Ислом дини сиёсӣ аст ё аз сиёсат ҷудост?
Чаро аз исломи сиёсӣ бештар ҳукуматҳо метарсанд?
Чаро аз ҳар ҳизб, гурӯҳ ва ё созмони сиёсии дигаре таҳти ҳар исме бошанд ҳарос надоранд, аммо ҳангоме, ки зери исми ислом қарор гирифт аз он дар ҳаросанд?
Чаро як ҳизби сиёсие зери исми демократ, ислоҳотхоҳ, ваҳдат, халқ, сотсиалист агарарӣ, иқтисод, масеҳият ва ғайра ҳар мусибатеро бар сари мардумонашон пас аз ба ҳукумат расидан биёранд. Ҳеҷ кас демократ, ислоҳот, ваҳдат, халқ, сотсиалист, аграрӣ, иқтисод, масеҳиятро гунаҳкор намеҳисобад. Аммо ҳангоме ки як ҳизб шахси сиёсии исломгаро ба қудрат расид ва Худое нокарда ба нокомӣ ва ё ҳараҷу мараҷ иҳота гашт ва ё дар он Ҳукумат мушкилот домангираш гашт. Дарҳол бе тараддуд ҳизби исломӣ он шахси исломгароро гунаҳкор менамоянд? Охир он ҳизбро инсонҳо ташкил намуданд ё он шахси мустақили исломгаро ҳам инсонаст гоҳо хато мекунанд ва гоҳо дуруст амал мекунанд. Афрод гунаҳгор аст на дин ва сиёсати исломӣ ва шаръӣ.
Посух: Ислом динест комил ва шомил ва ҳама ончӣ барои инсоният ва ҳар ҷомеае лозим бошад онро дар ин дин метавон пайдо намуд. Ба шарте воқеан хостори низоми исломӣ ва сиёсати исломӣ бошанд, на инки зери сиёсати исломӣ ва низоми исломӣ бо хост ва майлҳои шахсӣ ва фардӣ амал кунанд. Онҳое, ки дар садади фикри исломи сиёсианд дар маҷмуъ инсонҳои худфидо ва содиқанд, зеро ихтиёри ин роҳ дар ҳаёти имрӯзӣ ҷуз фидои худ ва эҳё ё гирдиҳам овардани уммати пароканда чизи дигаре нест. Яъне наметавонад шахсе хоҳони сиёсати исломӣ бошад ва барояш паймудани ин роҳ осон ва бемавонеъ бошад.Ё инки ин ҳизбро барои истироҳат ва маъишати ин дунёи ташкил намуда бошад,то аз он манфиъате мисли аҳзоби дунявӣ бубанд,ки намунааш миллионҳо мебошанд. Бидуни истисно муасисони ҳизби исломӣ хуб медонанд,ки ҳама олам дар муқобилаш қарор мегиранд чӣ Шарқ ва чӣ Ғарб. Пас чунин шахс метавонад бо ҷонаш бозӣ кунад, вале содиқ набошад?
Барои чӣ мехоҳанд дин аз сиёсат ҷудо бошад?
Ин падида ё мафкура нахуст дар Ғараб пайдо шуд, яъне ҷудо сохтани дин аз сиёсат. Сабаб дар он буд, ки динашон фосид аст ва сиёсатро фосид месозад. Аммо дар Шарқ ва бақияи давлатҳо бошад сиёсатмадорон фосиданд ва дин фосид ва ба бероҳа рафтани сиёсатмадоронро ошкор мекунад, ин амр барояшон хело нохушоянд аст.
– Шахсе мегӯяд дин ҳеҷ алоқа ба сиёсат надорад, пас бешак ин шахс ду Аллоҳро ибодат мекунад, яке дар осмон ва дигаре дар замин. Сабаб дар он аст, ки он Холиқе соҳиби ин олам аст ончӣ дар осмон ва замин аст махлуқоти Ӯянд ва шоистаи ибодат танҳо Ӯст.
Аллоҳ мефармояд:
Бигӯ: «Намози ману қурбонии ман ва зиндагии ману марги ман, барои Худо, он Парвардигори ҷаҳониён аст.
Ӯро шарике нест. Ба маннчунин амршудаастваман аз нахустинмусалмононам».
Бигӯ: «ОёҷузАллоҳПарвардигореҷӯям?» Ӯ Парвардигориҳарчизестваҳаркасстанҳоҷазои кори хешромебинад. Вакасе бори гуноҳидигареро бар дӯшнамекашад. Сипасбозгаштиҳамаишумо ба назди Парвардигоратонаства ӯ шуморо ба он чизҳое, ки дар он ихтилофмеварзидед, огоҳмекунад.
Ӯст Худое, кишуморохалифаҳоизамин кард вабаъзеро бар баъзеи дигар ба дараҷотебартарӣдод, то шуморо дар чизе, киатоятонкардааст, биёзмояд. ҲаройнаПарвардигорат зуд ҷазомедиҳадва Ӯ омурзандавумеҳрубонаст!(Сураи Анъом,оятҳои 162-165)
-Шахсе мегӯяд исломро бояд аз сиёсат ҷудо сохт ё чунин фикр ва андеша мекунад ин шахс аз се ҳолат холӣ нест. Ё инки ӯ имон надорад, ки Аллоҳ офаридагор аст. Ё инки ӯ имон надорад инки худаш махлуқ ва офаридашудае ҳаст. Ё инки медонад ва дар баробари ҳақ кибр меварзад. Ақли солим далолат мекунад, ки офаридгор ё Холиқ донотар аст бар махлуқот ва офаридаҳояш.
– Ман дар тааҷҷуби он шахс ҳастам, ки ӯ имон ва боварӣ дорад, ки Аллоҳ ҳама сайёра ва афлокро ба як низоми дақиқ мечархонаду идора менамояд аз оғози офариниш ва хилқаташон. Ин ҳама бузургтарин оламу афлок ва сайёроти ин кавн ва олам, то имрӯз аз кор набаромаданд ва халале дар корашон,то ба ҳол дида нашуд. Тааҷҷуб дар он мекунам, ки низоми ҳаёт, сиёсат ва зиндагоние, ки Аллоҳ барояш муқаррар намудааст рад мекунад. Ӯ кист як бандаи оддӣ ва муқаррарие, ки аз ҳимояти ҷони худ ҳатто оҷиз ва нотавон аст. Ҳар лаҳзае, ки хоҳад Аллоҳ ҷонашро мегирад, инро ҳам медонад бар замми ин ҳама боз ҳам саркашӣ менамояд ва исрор меварзад.
Аллоҳ мефармояд:
“Офариниши осмону замин аз офариниши мардум бузургтар аст, вале бештари мардум намедонанд!”
(Сураи Ғофир,ояти 57)
– Аллоҳ офарид инсон ва дунёяяшро,то дар он зиндагӣ намояд. Ин инсони заифу нотавон ба Холиқаш мегӯяд: ту динатро дар дунёи мо махлут ва омехта накун ман ба шууни кори дунёям огоҳам.
Аллоҳ дар ин маврид мефармояд:
Марг бар одамӣ бод, кичӣносипос (ношукр) аст! Ӯро аз чӣ чиз офаридааст? Аз нутфае офарид ва ба андоза падидовард, сипас роҳашро осонсохт. Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард. Ва он гоҳ, кихоҳадзиндаашсозад.
(Сураи Абаса, оятҳои 17 то 22)
Боз мефармояд:
“Одамиро аз нутфа биёфарид. Ва акнун ӯст (одамӣ), ки ошкоро душманӣ меварзад (бо офаридгори худ).”
(Сураи Наҳл,ояти 4)
-Ҳоло соатҳо кору фаъолиятҳои дунёӣ ва зиндагии худро инсон ба тибқи низоми шабу рӯз, гардиши замин дар атрофи моҳ ва хуршед, фаслҳои соле, ки дар сол вуҷуд дорад татбиқ ва муназзам менамояд. Аммо ҳангоме, ки ин низомро Аллоҳ барҳам зад ва аз миён бардошт он гоҳ аз азамати он Холиқу офаридагорашон огоҳ мегарданд, вале он вақт эътироф намудан дигар суде надорад.
Аллоҳ мефармояд:
“Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишта дар ҳам печонем. Ва чунонки нахустин бор биёфаридем, офариниш аз сар гирем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯҳдаи Мост ва Мо чунон хоҳем кард.”(Сураи Анбиё,ояти 104)
Боз мефармояд:
“Худоро нашинохтанд, он чунонки шоёни шинохти Ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин як ҷо дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар дасти рости ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳарчӣ шарики ӯ мепиндоранд.”(Сураи Зумар,ояти 67)
-Аллоҳ кафолат намуд инсонро ба низоми таквинияш набзи қалб, ҷараёни хунашро танзими дақиқ намуд, то дар заминаш битавонад умр ба сар барад ва зиндагӣ кунад. Ҳангоме, ки ҳамаро дар замин барояш муҳаё ва омода сохт ва чашмашро бино ва ақлашро комил сохт, он гоҳ инсон гуфт ман акнун ба дунёи худ донотарам аз аз ту эй Холиқам.
Намехоҳам тӯлонӣ намоям барои инсони оқил кофист ин миқдор агар ақл дошта бошад.
Пешниҳоди як тарҳ барои ҳама ҷудо созандагони дин аз сиёсат
Дар охир як пешниҳод дорам ба онҳое, ки исломро аз сиёсат дур медонанд ва мехоҳанд ислом ба сиёсат кордор набошад. Танҳо як минтақаи мусалмоннишинро дар ҳар нуқтаи замин дар ихтиёри мусалмонони мухлис ва содиқ бигузоранд, то дар он ҷо ҳукумате созанд ва он комилан ба низоми исломи мутобиқ ва созгор бошад.Муҳим нест он дар шарқ аст ва ё дар ғарб ва ё шимолу ҷануби курраи замин. Ҳама авомир ва навоҳӣ, низоми қазоӣ ё додгоҳӣ, иқтисод, бонкҳо, мадорис, зироат, сипоҳ, муҳосабаи он давлат комилан тибқи низоми сиёсии Илоҳӣ ё шариъати ислом амал намояд. Ҳеҷ ниҳоде, давлате ба он низом дахолат накунад ва барояшон даҳ сол муҳлат бидиҳанд ҳеҷ мавонеи сунъие дасисаву тавтиае дар қиболаш эҷод накунанд. Пас аз он ҳама олам он ҷо бираванд ва бубинанд чӣ шудааст? Инчунин бидуни пинҳон доштан ва таҳлилҳои чунину чунонашон он давлатро ба ҷаҳониён ончӣ ҳаст ба намоиш гузоранд, то мардуми олам худ мушоҳида карда ва хулосаашонро бароранд. Бо итминони комил мегӯям ҳама бошандагони курраи замин мехоҳанд мисли онҳо давлате бисозанд, то чунин низомеро дошта бошад. Бидуни ҳеҷ шакку тардиде ҳукм ва сиёсат азони Аллоҳ аст ва Ӯ беҳтарин таквин кунанда ва мудаббиру Холиқ аст.
Он Аллоҳе ин ҳамаро сохт ва дар ихтиёри бандагон ё инсоният қарор дод бешак ӯ донотар аз ақл ва низоми сохтаи башар аст, агар пандпазир бошед!
Муҳаммадиқболи Садриддин