Пешопеш маълум буд, ки Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон на камтар аз 14–15 сол мегирад. Баъди Умаралӣ Қувватов, раиси шаҳиди “Гурӯҳи 24” ӯ бо даъвати баргузории як тазоҳуроти осоишта ҳазорон ҳазор аз саканаи кишварро, ки мунтазири ҳамин гуна як ибтикор ва иқдоме буданд, ба таҳрик даровард. Билошак он рӯз қариб аст ва инки ҳоло дар аксарият манотиқи кишвар бо ранги хоно “ИСТЕЪФО” менависанд, далели мувассақ ва муваҷҷаҳи ин гуфтаи мост. Солҳост, ки корд дар устухон расидааст ва халқи тоҷик дар баробари як диктотури ҷоҳил ва як дузди ёғӣ вомондааст ва роҳи чора танҳо ҳамоне аст, ки Маҳмурод Одинаев қасди баргузории онро кард.
“Ҳарф аз ҳизбу интихоботу тазоҳуроту истеъфо Раҳмонов ва пояҳои ҳукумати оилавӣ-қабилаии вайро мутазалзил месозад. Вай бо тамоми иқтидоре, ки дорад, то ба имрӯз талош кардааст аз ин ҳама (ҳизбу интихоботу тазоҳуроту истеъфо) ҷилавгирӣ кунад, маҳор созад, то инки фақат ва танҳо худашу 9 фарзанду 9 баробар бештар домоду дигару дигарҳояш дар Тоҷикистон зиндагӣ ва истироҳат кунанд.”
Агар ба ҳамин чанд соли баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ мутаваҷҷеҳ бишавем, хоҳем дид, ки Раҳмонов барои ҳеҷ тоҷик фурсат ва маҷол надодааст, ки дар баробари ӯ барои курсии раёсати давлат қад алам кунад. Ҳар касе муддаӣ шуд, ӯ ҳатман ӯро зиндон кард, нобуд сохт ва фирорӣ намуд.
Боздошту истирдоду ба давраи тӯлонӣ (23 сол) зиндон кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон танҳо ба хотири он буд, ки ӯ изҳор дошт дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро пешниҳод хоҳад кард. Искандаровро нагузошт, ки то интихобот бирасад. Чунки дақиқан медонист, агар ӯ номзади раёсати ҷумҳурӣ бишавад, аксарияти мутлақи халқи тоҷик ба ӯ раъй хоҳад дод. Аз инҷо буд, ки фармуд ӯро айбу иттиҳоме бизананд, ки на камтар аз 20 сол зиндон бишавад. То барои онҳое, ки муддаии ҷойи ӯ мешаванд, сабақ бишавад. Ва, додситону додрас ноилоҷ ва чору ночор фармоиши Раҳмоновро иҷро ва як нафари бегуноҳро ба давраи дароз пушти панҷара карданд.
Вақте Умаралӣ Қувватов ҳам даъвои сиёсӣ кард ва изҳор дошт, ки алайҳи Раҳмонов тазоҳурот баргузор мекунад, раъша дар ҷисму ҷони Раҳмонов афтод. Ба вузӯҳ медонист ва медонад, ки камтарин ҷарақа кофист, ки халқи ҷонбарлаби тоҷик тахту тоҷи ӯро вожгун созад. Вай бахубӣ огоҳ аст ва маълумоти дақиқ дорад, ки одитарин нерӯи сиёсӣ, ки ба майдон ворид шуд, арсаро аз дасти ӯ пас хоҳад гирифт. Вай ҳеҷ гоҳ, дар ҳамин тӯли 29 соли ҳокимияташ мардона ва бо дастгирии мардум курсии аввали кишварро нагирифтааст ва тамоми арқому омори маъракаҳои сиёсии кишварро бардурӯғ ва сунъӣ ҷамъбасту эълон кардааст. Вақте шаҳид Умаралӣ барои як гирдиҳамоӣ дар 10.10.2014 даъват кард, Раҳмонов ба манзури тарсонидани мардум ва ҷилавгирӣ аз он дар шаҳри Душанбе, дар майдони назди Маҷлиси Олӣ тамриноти пахши тазоҳуротро бо ҷалби сарбозу аскарҳои КДАМ ва ВКД доир кард. Умаралӣ Қувватов, чуноне баъдан ҳама асрори куштори ӯ рӯи об омад ва ҳоло ҳам қотилони вай дар сафҳои милисаи тоҷик кору фаъолият доранд бо дастури шахсии Раҳмонов кушта шуд ва тамоми ҳазинаи амалиёти куштори ӯро Шамсулло Соҳибов-домоди Эмомалӣ Раҳмонов пардохт карда будааст. Фақат ба хотири онки аз бурузи як чеҳра ва як рақиби сиёсӣ ҷилавгирӣ кунад.
“Агар Раҳмонов ҷуръаташро дошт ва агар ӯ дар ҳақиқат мутмаин буд, ки мардум бо ӯст, ҳамчунин муносибати ноҷавонмардонаро бо Зайд Сайид намекард. Зайд Сайид, ки дар Маскав як тоҷири муваффақ ва соҳиби сармояи миллионҳодолларӣ буд, баъди имзои сулҳ бо даъвати худи Раҳмонов сармояашро ба кишвар ворид кард.”
Дар ин бора баъдан худи Зайд дар як нома аз зиндон ба унвони Раҳмонов ошкоро сӯҳбат карда буд. Ӯ чанд сол ҳам дар ҳукумати Раҳмонов ба ҳайси вазир фаъолият намуд. Огаҳон мегӯянд, ки Раҳмонов чандин муддат ҳатто чои наҳорашро ҳамроҳ бо Зайд мехӯрд. Ва, ҳамин тавр Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳам ба яке аз ҳамсоғарони доимии Раҳмонов табдил шуда буд. Зимнан ҳамин шаҳид Умаралӣ Қувватов ҳам бо хонавода ва шахси худи Раҳмонов иртиботи наздик дошт. Аммо вақте Зайд хост, ки як ҳизбе таъсис бидиҳад ва бо миллат ва мардум ва давлати Тоҷикистон аз наздик ҳамкорӣ кунад, Раҳмонов хобу хиёлро аз даст дод ва васвосу ҷунун ва ваҳшатзада шуд. Сахт тарсид, ки мабодо Зайд ба курсии ӯ дида надӯхта бошад. Муқобили ӯ парванда дуруст кард ва ба ҳабс гирифт. Вақте фаҳмид, ки иттиҳомоташ соли камро пешбинӣ мекунад, ба ӯ тӯҳмат зад ва барои 26 сол равонаи зиндон кард.
“Раҳмонов тавон ва ғайрату ҷасорате надорад, ки бо як сиёсатмадори воқеӣ вориди мусобиқаи интихоботӣ бишавад. Барои ҳамин ҳар нафаре, ҳар ҳаракат ва ҳизбе, ки даъвои курсии ӯро кард, бо татбиқи усулҳои номардона ва ғиром аз саҳна берун кард. Вай мисли шағол аст. Шервор мубориза накардааст. Чун медонад, ки дар мусобиқаи рӯёрӯ ва ошкоро бой медиҳад.”
Дудаста ва мутафарриқ сохтани ду ҳизби сосиалистӣ ва демократи Тоҷикистон ҳам кори дасти худи ӯст. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон: ҳизби коммунист, наҳзати исломӣ, сосиалистӣ, демократӣ ва сосиал-демократ дар солҳои 2003–2004 зери як Эътилоф ҷамъ омада хостори тағйироти қонуни интихобти Маҷлис шуданд. Намояндагони коммунистҳо ва наҳзати исломӣ пешнависи ин тарҳро ба Маҷлиси намояндагон фиристоданд, аммо қабул нашуд. Вале инки ҳатто коммунистҳо бо наҳзати исломӣ канор омад ва инки ҳизби сосиалист, зери раҳбарии Мирҳусейн Назриев вориди Эътилофе шуд, ки Наҳзати исломӣ дар он мавқеи меҳварӣ дошт, Раҳмонов ва дору дастааш, бахусус мушовирини чоплусашро дучори ваҳшат ва сархӯрдагӣ кард. Роҳи чораро боз ҳам дар зӯр ва истифода аз қудрати ҳукумат ҷуст ва чуноне гуфтем сосиалистҳо ва демократҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо ва ба аҳзоби маргиналӣ табдил кард.
Барои он сахт тарсид, ки тамоми нерӯҳои сиёсӣ бо Наҳзати исломӣ канор омаданд ва имкони 100% аз қудрат пойин овардани ӯро фароҳам сохтанд. Азбаски дар соли 2006 интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ дар пеш буд ва азбаски ҲХДТ танҳову тоқа монд, аҳзоби кисагии ислоҳоти иқтисодӣ ва аграриро ташкил дод ва онҳоро якҷо бо ҷиноҳҳои ҷудошуда аз демократҳо ва сосиалистҳо барои худ иттифоқчӣ сохт. Ва ба ҳамин минвол аз соли 2006 то ба ҳоло, ки се навбати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор гардид, бо ҳамин аҳзоби худсохтааш рақобати дурӯғӣ ташкил карду ингор бо касби орои мардум ғолиб омад. Аммо дар амал ва дар воқеият ӯ ҳеҷ гоҳ бо як рақиби ҷиддӣ натавонист рӯбарӯ шавад, балки шароит ва имконият барои ҳамчунин рақибе надод. Ҳатто барои ҳамин ҷавони 30сола- Фаромуз Иргашев- бо тамоми иқтидор мониа ва мушкил дуруст кард, то ки вай сабти ном нашавад. Ин дар ҳақиқат нишона ва аломати заъфу тарси ӯ аз пайдо шудани як рақиби бархоста аз миёни мардум буд.
Ҳамин ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бо тӯҳмату буҳтон басту манъ кард, барои он буд, ки мамлакатро барои худ комилан тахлия кунад. Тамоми ҳарфу достони Ҳоҷӣ Ҳалим бофтаву дурӯғи маҳз аст. Вай аз афзоиши нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам дар майдони сиёсати кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ эҳсоси бим ва аҷз мекард. Ҳамин ҳоло ҳам аз ин ҳизб то пойи ҷон метарсад ва инки барои масҷидҳо мавъиза навишта ҲНИТро,ки 6 сол мешавад дар кишвар қарор надорад, сиёҳу бадном мекунад, исботи ҳарфи мост. Раҳмонов аз қудрат то рӯзи маргу мурданаш рафтанӣ нест. Ва, аз ҳар шахсият ва аз ҳар ҳаракату ҳизбе, ки даъвогари ҷойи ӯ мешавад, бо тамоми шеваҳои ҳатто номашрӯъ қасос мегирад.
Инки мегӯяд ӯро барои Роғун интихоб карданд, инки мегӯяд ба ӯ занҳо овоз додаанд, эътирофи зимнӣ, иқрори он аст ки инҷо кадом интихобу интихоботе набуд. Ин аломати даступохӯрдагӣ, ин худсафедкунӣ як гунаҳгори бадастафтода аст ки мизону ҳаҷму андозаи зарар ва хисороти расонидаашро ба ин давлату миллат хуб медонад.
Вай, наметавонад бигӯяд, ки ман мунтахаби мардуми тоҷик ҳастам. Он вақт метавонад бигӯяд, ки аз байни рақибони воқеӣ сабқатро бурида бошад. Инчи рақам ва ин ба кадом маъно интихобот аст, ки рақибони интихоботӣ даъват кунанд, ки ба “номзади асосӣ” овоз диҳед. Барои ҳамин аст ки гапро тоб медиҳад бурду овард мекунад. Роғун гуфтан, занҳо гуфтани Раҳмонов тавҷеҳи ғадру хиёнати ӯ бо раъйи мардум, бо интихоботи халқ аст. Ӯ медонад, ки гунаҳгор аст, ӯ медонад, ки хиёнат кардааст. Ӯ медонад, ки сазовори курсие, ки нишастааст, нест, балки ӯ худ гуноҳ ва хиёнат аст. Ӯ гуноҳ, ӯ хиёнат ва ӯ ҷинояти худро хело хуб медонад.
Чаро Раҳмонов аз тазоҳурот метарсад?
Чаро Раҳмонов аз ҳизби дигар метарсад?
“Чаро Раҳмонов ба ҷуз аз аъзои оила, хешу табор ва наздикони худ ба касони дигар имконият намедиҳад? Ҳар касе талош кард, ки дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон ҳарфи дуруст ва барои мардум гӯяд, онро сарбанест кард? Султон Қувват ва муовини ӯ-Рустам Файзиро ҳам Раҳмонов нобуд кард. Рустам Файзӣ дар зиндон кушта шуд. Барои он метарсад, ки мардум аз ӯ безор шудааст ва ӯро намехоҳад.”
Шоҳидони мурофиа ҳикоят карданд, ки Маҳмурод Одинаевро ду нафар аз зери китфон тавре бардошта ба толор дароварданд, ки пойҳояш ба замин намерасид. Ва дар даруни толор, дар ҷойи маҳкумшаванда ҳам ӯ танҳо набуд ва ду нафар дар паҳлуи ӯ буданд ва бо навбат ва ноаён бо такяи китфони худ ӯро нигоҳ медоштанд, то науфтад. Зеро, тибқи маълумоти ба мо расида сутунмӯҳраи ӯро ба ҳангоми лату кӯб шикастаанд ва маълум нест, ки аз чанд ҷой бошад.
Ҳоло, суол ин аст ки Маҳмурод Одинаев чи ҷурме содир кард, ки 14 сол зиндон бишавад? Ҳамин як даъват барои гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот? Кор то онҷо сахту гарон аст ки тазоҳуроте анҷом нагирифта, мардум ҷамъ наомада, танҳо барои як даъвати хушку холӣ, ки оё баргузор мешуд ё намешуд, ба ҳамин тарзу ба ҳамин ҳаҷму ба ҳамин ҳисоб вокуниш? Чи қадар шикананд, чи қадар оҷиз ва чи қадар заъфи Раҳмоновро ин ҳукм намоён кард?
“Хонаи Маҳмурод, хонаи Зайд, хонаи Маҳмадрӯзиро сӯхту хароб кард, хонаи Умаралиро оташ зад, хонумаш сарсону саргардон, то чи шавад? То Раҳмонов ҳукумат кунад?”
Раҳмонов на танҳои хонаҳои ин шермардон, хонаи мардуми Тоҷикистонро гӯгирд задааст, то ки хонаи худаш, хонаи Рустам, хонаи Озода, хонаи Таҳмина, хонаи Фирӯза,хонаи Муроди телеху Бег Сабури қудояш ва амсоли инҳо, ки аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам бештар шудаанд, гарм созад, хонаи мардумро торик кардааст, то ки хонаҳои инҳоро равшан нигаҳ дорад.
Аммо то кай,ин мусибат идома меёфта бошад?
Албатта,то он рӯзе,ки ин миллат ба по хезаду бо як садо бигӯянд: “Раҳмонов истеъфо,бирав мо дигар ту ва оилаи сархуратро қабул надорем ва аз шумо хаста ва ҷон бар лаб шудем!”