Наркокартел-и тоҷикӣ- 2»

Ислоҳ нет

 (мудир Исо, Тоҷиддин-командир, Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов,Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ва Маҷлиси Миллӣ, Комил Мирзоалиев, раиси идораи Роҳи оҳан, Эргаш Маҳмадбеков, ноиби раиси Федерасиюни дзюдо, Файзулло Гадоев, генерал-майёри фирории ВКД… ва боз киҳо)

    Баъд аз нашри матлаб таҳти унвони «Наркокартели  тоҷикӣ» (https://isloh.net/narkokartel-i-tojiki-tojiddin-komandir-zoiri-domodi-je-rahmonov-mudir-iso-va-boz-kiho/)  он қадар маълумот дар бораи ин бонди мофиёии қочоқчиёни маводди мухаддир ба дасти мо расид, ки барои коркард, таҳриру тасҳеҳи онҳо фурсат ва фурҷаи зиёд лозим мешавад. Барои ҳамин, хонанда ва бинандаи азиз, аз ҳамин ҳоло мегӯем, омода бошед, ки ин матолиби мо айни ҳамон сериоли «Санта-барбара» -амрикоӣ мешавад.

   Ин наркомафияи тоҷикӣ дунёро, аз Тоҷикистон гирифта, то Узбекистону Қирғизистону Қазоқистону Туркманистону Русия ва то ба Аврупо бо маводди мухаддир –героин таъмин мекардааст.

  Як вақтҳо, вақте Ғаффор Мирзоев-Седойро боздошт карданду ба зиндон андохтанд, ин сару садоҳо дар Душанбе паҳну пароканда гашта буд, ки Ғаффор дар Данғара лабораторияи тавлиди героинро кашф кардааст. Ва он лаборатория ба худи Эмомалӣ Раҳмонов тааллуқ доштааст. Ва,як сабаби боздошту зиндонӣ кардани Седой шинухезҳои зиёдаш бо Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов бошад, иллати дигари он ҳамин ифшо ва ошкор кардани ин лабораторияи пинҳонӣ будааст.

Ҳамон солҳо хабари дигаре ҳам сарсону саргардон шуда буд, ки вертолёти ба Афғонистон ба иҷора додаи Ғаффор Мирзоев-Седой, фармондеҳи пешини Горди президентӣ ва раиси Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори Тоҷикистон, ки ҳоло наздик ба бист сол мешавад, азоби зиндон мекашад, ба ҳамлу нақли героин ва қочоқи аслиҳа истифода мешавад. Гуё Ғаффор он вақт гуфта бошад, ки ҳам маводи мухадир ва ҳам қочоқи аслиҳа таҳти контроли бевоситаи худи Эмомалӣ Раҳмонов анҷом дода мешавад.

Он вақт ба ин ҳарфҳо камтар эътибор медоданд ва бовар надоштанд, ки Э. Раҳмонов шахсан бо қочоқи маводи мухадир машғул аст ва як қисм пулҳои дар суратҳисобҳои оффшорӣ захира кардааш аз ҳамин ҳисобанд. Ва,сабаби асосии берун рондани Неруҳои марзбонии Русия аз назорати марзи Тоҷикистон ва Афғонистон таҳти контрол ва мудирияти худ қарор додани наркотраффика аз тарафи Раҳмонов будааст. Аммо ин ҳама сару садоҳо дар чаҳорчуби шоеъа ва овоза буданд.

Аммо беҳуда намегуянд, ки «то шамол нашавад ,шохи дарахт намеҷунбад». Бахусус, вақте мебинед, ки Зоири домоди пешво, Исмоили наберааш ва Рустами писараш аз муҳраҳои асосии наркокартели тоҷикианд, шаку ҳадс ба яқин бадал мешавад.

   Ҳоло дар ин қисмат кам-кам аз маълумоти оидамон шуда нашру чоп мекунем. 

       Эргаш Маҳмадбеков кист ва бо наркокартели тоҷикӣ чи алоқа дорад?

Эргаш Маҳмадбеков аз Ванҷ аст. Маҳмадбеков дар Иркутск кору зиндагӣ мекард. 25 декабри соли гузашта баъд аз як моҳи раиси Федерастсиони дзюдои Тоҷикистон «интихоб» шудани Исмоили Маҳмадзоир, набераи ҳоҷӣ Шариф ва Эмомалӣ Раҳмонов Эргаши ванҷиро оварданду ноиби раиси Федератсиони ҷудои Тоҷикистон монданд. Он вақт хабаргузориҳо, аз ҷумла бахши тоҷикии Sputnik-и Русия чунин навишт:

«Роҳбари пешини Федератсияи ҷудои вилояти Иркутски Русия, Эргаш Маҳмадбеков ба мақоми ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб гардид.

Эргаш, ки аз хонаводаи маъруфи паҳлавонҳо дар Тоҷикистону Русия – Маҳмадбековҳо мебошад, нақшаҳояш барои рушди ҷудо дар ҷумҳуриро баён дошт.

Дар қадами аввал Маҳмадбеков гуфт, ки барои эҷоди як низоми муосири ҷудо ва то ба сатҳи нави ҷаҳонӣ расондани он корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст.

Дар марҳилаи аввал мо нақша дорем, ки аз кишварҳои пешрафтаи варзишӣ мутахассисони варзидаи ҷудоро даъват кунем, то анъана ва таҷрибаи беҳтарини пешрафтаи ҷаҳонро аз худ кунанд”, – гуфт Маҳмадбеков.

Илова бар ин, дар назар аст, ки дар шаҳри Душанбе як маркази омодагии олимпии ҳунарҳои размӣ боз кунанд, афзуд ӯ. Ин тағйиру ниятҳо дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли равон Исмоили Маҳмадзоир набераи президенти Тоҷикистон президенти нави Федератсияи ҷудо интихоб шуд».

Ин хабаргузорӣ дар сатри аввали ин хабар таъкид мекунад,ки интихоби Эргаш Маҳмадбеков дар «ҷаласаи ғайринавбатӣ» сурат гирифт.

  Бар пояи додаҳои интернетӣ Эргаш Маҳмадбеков солҳо қабл бо оилаи Соҳибовҳо-яъне Зоири падари Исмоил ва ҳоҷӣ Шарифи падари Зоир, «дважди» қудои Эмомалӣ Раҳмонов ошноӣ дошта ва ҳатто дар Душанбе клуби ҷудокорон-дзюдочиёни «Ҳоҷӣ Шариф»-бобои ҳамон Исмоили «дастбахайр»ро  ташкил додааст:

«Эргаш Маҳмадбеков, Президенти Федератсияи ҷудо(дзюдо)-и шаҳри Иркутски Русия аст. Чандин сол аст дар ин симмат ифои вазифа мекунад. Дар рушди варзиши дзюдо дар ин шаҳру вилояти Русия хизмати бузург менамояд. Ӯ ҳамасола мусобиқаи байналмилалии дзюдо барои ҷоизаи шаҳрдори Иркутскро мегузаронад, ки аз даҳҳо кишвари хориҷӣ ва ҳама манотиқи Русия ширкат меварзанд. Ҳамчунин ӯ чандин навҷавони тоҷикро тамрин медиҳад, ки дар ин риштаи варзиш пирӯзихои зиёде ба даст оварданд.

Се соли ахир барои рушди ҷудои Тоҷикистон низ саҳм гузошта, муассиси клуби варзишии ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” дар Душанбе мебошад.

Сомон Маҳмадбеков, нахустин Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон дастпарвари мактаби Эргаш Махмадбеков аст ва ҳамзамон бародарзодааш.

Зоҳиран Исмоил ва Эмомалӣ Раҳмонов Эргаш Маҳмадбековро овардаанд, ки таҷриба ва малакаашро барои рушди ин навъи варзиш ба харҷ диҳад ва барои Исмоили «дастбахайр» обру биёварад.

Аммо бар тибқи маълумоти расида Эргаш Шодмонович на танҳо ҷудокор аст. Эргаш Шодмонович дар Иркутск соҳибкори муваффақ ҳам ҳаст. Ресторанҳо, мағозаҳо, толори варзишӣ ҳам дорад. Вай, ин ҳама дову даҳанаро аз куҷо ба даст овардааст? Албатта, аз пушти тиҷорати маводи мухадир. Эргаш солҳои сол дар шаҳрҳои Русия «борҳо»-и Зоирро тақсиму тавзеъ мекардааст. Ва, клуби «ҳоҷӣ Шариф»,ки Эргаш Шодмонович дар Душанбе таъсис додааст, аз пули «сафедӣ» ва «дору»-ҳоест, ки Зоир аз тариқи Комил Мирзоалиев, раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон аз Душанбе ба Эргаш Маҳмадбеков фиристодааст. Манобеъи мо мегуянд, ки Эргаш Маҳмадбеков ҳанӯз қабл аз Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов ба афроди дигар ба тиҷорати маводди мухаддир дар Русия машғул буд. Зоир бошад тавассути одамҳояш ба ӯ шинос шуда ва ҳоло ӯро ба реализатори худ табдил додааст. Эргаш дар Русия (Маскав) ҳамаи корҳо, дурусттараш «борҳо»-и Зоир ва Исмоили писари ӯро ҳаллу фасл мекунад. Аз Душанбеву Хуҷанд роҳӣ мекунанд Эргаш дар Маскав, дар Иркутск, дар Екатеринбург, дар Санкт-Петербург бо «одамҳояш» реализоват мекунад. Ин Эргаш ҳамчуноне тазаккураш рафт аз солҳо қабл дар ин соҳа кор мекард. Аз он ҷумла борҳои Тоҷиддинро ҳам вай тақсиму тавзеъ мекардааст. Ин Эргаш бар замми ҳамкорӣ бо Тоҷиддину Зоир бо худи Комил Мирзоалиев ҳам кор мекунад. Вагон меравад Эргаши ванҷӣ ва одамони вай қабул мекунад. Ҳозир ду ҷиянаш дар онҷо дзюдоистанд. Онҳо кори Эргашро дар онҷо анҷом медиҳанд. Эргаш, ҳоло Душанбе омадааст, ки худро одами содаву одӣ нишон диҳад. Аммо доираҳои зарурӣ ва қисме аз нафарон медонанд, ки вай кисту чи кора аст ва то ба ҳоло ҳам дар ҳамонсатҳи «кисту чи кора» боқӣ мондааст.

Комил Мирзоалиев, раиси Идораи оҳани Тоҷикистон

Мову шумо хуб медонем, ки Комил Мирзоалиев, раиси Идораи оҳани Тоҷикистон дар савдо ва қочоқи маводди мухаддир собиқаи зиёд дорад. Вай ҳанӯз аз даврони ҷанги дохилӣ ҳамроҳ бо «командирҳо» буд ва аз ҳамонҷо ва ҳамон солҳо бо ин кор сару кор дошт. Аммо вай ин масирро замоне баҳузур балад ва соҳиб шуд, ки Ҳукумов ӯро дар канораш гирифта  эшелон ва ё қатори мусофирбарӣ яъне поездҳои пассажирбарӣ ба ӯ супорид.

Комил Мирзоалиев асосан дар хидмати Зоир ва Рустами Эмомаливу Исмоили «дастбахайр» аст. Ёдатон бошад дар бораи ӯ ҳам «Ислоҳ.нет» як матлаби муфассал навишта ва аз хеле аз фаъолиятҳои ба чашм ноаёни вай гуфта буд.( https://isloh.net/inoyat-oi-raisi-kvd-ro-i-o-ani-to-ikiston-1/ ). Аз ҷумла дар бораи он гуфта буд, ки чи гуна дар давоми  як ҳафтаи баъд аз барканории Амонулло Ҳукумов нафари дигари дар ҷойи Ҳукумов таъйиншударо як нима карда курсии раисӣ дар Роҳи оҳанро тасоҳуб кард. Ин сайри суъудӣ дар карйераашро барои Комил Мирзоалиев Зоир мусоид ва фароҳам карда буд. Ба хотири ҳамин Зоир болои вай ҳақ дорад ва Комил Мирзоалиев ҳам мисли саги вафодор дар хидмати Зоир қарор дошт. Феълан Комил мустақим бо Рустам часпонидагӣ аст. Барои ҳамин бо Зоир мисли қабл муносибат надорад. Зоир аз онки Комил «на прямой» бо Рустам шудааст, сахт рашк мекунад. Аммо ҳоло ҳам корҳояшон ба минволи пешина идома дорад.

  Комил борҳои Рустам ва Зоирро мебараду онҷо пул карда меоварад. Як шогирд дорад дар онҷо бо номи Ҳамза Ҷелонов. Ҳамза ҳам ванҷӣ аст ва аз солҳои пеш дар ин «система» кор мекунад. Комил Мирзоалиев ба вай бо воситаи Фаррухи ҷиянаш ошно шудааст. Фаррух ҳам ҳаминкора аст. Борро аз Душанбе ё Хуҷанд ба номи Зоир роҳӣ мекунанд. Боз паноҳӣ аз назари Зоир тавассути каналҳои худашон мефиристанду мебаранд. Масалан 100то аз Зоир бошад, боз 30 кг аз худашон ҳам ҳаст. Яъне бори худи Комил Мирзоалиев. Мирзоалиев тавассути Фаррух ва Ҳамза обу лой мекунад. Нафари дигар дар ин бонди қочоқчиёни маводди мухаддир Пиров Сарабек қудои Ҳамза дар Маскав аст. Ба воситаи вай пули борҳое,ки алоҳида барои худашон роҳӣ мекунанд (шури мурии худи Комил Мирзоалиев)-ро мегиранд. Яъне вай хазинадор аст.

 Вале пули «борҳо»-и Зоирро худи Маҳмадбеков Эргаш ҷамъу гир мекунад. 

Комил Мирзоалиев бо дастури худи Раҳмонов барои мамнуъгоҳи Данғара баъзе аз намуди ҳайвонҳое харидааст, ки гуфта мешавад арзиши онҳо аз 30000 доллар ҳам зиёд аст.

Рустам ба Комил Мирзоалиев дастур додааст, ки барои ту иҷозат «любой кор»-ро мекунӣ аммо корҳо, супоришҳоро бекаму кост иҷро мекунӣ. Рустам ҳоло «бозор»-и маводди мухаддир дар Тоҷикистонро комилан таҳти контроли худ гирифта истодааст. Зоир, Тоҷиддин, Комил Мирзоалиев ва чанд нафаре дигар зери дасти вай кор мекунанд.

  Ҳозирҳо Рустам дар пеши мошини Комил мешинад ва якҷоя шаҳрро мегарданд. Комил дигар ба яке аз наздиктарин нафарони Рустам мубаддал шудааст. Хуршед Мирзоев, дӯсти наздики Рустам ва аз роҳбарони «Авесто-групп» домоди хоҳари Комил Мирзоалиев аст.

 Комил Мирзоалиев чанде аз бадахшониҳои оптовик дар Русияро ҳам ба бандаи худаш кашида гуфтааст, ки дастгириатон мекунам ва ба чанде аз онҳо аз ҳисоби идораи Роҳи оҳан кор ҳам додааст. Комил Мирзоалиевро Пабло Эскобари тоҷикӣ мегуянд. ( маълумоти хело зиёде дар мавриди Комил Мирзоалиев ба “Ислоҳ” расидааст,ки рӯяшон кор дорем ва пас аз такмил ҳатман тақдиматон хоҳем кард)

                                 Тоҷиддин –командир

 Тоҷиддин –командир ҳам бо ин гурӯҳ аст. Вай қабл аз қудошавиаш, падарзани Имоили “дастбахайр” шуданаш ҳам бо Зоир «кор» мекард. Аммо баъди қудоӣ бо духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва набераи пешворо домод кардан дигар вай барои худ «имунитет»«неприкосновенность» гирифт. Акнун вай дигар дар қаламрави Тоҷикистон боздошт ва таҳвили тафтишоту додгоҳ қарор намешавад. Вай бо оила қаробат пайдо кард. Инро ҳам бояд зикр намоем, ки Тоҷиддин бо бародари Мансур Умаров Фаридуни пантера ҳам шариккор аст. Мансур Умаров, собиқ муовини аввали раиси КДАМ, собиқ муҳофизи шахсии Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳоло сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон як аз «партнер»-ҳои тиҷорати героини бо Тоҷиддин-командир аст. Тоҷиддин-командир, ки дар гузашта муовини сардори УБОП-и Қурғонтеппа ва подполковники вазорати дохилӣ буд, ҳоло маълум нест, ки рутбаашро ҳифз карда ва аз ин ҳисоб бознишаста ҳам шуда бошад, вай дар ин тиҷорат Анвари домоди Ғайбулло Авзалов, раиси пешини вилояти Хатлон ва яке аз афроди наздики Эмомалӣ Раҳмоновро ҳам ҷалб карда буд.Тоҷиддин пеш аз ҳамкорӣ бо Зоир бо ҳамин одам кор мекард. Домоди Ғайбулло Авзалов то чанд муддат сардори СБ( амнияти дохилӣ)-и МВД буд. На танҳо домоди милисаи Авзалов ҳамчунин Умеди писари Авзалов ҳам шарики Тоҷиддин-командир дар қочоқи маводди мухаддир буд. Умед Авзалов зоҳиран  бизнесмен аст, аммо дар вақташ бо Тоҷиддин кор мекард. Хонаи Анвари СБ-и собиқи МВД дар пеши фурушгоҳи марказии пойтахт- ЦУМ воқеъ аст. Танҳо дар яке аз эпизодҳои харидуфурӯш афғонҳо аз вай понздаҳ мошини НИВА-и сохти русӣ мегиранд. Оилаи Авзалов ҳамроҳи Тоҷиддин  робитаи наздик доштанд.

 Дар матлаби пешина ҳам ин хислат ва ё шояд услуби кори Тоҷиддин-командирро зикр карда будем. Тоҷиддин дар тамоми ин муддати кор дар ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ҳар аз гоҳ як нафари аъзои ин гурӯҳро фурухтааст, ба қурбонӣ додааст, барои «резултат». Яке аз онҳо Ҷавҳаршоҳ аст.      

 Тоҷиддин солҳо бо Ҷаваршоҳ кор мекард ва ҳамроҳ буд. ҶавҳаршоҳроТоҷиддин подставит кард. Хонааш дар пеши посолства буд. Хонаи вайро Раҳими ғармӣ харид.

Ҷавҳаршоҳ бо генерал Файзулло Гадоев, сардори собиқи ОБНОНИ ВКД кор мекард.

                  Генерал майёр Файзулло Гадоев кист?

Дар Тоҷикистон як генерал-майор аз рутбаву дигари унвонҳои давлатӣ маҳрум ва ба муддати 28 сол паси панҷараи зиндон равон карда шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.15-уми октябри соли 2018 Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Гадоев Файзулло Нуриллоевич, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия баррасӣ намуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 200, қисми 4 бандҳои «в,д» (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ; ва дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда), 262 қисми 3 банди «б» (ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани)  маблағҳои пулӣ  ё молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда; ба миқдори калон содир шуда), 314 қисми 3 (суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 қисми 3 банди «в» (баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ; бо расонидани оқибатҳои вазнин) ва 319 қисми 4 бандҳои «в, г» (гирифтани пора бо тамаъҷӯӣ ба миқдори калон)  ба ӯ ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 28 сол бо мусодираи молу амвол ба фоидаи давлат таъин карда шуд. Ҳамзамон мутобиқи моддаи 51 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоев Ф.Н. аз рутбаи «Генерал-майори милитсия» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳрум карда шуд. Ҳамчунин бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи медалу нишонҳои сарисинагии Гадоев Ф.Н., ки пеш ба ӯ тақдим гардида буд, бекор карда шуданд. Гадоев Файзулло соли 1959 дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омада, дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз ихтисоси омӯзгори фанни таърих сабақ гирифта, онро соли 1981 ба охир расондааст. Аз соли 1982 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст. Соли 1995 дар Идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ВКД фаъолият кардааст. Аз сентябри соли 2002 роҳбари ин Идора буд, ки соли 2007 «бо сабаби ба кори дигар гузаштан» аз вазифа барканор карда шуд.

  Файзулло Гадоев ҳоло ҳам дар «побег» аст. Файзулло Гадоев ҳам аз одамони «круг»-и Тоҷиддин буд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо вақте ӯ сардори ОБНОН буд, ба Тоҷиддин мегуяд, ки ягон касро фурӯшед. Тоҷиддин як шарики дигарашро, ки аз Чортут буд «здават» мекунад. Ин одам даҳ сол мешинаду мебарояд. Баъди баромадан аз болои Ҷавҳаршоҳ шикоят мекунад. Аммо дар ин миён шогирди дигари Зоир бо номи ҳоҷӣ Амони домсоз назди Зоир омада аз Ҷавҳаршоҳ шикоят мекунад ,ки Ҷавҳаршоҳ ӯро маҷбур дорад қарзашро баргардонад. Ҷаҳваршҳо ба вай якуним миллион доллар қарз дода будааст. Ҳоҷӣ Амон ба Зоир мегуяд, ки Ҷавҳаршҳоро бигӯ камтар вақтам диҳад, маро бисёр ғам дода истодаст. Зоир Ҷавҳаршоҳро мегуяд,ки Амонро ғам надеҳ. Ҷавҳаршоҳ ҳоҷӣ Амонро занг зада мегуяд, ки бо ҳамин одами подключат кардагиат дар к…т ме…м. Ҳоҷӣ Амон ба Зоир ин гапро мерасонад. Зоир Ҷавҳаршоҳро шинонд. Панҷ сол шишту баромад. Ҳозир дар озодӣ аст. Вай шогирди Тоҷиддин аст.

  Аҳмади колбаса, Ҳикмати гов ҳамроҳи ҳаминҳоянд. Нафари дигари аъзои ин бонди қочоқчиёни маводди мухаддир Маҷнун аст. Домоди Маҷнунро маҳкам карданд. Домоди Маҷнун Муқими норакӣ, яъне ҳамон нафаре аст ки бо номи «бачаи кампир» мешиносанд. Муқим домоди Маҷун ва Маҷнун бо инҳост. Принсипи кори инҳо ҳамин хел аст. Кор мекунанд, кор мекунад ва бояд як касро бисупоранд. Ҷавҳаршоҳро супориданд, бачаи кампирро супорданд. Ҳозир, ки Тоҷиддин бо духтари Эмомалӣ Раҳмонов қудо шуд ҷонашро харид вагарна навбаташ расида буд. Ба гуфтаи одамони худашон «Тоҷиддин ҳушёр карда қати Зоир қудо -хешутабор шудаву худро эмин кардааст». Тоҷиддин на танҳо аз афғонҳо аз шарикони дохилиаш,аз ҷумла аз ҳамин Анвари домоди Ғайбулло Авзалов ҳам 600.000 доллар қарздор будааст. Акнун, ки Тоҷиддин Исмоили набераи Раҳмоновро домод кард, Анвар ҳам хап кардаву шиштааст.

 Як вақтҳое Эраҷи развилка барои Тоҷиддин конкурент шуда будааст. Ӯро ҳам оқибат бо «информатсия»-и Тоҷиддин шинониданд. Эраҷи развилка дар Варзоб як дача дошт бо номи Жасмин. Онро Исломиддини писари Нуриддин, раиси Данғара гирифт. Вай, то вақте, ки суд мешуд, дар озодӣ мегашт. Яъне дар СИЗО нашишта буд. Суд медарояд, ки яке мегиранду 29 солаш медиҳанд. Тамоми дороиҳояшро Зоиру Тоҷиддин бо ин ваъда, ки озодат мекунем аз худ карданд. Юсуф, як нафар аз бародарони Алиматовҳо ( Сим-сим) оилаи машҳури данғарагиро ҳам ҳамин Тоҷиддин шинонд. Умар Алиматов гуфтаст, ки 100 миллион масраф шавад ҳам ман як рӯз не як рӯз Тоҷиддинро фалон мекунам.

Ҳоло акнун Тоҷиддин нақша дорад, ки зери қаноти Зоир ва Рустам контроли маводди мухаддир дар Тоҷикистонро комилан дар даст бигирад.

 Ва, ҳоло дар ин қисмати поёнии ин матлаб аз мудир Исо сӯҳбат мекунем. Ҳамон мудир  Исое, ки баъди нашри навори боздошташ тавассути ВКД он бародари афғон бо «Ислоҳ.нет» дар тамос шуда ва боиси навиштану гуфтани ин матолиб ва ошноии мову шумо бо ин бонди мофиёии қочоқчиёни маводди мухаддир шуд, ки айни замон дар ихтиёри Рустами Эмомалӣ, Зоири домоди Раҳмонов ва Исмоили набераи дастбахайри пешво гузаштааст:

  Холмадов Исо Шерхонович, мутаваллиди 1962. Яъне мудир Исо, ки ҳоло дар СИЗО нигаҳдорӣ мешавад. Вай тақрибан 30 сол аст ки ба тиҷорати маводи мухадир сару кор дорад. Аз давраи кудакиаш дар лаби дарëи Панҷ гуспанд мечаронд ва подавон буд. Оҳиста-оҳиста дар ҳамон соҳилҳои Панҷ бо афғонҳо шиносоӣ пайдо мекунад. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ мудир ба кори маводи мухаддир мегузарад. Мудир Исо ҳанӯз дар солҳои 93-95 аввалин «партия»-ҳоро ба Русия «перевод» мекардааст. Вай худаш ин масир ва ин тиҷоратро бино ниҳода будааст.

    Аз соли 1995 «кор»-и худро шуруъ ва бо афғонҳо мустақим доду гирифт мекард ва борашро ба дохили кишвар медаровард. Ба тариқи дигарон ба Русия равон мекард. Ин корро вай тавассути одамони худаш анҷом медод. Бисёрии онҳо ҳамин ҳоло ҳам дар маҳбасҳо ҳастанд. Ҳамин тариқ вақте ки мудир Исо  корро сар мекунад, соҳиби пули калон мешавад ва моли бисëр мехарад ва чанд рама ташкил мекунад. Аз «кор»-ҳои мудир Исо Зоири сиёҳ бохабар мешавад. Зоири сиёҳ шавҳари холаи Тоҷиддин –командир аст. Зоири сиёҳ чандин сол дар сарҳади Масковский                     ( Ҳамадонӣ) ҳамчун началники застава кор мекунад. Аз прапоршикӣ то майёрӣ мерасад.

  Зоири сиёҳ аз мудир хабардор мешавад ва ӯро фарëд ва худро «шинос» мекунад ва мегуяд, ки мо «ҳамихелӣ одамем… шиносомон бисëрай, биë кати мо кор кн, тамоми зиндагит қандалот мегзара» мегуяд. Хуллас, мудир Исо розӣ шуда аз соли 1999 корро бо Зоири сиёҳ идома медиҳад. Зоири сиёҳ оҳиста-оҳиста ва хапу хомӯш Тоҷиддинро ҳам ба сарҳад меоварад. Тоҷиддин ҳам мебинад, ки пул дар куҷо ҳаст бо Зоири сиёҳ ва мудири Исо худро «клей» мекунад.

 Тоҷиддин-командир дар солҳои 2000-2001 ба ҳоҷӣ Шариф ва махсусан ба писараш Зоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов «роҳ» меёбад.

Зоири сиёҳ, ки дигар гапро бо Исо даҳмарда пазонида буд, минбаъд «кор»-ро бо ҳам мебинанд. Мудир Исо ҳам вазифаи курйерӣ мекунад ва ҳам завсклад таъин мешавад. Барои он Исо-даҳмарда завсклад мешавад, ки ҷойҳои пинҳонсозӣ ва ё махфигоҳҳо дар он талу теппаҳоро ба хубӣ балад аст. Ва Зоири сиёҳ бо Тоҷиддин амнияти гузаронидани бор аз сарҳад ва ҳам амнияти ба муомила бароварданро бар уҳда мегиранд.

  Бо мурури замон Зоири сиёҳ духтари мудири Иссоро келин мекунад. Ва ҳамин тавр на танҳо дар тиҷорати наркотика ҳамчунин аз ҳисоби хешу таборӣ ҳам наздиктар мешаванд. Аммо Тоҷиддин-командир аз ин кори Зоири сиёҳ қаҳраш меояд, чун мехостааст, ки духтари ӯро келин кунад. Аз сари қаҳр Зоири сиёҳро бо 120 кг банг мефурӯшад. Милисаҳо Зоирро неву шогирдҳояшро меқапанд. Шогирдҳояш ба Зоири сиёҳ баёнот ва показаний медиҳанд, ки бор бори ӯ мебошад. Ӯро бурданду бо гуноҳҳои доштаву надошта зиндонӣ карданд ва чуноне гуфта будем соли пеш озод шуд. Хулоса, Тоҷиддин язнаи худаш-шавҳар- холааш Зоири сиёҳро мефурӯшад ва масири дар зери итоати ӯ дар сарҳад ва ҳамин тавр лаҷоми мудири Исоро дар дасти худ мегирад. Чунки дар ин миён ӯ алакай дар застава командири воҳиди низомӣ ва соҳиби рутбаи афсарӣ шуда буд. Дар матлаби аввал гуфта будем Зоири сиёҳ Тоҷиддинро ба кор гирифта буду билохира ба ин ҳолати подстава ҳам дучор шуд.

  Хабари мудир Исо ва сад кило афюни ӯро афғонҳо ба ОБНОН- шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори Раёсати умури дохилаи Душанбе мерасонанд. Фирдавс Элмуродов, корманди ин шуъба аз деҳаи Ҳаёти нави Ҳамадонӣ, аз ҳамон деҳае, ки мудир Исо зиндагӣ мекунад, хабарро мегирад ва бо чанде аз ҳамкоронаш дар пайи боздошти мудир Исо мешаванд. Ӯро таъқиб мекунанд, телефонашро дар «прослушка» мемонанд. Вақте аз сартарошхона мебарояд, дастгир карда ба бинои умури дохилаи пойтахт дар назди Танка меоваранд. Вайро дар ток мезананд, мисли булбул ба гап медарояд ва аз як лаб мефурӯшад. Аммо аз овардани номи Тоҷиддину Зоир худдорӣ мекунад. Намегӯяд, ки дар дасти кӣ «кор» мекунад. Метарсад, ки ҳам худаш ва ҳам авлодашро нест мекунанд. Ҳама корро худаш ба гардан мегирад.

  Ба назар мерасад мо ба як сар халонидаем, ки тамомӣ надорад. Ин наркокартел, ҳоло сари ҳисобашон гум аст ки мудир Исо чи мешуда бошад. Сухан ба мақомоти ҳукумати Толибон ҳам расидаву феълан ин шаку шубаҳоҳо рафта истодааст, ки афроде аз ин ҳукумат барои ҳамкорӣ ва идомаи бизнеси миллионҳо долларӣ ҷалб шудаанд.

  Ончики дар барномаи пешина гуфта будем, ки мудир Исо дар Душанбе баъди «стрижка»-муи сар ба даст афтод , воқеият доштааст.

Аммо асли қазия ин тавр буда, ки ин Исои як замон подавон ва даҳмарда бунёдгузор ва муассиси асосии ин синдикат ва картели Синалои тоҷикӣ будааст. Мудир Исо аз хайли аввалин наркокурйер ва наркобизнесменҳое буда, ки героинро аз Афғонистон ба Тоҷикистон овардааст. Хуллас одами андак-мандак, майда -чуйда набудааст. Мудир Исо баъд аз онки яке-ду бор «сафедӣ» меораду бизнес мекунад, таёқи подавонӣ аз даст парт мекунад. Дигар на подавони мардум ва на даҳмарда, балки акнун соҳиби рамаву пода мешавад ва давоми солҳои 1993-1995 рамаҳояшро меафзояд ва дигар чупону даҳмардаву подавонҳо истихдом мекунад. Акнун як пойи ӯ ба он лаби Панҷу як пояш ба ин лаби Панҷ ва Камазҳое, ки Русия бор мезанад, борҳои ӯро мебаранд. Хуллас, мудир Исо барои худ касеву чизе шуд. Маҳсулот дастрас, шурако ҳам дар Афғонстон ва харидорҳо ҳам дар Русия.

    То ҳамин ҳоло аз шарикони ин наркокартел ҳоҷӣ Шариф Соҳибов, падари Зоири домоди калонӣ ва амуи Шамсулло шавҳари Рухшона Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи кабир ва Фароз намедонанд, ки мудир Исоро чи гуна наҷот диҳанд. Ба Тоҷиддин машкук шудаанд, аммо Тоҷиддин сад қасаму нома хурдааст, ки дар ин кор даст надорад.

Ин бародари афғоне, ки бо мо суҳбат кард ба ҷуз аз сӯҳбатҳои расонаияш он қадар секрету сирҳоеро пеши мо маҳфуз гузошт, ки ба ростӣ, гумон аст ки ҳифз бшаванд. Ҳарчи зудтар мехоҳем, ки он ҳамаро, наркодолларҳои Тоҷиддин-командир, Зоири домоди ҷаноб, ҳоҷӣ Шариф-фарди муътабар, Исмоили дастбахайр, Эргаш Маҳмадбеков, ҳоло ноиби Президенти Федератсиюни ҷудо (дзюдо)-и Тоҷикистон ва тақсимкунанда ва реализатори бор дар Русияро бинависему бигуем.

Поёни бахши дуввум, таҳқиқоти “Ислоҳ” давом дорад…

Ps: Хонандаи гиромӣ ҳоло ончи хондед аз нуги хамир фатир буд ба гуфти Раҳмонов. Хуб медонед моҳи рамазон буд ва ба ҳама ончи дар дастамон буда кори бештаре, таҳқиқи бештаре лозим дорем. Ҳатман ин қазияро дунбол мекунем, то ҳама сиру пиёзи ин “наркокартелҳо”и воломақомҳои ҳукумати “пешво”ро ошкор ва тақдими миллат ва ин ҳамаро тарҷума ва тақдими ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири муассисаҳои ҷаҳонӣ намоем. Агар шумо ҳам шоҳиди чунин маълумот ҳастед марҳамат ба мо нависед,то маълумотамон боз ҳам афзояду бо ҷиддият рӯяш кор намоем!

Ps: Ин матлаб барои тарҷума бо забонҳои Русӣ ,Англисӣ, Олмонӣ, Фаронсавӣ омода шуда истодааст ва дар расонаҳои бонуфӯзи ин кишварҳо ҳам барои нашр тақдим мегардад!

Share This Article