Муҳоҷирони тоҷик назди бинои Бундестаги Олмон низ тазоҳурот мекунанд

Ислоҳ нет

Зимни эълони хотимаи тазоҳурот назди Сафорати Тоҷикистон дар Олмон мубтакирони тазоҳурот хабар доданд, ки худи ҳамин рӯз тазоҳургарон назди бинои Бундестаги Олмон хоҳанд рафт.

 

Гуфта шуд, ки бо муроҷиат ба парлумони Олмон ва Иттиҳодияи Аврупо талаб хоҳанд кард, ки то даст кашидани ҳукумати Тоҷикистон аз зулму ситам ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, кишварҳои ИА аз кӯмаки молӣ  ба Тоҷикистон даст кашанд.

 

Маврид ба зикр аст, ки маблағҳои ихтисосдодаи Иттиҳодияи Аврупо, ки аз буҷаи давлатҳои аврупоӣ, институтҳои молӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ва бузургтарин бонки Олмон KFW  барои рушди демократия дар Тоҷикистон ихтисос дода мешаванд, бештар барои устувории низоми диктаторӣ, саркӯби дигарандешон ва аз байн бурдани озодии баёну афкор истифода мешавад ва ё ба ҷайби мансабдорони баландпояи фасодкор меравад.

 

Share This Article