Номи аслии ин махлуқ, аз онҷо ки алқоби бешуморе дорад, дар ин роман танҳо як бор зикр гашта аст.
Ин генерали худхонда ва гумномест, ки амрикоиҳо бо роҳи кудатои низомӣ сари давлат меоварандаш.
Кишвараш ҳам як ҷазираест, ки аз ҳама сӯ бо обҳо иҳота шудаву роҳи вуруду хуруҷаш ҳам танҳо аз роҳи дарёст.
Мардуми ин кишвар дар фақру фоқа қарор доштаву сари чанд соле яке балвову яке шӯриши навбатӣ, барои барандозии «падари миллат» аз ҷониби «хоинони зархарид» амалӣ мешавад. Вале, ҳар боре ҳам зирракии сиёсии Одамхудо аз тадбири «хоинон» пешӣ гирифта, бо «кумаки миллати шариф» диктатор мухолифину хоинину зархаридони навбатиро безарар месозаду миллат дар пеши пояш гулбарг мепошад – чун дӯсташ медоранд.
Одамхудо дӯст медорад, ки рӯзи таваллудаш ҳар сол бо шукӯҳу ҷалол ҷашн гирифта шавад. Барояш тӯҳфаҳои гаронарзиш биёваранд. Барояш суханони дилпазир бигӯянд. Чунки ӯ худро офаридаи фароинсонӣ ва махсусе меҳисобад, ки дар 100 сол як бор чунин воқеае рух медиҳад.
Вале, албатта ин диктатори заранг якчанд камбуду нуқсонҳое ҳам дорад, ки онро сахт пардапӯш мекунад. Аз ҷумла: ворисе барои тахту тоҷаш надорад. Аз ин рӯ, бо бисёре аз ходимаҳову кормандони қасраш, чун нарсаги бебандубор, дар ҳар гӯшаву канори қаср ҳамхоба мешавад. Бо ҳар хонуме, ки аз пешаш барояд ё каме ба назараш дилрабо намояд ҳамхоба мешавад. Чун хуки бебандубор, танҳо дар долонҳои қасраш пайи фаҳшову дӯлобист! Қонунеро намешносад. Қонунеро арзиш намегузорад. Қонунеро ҳам арзиш қоил нест. Танҳо ягона кораш пешдастӣ дар қатли қотилон, дар хунсосозии кудатогарон ва безараргардонии оппонентҳои режими «мардумӣ»-яш аст.
Бечора Сакариас он қадар танҳост, ки дар долонҳои қасри низомияш ҳатто ба наздиктарин афродеаш, ки борҳо ҷонашро ҳифз кардаанд, бовар ва эътимод надорад. Шабҳои дароз дар рахти хобаш ҳам аз ҷонаш ниграон асту хоб ба чашмаш намеояд. Ҳамеша дари кӯлбааш аз дохил, бо чор – панҷ қулф, муҳкам карда мешавад. Сахт тарсу аст. Ба касеву чизе эътимоду бовар надорад. Сахт бераҳм аст.
Дар ин олами пуртазод танҳо як иттико ва як инсони дӯстдоштаи ба ҷон наздик дорад, ки он ҳам модараш – Бендисон Алварадо аст, ки сартосари ин роман, ин ҳаёт, ин қиссаи диктаторро, бо дуоҳояш, бо ниёишаш, бо дилбардории писари ягонаи ҳаромияш пур карда аст.
Оре, Бендисон дар ҷавонӣ, барои пешбурди рӯзгори хеш ба парандафурӯшӣ даст мезад. Ин беваи шаттоҳ барои пешбурди рӯзгор бо сӯде, ки аз парандафурӯшӣ оидаш мегашт қаноат накарда, дар шаробхона, рӯи бутлиҳову қуттиҳо барои чанд маблағе, бо ҳар хару хингал алоқаи номашруъ барпо мекард. Ҳамон гуна ки дар яке аз рӯзҳои соли Худо Майрам ҳам бо чӯпони масчоие, барои маблағе чанд хилват шуду Эмомалии ҳаромиро дар саннаи машъуми 05.10.1952, номашруъ зойд!
Ба ҷуз инки дар ин санна ҳаромие аз модари ҳаромкоре ба олам омад, дигар ҳеч қудсияте ин санна барои мо – тоҷикон надошту надорад! Балки ин рӯзи наҳсест, ки ҳарчи зудатр бояд рӯзи забонро аз он ҷудо карду ба ҳамон 22-юми июн баргардонид!
Агар, рафту Эмомалӣ бо роҳи қатлу куштору террору кудатои низомӣ дар саннаи 10.12.1992 ба сари қудрат оварда намешуд, ҳеч зодрӯзи «муқаддас»-е ҳам дар ин рӯз надоштем. Чӣ аҳамият ҳам дорад, ҳаромзане, аз роҳи ҳаром дар ин саннаи шум, ҳаромзодаи навбатии худро бизод!
Шаттоҳии диктаторон меросе аз модаронашон буда…
Ин беваи шаттоҳ борҳо мурғакони бӯру тирарангеро харида, рангу бору тарроҳӣ намуда, чун мурғакони «рангини гаронқиммат» мефурӯхт, вале пасон, пас аз рафтани рангҳои молида ва рехтани парҳои ширешхӯрда, мисаш баромаду дигар касе азаш мурғаке ҳам намехарид!
Ва ин ҳама «ҳунару маҳорат»-и модарӣ дар шайтанату ҳаромкорӣ ва фаҳшо, албатта ба писари Президенташ, пас аз ба сари қудрат омадан, коргар уфтоду борҳо аз модараш «роҳкору дуо» мегирифт, ҳамон гуна, ки имрӯз дар кишвари мо, пас аз интишори аввалини ин роман дар соли 1975, як чунин Одамхудое бо номи Эмомалӣ, ва як чунин модари қиддисае, ки аз гузаштаи ин модару писари «мукадуз» кам касоне чизҳое медонанд, зуҳур карда аст.
Кам касоне медонанд, ки модари пешвои тоҷикон дар гузашта чи инсони пасту палиде буда. Кам касоне медонанд, ки Пешвои муъаззамашон аслан ҳаромист, ҳамон гуна, ки Бендисон писари Генералашро, аз роҳи ҳаром, барои ба каф овардани чанд маблағе, аз роҳи зинову танфурӯшӣ ба олам овардаву хуни ҳазорон ҳазор инсони бегуноҳро рехта аст, Майрам ҳам Эмомалияшро, айнан, бо ҳамин роҳи номашруъ, дар саннаи дақиқи 05. 10.1952 ба олам оварда буд- бепадар, аз роҳи зино, барои чанд танга суми деревянии аҳди Шӯравӣ!
Як иқтибос аз ин роман шуморо ба ёди хотири чандин чунин ҷиноёти мушобеҳи Эмомалӣ Раҳмонов мебарад:
“Пеш аз субҳ вай фармон дод, ки бачаҳоро ба киштии сементкаш бор кунанд ва тантанавор берун аз соҳилҳои мо гуселонанд; ва дар он ҷо киштиро таркониданд ва бачаҳо ҳич чизро нафаҳмида ба қаъри баҳр фуру рафтанд. Вақте ки се афсар ба ҳузури ӯ омаданд ва иҷрои фармонро арз намуданд, вай аввал унвони онҳоро се рутба баланд бардошт ва барои хизмати содиқона медал дод ва сипас, фармон дод, ки онҳоро чун ҷинояткор парронанд, -“Зеро фармонҳое ҳастанд, ки медиҳанд, вале иҷрояш ҷиноят аст, бало занад, ҳайфи бачаҳои бечора!”
Ман инҷо вориди зиндагии Одамхудо ё худ диктатори Амрикои Лотинӣ намешавам, ки моро ҳамин диктатори кунуниямон як олам қиссаву ҳадис дорад.
Дар аҳди Шӯравӣ, дар байни тоҷикон 2 проблема барои ҳаряк навзод ҷорӣ буд, ки то солҳои 60-уми асри пор роиҷ мебуд:
Якум, ҳар навзодеро танҳо бо номи падараш насаб (ба ҷои отчество) медоданд
Дуюм, рӯзҳои таваллуди атфол, аз онҷо ки мардум бо гоҳшумории тарсоӣ одату шинохт надоштаанд, номаълум мемонда аст.
Таваллуди пешвои тоҷикон!
Барои диктаторон ду рӯз аҳамияти фавқулодае дорад:
Якум, рӯзи ба олам омаданашон, ки гӯё агар инҳо ба олам намеомадаанд, чархиши гардун аз гардиш бозмеистодаву башарият маҳву ҳалок мегаштаву миллату кишваре фано мегаштаву инҳо будаанд, ки бо таваллул гаштанашон ин ҳамаро пешгирӣ кардаву нагузоштаанд, ки «миллати шарифашон» овора шаванд, дар ҳоле, ки мояи бадбахтӣ ва шӯрбахтии як миллат, аслан бо баолам омадани чунин ашхоси наҳсе муртабит аст!
Дуюм, рӯзи маргашон, ки асло онро одамхудоён – диктаторон хуш надоранд!
Барои ғолиб омадан бар маргу нобудӣ кӯшиш мекунанд, ки худро бо баргузории ҳарсолаи зодрӯзашон, дар ёдгори миллатҳояшон абадӣ гардонанд. Ва барои наслҳои пасин аз худ китобҳои бешумор, қаҳрамониҳои дурӯғини хаёлбофт, ҳайкалу тандисҳои булъаҷаб, шеъру таронаҳои пурмадҳу сано, метарошанду насб мекунанду ба мерос мегузоранд.
Дар ин гуна кишварҳо ин гуна диктаторон бо марги табии гӯё намемиранд.
Одамхудои Амрикои Лотинӣ 100 сол умр мебинад. Тамоми мухолифинашро мекушад. Кишварашро «тараққӣ» медиҳад. Аз тамоми суиқасдҳо ба ҷонаш ба саломат мераҳад. Чунки миллат ва дуои модараш дар пушташ ҳастанд. Танҳо чанд нохалафу хоину ноасланд, ки пешрафтҳову ободиҳои диктатори худхонда ва дастнишондаи худшефтаи хунхорро чашми дидан надоранду иғво меангезанд! Вале рӯзе чун мемирад, дигар кишвару миллаташ дар бадтарин ҳолат қарор доранд! Пас аз ӯ ҳоли табоҳи инсонҳо ошкор мешавад!
Борҳо овоза мешавад, ки пешво бемор аст. Пешво мурд. Пешворо террор кардаанд. Пешво ғарқ шуда аст. Пешво ба 100 -солагӣ нарасида аст, вале пасон, дубора боз пешво аз «марг» раҳида, сари минбарҳо зуҳур мекунаду аз худ дарак медиҳаду барои дилбастагияшон ба пайравонаш, ба миллати азизаш ташаккур мекунад!!
Пешво, бо вуҷуди бадахлоқӣ ва бебандуборияш боз дорои чандин нуқсонҳои модарзодист, ки ранҷаш медиҳад. Як нуқсаш даббагии ӯст. Ҳамеша кӯшиш мекунад дар чашми миллат ҳамадону ҳаматавону абадию бенуқсу айбу гуноҳ бошад, вале худ медонад, ки даббае беш нест. Ҳизе беш нест. Ким кадом ходимааш, бо ким- кадом афсаре ҳамхоба шуда, барояш фарзанде меоварад. Ин тифли ҳаромӣ ҳам, дар 9-10 -солагӣ, бо дасисаи Пешво, дар як кӯдатои нофарҷом, бо модараш парронда мешавад. Даркор шавад ҳатто ҷонишину меросбаронашро хоҳад кушт. Ҳатто пас аз маргаш ҳам тоқати некрӯзии касеро надорад!! Бемор аст пешво. Шабҳо хобаш намебарад. Нигарони ояндаи норӯшани хеш асту имрӯзашро барои ояндаи номаълум сиёҳ карда аст. Ӯ бемор аст!
Ҳеч касе дар орзӯи ҷашни зодрӯзаш нест, балки ҳамагӣ рӯзи маргашро лаҳзашуморӣ доранд, бошад, ки ҳазорон- ҳазор зиндониёни бегуноҳи умрбод зиндонишуда, бо маргаш раҳоӣ ёбанд.
Ин қиссаҳои зиндагии як Пешвои худхондаест, ки ба соли 1952, дар рӯзи 05.10 ба олам омада аст. Чи қадар инсонҳо кушта шуданду чи қадар солорҳо аз дами теғи ин ҷаллод сар бурида шуданду чи қадар кудатоҳову инқилобҳои «нофарҷом» тӯли ҳукумати 33-солааш ба роҳ уфтодаву ҳоло ҳам ин Одамхудо сари кор аст. Ҳукумат дораду ҳар соле дар саннаи шум барои миллат муборак барои худу оилаи бешумораш, онро бо тантана ҷашн мегирад!!
Маълум нест чанд соли дигар дар ин санна ҷашни зодрӯзашро дар сатҳи давлатӣ ҷашн мегираду чанд соли дигар маргро ҳам гӯл мезанад.
Вале як чӣ маълум аст, ҳатман рӯзе фаро хоҳад расид, ки Одамхудои Тоҷикистон низ аз паси модари қиддисаи мурғпарвари қурутхору бародари трактористи хунхораш, ба дарак восил хоҳад шуд!
Танҳо дар ин миён бояд кистии ӯро огаҳон ба миллат арзёбӣ кунанд, то нашавад, ки пас аз чандин солҳо аз ӯву модари ғараш ду намоди худоӣ, ду қиддису ду авлиё тарошанд.