Мақоле миёни мақомоти ин ноҳия будааст, ки аз коррупсия ва тороҷи мардум шаҳодати волое медиҳад: “ Агар хоҳи пулдор шавӣ мақоме дар ноҳияи Рудакӣ хар. Нигоҳ накун қиматаш чанд аст, ҳатман даҳ баробари онро дар кутоҳтарин муддат хоҳи ёфт. Аммо кришаат аз оилаи пешво бояд бошад ва ҳарчи пайдо мекуни 40% онро мардакбарин бояд бидиҳи. Дар ғайри он тез зиндонӣ мешавӣ”
Ман як соҳибкор аз ноҳияи Рудакӣ ҳастам. Барномаҳои Шуморо тамошо мекунам, ҳамчун сокини ин ноҳия барои барномаҳои ҷолибатон изҳори сипос мекунам. То имрӯз ҳеҷ расонае мисли “Ислоҳ” дардҳои муҳимми ноҳияи моро нотарсида нашр нанамудааст. Рудакӣ яке аз фасодзадатарин ноҳияҳои кишвар аст,ки аз тарафи оилаи “пешво” мақомоти коррупсионерро ошкоро ҳимоят менамоянд. Ҳар мақомдоре ҳимоят аз тарафи оилаи “пешво” хоссатан Озода ва домодҳояш мешаванд ҳар ҷинояте содир намоянд зиндонӣ намешаванд. Аз толори суд бо ҷарима озод ва пас аз чанде боз дар ҳамон мақом ва ё мақоми дигаре гузошта мешаванд. Инҷо мехоҳам дар бораи чанде аз мансабдорони ноҳия ба шумули раиси ноҳия суҳбате дошта бошам. Аввал нисбати сармеъмори ноҳия Абдукарим Суфизод шикоят дорам. Ҳоло дар бораи Суфизод як маълумоти кутоҳ медиҳам.
Абдукарим Суфизод соли 1978 дар ҷамоати Чоргултеппаи деҳаи Гагарини ноҳияи Рудакӣ таввалуд ва мактаби миёнаро дар ҳамин деҳа хатм кардааст. Баъди анҷоми донишгоҳ бо кумаки миёнадароҳои порахури дигар Абдукарим Суфизод соли 2007 дар бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур ба кор қабул шудааст. Ӯ аз соли 2007 то 2018 дар вазифаи сармутахассис кор мекард. Мушоҳидаҳо ва корафтодаҳо мегӯянд, ки Суфизод дар 11 соли кориаш ягон кореро бе гирифтани «доллар» ҳал накардааст. Вай ба ҷуз аз пул кандан дигар коре надорад. Дар ҳукумати ноҳияи Рудакӣ тамоми бизнес аз таги дасти Абдукарим Суфизод мегузарад, Вай чанд намуди бизнеси дар ҳукумати ноҳияро пеш мебарад.
Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ҳар як самт одамҳои худро дорад. Мисол меорам. Дар самти заминфурушӣ Абдукарим Суфизодро собиқ раиси ноҳияи Рудакӣ Акрамзода Рустам ва ҳамсараш Камолзода Фирӯза ҳамроҳӣ мекард.
Соли 2018 Абдукарим Суфизод ба Фируза Камолзода, завҷаи Акрамзода Рустам, раиси онвақти ноҳия 35 000 доллар медиҳад.
Ҳамсари раис ба шавҳараш супориш медиҳад, ки «Каримҷона раис мон». Ҳамин тавр Абдукарим Суфизодро ба вазифаи раиси ҷамоати Чоргултеппа таъин карданд.
Абдукарим Суфизод дар як соли кориаш дар ҷамоати Чоргултеппа зиёда аз 100 замин фурӯхт. «Кришаҳо»-и Абдукарим Суфизод дар ноҳияи Рудакӣ, якеаш домоди Мурод-телехи №1-и Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки дар прокуратураи ноҳия кор мекунад. Ва боз як корманди дигари прокуратураи мазкур. Номи онҳо Раҳмонов Ҷамшед ва Шодиев Шодӣ мебошад. Метавон гуфт, ки Раҳмонов Ҷамшед 30%- заминҳои ноҳияи Рудакиро гирифтааст. Ягон ҷамоати деҳоте нест, ки Раҳмонов Ҷамшед заминҳои мардумро ба тариқи зӯрӣ нагирифта бошад. Дар кадом ҷамоате, ҳар як хоҷагие, ки ба ӯ писанд меояд, зуд соҳибашро ҳабс мекунад ва соҳиби замин мешавад.
“Як рафиқро аз ҷамоати деҳоти Лоҳур хабс кард. Сипас гӯиё муомила карда гуфт, ки заминҳоятро ба ман медиҳӣ, ман туро озод мекунам. Аммо дар охири кор мегӯяд, ки прокурори калон-шеф мегуяд, ки ҳақи маро ҳам диҳад. Ҳамин тариқ боз 22.000 доллар мегирад. Аммо бар ивази ин ҳама, он рафиқро ба муҳлати 7 сол равонаи зиндон кард.”
Раҳмонов Ҷамшед фарзанди одам не, фарзанди ҳайвон аст. Беш аз 9 сол шуд дар ноҳияи Рудакӣ ба ҳайси муовини прокурор кор карда истодааст. Дар 9 соли кориаш дар ноҳия бо ҳаммаслакаш бо номи Хуршеди ба ҷуз заминфурӯшӣ кори дигаре накардааст.
Ноҳияи Рӯдакӣ 16 ҷамоату шаҳрак дорад. Чи қадар заминҳои деҳоти Россия (тарафи дачаҳо) шаҳраки М.Турсунзода (лаби дарёи Кофарнихон ва даруни Радиостанция) деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Конститутсия) деҳоти Султонобод, назди заминҳои Алиматовҳо) ҷамоати деҳоти Эсанбой, заминҳо бо номи зоопарки Ҷамшеди прокурор, дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, маҳаллаи Карл Маркс боғчаи кудаконаро гирифта ба хок яксон карда ба як соҳибкор барои сохтмони бинои баландошёна ба ивази 720.000 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхт. Фикр намекунад, ки насли наврас ба он боғчаи кӯдакона ниёз дорад.
“Як нуктаро мехоҳам,ки махсус дар бораи Абдукарим Суфизод қайд намоям. Ӯ 4 бор бо ҳукми суд айбдор шудааст. Аммо ин чи бе адолатист, ки ҳар вақте ба Абдукарим Суфизод дар додгоҳ муҳокима мешавад кор бо ҷарима анҷом меёбад. Чандин маротиба аз тарафи суди ноҳияи Рудакӣ ҷаримабандӣ шудааст. Дар ҳоле, ки барои такроран як ҷиноятро содир кардан ҷазо сангинтар мешавад ва мебоист Суфизод маҳкум ба зиндон мешуд.”
Абдукарим Суфизод ба замми ин ҷиноятҳояш соҳиби 3 зан аст. 2 занаш дар ноҳияи Рудакӣ ва 1 зани дигарашу яке аз маъшуқаҳояш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Агар ин амали Абдукарим Суфизодро касе дигар мекард 2 сол равонаи зиндон мешуд. Аммо, азбаски тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия аз ин қаллоб муттаҳаманд, ба ӯ чизе намешавад.
Охирҳои соли 2019 Камолзода Фирӯза- ҳамсари Акрамзода Рустам, раиси пешини ноҳия бар ивази як квартира дар назди бемористони чашми Душанбе (глазной) Абдукарим Суфизодро,ки раиси ҷамоати Чоргултеппа буд, ба мақоми сармеъмори ноҳия овард.
Абдукарим Суфизод ҳам барои онки ба раиси ноҳия бештар тамаллуқ бизанаду «одами худӣ» бишавад ва ҳам бо ҳадафи онки дар курсии раиси ҷамоат одами худашро нишонад рафиқаш Носирзода Хуршедро бар ивази як автомашина тамғаи Ланд крузер- раиси ҷамоати Чоргултеппа таъин кард. Айни замон ин мошин савории Акрамзода Рустам, раиси собиқи нохияи Рудакӣ аст, ки рақамҳои қайди давлатиаш 3232. Марҳамат мақомоти тафтишоти ин масаларо санҷед ва нагуед,ки ин туҳмат ва буҳтон аст. Ин рақамҳо ҳам,ки бепул намебошанд бо ин мошин туҳфа шуда буданд, бар ивази курсии раиси ҷамоати Чоргултеппа. Ҳоло бошад Абдукарим Суфизод ҳамроҳи Носирзода Хуршед заминҷои ҷамоати Чоргултеппаро ба манбаи даромад ва тиҷорати худ табдил додаанд.
Абдукарим Суфизод дар ин муддат бо чанд нафар кор кардаасту мекунад, бароятон пешкаш мекунем:
1.Бо собиқ раиси ноҳияи Рудакӣ Акрамзода Рустам ва ҳамсараш Камолзода Фирӯза
2) Бо Раҳмонов Ҷамшед ва Шодиев Шодӣ, ки ин ҳар ду кормандони прокуратураи ноҳия мебошанд.
3.Саидбилол заминсози ҷамоати Чоргултеппа мебошад, ки барои заминҳои нав тақсимшуда санад тартиб медиҳад ва баъди тайёр шудани ҳуҷҷатҳо харидор ҳам меёбад.
Саидбилол кист?
Мехоҳам каме дар бораи заминсози ҷамоати Чоргултеппа Саидбилол сухан кунам. Саидбилол маълумоти олӣ надорад. Соли 2019 бо қаллобӣ бо ҳукми суди ноҳияи Рудакӣ айбдор шудааст. Моҳи марти соли 2021 номае аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ меояд. Мухтасари мазмуни он чунин аст, ки нафароне бо ҳукми суд айбдор шудаанд аз вазифаи ишғолкардаашон озод карда шаванд.
Охирҳои моҳи марти соли 2021 Саидбилоли Абдураҳмон, ки доғи судӣ аз кор ронда шуд. Чанд рӯз пас Абдукарим Суфизод ба раиси ноҳияи Рудакӣ 4000 доллари амрикоӣ медиҳад ва мегӯяд «раис раисара бген ҷияни мара ай кор нагира». Раисаи Кумитаи замини ноҳия хонум Ғайратзода Маҳбуба баъди онки номаи КДАМро барои аз кор рондани афроди доғи судидошта мегирад, Сайидбилоли Абдураҳмонро аз кор меронад. Исматзода Азизулло, раиси ноҳия раисаи кумитаи заминро ба утоқи кориаш даъват карда мегуяд:
«ира фармонша брор, раиса кори хато кати ина ай кор озод кадӣ».
“Хонум Ғайратзода Маҳбуба мегӯяд ин доғи судӣ дорад, агар фардо тафтиш шавад, мо чи ҷавоб медиҳем? Исматзода Азизулло мегӯядки « ман ҳамиҷаюм фикри ягон тафтишотро накн». Ҳамин тариқ боз Саидбилол ба вазифаи пешинааш барқарор карда мешавад.”
Саидбилол ба хонаҳое меравад, ки дар он хона зани зебое аст ва шавҳараш дар Русия муҳоҷир мебошад. Он хонаҳо рафта ҳуҷҷат мепурсад ва баҳона пеш меорад, ки ҳуҷҷатҳо соз нест, кабинет биё. Ба утоқи корияш даъват карда ба занҳои ҷавон «гап» мепартояд ва агар ба домаш афтонд бо онҳо ишқварзӣ мекунад. Ман чандин нафарҳоро медонам, ки бо онҳо ҳамхоба шудааст. (исми чанд зане дар “Ислоҳ” маҳфуз аст,ки Сайдбилол бо онҳо ин амали пастро анҷом додааст ва ҳамаи онҳо шавҳардор мебошанд.)
Ин кори ӯро кормандони милиция ва прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ медонанд. Ман ҳайрон мешавам, ки мақомот Саидбилолро ҳеҷ чиз намегуяд. Чунки вай ҷияни Абдукарим Суфизод аст. Саидбилол дар заминфурӯшиҳои Абдукарим шарик аст. Барои мисол маҳз ҳамин Саидбилол бо ронандаи раиси ҷамоати Чоргултеппа Нодир ба заминҳои дар болоии пахтазанаки «Кирпичный»-и ҷамоати Чоргултеппа қарордошта харидор ёфта ҳар сотихи онро ба маблағи аз 7 то 10.000 доллар фурӯхтанд. Ин корро онҳо бо супориши Абдукарим Суфизод анҷом доданд.
Як маълумоти дигар:
Нисбати ин қаллобон дар Прокуратураи генералӣ ва Агентии мубориза бо фасод кори ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот идома дорад. Аз роҳбарони ин мақомот хоҳиши мо ин аст,ки ин дафъа қазияро бо ҷарима ба анҷом нарасонанд. Коре кунанд, ки ба дигарон дарси ибрат шавад.
Як, ду маълумоти дигаре ба “Ислоҳ” расида аст,ки чунин аст. Абдукарим Суфизод бо бародари раиси нави ноҳия,ки 24 ноябри соли 2020 таъин шуд ва ному насабаш Исматзода Азизулло Убайдулло мебошад, робитаи дӯстӣ барқарор карданӣ аст. Рости гап ин маълумотро яке аз наздикони онҳо ба мо расониданд. Бародари раиси ноҳия Файзулло ном дорад. Абдукарим Суфизод бо ӯ маслиҳат карда 40.000 доллар пешниҳод мекунад, бар ивази мансаби ҷониши раиси ноҳия. Ҳамин тавр ҳам шуд ва Суфизод аз вазифаи сармеъмор ба вазифа муовини раиси ноҳия таъин мешавад. Маълумоти дигар ин аст ки бародари раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматов Файзулло бо гирифтани 55.000 доллар ба Очилдиев Исматулло Аламонович вазифаи муовини якуми раиси ноҳияро ваъда медиҳад. Исматов Файзулло гуфтааст, «насиб карда бошад, баъди праздник коротона ҳал мекунам».
Исматзода Азизуллои данғарагӣ, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба чи кор машғул аст?
Раиси ҳозираи ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло бо лақаби Никулин 18 марти соли 1964 дар Данғара ба дунё омадааст. Ихтисосаш агроном – иқтисодчӣ мебошад.
Ноҳияи Рӯдакӣ ва раисони он бо заминфурӯшӣ ном бароварда буданд. Исматзода Азизуллои данғарагиро Эмомалӣ Раҳмонов бовар карда ба ин ноҳия раис монд,то ки пеши роҳи заминфурӯширо бигирад. Аммо ин раиси тозаинтихоб ҳанӯз дар рӯзи 20- 25-и кориаш замине, ки ба аҳолии мо ҳаётан муҳим астро фурӯхт. Ин замини ҳаётӣ дар деҳаи Зайнабободи деҳаи Оли Сомон ҷойгир аст, ки дар он ҳама намуди сохтмон қатъан мамнуъ мебошад. Чунки он дар ихтиёри шабакаҳои газ буда ва аз миёни он лӯлаҳои ҳаҷман калони гази моеъ аз тарафи Ҳисор ба ноҳия Ёвон мунтақил мешавад. Ин заминро ба 3 кас бо маблағҳои 12, 15.5 ва 13.000 долларӣ фурӯхт.
Исматзода Азизулло низ айни кори собиқ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Акрамзодаро такрор карда истодааст. Исматзодда Азизулло аз корхонаҳо, мағозаҳо, бозорҳо ва мактабҳо пул канда истодааст. Ба сардори молия дастур додааст,ки 10% маошҳо барои ободонии ноҳия боздошта шавад. Ин пулҳо ба ҷайби раис меравад на ба ободонии ноҳия. Ба шабакаҳои барқи ноҳия дастур медиҳад, ки столбаҳои оҳану бетониро аз маркази ноҳия канда бурда дар даромадгоҳи ноҳия шинонанд. Ва ҳамин тавр ҳам мекунанд ва столбаҳоро рангу бор мекунанд. Ва ин мешавад «ободонии ноҳия» ва он пулҳои ҷамъоваришуда бо ин «списат» мешаванд. Аслан гиред ин кор як аблаҳии тамом аст,ки якҷоро хароб кунед барои он,ки даромади ноҳия обод шавад ва ба чашми худи “Пешво” ва пешводухтару пешвописарҳо ва пешводомодҳо намудор бошад..
Исматзодда Азизулло фикр намекунад, ки столбаҳоро гирад симҳо-ноқилҳоро куҷо мекунад? Бовар мекунед, ноқилҳои балландшиддати 3 фаза дар замин истодааст. Ягон ҳодиса шавад, агар касеро барқ занад ин раиси бесавод чи ҷавоб медода бошад?
Исматзода Азизулло бо миёнравии Абдукарим Суфизод аз Холова Гулсун (қаблан судшуда мебошад) 40.000 доллари амрикоӣ гирифта ӯро аз раисии шаҳраки Мирзо Турсунзода ба раиси ҷамоати деҳоти Чоргултеппа таъин мекунад. 35.000 доллар ришва гирифта Шарипов Анварро ба ҷои Холова Гулсун раиси шаҳраки М.Турсунзода таъин мекунад. Шарипов Анвар мегӯяд, ки «раис 35.000 доллар вазнини бадай».Раис ҷавоб медиҳад:
«кайфияти раисира надидӣ. Ҳоли маззаша фаҳмӣ, баъд мегӣ раис рост бдай».
Исматзода Азизулло илова мекунад, ки бовар накунӣ аз Абдукарим пурс. Ҳамин як мансабаки мудири шӯъбаро ба Сайфуллоев Аюб ба маблағи 15. 000 сомонӣ фурӯхтааст
Раиси ноҳия Исматзода Азизулло ва прокурори ноҳия Давлатзода Ҳусейн Ҳамид ба соҳибмулкон зулм карда хонаҳояшонро ба як нархи ночиз гирифта ба Саиди домсоз медиҳанд. Масалан нафароне, ки дар назди бинои прокуратураи ноҳия (яъне дар хонаҳои 2 ошёна зиндагӣ мекарданд ) , ба прокуратураи ноҳия даъват ва таҳдиду сиёсат карда ба ивази хонаҳояшон мувофиқи табъи дили худ ҳисобӣ карданд. Айни ҳамин ҳолат ва муносибат боз дар назди бозори хӯрокаи ноҳия – рӯ ба рӯйи Бустон рух дод, ки хонаҳои онҳоро маҷбуран чаппа карданд. Прокурори ноҳия шаҳрвандонро ба утоқи корияш даъват мекунад, сиёсат ва таҳдид карда мегӯяд сад сол тюрмаатон кунам чи кор мекунед? Ин 2 ҷое, ки зикр кардем ба ширкати Майҳан таалуқ дорад, ки роҳбари ширкат Ҳоҷӣ Саиди ғармӣ аст.
Ҳоло савол ин аст ки магар дар ноҳия кори дигаре нест, ки прокурори ноҳия бо раиси ноҳия дар хезонидан ва ҷобаҷокунии шаҳрвандон машғул мешавад? Ин ҳарду Исматзода ва Давлатзода чи манфиате доранд аз ин сохтмон? Ҳатто одитарин қоидаҳои кори сохтмон риоя карда намешавад. Биноҳоро бар ба бар сохтаанд, байнашон фаосила мавҷуд нест. Майдончаи бозии кӯдакона надорад.
Як ҳодисаи дигар. Раиси ноҳия Исматзода Азизулло аз бародари Аваз Кабиров, директори бозори «Султони Кабир» Зафар Кабиров барои қатъи фаъолияти бозори Тоҷикматлубот яъне ( бозори Ганҷ) 65 .000 доллари амрикоӣ пора мегирад. Бар ивази ин 65.000 доллар ошхона ва ҳочатхонаи бозори Ганҷро кучонида ба бозори ӯ биёрад. Аммо мардум намехоҳад, ки ба ин бозор раванд. Вале ин мардумро аз роҳи зӯрӣ ва тавассути кормандони ШВКД№1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳбарии муовини сардори милиса полковник Шоев Рустам омада меронанд. Ва кадоме аз инҳо ҳафту ҳашт кард ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия мебаранд ва шиканча мекунанд. Қисми зиёди ин тоҷирон бевазанҳо мебошад ва зиндагии хело сангин доранд.
Ps: Ноҳияи Рудакӣ яке аз калонтарин навоҳиест,ки бо Душанбе пайваст ва наздик аст. Аммо ҳолатҳои коррупсионӣ ончунон зиёд аст,ки дар таҳқиқи ин ноҳия дар ҳолати шок қарор гирифтаем. Ҳамаи ин амалҳои коррупсионӣ ва коррупсионерҳо тавассути Озода Раҳмонова ва домодҳои пешво ҳимоят ва бо гирифтани пулҳои калон онҳоро ҳимоят мекунанд. Масалан “Ислоҳ” дар моҳи декабри соли 2020 дар мавриди Умаров Хуршед, ки 18 сари сол Идораи барқи ноҳия Рӯдакиро роҳбарӣ мекард навишта будему барномаи муфассал тавасути шабакаи ютубии “Ислоҳ” нашр намуда будем. Ҳама миллат диданд,ки чи гуна дуздии миллионҳо доллари барқи тоҷикро ғорат кардааст. Аммо натиҷа чӣ шуд? Озода Раҳмонова раиси дастгоҳи президент, Умаров Хуршедро даъват карда аз ӯ маблағи ҳангуфт гирифта, ӯро ба вазифаи болотаре дар Барқи тоҷик гузошт. Ин эътирофи худи Умаров Хуршед будааст,ки дар як круги худаш гуфтааст: “Ислоҳ чӣ фоида кард ончӣ нашр кард? Раиса мара фарёд кард ва ҳақаша талаб кард ва ман ба ӯ додам. Дар иваз ба ман вазифаи болотаре дод. Кошке барвақтар “Ислоҳ” ин барномаро нашр мекард,ки “кришаам” Озода мешуд ва ман ба поёнҳо долия намедодам”
Дуруст мегуяд Умаров Хуршед, ҳоло вазифааш аз вазифаи қаблияш болотар асту ғорат ва тороҷи “Барқи Тоҷик”ро карда истодааст. Инҷо зарбулмасали тоҷикӣ дуруст меояд “Дуздро қароқчӣ зад” Ин ҳама бо сарпарастии Озода Раҳмонова мебошад,ки ҳама шоҳиди ин ҳолат будед ва ҳастед. Бо ин ҳол “Барқи Тоҷик” миллиардҳо сомонӣ ва доллар қарздор нашавад кӣ қарздор шавад? Дар мавриди раиси ШКВД Рудакӣ ва раиси Амнияташ маълумотҳои зиёде ба “Ислоҳ” расидааст,ки хело мудҳиш ва нангин мебошанд. Ҳама ҷиноятҳои мақомоти ноҳияи Рудакӣ яке пас аз дигар расонави хоҳанд шуд. То он вақте духтарпешво ва писарпешво ва домодпешвоҳо ҳимояташонро аз коррупсионерҳо ҳимояташонро бас накунанд ҳеҷ ислоҳотеро дар кишвар интизор шудан мушкил аст. Ислоҳ, то он вақте ин ҳимоятҳо аз тарафи “боло” сурат мегирад муборизаро шадидан идома медиҳад,то ислоҳоти куллӣ ба вуҷуд ояд. Агар ҳар шаҳрванд масулияти шаҳрвандияшро адо намояд ва он ноадолатиҳоеро мебинад ба “Ислоҳ” нависад,то онҳоро мо расонаӣ намоем. Дар ғайри ин ин ҳолат идома меёбад ва миллат муҳоҷир боқӣ хоҳад монд.