Мо сокинони ҷамоати деҳоти Навигилеми Исфара намедонем ба куҷо шикоят кунему арзу доди худро расонем. Охирон умеди мо “Ислоҳ” монд кафанҳоямонро дар зиндагониямон мепӯшему ҳарчи бодо бод бахтамонро якбор месанҷем. Агар боз ҳам идома пайдо кард, пас дигар дар Тоҷикистон қонун аслан вуҷуд надошта аст.
Болтаев Аҳмадхӯҷа Ҳабибуллоевич, раиси собиқи ҷамоати деҳоти Навгилем 47сола аст. Падари вай дар солҳои1996-2000 дар корхонаи консерваи Исфара мудири амбор буд ва Аҳмадхӯҷа ба ҳайси посбон кор мекард. Ҳунари дуздиро ҳанӯз дар ҳамон солҳо омӯхта ва таҷриба карда буд. Он вақт раиси ин корхона Атохон буд, ки бо падари Аҳмадхӯҷа дӯстӣ дошт. Соли 2000 ин корхонаро Низомхон Ҷӯраев гирифт ва Болтаевҳоро аз завод пеш кард. Аҳмадхӯҷа Русия ба муҳоҷирати корӣ меравад. Дар Санкт -Петербург як рафиқашро «подстава» мекунад. Онҳо дар як дорухона дукаса ронандагӣ мекарданд. Аҳмадхӯҷа бо як дорухонаи дигар «гапзанон» карда як мошин доруҳоро ба маблағи 300.0000 рубл мефурӯшад ва ба Тоҷикистон мегурезад. Мудири фирмаи доруфурӯшӣ рафиқи Аҳмадхӯҷаро ба мақомот месупорад. Маҳз ҳамин одам мусоидат намуда буд, ки раиси дорухона Аҳмадхӯҷаро ба кор бигирад. Ҳоло он одам озод шуда аст. Аҳмадхӯҷа он вақт дар як заводи резинрезӣ ҳам миёнарав шуда чанд нафарро кор мефармуд. Он корхона хурок ва ҷойи хоби бепул ҳам таъмин карда буд. Аммо Аҳмадхӯҷа моҳе 2000 рублӣ аз сари кас ҳамчун хонапулӣ мегирифт, ҳамчунин аз маоши бачаҳо як ҳиссаашро ҳам аз худ мекард. Ҳоло ҳам акаву ҷиянҳояш онҷо кор мекунанд. Ҳатто акаву ҷиянҳояшро ҳам чанд бор фиреб дода ва байни худашон ҷанҷол шуда буд.
“Вай дӯсташро фиреб карда меояд ба ватан ва як маршруткаи мусофирбарӣ харида дар хатсайри байни деҳаи Чилгазӣ ва Исфара мусофиркашонӣ мекунад. Вай аз Қирғизистон, аз шаҳри Ӯш дар соли 2010диплом мехарад. Акнун, ки соҳиби диплом шуд, дар ҳукумати Исфара касеро ёфта, «через» карда бо дипломи қалбакӣ ба кор медарояд. Вай ёрдамчии Сиҷоиддин, раиси онвақтаи шаҳри Исфара мешавад. Болтаев раиси шаҳрро аълоҳазрат ном мебурд ва ҳар корафтодае меомад мегуфт, ки аълоҳазрат ҳозир ҷаласа ё меҳмон доранд, банд ҳастанд. Вай бисёр «подхалим»-и беҳамто аст, лозим шавад номусашро ҳам ба раис медиҳад.”
Аҳмадхӯҷа Болтаев соли 2019 дар ҷамоати Навгилем раис мешавад. Ба дӯстону рафиқонаш лоф мезадааст, ки боз «доля» дода раис шудам, «ин ҳамту падарка не». Хуллас корро дар Навгилем сар мекунад, худаш ҳам зодаи Навгилем аст. Одамҳои худро дар атрофаш ба корҳо ҷалб менамояд. Як нафар корманди бособиқаи ҷамоат бо номи Шукруллоро, ки 25сол боғбону посбони ин идора буд, аз кор пеш кард ва Нусрати ҳамсояашро ба ҷои вай овард. Дар вазифаи мудири амбор падари занаш-Абдуқодири муаллимро монд. Имоми як масҷиди маҳалларо бо маслиҳати хусураш «подставит» карда аз кор мегирад. Ин имом як одами хоксор ва ба ҳама як хел муносибат мекард. Ин имомро фишор меоварад, ки «набераатро ба хизмат биёр, дигар ба масҷид наой». Ба имоми масҷиди ҷомеи Навгилем дастур додааст, ки он имом дигар ба намози ҷумъа наояд.
Аҳмадхӯҷа Болтаев тамоми корҳои ҷамоат, раисӣ, танзим ва амниятро худаш иҷро мекард. Фикр мекунад, ки мардуми Навгилем ҳама «тупой» ҳастанду корҳои вайро намефаҳмиданд.
Дар ҷамоат 45000 аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Ҳиҷ кас аз вай розӣ нест. Бо мардум дағалона рафтор мекарду ҳоло ҳам мекунад.Раиси кунунии ҷамоат аз ӯ итоат мекунад ва гап ҳоло ҳам гапи ӯст.
Як сокини ҷавони ҷамоат Муқим писари Мансурҷон як сол пеш мехост оиладор бишавад. Барои справка ба ҷамоат меравад. Аҳмадхӯҷа Болтаев мегӯяд, ки ба коғазат имзо намемонам. Ту бояд аввал хизмат равӣ. Он ҷавон мегӯяд, ки ҳоло мавсими даъват нест. «Гапи шумо аз рӯи қонун нест, ман аз болои шумо шикоят мекунам». Раис мегӯяд, ки «ба мақомот рав, ҳар куҷо равӣ, рав, ман фалон мекунам, ман дуто диплом дорам, ман катӣ спор накун». Ин ҷавон мегӯяд «аввал писари акаатро ба хизмат гусел кун ,сонӣ бачаҳои халқро». Раис ҳақорат карда ин ҷавонро аз кабинеташ меронад.
Ронандаи идораи ҷамоатро ҳам аз кор ронда ва ба ҷойи ва Сӯҳроби ҳамсинфашро меорад.
Ин Сӯҳроб барои раис «карманчик» мебошад. Вақте ки сокинони ҷамоат барои ягон намуд справка-маълумотнома мераванд, котиба менависад, аммо мӯҳр дар дасти раис аст мегӯяд, пеши раис дароед. Раис аз мазмуни справка бохабар мешавад ва вобаста ба он ба Сӯҳроб мефаҳмонад, ки чанд пул бигирад. Масалан барои замин ё манзил ва ё сохтани ягон иншоот бошад ва ё шаҳодатномаи таваллуд ва ё инки ҳамин одам дар ҳақиқат сокини ҳамин ҷамоат аст, ваё дар бораи шумораи аъзои оила. Ва, нархи ин маълумотномаҳо аз 100 сомонӣ то 1000 сомонӣ аст. Раис мегӯяд, ки «рафта як Сӯҳробро хабар гир».
Ба пеши Сӯҳроб рафтӣ ӯ аллакай « в,курсе дело» медонад. Пули «ставка»-ро мегирад ва мегӯяд, ки «рав акнун печат мезанад». раис ҳам бе ягон гапи зиёдатӣ мӯҳрро мезанад.
Дар Навгилем як корхонаи хурди истеҳсоли плитаҳои тротуар ( сангҳо барои пиёдароҳ) фаъолият мекунад. Дар ин корхона ҷиянҳо ва бародарони раис кор мекунанд. Барои онки бизнеси онҳо равнақ дошта бошад. Аҳмадхӯҷа Болтаев ба Сатторов, директори мактаби №32 амр мекунад, ки саҳнаи мактабро бо ҳамон санг навсозӣ кунад. Саҳни мактаб беш аз 1000 квадрат. Директор мегӯяд, ки бо кадом пул? Саҳна мумфарш аст, ҳамин бад нест. Аҳмадхӯҷа Болтаев мегӯяд, ки аз мардум ва аз онҳое, ки мактабро хатм кардаанд пул ҷамъ мекунед ва месозед. Ва, ба директор мефаҳмонад, ки аз ҳамаи онҳое, ки ин мактабро хонда тамом кардаанд 50 сомонӣ ва сари ҳар талаба 5 сомонӣ ҷамъ мекунед. Ҳамин тариқ муаллимҳо дарбадари хонаи мардум гашта 50 сомонӣ талаб мекуннад ва мегӯянд, ки агар надодед дар рӯихат меафтед ва ин рӯихат ба дасти раиси ҷамоат меравад ва агар минбаъд барои коре ҷамоат рафтед, коратонро буд намекунад. Ҳатто баъзе аз одамҳоро, ки пул надоданд, ба воситаи «участковий» маҷбур карда пулашонро гирифт. Дар вақти боронгариҳо боми мактаб мечакад. Ҷойи онки боми мактабро таъмир кунад, барои тиҷорати додаронаш шуда ин корро кард. Ҳамин плитаҳоро ба ин мактаб бо нархи се баробар гарон фурӯхтанд.
“Раиси ҷамоат аз ин бизнесаш «илҳом» гирифта боз ба мактабҳои №31 ва 30 ва низ литсеи№7дастур додааст, ки мактабҳояшонро «обод» кунанд. Дар вақти пандемияи коронавирус дар соли гузашта аз сари ҳар оила 10 сомонӣ ҷамъ карданд, ба ин баҳона, ки кӯчаҳоро дизенфексия мекунанд. Аммо як, ду кӯчаро як каме дору мезананду тамом. Боқии пулҳоро Аҳмадхӯҷа Болтаев дуздид.”
Дар ҷамоат ду систернаи нержавии калон дар маҳаллаи Офтобруй мавҷуд буд. Инро идораи ҷамоат аз колхози собиқи ба номи Зокирхуҷа Ҳасанов соли 2010 гирифта буд. Аҳмадхӯҷа Болтаев онро мефурӯшад. Прокуратура ин қазияро дело мекунад. Систернаи давлатиро фурӯхт, дело карданд, аммо Аҳмадхӯҷа Болтаев онро ба номи падари занаш- Абдуқодир гузаронида ба прокурор пора дода халос шуд.
“Аз маҳаллаи Қӯшдевор ҳам ба прокурор шикоят карданд, ки бачаҳои онҳоро маҷбурӣ дар зери офтоб кор мефармояд, ба баҳонаи ҳашар. Аммо Аҳмадхӯҷа Болтаев ба прокурор пулро дода ҳамаро сокит мекунад.”
Дар интиҳои деҳаи Навгилем дар паҳлуи заправка 45сотих замин буд. Он замин аз они хоҷагии Зокирхӯҷа Ҳасанов аст. дар харита онҷо маҳалли зист нишон дода нашудааст. Онро Аҳмадхӯҷа Болтаев «захват» кард, бо ин баҳона, ки корхонаи блоки семент месозаду чанд нафарро бо кор таъмин мекунад. Вай 15 сотихро санад карда аммо ҳамаи 45 сотихро аз они худ кардааст. Ба номаш дар онҷо як дастгоҳи сементблок монд. Аммо ҳозир ду бародараш дар онҷо хона сохтаву зиндагӣ доранд. 4 сотихи ин заминро ба як сокини ҷамоати Зафар бо маблағи 30.000доллар мефурушад. Дар ҷойи нисфи пул аз ин одам як мошини КИА ва як Портер мегирад. онҷо аслан ҳуҷҷат надошт. Вале Сахиюлло дар вақти раиси Кумитаи замин буданаш бар ивази 10.000доллар сертификат карда медиҳад.
Ҳоло бошад мазори Мӯйи Муборакро ҳадаф қарор додааст., кор ҳоло ҳам тибқи фикри ӯ мешавад Мазори мазкурро бояд “обод” кунад. Барои роҳраву даромадгоҳи ин мазорро аз сари ҳар хоҷагӣ 100 сомонӣ ҷамъ кард. Айнан мисли мактабҳо. Бояд плита бичинад дар роҳрави мазор. Одамҳо ҳам инҷо макони охиратамон, савобаш мерасад гуфт пул доданд. Чанд соли пеш деворҳои ин мазорро як соҳибкор аз ҳисоби худаш нав карда буд. Аммо ин соҳибкор ба раис бовар надорад ва ба корҳояш дародароӣ накард. Дар замини ин мазор дарахтони зиёди зардолу мавҷуд аст. Ин заминро мардум ба шайхҳои мазор дода буданд. Аммо андози ин заминро худи шайхҳои мазор ба давлат медоданд. Онҳо 3 нафар мебошанд. Камбағаланду калонсол. Аммо аз они яке аз онҳоро раиси ҷамоат кашида мегирад. Ин шахс мӯсафеди 80 сола Абдураззоқ ном дорад, ки 30сол ба маҳалла хизмат кардааст.
Ин одам ба нигоҳубини қабрҳо ва тозаву тамиз кардани онҳо машғул буд. Онҳо зиндагиашон аз ҳисоби ҳамин замину зардолуҳои онҷо буд. Одамҳои Аҳмадхӯҷа Болтаев бо номҳои Азиз Ҳусейнов ва Вақоси калағафс рафта он Абдураззоқ Ғаффорови мӯсафеди аз 80 сола болоро «угрожат» ва дашном мекунанд: «ба ягон ҷо жалоб кунӣ, фалон мекунем, учаскови аз они худамо, раис азони худамо» мегуянду метарсонанд. Мӯсафед аз баҳри замини чанд сол заҳмат кашда обод кардагиаш мебарояд. Ҳозир ин заминро Азиз Ҳусейнов ва Ваққоси калағафс гирифтанд. Ба ин шакл соҳиби замини обод шуданд. Чунки бузи раис Аҳмадхӯҷа Болтаев мебошанд. Азиз як дузди гузаро аст. Дарахтҳои хоҷагии Зокирхӯҷа Ҳасановро шабона бурида фурӯхт. Ба даст афтод. Вале пул доду халос хӯрд. «Участковий» миёнарав шуда ӯро аз муҷозот наҷот дод.
“Дар вақти даъвати хидмати ҳарбӣ Икром писари марҳум Эҳромуддин ҷавонеро, ки падараш вафот кардаву нигоҳубини 3 бародари мактабхонашро бар ӯҳда дошт, меқапад ва бо коммисариати ҳарбӣ мебарад. Икром мегӯяд, ки 3 додари ятими ноболиғ дорам, онҳоро кӣ мехуронад? Раис мегӯяд, ки онҳоро ба ятимхона баред ва ду коргари худашро фармон медиҳад ва онҳо кӯдакҳоро ба ятимхона месупоранд.Чунин бераҳмии раис боис мешавад, ки байни вай ва кормандони военкомат, ки масчоҳи аст баҳс сар мезанад. Коргарони военкомат мегӯянд, ки «э,раис ин кор намешад, ғайриқонунӣ, бародарони ятим дорад.вай сардори хоҷагӣ ҳисоб мешавад». Раис мегӯяд, ки мешавад. Ин ҳодиса дар шаб сурат гирифта буд. Раис мегӯяд, ки «рост ба Хуҷанд баред, усунаш кори ман».Икромро ба комиссариати ҳарбии Хучанд мебаранд. Модари вай ба прокуратура шикоят мекунад.Икромро озод мекунанд. Вай ба тарафи раис мегӯяд, ки «ту номард ҳастӣ». Раис мгӯяд, ки «ман туро фалон мекунам».Сонӣ Икром мефаҳмад, ки Аҳмадхӯҷа Болтаев ӯро ба дигар ноҳия ба1000доллар фурӯхтанӣ будаанд.”
Аҳмадхӯҷа Болтаев бо котибааш муносибати маҳрамона дорад. Рухшона духтари ҷавон аммо бева мебошад. Дар ҷои кор ҳатто ин амали баро анҷом медиҳад.Коргарони ҷамоат чанд бор дидагианд.Таҳдиду дашном мекардааст, ки ба ҳеҷ кас нагӯед, ки фалон мекунам. Ин кор дар тамоми Навгилем овоза ва оилааш низ бохабар мешавад. Аммо инҳо як даюсанд.
Агар дар ҷамоат байни одамҳо ягон хархаша ва ҷангҷол рух диҳад, раис ҳатман Алишери «участковий»-ро бохабар мекунад. Нафарони ҷангҷолкарда байни ҳам муросо карда бошанд ҳам дигар аҳамият надорад. «Ставка»-и участковий 6000 сомонӣ ва аз они раис 1000 доллар. Агар ин пулҳоро надодӣ кор «дело» ва ба суд фиристода мешавад. Алишер шоҳидҳоро худаш пайдо мекунад.
Як бародари раис ҳар вақти зиёфату нишастҳо воҳима мекардааст, ки «ман лубояша фалон мекунам, акам доляша додагӣ зелени моба»
“Як соҳибкор бо номи Назруллоҳ дар моҳи шарифи Рамазон аз рӯи холисанлиллоҳ ва аз барои савоб ба занҳои беваи ҳудуди ҷамоат мехоҳад,ки ёрии моддӣ расонад. Шумораи онҳоро муайян карда ва ба ҳар яки онҳо, як халтаӣ орд, 5 литрӣ равған,2 килои гӯшт, 5 кило биринҷ ва ҳамин тавр қанду шакару макарон. Онҳоро меорад ба ҷамоат медиҳад. Аммо Аҳмадхӯҷа Болтаев нисфи ин хайрияро мегираду ба кормандонаш мефармояд, ки ин ҳиссаи ҷудошударо ба ду бевазан диҳед. Хуллас, нисфи як мошин маҳсулоти ғизоиро рӯйи рост медуздад. Инро дигар соҳибкорон шунида худашон закоташонро тақсим мекунанд ва ҳоло дигар ба ҷамоат намедиҳанд.”
Агар мо аз ҷиноятҳои Аҳмадхӯҷа Болтаев нависем садҳо саҳифа мешавад. Чун,ки ҳар соати ҳаёташ ҷинояти ошкоро аст вале ҳеҷ кас ба ӯ кор надорад. Охир мо чихел дар ин ҳолат ва бо раёсати чунин шахси золим зиндагонӣ кунем. Аллоҳ шоҳид аст мо сокинони Ҷамоати Деҳоти Навгилем Аҳмадхӯҷа Болтаевро мебинем бо ин ҳама ҷиноятҳо ва зулму фишорҳояш диламон аз президенти кишвар мондааст. Акнун мо аз раиси Исфара ва вилоят чизе нагуем беҳтар аст. Ман ва оилаи ман то имрӯз ба Аҳмадхӯҷа Болтаев аз 14 ҳазор сомонӣ ҳамту додаем,то номҳоямон дар рӯйхати сиёҳи ӯ набошад. Ҳозир ба ҷои Аҳмадхӯҷа Болтаев Парвинаро гузоштаанд,ки аслан аз Болтаев ҳеҷ фарқияте надорад. Ҳатто бо машваратҳои ӯ ва афроде бо Болтаев кор мекарданд дақиқан ҳамон корҳоро идома дода истодааст. Охир мо ғулом нестем, мо асир нестем, ки барои зиндагонӣ карданамон бояд пул диҳем, ки моро туҳмат накунанду зиндонамон накунанд. Наход дар Навгилем фақад раиси ҷамоат бадбахтарин ашхосро гузоред,то онҳо зулм кунанд?
“Аз чилупанҷ ҳазор аҳолӣ наход як мард ё як зани бо номусу хидматгореро пайдо накунеду гузоред? Дар мавриди Парвина амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳояшро ҷамъоварӣ дорему ҳатман боз ба “Ислоҳ” мефиристем.”
Мо пеш мухолифонро аслан гуш намекардем ва хоин мешуморидем. Аммо ин зулмҳоро мебинем ва ончи шумо мегуед сад дар сад ҳама гуфтаҳоятонро дигар қабул мекунем. Дигар аслан боварҳомон нест аз ин ҳукумат ва ин мақомотҳои дуздашон. Барқастона золимтарин шахсонро раис мегузоранд,то мардумро зулм кунанд. Ҷонамон ба гулумон расидагӣ, кай ин ҳолати мо иваз мешавад? Кай мо мисли инсон дар зодгоҳамон зиндагонӣ мекунем? Чанд номаи шикоятие навиштем ҳеҷ чораҳои ҷиддӣ надиданд. Аҳмадхӯҷа Болтаев пас аз ин ҳама ҷиноят ва зулму хиёнат боз озодона мегуяд: “Ман корама карда шудам, насиб бошад мебинед дар кадом вазифаи баланду равғанӣ кор мекунам. Алакай маслиҳат шудагӣ ва пулашам гапзанон кардагӣ” Охир ба “Ислоҳ” навиштем, то ҳама мардум бубинанд ҳоли вахими мо Навгилемиҳоро.