Ман дузанда мебошам оё гунаҳгор мешавам?

Ислоҳ нет

Ман дузанда мебошам оё гунаҳгор мешавам?

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Устод Муҳаммадиқболи Садриддин.Ман аз навиштаҳои шумо пайваста истифода менамоям ва мехоҳам ба ин саволам посухи комил ва қаноаткунанда гирам.Ман як зани дузанда мебошам,ки зиндагониамро бо ин касбам пеш мебарам.

Чунонеки шоҳид ҳастед ҳоло дар кишвар нисбати ҳиҷоб ва сатру куртаҳои остиндароз ва пешҳояшон пушида гӯёки ҷанг эълон намуда бошанд.Ман ҳамчун дузанда ба наздам занону духтарони зиёд муроҷъат менамоянд ва барояшон медузам. Агарчӣ ин муборизаи беамоне ҳоло дар кишвар бар алайҳи либосҳои пушида ва маҳкам бо раванди хело сахт идома дорад.Бозҳам шоҳидам,ки занону духтарони мо либосҳои остиндароз ва пешҳояшон маҳкам аз ман талаб мекунанд,то барояшон дузам.Аммо талаботи куртаҳои остинкалта ва пеш кушод низ кам нестанд. Одатан ин талаботро донишҷӯ духтарон ва он занону духтаронеки дар мақомоти давлати кор мекунанд, аз ман талаби духтан мекунанд.Хулоса ман агар чунин либосҳои ба шариъати ислом мутобиқ набударо дузам гунаҳгор мегардам? Ман кушиш мекунам,ки надузам аммо пули хуб медиҳанд ва ҳайрон мондам чикор кунам? Дар хона таъминкунадаи ризқу рӯзии хонавода танҳо манам ва панҷ фарзанди хурдсолҳам дорам.Шавҳарам 18 сол бо ҷурми бофтае зиндонӣ гаштааст нав тақрибан ду сол мешавад.

Ва Алайкум асалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу хоҳари гиромӣ саволи шумо ба ман расид ва бидуни муқаддима ба он посӯх мегӯям.

Аллоҳ субҳонаҳу ватаъоло дар Қуръони карим сароҳатан дар ин масала чунин мегӯяд:

{وَتَعَاوَنُواْ عَلَى الْبرِّ وَالتَّقْوَى وَلاَ تَعَاوَنُواْ عَلَى الإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَاتَّقُواْ اللّهَ إِنَّ اللّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ}.

Тарҷума: “…Ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад.”
(Сураи Мойда,ояти 2)

Ҳангомеки хостам ин ояти каримаро ба тафсил ҷустуҷӯ намоям ончунон ба вазъияти кунунии кишвар созгор аст,мегуфта бошед ин оят махсус барои ҷомеъаи кунунии мо чанд рӯз қабл нозил гаштааст.Албатта муфассал дар мавридаш менависам,то ҳама аз он огоҳии комил пайдо намоянд.

Ҳоло хоҳари гиромӣ ҳаминқадаррро донед,ки ҳангомеки шумо пероҳанҳоеки остин кӯтоҳ ва пеши онҳо чок аст медӯзед ҳатман дар гунаҳгор шудани он занону духтарон нақши асосиеро ифо мекунед.Манзур аз “Дар гуноҳу таҷовуз кумак накунед”-еки дар оят омадааст шумо шомили он мегардед.

Гуноҳ чиро мегӯянд?

Гуноҳ дар луғат: Анҷоми амалеки он хато ва носавоб бошад

Дар истилоҳ: Он амалеро,ки шариъат анҷомашро боз доштаанд гуноҳ гуфта мешавад.

Аз нигоҳи шаръ:Шариъати исломӣ гуноҳро бо мартабаҳо тақсимбанди намудааст.Масалан гуноҳи сағира,гуноҳи кабира. Барои анҷомдиҳандагони гуноҳи сағира уқубати дунявӣ вуҷуд надорад ҷуз тавба.Аммо гуноҳи кабира уқубатҳои дунёвӣ яъне ҷазо муқарар намудааст,ки дар ҳукумате исломӣ бошад он татбиқ карда мешавад.

Фуқаҳо кумак кунандагони дар гуноҳро дар қатори гуноҳони кабираи феъли ҷой додаанд.Масалан ин ҳолатеки шумо қарор доред хоҳар.
Фуқаҳо дар ин масала ба ин назаранд,ки шахсе барои анҷоми гуноҳе кумак кард зери ҳукми “Кумак дар гуноҳ” шомил мегардад агарчӣ худаш он амалро бад бубинад ва анҷомашҳам надиҳад зери ин ҳукм сад дарсад ворид мегардад.

Як мисол меоварам,то қазия бароятон равшантар гардад:
Шумо дузанда ҳастед ва пероҳан ё куртаҳое медузед,ки онҳоро духтарони мусалмони тоҷик мепушанд.Он пероҳанҳо остинкалта пешҳояшон чок ва намоён аст.Дар ҳоле медонед ҳиҷоб фарз аст ва мухолифат кунандаи ин ҳукм аз ислом хориҷ мегардад.Мумкин аст гӯед ман мухолифат намекунам ва худам ҳиҷоб дорам.Шумо дар гуноҳкардани занон кумак доред,то онҳо ин фаризаи Илоҳиро тарк кунанд.

Барои инки шумо донед,ки ҳиҷоб фарз аст бароятон оятҳое,ки дар ин маврид омадаанд меорам,то ҳеҷ шакке бароятон боқи намонад.

قال تعالى : ( وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ وَلا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعاً أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ( سورة النور اية 31)
Тарҷума: Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагони ( ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед.(Сураи Нур,ояти 31)
Боз дар сураи муборака Аҳзоб мефармояд:

وقال تعالى : ( يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَنْ يُعْرَفْنَ فَلا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً (الاحزاب اية59 )

Тарҷума: “Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар сар пӯшанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!”
Мумкин аст,гуед аз Қуръон бароямон лафзи ҳиҷобро биёред,то мутмаин бошам.Инҳам лафзи ҳиҷобеки омадааст дар Сураи Аҳзоб:

وَاللَّهُ لا يَسْتَحْيِي مِنَ الْحَقِّ وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعاً فَاسْأَلوهُنَّ مِنْ وَرَاءِ حِجَابٍ ذَلِكُمْ أَطْهَرُ لِقُلُوبِكُمْ وَقُلُوبِهِنَّ

Тарҷума :” …Вале Худо аз гуфтани ҳақ шарм намедорад. Ва агар аз занони паёмбар чизе хостед, аз пушти парда бихоҳед, ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст.”
(Сураи Аҳзоб,ояти 53)

Бароятон равшан гашт,ки ҳиҷоб фарз аст барои тамоми занҳои мусалмони озод.Шумо вақте ин занону духтарони мусалмонро пероҳанҳое медузед,ки онҳо луч ва андомҳо ва маҳосини онҳо,ки танҳо барои шавҳарҳояшон ва маҳорими худ иҷозат аст,дар боло баён шуд дар оят.Бо ин пероҳан онҳоро дар маърази тамошои ҳамагон қарор медиҳед пас шумо “Кумак кунандаи дар гуноҳ” мебошед.Аллоҳ дар сураи Мойда дар охираш хело шадид гуфтааст:
“Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад.”
(Сураи Мойда 2)

Ин оят натанҳо барои дузандагони пероҳанҳои остин кӯтоҳ ва пешчок мебошад.Балке барои ҳар шахсе,ки мусалмононро дар анҷоми гуноҳ кумак мекунанд мебошад.Худатон муйян кунед,ки киҳо метавонанд кумак кунандагони дар гуноҳ бошанд!

Ҳаргиз чунин либосҳоеро надӯзед ва дар ин ҳукм худро шомил накунед.Агарчӣ пули хубҳам диҳанд.Шахсе кореро барои ризои Аллоҳ тарк кунад.Аллоҳ барояш беҳтар аз он амалеки барои Аллоҳ тарк шудааст медиҳад.

Дар охир посухамро бо ин ҳадис ба охир мерасонам, умеддорам тавониста бошам шумо ва ҳар шахсе кумак кунандаи дар гуноҳ бударо фаҳмонида бошам.

Аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: “Бишнавед ! Оё шунидаед,ки пас аз ман меоянд Амироне(подшоҳон,президентон, шоҳон, пешвоҳо) шахсе дохил шавад ба наздашон,бовар намояд ё тасдиқ кунад дурӯғи онҳоро.Кумак кунад онҳоро ба он зулме (бар мардум ва халқи Аллоҳ) мекунанд,пас онҳо аз ман нестанд.Инчунин манҳам аз онҳо нестам.Онҳо ҳаргиз бар ҳавзи ман (кавсар) ворид намегарданд.Аммо шахсоне дохил намешаванд бар назди он(подшоҳон,президент,шоҳ,пешвоҳо) кумак намекунад онҳоро дар он зулме мекунанд(бар мардум ва раъияташон).Тасдиқ ва рост намедонад дурӯғи онҳоро,пас ӯ аз ман аст ва ман аз ӯ мебошам ва ӯ вориди ҳавзи ман мегардад.(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Насоӣ)

Share This Article