Иди Қурбон муборак

Ислоҳ нет

Иди Қурбон муборак

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳамду ситоиш парвардигори ҷаҳониёнро, ба ваҳдонияти Ӯ таоло шаҳодат медиҳам, ки Ӯро шарике нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва фиристодаи Ӯст, дуруду салом мар он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва олу асҳобашонро.
Аз фазлу раҳмати Илоҳист, ки давоми сол барои бандагони солеҳи Худ мавсимҳоеро қарор медиҳад, ки дар он ба аъмоли солеҳ бипардозанд ва даҳаи Зилҳиҷҷа аз зумраи он мавсимҳост ва ин рӯзҳо мо да арафаи нӯҳум рӯзи ин моҳ, яъне рӯзи Арафа қарор дорем ва фардо даҳум рӯзи ин моҳ, яъне “РӮЗИ ИД” аст.
Бародарону хоҳарони аҳли имонам, ҳаммиллатону ҳаммеҳанонам, мардуми мусалмони Тоҷикистонам!!! Муқаддаман якояки шуморо барои фаро расидани иди саиду муборак, иди Азҳо (Қурбон), ки рамзи садоқат, рафоқат, вафо, имон ва муҳаббати бепоён бар Худованди субҳону манон аст, ки намунаи олии онро Абуланбиё Иброҳим (а) нишон дода, поя гузоштааст муборак мегӯям ва умед дорам, ки Худованди таборак ва таоло амалҳои неки мову шуморо мақбули даргаҳи Хеш фармояд ва каломи муборакбодии моро мавриди қабули шумо қарор диҳад. Дар таърихи ислом ин ид аз зумраи муассиртарин таърихҳост, ки далели итоат аз Худовандро баён медорад. Пас месазад таҷлили онро барои ҳар як фарди мусалмони мутамассик ба ин дин таҳният гуфт.
Худо он миллатеро ёр бодо,
Ки ҳифзи дину оин кор бодо.
Муборак иди Қурбон бар касе бод,
Ки соҳибмазҳабу диндор бодо!
Хоҳони онам, ки Аллоҳ дар ин рӯзи саид тамоми роҳҳои мусалмононро ҳамвор созад ва мисли сипар аз онон ҳифз намояд. Чатри муҳаббаташро ҳама ҷо болои сари мусалмонон қарор бидҳад ва борони раҳматашро дар ҳама ватани мусалмонон биборад ва онро ба бӯстон мубаддал созад. Хуршеди меҳрашро гармбахши рӯзҳои сард бигардонад ва гомҳои родмардони роҳи ҳақро устувор намояд. Рӯзгоратонро аз хубиву хушиҳо пур ва ғаму андӯҳро аз қалбҳоятон дур ва солимии ҷисму рӯҳатонро ато ва саодати ҳар ду дунёро насибатон гардонад, муҳаббату самимиятро дар миёни мо тақвият бахшад, гуноҳони моро биёмурзад ва моро дар сафи беҳтарин бандагонаш қарор диҳад ва аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор созд, омин.
Аллоҳ ибодатҳои даҳҳаи мубораки Зилҳиҷҷаро аз мо пазируфта бошад. Он чи кардем холис барои ризо Ӯ таоло аз мову шумо қабул фармояд. Намояндагони миллату кишвари мо, ки дар Мино қарор доранд ва имрӯз дар Арафотанд дуъо мекунанд ва фардо шайтони раҷимро сангборон мекунанд, аз онҳо қабул фармояд. Ҳар дуое, ки барои некуаҳволӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоди ин миллат мекунанд иҷобат намояд. Муҳоҷирини тоҷикро, ки дар ҳар манотиқи дунё дур аз ватан ва наздикони хеш қарор доранд сиҳату солим баргардонад. Ашки ятимони бесарпараст, занони муҳтоҷу ниёзманд, падару модарони ситамдидаву аламдор ва зиндониёни мазлуми ин миллатро марҳаму маъво бахшад.

Иди Курбон дар рузи галат рост омад!

Бародарону хоҳарони аҳли имон тавре, ки мо худ ҳамагӣ шоҳид ҳастем миллати мо ин рӯзҳо имтиҳони сангинеро аз сар мегузаронанд. Мухолифати шаддид ва эълони ҷанг бо дини Аллоҳ, судури қавонини тамасхуромез дар баробари қавонини ислом аз қабили манъи шадиди сатру ҳиҷоб, манъи таҷлили идҳои сунатӣ, билхусус иди Қурбон ва эълони рӯзи корӣ дар ин рӯз (ҳатто ҳар ки аз ин амри золимона даст бикашад ҷуброни сахтеро мепардозад ва агар аз зумраи кормандони идораву корхонаҳои давлатӣ ин фармоишро ба иҷро нарасонанд аз кор хориҷ мешаванд) аз ҷониби ҳуккоми золими кишвар далели ин ҳама гуфтаҳост. Э Аллоҳ, Ту худ ба ин ҳама бинову шунавоӣ. Ин имтиҳонро барои миллати заҷрдидаи тоҷик осон ва бо иззат аз ин имтиҳон комёбаш бигардон. Ҳеҷ тоҷикеро дар ба дар, муҳоҷир, мазлуму ситамдида ва маҳҷур дар гӯшаву канори дунё магзор. Эй Парвардигори оламиён ва эй меҳрубонтарини меҳрубонон, ин дуои ноқиси моро дар ин рӯзи муборак аз мо бипазир, омин.

Share This Article