, дар он шароити баъдиҷангӣ (имрӯз низ) аз ҷиҳати адами шаффофияти интихобот ва тазвири натиҷаи он баранда шудан имкон надошт. Ба ин нигоҳ накарда, дар байни се номзад тибқи ҳисоби «расмӣ» ба касби 14% орои интихобкунандагон ноил гардидам. Вале тибқи протоколҳои ба дасти намояндагони ҲНИТ расида, аз қитъаҳои интихоботӣ натиҷаи овозҳои ба банда додашуда 25%ро ташкил медод, ки дар ин сурат баргузории интихоботи такрорӣ ногузир буд. Бо машварати аъзоёни ситоди интихоботӣ дар асоси ин протоколҳо банда ба Комиссиюни марказии интихобот даъво пешниҳод намудам. Бо қарори ин Комиссиион гурӯҳи махсус иборат аз кормандони Вазорати адлия дар якчанд участкаҳои интихоботӣ тафтишот гузарониданд. Дар натиҷаи тафтишот маълум шуд, ки интихобот дар баъзе участкаҳо бо қонунвайронкунии фоҳиш сурат гирифта, варақаҳои зиёди хатназада дар байни тӯдаи варақаҳо партофта шудаанд. Бояд қайд намоям, ки мақсад аз пешниҳоди шикоят ба мардум нишон додани тақаллубу қонунвайронкунӣ дар баргузории интихобот аз ҷониби масъулони участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ ба шумор мерафт, ки маъмулан эшон бо фармони боло ба ин амри номатлуб даст зада, ҳеҷ гоҳ пурсишу кофтуковро нисбати ин аъмоли ҷурмовар гумон намекарданд. Бо ин тафтишот мо ин қолаби номатлуби бемасъулиятию беҷазо мондани раисони участкаҳои интихоботиро шикастан мехостем. Вале дар рӯзи эълони натиҷаи тафтишот дар ҳузури фаъолони ноҳия ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо иштироки номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки қарор буд ин натоиҷ сипас ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод карда шавад, барои монеъа шудан ба ин чорабинӣ ба муқобили банда сӯиқасди мусаллаҳона доир гардид. Бар асари ин сӯиқасд автомобиле, ки дар он савор будем, хароб гашта бошад ҳам, Худованд ҷони моро дар амон нигоҳ дошт. Бо вуҷуди ин тирборон, мо ҳадаф доштем масири худро ба сӯи Ҳисор давом дода, аз чорабинӣ дер намонем. Вале дар минтақаи Испечак якчанд мошинҳои сиёҳшиша моро дунболагирӣ карданд. Дар ин замон бо маслиҳату исрори дӯстон ба хотири муташанниҷ нагардидани вазъият ноилоҷ аз раъйи ба Ҳисор рафтан даст кашидем». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

Ҳафтаномаи «Наҷот»-органи чопии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахшида ба сисолагии таъсисёбии ин созмони сиёсӣ як шумораи махсуси идонаеро дар апрели соли 2013 ба чоп расонд. Дар ин шумора як матлаби муфассале роҷеъ ба ширкати ҲНИТ дар интихоботҳои парлумонӣ аз ҷумла интихоботи парлумонии соли 2000 чунин наившт:

  «Бо ҳазорон таассуф бояд бигӯем, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама он ҳаводиси ба сари миллат омада ибрати лозимиро нагирифтанд ва аз сулҳдӯстии ҲНИТ-у гузаштҳои пайдарпайи он суиистифода намуда интиихоботи соли 2000-умро бо тақаллубкории гӯшношунид баргузор карданд: ба овозҳои касбнамудаи ҲНИТ хиёнат намуда танҳо барои он ду курсии парлумонро лоиқ донистанду халос. Ба маврид аст агар дар ин замина масале зада шавад.

   Дар яке аз интихоботҳои парлумонӣ дар ҳавзае, ки ноҳияи Нуробод, Файзобод, шаҳри Роғун ва як қисми ноҳияи Ваҳдатро фарогир аст, бародар Муҳиддин Кабирӣ номзади ҲНИТ дар ин ҳавза буд. Номзад дар маъракаи таблиғотиаш бо вуҷуди мушкилоти хеле зиёди ин минтақа ҷадидтарин услубҳои таблиғотиро истифоданамуд ва бо касби 52% овозҳо барандаи интихоботаш эълон карданд. Аммо баъди гузаштани як рӯз бо дахолати «боло» натиҷаи интихобот дар ин ҳавза нодуруст дониста шуду овозҳои Муҳиддин Кабирӣ на 52 фоиз, балки 48% эълон карда шуд ва интихоботро ба даври дуввум кашониданд. Дар даври дуввум бошад Кабирие,ки 48% овоз гирифта буд, пирӯзӣ ба даст наовард, балки рақибаш, ки танҳо бисту чанд дар сад овоз дошт, пирӯз гардид. Ин аст яке аз он тақаллубкориҳои гӯшношунид». №17(734)«Наҷот.26 апрели соли 2013».

 Дар интихоботи маҷолиси маҳаллӣ ҳам ҳукумати Раҳмонов тамоми зарфият ва иқтидори худро ба он равона мекард, ки номзадҳои пешбаришуда аз тарафи ҲНИТ шомили маҷлис нашаванд. Дар ин интихоботҳо баҳсу муборизаҳо бештар аз баҳсу муборизаҳо барои  интихоботи Маҷлиси намояндагон сурат мегирифт. Аммо, аз он ҷиҳат, ки дар ҳайати участкаҳои  интихоботӣ аъзо аз тарафи ҲНИТ ворид карда нашуда буданд, баргаҳои раъйдиҳӣ ба манфиати ҳизби халқӣ-демократии Раҳмонов ҷамъбаст карда мешуданд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама фишору тақаллубкориҳо дар бархе аз манотиқи мамлакат номзадҳои ҲНИТ вориди маҷолиси маҳаллӣ мешуданд. Қамариддин Афзалӣ, роҳбари пешини ҲНИТ дар вилояти Хатлон, ки ҳоло дар шумори аъзои раёсати ҲНИТ дар ҳиҷрат ба сар  мебарад, дар як суҳбаташ мегуяд, ки онҳо муваффақ шуданд, ки 7 нафар аз аъзои худро ба маҷолиси шаҳриву ноҳиявӣ ворид кунанд:

  «Феълан дар минтақа ҳафт вакили ноҳиявӣ дорем. Вакилон дар ҳавзаҳои худ дар корҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ саҳмгузоранд».

  Ба ин тартиб дар интихоботҳои баргузоршуда дар соли 2000, 2005 ва 2010 ҲНИТ тавонист, ки дутоӣ номзадҳои  худро соҳиби курсии Маҷлиси Намояндагон кунад ва ин вакилон ба истиснои нависанда Сайид Насриддин, ки ҳамроҳи устоди марҳум Ҳимматзода аввалин вакилони наҳзатӣ дар парлумон ба шумор мерафтанд, дигарҳо, Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ наҳзатӣ буданд.

ҲНИТ ва намояндаҳои он дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар се давраи интихобот, яъне тули 15 сол чи корҳое карданд ва ҷойгоҳи онҳо дар мақоми боқии вакилон чи гуна будро дар инҷо баён намекунем.

Аммо лозим ва зарур аст ки нақш ва таъсири ҲНИТ дар ин мақтаъ ва фосилаи таърихиро мухтасар ҳам бошад, бозгӯ бикунем.

Баъд аз онки ҲНИТ ба фаъолияти расмӣ пардохт ҷомеаи кишвар, ки таҳти фишори равонии ҳукумат ва сиёсати зиддидинии вай қарор дошт, ҲНИТ-ро ба худ пуштибон ва такягоҳ ҳисобида аз нав рӯ ба арзишҳои мазҳабии худ овард. Ба баёни сода ва оммафаҳм бигуем, мардум дигарбора рӯ ба ислом оварданд ва шумори масҷид ва масҷидрав афзуд. Мурооти аркони ислом аз тарафи мардум бештар мешуд. Ҷашну маросимҳои мардумӣ, аз қабили туйҳо ҳам бо шаклу шеваи исломӣ баргузор мешуд. Мунтаҳо ҷомеаи кишвар явош-явош исломӣ мешуд. Чунки ҲНИТ ва масъулони он аз мардум ошкоро даъват мекарданд, ки барои эҳё ва ҳифзи арзишҳои динии худ талош биварзанд ва дар ҳарҷо, аз ҷумла дар матбуот ҳам, ки суҳбат мекарданд, изҳор медоштанд, ки ҳадафи онҳо эъмори ҷомеаи исломӣ аст, на давлати исломӣ. Чун интихоби сохти давлат марбут ба худи мардум аст. Аз инҷо буд, ки таййи солҳои 2000-2015 ислом дигарбора дар Тоҷикистон мақому манзалати худро ба даст овард.

Марҳум Файзиниссо Воҳидова, аз адвокатҳои саршиноси тоҷик фишорҳои мақомот болои ҲНИТ-ро натиҷаи ҳамин ҳолати ҷомеа медонад, ки боиси нигаронии Раҳмонов ва тими вай шудааст:

«Мо имрӯз ба таври ошкор мушоҳида мекунем, ки дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ фишор болои ҲНИТ хеле сахт шудааст. Ин ҳама омилҳоеанд, ки давлат аз исломишавии ҷомеа ба тарсу таҳлука уфтодааст, ҳол онки ба фикри шахсии ман давлат набояд аз исломишавии ҷомеа тарсу ҳарос пайдо мекард. ҲНИТ ҳам ҷонибдорӣ аз ҷомеаи исломӣ мекунад на аз давлати исломӣ. Айни замон ҲНИТ дар як даври ҳассос қарор дорад. Фишорҳо беш аз пеш афзоиш меёбанд, ки ба шӯҳрати пайвастаи ҳизб рабти мустақим доранд. Зеро Наҳзат воқеъан тарафдори зиёд дорад. Аз ин тарзи вазъият ва густариши нуфузи Наҳзт, албатта, ҳизби ҳоким меҳаросад ва зимоми идораи давлатро аз даст доданӣ нест.» №17(734) «Наҷот. 26 апрели соли 2013.

Бидуни шак, исломишавии ҷомеаи тоҷик Раҳмонов ва ҳукумати вайро сахт нороҳат ва нигарон мекард. Чунки онҳо, бар ин бовар ҳастанд, ки исломишавии ҷомеа шонсҳои пирӯзии ҲНИТ дар интихоботҳоро бештар хоҳад кард. Онҳо сахт ҳарос доштанд ва барои онки ин раванд ва ин таҳаввулро ҷилавгирӣ кунанд ба он зайл ва таври дигар баҳо медоданд: «ифротишавии ҷомеа».

Барои мисол, ҳамин Иброҳим Усмон, муаррихи тоҷик, ки дар ин риштаматолиб иқтибосҳои фаровоне аз навиштаҳои эшон истифода шудааст, дар ин авохир дар як матлабе нигаронии худро аз исломишавии ҷомеаи тоҷик ошкоро эълон кардааст:

«…..дар замони гузар аз идеологияи коммунистӣ ба иделогияи нав олимоне ва ҳатто гуруҳҳое ба миён омада истодаанд, ки ба рӯи ҳама чизҳои гузашта хати бутлон мекашанд, аз ҷумла ба масъала ва андешаҳои пешқадам низ. Аз ин неруҳои худхоҳ дар шароити Тоҷикистон-тундравони исломӣ суиистифода менамоянд. Дар шаҳри Душанбе ба миён омадани муҳити нимаисломӣ шояд аз намунаҳо ва нишонаҳои ҳамин андеша бошанд». (Омузгор№40,5-10.2013)

Аммо новобаста аз онки мақомот болои ҲНИТ ва масъулону аъзои он фишор меоварду зӯроварӣ мекард ва ҳатто афроди саршиноси он назири Шамсиддин Шамсиддин, муовини фарҳангии ҲНИТ ва Қосим Раҳим, узви Раёсати олии онро бо иттиҳомоти бепоя ба зиндон кашонд обру ва мақоми ҲНИТ на танҳо дар дохил, дар хориҷ аз кишвар ҳам боло мерафт.

Ойниҳол Бобоназарова, доктори улуми ҳуқуқ ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар як ёддоште дар ин маврид изҳори назар кардааст: «ҲНИТ танҳо ҳизби дохилӣ нест, аллакай ин ҳизбро дар бисёр давлатҳои Шарқу Ғарб хуб мешиносанд. Вақте ман бо бештари сиёсатмадорони Аврупо сӯҳбат мекунам, онҳо мегӯянд, ки ҳизб хеле ботаҳаммул аст. Ва он вохӯриҳое, ки бо нависандагону шоирон ва олимон мегузаронанд, рӯз аз рӯз сафҳои он, хусусан аз ҳисоби занону ҷавонон зиёд шуда истодааст». №17(734) «Наҷот. 26 апрели соли 2013

  Дар ҳақиқат ҳамагӣ дар давоми ду – се соли фаъолият ҲНИТ баъди бозгашт аз ҳиҷрат тавонист, ки дар тамоми қаламрави кишвар созмон ва ячейкаҳои аввалияи худро фаъол ва як созмони мураттабу муназзам ташкил бидиҳад. ҲНИТ амалан ҳизби парлумонӣ шуда ва намояндагони он дар ҳукумати марказии Тоҷикистон фаъолият мекард. Албатта, ин ҳама комёбӣ ва муваффақияти як созмони сиёсии динӣ буд, ки ба мухолифат ва мухосаматҳои дохиливу берунӣ эътино нокарда собитқадамон пеш мерафт. Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҷаласаи бахшида ба сивумин солгарди таъсисёбии ҲНИТ аз ин ҳама дастовардҳо бо ифтихор суҳбат кардааст:

 «ҲНИТ алҳол дар 61 шаҳру навоҳӣ ба таври расмӣ фаъолият пеш мебарад ва тақрибан 40 ҳазор узви фаъол ва ҳазорон ҷонибдорони худро дорад. Танҳо дар минтақаи Кӯлоб бо фишори баъзе аз масъулини тангназар ин ҳизб ба таври расмӣ натавонистааст, ки конфронсҳои худро баргузор кунад. Вале ман мутмаинам, ки оҳиста-оҳиста майдон барои кӯҳнапарастон танг хоҳад шуд ва адолат ғалаба хоҳад кард. Баргузори конфронсҳои ҳизб дар ноҳияи Фархор ба ин далолат медиҳад.

  Иртиботи ҲНИТ бо намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилал сол то сол мустаҳкамтар мегардад. Вохӯрӣ ва мулоқотҳои ҳамешагии роҳбарияти ҳизб бо корпусҳи дипломатӣ ва баррасиву муҳокимаи масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳон ва ҷойгоҳи баланди ҲНИТ дар миқёси ҷаҳонӣ, хусусан Аврупо ва ғарб, шаҳодат медиҳад.

 Бояд гуфт, ки намояндагони ҳизби мо дар мақомоти баланди ҳукумати ифои вазифа мекунанд. Аз ҷумла: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Зокир Вазиров, муовинони сарвазир, Зайд Саидов, вазири саноат, Мирзо зиёев вазири вазъи фавқулода, Ғайрат Адҳамов муовини аввали вазири дифоъ ва даҳҳо нафари дигар дар чорабиниҳои сиёсӣ ва мавқеъгириҳо бо мо нестанд, вале ҳамчун рамзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳизб ба шумор меравад, як пули иртиботие байни мо ва давлат хоҳанд буд. Ҳизб дар давоми сол конфронс, семинар ва мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо дар саросари ҷумҳурӣ баргузор хоҳад кард. Аз ҷумла соли ҷорӣ 1115 чорабинии сиёсӣ, 820 чорабинии фарҳангӣ ва 153 чорабинии варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 190-тои он тавассути шӯъбаи ҷавонон ва 150-тои дигар ба василаи шӯъбаи бонувон бояд амалӣ гарданд. Роҳбарияти ҳизб ба ҷуз аз кӯмакҳои рӯзмарраи ҳоҷатмандон як ҳазор ятимро сарпарастӣ мекунад.

 Манбаи даромади ҳизб аъзоҳаққӣ, хайрия, фурӯши рӯзнома ва маҷаллаҳои ҳизбӣ ба шумор мераванд. Ба ғайр аз ин теъдоди зиёде аз ҷонибдорони мо дар кишври Русия кор мекунанд ва аз даромади худ саҳмеро ба хазинаи ҳизб ирсол менамоянд. Масрафи чорабиниҳои калони моро ашхоси алоҳида, сарватмандони ҳизбӣ ва ихлосмандону ҷонибдорони мо мепардозанд». 

  С.А Нурӣ «Ормони мардуми мусалмони кишвар» Душанбе-2003

 Нуҳуми августи соли 2006 қалби муассис ва бунёдгузори ҲНИТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз тапидан бозмонд. Унвонии дафтари ҲНИТ дар Душанбе аз ақсо нуқоти олам, аз роҳбарияти кишвраҳои муқтадир, аз созмонҳои бонуфузи дунё барқияҳои таслият ва таъзия сарозер мешуданд. Маҳмадсаийд Убайдуллоев  дар маросими дафни устоди марҳум номаи Эмомалӣ Раҳмоновро қироат ва ҳамдардии ҳукумати Тоҷикистонро баён дошт. Албатта бо рафтани устоди шаҳид ҲНИТ дучори бохти сахт шуд, вале пайравони мактаб ва сиёсати вай даступохурда нашуданд. Роҳи ӯро идома доданд. Ҳар ончики дар интихоботи парлумонии соли 2005, замони дар ҳаёт будани устоди марҳум болои ҲНИТ бор карда шуд, яъне натоиҷ комилан дасткорӣ шуд, дар интихоботи соли 2010-и Маҷлиси намояндагон низ такрор гардид. Вале ин бор ва ин дафъа истиқболи ниҳоят гарм ва саросарии мардум аз ҲНИТ ҳукумати Тоҷикистон ва раиси он Эмомалӣ Раҳмоновро дар ҳолати шок қарор дод. Чунки ин бор ҲНИТ бо тозакориҳое вориди ин сабқат шуда буд, ки нишон медод, зарфият ва тавоноияш дар ҳоли такмил шудан аст. Инҷо аз навиштаҳои қаблии «Ислоҳ» як пораеро иқтибос меоварем:

“ҲНИТ дар ин интихобот зери раҳбарии раиси ҷавони он Муҳиддин Кабирӣ вориди корзор шуд ва ҳузури ҳавасангезу бозии зебои ҳизб дар интихобот як навгонӣ ва тозакорӣ дар сиёсати Тоҷикистон буд. Аз шиору овеза ва роликҳои интихоботиву ширкат дар сабқат ва мулоқот бо интихобкунандаҳо таваҷҷуҳангез ва диққатҷалбкунанда буд.  Вале боз ҳам натиҷаи интихобот тавре ҷамъбаст карда шуд, ки барои ҲНИТ  аз ду курсӣ бештар надоданд. Аммо аксари коршиносон ва огаҳони умур, ки равандҳои сиёсии Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд ҳамон солҳо ва ҳамин ҳоло ҳам бар ин андеша буданд, ки ин навбати охирини ширкати ҲНИТ дар интихобот буд.

Дар интихоботи баъдӣ, ки панҷ сол пас доир мешавад ба ҳизб овози гирифтаашро нахоҳанд дод ва шояд ҳам то он интихобот нарасад ва баста бишавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Сухан дар бораи он меравад, ки дар интихоботи соли 2010 амалан ҲНИТ онро бурида буд. Агарчи Комиссиюни марказии интихобот барои ҲНИТ ҳудуди 10% қоил шуд аммо сифри болотар аз 60 ва ҳатто дар бархе аз ҳавзаҳо 70 то 80%раъйи мардумро ба даст оварда буд. Чунин тарафдорӣ ва истиқболи бузурги мардум аз ҲНИТ ҳукуматро дар муқобили он комилан дигар кард. Зеро як чунин истиқбол аз ҲНИТ-ро ҳукумат интизор надошт. Тамоми дастандаркорони қитаҳои райдиҳӣ, мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ диданд ки ҲНИТ баранда ва пирӯзи интихобот аст».

Нуктае дигар, ки бояд алоҳида мутазаккир бишавад ин аст ки ҳанӯз дар соли 2003 ҲНИТ соҳиби 40000 узв шуда буд, ки инро худи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар суханрониаш бахшида ба сиюмин солгарди ҲНИТ дар соли 2003 иброз доштааст. Аммо дар соли 2010 ҳам ҳамин сифр, яъне 40.000.

Вале Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз суханрониҳояш аз он мегуяд, ки шумори нафароне, ки қасд ва ният доранд узви ҲНИТ бишаванд дар ҳоли афзоиш аст:

   «Барои мисол,пештар агар 700-800 аъзои ҷадидро дар як сол ба қайд мегирифтем ва 10-12 нафари онҳо аз ҳизб хориҷ мешуданд, ҳоло оморҳо чизи дигарро тайид мекунанд: дар як моҳ 300-350 нафар аъзо мешаванд ва ҳизбро тарк намудаҳо 30-40 нафарро, инҷо таъсир ҳаст. Вале бартарият ба тарафи пайвастшавӣ ба ҳизб аст. Дар моҳи март аз нигоҳи оморӣ 450 нафар аъзо шудаанд ва 92 нафар аз ҳизб хориҷ шудааст. 92 нафар барои мо хеле зиёд аст, вале як чиз ҷои фикр намуданро ҳам дорад, ки соли 2012, 300-350 нафар дар сол буд ва дар моҳи марти имсол 459 нафар аъзо шудаанд». №17(734) «Наҷот. 26 апрели соли 2013

Аммо ҳарфи дигаре, ки бояд гуфта шавад ин аст ки ҳамин интихоботҳо, новобаста аз онки ҳукумати Раҳмонов чи натиҷаеро ва чи омору арқомеро барои ҲНИТ медиҳад, ҲНИТ-ро дар маърази хатар гузошт.

Дустону душманони дохилию хориҷӣ ҷойгоҳи ҲНИТ-ро ба дурустӣ ва хубӣ фаҳмиданд. Фаҳмиданд, ки ҲНИТ пуштибонии халқро касб кардааст. Дар сурати пешгирӣ накардан як рӯз не як рӯз ҳокимиятро хоҳад гирифт.

Бахусус интихоботи соли 2010 ва рӯи саҳна омадани як сиёсатмадори ҷавон аммо зарангу забардаст-Муҳиддин Кабирӣ, ки акнун раёсати ин ҳизбро бар уҳда дорад, пояҳои ҳукумати мустабид ва ғайримардумии Раҳмоновро ба ларза андохт. Раҳмонов, албатта, омори воқеии ин интихоботро дошт. Вай, ки дар ҳавои исломишавии ҷомеа талош мекард худро як нафари пуштибони мусалмонҳо ҷилва диҳад ва ҳатто маросими таҷлил аз 1310 солагии имом Абуҳанифа бунёнгузори мазҳаби ҳанафиро дар сатҳи давлат доир кард, то ибтикоротро дар дасти худ бигирад, ба якбор ҷомаи худро чапа пушид ва қасами ҲНИТро хурд.

 Протоколи 32/20, ки ҳамагӣ баъди чанд моҳи баргузории интихоботи феврали соли 2010 қабул гардид, қасами Эмомалӣ Раҳмонов барои ҲНИТ буд, ки барои ба иҷро гузоштани он чаҳор соли дигар мубориза кард.

  Ҳукумати Раҳмонов замони интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015-ро бесаброна интизорӣ мекашид. Агар Раҳмонов ва СС.Ятимов имкон медоштанд, қабл аз феврали соли 2015 корҳо, яъне Протоколи 32/20, ҳамин қасами катбии Раҳмоновро амалӣ мекарданд. Вале дасташон кутаҳӣ мекард, агарчи мепиндоштанд,ки замина ва афкору зеҳнияти иҷтимоъро барои иҷрои ин корҳо фароҳам ва мусоид карда буданд. Вале аз онки ҳанӯз ҲНИТ дар парлумон намоянда дошт, кор мушкил пеш меовард. Сохта ва бозӣ будани нақшаҳо дафъатан маълум мешуд ва бовар намекарданд. Албатта, пай бурдед, ки манзур бастани ҲНИТ аст, ки бо тамоми талош ва зарфияте,ки доштанд,комёб нашуданд. Ҳатто бо иҷрои кардани нукоти ҳамин Протоколи 32/20, магар инки кудетои ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назарзода, муовини вазорати дифоъи Тоҷикистон)-ро тарроҳӣ ва татбиқ карданд.

Дар бахши панҷум ва ниҳоӣ бо иттифоқоти вобаста ба Протколи 32/20 ва кудетои ҳоҷӣ Ҳалим ҳикояти мустанади худ аз таърихи нимасраи ҲНИТ-ро идома хоҳем дод.

   Поёни бахши саввуми давраи чаҳорум, ин давра ба поён расид, мегузарем ба давраи панҷуми ин мақтаъи таърихӣ. Бо “Ислоҳ” бошеду огоҳҳтар гардед….

Share This Article