Имрӯз зимни нишасти САҲА дар Варшав, Илҳомҷон Ёқубов, роҳбари Асотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ ва ҳам узви шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон суханронӣ намуда гуфт, ки ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон ба тиҷорат табдил ёфтааст.
Дар зер тарҷуммаи матни пурраи суханронии Илҳомҷон Ёқубов пешкаши Шумо хонандагони азиз мегардад.
Дар дилхоҳ кишвари ҳуқуқбунёд, адолат ва волоияти қонун вобаста ба мустиқилияти ҳокимияти судӣ мебошад. суди мустақил ва мустақил вобаста аст. Ҳар ҷое, ки адолат ва волоияти қонун вуҷуд дорад, дар он ҷо ҳуқуқҳои асосии бунёдии инсон таъмин карда мешаванд.
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандон тавассути ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд.
Аммо, дар Тоҷикистон, кайҳост, ки ҳокимияти судӣ ба тиҷорат ё дукони шахсӣ табдил ёфтааст. Ин шохаи ҳокимиятро як гурӯҳи алоҳида инҳисор намуда барои ҳадафҳои махсуси худ истифода мекунанд. Мақомоти Судӣ дар Тоҷикистон танҳо овораи пуштибонии мансабдорону мақомдорони кишвар ва нафарони наздик ба шахси аввали кишвар аст. Ҳарчанд расман мурофиаҳои судӣ баргузор мегардад, аммо бидуни додрасӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳост.
Дилхоҳ парвандаи ҷиноие, ки аз ҷониби мақомоти айбдоркунанда ба суд фиристода мешавад, ҳатман мурофиаи судӣ бо тасдиқи назари мақомоти айбдоркунӣ ба анҷом мерасад. Дар давоми 10 соли охир аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон ягон парвандаи ҷиноӣ пурра сафед карда нашудааст. Ҳамаи ҳисоботҳои судӣ дар бораи сафедкунии 2-3 парванда дар як сол дурӯғи маҳз аст. Ин 2-3 сафедкуние, ки мақомоти судӣ гузориш додааст, асосан ҷурмҳои мутааллиқ ба бадрафторӣ, ҷанҷолҳои оилавӣ ва ё таҳқири шахсият мебошад.
Дар давоми ду се соли охир ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳом ба ҷурмҳои сохтаву бофтаи терроризм ва экстремизм равонаи зиндон шуданд.
Ҳеҷ як суд натавонист, ки дар муқобили айбдоркуниҳои ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, вазорату идораҳо ҳукм содир кунад. Ҳеҷ як қозӣ дар Тоҷикистон наметавонад ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванди оддиеро, ки дар муқобилаш шахсони наздик ба нафари аввали кишвар ва ё шахсони мансабдор ҳастанд, таъмин кунад.
Намунаи ошкор, ин қарори як ҳафта пештар содирнамудаи Суди шаҳри Душанбе алайҳи Ҷунайдулло Худоёров мебошад, ки танҳо ба хотири дар шабакаи иҷтимоъӣ нашр намудани матлаби танқидӣ дар бораи фасодкории мақомдорон ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд.
Ин аст, ки эътимод ба ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон кайҳост аз байн рафтааст. Касеро, ки мақомоти иҷроия айбдор донист, мурофиаи судӣ барпо нашуда ҳамагон аллакай мефаҳманд, ки ҳатман пушти панҷараи зиндон хоҳад рафт ва аз дасти суд ҳеҷ коре сохта нест. Мақомоти судӣ дар Тоҷикистон қобилияти собит намудани бегуноҳиро надорад.
Аз ин рӯ ба хотири поймол шудани ҳуқуқи инсон ва ба инобат нагирифтани эҳтимолияти бегуноҳии шаҳрванд, пешниҳод мекунам, ки ба ҳукуммати Тоҷикистон тавсияҳои зер дода шавад:
-
Кодекси ҷиноии кишвар бозомӯзӣ шавад ва ба талаботҳои қонунҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шавад. Ба таъқибу фишор ва бидуни ҷурм ба зиндонафканиҳои шаҳрвандони бегуноҳ хотима дода шавад. Бояд ҳукумат даст аз оморҳои бардурӯғ бардошта, ба шароити кунунии кишвар воқеъбинона назар кунад.
-
Тамоми уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон бо САҲА дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон ба имзо расонидааст, зери назорати қатъӣ гирифта шавад.
-
Тамоми зиндониҳои сиёсӣ озод карда шаванд.
4. Мустақилияти воқеъии мақомоти судӣ аз мақомоти иҷроия таъмин карда шавад.