Исмати дуликро Азизмои газетхонак наҷот медиҳад?

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Исматулло Абдуллозода, маъруф ба Исмати Дулик то ду ҳафтаи пеш дар курсии раёсати фурудгоҳи байналмилалии Душанбе-калонтарин майдони ҳавоии Тоҷикистон такя мезад, аммо ҳоло дар яке аз камераҳои карантинка-тангтарин камераҳои СИЗО-и кучаи Красний партизан маҳкам аст. Дар ин гармои ҳавлангез ва тааффуни утоқи боздоштгоҳи тафтишотӣ ҳар ду чашм ва ҳар ду гушро ба самти кормушка чор кардаву мунтазир аст ки Азизмо ба додаш мерасад. Бале, дуруст фаҳмидед, ин ҳамон Азизмои газетхонак, зани Эмомалӣ Раҳмонов аст ки аз кришаҳои асосии Исмати дулик ба ҳисоб меравад. Исмати дулик, ки ба сирқати беш аз 500 миллион сомонӣ муттаҳам мешавад, бовар ва умед дорад, ки Азизмо ӯро аз «қама» наҷот медиҳад. Аммо ин бор…

  Исмати дулик яке аз каттазанҳои колхозободӣ, аз Чапаеви машҳур, ки ҳоло бо Навруз табдили ном кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ «ожидат» надошт, ки ӯро ҳам ранги дигарҳо «пошёл на три букви» мекунанд, аммо воқиан карданд. Чунки «онҳо метавонанд».

  Исмати Дулик, рафиқи аз даврони кудакӣ ва мактабии Ҳасан ва Азизмо  мебошад. Дар як мактаб хондаанд, дар як деҳа зистаанд ва дар якҷо ба воя расидаанд. Барои ҳамин қарину қарибанд. Ончунон қарину қариб, ки ҳатто дар қабристон ҳам гур дар канори ҳам мебошанд. Дар соли 2019 як хоҳар ва бародари Исмати дулик дар Коронавирус даргузаштанд. Соли 2022 ачаи (модар)-и Азизмову Ҳасан кампири 80 солаи Узбакбӣ мурд. Мурдаи Узбакбиро дар паҳлуи қабри Шамсуллои бародари Исмат, ки подполковник ва замначи УВД-и Хатлон буд, гурониданд, дар ҳамон қабристони Чапаев-Наврузи феълӣ, ки Ҳасан онро обод карда буд.

Аслан Исмати дулик аз шогирдони Амонулло Ҳукумов, раиси собиқи идораи Роҳи Оҳани Тоҷикистон аст ва дасти Исматро маҳз ҷаноби Амонулло Ҳукумов рост кардааст, то ба ҳадде, ки Дулик то ба мақоми муовини раиси идораи Роҳи оҳан расид. Аммо вақте дар ҷойи Ҳукумов талош кард, муваффақ нашуд. Чунки Зоири мундуқ-домоди Эмомалӣ Раҳмонов, яке аз «отделкадрҳо»-и Оила Комил Мирзоалиевро овард. Ҳамин ҳоло ҳам Зоири мундуқ ҷияни роднойи худашро дар ҷойи Исмати дулик овард ва дар ниҳоят ҷаррасти Дуликро баровард… Аммо дар ин бора як каме дертар..

    Ҳоло бошад як каме аз Исмату Ҳасан бигуем. Маҳз ҳамин Ҳасани ишкамба буд, ки Исмати дуликро «оҳиста-оҳиста» то ба ин мақому мартабаҳо оварду расонд ва шароиту имконоту имтиёзҳои пули калон кор карданро барояш фароҳам кард. Дулик каналҳои ҷолиб ва таҷрибаи интиқолро дар Роҳи оҳан ба хубӣ касб карда буд ва ин каналҳо ва ин таҷриба барои Ҳасан бисёр ҳам зарур ва муфид буд. Ва, дар соли 2016 Ҳасан тавонист, ки фармони Раҳмонов барои таъини Исмати дулик ба мақоми мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанберо барорад. Ҳасан кайҳо бозори мусофиркашонии ҳавоии Тоҷикистонро тасарруф карда ва одамони худашро дар мақомҳои калидии ин арсаи пурдаромади мамлакат ҷобаҷо мекард. Боингҳои «Сомонайр»-и Ҳасан фурудгоҳи Душанберо на иҷора, балки аз они худ бояд мекарданд, ки карданд.

 Аммо Исмати Дулик барои бори аввал нест, ки бо иттиҳоми ҳамсон, тасарруф ва азхудкунии маблағҳои бузург гирифтор ва иттиҳом мешавад. Дафъаи қабл ӯро Ҳасан наҷот дод, аммо ин бор баъид аст, «корҳо тамоман бенур».

Як чизро бояд бигуем. Аз ҳамон рӯзҳои аввал, ки Ҳасан ба бозори роҳи ҳавоӣ ворид шуд ,раисони «Тоҷикайр» ва фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми ғорату дуздии маблағҳои бузург ба даст афтоданд, боздошт ва зиндон ҳам шуданд. Онҳоро Ҳасан таҳрик ва роҳ нишон медод, зеро худаш дар ин дуздиҳо шарик буд. Чанд соли пеш ҳам Исмати дулик барои гирифтан ва барнагардонидани қарзҳои калон аз «Амонатбонк» мавриди танқиди шадиди Раҳмонов қарор гирифта буд, ки мо дар яке аз навиштаҳоямон дар ин бора гуфта будем:

«Дар як ҷаласа Исмат Абдуллозода, (Исмати дулик, наздиктарин одами Ҳасан Асадуллозода),  раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанберо Эмомалӣ Раҳмонов мехезонад ва мепурсад, ки ту киӣ, ки аз Амонатбонк ба номи аэропорт100 миллион қарз мегирӣ? Мегуяд муҳтарам Ҷаноби олӣ, ман нагирифтам, ман имзо мондам, ана ҳамин гирифт сумҳоро ва ба Ҳасан ишора мекунад, ки онҷо шиштагӣ буд. Ин хусурбачадустдор резко дар даҳонаш як мушт зада хап мекунад ва мешинонад. Зуд «тема»-ро тоб медиҳад. Баъди ин бузии Исмат хелеҳо мутмаин буданд, ки кори Исмат тамом, Ҳасан қабрашро меканад, ки не, кор карда истодааст. Чунки Дулик «дойний корова аст».  Иқтибосе буд аз яке аз навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ.нет».

Ва, барои онки иддиоямон дар бораи онки маҳз Ҳасан омаду кори бозори мусофиркашонии роҳи ҳавоӣ дучори буҳрон шавад, боз як иқтибоси дигар аз навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ»-ро инҷо меоварем:

«Аммо ин масъала, гирифтани кредит дар айбномаи Рустам Холиқов ,ки намояндаи ҳуқуқӣ ва ё адвокати ширкати  «Тоҷик Эйр» бар муқобили Рустам Холиқов таҳия ва нашр кардааст  ба чунин шакл омадааст: «Халиков Р.И. дар давраи фаъолияти худ ба сифати директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар санаи 04 январи соли 2016 шартномаи қарзиро бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баста, дар 2 марҳила дар умум 50 млн сомонӣ бо 15 фоизи солона қарз гирифтааст. Аз ҳисоби ин маблағҳо ӯ қарзҳои пешинаи Ҷамъиятро пардохт намудааст. Дар оқибат Халиков Р.И. як қарзро пардохт ва қарзи навро дар ҳаҷми зиёда аз 79 млн сомонӣ пайдо намудааст. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои 2016-2022 роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» қарзи асосиро аз ин шартнома дар ҳаҷми зиёда аз 5 млн сомонӣ пардохт кардааст, вале аз ин шартнома боз фоизи қарзи ҳисобшуда баробар ба 29 356 807 сомонӣ зиёд шудааст. Аз маблағҳои ҳисобшудаи фоизӣ роҳбарияти Ҷамъият 13 712 497 сомонӣ пардохт кардааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2023 ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 60 484 310 сомонӣ қарздор аст. Ҳамин тавр, аз кирдорҳои Халиков Р.И. (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва аз оқибатҳои бемасъулиятии ӯ, ба ҶСК «Тоҷик Эйр» дар умум зарари молиявӣ ба миқдори махсусан калон расонда шудааст».Ин ба он маъно аст ки қарзи гирифтаи Ҳасанро ҳам бояд акнун Рустам Холиқов пардохт намояд. Як ҳолати бисёр ҳам тааҷҷубовар ин аст ки агар Рустам Холиқов ин ҳама маблағро ба тороҷ дод, чаро дигарбора ба ин мақом-раиси «Тоҷикайр» таъин шуд ва гузашта аз ин ин дузди ҷайби давлат чи тур боз дар ҳузури Раҳмонов агробизнес боз мекунад? Рустам Холиқовро бори аввал субҳи 4-уми августи соли 2019, пеш аз парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе дастгир намуданд. Ӯро аз фурудгоҳ ба боздоштгоҳи КДАМ бурданд ва эълон карданд, ки бино бар парвандаи ҷиноии дуздии сармояҳои “Тоҷик Эйр” маҳалли зисташро тарк карда наметавонад. Аммо он вақт Холиқов барои тармими меҳмонхонаи давлатӣ дар Маскав 100 ҳазор доллар ба Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ришва дода бо ҳамин ба озодӣ баргашт. Дар як номаи дастҷамъонаи кормандони «Тоҷик Эйр» унвонии сомонаи Ахбор.ком аз моҳи майи соли 2019 талаб карда мешавад, ки Рустам Холиқов бояд миллионҳо доллари ширкатро баргардонад. Ин расона ҳамчунин аз тасдиқ шудани ӯ ба ҳайси раиси ширкати «Сомон Эйр» хабар дод, вале, зоҳиран, Холиқов дар ин вазифа ба кор сар накард.! 30.01.2024  Кӣ «Тоҷик Эйр»-ро қарздор карду кӣ бояд зиндонӣ шавад?  https://isloh.net/kӣ-toҷik-ejr-ro-қarzdor-kardu-kӣ-boyad-zindonӣ-shavad/

Ба яқин дар пушти дар ин ҳаҷм гирифтани қарзи Дулик Ҳасан меистад. Ба Исмати Дулик Амонатбонк ин миқдор бидуни гузоштани гарав аслан маблағ намедиҳад ва Дулик бе ҳамоҳангӣ бо Ҳасан аз фурудгоҳ залог намемонад.

Ҳасан ин корро пештар ҳам карда буд. Вақте Хайрулло Раҳимовро оврданду монданд:

«Вақте Хайрулло Раҳимов омад ва дар «Тоҷик Эйр» раис шуд, як ҳафта пеш ба номи Тоҷикайр 50 миллион сомонӣ Рустам Холиқов ва Ҳасан Асадуллозода кредит гирифта буданд. Омаданд инро гуфтанд: «хап кун то тема набарояд, ки мо 50 миллион гирифтагием. Собиқ раиси Амонатбонк омад ва худаш гуфт, ки ана ҳаминҷо туро раис монданд, хап куну шин».  ( Кӣ «Тоҷик Эйр»-ро қарздор карду кӣ бояд зиндонӣ шавад? 30.01.2024 https://isloh.net/k%d3%a3-to%d2%b7ik-ejr-ro-%d2%9barzdor-kardu-k%d3%a3-boyad-zindon%d3%a3-shavad/  )

Аммо ин бор Исмати дуликро Ҳасан наҷот дода наметавонад, агарчи дар ин 500 миллион сомонии дуздии вай, ки ӯро феълан бо ҳамин миқдори тасарруф ва дуздӣ муттаҳам мекунанд ҳатман Ҳасан шарик аст. Чаро? Чунки ин бор масъала ранги дигар гирифтааст. Худи Ҳасан аз чанд вақт боз ба садоқати Исмати дулик шак кардааст ва пай бурдааст, ки Дулик аз контролаш хориҷ шуда ва бизнеси ӯро тасоҳуб кардааст.

Тиҷорати муштараки маводди мухаддири Ҳасан ва Исмати дуликро расонаҳои русӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам борҳо навишта буданд, ки инҷо аз яке аз онҳо як намуна меоварем:

 «Абдуллозода Исматулло Файзулло, известный как «Исмат Дулик», директор аэропорта в Душанбе, родом из Колхозобада, является односельчанином Хасана Асадуллозада. Он, совместно с Амонулло Асадуллозода, братом Хасана Асадуллозода, занимается наркотрафиком под покровительством Хасана Асадуллозода. Их команда получает наркотики с погранзастав Шуробод, Куляб. Генерал-полковник Раджабали Рахмонали, начальник главного управления Пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности, участвует и контролирует ситуацию в погранзаставах. После получения с погранзастав, груз помещают на склады аэропорта в Душанбе и на другие склады, принадлежащие аэропорту. Далее партии героина отправляются через авиакомпанию «Сомон Айр» и казахстанские аэропорты в качестве груза пассажиров в Российскую Федерацию. В России, внутри аэропортов, есть свои люди, которые, по установленным схемам, встречают груз и беспрепятственно проводят наркотики дальше».

  Бинобар маълумотҳои дарёфтӣ Ҳасан аз Исмати Дулик конкретно дилаш мондааст. Баъзеҳо мегуянд, ки Исмати Дулик ҳам дар ҳодисаи куштори марҳум Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасани Ориёнбонк шарик буд. Аммо он шабурӯзҳо бо кадом сабабу мулоҳизаҳое Исматро намонданд, ки маҳкам кунанд, чун вай кадом бизнеси калони Ҳасанро пеш мебурд ва анҷоми пурсамари он тиҷорат аз вуҷуди Исмати дулик вобаста буд. Баъди бастани парвандаи куштори муовини Ҳасан ва ҷазо гирифтани ба ном гунаҳкорон Ҳасан дар фикри дур кардани Исмати Дулик афтод. Мақсад аз бизнеси калон гуфтан ин аст ки бахши аъзами тиҷорати героини Ҳасанро Исмати Дулик  ба роҳ мемонд, «бор»-ро ҷо ба ҷо карда бо самолётҳо равон  мекард.

  Каме ба қафо равем. Ҳамаи мову шумо шоҳидем, ки Раҳмонов аз аввал шахсиятҳоро танҳо ва танҳо барои манфиати худ истифода мекарду мекунад. Хусусан дар тиҷоратҳои калон. Наркотик аз ҷумлаи ҳамин тиҷоратҳои бузурги бархе аз шахсиятҳое ҳаст, ки Раҳмонов онҳоро ба хубӣ медонад. (Аз руи баъзе аз маълумотҳо Исмати Дулик яке аз шарикони асосии Боим мебошад, ки мимо аз Ҳасан ва Раҳмонов кор мекардааст)

  Солҳои пеш маводди мухаддири Афғонистонро бо вертолётҳои Аҳмадшо Масъуд меовард, асосан бо каналҳои Султони Чол. Баъдан бо вертолёти Ғаффор-седой. Баъд аз онки дар тиҷорат Ҳасану дигар наздикони худи Раҳмонов ворид ва «қуш» шуданд ва ҳамаи роҳу каналҳои даркорӣ дар тиҷорати наркотикро ёд гирифтанд, Раҳмонов яке-яке бегонаҳоро дур ва ин тиҷорати миллиардиро таҳти контроли Оила кард ва ҳоло монополисти ин тиҷорат худи Раҳмонов аст.  

Султони Чолро заҳр доду кушт, Ғаффорро бурда абадӣ маҳкам кард, ки овозашро ягон кас нашунавад.

  Хуб, Исмати Дулик. Дулик дар солҳои охир ҳис кард, ки сарашро мехуранд. Исмат чандин бор попитка кард, ки бо СС.Ятимов часпонаду нақшаҳои Ҳасанро нисбат ба худаш фаҳмад. Аммо натавонист, нашуд.

Дертар дар кадом маъракае Исмат бо Музаффар Юсуфӣ шинос шуд. Он вақт Юсуфӣ, сардори Раёсати Прокуратураи Генералӣ оид ба назорати амният ва дигар мақомоти қудратӣ буд. Исмат пайхас кард, ки аз қафояш маълумот ҷамъоварӣ карда истодаанд.

  Музаффар Юсуфӣ, ки сардори Раёсат буд, табиист, ки тамоми маълумотҳои даркорӣ барои Исмати дуликро дар ихтиёр дошт.

    Исмат, чи тавре, гуфтем, хит кард, ки «қаврша меканан» бизнеси ҷудогонаи худро сар кард. Исмат бо ҳамроҳи Музаффар Юсуфӣ интиқоли наркотикро бо каналҳои Ҳасани Ориёнбонк, ки онро ҳеҷ нафар тафтиш намекард, сар кард. Манзур мустақим бо «поставшикҳо» доду гирифт кард. Музаффар Юсуфӣ шогирдони зиёд дар ноҳияи Ҳамадонӣ дорад, ки бо афғонҳои қочоқчӣ дар муносибатҳои хуб қарор доранд. Одил ва Комил, ки ба Музаффар Юсуфӣ наздик ва хешанд ва аз ноҳияи Ҳамадонианд аз ҳамонҳоеанд, ки бо афғонҳо бисёр хубанд. Писари Музаффар Юсуфӣ, ки Юсуф ном дорад, бояд ширкати лоҷистикӣ кушояду дигар беташвиш  борҳояшонро бурда овардан гиранд.

  Исмат борҳои худро бо борҳои Ҳасан якҷоя равон ва миллионҳо кор кард.

Исмати Дулик назорати фурудгоҳро дар ихтиёри Музаффар Юсуфӣ ва одамони вай дод. Айни замон Юсуфӣ Прокурори нақлиёти Тоҷикистон аст. Чандин бор тилло, сангҳои қимматбаҳо ва маблағҳои калони Ҳасану авлодро (албатта одамҳои подставнойи онҳоро) дар аэропорт дастгир карданд. Ин маълумотҳоро Исмати Дулик ба Музаффар Юсуфӣ пинҳонӣ мерасонд ва Музаффар бошад ба шогирдони худ, ки дар КДАМанд (погранвойск), меқапиданд. Ҳасани Ориёнбонк дар ҳайрат мемонд, ки чи хел «гапо меброяну меқапанд, ки бошад хабаррасон»? Ҳасан дар охир пай бурду сахт Исматро ҳақорату дашном кард ва доляи калон баст, муҳлат доду счетчик подключат кард. Исмат таъхир кард.

  Акнун, ки Исмат маҳкам аст, Музаффар Юсуфӣ талхакаф шудааст. Вақте Ҳасан фаҳмид, ки ин ҳама корҳо корҳои Исмати Дулик аст, Исмат гуноҳро зуд дар сари муовинаш Меликов бор карду гуфт, ки «раис ба Худо ма нестм, Меликов мумкин фурухтай».  Аммо Меликов бошад «ҷошда» Исмата фурӯхт ва ҳатто забти суҳбатҳои Дулик бо Музаффар Юсуфиро ҳам доштааст, бо соату рӯзу шумораи парвоз. Меликов умуман ба корҳои Ҳасан ва Исмат шарик нашуда буд. Баракс Меликов фақат мегуфт,ки барои чи Прокурори нақлиёт Музаффар Юсуфӣ ин қадар бисёр фурудгоҳ меояду меравад. Исмати Дулик мегуфтааст, ки «кори хыта кн»… 

Як нафари наздик ба Музаффар Юсуфӣ гуфт, ки сахт хавотир аст, ки мабодо Исмати Дулик нисбаташ нишондод диҳад. Тамоми движенияҳои аэропорт через назорати Музаффар Юсуфӣ сурат мегирифт. Музаффар гуфтааст, ки дар гумон аст Исмати дулик аз зиндон барояд, бо заҳр убраташ мекунанд, чунки бисёр гапҳоро медонад ва зинда монданаш хатарнок аст.

Аммо манобеъи дигари «Ислоҳ» мегуянд, ки боздошт ва ба дуздии калон муттаҳам намудани Исмати дулик кори дасти Зоири мундуқ-домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Исмати дулик ва ҷойи кори вай барои гурӯҳи Зоир ва дигар аз аъзои Оила бисёр ҳам зарур шуд. Барои онки Зоир дигар тавассути Роҳи оҳан наметавонад героини худро ба харидорони хориҷияш дастрас кунад. 

Ҷанг ё рақобати миёни Оила барои андухтани сарват

 Ҷанг байни тими Ҳасан ва гурӯҳи Зоир, ( гурӯҳи Соҳибовҳо-Зоир, Шамсуллову   Зайнулло) яъне конфликт ва конкуренсия барои контроли роҳи содироти маводди мухаддир аст.  Дуруст аст ки Ҳасан язнаи Зоир аст. Ва то ҳамин ҳоло дар зери сақфи язнааш-Раҳмонов “империя”-и худро дорад. Инро низ набояд фаромуш кард,ки вақте Ҳасан гапзан ва серий кардинал буд Зоир касе набуд. Манбаъи «Ислоҳ» мегуяд, ки ин 500 миллион сомонӣ, ки наздики 50 миллион доллар мешавад барои Ҳасан, пули калоне нест,» «аз ҷебаки чапаш даст меандозаду мегираду медиҳад». Аммо ин гурӯҳи Зоир Ҳасанро угрожат мекунанд, ки лишний движений накунад. Яъне инҷо ва бо ин кор Ҳасани ишкамбаро подножка ва ҳадаф қарор доданд ва аэропортро аз  дасташ покиза гирифтанд ва акнун Ҳасанро шикастанианд. Чунки дар ин бозор  миллиардҳо тоб мехурад. Ва, ин миллиардҳо асосан дар дасти Ҳасан аст. Манбаъ мегуяд, ки Зоир ва гурӯҳаш тавонистанд Раҳмоновро бо воситаи Азизмову Рустаму Тахминаи Клеопатраву Озодаи чемпионка мутақоид кунанд, ки Ҳасан бо одами бегона-ғайриоила ин ҳама пул ва бозори муҳимро дар ихтиёр дорад ва ҳамин тариқ Раҳмонов Ҳасанро зад. Яъне агар ошкортар бигуем Исмати дулик қурбонии бозии даруни оила шуд.

Хуршеди Мирзо, рафиқ ва наздиктарин одами Рустам, ки язнаи Комил Мирзоалиев ҳаст ба Комил мегуяд, ки дигар Зоирро бигзор канор ва мустақим ба худи «шоҳбача» кор кун ва Комилро мебарад ба Рустам «шинос» мекунад ва ҳоло Комил тамоман Зоирро итоат намекунад.

Соҳибовҳо-Зоиру Шамсулло, домодҳои Раҳмонов, ки ҳоло аз сутунҳои асосӣ ва мустаҳками Оилаанд шапиданду фурудгоҳро аз дасти Ҳасан кашида гирифтанд. Чунки, чуноне гуфтем Дулик одами Ҳасан буд. Ва самолётҳо, ки аз Ҳасан аст, яъне «Сомонайр» Ҳасан ва Дулик бе ягон тарсу ҳарос маводди мухаддирро тавассути онҳо ба берун мебароварданд. Ҳоло гап-гап ҳаст, ки Ҳасанро маҷбур карда истодаанд, ки «Сомонайр»-ро ба Рустам диҳад.

Бинобар як маълумоти дигари расида Исмати Дулик,ки ҳар аз гоҳе аз Амонатбонк  ба суроғи ин пулҳо меомадаанд, посухаш ин будааст, ки ҳануз ҳам аз Ҳасан нагирифтааст. Аммо ин пули давлат аст ва Ҳасан давлат нест, агарчи бародари зани раиси давлат ҳам бошад. Чун давлат ва ниҳодҳои он Амонатбонкро мепурсанд, барои мисол ҳамин Агентии мубориза бо коррупсия ва раиси Амонатбонк ҳам бояд тавзеҳ диҳад, ки чаро Дулик намедиҳад? Аммо Исмати дулик ин пулҳоро асосан ба беваву любовнитсаҳояш сарф мекардааст, масалан хона харида медодаст. Барои мисол яке аз онҳо беваи худобиёмруз Мирзо Ҷага аст, духтари ҳоҷӣ Маҳмуд. Ба ин бева як чунон хонае гирифтаасту дару девору дастгаҳу дуконе сохтааст, ки бемислу монанд ва дар даруни он миникушк як чизҳое мебинӣ, ки дар хонаи Билл Гейтс ҳам шояд набинӣ. Яъне пулҳоро Исмати дулик худаш барбод додаву аммо тавре нишон медодааст, ки онҳо дар дасти Ҳасан ҳастанд ва ин ҳамаро бурда ба Раҳмонов расонидаанд. Занҳое, ки дошт (ҳарими султон Сулаймон дар пеши ин хурдак аст) ҳар кадоме домовойҳоро гирифта ба дарҳо қуфли якманӣ зада ҳуй хурдаанд. Мабодо боз омада ҳамаро мусодира накунанд. Ҳатто барои занҳои якбористифодашавандааш ҳам хона гирифта дода будааст.

Ва барои ҳамин баъид аст ки Ҳасан ва Азизмои газетхонак, Исмат кормушкаи асосисашонро наҷот дода тавонанд.

Мегуянд ки бо Ҳасан як детдом доранд, ки пури ҳаромии ин ду нафар аст.

  Ин ҳолу рӯзи Исмати дулик ҳолу рӯзи Рустам Холиқов собиқ раиси Тоҷикайрро ба хотир меорад. Ӯро ҳам ҳей «ход» доданд, «ход» доданд, аммо як рӯз гирифтанду шинониданд, таги трусӣ, лублучаш карданд.

Манбаъи дигари мо ҳам гуфт, ки барандозӣ ва ба ҳабс гирифтани Исмати дулик дар доираи барномаи «валиаҳд» сурат гирифтааст.   

Рахмонов тамоми самтҳоеро, ки фоидаи конкретӣ меоваранд, аз бегонаҳо тоза карда истодааст. Аэропорт, чуноне зикраш рафт, яке аз ҷойҳоест, ки маблағҳои калон тоб мехураду имкониятҳояш низ калонанд.

Яке аз кормандони собиқи фурудгоҳ, ки мегуяд даҳҳо нафари мисли ӯ аз муштариёну мухлиси Ислоҳанд гуфт Исмати Дулик ваъда кардааст, ки агар раҳояш кунанд, фурудгоҳи Душанберо мисли фурудгоҳҳои урупоӣ, евроремонту евростандарт мекунад. Вай гуфт «ҳамаи бачаҳо дар ҳақатон дуои нек карда истодаанд. Миш-миш карда истоданд, ки агар «Ислоҳ» инҳоро намегуфт,ҳеҷ кас пишакашро пишт намегуфт. Чунки газетхонак кришааш буд. Зарари овардагиаш ба иқрори худашон аз 500 млн бештар аст. Ҳар рӯз як ҷинояташ ру хеста истодааст. Якта-якта бурда маҳкам карда истодаанд. Аксарияти роҳбарияти фурудгоҳро шинонидагианд,хайрият дар вақташ аз кор рафтем»

Манобеи мо ҳодисаи боздошти Исмати дуликро ба ин шакл гуфтанд. Яке гуфт, ки дар Варзоб,дар бустонсаро,дар ҳини айшу нуш дастгираш мекунанд ва ончунон таҳқиромез, ки ҳатто ҷуробакҳои бадаркарда ва туфлиашро успет намекунад бипушад ва «пои лич меёрануш». Боз як- ду шатта дар паси гардани ғафсу кулуфташ ва як ду лағад дар дари кунаш ҳам мезананд.

Аммо боз ин тавр гуфтанд, ки дафъатан баъди хатми ҷаласа бо дастури худи Раҳмонов ӯро ҳамроҳи муовинаш дастгир мекунанд.

Айни замон дар ҳама хонаҳо ва корхонаҳои Исмати Дулик кофту коб ва арест рафта истодааст. Як писари Исмати Дулик, ки номаш Кароматулло ва дар Прокуратура кор мекунад ва бародараш Навруз, раиси корхонаи «Қолинҳои Душанбе»ро боздошт кардаанд.Ин Кароматулло гуфтааст, ки «отаи ма бе иҷозати боло ягон тина намерасид. И боло хыдшон меган кун баъд бо гуноҳора да сарт мезанан».

Аз ҳамин ҳоло ба яқин мегуем ва шумо ҳам мутмаин бошед, ки мурофиаи додгоҳии Дулик пушида баргузор хоҳад шуд. Сири давлатӣ нест. Аммо сирри Оила ҳаст. 

Вале тамоми умеди Исмати Дулик ба Азизмоҳи газетхонак аст. Шояд пулҳоро баргардонаду раҳо шавад.Ҳасан аз Исмат 50 млн$-ро гирифт ва дигар ӯ нодаркор аст

P.S

Вақте ба ин навишта нуқта мегузоштем манбаъи дигари мо ки бо Оила равуо дорад гуфт:

 «Ҳасан Асадуллоев фаҳмид,ки дигар кор аз ҳад гузаштааст ва Исмати Дуликро ҳимоят карда наметавонад,сокит шуд.

Ба Ҳасан ҳам бо факт доказат карданд, ки Исмат туро дар чанд ҷо подводит кардааст, беҳтар аст дигар аз ӯ ҳимоят накун!  Ҳасан мехост зиёни расонидаи Исмати дуликро бо чи роҳе набошад баргардонида гирад. Ҳангоме мефаҳмад, ки фурсат кам аст ва Дулик имкони ҷуброни зарарҳоро надорал ӯро уговорит мекунад, ки ягона роҳе метавонӣ дар ҷоят биистӣ ва кор кунӣ ва маблағи бештар ба даст оварӣ бояд 50 млн доллар барои ман нақд бидиҳӣ, то ман мустақим ба худи Ҷаноб диҳам ва туро ҳимоят карда тавонаму забони болоро хомуш кунам. Исмат тибқи ин нақша қарзро аз бонк мегираду ба Ҳасан медиҳад. Пас аз гирифтани ин маблағ ва додани 48 млн ба Ҳасан, Ҳасан мепурсад охир 50 млн бояд медодӣ, Исмат мегуяд чанд корам мондагӣ аст ҳатман метиям он 2 млн-ро ҳам.

  Аммо Ҳасан мебинад, ки дар гумон аст дигар он 2 млнро бигирад, нахуст бо дастури Ҳасан фармони кофтукоб аз    хонаҳои Дулик шуруъ мешавад вале ҳамаги 150 ҳазор маблағи нақдӣ пайдо мекунаду тамом. Яъне Ҳасан Асадуллоев Дуликро «мардак» барин наказат кард ва ӯ дигар барои ин оила нолозим ва мисли ҳама онҳое наздик бо оила буданд нахуст истифода ва сипас утилизация ё бо забони худи Раҳмонов бе зарар гардонида мешаванд, безарар гардонида шуд.

Тадқиқоти Ислоҳ идома дорад ба муҷарради пайдо шудани маълумоти ҷадид дар ин қазия ҳатман онро тақдими хонанда ва бинандаамон хоҳем кард.Агар шумо ҳам чизе медонед дар ин қазия онро ба мо ирсол намоед!

Поёни бахши аввал, идома дорад…

Share This Article