Моҳи баҳори Қуръон дар фасли тамузи тафсон!

Ислоҳ нет

Моҳи баҳори Қуръон дар фасли тамузи тафсон!
Марҳабо,моҳи “Рамазон”, ки бар меҳмонии мо дар фасли тамузи тобистон омадӣ. Дилҳои пуршўру шарар ва муъминон аз иштиёқи ту бе қарор гардида, то ки ҳангоми ибодатҳоямон мунису ҳамдами мо бошӣ. Рамазон моҳест хеле бошараф ва карим, зеро дар ин моҳ ҳасанот меафзояд ва нисбат бар дигар моҳҳои сол ибодатҳои мо аҷрҳои зиёд дорад.
Аммо вой бар ҳоли ононе, ки қадри ин моҳро намедонанд ва танҳо ин моҳ (Рамазон) барои ин идда ашхос ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ чизи дигаре нест ва рӯза доштанашон суде нахоҳад расонд, Ғайр аз сарсониву гуруснагии бе аҷру подош, зеро моҳияти ин моҳи пурфайзу бобаракотро надонистанд.
Рӯза доштанро оғоз намудем бо нурфишонии офтоби сўзоне, ки болои сари мо нурафшонӣ мекунаду бар нафсҳои саркашу аммораи биссуъамон тамаъи лаззотро ба ёд меорад. Имсол ин моҳи муборак дар фасле меҳмони мо гашта, ки бисёре аз мо ҷавонон дар чунин мавсими гармо қудамашро дар ёд надоштем.Тавре ки аз маркази обуњавосанҷӣ маълумот медиҳанд, моҳи мубораки Рамазон то панҷ соли оянда дар мавсими гармои сол хоҳад омад. Вале барои ошиқони ин моҳ гармои он таъсири мусбат дорад, зеро шахси ошиқ ҳаргиз аз маъшуқаш ҷуз таскину оромӣ ва расидан ба висоли он чизи дигареро намебинад. Дар ин моҳи муборак бояд шахси муъмин ҳамеша ба ибодатҳо пештозу пешсаф ва дар анҷоми онҳо чунон бо шавқу иштиёқ бипардозад, ки гуё ин охирин моҳи Рамазон дар ҳаёташ аст ва ин “фурсати тиллоӣ”-ро аз даст надиҳад. Ибодати холис ва бериё дар ин моҳ имонҳоро қавӣ, қалбњоро мамлуъ аз муҳаббати Холиқ ва дидгоҳашро комилан тағйир медиҳад,ки ин ќувваи ба даст омада, дар ин моҳ то чанд моҳи ояндаро фаро мегирад ва аз файзи он баҳравар мегардад,ки ин бузургтарин комёбист бар нафси саркашу пуртуғён.
Барои мо муъминон ҳаргиз саодати ҳақиқӣ муяссар намегардад, то он даме, ки хушҳол набошем бо он ибодатҳое,ки барои мо шаръиати поки ислом фарз гардонидааст. Ҳаргиз шаръиати поки ислом бар мо машаққатро наоварда, балки барои мо саодат ва хушҳолиро ҳадя ва эњдо намудааст.Вале гоҳе он фароизро нафсҳои саркаш бар худ машаққат ва тоқатфарсо фикр менамояд. Барои рафъи ин фикри ғалат мо ва шумо ба тозагӣ дар моҳе қарор дорем, ки бо истиқомат, пойдорӣ ва ибодатҳои холисона биизниллоҳ нафсҳои саркашу пуртуғёнамонро дар ин моҳ омода ва пуртаҳаммулу софу босубот мегардонем.Пас ин фурсатро бояд аз даст надиҳем ва онро ончунон самаранок истифода барем,ки руҳу маънавиёти мо аз вуҷуди ин моҳи пурфайз истифода барад ва аҷри бузургеро низ аз он касб намоем.
Мутаассифона имрӯзҳо аз бархе афроди ҷомеъа мешунавем,ки “Оҳ боз Рамазон омад он ҳам дар ин фасли гармо….” ё “эй кош ин моҳ намеомад ва моро аз роҳату айшу ишрат боз намедошт” ё “эй кош тезтар Рамазон анҷом меёфт аз пушти кору зиндагиамон мешудем” ё баъзе аз афрод Рамазонро чунон моҳи тулонӣ медонанд,ки гуйё сол бошад, мисли ин ки дар дохили мошин дар ишора вақте меистанд, гоҳе ишора каме дертар сабз мешавад, мегўянд: “Ин ишораи роҳ аз Рамазон ҳам зиёдтар моро манъ намуд.” Умуман ҳар яки мову шумо чунин алфозу калимоте, ки аз гуфтану навиштани онҳо ќалби инсони муъмин ба дард меояд, шунидаем ва ниёз ба такрори онҳо нест.
Ин бузургтарин иштибоҳест,ки уммати мусалмон чунин алфози нораворо бар ин моҳи бобаракот ба кор мебаранд. Хонандаи гиромӣ Рамазон ба мо ниёз надорад, балки мо ба Рамазон ниёз дорем, то гуноҳоне, ки дар тўли сол анҷом додем бо қудуми ин моҳ он ҳамаро бо ибодатҳои холисамон аз миён барем ва худро поксозӣ ва тасфия намоем!
Ҳатто гоҳо дар шабакаҳои телевезионӣ, шабакаҳои интернетӣ, рӯзномаҳо ё радиёҳо мешунавем, мехонем ва мебинем,ки баъзеҳо аз пеши худ фатвоҳое ё мазҳакаҳоеро мегўянд,ки аз шунидани онҳо бархе афроде,ки дониши кофии динӣ надоранд дар ҳайрат мемонанд. Масалан мегўянд: Моҳи Рамазон агар дар фасли тобистон ояд 200 гр об нўшидан ҷойз аст ва ё рӯза ба инсон зарар дорад, ё агар натавонед рӯза доштан худро азият накунед.Ин суханонест,ки аслан дар шаръиати ислом касе онҳоро на фатво додааст ва на иҷозат, зеро инҳо ифтироотеанд дар дини поки ислом ва бояд огоҳ бошед, ки ҳаргиз дар ислом чунин иҷоза вуҷуд надорад. Магар дар ҳолатҳои муайяне,ки ҳамагон аз онҳо иттилоъ доранд. Мисли маризе,ки наметавонад рӯза дорад ё мусофире,ки сафар мекунад ва барояш машаққат аст ё пиронсоле,ки баданаш тавону тоқати гуруснагиро надорад ё занҳо дар ҳолатҳои махсус ҳайз, нифос,ширдиҳандагон, аммо на ҳама ширдиҳандагон. Вале пас аз моҳи Рамазон бояд онро қазо доранд ва ё фидяи муайяне,ки шаръ муайян кардааст онро бипардозанд.
Ҳатто бархеҳо мегўянд: Рамазон дар моҳи гармо аст ман онро намедорам ва таъхир мекунанд ба моҳҳои сард (бе узр). Ё ман дар ҷойе кор мекунам наметавонам рӯза гирам (бидуни узр). Ман нос ё сигор мекашам ва наметавонам рӯза дорам, зеро бидуни онҳо наметавонам (бидуни узр). Ҳамзамон мебини баъзеҳо рӯзаашро мехўрад, мепурси чаро? Мегўяд, имрӯз бо ҳамсарам ҷанг кардам дар ғазаб хўрдам ва ё як кор буд он ҳал нашуд аз ғазаб хўрдам, сабр накардам (ин ҳолотро бидуни узрҳои шаръӣ мегўянд).
Хонандаи гиромӣ агар он фазилатҳое, ки дар як рӯзи ин моҳи муборак аст донед, ҳаргиз ба чунин амал даст намезанед. Ин ҳама аз надоштани дониши кофӣ аз ин фаризаи илоҳӣ аст. Бояд шахси мусалмон дар ин моҳ ҳамаро канор гузорад, то ин фаризаро ба таври бояду шояд ба ҷо оварад. Ҳамзамон аз бархеҳо мешунавем, ки чун фаҳмидаанд, ки мусофир метавонад рӯзаашро хўрад, кўшиш мекунанд ба масофаи муайяне, ки дар ҳукми мусофир дохил мегардад, сафар кунанд, то рӯзаашонро хўранд ва ин корро такрор мекунанд барои надоштани рӯза ва дар моҳҳои сард онро қазо медоранд.Умуман кўшиш бояд намоем аз ҳилаҳо дурӣ ҷўем, зеро рӯза доштан барои Худованд аст ва ончӣ дар замири мову шумост Худованд аз он огоҳ аст.
Ҳатто дар рӯзгори гузашта чунин қисса мекунанд: муфтиҳое буданд, ки мардумро дар фасли гармо,ки моҳи Рамазон дар он мусодиф меомад, фатво медоданд,ки шумо рўзаро хўред, зеро машѓулияту касби шумо мушкил аст, баъдан дар моҳҳои муносиб хоҳед дошт.Инҳо як ифтирое ба дину шаръиати исломи поканд аз ин қабил фатвоҳо ва ашхоси фатводеҳ дурӣ ҷўед.
Бархе аз афроде низ ҳастанд,ки моҳи Рамазонро, яъне рӯзњои онро дар хоб сипарӣ мекунанд, то аз гуруснагӣ ва ташнагӣ осеберо ҳис накунанд ва танҳо намоз мехонанд ва боз хоб мераванд. Шабҳои ин моҳро назди телевезион то субҳ ба тамошои филмҳои бемаънову беманфиат мегузаронанд. Мақсад аз рӯза доштан ин сабрро омӯхтан аст на аз хўрдану ошомидан худро боз доштан.
Расули Акрам (с) Рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро сабр гуфтанд.
Пас моҳи Рамазон моҳи сабр ва шикебоист.Рӯза доштан дар фасли гармо ва тафсон ниёз ба сабр дорад.Агар мо дар моҳи Рамазон сабрро наомўзем, пас кай бояд онро омӯхт?Агар моҳи Рамазон барои мо донишгоҳи сабр ва тақвияти имон набошад, пас кай мехоҳем онро биомӯзем ва имонамонро таќвият намоем?
Сабрро метавонем ба чанд бахш тақсим намоем:
-Сабр бар тоъати Худованд.
-Сабр аз саркашӣ бар итоати Худованд.
-Сабр бар қазо ва қадари Худованд.
-Сабр аз таманноҳои нафси саркаш.
Пас рӯза доштани мо дар ин моҳи тамузи тобистон агар аз рӯйи ихлосу имони росих ба Худовандамон бошад ҳатман қуввати бузурге бар имонамон изофа менамоем,ки бароямон саодат ва хушбахтии ду дунёро ба бор хоҳад овард.
Хело таъассуф мехўрам гоҳо мебинам ашхосеро,ки дар моҳи мубораки Рамазон рӯза медоранд, вале аз машаққати гуруснагӣ,ташнагӣ,беносӣ,бесигорӣ ва амсоли ин тўли рӯз асабониянд,ҳамеша бо дод задан ва оҳанги хасмомез суҳбат мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад,ки гуё Худовандро миннат мекунанд,ки ман барои Ту рӯза доштаам!Ба чунин афрод мегўям: ин рӯзаи доштаи шумо ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ чизи дигаре нест. Шахси рӯзадор бояд ҳалим бурдбор пуртоқат бар машаққат бошад, то ҳаловати он рӯзаи доштаашро дарёбад. Вале шумо бо рӯзаи доштаатон баҷойи он ки ахлоқи хубро дар худ бияфзоед, баръакс дар худ ахлоқи бадро афзудаед! Аз чунин ахлоқ бипарҳезед, то аз баракати ин моҳи шариф шарафёбу пурфайз гардед.
Ҳаргиз шахс лаззати ибодатро нахоҳад ёфт, агар дар аснои он ибодат ба машққате рӯбарӯ нагардад. Дар рӯза гуруснагӣ ва ташнагиро дар намоз хондан, варам кардани по бемадор гаштани тан аз рост истодани зиёд дар намозҳои таровеҳу,қиёму,таҳаҷҷуд ва хатми қуръон.
Кўшиш кунед ин рамазонатон аз рамазонҳои гузаштаатон фарқ кунад.
Кўшиш кунед, кинаву ҳасад, бадбинӣ ва нафратро бо касе дар ин моҳ надошта бошед.
Кўшиш кунед фиреб додани касеро аз сар нагузаронед ва дар дил напарваред.
Дар ин ҳолат ба осонӣ шумо ба сабр дар ин моҳ шарафёб мегардед. Вақте, ки ба сабр даст ёфтед, шумо бузургтарин гавҳареро дарёфтед, ки он калиди ҳама пирӯзиҳост ва шумо ҳаловати имонро дар доштани рӯза эҳсос хоҳед намуд.
Худованд бар мо рӯзаро фарз нагардонида,ки бар мо машаққат оварад.Ё моро ба чизе амр намояд,ки аз анҷоми он мо оҷиз бошем.Ҳаргиз барои мо бандагонаш чизеро фарз намегардонад,ки анҷоми он сабаби саодати мо набошад.
Чуноне ки дар Қуръони карим мефармояд:
” Оё он зоте, ки (махлуқотро) офарида намедонад? Ҳол он ки ӯ борикбину огоҳ аст.”
( Сураи Мулк, ояти 14 )
Ва боз дар ин маврид дар китоби ҷовидона чунин мефармояд:
“Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ амр намекунад. Некиҳои ҳар кас аз они худи ӯст ва бадиҳояш аз они худи ӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна,ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон!»
(Сураи Бақара,ояти 286)
Бузурге чунин гуфтааст: “Он машаққату ранҷе,ки дар ибодатат кашидаӣ савобу подоши зиёде меоварад. Мақсад аз гуфтани ин сухан он нест, ки машаққат ва ранҷро бояд рӯбарӯ гардид, вале худи амалро лозим меояд,ки машаққат ва ранҷро рӯбарӯ гардад.” Машаққатро дини мо,ки аз мо пайравонаш бардоштааст, ҳаргиз бар мо онро ба бор намеоварад (дар худи ибодат аст манзури ин сухан).Зеро намехоҳад бар мо мушкилие дар адои он фариза бошад (яъне тарзи иҷро ва амалӣ намудани он фариза бар банда мушкил нест) Намехоҳад бар мо машаққат ба бор оварад.
Рӯза доштан дар ин фасли гармои тобистон ибрати бузургест барои ибратгирандагон.
Рӯза доштан дар ин моҳи гармо моро водор ба фикри ҷаҳаннам мекунад.Худованд моро аз он наҷот диҳад.Шахси рӯзадор дар ҳолати рӯзадориаш дар чунин ҳавои гармову тоқатфарсо мебинад, ки чӣ қадар гуруснагӣ,ташнагӣ ӯро фаро гирифтааст ва ҳолаш чӣ тавр шудааст. Агар дорои қалби огоҳ бошад бояд чунин фикр намояд, ки ин гармо аз ҳарорати офтобест,ки чанд миллион километр аз мо дур аст бар ӯ чи қадар таъсири манфӣ расонидааст.Пас ҷаҳаннам чӣ тавр бошад бо он гармие, ки дар он инсоният андохта мешавад.
Бояд шахси рӯзадор дар чунин рӯзҳо ҳолатҳои ҷаҳаннамро, ки он барои бероҳагон ва кофирон аст ва чӣ қадар гарм аст бияндешад ва рӯзҳои гармои ин дунёро дар он тасаввур намояд. Бояд чунин фикр кунад,ки аҳволи мардум чӣ тавр мешуда бошад дар Маҳшар ва Рӯзи Ќиёмат Дар ин ҳолат вазъият хело фарқ хоҳад кард. Инчунин яке аз суннатҳои Расули Акрам (с) аст, ки асҳоби киромашро аз ҳолатҳои рӯзи ҳашр ва ҳолатҳои гуногӯни он, Рӯзи Ќиёмат огоҳ менамуданд.
Дар ҳадисе аз Расули Акрам (с) омадааст, ки чунин мефармояд: “Шахсе як рӯз дар роҳи Худо рӯза гирад Худованд чеҳраи ӯро ҳафтод сол аз оташи ҷаҳаннам дур менамояд” (Ҳадиси саҳеҳ Мутафақун Алайҳ)
Яке аз хусусиёти моҳи Рамазон дар фасли гармо ё тобистон мавриди озмоиш қарор гирифтани мо ва шумост, зеро моҳи Рамазон дар ҳама чаҳор мавсими сол баҳор,тобистон ва тирамоҳу зимистон дар гардиш аст. Ин гардиш барои он аст, ки дар ин ҳама фаслҳо имони мо ва шуморо мавриди санҷиш ва озмоиш қарор бидиҳад, то хуби моро аз бадамон ҷудо намояд.
Тавре ки Худованди Субҳон дар ин маврид мефармояд:
” Худо шабу рӯзро мегардонад. Хирадмандонро дар ин ибратест.”
(Сураи Нур,ояти 44)
Аҷру подоши рӯза дар фасли гармо бештар аст:
Тавре ки аз баъзе сафарҳои Расули Акрам (с) дар сирати мутаҳҳарашон мехонем, он Њазрат (с) дар моҳи Рамазон,ки дар фасли гармо буд, бо асҳоби киромашон сафар намуданд, агарчӣ дар сафар рухсат аст барои надоштани рӯза, вале он Њазрат дар чунин гармо рӯза доштанд. Тавре ки дар саҳеҳайн дар ҳадиси Абудардоъ (р) омадааст: “Мо бо Расули Акрам (с) будем дар баъзе сафарҳое, ки хело ҳаво гарму тоқатфарсо буд. Ҳатто инки мард дасташро дар болои сараш мегузошт аз шиддати гармо.Касе аз мо рӯза надоштем, магар Расули Акрам (с) ва Абдуллоҳ ибни Равоҳа,ки ин дар моҳи Рамазон буд”
Ба дурустӣ, ҳангоме, ки шахси рӯзадор дар фасли гармо рӯза медорад ва бе ниҳоят ташна мемонад ва ин ташнагиро тоқат мекунад барои он аст, ки фармудаи Расули Акрам (с)-ро дар мадди назар дорад,ки фармудааст:
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ قَالَ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : ” مَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ رواه البخاري 38 ومسلم 760 “
“Шахсе рӯза дорад моҳи Рамазонро аз рӯйи имон ва эҳтисоб бахшуда мешавад он чи аз гуноҳон анҷом додааст”(Бухорӣ ва Муслим)
Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки Расули Акрам (с) мефармояд: “Шахсе як рӯз дар роҳи Худо рӯза дорад, Худованд чеҳраашро аз оташи ҷаҳаннам ба масофаи ҳафтод сол дур менамояд.”
Тибқи ин ҳадис саҳобии ҷалилулқадр Абӯсаъиди Худрӣ (р) ҳамеша рӯзҳои гармро барои рӯза доштан ихтиёр менамуданд, то аҷри зиёдтаре касб намоянд. Ҳатто дар мавсими ғайри Рамазон ин амалро анҷом медоданд, дар Рамазон бошад онро ҳамеша бо ҳама ҷавонибаш риоя менамуданд.
Имом ибни Раҷаби Ҳанбалӣ (р.а.ҳ) дар китоби “Латоифул маъориф”-аш менигорад: Гурўњи зиёде аз гузаштагони солеҳи мо рӯза медоштанд дар фасли гармои тобистоне, ки хело гарму тоқатфарсо буд.Умар ибни Хаттоб (р) ҳангоми вафоташ ба писараш Абдуллоҳ (р) чунин васият менамояд: Туро бар пойбандӣ бар ҳама хислатҳои имон фаро мехонам ва васият тўлонӣ аст, вале аввалин васияташ ин буд “Рӯза доштан дар мавсими гармои тоқатфарсои тобистон. “
Аз баъзе аз асҳоби Расули Акрам (с) ривоят шудааст, ки ҳангоми вафоташон таассуф мехўрданд: “Эй кош дар фасли тобистони гарму тоқатфарсо рӯза медоштем ин таманноро Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ва Муъоз ибни Ҷабал (р) ва зиёде аз асҳоб кардаанд.
Абўбакри Сиддиқ (р): Ҳамеша дар фасли тобистон рӯза медоштанд ва дар фасли сармо кам рӯза медоштанд (ин рӯзаҳои нафлӣ аст, ки барои баҷо оварданаш он бузургон чунин кўшиш мекарданд).
Бисёре аз занҳои солеҳаи тобеъин ҳамеша дар рӯзҳои гарми тобистон рӯза медоштанд ва боз чунин матале ҳам миёни худ барои ин амалашон мегуфтанд: “Агар нархи чизе арзон шавад ҳама дар тавони хариди он ҳастанд” Яъне рӯзаи тобистон машаққат аст ва гуё гарон аст бар ҳама ва ҳама тавони харидории онро надоранд..
Мақоларо намехоҳам зиёд ба дарозо кашам охирин суханамро бо қиссае ва ҳадисе ба поён мерасонам.
Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ дар яке аз сафарҳояш,ки он миёни Макка ва Мадина буд, ба роҳ баромад ва вақти ғазои нисфирӯзӣ шуд, дар макони сояе фурӯд омад ва хост ғазояшро тановул намояд. Вақте ғазоро дар наздаш гузоштанд чашмаш ба як аъробие афтод хеле нӯронӣ буд, ӯро даъват намуд, то бо ў ғазо хўрад. Аъробӣ ба Ҳаҷҷоҷ гуфт: қабл аз ту маро яке дигар даъватам кард ва ман даъвати ӯро пазируфтам дар ҳоле, ки Ў аз ту болотару бузургтар аст. Ҳаҷҷоҷ пурсид: кист ў? Аъробӣ гуфт: Аллоҳ Таъоло маро ба доштани рӯза даъватам кард ва ман ҳам онро иҷобат намудам ва пазируфтам. Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар ин моҳи гармои тафсон рӯза доштан? Аъробӣ гуфт: бале ман аз ин рӯз эътиборан рӯзҳои гармтареро ҳам рӯза доштаам. Ҳаҷҷоҷ гуфт: Имрӯз бихўр бо ман пас фардо рӯза бигир.Аъробӣ гуфт: бошад ту барои ман замонат медиҳӣ,ки ман то фардо зинда мемонам ва намемирам? Ҳаҷҷоҷ гуфт: Ман ҳаргиз ин корро карда наметавонам. Аъробӣ гуфт: Пас чӣ тавр маро ба таъоми ночизи тезгузаре даъватам менамоӣ дар ҳоле,ки маро аз ин беҳтару хубтар дар интизор аст.”
Расули Акарам (с) ба Абӯзар чунин мегўяд: “Агар хоҳӣ сафар кунӣ барои он сафарат тўшаи роҳ омода мекунӣ? Абӯзар гуфт: Бале.Расули Акрам (с) гуфтанд: Пас чӣ гуна аст сафари роҳи қиёмат оё огоҳат накунам эй Абӯзар ба он чизҳое, ки туро нафъ мерасонанд аз барои он рӯз? Абӯзар гуфт: бале фидои шумо бод падар ва модарам. Расули Акрам (с) фармуданд: Рӯза бигир дар рӯзи гармои сахту тоқатфарсо барои рӯзи Маҳшар. Намоз бигузор дар торикии шаб аз барои ваҳшати қабр. Ҳаҷ бикун барои бузург доштани умурат.Садақа бикун ба мискине ё сухани ҳаққе бигӯй ва аз калимаи бад сокит бош.”
Бори дигар марҳабо бар моҳи Рамазон дар фасли тамузи тобистон, то ин ки бошад баҳори дилҳои мову шумо. Ба ҳамаи шумо азизонам ин моҳи мубораки пурфайзро табрик мегўям ва аз Худованди кариму корсоз таманнои онро дорам мову шуморо аз бахшудашудагони оташи ҷаҳаннам бигардонад бо баракати ин моҳи бузургу бобаракат.
Илтимоси дуъоҳои неки шумо азизон.

Share This Article