Донишгоҳи миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар назди ин муассисаи таълимӣ Маркази омӯзиши паёмҳои Президенти Тоҷикистонро таъсис хоҳад дод. Эмомалӣ Насриддинзода, ректори ин Донишгоҳ ва яқинан, муаллифи ин идеяи «нобу ҷонона» аз таъсиси ин марказ дар нишасти матбуотиаш, ки авохири моҳи январ баргузор шуд, хабар додааст.
Ва, худи ҳамон рӯз, 28 январ, хабаргузории расмии «Ховар» бо ҳуруфи калон ва титри бузург навишт, ки «Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши паёмҳои Президенти Тоҷикистон таъсис дода мешавад».
Ба ростӣ, ин хабарро дидаму дар аввал дар тааҷҷуб афтодам. Аммо, баъди як каме мулоҳиза воқеиятҳоро дар назар гирифтаму ба ин натиҷа расидам, ки дигар хел шуданаш, номумкин аст. Чун ин мардум, дигар дар тамаллуқу лаганбардорӣ ва чоплусиву хушомадгуӣ на ҳад мешиносанд ва на марз. Бояд ончунон тамаллуқ кунанд, лесолес кунанд, ки касе то онҳо накарда бошад. Мамдуҳро ба ваҷд оварад, хушнуду хушҳол кунад, шодӣ афзояд.
Ташкили маркази омӯзиши паёмҳои Раҳмонов далели раднопазири тамаллуқ ва думликконӣ аст. Тамаллуқ ва чоплусӣ дар мағзу пусти нафароне мисли ин ректор ҷо гирифтааст. Инҳо нафароне ҳастанд, ки тамоми буду шуди худро мадюн ва вобаставу марбути Раҳмонов медонанд, худашон касе намебуданд, касе намешуданд, агар ҳукумат дар дасти Раҳмонов набуд. Ин воқеият аст. Аз ин рӯ аз умқи ҷон мехоҳанд, ки барои онки инҳоро сохтаасту одам ва кас кардааст ба вай хизмате, карда бошанд, то ризои ӯро ба даст оваранд, худро ширинтар ва ширештар кунанд ва сарсупурда нишон диҳанд, гушнишон созанд, ки Раҳмонов дар сохтани онҳо иштибоҳ накардааст ва онҳо бо ҳар чизе, ки доранд, дар ҳар ҷое, ки дар сари коранд, барои вай кор мекунанд.
Шаб хоб мераванд, дар тафовут аз мусулмонҳои олам калима арза намекунанд, салавот намефиристанд, астағфируллоҳ намегуянд, сар ба болин Раҳмонов мегуянд, ҷаноби оливу пешвову шоҳам мегуянд. Фикр мекунанд, ки чи коре бикунанд, ки мавриди марҳамат ва лутфи Раҳмонов қарор бигиранд, то онҳоро аз он курсӣ, ки додааст, маҳрум насозад.
Худоё,паноҳ! Ин қадар тамаллуқ, хушомаду чоплусӣ ва ин қадар худширинкунӣ, худро то ин ҳад пасту поин овардан барои як нафаре, ки худро мард мешуморад, то чи ҳад муносиб аст? Албатта, ки тамаллуқи оммавӣ ва лесолеси иҷтимоӣ барои ҳифзи курсиву мансаб аст. Дигар чизе нест.
Дар кадом гушаи дунё, дар кадом давлати дигари дунё ин вазъу ҳолро дидаед?
Чанд соли пеш буд, ки аз таъсиси Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешво хабар дода буданд. Дар ҳамин хабари «Ховар» аз ин «маркази илмӣ-таҳқиқотӣ» ҳам ёдоварӣ карда шудааст. Муаллифи хабар навиштааст:
«Бояд гуфт, ки аз 21 декабри соли 2022 бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дорад.
Тавре директори Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ Ҷамолиддин Шарифзода иброз намуд, дар ин марказ барои омӯзиши таҷрибаи нодири мактаби давлатдории Пешвои миллат пажуҳиши илмӣ гузаронида мешавад. Ба марказ магистрантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёне, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самтҳои гуногун доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳаёти сиёсии мамлакат анҷом медиҳанд, ҷалб мегарданд.
Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Президенти Тоҷикистон ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд».
Ба як нуктаи ҷолиб мутаваҷҷеҳ бишавед. Дар ин хабар таъкид мешавад, ки соли 2022 «бо ташаббуси Донишгоҳи миллӣ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат» ташкил шуда буд. Яъне пеш аз ташкили маркази паёмшиносӣ, Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат низ дар назди ин Донишгоҳ ташкил шудааст.
Он замон ректори ин Донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода, як доктори тақаллубии илм буд, ки «диссернет» аз асардуздии вай ифшокориҳо кардааст. Аммо ин ташабускори ташкили «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат» бар ивази ин «ташаббус» бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов баъди чанде курсии раёсати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ишғол кард.
Ку, бубинем, ки Эмомалӣ Насриддинзода, ки чанде пештар ёрдамчии Раҳмонов дар умури иҷтимоӣ буд, то чанд вақти баъд курсии вазорати маорифро соҳиб мешавад ё хайр? Чунки дар пайравӣ аз Хушвақтзода ӯ ҳам «ташаббус» нишон дод. Ҳам Қобилҷон Хушвақтзода ва ҳам Эмомалӣ Насриддинзода аз Данғара, ҳаммаҳалҳои худи Эмомалӣ Раҳмонованд.
Аммо, бале, боз ҳам аммо…дар ҳеҷ гушаи дунё надидам ва нахондам ва наёфтам, ки маркази паёмшиносии дигаре вуҷуд дошта бошад. Дар Гугл, Яндекс. Википедия амсоли инро ёбам гуфтам нест.
Рӯзи паёми Раҳмонов, 28 декабр айни ҷазу доғи светкушӣ, свет доданд. Коргарҳоро дар корхонаҳо, талабаву донишҷуёну муаллимону омузгоронро дар толорҳо, табибону беморонро дар бемористонҳо, вазоратҳоро дар вазорат, кумитаҳоро дар кумита, сарҳадбону сарбозонро дар казарма , хуллас, рамаҳоро дар кашар говҳоро дар фермаҳо ҷамъу ғун карданд, зиндагиро карахт карданду ях занониданд, то инки ҳама зери экранҳо шинанду паём бишнаванд. Ҳатто занҳоро дар родзали Истиқлол бо широкий ва плоский экран таъмин карданд, ки то аз паём канор намонанд.
Он рӯз свет доданд, он рӯз кору зиндагиро карахту ях занонданд, он рӯз прямой эфир, прямой транслатсия карданд. Свет набуд, аммо аз куҷое светро ёфтанду оварданду доданд. Лимитро фаромӯш карданд. Худашон, ки чӣ, паёмашон ҳам пурфайз бобаракат аст, барои то обед ҳам буд, он рӯз ба Тоҷикистон хушҳоливу хурсандӣ овард.
Ана, акнун ду моҳ мешавад, ки на шабакаҳои телевизионӣ дам мегиранд, на радиову газетаҳо. Ҳамин як ё ду соатӣ светдорӣ фақат паём мегуянд. Вакилони Маҷлис толор ба толор маъниҳои Паёмро ба мардум фаҳмонида истодаанд. Ингор Паёми Ҷаноб бо сабки ҳиндӣ, навишат шуда бошад, ингор ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил мушкилфаҳму лозим ба шарҳу тафсир бошад.
Хуллас, дигар паём гуӣ кас мехоҳад қай кунад, истифроғ кунад. Аз таги дил буроврад мекунад, зардаҷуш мекунад. Дар ҳамаҷо паём. Аз бозору бемористон бигир то фермаву рама ҳарф ҳарфи паём. Ин ҳама камӣ кардааст, дилашон хунак намешавад, боз дар садади ташкили «маркази паёмшиносӣ» баромадаанд.
Яъне чӣ?
Барои Раҳмонов рейтинг месозанд, барои Раҳмонов имиҷ месозанд, барои Раҳмонов ном месозанд, барои Раҳмонов электорат-пойгоҳи иҷтимоӣ месозанд? Ин чоплусони тардоман намедонанд, ки чи кор кунанд? Ба сарашон бардоранд, кулоҳ созанд, курпа кунанду дар руяшон гиранд, болояшон кашанд.
Намедонанд, ки чи хел лесанд, чи хел хушомад зананд, аз куҷояш доранду ба даҳонашон андозанд.
Инҳо дигар Раҳмоновро қотӣ кардаанд, ҳисобашон гум, фикр мекунанд, роҳу усулу васила меҷуянд, то худро наздик нишон диҳанд, очко гиранд, граммота гиранд. Важний ва умний, полний идея нишон диҳанд. Раҳмонов пеши назар гирад, руи хотир бинад ва бимонад, ки боз чанд солаке дигар дар мансаб бошанду битозанду ғорат кунанд.
Ғулом бояд бо забонаш ҳамаҷои хоҷаро билесад, ғулом бояд коре кунад, ки хоҷа хуш бошад. Ин мардум мехоҳанд бардорбардор кунанд Раҳмоновро, боло бардоранд, болои боло. Аммо намедонанд куҷо, то куҷо? Мехоҳанд бут созанд, аммо чи навъ буте? Бовар кунед ҳамин дини ислом ҳасту ибодати ғайри Аллоҳро иҷозат намедиҳаду чунин кунандагонро мушрик меномад. Боварам кунед агар роҳашро пайдо кунанд ҳатман дар мавриди тақдиси Раҳмонов коре мекунанд, то ӯ хушҳол бошад аз ин чоплусҳо. Руҳашон, номусашон, ғурурашон, нангашон, ҳайбаташон, салобаташон, тавҳидашон ҷароҳидор шавад, ҷароҳат гирад, алъаёзу биллоҳ мушрик шаванд ҳам боке не. Фақат хоҷа хушнуд бошад.
Чи кор кунанд, намедонанд, наметавонад. Дар масҷид оварданаш, дар ҷойи мавъизаҳо, дар китобҳо оварданаш дар ҷойи Ленин, ҳайкали модарашро шиноданд, дар ҷойи Надежда Константинова Крупская, ҲХДТро оварданд дар ҷойи КПСС, осорхонааш сохтанд, китобҳо дар номаш навиштанд, ҳатто тандиси сементии китобашро дар Ҳисор гузоштанд…
Мехоҳанд савори Буроқаш ҳам кунанду ба олами боло ҳам фиристандаш. Куҷоҳое бурданашу бардоштанаш, аммо зурашон намерасад. Охир аз як ПТУшник ҳарчи бисозед намешавад. Камтар таъаммулу андеша кунед!
Тамоми миллату мардум ба сӯйи Аллоҳ рукуъу саҷда куанд,инҳо ба самти Раҳмонов.
Инҳо розианд каблук-пошна бошанд, памперсу подгузник-уребчаву кунгирак бошанд, пайтобаву пайпоқ бошанд, фақат инки Раҳмонов шод бошад. Инҳо дар ёди Худо, ёди Расули Худо нестанд ба ёди Раҳмонованд.
Чизе аз ғурур, чизе аз номус, чизе аз виҷдон, чизе аз одамият, чизе аз мардӣ намондааст.
Раҳмонов барои инҳо ҳама чиз аст: падар, модар, расул, Худо (наъузубиллоҳ). Агар як мусулмон зикри Аллоҳ кунад, инҳо аз Раҳмонов зикр мекунад.
Раҳмонов дар сираташон, дар сиришташон аст. Инҳо бе Раҳмонов худро одам намеҳисобанд. Инҳо на аз Худо, ҳамаро аз Раҳмонов медонанду мепиндоранд.
Боз як нуктаи ҷолиб
Кору амали Раҳмоновро бидуни истиҳола ва бидуни вақфа тамҷиду тавсифу тавҷеҳу тарҷеҳ мекунанд. Аммо аз як кори вай чизе намегуянд. Раҳмонов трижди, четириждӣ ва ё зиёдтар ҳоҷӣ шуда аст. Инки маҳз барои тавоф рафта бошад, зери савол аст, аммо чанд бор умра рафт ва ҳатто лоф ҳам зада буданд, ки даруни ҳарам даромад.
Аммо аз ин боб ва қисмати рӯзгораш дам намезананд. Чунки худи Раҳмонов намехоҳад. Дар осорхонааш ҳам ҳеҷ аксу мусавварае аз ин боб нест. Чунки ҳаҷҷи умра карда бошад ҳам бенамоз буд, бенамоз монд, арақхур буд, арақхур монд.
Онҳо руҳияи ва фикри Раҳмоновро хондаанду медонанд. Медонанд,ки Раҳмонов бандагии Худоро қабул накардааст. Агар қабул мекард, намегуфт рӯзаро хуреду зардолу чинед, масҷид наоед. Масҷид омаден тез намозотона хонда бароед аз масҷид. Мабодо онҷо ҳама ҷамъшуда нақшае бар алайҳи ману ҳокимияти ман накашед.
Мехоҳанд аз Раҳмонов як фароинсон, як ғайриодӣ, як уъҷуба як хориқулодда нишон диҳад.
Ростӣ, намедонам ин шунавидаам то чи ҳад сиҳат дорад, аммо гуфтанд, ки мехоҳанд ҷасади наҷосати вайро Раҳмоновро мумиёӣ мисли ҷасади Ленин кунанд. Дар зери ҳайкали Сомонӣ гузоранд. Мавзолей созанд. Ва гапгап будааст, ки ба раёсати ин мавзолей номзадии Абдулло Раҳнаморо баргузиданианд. Ва, гуё ҳоло Раҳнамо рутбаи махфиёнаи полковники амният додаанд.
Ман, намедонам, ки ин хабар ба гуши Ато Мирхоҷа ҳам, ки паёмсарои дигари ӯст расида бошад ё хайр, аммо ҳатман мерасад.
Вале махсусан СС.Ятимов ба Абдуллои Раҳнамо бонии мурдаи Раҳмоновро бовар кардааст.
Як саволи оддӣ. Дар кадом донишгоҳи дунё Маркази омузиши паём ташкил кардаанд? Паём чист, ки онро омӯзанд? Дар донишгоҳҳои дунё илм меомузанд, дар донишгоҳҳои мо паём омузанд? Паём чӣ илм аст, чӣ илм дорад?
Масалан ҳаминки «Паёмбаронро модар ба дунё овардааст» ё инки: «Агар падар мурд ва кудак модар дошта бошад он кудак ятим нест» Маркази паём шиносӣ масалан ин ду сухани Раҳмоновро чи гуна шарҳу тафсир мекунанд ? Куҷои ин суханон оқилонаанд? Касе даъво кардааст паёмбаронро падаронашон ба дунё овардааст? Ё паёмбарон аз осмон ба замин ба гуфтаи дигар Раҳмонов «чакидаанд»? Ё мехоҳад бигуяд ман падар надорам ва танҳо модар дорам бо ин гуфтааш аз ҳама мардони миллат мехоҳад қасд бигираду мардонро зиндонӣ ва муҳоҷиру дарбадар кунад, то ҳама дарди бепадар калон шудани ӯро дарк кунанд? Охир ин чи тафсири дигаре метавонад дошта бошад?
Ховар навиштааст,ки:
«Иброз гардид, ки ин маркази омӯзишӣ барои донишҷӯён таъсис дода мешавад, то муҳтавои паёмҳои Президенти Тоҷикистонро, ки инъикосгари самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мебошанд, ҳамаҷониба омӯзанд».
Бор, Худоё! Ин чи рӯзу рӯзгоре? Ба ин ҳадду андоза, ба ин тарзу тариқ хушомад, тамаллуқ, кунлесӣ, чоплусӣ? Намедонанд, ки чи бигуянд? Байни ҳам дар сабқату соревнованний задаанд. Кӣ бояд бештар ва болотар, баландтар хушомад занад?
Феълан, ончуноне мебинем Эмомалӣ Насриддинзода аз Абдулло Раҳнамову Ато Мирхоҷа ва амсолаҳум пешӣ гирифтааст, ҷилав рафтааст.
Аммо «Маркази омузиши паёмҳои Президенти Тоҷикистон
Бор, Худоё! Ин миллат ва ин мардумро ба чи хоки зиллате нишонда истодаанд. Чи гапе хабаре, ки намешунавӣ? «Паёми Президент яъне чӣ?»
Паёми Раҳмонов чи дорад? Ба ростӣ чӣ дорад, ки барои он «маркази омузишӣ» таъсис дода бишавад? Чиӣ онро, чи чизи онро бояд биомӯзанд? Паёми Раҳмоновро, ки биомӯзанд чи бишавад, чи хоҳад шуд? Осори яксадуандҷилдии Ленин куҷо шуд, чи расад ба паёми Раҳмонов, ки ҳар сол содир ва истихроҷ мешавад ва як гузориши муқаррарии ҳукумат аст ки барои мисол раиси ҷумҳури Амрико, Русия, барои мисол Қазоқистону Узбакистон ва Белорус ҳар сол ироа мекунад. Инки ягон чизи дигаре нест, ки барои он маркази омӯзишӣ таъсис дода бишавад.
Масалан донишомӯзон, аспирантон, магистрантон, докторантон аз ин паём чи илм бигиранд? Фардо, ки Раҳмонов несту касе дигар меояд. Баъд чӣ? Ҳатто бигзор Рустам ояд. Пас бояд маркази паёмшиносии Рустам таъсис мешавад?
Шумо ҷомеаро, мардумро хар фарз кардаед? Ба кӣ даркор ин паёми бесарунугу дурударози каммояи бемаънии Раҳмонов? Яъне бояд мунтазир бишавем, ки фардо номзади улуми паёмшиносӣ, доктори улуми паёмшиносӣ хоҳем дошт? Паём як чизи муваққатӣ, як чизи даргузар аст. Омӯзиши он ба чи дард мехурад. Як донишҷу паём омузад, чи мешавад? Паём чи дорад, ки омӯхта шавад?
Озмуни беҳтарин хонандаи осори Пешво, ташкили осорхонаи пешво, ташкили маркази илмӣ тадқиқотии Пешво, яъне чӣ? Магар мардуми тоҷик чизе барои донистану омӯхтан надорад? Магар мардуми тоҷик касеву чизе набуд.
Барои онки ту худатро ширин кунӣ, бояд Донишгоҳи миллиро ба буткада мубаддал созӣ.
Бо омӯхтани он «облава» аз байн меравад? свети мардум доимӣ мешавад? аз муҳоҷират бармегарданд? дари масоҷид ҳуй мешавад? арзонию ободӣ мешавад? ба Мирриху Уторид мебароем? Чи дорад ин паём? Магар фақат Раҳмонов паём медиҳад? Президенти Амрико, Фаронса ,Русия, Узбекистон ва дигар давлатҳо паём намедиҳанд? Ва ё ҳадафи шумо ин аст ки бояд бо ин пешниҳоди «ҷолиби рангин» барҷаста шавед, намоён шавед, ҷалби таваҷҷӯҳи Озода кунед ва таҳсину офарини Раҳмоновро бигиред ва ё аз Ато Мирхоҷа яксару гардан бештар лаганбардорӣ кунед, ки мегуфт: Путину Трампу Си Ҷинпин вақти паёми Раҳмонов хапу дам шишта тамошову гушаш мекунанд ва ё хостед аз Абдулло Раҳнамои паёмшоир ё шоирпаём паёмсаро ҳам гузаронед.
Агар бихоҳед, ки Раҳмоновро бишиносед, ба ҳодисаи 3 феврали зиндони Ваҳдат муроҷиат кунед.
Ба ҳоли табоҳи Зарифӣ нигоҳ кунед. Як мусафеди 72андсола 27 сол гирифт. Мусодараи молу амвол шуд.
Ба Рухшона Ҳакимова ва ду кудаки ноболиғи якеаш ширхора ва инки 200.000 сомониашро ғасб карданд нигаред.
Гапҳое, ки берун аз тексти паём ё ҳар суханрониву суҳбатҳояш мегуяд ба донишомӯзон (донишомӯз) кори илмӣ диҳед. Масалан бо хун омадем бо хун меравем, Ислом Каримов отамиз,
Ё чуноне гутф буд: «мачида ки омадӣ намозта бхон бра ба сиёсат қуш шудӣ дар гушаи зиндон қарор мегирӣ».
Бовар кунед бо ин пешниҳоди шармандаатон, аслан бо ҳузури дилбеҷокунандатон ҳамаҷоро ҷазир кардед, на дар ҳукумат ва на дар миллат обру монд. Ҳамин илмро ҳам дуздидеду диссернетӣ шудед ва ҳукуматро то мушовиру вазиру дигару дигаратон аз диссернетӣ пур кардед. Акнун бояд илм ҳам мазоҳу мазҳака шавад. Қаблан унвонҳоро дуздидед. Мутаассифона ин ҳам бо номи тоҷик аст, тоҷик. Тоҷикро чи кор кардед. Хору залилу забун кардед, бадном кардед, Равшану Ҷамшуду террорист кардед, бас набуд? Ҳоло дигар чи мехоҳед аз ҷони тоҷик.
Ман пешниҳод менамоям, ки дар Маркази илмӣ-тадқиқотии Пешвои миллат ва дар маркази паёмшиносӣ ин мавзуъҳо:
-пешвои миллат чи гуна ба сари қудрат омад ва бо кумаки кӣ?
-пешвои миллат ва муносибати вай бо дину оини аҷдодӣ чи гуна аст ва чаро аз ислом ва мусалмонон сахт метарсад?
-пешвои миллат чаро олимон, нависандагон зиёиёни воқеъиро чашми дидан надорад ва то имрӯз ҳамаро маҳву нобуд кард?
-пешвои миллат чуноне худаш борҳо гуфтаанд, ки бе пул ва камбағал буданд вақте ба раёсати шурои олӣ расиданд. Ин ҳама маблағ ва ҳавопаймо ва қасрҳои бо ҳашамат дар тамоми ҷумҳуриро аз кадом пул ва даромадашон сохтанд?
-пешвои миллат агар ҳомии қонун ва мардуми кишвар бошанд чаро худашон ва оилаашон қонунро итоъат намекунанд?
–пешвои миллат, чаро ба мардум барқ намедиҳад?
– чи тавр пешвои миллат ҳаммаҳаллу ҳамшаҳриҳову авлоду баччаву духтару домодҳои расмиву ғайрирасмиашро ба мансабҳои овардааст?
–пешвои миллат чаро маҳалгироӣ ва авлодпарастиро сиёсати давлатии хеш қарор додааст?
Онҳое ин нукот ва асрори ин саволҳоро пайдо карданд ба онҳо унвонҳои докторӣ диҳед!
Ҳатман нақши Данғара ва кадрҳои Данғара дар сиёсати кадрии Раҳмонов, нақши Раҳмонов ва авлоди вай дар сирқат ва тороҷи дороиҳои кишвар, то ғасбу тасарруфи кумури Ғузни Масчову Назарайлоқ то Кантеву Зиддиву Ҷиҷик, то конҳои тилло,то Талкову дигару дигарашро ҳам кори илмӣ диҳед. IRS-ин роҳзани домоду духтари Раҳмоновро ҳатман кори докторӣ диҳед!
Аз ҳақ ҳам набигазарем рӯйи ин нукот ҳам кор кунед:
Фазои сиёсӣ чи гуна аст?
Чаро аҳзоби оппозитсионӣ нестанд?
Интихоботҳо чи гуна мегузаранд, нақши Абдуҳалим Ғаффорзода дар машруияти интихоботи Раҳмонов?
Чаро нашрияҳои мустақил нестанд?
Киҳо дар зиндонанд ва чаро?
Моликияти сарватмандонро Раҳмонов чи гуна забт кард?
Нақши Зоир, Шамсулло Ҷамолиддин Ашраф, Зарифбек, Рамз ва Сафар дар таҳкими давлати сохтаи Пешво ва дар афзоиши набераҳо Раҳмонов ҳам бояд мавзуи чанд кори курсиву дипломӣ шавад?
Дар ин марказ феҳристи корхонаҳо, ширкатҳои Пешво бояд омӯхта шавад?
Бояд шеваҳои дуздӣ дақиқан омухта шавад?
Бояд чи гуна ҳукуматро маҳаллӣ ва хонаводаӣ кардан омухта шавад?
бояд бесветии наздики сисола омӯхта шавад ва тули ин се даҳа мардумро чи гуна сокиту ором нигоҳ доштанаш хело муҳим аст?
Бояд чи гуна ба сари қудрат омаданаш омухта шавад?
Бояд ба шакли ҷиддӣ омухта бишавад, ки харҷу масрафи ин Оила ба бюҷети Тоҷикистон чи қадар нарх дорад?
Охраннаҳояш чи қадар музд мегиранд ва чи гуна афроде ҳастанд,ки ин ҳама бедодиро дида боз ҳам ӯро ҳимоят кардаанд?
Инчунин инро низ бояд омӯзанд,ки Раҳмон чанд охрана дорад, масалан Рустам масалан Озода, масалан Рухшона, масалан Зарина…масалан хонаи инҳо свет дорад, отопленний дорад, гарм аст ва чаро хонаи ин гарм асту хонаи мардум сард?
Ҳоло кӣ аввалин шуда доктор ё кондиди улуми паёмшиносӣ мешуда бошад? Ин «осори илмӣ» дар тақризи Абдулло Раҳнамо, паёмсарои бузург ҳимоя мешуда бошад?
Тавсияи хело муҳим!
Ман тавсия медиҳам, ки барои рушду ривоҷи ин маркази навтаъсис Абдулло Раҳнамо мудир ё раиси он таъин карда шавад. Шояд бо ин баҳона якборакак бо Ҷаноби олӣ аз наздик дидор кунад, то дар дилаш ҳасрат намонад.
Ва дар охир аз устодони Маркази паёмшиносӣ ва махсусан аз Эмомалӣ Насриддинзода мехоҳем ба унвони адабиёти иловагӣ аз ин матолиб низ дар корҳои илмиашон истифода кунанд:
От Рахмонова до Рахмона. Как эволюционировал бессменный лидер Таджикистана https://aif.ru/politics/world/ot_rahmonova_do_rahmona_kak_evolyucioniroval_bessmennyy_lider_tadzhikistana
Дети и зятья Рахмона — что они контролируют и какие посты занимают
https://ru.sputnik.kg/20210503/tadzhiikistan-rahmon-deti-zyatya-vnuki-1052376753.html
18:02 03.05.2021 (обновлено: 14:27 14.12.2021)
Его превосходительство Предводитель нации: культ личности в Таджикистане
«Он предпочтёт 90% от пирога в десять баксов, чем треть от пирога в сотню баксов».
Кумовство, коррупция и загадочные смерти: как один и тот же человек правит Таджикистаном уже четвёртое десятилетие https://republic.ru/posts/113862
Чудеса и контрасты Средней Азии. Часть последняя – Таджикистан и его Рахмон https://pikabu.ru/story/chudesa_i_kontrastyi_sredney_azii_chast_poslednyaya__tadzhikistan_i_ego_rakhmon_11710662
Восточные тонкости: Рахмон поговорил с Путиным на языке азиатской политики https://news.ru/cis/vostochnye-tonkosti-rahmon-pogovoril-s-putinym-na-yazyke-aziatskoj-politiki/
Что стояло за обращением президента Таджикистана к президенту России на саммите в Астане
18 окт 2022 в 01:00
Автор: Олег Кусов
ОХОТА ЗА «НАСЛЕДСТВОМ» ЭМОМАЛИ РАХМОНА https://www.sovsekretno.ru/articles/politika/okhota-za-nasledstvom-emomali-rakhmona200323
9 фактов о президенте Таджикистана, о которых вы не знали
https://ia-centr.ru/publications/9-faktov-o-prezidente-tadzhikistana-o-kotorykh-vy-ne-znali/
Месть, обида, манипуляции… Политологи расшифровали обращение Рахмона к Путину 15 октября 2022, 16:30
https://newizv.ru/news/2022-10-15/mest-obida-manipulyatsii-politologi-rasshifrovali-obraschenie-rahmona-k-putinu-369700
Из “шныря” в президенты. Как Рахмон пришел к власти Автор K-News – 20:29, 02.05.2021 https://knews.kg/2021/05/02/iz-shnyrya-v-prezidenty-kak-rahmon-prishel-k-vlasti/
Политический портрет “Э. Рахмон” https://infourok.ru/politicheskij-portret-e-rahmon-6255672.html
Эмомали Рахмон, абсолютный монарх Таджикистана
При использовании материала просим указывать источник argumenti.ru
Журналисты обнаружили у одной из дочерей Эмомали Рахмона «медицинскую империю» https://fergana.media/news/131570/
Сколько денег у Эмомали Рахмона https://www.rich-list.ru/emomali-rahmon
Фестивали “шикамченкунӣ” бо иштироки Эмомалӣ дар Хуҷанд https://isloh.net/festivali-shikamchenkun-bo-ishtiroki-emomal-dar-xu-and
Эмомалии террорист, мизбони Конфронси “Муқовимат бо терроризм
Э. Раҳмонов: «Дар вилояти Суғд бачаҳои Нуробод хостанд мана бикушанд?» https://isloh.net/e-rahmonov-dar-viloyati-suғd-bachahoi-nurobod-khostand-mana-bikushand
Э. Раҳмонов!!! Ғарм наё, мо ай афти хунукут безорем!
Асосгузор-пешво-қаҳрамони дуздию ғорату тороҷ Эмомалӣ Раҳмонов https://isloh.net/asosguzor-peshvo-қahramoni-duzdiyu-ғoratu-toroҷ-emomalӣ-rahmonov
СС.Ятимов ҳам Раҳмоновро чапа карданӣ буд? https://isloh.net/ss-yatimov-ham-rahmonovro-chapa-kardanӣ-bud
Э. Раҳмонов спонсори давлати террористӣ https://isloh.net/e-rahmonov-sponsori-davlati-terroristӣ
Раҳмонов рафтанӣ нест? Тоҷикистонро марг аз Раҳмонов наҷот хоҳад дод! https://isloh.net/rahmonov-raftanӣ-nest-toҷikistonro-marg-az-rahmonov-naҷot-khohad-dod
Чаро Раҳмонов дар доираи қонун намегунҷад https://isloh.net/charo-rahmonov-dar-doirai-қonun-namegunҷad
Бист миллиарди мардумро Э. Раҳмонов чи тавр дуздидааст? https://isloh.net/bist-milliardi-mardumro-e-rahmonov-chi-tavr-duzdidaast
Э. Раҳмонов асосгузори терроризми тандуристӣ https://isloh.net/e-rahmonov-asosguzori-terrorizmi-tanduristӣ
Раҳмонов Асад мешавад ё Қаззофӣ? https://isloh.net/rahmonov-asad-meshavad-yo-қazzofӣ