Дар ин нашри барнома чаҳор номаи дар навбат истодаро аз Ашт, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Кулоб ҷой додем. Ин бор низ номанигорон, муаллифони ҷамъиятии мо аз мушкилоти маҳалли иқомати худ барои мову шумо маълумотҳои ҷолиберо ироа кардаанд. Дар номаҳои аз Ашт ва Рӯдакӣ омада муаллифон аз он гуфтаанд, ки бо нашри маълумоту далелҳо дар «Ислоҳ» масъулони ин навоҳӣ даст ба кор шуда аз пайи рафъи навоқис ва камбудиҳо шудаанд. Барои мисол нависандаҳои нома аз Рӯдакӣ мегуянд, ки ба маҳзи нашри паёпайи маълумотҳо аз ин ноҳия айни ҳол як гурӯҳи бозрасон аз Оҷонсии зидди коррупсия ба тафтишу таҳқиқи фаъолияти раиси ин ноҳия шурӯъ кардаанд.
Хуб, беҳтар аст ки номаҳоро беш аз ин тавзеҳ надиҳем ва қазоватро ба худи шумо вогузор намоем:
Рудакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳияи Рӯдакӣ барои шумо менависам. Саҳеҳтараш аз натиҷаи кори Ислоҳ. Шумо дар чандин барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и пай дар пай дар бораи порахӯрии Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи мо ва сармеъмори ноҳия, ки ҳоло дар боздоштгоҳ аст навишта будед. Ахиран мақомот рӯ ба ноҳияи мо овард. Лекин, ба назар мерасад, инҳо уже харида шуданд.
Айни ҳол 10 нафар коргари Агентии зидди коррупция омадагианд ва 3 сола корҳо, ҳисоботи ноҳия ва асноду ҳуҷҷатҳои маблағҳои уҳдадориро бардошта тафтиш карда истодаанд. Бинобар гуфтаи баъзе аз нафарони огоҳ «одамҳои даруни ҳукумат через карда истодаанд то масъалаашон вазнин нашавад».
Баъди ба даст афтодани сармеъмори ноҳия ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ дар санаи 15 уми сентябр гурӯҳи корӣ беш аз 10 нафар аз Агентии зидди фасод омада фаъолияти ҳукумати ноҳияро тафтиш карда истодаанд. Яке аз масъалаҳое, ки ин гурӯҳи корӣ дар истеҳсолоти тафтишоти худ қабул кардааст кори худи раиси ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор ва махсусан он қисмати кори вай, ки бо кадом роҳу восита қарору иҷозати биноҳои баландошёнаро додааст ва низ пулҳои ба ободонии ноҳия гузаронидашударо ба кадом роҳу восита ғорат кардааст, мебошад.
Ростӣ гурӯҳи корие, ки аз Агентии коррупция омада буданд 3 рӯзи аввал хело ҷиддӣ муносибат карда буданд. Баъд ба як муомила омаданд
Мисол, ширкатҳое, ки ба худи раиси ноҳия тааллуқ дорад барои гирифтани қарор барои сохтмони баландошёна маблағҳои ночиз додаанд ва баъзеи онҳо ҳатто як сомонӣ ҳам насупоридаанд. Аммо баъзе нафарон бо миёнравии сармеъморе, ки айни ҳол дар СИЗО аст маблағҳои ҳангуфт додаанд ва ба замми ин аз онҳо то 250-300 квадрат мағоза (торговий плошад) ҳам гирифтагӣ аст.
Хитоби мо ба Сулаймон Султонзода
Ин гурӯҳи кориеро, ки дар ҳукумати ноҳияи Рудакӣ айни ҳол нишастагӣ аст, хоҳиш мекунем иваз кунед, дигаронро фиристед.
Мо дар даст хело факту далелҳоеро дорему медонем,ки дар сурати нашр ва пахш шудан боиси паст ва беобру шудани Агентии зидди коррупция мешавад. Барои ҳамин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки як гурӯҳи нави ба коррупсия ва фасод оғушта набударо ташкил кунед, то ки омада содиқона ва софдилона ва бо як ҳисси баланди ватандустӣ маблағҳои ғоратшудаи ин ноҳияро аниқ ва дақиқ кунад. Масалан кадом соҳибкор бо чи роҳу восита ҳуҷҷатгузорӣ кард ё карда истодааст.
Бародар Муҳаммадиқбол, шумо дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№274» гуфта гузаштед, ки ба даст афтодани сармеъмори ноҳия кори дасти Ҳикматуллозода Абдуғаффор мебошад. Дар ҳақиқат дуруст аст. Ҳоло Ҳикматуллозода қасд дорад, ки ҳамаи ҷиноятҳои порхӯриро ба каллаи сармеъмор занад. Чунки пеш аз ҳодисаи ба даст афтодани сармеъмори ноҳия, яъне 2 моҳ муқаддам Ҳикматуллозода Абдуғаффор ба Дастгоҳи иҷроияи Президент даъват мешавад ва дар онҷо танбеҳи ҷиддӣ мегирад, ки «ба соҳибкорон зулми зиёде карда истодаӣ, хабарҳо расида истодаст,ки маблағҳои ҳангуфт мегирӣ». Баъди гузаштани 2 моҳ бо як барномаи сохта сармеъмори ноҳияро подстава мекунад. Ҳозир ин гурӯҳ талош карда истодааст, ки ба ҷомеъа бифаҳмонад, ки раиси ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор ба ин корҳо машғул нест, ба ин корҳо зердастонаш машғуланд ва Ҳикматуллозода аз ин қазияҳо тамоман ноогоҳ аст.
Аммо ин тамоман ғайримумкин аст. Тамоми корҳоро, яъне қарорҳову иҷозатномаҳоро худи Ҳикматуллозода имзо мекард ва мекунад ва бидуни гирифтани доляи калони ҳангуфт тамоман имзо намекард.
Мо дар барномаҳои оянда ҳам аз натиҷаи кори тафтишотро ҳатман менависем..
Ашт
Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Барои масъулияти раисии ҳаракати Ислоҳотхонро бар уҳда гирифтан шуморо табрик менамоям ва мо мардуми Понғоз дар ҳақи шумо доим дар дуъо мебошем.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» шумораҳои 270 ва 277-ро дидам ва хеле хурсанд шудам, ки мардуми мо камкам бошад ҳам аллакай фаҳмида истодаанд, ки ин пешоби милат душмани мардум ҳаст.
Чи хеле дар барномаи Номаҳои шумораи 277 гуфтед ҳамааш рост аст. Аммо инҷо ман мехоҳам каме ба он илова намоям.
Худованд, гуноҳи маро бубахшад, ки ман барои гирифтани ахбор бо ин даюсон камтар шиштам ва ҳама хабарҳоро гирифтам.
Дар Понғоз ягон нафар ба вазифаи танзим ба кор наистод ва маҷбур ин бесаводро оварданд.
Инак бародар Муҳаммадиқбол ман дар бораи танзими Понғоз менависам. Ончики менависам ҳамааш рост аст, чунки ин гапҳоро аз худи ҷураҳояш шунидам. Танзими Понғоз Дадоматов Иноят Исомидинович, соли тавалудаш 1973 зодаи Понғоз мебошад.
Ин Иноят мактабро бо баҳои 2 ва 3 мехонд. Чанд бор буд, ки қариб аз синфаш монад. Лекин даври шуравӣ буд маҷбур ба дигар синф мегузаронданд. Базур мактабро хатм кард. Хизмати ҳарбӣ рафтагӣ не. Пештар Русия мерафт. Кораш копат ламат буд, ягон корро наметавонад. Дар Русия дар шаҳри Перм бо додару акоҳояш базур кор карда меомад. Баъди аз Русия депорт шуданаш дар маркази Понғоз як ошхонаро бо аренда гирифту корро сар кард. Лекин дере нагузашта банкрот шуду ошхонаро партофт. Аз маркази Понғоз 100 метр болотар боғи тағояш дар лаби роҳ аст, ки дар онҷо як ҳуҷрача пушидагӣ мебошад. Дар онҷо ба пирожки фурӯши ва арақу вино фурӯшӣ сар кард. Як сол кор накарда он корро ҳам бас кард, чунки боз банкрот шуд. Дид, ки ягон кас ба танзим ба кор наистодааст, ин Иноят ба кор даромад. Ин як чоплуси тайёр аст. Касе Қуръонхонон ё ҷашни зодрӯз доир кунад рафта ҳатман ба амният мефурӯшад ва аз он ҷабрдида пул мепурсад- 2500 ё 3000 сомонӣ те ман халос мекунам гуфта мардумро аҳмақ мекунад. Агар пул надодӣ, ҳатман мефурӯшад.
Ин Дадоматов Иноят Исомидинович як чоплуси калони Понғоз аст. Вай медонад, ки кай ва киро фурӯхт, пул надод ва амният омада онро 7500 сомонӣ ҷарима кард.
Ҳар рӯз аз пулҳои ҳароми ҷамъ кардааш ош харида ё дар хонааш ош пухта ба амният ҳамчун ришват мебарад.
Мардуми бо имони Понғоз барои ҳамин ба кор дар танзим намеистанд. Ин чоплус истодан мегирад, диплом ҳам надорад. Мардуми бофаҳми Понғоз аз ин чоплус мегурезанд.
Бародар Муҳаммадиқбол ин ҳама маълумотҳоро ман аз ҷураҳои наздики худаш шунидам. Бо ин ҷураҳояш арақхурӣ мекунад. Баъди арақ хӯрдан маст шаванд, ҳама гап аз онҳо шунида мешавад.
Акнун дар бораи ҷонишини раиси ҷамоати Понғоз Бегматова Назира, ки соли таваллудаш 1975 асту шавҳар надорад вале як фарзанд дорад, гуфтаниам.
Ин ҳам як чоплуси калон
Барномаи Далери Имомалӣ, рӯзноманигори зиндонӣ (мо Ашт равон шудем)- ро бинед, худи талабаҳо мегӯянд ҳақиқатро, ки мо бо навбат ба мактаб ҳезум мебиёрем. Аммо ин чоплусзан дар назди Далери Имомалӣ дурӯғ мегӯяд гапи талабаҳоро. Дар ҳамон барномаи масҷиди пушидаи шайх домулло Абдураҳими понғозиро ин чоплусзан давлат пушид мегӯяд, ҳол он ки давлат аз домуллои худораҳматӣ фақат пул мегирифт.
Шайх домулло Абдураҳими понғозӣ (қаландарвор) 10 сол дар Маккаи Арабистон гашта пул ҷамъовари карда оварда бо маблағи зиёда аз 1 млн доллар ин масҷидро сохтанд.
Бародар Муҳаммадиқбол, ман мушоҳида намудам,ки баъди нашри барномаҳои шумо ҳатман дигаргуниҳо мешавад.
Чи хеле дар бораи Айюби бачахурак гуфта будед, дар ниҳоят дар пушташ як шата зада аз кор ронданд. Ин натиҷаи барномаҳои Ислоҳ буд.
Дар бораи директори порахӯри мактаби Маъдан Зоиршоҳ гуфта будед, ки баъди баромади шумо ӯро ҳам аз вазифа барканор карданд.
Ин навбат чораи ин милиса -учасковийро бояд ҳатман бубинанд.
Ислоҳ ва ислоҳотхон фақат ба пеш.
Ман мардикорӣ кунам ҳам зурам мерасад то ҳазор сомонӣ бо шумо кумак кунам.
Дар масъалаи домуллои масҷид Сулаймон гуфтаниям, ки ҳақиқатан бесавод аст. Лекин вай одам қаровули масҷид, илмаш кам. Аммо агар вай дар намоз пеш нагузарад дигар одам нест. Ҳастанд домуллоҳои бақувват, қориҳои қуръон. Ҷавонҳои босавод хеле бисёр. Лекин ин амният онҳоро бурда кунҷи зиндон мекунад. Аз ҳамин сабаб ҷавонҳои қорӣ, муллоҳои бақувват пеш намегузаранд. Ин Сулаймон боғбони масҷид ба хотири шайх домулло Абдураҳими понғозӣ маҷбур пеш мегузаранд, вагарна намози ҷумъа намешавад.
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман барои заҳматҳои шабонарӯзии шумо, ки баҳри миллату мардуми ҷабрдида ва азияткашида, ки зери зулми як қисм аз мақомдорону золимон қарор доранд ва ҷое барои арзу шикоят надоранду ру ба шумо овардаанд то арзи худро ба шумо расонанд ва шумо дарди дили онҳоро ба мақомдорону мардум мерасонед, заҳмат мекашед, ҳақиқатро дунболагирӣ мекунед, бароят сипоси фаровон арз мекунам.
Заҳматҳои шумо заҳматҳои пурарзишу таърихист. Фардо ҳар як рӯзи ин дар таърих сабт мешавад ва оянда фарзандони ин миллат мехонанду бар муборизаи кардаи шумо ифтихор мекунанд. Худо аз шумо розӣ бошаду шуморо ҳифз кунад.
Ман сокини шаҳри Ваҳдат ҳастам. Ман ба шумо 3 нома ирсол кардам, ки ҳамаашро дар шумораҳои 245-261-273и «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кардед. Дар ин номаҳо сухан дар бораи Олими истанса — Шералиев Олим мерафт.
Мо дар шумораи 245 ҷиноятҳои Олимро ошкор кардем ва баъдан дар шумораи 261 дар ин ҷиноят киҳо даст дорандро низ ошкор кардем ва дар шумораи 273 мо аз забони ҷабрдидагон маълумотҳоро ироа намудем.
Ҳамчунин аз онки Олим Шералиев ба қонун ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии Тоҷикистон эҳтиром нагузошта онҳоро зери пой кард ва ҳатто болои ҳуҷҷати авфи президент ҳам хиёнат кард, гуфтему навиштем.
Ҳар як ҷиноятҳои анҷомдодаи Олим Шералиевро бо далелҳо навиштем ва ба мақомотҳои дахлдор ва мардум расонидем. Ин дафъа низ боз як қисм аз ҷиноятҳои навошкоркардаамро ба мақомот ва мардум мехоҳам бирасонам.
Шералиев Олим дар асл кист ва чи хел ба ин мартабаи боло расидааст ва чи хел соҳиби молу мулки зиёд гаштааст ва дар пушти вай кист, кӣ ӯро ҳимоят мекунад?
Шералиев Олим, узбекзабон, соҳиби чор зан ва якчанд фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Брунов мебошад. Ҳозир ба тиҷорат машғул аст ва соҳиби зиёда аз 10 мағозаву корхона мебошад. Ва вай ҳамчун директори генералӣ болои тамоми корхонаву мағозаҳояш назорат мекунад ва беш аз 50 нафар дар зери дасти вай кор мекунанд. Аз ин коргарҳо ягон 10 нафар қонунӣ ва 40 нафари дигарашон нелегалний беҳуҷҷат, барои кисаи Олим кор мекунанд. Шералиев Олим дар аввал дар бозор фақат як биринҷфурӯш буд ва баъдан ба маводи мухаддир даст мезанад ва пули бисёр кор мекунад ва баъдан мағозаи хурокворӣ бо ҳамроҳии бародаронаш мекушояд. Вале аз мағоза фоидаи калоне ба даст оварда наметавонад ва барои пули зиёд кор кардан роҳи дигареро пеша мекунад. Вай борҳои просрочениро арзонтар кофта ёфта ба савдо мемонад ва фоидаи калоне ба даст меорад ва бо ин тарз корашро давом медиҳад. Вале дар давоми кораш рӯзе як шахс аз продуктаи просрочений отравит мешавад ва қариб мемурад. Олимро ба милиса медиҳад. Олимро ба отдели шаҳри Ваҳдат оварда ончунон мезананд, ки аз ҷояш хеста наметавонад, тамоми сару рӯяш сиёҳу кабуд мекунанд.
Олим Шералиев пули калон дода худро халос мекунаду мебарояд. Баъди ин вай ба худ хулоса мебарорад, ки бо началник милисаи Ваҳдат шинос шавад, то вай кришаваташ кунад. Баъди чандин талошҳо муваффақ мешавад. Ва баъди ин боз ба фурӯхтани борҳои просрочний-борҳои муҳлати истифодаашон гузашта идома дода фирмаи худро мекушояд. Ва минбаъд усули дигарро ба роҳ мемонад. Борҳои просроченийро на худ мефурушад, балки сроки нав зада дар тамоми магазинҳо тақсим мекунад ва ин корро нотарсона мекунад. Зеро акнун кришааш ҳимояташ мекард ва доляи началникро медод ва началник ҳам аз Олим манфиати зиёд ба даст меовард. Барои мисол дар туи ин началники милиса Олим як мошин хурду хурок -қанду қанфету тамоми хуроквориро бурда буд ва началник ба у воля дода буд.
Баъди иваз шудани началник Олим Шералиев ба началники нав шинос шуда боз ба вай доля дода корашро мисли пешин давом медод. Ва Олим акнун бо ҳамроҳи началник милисаи Ваҳдат тамоми ҷиноятҳоро анҷом медоданд.
Дар соли 2018 нақшаи тасарруфи мағозаро аз муйсафед Олим Шералиев бо началники милитсияи Ваҳдат тарҳрезӣ мекунанд. Началник милитсияи Ваҳдат ду корманди худашро яке бо рутбаи майор дигаре бо старший лейтенант фармон медиҳад, ки бо ҳамроҳи Олим Шералиев рафта бо чи роҳе набошад муйсафедро бо ҳамроҳи фарзандаш зери фишору таҳдид қарор дода ҳуҷҷатҳои магазинро аз дасти онҳо мегиред. Ва Олим бо ин ду корманди омада дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯзи равшан даромада дар магазин фарзандони муйсафедро зери лату кубу таҳдид қарор медиҳанд ва писари муйсафедро маҷбураш мекунанд, ки магазинро мефурӯшӣ ва маҷбураш мекунанд, ки чи хеле онҳо мехоҳанд ҳамон хел нависаду имзо монад ва чунин мекунанд.
Сипас ҳуҷҷатҳои магазинро аз дасташон гирифта мебаранд ва баъди як ҳафта ҳуҷҷатҳоро подделка карда дар номи худ мекунанд ва омада инҳоро маҷбуран боз ба воситаи ҳамон милисаҳо аз магазин берун мекунанд ва худашон корро сар мекунанд. Вақте муйсафеди падарашон ин корро мефаҳмад ба магазин меояд. Дар магазин Шералиев Илҳом ва язнаашон ва Ардашер истодаанд. Муйсафед мегуяд, ки ҳаромхурҳо, дуздҳо аз магазини ман бароед. Дар ин ҳолат онҳо муйсафедро таи лату куб қарор дода шата зада аз дари магазин берунаш мекунанд. Мусафед баъди берун баромадан сарашро меқападу дар ҷояш мешинад ва ҳолаш бад мешавад ва мардум ҷамъ шуда ӯро ба бемористони Қарияи боло мебаранд.
Духтурҳо мегӯянд, ки муйсафедро давлени задааст. Ва ҳамин тавр муйсафед дар Қарияи боло аз дунё гузашт. Баъди ин ҳодисаи мудҳиш писари мусафедро, ки ин магазинро сохта буд, дунболгирӣ мекунанд. Мехоҳанд бикушанд. Аз қафояш як мошини сиёҳшиша як ҳафта мегардад. Як бор ҳатто мехоҳад, ки рӯирост зераш кунад, ки чолокӣ карда худро аз роҳ бероҳа мепартояд. Онҷо ҷойи серодам будааст. Шишаашро поин карда мегуяд ман туро серавно мекушам. Ин писари мусфаед ба Русия гурехта меравад ва ҳоло панҷ сол мешавд, ки аз тарс ба Тоҷикистон намеояд.
Ин модари 75 сола дар фироқи ин фарзандаш бисёр гиря мекунад. Мегуяд руяшро медида бошам ё не? Модар мегуяд инҳо на фақат дузду ғоратгар, балки одамкушанд.
Модар, ман ба шумо ваъда медиҳам, ки ман аз паи ҳақиқатам. То он даме ҷон дар бадан дорам бар зидди ин дастаи ҷинояткор мубориза мебарам. Чунки инҳо шавҳарамро куштанд, писарамро ҳам мехостанд кушанд, молу мулкамро гирифтанд, дигар ҳеҷ чизам намондаст. Ҳамин як ҷонам мондаасту халос. Инашро ҳам дар роҳи ҳақ даркор шавад таслим мекунам. Ман дигар аз ин дуздҳо наметарсам ва ман аз инҳо молу мулки худамро талаб дорам на чизи дигар.
Аз мақомот хоҳиш дорам, ки ин гурӯҳи ҷинояткорро ҳарчи зудтар дастгир кунанд. Чунки як соат барои онҳо дер аст. Дар ҳар як соат инҳо ба чандин касон зарар меоваранд. Агар дастгирашон кунед, мебинед, ки инҳо чи қадар ҷиноят содир кардаанд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Дар ҳаминҷо қисми навбатии навиштаамро ба анҷом мерасонем ва ҷиноятҳои нави Шералиев Олимро пайгирӣ мекунам.
Худо ҳофиз!
Кулоб
Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Ман аз шаҳри Кулобам. Ман мехоҳам қиссаи як модари меҳрубонамро бо шумо бирасонам. Соли 2023 ман аз ғарибӣ баргаштам ба хона ба пеши модари азизам. Ду рӯз гузашт. Барномаи шуморо мондам дар хона ва модарам дар хона шишта бо ман суҳбат мекард. Баъд модарам шуморо гуш карда гуфт, ки ин марди худо, ки бошад, ки гапҳои ҷолиб мезанад, наметарсад аз ин хунхори Эмомалӣ. Хап намекунад, ки накушадаш ин хунхори қотил. Ман хандида гуфтам, ки не модарҷон. Ин одам Муҳаммадиқбол ном дорад, аз ҳизби наҳзат аст, дар хориҷа зиндаги мекунад. Баъд аз ин модарам шуморо гуш мекард. 3 барномаи шуморо гуш карда бо шумо меҳри модарӣ супорид. Гуфт ин барои ман фарзанди қиёматиам бошад. Гуфт, ки ин ша Аллоҳ ин марди худо сари Раҳмоновро бар бод медиҳад.
Модарам он вақт ба 78 қадам монда буд. Ду соли тамом шуморо гуш карда мегуфт ё Аллоҳ ин фарзанди қиёматиямро пируз гардон, ноумедаш накун ва ин роҳе, ки ба миллаташ беҳбудӣ мехоҳад устувортараш гардон. Минбари муҳоҷирро вақте тамошо мекард ва шумо бо чоплусон ҷанҷол мекардед модарам бисёр дар ғазаб мешуд. Мегуфт бар падарат лаънат бо ин пешвоят. Як кори ҷолибаш ин буд, ки дар дасташ пашазанак дошт, паша мезад. Бо он паша мезад, пашазанакаш дар дар экрани тилфони ман мезад. Чоплусҳоро мегуфт худованд шуморо кур ва гунг кардааст, ки гапи ҳақро ноҳақ мегуед.
Бародари азиз, модарам бе ниҳоят шуморо дусти бад дошт. Мегуфт, ки ин писари бо ҷони ман баробар аст. Шабҳои дароз, миннат нашавад, дар ҳақи писарам гуфта намоз мехонд ва ба шумо мебахшид, талаб аз худо мекард, ки муваффақш кун. Агар муваффақ нашуд писари маро бо дасти золимон гирифтор нагардон.
Бародар модари ман 10 фарзанд калон карда буд. Мегуфт, ки ин фарзанди ёздаҳумини ман аст. Ман бо модарам ранги дугона будем. Шухӣ мекардам, маро накуҳиш мекард ва аз муйҳои сарам мекашиду вале дилаш намешуд, ки бо шапотӣ занад, боз аз сарам буса мекард.
Як руз бо модарам шуморо тамошо мекардем, шумо бо як чоплус баҳс мекардед. Гуфтӣ, ки ин ша Аллоҳ мо меоем ба қарибӣ. Модарам қаҳраш карда шуморо гуфт «эй охи чашмони модарат кур шуд аз роҳи шуморо нигоҳ кардан, тезш бгир» гуфта гирён шуд. Пурсидам чи шуд модарҷон? Гуфт ин писарҷони ман мехоҳад, ки тез ба ватан баргардад, лекин рафиқони хубе надорад. Агар ин тоқа ба ватан баргардад ин қотили хунхор уро зинда намемонад. Ва баргашту гуфт:, «не фарзанди азизам, наё, ин ша Аллоҳ бо гуфтанҳоят метонӣ ин золимро ба ҳалокат расонӣ, коратро давом деҳ».
Лекин мутаассифона, бародари азиз, модарам бемор шуд ва аз дунё чашм пушид. Вақте бемор буд, ман дар пеши модарам шишта будам. Модар ба ман гуфт, ки азизам агар ман аз дунё рафтам суханҳои маро бо бародарат бирасон. Бигу, ки модаре, ки дар ҳақат дуъо мекард аз олам даргузашт, акнун дар ҳақи ман дуъогӯ бошад.
Бародар ман ҳам дар наздикии худат зиндагӣ мекунам. Бародар дар ҳақи ин модари дуъогуят дуъоро фаромуш накун. Чунки модарам намозашро мехонд, тамом карда дастонашоро боло бардошта шуморо дуъо медод. Мегуфт худоё душманатро хаста бинам, забонаш дар даҳанаш баста бинам, сари шом оям аҳволаш бипурсам, саҳар хезам мазорш баста бинам.
Пурсидам, ки модарҷон душманаш кист? Мегуфт кӣ бошад? Маълум аст- Эмомалии беимон!
Бародар Муҳаммадиқбол, ин номаи модари маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой кунед, то қарзи фарзандии ману шумо адо гардад.
Бародари азиз, ин ша Аллоҳ ман қарзамро адо кардам, давомаш дар дасти шумост.
Бародари азиз, дар охир гуфтаниям, ки Худованд ин бародари дур аз ватани маро насиби ватан бигардон, душманонашро хору залил бигардон.
Бародари азиз, ин ша Аллоҳ ин модаре, ки дар ҳақи шумо дуъо мекард аксашро ба шумо мефиристам.
Ассалому алайкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу.