Мирзохуҷа «шери нар» Ятимов ва Рустам чӣ?

Ислоҳ нет

Ҳанӯз ранги имзои протоколи миёни Ятимов ва Тошиев хушк нашуда ва ҳоло, ки корвони ҳомили кумакҳои Эмомалӣ Раҳмонов ба зарардидаҳои ҷанг дар Исфара ва Бобоҷон Ғафуров тавзеъ ва дар дастраси аҳолӣ қарор нагирифта боз ҳам нолаву ғирев аз Чоркӯҳ баланд шуд. Соати даҳи рӯзи 26, як рӯз  пас аз имзои нуҳумин протокол (бинобар таъйиди Ятимов) қирғизҳо боз ҳам Чоркуҳро мушакборон карданд, ки бар асари он Бахтиёр, писари омӯзгори деҳаи Сомониён Олимҷон Орифов ҷароҳат бардошт ва айни замон дар бемористон аст.

   “Мақомоти тоҷик руйдоди рӯзҳои 14-17 сентябр дар марз ва маҳаллоти наздисарҳадиро низоъи мусаллаҳона ном мебаранд, дар ҳоле, ки ин як ҷанги тамомаёр буд, ки даҳҳо тан аз ҳарду тараф куштаву садҳо захмӣ ва ба миллионҳо сомонӣ хисорот бар ҷой гузошт.”

Як навъ кушиши камранг, камзарар ва ночиз нишон додани авоқиби ин ҷанг аз тарафи мақомоти тоҷик ин воқеиятро бори дигар тасбит кард, ки Раҳмонов ва ҳукумати вай на парвои ҷон ва на парвои моли ин мардумро дорад.

 “Дар расонаҳо ному фамилияи 74 нафар аз кушташудаҳои ҷанги сарҳад бо қирғизҳо, ном ба ном, бо маҳалли таваллуд ва ҳолати куштор зикр шудааст ва ин шабрӯзҳо дар ҳар ноҳия ҳадди ақал як хонаводае мотамдор аст, аммо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ин рақамро то 41 поин меоварад. Манобеъи «Ислоҳ» дар дохили мақомоти қудратӣ гуфтанд, ки танҳо дар рӯзи 16 ум ҷасади 87 нафар афсару сарбоз тавассути ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе мунтақил шуд. Кам нишон додани талафоти ҷониву молӣ барои чӣ ва ба кадом хотир бошад? Яъне мехоҳад бигӯяд, ки мо муҳофизат кардему ин хисорот камтар ва одамҳо камтар кушта шуданд?”

Сироҷиддини Муҳриддин мегуяд, ки аз соли 1950, яъне аз давраи шӯравӣ то имрӯз Қирғизистон 2110 километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистонро тасарруф кардааст. Аммо ин вазири номуҳтарам намегуяд, ки аз ин 2110 километри мураббаъ чи қадарашро дар даврони раҳбарии сисолаи Эмомалӣ Раҳмонов ба қирғизҳо вогузор карданд ва ҳадаф аз ин вогузории қаламрави мамлакат чӣ буд?

Чанд моҳи пеш номаи саркушодаи гурӯҳе аз марзбонони тоҷик ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов, СС. Ятимов ва Рамазон Раҳимзода чоп шуда буд, ки дар он муқассири аслӣ ва асосии вогузории қаламрави кишвар ба қирғизҳоро ошкоро ном бурданд. Дар ин номаи боз бо далелу рақамҳо, ки ин марзбонон шоҳидаш буданд, гуфта мешуд, ки маҳз тиҷорат ва манофеи «Фароз» аст ки ҷониби тоҷикӣ ҳамеша талафоти ҳам ҷониву ҳам молӣ медиҳад:

«Мо мардуми наздисарҳадӣ ба шумоён муроҷиат карда бонги хатар задан мехоҳем. Ширкати Фароз бо раҳбарии Шамсулло Сохибов ва нафарони манфиатдор барои тиҷорати худ омодаанд ин қисми Тоҷикистонро ба қиргизҳо “бибахшанд”.  Роҳбарони Фароз фармондеҳи қушунҳои сарҳади РАҶАБАЛӢ РАҲМОНАЛИРО ҳамчун лӯхтак истифода бурда фармон медиҳанд ва Раҷабалӣ ба қирғизҳо бо баҳонаи ҷанг нашавад, гузаштҳои беҳисоб мекунад, ки дар натиҷа, чандин нуқтаҳои стратегӣ ва баландиҳоро ҳарбиёни қирғиз бемамоният ғасб кардаанд. Ҳамчунин РАҶАБАЛӢ РАҲМОНАЛӢ ба сарҳадбонон фармон додааст то ки онҳо ба сарҳадбонҳои қирғиз муқобилияте нишон надиҳанд. Мо таи ин солҳо чандин маротиба шоҳид шудем, ки сарҳадбонони тоҷик шармандавор аз тарафи сарҳадбонони қирғиз ва ҳатто мардуми мулкии қирғиз латукӯб ва дастгир мешаванд, ки ин боиси нигаронӣ ва шармандагӣ асту латма задан ба обрӯи миллат ва мақомоти тоҷик мебошад. Аз ҷумла шаби 27 январи 2022 сол, ҳарбиёни қирғиз бе ягон мамониат мардуми осоиштаи деҳаҳои Сурх,Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълоро зери бомбарон қарор доданд, ки дар натиҷа ду нафар аз мардуми осоишта ҳалок гардид.»

Ширкати «Фароз» аз они Шамсулло Соҳибов, шӯи Рухшонаи Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир аст.

Чуноне мебинем мазмун ва моҳияти ин номаро, ки то ба имрӯз мавориди ёдошуда дар он дигар нашудааст, ба эътибор нагирифтанд. Баъид аст ки дар оянда низ парвои ин мардумро бикунанд.

СС.Ятимов, ки дар фарҷоми мулоқоти ахираш дар рӯзи 25 сентябр дар минтақаи марзии «Қизил-бел» бо Тошиев боз ҳам хандаву хушҳолии навбатиашро пинҳон дошта наметавонист, чун протокол имзо кардааст, дар тафовут бо ҳамтои қирғизаш аз блогерону журналистон ва сиёсатмадорони алоҳида хост, ки дар тасвиру инъикоси масоили марзӣ «боэҳтиёт» бошанд ва аз Арасту ҳам нақли қавл карду эълон дошт, ки дигар қатъи ҷангу низоъ дар сарҳад баъди  ин протокол ҳатмӣ ва қотеъ шуд. Аммо, чуноне шоҳидаш шудем, баъди ҳамагӣ чанд соат боз ҳам қирғизҳо деҳоти Тоҷкистонро мушакборон карданд.

“Ҳоло намедонем, ки СС.Ятимов ин ҳолатро чи тавр шаҳру тавзеҳ медиҳад, аммо мутмаин бошед, ки «низоъи мусаллаҳона» ва куштори сокинон ва сӯхтору харобкорӣ дар ин марз идома хоҳад дошт.”

Ва, инро Қамчичбек Тошиев, ҳамтои қирғизии СС. Ятимов на як бору ду бор таъкид кардааст. Вай аз оғози сол то ба ҳоло дар чанд навбат гуфт, ки ин бор онҳо зӯранд ва силоҳу муҳиммоти лозимро гирдоварӣ ва бартарият касб кардаанд. Тибқи иттилои худи мақомоти қирғиз онҳо бо ҳадафи тақвияти марз бо Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини «Байрақдор», аз Имороти Муттаҳидаи Араб 40 мошини зиреҳпӯш, аз Русия  55 мошини зиреҳпӯши «Тигр» ва 50 мошини «КАМАЗ» хариданд. Зарбаи ҳалокатбори «Байрақдор»-ҳои қирғизҳоро мақомоти тоҷик ба тану ҷон хӯрданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки аз аввали сол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти тоҷик маълум буд, ки қирғизҳо ҳатмани ҳатман мезананд.

Як нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, ки ҳадафи қирғизҳо

«ба зону нишондани Душанбе ва гузашт кардани ӯ ба зиёда аз якуним ҳазор километри квадратӣ ки (масоҳати 8 Душанбе аст!!!) мебошад».

Дар як ҷаласае, ки Тошиев бо рӯзноманигорон баргузор мекунад ба саволи хабарнигоре чунин ҷавоб медиҳад:

«Ҳоло, ки Раҳмонов дар ҳукумат аст ва атрофиёнаш ба қочоқи молу маҳсулот дар ин марз машғуланд, мо бояд хатти марзро ба нафъи худ ҳал кунем, чун дар оянда дар ҳолати омадани як ҳукумати демократии мисли Қирғизистон дар Тоҷикистон, ба нафъи мо ҳал кардан аслан номумкин мешавад, чун ҳамаи харитаҳо ба ҳак будани онҳо ишора мекунанд. Боз сабаби дигараш, босуръат афзоиш ёфтани аҳолии Тоҷикистон аст, ки дар ояндаи наздик ду баробари аҳолии Қирғизистон хоҳад шуд ва камбудии замин онҳоро маҷбур хоҳад кард, ки гузашт накунанд.»

Рӯзи 26 сентябр, дуруст як рӯзи баъд аз мувофақа ва муфоҳима миёни СС.Ятимов ва Қ.Тошиев раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боз ҳам тавре суҳбат кард, ки нишон медод на ба руҳия ва мазмуни ин протокол ва на ба асноди дигаре пойбанд бошад. Аз ин сӯҳбат бармеояд. ки оҳангу нияти созиш ва муросоро надоранд. Вай мегуяд:

«это не конфликт отдельно взятых пограничников, а спланированная агрессия против Кыргызстана по всему периметру границы. Мы не конфликтовали с регулярной армией или Погранслужбой Таджикистана, мы конфликтовали с чужими людьми, гражданскими, я не знаю, как их называть, наверное, можно назвать их боевиками. Они очень жестоко относились к нашим пограничникам. С нашей стороны принимали участие только пограничники. Конфликт происходил на нашей территории, мы не переходили границу чужой страны, мы защищались от тех людей, которые хотели завоевать наши территории. Есть соответствующие организации, которые, я думаю, в дальнейшем примут решение, кто же был агрессором», – сказал Ташиев.

Дар ҳоле ки  тибқи протоколи ба имзорасида тарафҳо аз ҳарду ҷониб чаҳор дидбонгоҳҳои ахиран ташкил додаи худро аз байн мебаранд ва неруҳо ба мақарии доимиашон пас гардонида мешаванд.

Аммо ин як дурӯғи навбатии раисони КДАМ-и ҳарду кишвари ҳамсоя аст ки ростӣ, маълум нест, ки чаро мехоҳанд авзоъ ҳамин тавр муташанниҷ ва изтирорӣ боқӣ бимонад. Зеро бар мабнои маълумоти мақомоти тоҷик дронҳои қирғизҳо ҳоло ҳам ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карда истодаанд ва неруҳои ин кишвар дар манотиқи марзӣ ҷобаҷо шуда истодааст. Яқин аст ки қасд доранд бо истифода аз зӯр ва қудрат мушкилашонро ҳал кунанд.

Аммо вақте Тошиев аз «ришдорҳо» ва террористону экстремистони тоҷикӣ дар ин ҷанг суҳбат мекунад, манзураш чӣ аст? Дуруст пай бурдед, ки манзураш фармондеҳони сангарҳои ҷиҳодӣ, қумандонҳои Артиши наҳзати исломии Тоҷикистонанд, Мирзохуҷа Аҳмадов, Шоҳ Искандаров ва бар пояи маълумотҳои дигар Эшони Дароз. Навори нашршуда, ки нишон медиҳад Мирзохуҷа Аҳмадов гранатомет дар сари китфон нишон мегирад ва ӯро сарбозҳои дар пешаш буда шери нар садо мезананду наъраи такбир –Аллоҳу акбар сар медиҳанд, гуфтаҳои Тошиевро тасдиқ мекунад ва он мӯсафеди исфарагӣ ҳам, ки ҳоло дар сегменти қирғизии фейсбук чархида ва ӯро афғон муаррифӣ мекунанд, падари як нафар аз фаъъолони шабакаҳои иҷтимоист бо номи Рамазон Ҳусейниён,ки  аз ҷабри Раҳмонов ҷилои ватан кардааст. Раҳмонов ва мақомоти қудратии вай дар ҳақиқат дар баробари қирғизҳо оҷизии худро ба намоиш гузоштанд. Онҳо ҳам хуб медонанд, ки ончики Раҳмоновро «раздражат» мекунад ин «Аллоҳу Акбар» аст. Раҳмонов аз «Аллоҳу Акбар» то пойи ҷон бим дорад. Вале, имрӯз ин худои бузург аст ки вайро муҳтоҷи нафаре кард, ки бо ҳамин нидо ва бо ҳамин садо вориди корзор мешуд.

Аз сӯи дигар ҷалби Мирзохуҷаи «ришдор» нишон дод, ки Раҳмонов барои бақои худ ба ҳар коре, ки ҳатто муқобили арзишҳову меъёрҳои зиндагиаш бошад, қодир аст. Барои вай муҳим ҳифзи қудрат ва фуру бурдани сар дар охур аст.

Соли 1998 ҳам вақте Маҳмуд Худойбердӣ ҳамла кард вай ночор шуд рӯ ба самти муҷоҳидин оварад. Аммо ҳамин ки кораш буд шуд, яке-яке онҳоро кушту ба зиндон кашид.

Ин корро танҳо бо муҷоҳидин накард, бо фармондеҳони Фронти халқӣ ҳам айни  ҳамин муносибатро раво дид. Онҳо ҳам ё кушта шуданд ва ё зиндонӣ.

Аммо ҳоло ба пойи яке аз боевикҳои онвақт Умар Алиматов, нафаре, ки чандин бор зиндон нишастааст, соҳиби ресторанҳо ва пивазаводи «Сим-сим» афтодаасту вай низ дар раҳбарии як рота дар ҷанги муқобили қирғизҳо гӯйё ширкат кардааст. Аз инҷост, ки қирғизҳо Тоҷикисторо дар ҷалби зархаридон ва террористону экстремистон муттаҳам карда истодааст.

Ҳолдонҳои ин тактикаҳо ба “Ислоҳ” дар қазияи Умар Алиматов чунин гуфтанд: “Раҳмонов ҳатто ҳамин Фронти халқиро мехоҳад ба дасти як Данғаргӣ диҳад ва бигузор ту аз Кулбо ҳастӣ бояд зери роҳбарии ин Данғарагӣ, ки феълан размандагони “Фронти халқӣ” ро роҳбарӣ мекунад қарор дошта боши. Ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад,ки Раҳмонов сахт маҳалгаро ва дигар ҳатто ба онҳое ӯро ба қудрат оварда буданд комилан бовар ва эътибор намедиҳад”

Инчунин дар қазияи Умар Алиматов афзӯданд: “Умар Алиматов борҳо зиндонӣ шудааст ва онқадар рӯй хуш ба ин оила надошт. Чун,ки ӯ дуруст аст,ки муҳофизӣ Суҳроб Қосимов буду аз Данғара аст. Аз дасти акаи Раҳмонов Нуриддини тракторист чандин иншоотҳо ва биноҳояшонро ин оила аз даст додаанд ва ба номи Нуриддин Раҳмонов худашон сабти ном кардаанд. Аммо дар ин охир гӯйё Рустами Эмомалӣ бо Умар Алиматов суҳбат карда ва гуфта бошад,ки мо Данғарагиҳо агар якҷо нашавем моро аз қудрат меронанд. Ончи гузашт гузашт ва он кори ман набуд ба падар ва амакам рабт доштанд. Ҳоло ман бо шумоям ва шумо бо ман бошед.”

Боз манбаъи муътамади дигар ба “Ислоҳ” афзӯд: Рустами Эмомалӣ на инки Умар Алиматовро командири “Фронти халқӣ” гузошта аст. Балке Умарро ҳатто ба Русия бояд фиристад,то он аъзоёни норозии  “Фронти халқӣ”ро, ки аз сиёсатҳои “пешво” норозӣ ҳастанд аз Русия шиносоӣ карда ба Тоҷикистон баргардонаду ба зиндон кашад. Дар охир таъкид ҳам кардааст Рустам,ки ба кулобиҳо аслан эътимод накунад,ки онҳо аз пушт ханҷар мезананд ва мо дар давлатдорӣ инро дидем ва худи ман ҳам шоҳиди он будаам.”

Ҳоло Раҳмонов бар ивази хонаҳои сухтаи мардум меху шиферу семент ва бар ивази ҷонҳои талафшуда рӯғани растанӣ, мош ва лубиё дода истодааст. Шабакаҳои телевизион ва радио комюнҳои ҳомили кумакҳои Раҳмонов ба зарардидаҳои Исфараро нишон додаву ҳей аз Раҳмонов изҳори сипос карда истодааст, ки мардумро дастгирӣ мекунанд. Магар Раҳмонов аз пули шахсияш кумак карда истодааст? Ин пули худи ҳамин мардум аст ва ҷойи Раҳмонов ҳар касе дигар ҳам буд,вазифааш буд,ки ин корро бикунад.

Аммо чаро Раҳмонов наметавонад ва натавонист аз ин ҷанг аз ин одамкушиҳо ҷилавгирӣ кунад?

Аз соли 2018 то соли 2022 наздики панҷ сол бо масрафи садҳо миллион дар Бадахшон неруҳоро дар ҳолати казармавӣ нигоҳ дошт, неруҳои изофӣ дохил кард, Ситоди муштарак ташкил дод, дронҳоро бар зидди мардум истифода кард, чаро ин корро дар сарҳади бо Исфара накард.?

Ва саволи охир ин аст ки чаро касе, на афсаре ва на сарбозе СС. Ятимовро «шери нар» садо намезанад? Ҳатто шери мода ҳам намегӯянд.Чаро?

Касе номи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ фармодеҳи Қушунҳои сарҳадӣ ва генерал Рустами Эмомалӣ, нафари дуввум, писари Эмомалӣ Раҳмоновро, ки вақт соат пойида истодааст, ки кай президент шавад, намегирад. Чунки инҳо шери нар нестанд, инҳо «криса»-анд. Инҳо ҳамон калламушҳои анбори колхозанд, ки ҳоло наҳангу кит шудаву хазинаи давлатро задаву хурдаву бурда гаштаанд. Ҳузури онҳо дар ҷабҳа ҳамаро дилсард ва ноумед мекунад, руҳияи бад медиҳад.

 Чанде пештар бахшии қирғизии «Спутник» Оҷонси хабарии русӣ аз қавли  Қамчибек Тошиев, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон навишт, ки вай дар суҳбат бо сокинони яке аз деҳаҳои Боткент гуфтааст, ки «ягон хел фикр накунед, мо онҳоро ба осонӣ мағлуб хоҳем кард. Акнун вазъият фарқ мекунад».

Ку, бубинем, ки Мирзохуҷаро дар баробари «Байрақдор» баровардани Раҳмонов чи натиҷа бор меоварад? Вале, мо, мардуми тоҷик бояд бидонем, ки то Раҳмонов ҳаст мо ҳеҷ натиҷае ба ҷуз аз авлоди худи Раҳмонов ба даст намееварем.

Share This Article