Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №253

Ислоҳ нет

Баҳсҳои ахир дар мақомоти ҲНИТ дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар ҳам нороҳатиҳоро байни тарафдорону ҷонибдорон ба вуҷуд овардааст. Ин ду номаи зер, ки ба ҳамин масъала бахшида шудааст, дар ҳамин бора мегуяд. Рости гап нахостам, ки нашр шаванд, чун фикр мекунанд, ки «тарҳрезишуда» аст, аммо барои ман муҳим ҳарфи мардум ва андешаи онҳо аст.

Виҷдони худро тоза нигоҳ дорам кофист, бигзор чи гумону шубҳае дар ҳақи ман дошта бошанд:                         

                                      Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар назди бозори ҳоҷӣ Шарифи Қурғонтеппа зиндагӣ мекунам. Ҳар рӯз, баъди дарс пеши бозоракиҳо меравам. Онҷо чанд нафар ҳаст, ки бо онҳо суҳбат мекунем. Онҳо тарафдорони мухолифинанд. Аз баҳсҳои ахири бавуҷудомада дар байни шумо бисёр зиқанд. Рости гап онҳо бештар тарафдорӣ аз кору гапҳои шумо мекунанд. Барои онҳо дигар Муҳиддин Кабирӣ он қадар интересний нест. Мегӯянд, ки Кабирӣ дигар коре аз дасташ намеояд. Агар меомад дар дохил меомад.

 Аммо, рости гап, ҳолати имрӯзаи ҲНИТ онҳоро бисёр ҳам дар бунбаст қарор додааст. Баъди рафтани Шарофиддин Гадоев ба Афғонистон хелеҳо сахт умедвор буданд, ки оппозитсия кор карда истодааст. Аммо, боз ин ҷанҷолҳо камтар онҳоро ноумед кард.

Аммо, чуноне, як шиносам, ки дар як идораи қудратӣ вазифаи калон дорад гуфт, ки Раҳмонов ва одамони наздиакш аз ин ҷангҷолҳо сахт хурсанд шудаанд. Гуфтаанд, ки кореро, ки мо мехостем худашон иҷро карда истодаанд.

Барои ҳамин, шумо бо Муҳиддин Кабирӣ якҷо нишаста ҳама масъалаҳоро ҳал карда аз як гиребон сар бароваред.

Ба назари ман Муҳиддин Кабирӣ ҳоло ҳам истеъфояшро эълон карда ҷойро ба як нафари дигар диҳад, ба манфиати кор мешавад. Чунки дигар аз боварии зиёде аз ӯ надорем.  

                                             Ваҳдат

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Чандруз аст гапу хабар дар бораи Ҳизби Наҳзат рафта истодааст. Ман ҳам мехоҳам як чанд фикри худамро нависам. Як чанд баромади Муҳиддин Кабириро тамошо кардам ва гуфтаниам, ки ман ба донишу илми устод қоилам ва чизе гуфтанӣ нестам аммо маҳорати роҳбариаш мелангад.

Устод наздики 20 сол роҳбарии ҳизбро ба уҳда дошта аст. Каме монда аст, ки Раҳмоновро дарёб кунад! Ва баъди худ фарзандашро монад. Вале фарқ инҷост, ки Раҳмонов ҳукуматашро сахттар ва мустаҳкамтар карда истодаасту Кабирӣ бошад баракс заифтар ва оҷизтар. Чунин ҳизби тавонмандро ба ин дараҷа оварда расондааст. 

Чи хел дар Раёсатӣ олии ҳизб ҳама одамони хизматнишон дода бошанд (эътирофи худи Кабирӣ) вале чаро ягонтои онҳо роҳбариро ба уҳда намегиранд?

Куҷост уҳдабароӣ ва хизматнишондодагии онҳо? Наход аз 25 аъзои ҳайати Раёсати олии ҳизб якто ҳам набошад? Ин ҷо сухан аз он меравад, ки мисли Раҳмонов дар гирди худ чоплус ҷамъ кардаӣ, ё ки тарс додаӣ, ё ки хурданд, ё ин ки дар ҳақиқат ноуҳдабаро ҳастанд. Агар ҳама инҳо набошад, ин нишон медиҳад, ки роҳбарӣ ва тарбия карда натавонистед. Устод Кабирӣ, афсус. Наход, ки дар давоми наздик ба бист соли роҳбарӣ як ҷавоне барои роҳбарӣ тарбия натавонӣ кард, ба мисли устоди равоншод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки масалан тавонист худи шуморо тарбия кунадт? Бубинед, ҳоло ҳам шогирдони он шердмард ҳастанд дар зиндону сангар. Аз шумо чи? .

Ва ин хитоб ба шумо устод Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳатман шогирд тарбият кунед. Гуфти пешпои миллат «дар сармон санг на мегирем», чунки роҳи шумо зинда монад баъд аз шумо.

Устод Кабирӣ, агар дар ватан буданатон шуҷоат нишон медодед ҳадди ақал ба муқобили ҳамон Протоколи 32/20-пешпои миллат як роҳпоймоии сулҳомез мекардед, кор то ин ҷо намерасид ва Раҳмонов ин қадар мағруру мутакаббир намешуд ва ин қадар зиндониву шаҳид намедоштем!

Шумо гуфтед барои онки хуни мардуми бегуноҳ нарезад аз Ватан баромадед. 

1) Чи хунҳо, ки нарезонд Раҳмонов?

2) Мардум зиндон нашуд? 

3) Раҳмонов қудраташ зиёд нашуд? 

   Бале, ҳамааш шуд.

Боз барои Раҳмоновро аз тахт ғалтондан,чи қадар шаҳиду зиндонӣ хоҳем дод, ҷаноби Кабирӣ? 

Ва ҳоло ҳам маълум нест, ки чи кор мекунию чи ин миллати почакандаро чи сарнавишт ва рӯзҳои талхтаре интизор аст?

Устод натавонистӣ роҳбариро! Ман ин суханҳоямро дар номаи № 235 низ навишта будам. 

Бубинед гап дар куҷо? Барои миллати почасухтаи тоҷик лидери шуҷоъ даркор на олиму академику доктору профессор. Чунки бо Раҳмонов бо забони илму адаб не балки бо забони қувва бояд сухан гуфт. 

Худаш гуфта буд, ки «БО ХУН ОМАДАМ, БО ХУН МЕРАВАМ». Вай дар гапаш меистад, чунки намехоҳад ин ҷои гарму нармро аз даст диҳад. Мо дида истодаем ва худатон ҳам фаҳмидаед, ки як роҳбари ҳизб, ки ин қадар даромаду шаҳомат надорад, рафтанӣ нест, аз куҷо ва бо чи сабаб Раҳмонов тахтро раҳо кунад?! 

Вақте мегуед ҳизб барои халқ ҳаст, пас зарур аст ки ақалан ҳар семоҳа бо мардум пахши мустақим ташкил карда ҳисобот диҳеду саволу ҷавоб кунед. Агар ҳизб шахсӣ шуда бошад, мардонавор гуед, ки ин ҳизб аз они худам ҳаст, дигар мардум аз шумо чизе намепурсанду талаб намекунанд роҳи осонаш ҳамин. 

Ҳол бар мо айни замон ва фурсати муносиб аст ки инқилоб кунем. Чунки Русия бо корҳои худ, Хитой бо корҳои худ машғуланд. Фурсатро аз даст додан даркор нест, бародарон.

Ва хитоб ба қувваҳои қудратии режими Раҳмонов! Бо мардум бошед, то ки номатон дар таърихи ин миллат бо ҳарфҳои зарин навишта шавад.

  Раҳмонов меравад,миллат мемонад, фаромуш накунед. Ҳақ биёяд, ботил нобуд мегардад.

                                      Душанбе 

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос ин номаи моро ҳарчи зудтар нашр кунед. Чунки замину осмонро ба сари мо гардон карда истодаанд. Ин номаро мо аз кучаи Қазоқон1-и Душанбе навишта истодаем. Шикояти мо аз як домсози золим ва беинсофу ноҷавонмард аст. Номи ин домсоз Зиёдулло ва ширкаташ ҶДММ «Симои нав» аст. Ин домсоз мардумро девона кардааст. Ҳамаи соҳибмулкҳо, соҳибони хонаҳоро ба суд додааст.

Ин ноҷавонмард мехоҳад нисфи манзили соҳибмулкҳоро бидуни ягон хел муомила ва пардохти ҷуброн, яъне тамоман бепул бигирад. Вай пеш аз хезонидани мардум аз манзилҳояшон бинои суди ноҳияи Синоро таъмир кард. То инки барои вай кришават кунад. Аз ин куча соҳибони14 хонаро ба суд додааст. Хулоса судяҳоро харидагӣ будаст.

Дар аввал бо чанде аз соҳибони хонаҳо шартнома кард, вале аз лафзу шарташ гашт. Ба Худо лафзу қавли мардӣ надорад. Дигар домсозҳо ба соҳибони манзилҳо, ки мехезонанд аз се ҳазор сомонӣ кам намедиҳанд. Ин нафар бошад мегуяд, ки 1500 то 2000 медиҳаду тамом. Аммо бо ин маблағ хонаи иҷора пайдо карда намешавад.

 Хоҳиши мо аз ҳукумати шаҳр ин аст ки пеши роҳи ин золимро гиранд. Ба Худо қасам вай мардумро фиреб карда истодааст. Бигзор, амнияту милисаву прокуратура хуб мунсифонаю одилона бисанҷанд, ки вай тибқи қонун кор карда истодааст ё чи хеле худаш хоҳад ҳамон тавр? Бигзор вай ҳақи мардумро диҳад, аз рӯйи қонун ва супориши раиси шаҳр.

                                       Турсунзода
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Турсунзода ҳастам. Дар бораи дуздиву мошенникии падару писар Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод мегӯям. Ончики шумо дар барнома «Номаҳо аз ноҳияҳо»№169 дар ин бора навишта будед 10 фоиз рост ва ҳақиқат аст. Касе навиштааст аз 100% танҳо 10ашро навиштааст. Мақсадам,ки бояд пурратар менавишт.
Ман собиқ корманди горсвети Турсунзода мебошам -контролёр. Аввал корро дар маҳаллаи Зарнисор  шуруъ кардам. Яъне дар маҳаллаи ҳамин Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод.

Ман хона ба хона мегаштаму пули барқ ҷамъ мекардам. Рӯзе хонаи ҳамин Чупонов Зариф даромадам ва счетчик-ҳисобкунакро, ки 473 сомонӣ кор кардааст. Дар хона келинҳо буданд. Ман гуфтам пули светро кӣ медиҳад? Келинҳо гуфтанд, ки дар хона ҳеҷ кас нест. Ман гуфтам пагоҳ мебиёям ва рафтам. Баъд аз се  рӯз омадам, ки ҳамин Чупонов Зариф дар хона буд. Гуфтам «духтурбова пули сивет ба омадам, майли гуфт ва гуфт чанд сум шудааст? Счетчикро мебинам 28 сомонӣ кор кардаст». Ман гуфтам «духтурбова чи хелӣ шуд? Ман 3 рӯз пеш омадам 473 буд, чи хелӣ имрӯз 28 сомонӣ шудааст?» Гуфт, ки намедонам, хато кардӣ гуфт. Ман гуфтам, не хато нашудааст, дар кассовий аппарат гузаронидам, сабт шудагӣ. Гуфт, ки не, мо свет кам истифода мебарем. Ва хандиду як движокро нишон дод ва гуфт, ки мо движок истифода мебарем. 28 сомонӣ доду маро пеш кард. Ман худ ба худ гуфтам «ино чо кадан ихели шуд»?


Он вақт навшогирд будам, намедонистам. Ман солҳои 2017 то 2022 кор кардам, баъд ҳиллаи инҳоро дар наздиктарин фурсат фаҳмидам, чи хели пул кор карданро фаҳмидам. Дар чандин маҳаллаҳо кор кардам -контролёрчик. Яъне пулчинак. Масалан счетчик 200 сомонӣ кор карда бошад соҳиби хонаро гапзанон мекардам: 100 сомонӣ ба чек медодам, 50 сомонӣ ҳақи ман буд 50 сомонӣ соҳиби хона фоида медид. Яъне аз соҳиби хона 200 неву 150 сомонӣ мегирифтам.

 Дар ҳар маҳалла150 то 200 хона мо ҳамин тавр мекунем ва ин хонаҳо клиентҳои моанд ва барои мо маълуманд.

  Пешакӣ ман мегуям, ки сад кор кунед ҳам ин ҳилларо ёфта наметавонед ва худатонро заҳмат надиҳед.
Бародар Муҳаммадиқбол, шумо медонед, ки ин бешарафҳо раисии горсвета бар ивази пули калон меоранд ва мо пулчинакҳоро бо пул ба кор мегиранд. Аз ман 4000 $ гирифтанд. Дар ҳоле, ки ман панҷ сол бо пул, яъне хароҷот кардаму хондам, чаро боз бо пул ба кор дароям? Пас, бародар ман чи гуна бо дасту дили гарм ва ҳалол кор кунам? Маоши медодагии ин ҳукумати Пешво дар роҳкиро намерасад, худ фикр кун бародар Муҳаммадиқбол. Бояд чи кор кунем?

 Ман аз сидқи дил ба пешвои миллат хитоб мекунам (ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун дӯст)

Эй, пешво медонӣ аз як ман ҳукуматӣ таъсис додаӣ. Груби ҳисоб кунем аз давраи донишгоҳ то рӯзи кор даромадан 20ҳазор $ харҷ кардам. Ман донишгоҳро ғоибона, мисли худат, аз истеҳсолот, аз кор канда ношуда хонда будам. Хулоса, ҳамин ки 20 ҳазор $ ба роҳи фасод гирифтанд, чи хеле, ки ту пешво ва асосгузору таъсисдиҳандаӣ фасодӣ, ман ҳам омухтам 20 ҳазор додам 350 ҳазор $ фоидаи соф кор кардам. Ғайр аз пули мошин, ғайр аз пули ду сотихӣ замин, ҳамагӣ 16 сотик замини обӣ. Ин хел гирем ман ба давлати Тоҷикистон чанд миллион зарар овардам.

Ба назари ман чунин метобад ва асли кор ҳам ҳамин тавр аст, чунин ҳолат ба пешвои мо маъқул аст. Мо ҷавонон пайрави пешвои милат ҳастем. Ба дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ ман соҳиби 2 мошин, дуто 8 сотик замини обӣ, боз тоза 350 ҳазор доллар кор кардам. Раҳмат пешво. Дузд дуздро дӯст медорад ва дуо мекунад. Чуноне мебинем роҳӣ дузди мушкил не, сода аст. Пул бошад, шуд. Як медиҳӣ, 100 фоида мебинӣ
Хуб, аз аввали мавзуъ гап занам. Чи хеле, ки аз аввал гуфта будам дар бораи доктор Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод гап дорам.

 Чупонов Зариф ва Чупонов Фарҳод соли 2017 то 2019 ба сохтмони клиникаи шахсии худашон машғул шуданд. Маълум аст ки дар сохтумон қувваи барқ бисёр сарф мешавад. Чупонов Фарҳод дар горсвет бо як шахсе,  ки ба таъмиру пломба кардани счетчикҳо сарукор дошт,шинос буд. Счетчикҳоро канда пеши вай мебурд ва вай ҳисоби онҳоро нол мекард. Счетчик чандин ҳазор сомонӣ кор мекард, инҳо онро нол мекарданд. 100 сомонӣ он усторо медод усто ҳазорҳоро нол мекард.

Чи хеле дар аввали гапам гуфта будам, он вақт нав ба кор даромада аз ин ҳиллаҳо чизе намефаҳмидам. Хонаи Фарҳод Чупонов рафта счетчикашро дида будам, ки 473 сомонӣ кор кардааст, аммо вай онро то 28 сомонӣ поин кард. Яъне 445 сомонӣ ба давлат зарар овард. Ин қатрае аз баҳри дуздиҳо ва ғоратҳое сурат мегиранд. Бубинед, ки ин чанд баробар кам кард ва пули давлатро дуздид. Аммо ба мисли вай дар ҳама ҷо ҳастанд.

 Ин устои счетчик як марди пир буд, миллаташ узбек, тоқии фарғонагӣ мепушид, коргари куҳнаи горсвет буд. Айни ҳол кор намекунад, фаҳмидам вафот кардааст.  
Аммо Чупонов Фарҳод то ҳануз ин корро мекунад. Дар пушти бинои клиника як движок мондагӣ аст. Гуё бисёр вақт движок истифода мебурда бошад. Ин движок барои ҳиллаи Чупонов Фарҳодро пушонидан аст. Сахт ҳиллагар аст, аз пеши ин Фарҳод фирор мекунад.
Ин падару писар Чупонов Зариф ва Фарҳод духтури ҷарроҳанд. Масалан геморройро ҷарроҳӣ мекунанд. Аммо дар вақти оператсия беморро видео мекунад ба мардум нишон медиҳад, занҳои мардумро видео карда нишон медиҳад. Магар намешавад, ки барои чунин бемории занҳо духтари зан бошад?

Баъзан вақти таваллуди занҳо разрив мешавад. Инҳо ҷарроҳи пластикӣ мекунанд. Бо зани як нафар, ки мешиносамаш пеш аз ҷарроҳи ҳамхоба мешавад ва боз баъди 12 рӯзи оператсия боз ҳам ҳамхоба мешавад. Хулоса, бисёр инсони номарди беномус аст.

 Хулоса, ман мавридҳои дуздии пули свети Фарҳодро чанд бор ба даст афтонда доказат кардам ва аз вай чанд бор пул гирифтам.
Боз дар бораи як нафар қассоб гуфтаниам. Ин ҳам «пири кор» аст. Номи ин қассоб Илҳом, аз Аҳорун. Назди мактаби 34 дукони гушт дорад. Ҳамроҳ бо як ҳамкорам рафтам пеши ин қассоб ва счетчикашро нол кардем. Нол кардему чорсад сомониашро гирифтем ва ба хонаш рафтем гуштбирён кард. Спайс-маводи мухаддир овард. Ҳамкори ман кашид, қариб, шимашро ҷазир мекард. Чунон гиря кард, ки тарсидам. Худи Илҳом накашид, намекашидааст, аммо мефурушад, номаш спайс, чени нахуд сиёҳ. Ин Илҳом ҳам пастаяни пули светро пурра намедиҳад. Диҳад ҳам 100 ба 10 медиҳад.  
Хулоса, баъди ин ман корро дар горсвети Турсунзода бас карда ба тиҷорат машғул шудам. Ба қарибӣ Ҳисор ё ки Шаҳринав ба кор медароям. Горсвет агар нашуд ГАИ кор медароям. 5000 $ бояд диҳам, яъне ба роҳи фасод.

Дар охир ба Чупонов Фарҳод ва Илҳоми қассоб гуфтаниам, ки пули барқро супоред, ҳиллагарӣ бас.

 Фарҳод видео кардани занҳои мардумро бо Эркини бародарат бас кун аз Аллоҳ шарм дор агар аз мардум шарм накуни ҳам.

Эй мардуми Турсунзода! 1000 проблема доред чаро хапу хомушед? Чаро наменависед?  Нависед, то Пешво сари роҳи ин ҷинояткорҳоро бигирад. Натарсед, нависед. Ислоҳ дар хидмати мо ва шумо қарор дорад, фурсат доред!

                                           Нуробод

Салом бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман сокини ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод мебошам. Ман як нома фиристода будам, ки чоп нашуд. Боз номаи нав мефиристам.

Дар бораи раиси ҷамоати Ҳакимӣ Муминшо Табаров мегуям. Ин раиси ҷамоати Ҳакимӣ ҳамроҳи коргаронаш мардумро беҳад зулм карда истодааст.

 Мардуми ҷамоат дод мегуянд, аммо ҳеҷ кас ба додашон намерасад. Бузҳои вай-хабаркашҳояш дар ҷамоат Дилмурод, Саҳробек, Ҷумъабой ва Давлатманд ҳастанд. Муминшо ҳар куҷое мешинад,мегуяд, ки ман ин чор нафарро ранги занам истифода бурда истодаам. Агар падару модари ин бадбахти Муминшоро соҳиби маърака, туйдор даъват накунад, бидон, ки туйдор ҳатман аз тарафи танзим ҷарима карда мешавад. Ва дарҳол сару калаи Ҷумъабойи бузаш пайдо мешавад. Агар Ҷумъабой ҳал карда натавонад дарҳол аз ноҳия меояд ва ҷарима мекунад он камбағалро. Аммо ҳама медонад, ки ин корҳо ҳамааш кори Табаров Муминшои беимон аст.

Дар ҷамоати Ҳакимӣ барои таъмири роҳ трактор хариданд. Аммо ин Муминшо Табаров онро ба Файзобод фурӯхт.

Тибқи қарори ҳукумат ба сокинони деҳаҳое,  ки оби обанбори Роғун мемонанд аз дигар ҷо замин ҷудо карданд. Яъне барои деҳаҳои зериобшавандаи Роғун. Бовар кунед,  бародар Муҳаммадиқбол ба тамоми авлоду аҷдодаш аз ин ҳисоб замин дод. Боз чандин замини дигарро ба номи дигар нафарҳо гирифту фурӯхт. Акнун аз ин ҳисоб дар Душанбе замин харида коттеҷ сохтааст. Дар деҳаи Сияҳгулакяк кампири камбағалро беҳад азият кард. Бо дуои

  пирамардони ҷамоат ҳарчи аз вазифа дафъаш карданд. Ҳозир дар ҷояш Саҳробек омадааст. Дар куҷое мешинад ин Табаров Муминшои мегуяд, ки «хуб хурдум гаштум аку роҳат мекнум сумои ҷамкардагима. Аз заминои ба номи ҳар кас кардагӣ да ноҳияи Нуробод фурӯхта роҳат мекунм».

Боз дар куҷое мешинад Саҳробек мегуяд: «ин раиси нав шидагӣ, ира ман худам мондагишм, рӯзе мешава, ки бо дафш мекнум».

   Бародар, ин беимонҳо хело ҳам мардуми ҷамоати Ҳакимиро зулм карда истодаанд. Ин шо Аллоҳ боз дар бораи ин раиси наваш ҳам маълумотҳо дорем, ки бароятон навишта мефиристем.

Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ман бо падару модарам барномаҳои шуморо тамошо мекунем.

Share This Article