Иди сайди фитр аҳком ва одоби он

Ислоҳ нет

Иди сайди фитр аҳком ва одоби он
Ҳамду сипос Худованди бо азамтро,ки ба мо мусалмонон идҳо ва муносиботи хурсандиеро ихтисос додааст.Ид рӯзест,ки дар он рӯз хурду калон зану мард пиру ҷавон хушҳолу болида ҳастанд.Албатта ин яке аз атоҳои Худованди карим бар мо мебошад.Аз Худованд хоҳиши онро дорам,ки ин иди саъиди фитрро бар мо муборак гардонад ва онро сабаби саодату комёбии умуми уммати ислом ва инчунин мояи некуаҳволии миллати тоҷик низ қарор бидиҳад.Намехоҳам хутба ё пешгуфтори тулоние нависам ва дар ин мақола мехоҳам бархе аз аҳком ва суннатҳое,ки дар ин рӯзи муборак аз Расули акрам (с) омадааст ва он амалҳое,ки наомадааст онро тақдими шумо азизон намоям.
Нахустин чизе,ки мехоҳам пас аз он дохили мавзу шавам ин адои закоти фитр аст ва ҳатман закоти фитрро қабл аз адои намоз адо намоед.Зеро Худованд ин закоти фитрро барои он муқаррар намуда аст,ки рӯзаи доштаи моро пок намояд ба тавассути он аз он суханони носазое,ки дар аснои рӯзадориямон аз мо фаҳмида ва нофаҳмида сар зада аст.Расули акрам миқдори закоти фитрро як соъ аз хурмо ё як соъ аз ҷав муаян намӯда ва додани он лозим аст бар ҳар шахси ғулом озод мард зан бузургу кучак ва дар назди мазҳаби мо метавонем қимати онро бо пули роиҷи кишвари буду бошамон адо намоем ва миқдори онро идораи муфтиёти он кишвар муъаян мекунад ва адои закоти фитр то ҳангоми адои намози ид аст.Агар пас аз адои намози ид онро адо намоем он як садақаи маъмули мебошад на закоти фитр аз ин хотир онро ҳатман то адои намози ид бидиҳед.
Иди фитр иди мусалмонон аст ва Расули акрам (с) ки дар қиссаи ду ҷория омадааст ,ки дар назди он ҳазрат (с) шеър мехонданд.Чунин мегуяд : “Бигузор онҳоро барои ҳар қавм ид аст ва ин иди мост “(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Бухори )
Аҳком ва одоби иди фитр !
Аввалин амале,ки бояд дар рӯзи иди фитр аз он оғоз намуд ин гуфтани такбирот аст то оғози намоз бояд онро гуфт ва пас аз адои намоз дигар гуфта намешавад.
Чуноне,ки дар Қуръони карим омадааст: ” …Ҳисобро комил созед.Ва Худоро ба он сабаб,ки роҳнамоиятон кардааст,ба бузургӣ ёд кунед ва шукр гӯед”(Сураи Бақара ояти 185)
Лафзи такбир ончуноне,ки аз асҳоби киром омадааст чунин аст.
Ривояти аввал: ” Аллоҳу акбар Аллоҳу акбар Аллоҳу акбар Кабиро “
Ривояти дуввум : “Аллоҳу акбар Аллоҳу акбар Лоилоҳа илаллоҳ,Аллоҳу акбар ва Лиллоҳил Ҳамд”
Ин аст ин ду ривояти саҳеҳ ва изофае дар ин лафз ҷойз нест ва бояд мисли ин алфоз гуфт такбироти идро.
2- ) Рӯзи ид бояд ғусл намӯд ва либосҳои нав пушид ва хушбӯй кард.
3- ) Рӯзи иди фитр бояд қабл аз онки ба масҷид ва ё намозгоҳ бишитоби бояд чанд дона хурмо ва ё ҳарчизе,ки дар дастрас қарор дорад хурд бар хилофи иди қурбон ва сипас ба масҷид рафт.
4- ) Такбироти идро бояд баланд такрор карда ба масҷид бирави .
5- ) Ҳангоме,ки аз хона мебарои ва ба сӯй намозгоҳ ва ё масҷид мерави бояд ба он роҳе,ки рафти аз он тараф ба хонаат бо роҳи дигар баргарди.
6- ) Намози идро агар дар намозгоҳ адо намои ин суннат аст вале агар намозгоҳ вуҷуд надорад ва ё ҳар далели дигар адои намози ид дар масҷид низ дуруст аст.
7- ) Рафтани занҳо ва кудаконҳам ба сӯи намозгоҳ ҷойз аст ба ғайр аз занҳои ҳоиз ва нуфасо то шукӯҳу азамати ин намозро эҳсос намоянд ва онҳоҳам узви ҷудо нашавандаи ҷомеъа ҳастанд.
8- ) Адои намози ид 2 ракаъат аст ва тибқи аҳодиси ворида аз Расули акарм (с) хуб аст имом агар дар ракаъати аввал сураи Аъло ва дар ракаъати дуввум сураи Ғошияро хонад .
9- ) Гӯш кардани хутбаи ид суннат аст ва кушиш карда шавад ба он гӯш диҳед.Ин чунин боке надорад агар коре дошта бошед онро гӯш нокарда равед вале фазилати гӯш карданаш зиёдтар аст.
10-) Табрикоти ид аз Асҳоби киром (р) собит шудааст миёни якдигар вале аз Расули акрам (с) дар ин робита ҳадиси саҳеҳе наомадааст.Аз Ҷубайр ибни Нафир (р) чунин ривоят аст : Асҳоби Расули акрам (с) ҳангоме,ки рӯзи ид як дигарро медиданд чунин мегуфтанд ” Қабулу пазируфта бод ибодати мо ва шумо” Бо чунин лафз ” Тақаббала минно ва минка”( Ибни Ҳаҷар мегуяд иснодаш ҳасан аст )
Хонандаи гироми бояд кушиш намоем аз амалҳои мункар ва бидъатҳоеки аз Расули акарм (с) ба мо нарасидаанд худдори намоем.
Дар зер мехоҳам чанд бидъатро ки аз Расули акарм (с) ба мо нарасидаанд ва мутаасифона бархе аз ин амалҳоро мо анҷом медиҳем меоварам то аз онҳо иҷтиноб ва дӯри намоем ва онҳоро аз дин надонем.
1-) Такбироти идро ба сурати ҷамоъи гуфтан вале агар садоямонро баланд кунем ва ҳар кас худаш гуяд ва ҳам садо нашавем юоке надорад ин намӯд такбирот гуфтан.
2-) Зиёрати қабрҳо махсус рӯзи ид як амали бидъатест,ки аслан аз Расули акрам (с) ва асҳобашон (р) ривоят нашудааст.Дар сари қабр ширини тақсим намӯдан ва аз ин қабил аъмол асалан ривояти заъифе ҳатто надорем саҳеҳаш он тараф истад.Вале зиёрати қабр суннат аст вале ба зиёрат вақтро ихтисос набояд бидиҳем ҳар вақте мехоҳем онро анҷом бидиҳем.Рӯзи ид рӯзи хурсандист набояд онро ба мотам табдил бидиҳем ,бар акс он рӯзро бояд хушу хурам гузаронем.
3- ) Ба муносибати рӯзи ид набояд кортҳои таҳният нома бифиристем ташбеҳ ба яҳуду насоро
Бархе аз гуноҳоне,ки дар рӯзи ид анҷом медиҳанд
1-) Дар рӯзи ид бархе аз мардҳо ришҳои худро метарошанд агарчи тарошидани риш на дар рӯзи ид балке дар ҳама вақт мухолифи суннат аст ва ташбеҳи насорост.Вале бархе аз мо ҳатто дар он рӯз низ аз мухолифати суннат боз намеистанд.
2-) Салом намудани мардони бегона бо занони бегона барои табрикоти ид агарчи ин амал на дар рӯзи ид ва пас аз онҳам ҷоиз нест вале дар рӯзҳои ид ин амал зиёдтар сурат мегирад аз ин амал худдори кунед ҳам дар рӯзи ид ва ҳам дар ғайри он.
3- ) Дар рӯзҳои ид бархе аз фарзандони сармоядорони мо пулҳои зиёдеро сарфи бозиҳо ва тафреҳи беҳуда мегузаронанд хуб мешуд аз ин аъмол дӯри карда ва агар он пулҳоро барои оилаҳои камбизоъат сарф намоем ҳам сабаби хурсандии он оилаҳо ва ҳам сабаби сарбаландии мо дар ду дунё мегашт.

Share This Article