Намози таровеҳ ва чанд ракъат хондани он?

Ислоҳ нет

Намози таровеҳ ва чанд ракъат хондани он?

(Қавли уламои мутақаддим ва мутааххир дар мавриди таровеҳ)

(посухи саволи 114)

Ба унвони ман аз чанд хонанда нисбати намози таровеҳ ва чанд ракъат будани он суол омадааст. Хостам онро дар шакли мақола бинвисам, то ҳама аз он истифода намояд.
Матни савол чунин аст:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Устоди гиромӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин. Ростӣ дар ин рӯзҳо миёни баъзе мардум чунин суханҳо нашр шудааст, ки намози таровеҳ 8 ракъат аст. Касе аз он бештар хонад гунаҳгор мегардад ва 20 ракаъат хондани намози таровеҳро боиси сар задани гуноҳ медонанд. Аз Шумо хоҳиш мекунам инро бо далел посӯх диҳед, то мо донем, ки хондани мо ғалат нест. Агарчӣ устод машғул ҳам бошед ин саволи моро рад накунед бесаброна мунтазири он ҳастем ва мо мухлиси ашаддии шумо ва навиштаҳои шумоем. Як гурӯҳ ҷавонони муҳоҷир аз шаҳри Санктпетербург. ( Савол аз эмели шахсе ба номи Алиҷони Муҳаммадюсуф омадааст.)

Ваалекум асалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ҷавононӣ гиромӣ. Аввалан шуморо ба фарорасии моҳи мубораки рамазон таҳният мегӯям. Аз Худованд таманои онро дорам, то ин моҳро ба хубиву хушӣ гузаронем ва дар ин моҳи муборак на танҳо рӯзҳои худро бо гуруснагӣ ва ташнагӣ гузаронем ва аз дигар фурсатҳои тиллогине,ки Худованд дар ихтиёри мо қарор додааст маҳрум гардем. Мепардозам ба посухи суоли бародарони саволкунанда.
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Дуруду салом бар Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) бар хонадони пок ва асҳоби эшон бод.

Яке аз суннатҳое, ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) барои ин уммат ба ҷой гузошт ин намози таровеҳ аст. Аҳли илм иттифоқ доранд, инки он суннати муъакада аст дар ин моҳи муборак. Инчунин аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) аҳодиси зиёде омадааст барои зинда доштани ин моҳи муборакро


متفق عليه (من قام رمضان إيماناً واحتساباً غفر له ما تقدم من ذنبه
“Шахсе барпо дорад моҳи рамазонро аз руйи имон ва иҳтисоб бахшуда мегарданд он гуноҳоне қаблан анҷом дода буд” (Мутафақун алайҳ)
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам )гузоштаанд намози таровеҳро бо ҷамоъат, инчунин таркаш ҳам кардаанд бо ҷамоъат. Ин тарк намудан ҳам сабаб дошт он ин буд, ки бар умматаш фарз нагардад.

‎. ذكر بن رجب في لطائف المعارف عن النخعي أنه قال :(إنَّ صوم يوم من رمضان أفضل من
‎ ألف يوم ، وتسبيحة فيه أفضل من ألف تسبيحة ، وركعة فيه أفضل من ألف ركعة)

Ибни Раҷаб дар китоби Латоифул маъориф аз Нахаъӣ ривоят мекунад, ки гуфтанд: “Рӯза доштани як рӯзе аз рамазон беҳтар аст аз ҳазор рӯзи (ғайри рамазон) тасбеҳе ё як зикр кардан дар он беҳтар аст аз ҳазор тасбеҳ (дар ғайри рамазон), инчунин як ракъат намоз хондан дар рамазон беҳтар аст аз ҳазор ракъат намоз (дар ғайри рамазон) (Китоби Сиём Адиллат вал аҳком Яҳё Заҳронӣ (ҷ 1. Саҳ. 67)
Онҳое, ки фақад далел меҷӯянд барои кам кардани адади ракъатҳои намоз онҳо зиён кардаанд. Бояд ғанимат бишуморем ин рӯзҳо ва шабҳои тиллогинро ва ҳамеша дар садади он бошем,ки чӣ қадар дар ин моҳ ибодат мекунем намозҳоямонро бо ҷамоъат мехонем дар рукуъҳоямон зиёд меистем дар саҷдаҳоямон зиёд меистем дуои холисона менамоем. Барои ин уммате, ки дар ҳолати мағлубият қарор дошта ашк мерезем, то аз ин вартаҳо моро бираҳонад.
Рабиъаи Асламӣ (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Як шаб бо Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) шабамро гузаронидам ё шаб бо он Ҳазрат (с) будам.То оби вузӯ барояшон омода намоям ё ҳоҷати дигарашонро бароварда намоям. Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам )гуфтанд: Бипурс маро? Гуфтам : мехоҳам ҳамроҳи шумо дар ҷаннат бошам. Гуфтанд : Чизе ба ин сухан монанд буд “Туро мебояд саҷдаи зиёд намоӣ”(Ҳадис ба ривояти Абудовуд,Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ибни Ҳиббон дар саҳеҳашон. Имом Тиримзӣ ҳадиси ҳасан саҳеҳаш гуфтааст)
Ақволи уламои мутақаддим ва мутааххир нисбати намози таровеҳ.
Чун мо пайрави мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳ) ҳастем меравем суроғи ақволи имоми мазҳаб.
‎وروى أسد بن عمر عن أبى يوسف قال سألت أبا حنيفة عن التراويح وما فعله عمر فقال التراويح سنة مؤكدة ولم يستحدثه عمر رضي الله عنه من تلقاء نفسه ولم يكن فيه مبتدعا ولم يأمر به إلا عن أصل لديه وعهد من رسول الله صلى الله عليه وسلم ، ومادام الرسول صلوات الله عليه قد أمرنا باتباع ما يحدث في عهد الخلفاء الراشدين وخاصة سيدنا عمر فتكون صلاة العشرين ركعة هي سنة التراويح، فكأن الرسول صلى الله عليه وسلم هو الآمر بها حتى إن الأصوليين ذكروا أن السنة ما فعله النبي صلى الله عليه وسلم أو واحد من الصحابة على أن الإجماع من الأدلة الشرعية التي يلزم الأخذ بها .
‎والخلاصة : أن التراويح وعددها عشرون ركعة سنة حضرة المصطفى صلى الله عليه وسلم ومن قال بأنها سنة عمر مردود بما ذكر .
‎ففي الفتاوى الهندية عن الجمهرة هي سنة رسول الله صلى الله عليه وسلم .
‎وقيل هي سنة سيدنا عمر رضي الله عنه والأول أصح .
‎وهذا هو الذي يستفاد من كلام جمهرة فقهاء الحنفية .
‎إلى أن قال :وظاهر كلام المشايخ أن السنة عشرون ومقتضى الدليل ما قلناه) 19

Ривоят аст аз Асад ибни Умар аз Имом Абӯюсуф (шогирди имом Абуҳанифа (раҳ)) гуфт, савол кардам Абуҳанифа (раҳ)-ро аз намози таровеҳ ва инчунин аз ончи, ки Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) карданд, (яъне манзур аз ҷамъ намудани он ҳазрат мардумро дар масҷид барои адои намози таровеҳ ҷамъ кардан аст). Имом Абӯҳанифа (раҳ) гуфтанд: Намози таровеҳ суннати муъаккада аст ва ин намозро Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) онро аз пеши худаш накардааст. Ӯ мубтадиъ ё чизеро аз пеши худ бар дин изофа накардааст он асл дошт, ки дар замони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буд ё вуҷуд дошт. Ҳангоме,ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам ) моро амр намудааст, ки пайравӣ намоем ончи хулафои рошидин пас аз Ӯ мекунанд (амал намоем) Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) яке аз он хулафоанд. Намози таровеҳ бист ракаъат аст ва он суннати муъаккада аст. Мисле,ки Расули акрам (салаллоҳу алаҳи васаллам ) ба гузоштани он амр намуда буданд. Ҳатто инки усулийин зикр намудаанд, ки суннат он кореро, ки Расули акрам (салаллоҳу алаҳи васаллам ) ва ё яке аз асҳоб анҷом дода бошад иҷмоъи адиллаи шаръӣ далолат бар он мекунад, ки пазируфта шавад ва ба он амал карда шавад.
Хулоса назди мазҳаби ҳанафӣ: Намози таровеҳ адади ракъатҳои он бист ракъат аст ва дар ин намоз Расули акрам (салаллоҳу алаҳи васаллам ) иштирок намудаанд. Шахсе бигӯяд ин суннати Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) аст мардуд аст ва пазируфта нест.
Дар фатвои Ҳиндия мегӯяд ҷумҳури уламои (Аҳноф) бар ин назаранд, ки таровеҳ суннати Расули акрам (салаллоҳу алаҳи васаллам(. Баъзеҳо мегӯянд ин суннати Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу ) аст дар ҳоле қавли аввал дуруст аст, яъне суннати Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) аст. Ин буд қавли ҷумҳури уламои аҳноф нисбати намози таровеҳ
Зоҳири сухани Уламои аҳноф намози тарровеҳ бист ракаъат аст.
(Ин қавл дар китоби Фатовои Ал-Азҳарӣ ҷ 1.саҳ. 48 омадааст).

‎علي رضي الله عنه : (أنه أمر رجلاً يصلي بهم في رمضان عشرين ركعة). وهذا كالإجماع

Алӣ (разияллоҳу анҳу) амр намуданд як мардро, инки намоз бигузорад бо қавм дар рамазон бист ракъат.” Ин ба монанди иҷмоъ буд.

‎. وفي كتاب (الصيام من المحرر) للشيخ سليمان الحربي يقول: ( نقل ابن دقيق العيد وشيخ الإسلام ابن تيمية الإجماع على أن صلاة الليل لا حد لها.
‎- وعليه: فما نقل من التبديع وإطالة اللسان على من صلى أكثر من إحدى عشرة ركعة فهذا حقيقة قلة فهم لفقه النصوص.قال الشافعي: أدركت ببلدنا بمكة الناس يصلون عشرين ركعة.وقال مالك: أدركت الناس يصلون في المدينة ستاً وثلاثين ركعة.- وقال شيخ الإسلام: ثبت أن الصحابة في عهد عمر كانوا يصلون عشرين ركعة ويوتر بثلاث.- وقال الترمذي: أكثر أهل العلم من الصحابة وغيرهم على أن صلاة التراويح عشرين ركعة)14.
‎(ومن الأمور التي قد يخفى حكمها على بعض الناس ظن بعضهم أن التراويح لا يجوز نقصها عن عشرين ركعة وظن بعضهم أنه لا يجوز أن يزاد فيها على إحدى عشرة ركعة أو ثلاث عشرة ركعة وهذا كله ظن في غير محله بل هو خطأ مخالف للأد لة)15 .
Дар китоби «Асиём минал Муҳаррир” аз Шайх Сулаймонӣ Ал Ҳарбӣ мегӯяд: Нақл намудаанд Ибни Дақиқ Алид ва Шайхул ислом ибни Таймия иҷмоъ аст дар онки намози шаб миқдори муайяне надорад”, (яъне шахс чӣ қадаре метавонад намози шабро мехонад).
Бояд бидонанд онҳое, ки мегӯянд ин бидъат аст ва забондарозӣ мекунанд бар шахсоне,ки шахсе аз 11 ракаъат бештар мехонанд таровеҳро он бидъаткор аст. Ба ростӣ ин аз кам будани донишашон ва огоҳӣ надоштанашон аз фиқҳ ва нусуси шаръӣ аст.
Имом Шофеъӣ (раҳ) мегӯяд: “Ман дар шаҳри худамон Макка медидам, ки мардум бист ракъат таровеҳ мехонданд”
Имом Молик (раҳ) мегӯяд: “Ман медидам,ки мардум дар Мадина сиву шаш ракъат таровеҳ мехонанд”
Ибни Таймия (раҳ) мегӯяд: “Саҳоба (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) дар аҳд ё хилофати Умар (разияллоҳу анҳу) бист ракъат мехонданд ва се ракъат намози витр мехонданд”
Имом Тирмизӣ (раҳ) мегӯяд: “Аксари аҳли илм ва саҳоба ва дигарон бар ин назаранд,ки намози таровеҳ бист ракъат аст”.
«Ассиём минал Муҳаррир” аз Шайх Сулаймонӣ Ал Ҳарбӣ ҷ. 1. саҳ. 51.

Ин ақволи поён барои он бародароне, ки худро пайрави салафи солеҳ медонанд, вале дар адади 8 ракъат будани таровеҳ таваққуфи ниҳоӣ мекунанд. Мехоҳам бо ин ақвол аҳамияти хос бидиҳанд. То дигар онҳое, ки бист ракъат мехонанд ё бештар аз он онҳоро мубтадиъу гумроҳ нахонанд.
Шуруъ менамоем аз сухани раиси Лаҷнаи доимии буҳуси илмӣ ва ифто Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳ)

‎. أفتت اللجنة الدائمة للبحوث العلمية والإفتاء برئاسة الشيخ عبد العزيز بن باز في الفتوى رقم (6148) رداً على من يعترض على أداء صلاة التراويح عشرين ركعة بالقول:
‎: (صلاة التراويح إحدى عشرة أو ثلاث عشرة ركعة، يسلم من كل ثنتين ويوتر بواحدة أفضل، تأسيا بالنبي صلى الله عليه وسلم ، ومن صلاها عشرين أو أكثر فلا بأس، لقول النبي صلى الله عليه وسلم : ((صلاة الليل مثنى مثنى فإذا خشي أحدكم الصبح صلى ركعة واحدة توتر له ما قد صلى))5 ، فلم يحدد صلوات الله وسلامه عليه ركعات محدودة ولأن عمر رضي الله عنه والصحابة رضي الله عنهم صلوها في بعض الليالي عشرين سوى الوتر، وهم أعلم الناس بالسنة).

Лаҷнаи доимии буҳуси илмӣ ва ифтои давлати Саъудӣ ба раёсати Шайх Абдулазиз ибни Боз дар фатвои рақами (6148) рад бар онҳое,ки ба бист ракъат будани намози таровеҳ мухолифанд.
Чунин мегӯяд.
“Намози таровеҳ ёздаҳ ракъат ё сездаҳ ракъат салом медиҳанд намоз гузорон пас аз ҳар ду ракъат хонданашон ва намози витр мехонанд як ракъат ин беҳтар аст. Ин иқтидо ё пайравӣ аз Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам ) аст. Аммо шахсе намози таровеҳро бист ракъат гузорид ё бештар аз бист ракъат ҳеҷ боке нест дар он
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд:”Намози шаб ду ракъат аст, пас, агар шахсе тарсид,ки субҳ наздик шуд ё расид як ракъат намози витрро хонад бар ӯст ончи пеш аз он гузошт” .(ҳадиси Мутафақун алайҳ)
Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам ) муайян накардаанд ракъатҳои намоз (манзур намози шаб ё таровеҳ)-ро. Инчунин Умар (разияллоҳу анҳу ) ва асҳоби киром (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) дар баъзе шабҳо онро бист ракъат гузориданд бе витр, (яъне бист ракъат ва бо изофаи намози витр се ракъат) бешак онҳо донотар буданд аз дигарон ба суннат.
(Фатвои лаҷнаи доимии ли буҳуси илмӣ ва ифто ҷ. 9 саҳ. 224)

‎3. سئل العلامة محمد بن عثيمين (رحمه الله) عن عدد ركعات التراويح فأجاب:(القول الراجح في عدد صلاة التراويح أن الأمر فيها واسع وأن الإنسان إذا صلى إحدى عشر ركعة أو ثلاث عشرة ركعة أو سبع عشرة ركعة أو ثلاثاً وعشرين ركعة أو تسعاً وثلاثين ركعة أو دون ذلك أو أكثر فالأمر في هذا كله أمر واسع ولله الحمد ولهذا فعلم من ذلك أن الأمر في هذا واسع)8.

Аз Аллома ибни Усаймин (раҳ) аз адади ракъатҳои намози таровеҳ пурсиданд.
Чунин посух доданд: “Қавли роҷеҳ дар намози таровеҳ ин аст, ки он фарох ва кушода аст. Агар шахс 11 ракъат ё 13 ракъат ё 17 ракъат ё 23 ракъат ё 39 ракъат ё бештар аз ин намоз гузорад. Дар ин масъала фарохӣ аст. Худоро шукр мегӯем ҳаминро бидонед,ки дар ин масъала фарох аст”. (Фатово Нур ало Дарбӣ Усаймин ҷ. 1).

‎وقال شيخ الإسلام ابن تيمية -يرحمه الله-: له أن يُصليها عشرين ركعة، كما هو المشهور في مذهب أحمد والشافعي، وله أن يُصليها ستاً وثلاثين ركعة، كما هو مذهب مالك، وله أن يُصلي إحدى عشرة، وثلاث عشرة، وكله حسن، فيكون تكثير الركعات أو تقليلها بحسب طول القيام وقصره، وقال: الأفضل يختلف باختلاف المصلين، فإن كان فيهم احتمال بعشر ركعات، وثلاث بعدها، كما كان النبي صلى الله عليه وسلم يصلي لنفسه في رمضان وغيره فهو الأفضل، وإن كانوا لا يحتملونه فالقيام بعشرين هو الأفضل، وهو الذي يعمل به أكثر المسلمين، فإنه وسط بين العشر والأربعين، وإن قام بأربعين أو غيرها جاز، ولا يكره شيء من ذلك، ومن ظن أن قيام رمضان فيه عدد مؤقَّت لا يزاد فيه ولا ينقص منه، فقد أخطأ.. إلخ.، والله أعلم10.

Шайхул ислом Ибни Таймия (раҳ) мефармояд: Намози таровеҳ гузорида мешавад бист ракъат чунонеки ин машҳур аст дар мазҳаби Имом Аҳмад ва Имом Шофеъӣ (раҳ). Инчунин гузошта мешавад сиву шаш ракъат ин мазҳаби Имом Молик (раҳ). Инчунин гузорида мешавад ёздаҳ ракъат ё сездаҳ ракъат ҳамаш накӯ ва хуб аст. Зиёд будани ракъоти намоз ё кам будани он иртибот мегирад ба дарозии қиём, (яъне имом агар хатми Қуръон намояд ба қиръоати он иртибот мегирад) Беҳтар он аст, ки ба ҳоли намозгузорон аҳамият дода шавад, ки, агар даҳ ракъат хонанд, пас аз он се ракъат намози витр хонед. Чунонеки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) худ анҷом додаанд дар рамазон. Агар намозгузорон розӣ ба ин набошанд, пас бист ракъат гузоранд, ин беҳтар аст, зеро бист ракъат гузоштанро ҳама мусалмонон анҷом медиҳанд.Намози таровеҳ миёни бист то чиҳил ракъат аст, албата, агар чиҳил ё ғайри ин ҳам гузоранд ҷоиз аст. Ҳар тарзе, ки мехонанд ҷоиз аст ва икроҳе дар он нест.Шахсе гумон кунанд, ки намози таровеҳ ё шабзиндадорӣ адади муайяне дорад ва зиёд ё кам хонда намешавад иштибоҳ кардааст.
(Фатовои Ибни Ҷибрин ҷ. 2 саҳ. 5).

‎5. يقول الشيخ محمد صالح المنجد : (أن العشرين ركعة كانت هي السنة الغالبة على التراويح في زمن عمر بن الخطاب رضي الله عنه ، ومثل صلاة التراويح أمر مشهور يتناقله الجيل وعامة الناس ، ورواية يزيد بن رومان ويحيى القطان يعتبر بهما وإن كانا لم يدركا عمر ، فإنهما ولا شك تلقياه عن مجموع الناس الذين أدركوهم ، وذلك أمر لا يحتاج إلى رجل يسنده ، فإن المدينة كلها تسنده)11 .

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал Мунаҷҷид менависад: Бист ракъат гузоридани намози таровеҳ суннати ғолибӣ аст. Дар замони Умар (разияллоҳу анҳу) мисли намози таровеҳ, ки ин амри машҳур аст, ки аз як насл ба насли дигар ва бар умуми мусалмонон омада расидааст. Ривояте, ки аз Язид ибни Румон ва Яҳё Алқаттон, ки онҳо ривоят кардаанд далел аст. Агар касе қабл аз аҳди Умар (разияллоҳу анҳу) гузашта бошад ё надида бошанд Умар (разияллоҳу анҳу)-ро ашхоси дигар аз саҳоба ва бошандагони Мадина дидаанд Умар (разияллоҳу анҳу)-ро. Ин масъала лозим ба ҳуҷҷат ва далел надорад, ки як шахс чунин ривояте кард, ки он чунон набуд. Зеро ҳама бошандагони Мадина, ки диданд Умар (разияллоҳу анҳу)-ро ва дар намози таровеҳ иштирок намуданд худ бузургтарин санад ва ҳуҷҷат аст. (яъне бо Умар (разияллоҳу анҳу) бист ракъат таровеҳро бо ҷамоъат хонданд)
(Фатово Алислом савол ва ҷавоб ҷ. 1. саҳ. 6187).

‎7. نقل الشيخ عطية محمد سالم في كتابه (التراويح أكثر من ألف عام) : (في زمن علي رضي الله عنه كانت التراويح عشرين والوتر ثلاث، وهذا أغلب الظن كما كانت في عهد عثمان رضي الله عنه ، وعهد عمر رضي الله عنه )إلى أن قال: (مما تقدم يظهر للمتأمل أن عدد ركعات التراويح كان مستقرا إلى ثلاث وعشرين، منها ثلاث ركعات وترا كما في رواية يزيد بن الرومان عند مالك كما تقدم، قال: \”كان الناس يقومون زمن عمر بن الخطاب رضي الله عنه في رمضان بثلاث وعشرين ركعة،…أما العدد على عشرين ركعة فإنه العدد المعمول به عند الأئمة الثلاثة أبي حنيفة والشافعي وأحمد في غير المدينة)13.

Шайх Атия Муҳаммад Солим дар китобаш “Таровеҳ бештар аз ҳазор сол” менависад: Дар замони Алӣ (разияллоҳу анҳу) намози таровеҳ бист ракъат ва витрро се ракъат адо менамуданд. Инчунин бо гумони ғолиб чунин равиш дар замони Усмон ва Умар (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) буд.Чуноне ки дар боло гуфта гузаштем адади ракъаоти намози тарвоеҳ бисту се ракъат буд бист ракъат таровеҳ ва се ракъат намози витр .Чунонеки мехонем дар ривояти Язид ибни Румон ва назди Молик чунонеки пеш гузашт он ривоят. Мардум дар замони Умар (Разияллоҳу анҳу) дар рамазон бисту се ракъат онро мегузоштанд. Адаи ракъатҳои намози таровеҳ бист ракъат адади маъмул ва машҳур аст назди Имом Абуҳанифа, Имом Шофеъӣ, Имом Аҳмад (раҳ) ба ғайр аз аҳли Мадина. (яъне мазҳаби имом Молик,ки сиву шаш ракаъат мехонданд).
(Таровеҳ аксар мин Алф ом ҷ. 4. саҳ. 8).
Хонандаи гиромӣ то инҷо ҳама ончи дар ин масъала аз уламои мазҳаби чаҳоргона ва уламои муъосир овардам.Агар шахсе бозҳам инкор намояд дигар ба худаш бар мегардад.
Оё занҳо метавонанд таровеҳ хонанд?
Бале занҳо метавонанд намози таровеҳ хонанд агар ҷамоъати занҳо бошад дар хонае ва онҳо гузоранд хуб аст. Агар тавонанд ба масҷид раванд ва шароит барояшон муҳаё бошад хуб аст боке нест дар адои ин намоз.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) мефармоянд:
‎وعن عبد الله بن عمر – رضي الله عنهما – قال:إن النبي صلي الله عليه وسلم قال:((إذا استأذنت أحدكم امرأته إلى المسجد فلا يمنعها
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст,ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ҳангоме, ки иҷозат бипурсад ҳамсари яке аз шумо барои масҷид рафтан, пас манъ накунед онҳоро”

‎((استأذنت أحدكم امرأته))أي طلبت الإذن,وأحدكم يعني الواحد منكم وامرأته : يحتمل أن تكون الزوجة,ويحتمل أن تكون المرأة التي له عليها ولاية,مثل ابنته,أخته,أمه وما أشبه ذلك.
‎((إلى المسجد)):يعني المسجد الذي يصلي فيه الجماعة.
‎((فلا يمنعها)):أي لا يردها عنه بل يأذن لها.
Шарҳи ҳадис:
Ҳангоме,ки иҷозат пурсад аз яке аз шумо мисли ҳамсаратон занеки вилоят доред бар он шумо мисли духтаратон,духтари бародаратон,зани канизе дар хонаи шумост ҳоло корманд ё хидматгори шумо агар зан бошад ё ба ин монанд барои рафтани адои намоз бо ҷамоъат. Пас иҷозат диҳед бар онҳо то рафта намозашонро бо ҷамоъат адо намоянд.
Вале бояд ҳангоми хориҷ шудан аз хона аз хушбӯйи истифода накунанд ва ҳиҷоби шаръиро комилан риъоят намоянд.Агар дар хориҷ шуданашон фитнае бошад пас дар хона адо намоянд намозашонро.
Бародароне, ки дар Русия ва дигар шаҳрҳое ҳастанд, ки масҷид аз онҳо дур аст ва онҳо бо оилаҳояшон зиндагони менамоянд. Метавонанд худашон имом шаванд ва бо ҳама аҳлу оилаашон намозҳои панҷгонае, ки дар хона ҳастанд бо ҷамоъат онҳоро адо намоянд. Агар худ хуб натавонанд хонда писарашон метавонад пеш дарояд ва муҳим бо ҷамоъат намозашонро адо намоянд.
Агар масҷиди мардҳо бошад ва аз занҳо набошад дар ин ҳолат занҳоятон дар хона намози таровеҳро адо намоянд, иншоаллоҳ ҳеҷ боке нест.
Дар охир аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло таманнои онро дорам,ки моро зинда нигоҳдорандагони суннати Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва инчунин суннати хулафои рошид (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) -ро низ тавфиқе ато намояд, то амал намоем.Зеро бар амал кардан бар суннати хулафои рошидини маҳдийн паёмбарамон моро амр намудааст.
Бо эҳтиром ва самимият бародари шумо

Share This Article