Издивоҷ бо зане, ки ҳамлаш аз роҳи зино аст ҳукмаш дар шариат чист?

Ислоҳ нет

Издивоҷ бо зане, ки ҳамлаш аз роҳи зино аст ҳукмаш дар шариат чист?

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ, устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ҳамчун мухлис пайваста аз мақолот ва навиштаҳои Шумо баҳра мебардорам ва онҳоро ба дӯстону аҳли хонаводаам низ мерасонам. Суоле дорам ва посухи онро бо далел мехоҳам. Як дӯст (бо қавли худ дугона) дорам, ки бо дӯстдоштаи худ аз роҳи зино, яъне пеш аз никоҳи шаръӣ наздикӣ намуда, ҳомила шудааст. Пас аз ин ҳодиса писар ба духтар мегӯяд: ин фарзанд ҳаромӣ аст, агар бо ман зиндагӣ кардан хоҳӣ ҳамлро бояд исқот (аборт) кунӣ, пас суол ин аст, ки шариати ислом дар ин маврид чӣ мегӯяд ? Аввал ҳамлро исқот ва баъдан никоҳ кунад ё худ бо ҳамон ҳол никоҳ кунанд ва зиндагӣ намоянд. Мехоҳам ба ин суол посӯх гӯед, зеро ин духтар агар исқоти ҳамл кунад шояд дигар фарзандор нашавад, агар накунад ин писар ӯро тарк мекунад. Айни ҳол аз ҳамлаш 15 ҳафта пур шуда. Хоҳиш мекунам устод ин масъаларо аз нигоҳи шариат ва назар ба ҳоли ин духтар ва ояндааш посӯх гӯед. Бо эҳтиром Орзӯева Ҳалима, донишҷӯ.
Алҳамду лиллоҳ вассалоту вассалому ало расулиллоҳ ва ало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин, аммо баъд…..
Ваалайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари гиромӣ! Хуб мешуд чунин суолотро аз Маркази исломӣ (муфтиёт) мекардед ва онҳо дар асоси воқеаи ба вуқуъ омада, роҳи ҳалро барои шумо бозгӯ мекарданд. Вале чун ин суолро аз ман пурсон шудед ногузир ба он посӯх мегӯям.
Аввалан, аз нигоҳи шариати ислом исқоти ҳамл дар ин муддати ҳамл ҷоиз нест, зеро вақте аз муддати ҳамл чиҳил рӯз гузарад ва он ҳамл исқот шавад тибқи ҳадиси Расули акрам (с) (дамидани рӯҳ дар тифл, рӯзи чиҳилуми дар батни модар будан), яъне вақте тифл чиҳилрӯза шавад набояд ӯро исқот намуд, зеро рӯҳ дар он дамонда мешавад ва мисли ҳукми шахси зинда ва дорандаи рӯҳ аст ва қатли ӯ қатли инсон аст. Танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ барои модари кӯдак, ки хатари марг ӯро таҳдид мекунад, боке нест, зеро фуқаҳо модарро бартар аз тифли батнаш медонанд. То ҷое аз саволи шумо пайхас гардидам модари кӯдакро хатари ҳаётӣ таҳдид намекунад.
Феълан ҳомила шудан аз зино далел намешавад, ки тифлро бояд исқоти ҳамл кард. Чизе бар ин далел шуда наметавонад, агарчӣ аз амали номашруъи зино ба вуҷуд омада бошад, зеро исқоти ҳамл ҳалоки насл ва ин амал фасод дар замин аст ва Худованд фасодкоронро дӯст намедорад. Ин амал қатли зиндаҷоне аст, ки бо зулм ва барои иртикоби гуноҳе, ки ба он тифл тааллуқ надорад дар ҳаққаш зулм ва душманӣ сурат мегирад. Намехоҳам инҷо дар масъалаи ҳукми шаръ дар мавриди зино суҳбат кунам, зеро ин саволи дигар аст ва ҳукмаш ҳам тибқи фармудаи Қуръони карим муайян аст.
Ҳукми марде, ки бо зане зино намояд ва ин зан ҳомила шавад чист?
Марде, ки бо зане зино намояд ва аз ин зино зан ҳомила гардад ва боз мард хостори издивоҷ бо ин зан бошад, фуқаҳои ислом дар ин масъала бар ду қавл ҳастанд.
Қавли аввал.
Мазҳаби Моликӣ ва Ҳанбалӣ бар ин назаранд, ки бо ин зан издивоҷ кардан ҷоиз нест, ҳатто агар тифл аз худи он мард бошад, ҳамчунин агар он тифл аз марди дигар ҳам бошад ҳар дуро як ҳукм намудаанд. Бо такя бар ин ҳадиси Расули акрам (с), ки фармудааст
«لا توطأ حامل حتى تضع» رواه أبو داود والحاكم وصححه، ولما روي عن سعيد بن المسيب: أن رجلا تزوج امرأة فلما أصابها وجدها حبلى، فرفع ذلك إلى النبي صلى الله عليه وسلم ففرق بينهما
“Зане, ки ҳомила аст бо ӯ ҳамхоба шудан иҷозат нест (манзур аз занест, ки аз амали номашруъи зино ҳомила гаштааст на ҳамсарони никоҳӣ)”. Ривояти Абудовуд аст. Ва Ҳоким саҳеҳаш гуфтааст.
Аз Саъид ибни Мусайаб ривоят мекунанд: “Як мард бо як зане издивоҷ намуд ва хост ки ба ӯ наздик шавад аммо фаҳмид, ки ҳомила аст. Ин қазияро назди Расули акрам (с) расониданд ва он Ҳазрат (с) онҳоро аз якдигар ҷудо намуданд”. Пас фаҳмидем, ки далели ин ду мазҳаб ҳамин ҳадис буда ва издивоҷро бо зани ҳомила, чӣ аз худи ӯ бошад тифли батни зан ва чи аз каси дигар ҷоиз намедонанд.
Қавли дуввум.
وذهب الشافعية والحنفية إلى أنه يجوز نكاح الحامل من الزنى ، لأنه لا حرمة لماء الزاني ، بدليل أنه لا يثبت به النسب، لقوله صلى الله عليه وسلم: «الولد للفراش وللعاهر الحجر» أخرجه البخاري ومسلم.
Мазҳаби Шофеӣ ва Ҳанафӣ бар ин назаранд, ки никоҳи зане, ки аз зино ҳомила гаштааст ҷоиз аст, зеро ҳаромияте бар оби он марди зонӣ нест бо ин далел, ки падар будани он мард собит намешавад. Назар ба ин ҳадиси Расули акрам (с) ки фармудаанд: “ Тифл аз рахти хоб аст ва барои он марди зиногар санг аст”. (Ҳадиси Мутафақун алайҳ аст Бухорӣ ва Муслим)
المقصود بقوله : وللعاهر الحجر. أن الزاني لا حق له في الولد ، وليس المقصود به رجم الزاني
Инҷо мехоҳам ҳадисро шарҳ намоям, то мафҳум возеҳтар гардад.
Уламои ҳадис чунин гуфтаанд: Мақсад аз “Барои марди зинокор санг аст” Дар инҷо манзур ин аст, ки марди зинокорро ҳеҷ ҳақе дар фарзанде, ки дар шиками он зан аст, нест. Мақсад аз санг, сангсории раҷм нест (дар ислом, агар марди зандор зино кунад ҳукмаш сангсор аст, инчунин зани шавҳардор ҳам).
قال النووي: ومعنى له الحجر أي له الخيبة ولا حق له في الولد
Имом Нававӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд: Яъне барои марде, ки зино намудааст ва он зан аз ин мард ҳомила шудааст зиён аст ва ҳеҷ ҳаққе барои он мард дар ин тифл вуҷуд надорад.
Барои боз ҳам равшантар шудани ин масъала аз фиқҳи мазҳабиамон, фиқҳи Ҳанафӣ ки чи гуфтаанд, меорам,
من فقه الحنفية : » أقر أنه زنى بامرأة حرة وأن هذا الولد ابنه من الزنى وصدقته المرأة فإن النسب لا يثبت من واحد منهما لقوله عليه الصلاة والسلام : » الولد للفراش وللعاهر الحجر » ولا فراش للزاني ، وقد جعل رسول الله صلى الله عليه وسلم حظ الزاني الحجر فقط ، والمراد هنا أنه لا حظّ للعاهر من النسب
Дар фиқҳи мазҳаби Ҳанафӣ чунин омадааст: Марде иқрор намояд, ки бо зани озоде зино намудааст ва ин фарзанд, танҳо аз зино фарзандаш маҳсуб мегардад. Зан агар тасдиқ намояд, ки ин мард ҳамонест, ки бо ӯ ин амалро анҷом додааст, зеро насаб ҳаргиз наметавонад аз як нафари онҳо бошад. Далел ҳадиси боло, ки зикраш намудам. Инчунин барои зино “Рахти хобе” надорад, зеро ин аз амали номашруъи зино ба вуҷуд омадааст. Ба таҳқиқ Расули акрам (с) ҳаққи марди зинокорро танҳо санг гуфтаанд, яъне зарар, ки тифл ба ӯ нисбат дода намешавад.
Дар китоби “Фатовои Ҳиндия”, ки дар фиқҳи Ҳанафӣ аст, чунин омадааст:
جاء في » الفتاوى الهندية » في فقه الحنفية : » ولو زنى بامرأة فحملت ثم تزوجها فولدت ، إن جاءت به لستة أشهر فصاعداً ثبت نسبه منه
Агар марде бо зане зино намояд ва он зан ҳомила гардад, сипас бо ӯ издивоҷ намояд ва он зан таваллуд намояд то шаш моҳ дар ин ҳолат собит мегардад, ки ин тифл аз он мард аст, яъне ҳуқуқи падариро мард соҳиб мегардад.
Инҷо мехоҳам аз худи Имом Абуҳанифа (раҳ) соҳиби мазҳабамон сухане биоварам, то ин суолро хотима бахшем.
قال أبو حنيفة: لا أرى بأساً إذا زنى الرجل بالمرأة فحملت منه أن يتزوجها ويستر عليها، والولد ولد له.
Имом Абӯҳанифа (раҳ) гуфтаанд: “Ман ҳангоме, ки марде бо зане зино намояд ва он зан ҳомила гардад мушкилеро намебинам. Дар ҳоле, ки бо ин зан издивоҷ намояд ва он занро бипӯшонад, (яъне аз шармандагӣ ин занро нигоҳ дорад) Фарзанде, ки ин зан аз ӯ ҳомила гаштааст фарзандаш маҳсуб мегардад”, яъне ҳуқуқи падарӣ бар ин мард назди мазҳаби мо бо ин қавли Имом Абӯҳанифа (раҳ) собит мегардад.
Дар фарҷом мехоҳам ин нуктаро ҳам сабт намоям: хоҳари гиромӣ! Ба гӯши он духтар, ки дӯсташ мехонӣ ва ба қавли худат “дугонаат” ҳаст бирасон, ки ҳарчӣ зудтар издивоҷ намоянд, то аз ҳамлаш шаш моҳ нагузарад. Метавонанд зиндагӣ намоянд ва ин фарзанд фарзанди ин писар ҳам маҳсуб мегардад тибқи ривоятҳое, ки дар боло зикрашон намудам, дар мазҳаби мо Имом Абӯҳанифа (раҳ).
Як чизро мехоҳам ба ҷавонон хотиррасон намоям, ҷавонони зебо худро ҳаргиз бо ин амали номашруъ ва нангини зино олуда насозед ва ҳеҷ духтари тоҷикро дар чунин ҳолатҳои мушкил қарор надиҳед, зеро шумо ҳам хоҳару ҳам хоҳарзода доред ва дар оянда духтардор ҳам хоҳед шуд.

Тавре ки мегӯянд:
Ангӯшт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
Токас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
Гулдухтарони зебои миллатам! Ҳаргиз фирефтаи суханони дилфиреб, аммо дар асл хеле хашину ҳадафманд барои қонеъ намудани ғаризаи шаҳвонии ҷавонон нагардед. Иффату ҳаё, шарафу номӯс ва қадру манзалати худро ҳамеша ҳифз намоед, зеро духтаре, ки шарафу номӯсашро аз даст медиҳад, беҳӯдагарду сабукпой мешавад аз ӯ ҳеҷ гоҳ фарзанди солеҳ зода намешавад. Зеро домоне, ки пок нест ҷой мардони бономӯс нест!
Валлоҳу аълам биссавоб бо камоли эҳтиром,

Share This Article