Шаш сол мешавад, аз замоне, ки падари бузургворам дар ҳамин рӯзи оғози соли нави бостонии мо -мардуми форсинажод даъвати ҳақро лаббайк гуфт ва ҷон ба ҷонофарин супорид, имрӯз нафақат бароям шуруъи соли нави ҳиҷри шамсӣ ва як рузи муқараррӣ аст.
Агарчи ҳама рӯзҳо рӯзҳои Худост ва намешавад рӯзеро бад ва ё хуб гуфт, мисли бархе ташоум кард чун ин мухолифи эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоъат аст. Рӯзҳои хуб рӯзи ҷумъа ва даҳ рӯзи оғози моҳи зилҳиҷҷаро метавонем тибқи фармудаи шариъат унвон кунем. Дигар рӯзе бар рӯзе афзалу бартарӣ надорад, магар инки бештару зиёдтари онро ба тоату ибодат ва дуову ниёиш ва ё дар хидмати халқи Аллоҳ бигзаронида бошед.
Чархи гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нагашт,
Доиман яксон намонад ҳоли даврон ғам махур.
Ин дар хилқат ва табиати инсонӣ аст ки рӯзе бар муроди туст, чуноне мегуянд, дар кӯчаат ид асту кулча мехурӣ ва баракс рӯзе бар азияту ту ба шом хатм шудааст ва дуруст гуфтааст, ки «навмед набояд шуд», чун ҳамин аст чархи рӯзгор.
Шаби 21 марти соли 2019 дар Лаҳистон, дар мулки ғарибӣ, дар дуввумин даври ҳиҷраташ падарам чашм аз олам барбаст. Шашумин сол аст ки эҳсоси набуди ӯ дарднокам мекунад. Махсусан дар ин шабурӯзҳо, ки муштоқи машварат ва маслиҳатҳои ӯям. Чун манзилу мактабе, ки вай ва ёрони бовафояш сохтаву баланд карда буданд, ниёзи сахт ба мараммат ва бозсозӣ дорад.
Пайваста дар ҳаққаш дуъо мекунам. Кореро, ки як фарзанди солеҳ метавонад анҷом диҳад ин аст ки пас аз даргузашти волидон дар ҳаққашон дуъоҳои хайр кунад.
Падарам марде буд бо чеҳраи кушодаву ҳамвора бо лабони моил бар табассум ва ҳеҷ сухане, ки касеро озор диҳад аз ӯ сар намезад. Агар сахт аз коре хашмгин мешуд, сарашро хам мекарданд ва ё бо дастанаш пешонияшро медошт. Дар ҳол мефаҳмидем аз чизе норозӣ ва ё ғамгинанд.
Ҳеҷ гоҳ кина ва ҳасад бо касе намегирифт, дили софу бараҳм дошт.
Ман аз хурдсолӣ, ки даврони Иттиҳоди шуравӣ тай кардаам падарамро ҳамеша медидам ё менавишт ва ё мехонд ё радио гуш мекард. Навишти зебои настаълиқ дошт, дар китобхонааш дастхатҳои зиёде аз навишти худаш ҳифз мекард. Ҳеҷ рӯзномае набуд, ки обуна набошанд ва ҳар рӯз ба хона қосид-почталон рӯзномаҳоро меовард ва падарам субҳ, то рафтан ба кор ҳатман мурур мекард. Ёд дорам кадом як шумораи газета он рӯз нарасида буд, ба фикрам интизори чопи матлабе буданд, бисёр беқарор шуданд ва то кор рафтан такроран мегуфтанд, ки чаро рӯзнома нарасид? Он бегоҳ омаданд ва дар дасташон ҳамон рӯзнома буду даромаданду ба хондани он шурӯъ карданд.
Пайваста радиои Озодӣ, Садои Амрико, ББС инчунин як ду мавҷи арабӣ ва русиро гуш мекарданд. Радиоҳои хурди хориҷӣ доштанд ва якто ҳам не чандто доштем. Агар аз ахбор ҳолатҳои нохушеро аз олами ислом ва ҳодисоти ҷаҳон мешуниданд, мегиристанд. Пайваста мегуфтанд Худо моро аз ин Шуравӣ кай озод мекарда бошад? Миллати мо бояд озод шаванду мустақил бошанд. Ҳеҷ шоме набуд, ки дар хонаи мо меҳмон набошад. Меҳмонҳои доимӣ доштем. Низ онҳоеки шогирдони падарам буданд ва барои дарс гирифтан меомаданд ва сабақашонро мегирифтанду мерафтанд. Аввалҳо дар хона чандин муллобачаҳо меистоданд вале баъдҳо хонае хариданду ҳама муллобачаҳоро онҷо ҷой карда буданд ва акнун онҳо меомаданд дарс мегирифтанду мерафтанд. Меҳмонҳои доимии падарам Устод Нурӣ, Домулло Абдуллоҳи хурдӣ, Домулло Қамариддин, Махсуми Кароматуллоҳ, Эшони Сайидумрон, Домулло Айёмиддин, Мулло Азизхӯҷа Ваҳҳобов, Домулло Неъматуллоҳ Эшонзода, Махсуми Абдурозиқ, Акаи Хайриддин, Акаи Санг, Акаи Афғон, Домулло Абдуҳалими ҳамсояамон ва баъзеҳои дигар, ки дар як ҳафта ҳатман як маротиба ду маротиба меомаданду бо ҳам менишастанд.
Масорифи толибилмони вилояти Қурғонтеппаро, ки ададашон хеле зиёд буд худ мепардохтанд ва чандин хона барои таълиму тадрису омӯзиши толибилмон харида буданд. Ҷавонони зиёде аз Кулоб ва манотиқи дигари кишвар барои фаро гирифтани улуми шаръӣ ба Қурғонтеппа меомаданд, ки дар ҳалқаҳои дарсии муназзами ташкил кардашон илм фаро мегирифтанд. Инчунин ҷавонони зиёдеро омода барои дохил шудан ба Пединститут (Донишкадаи омузгорӣ) ва педучилиши (омӯзишгоҳи омӯзгорӣ) Қурғонтеппа мекарданд, то ҳамзамон бо омӯзиши улуми шаръӣ аз улуми дунявӣ низ бархурдор бошанд.
Соли 1986 аз тарафи КГБ хонаи мо кофтукоб шуд ва падарам барои омӯзиши улумӣ динӣ ва гӯш кардани радиоҳои хориҷӣ ва инчунин бо ҷурми «Антисоветский пропоганда» мазнун дониста шуданд. Ин иттиҳом бар алайҳаш иттиҳоми сиёсӣ буд. Ман диққат медодам ҳар субҳ ҳангоме радио гуш мекард номашонро дар радиои Озодӣ ва ББС мегирифтанд, ва низ чанд нафарро мешунидам, ки бо чунин ҷурм боздошт кардаанд аз Тоҷикистон.
Саволу ҷавоб ё истинтоқи бозраси КГБ аз падарам ҷолиб буд
Падарамро вақте КГБ пурсид, ки радиои хориҷӣ гуш мекунед? Гуфтанд бале.
Таълими динӣ медиҳед? Гуфтанд бале.
Ташвиқоти зидди Иттиҳоди шуравӣ кардаед? Гуфтанд, не,ман фақат мухолифи вуруди қушунҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба Афғонистонам ва набояд тоҷикписарҳои мо дар Афғонистон кушта шаванд.
Он вақт КГБ гуфт ҳама ончиро, ки дар парвандааш мехостем бошад худаш эътироф кард ва муфаттиш гуфт шумо имзо гузоред боздошт намешавед, вале то рӯзи додгоҳ аз маҳалли зистатон берун нашавед.
Падарам дар боздоштгоҳ ҳаргиз набуданд ва он шабурӯзҳо ҳама вақт дар хона буданд. Кор мерафтанд ва хона меомаданд ва аз Қурғонтеппа берун намешуданд.
Ёд дорам агар ягон бегоҳ вақте ба хонаи амакам барои аёдат мерафтем ба ман мегуфтанд «бачам ин мошине мебинӣ аз пушти мо омада истодааст КГБ ҳаст ва назорат дорад мо куҷо меравем».
Бовар кунед агар соати 12 шаб ҳам, дидаву дониста новақт карда бармегаштем ҳам он мошинро медидам аз пуштамон меомад, то хона ворид шуданамон. Ҳамеша зери таъқиб ва контрол қарор дошт.
Рӯзи додгоҳ расид ва ману модарам дар толор будем ва ҳама ончи дар саволҳоро, ки боло овардам судя пурсид ва падарам гуфтанд, бале дуруст аст. Боз акс ҳам гирифта будаанд:- «ана дар инҷо дарс гуфтаед, дар ин маҳфил суҳбат кардаед, зидди Иттиҳоди шуравӣ ва ана ин акси фриконсҳои радиоҳои хориҷие гуш мекунед. Ин акси ҷойнамоз, ки намоз хондаед» ва ба ҳамин шакл бо факт ҳамаро гуфт. Падарам ҳамаро қабул карданд. Модарам мегиристанд вале падарам механдиданд. Ман мегуфтам ҳозир зиндонаш мекунанд чаро механдад. Судя, ки Мирзоев ном доштааст, бо садои баланд гуфт: «ҳе мулло, медонӣ ҳозир ҳукмта мехонам меравӣ Сибир ҷангалда дарахт мебурӣ фаҳмидӣ?»
Падарам гуфтанд: «ин ҳама ҷурме бар алайҳам эълон кардед инҳо ҷиноят нестанд ва ҳаққи шаҳрвандии ман буд ва ман як тоҷики мусалмонам. Медонам қазияи мо ба хориҷ рафта аст ва аз мо ҳимоят мекунанд. Агар ман мурдам писаронам кори маро идома медиҳанд.» Хуб дар ёд дорам модарам сари маро ба оғуш гирифт ва бо ашк гуфт: «охир бубинед худаш дар чунин ҳолат боз мехоҳад бачаҳояш ҳам бо роҳи худаш раванд».
Чанд лаҳза пештар аз модарам пурсидам, ки чи он ҳолат ёдатон ҳаст? Гуфт бачам, падарат коре мехост кунад, касе ва чизе ӯро наметавонист боздорад.
Судя Мирзоев ва ҳайати ҳамроҳаш ба хонаи машваратӣ дохил шуданд ва пас аз чанд дақиқа хориҷ шуданд. Судя дар пушти курсӣ он тараф мерафт ин тараф меомад. Охир дар курсӣ нишасту гуфт мулло чи дуъое кардӣ? Ҳама дар таъаҷҷуб ва дар ҳайрат будем. Чи шуда бошад? Мирзоев гуфт: «ҳукми шумо ба гласность ғалтидаст, бо қарори Шурои вазирони Иттиҳоди Шуравӣ шуморо аз толор озод менамоем, вале ду сол бояд шумо аз маошатон ба фоидаи давлат супоред».
Ва ҳамин тавр аз толор падарамро ҷавоб доданд. Вале чуноне огоҳӣ доред чандин бузургони дигаре чун Устод Нурӣ ва Шамсиддини Саид маҳкум ба зиндон карданд. Қазия ва ҳукмашон як буд дар асл. Вақте пурсида будам иллаташро падарам мегуфт ман ҳама он иттиҳомоти ба ман ворид кардаро бар душ гирифтам. Мумкин аст аз ин ҷиҳат бошад.
Соли 1990 бо дигар бузургон ҷузъи аввалин қофилаи 100 нафараи ҳоҷиён буданд, ки маблағи он солаи ҳаҷ 17 ҳазор рубл буд. Вале шоҳи Саъудӣ онҳоро ба ҳайси меҳмонҳои хос қабул кард ва ба ин хотир маблағҳояшонро баргардонида дод ва падарам аз ҳаҷ омадануд он пулро дар бинои масҷид сарф намуданд, ки он масҷид то имрӯз дар кӯчаамон аст. Вале номи масҷидро пас аз репрессияи соли 2015 иваз карданд.
Пас аз ҳиҷрати аввал ва имзои Созишномаи сулҳ узви зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи Оштии Миллӣ буданд.
Пас аз он аз соли 2000, то соли 2010 ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Хатлон кор карданд. Пас аз он дар вазифаи муовини раиси академияи ҲНИТ кор кард. Соли 2015 пас аз мамнуъ эълон шудани ҲНИТ аввал дар ватан буд. Вале азияту озораш карданд, ба ҳолатҳои мушкил мувоҷеҳ шуд. Аламшозода Абдурраҳмон ҳамон Бузмакови маъруф, ки муовини ВКД ҳаст феълан шахсан падари худобиёмурзамро латту куб кард. Дучори осеби майнаи сар шуд. Дар хона ва дар бемористонҳо бистарӣ шуд. Дар бемористони Бохтар, ки табобат мегирифт вале шифо намеёфт, боз ҳам мавриди азияту озори мақомот қарор мегирифт. Мехостанд тавассути укол дар капелница ӯро ба қатл расонанд вале ба ин кор муваффақ нашуданд.
Пас аз шуруъи суҳбатҳои расонаии ман дар интернет дар соли 2016 чандин маротиба ӯ ба КДАМи Душанбе даъват ва мавриди озору азият қарор гирифт
Аммо ҳатто ишора ҳам накард ва ба ман нагуфт,ки «бачам мубориза набар ва ё бас кун ин коратро». Ҳар вақте занг мезадам танҳо мегиристанду аҳволпурсӣ мекарданду тамом. Соли 2017 моҳи сентябр дар ҳоле вориди Лаҳистон шуданд, ки ҷисму ҷони пур аз дарду доғ доштанд ва вазъи сиҳатиаш рӯ ба вахомат гароида буд. Аммо ягон бор бар дурустии роҳи худаш ва ёронаш ва пайравонаш, аз ҷумла ман шакку шубҳа накард.
Пас аз якунм соли аз ҳиҷрат ва бар асари бемории тулонӣ дар бемористон аз олам даргузашт ва дар Варшава мадфун аст.
Рӯҳаш шод бод ва ин шо Аллоҳ роҳи нотамоми эшонро мо идома медиҳем. Аз Аллоҳ таманно дорам пирӯзӣ насиби мо гардад.