Хонандаи азизи “Ислоҳ” ин бор ҳам дар «Номаҳо…» аз мушкилоту азобу азияти шумо чоп мешавад. Мо, инҷо фақат навиштаҳои Шуморо пешниҳоди худи Шумо мекунем. Вале, мутмаин бошед ва бовар кунед, ки бо чопу нашр, водор мекунем, ки ҳукумат чи дар марказ ва чи дар навоҳӣ ҳатман аз ҳарфҳои шумо гуш хоҳанд кард. Барои ҳамин, хоҳиш аз Шумо ин аст ки мушкилотатонро бинависед ва бо «Ислоҳ». робитаатонро бештар кунед. Ва, ҳоло давоми номаҳоро бихонем:
Қубодиён
Салом устоди гиромиқадр! Рости гап ин бебарқиву суст будани интернет ва таҳдиду фишори военкомат дар Қубодиён дар дили ҳамаамон задааст. Тоҷикистон як кишвари майда аст. Барқи истеҳсолмешудааш ба худаш басанда аст. Аммо ба чи сабаб бошад, ки мо тамоми ин сӣ соли роҳбарии пешво бо барқ таъмин намешавем. Ҳамин пешво як бор ба харитаи олам нигоҳ кунад. Тоҷикистон чени …..аст. Русия нисфи дунё аст. Аммо барқаш ҳамеша ҳаст. Ин пешвои лаънаткардаи Аллоҳ чаро мардумро фиреб мекарда бошад. Мо, свет надорем. Гӯё намешунида бошад, дар ин бора тамоман гап намезанад. Аммо як кори дигарро рӯирост карда истодааст. Қувваи барқи моро ба Афғонистон фурӯхта истодааст. Охир, мемурӣ барқи аҳолиро ба худи аҳолӣ диҳӣ. Нафси ту кай ором мегирифта бошад?
Аммо дар Қубодиёни мо боз як кори бад карда истодаанд. Баъзе нафарон 24 соат свет доранду аҳолӣ бошад надорад. Ман ҳайрон мешавам. Чаро инҳо гӯшу думи зиёдатӣ доранд? Ҳамаи мо пули барқро как штик медиҳем.
Дар Русия будем дар назди хонаамон ҷангал буд. Одамҳо мераванду лижабозӣ мекунанд.
Дар ҳамонҷо шаб то саҳар свет ҳаст. Дар даруни ҷангал, ки онҷо касе зиндагонӣ намекунад. Мо мардуми Қубодиён, ҳамаи Тоҷикистон одамему аммо свет надорем. Ҳама медонад, ки светро ба Афғонистон мефурӯшад. Аввал мардуми худатро таъмин кун сипас зиёдатиашро фурӯш. Тамоми мардуми тоҷик вақти мурдани ин пешвои лаънатиро интизор аст. Шояд баъди марги ин фиръавн мардум осуда шаванд. Мо, мардуми Қубодиён се соат барқ дорем.
Ҳамин ки свет мурд интернет ҳам кор намекунад. Мо моҳона 150-200 сомонӣ барои интернет месупорем. Афғонистон аз ҳама давлати ақибмонда аст. Аммо интернеташ сад баробар аз мо беҳтар кор мекунад. Ин қадар таърифу тавсиф, ки пешво фалон кард, дар фалонҷо фалон объекти ҷашниро кушоду ину ону вай кард, корхона сохт. Ин фанду фиреби шуморо ҳозир ҳама медонад. Тамоми мардум медонад, ки ҳмааш дуруғ аст. Чор даҳмарда агар боваратон накунад, дигар касе боваратон намекунад. 30 сол аст ки дар сари ҳукумат ҳастӣ. Ку свет, ку ҷойи кор? Ку як интернет соз? Ҳамон чор бинои баландошёна, ки дар Душанбе бизнесменҳо ба 1000 сомонӣ сохта ба 100.000 сомонӣ мефурӯшад, ҳамин ҳосили корат? Ин масхарабозиҳои Бег Сабур, ҳамин аст корат? Охир, эй оқи падари беаслу насаб, ҳамин Бег Сабур дар ҳоҷатхона зеби чекчинаки дорад. Вай гап зада наметавонад. Вес Тоҷикистонро бо Абукамолу мошний бизнесаш шарманда кард.Барои ҳамин аст ки ту метарсӣ интернетро хубтар намоӣ, чунки шармандагиҳои худату бегсабурҳо бештар нашр мешавад. Метарсӣ, ки дар Тоҷикистон мардум шармандагиҳои шуморо бештар ошкор мекунанд.
Хоҳӣ, нахоҳӣ ифшо мешаванд. Охир беш аз 2 миллион муҳочири Тоҷикистон дар Русия аст. Онҳо интернети фаъол доранд. Мебинанд, мешунаванд, менависанд. Ту ба ҷуз аз ислоҳ шудан роҳе надорӣ.
Аз военкомат ҳар рӯз меоянд, мисли ҷугиҳо. Бачат канӣ, чаро намеояд, ки хизмат кунад? Ватанро муҳофизат кунад.Толибон ҳамла куннад, чи кор мекунед, гуфта мардумро метарсонанд. Аммо, мо ҳазор бор аз забони Толибҳо вақте дар Русия будум аз интернет фамидем, ки онҳо нияти ҳамла кардан ба Тоҷикистон надоранд. Ин ҳамааш понту воҳимаи одамони пешво аст. Вале як чизро фаҳмидем, ки пешво ду сол аст ки барои Толион барқр зиёдтар фурӯхта истодааст. Бовар кунед, ҳозир ҳамаи ҷавонҳои сини даъвати аскарӣ як бало карда,сум дода ба тарафи Русия гурехта истодаанд.
Вақте мегуед, ки писарам ё додарам нест Русия рафтааст, дуғу пуписа мекунанд, ки мебарему шинондат. Аммо оҳистаяк боз як саги дигариашро мефирсонад, ки 1000 ё 1500 сомонӣ бидеҳ ҷонат халос.
Бовар кунед, ҷонамон ба лабамон расидааст. Ҳамин ки облава сар шуд, меоянду пул мепурсанд.
Хизмати ҳарбиро хубтару беҳтар кунед ҳама меравад. Соле нест, ки дар хизмат даҳҳо ҷавони сиҳату солим мемурад. Мегуянд, ки худаш худашро куштааст ва ё аз беэҳтиётӣ ва ё ягон баҳонаи дигар. Вале намегуянд, ки ин ҷавонро падару модараш барои куштан калон накарда буд. Мардум фарзанди партовӣ дорад, ки пеши шумо барои куштан мефиристад? Калон мекунаду ба даҳони аждаҳо мефиристад?
Шаҳритус
Мансур Давлатов ҷияни Муҳибулло Саъдуллоев тақрибан ду сол пеш аз куҷое тез пайдо шуд намедонм дар ин мӯҳлати кӯтоҳ ними ҷояҳои Шаҳритусро гирифт дар рӯ паруи мактаб як марди Узбек ресторан дошт омада ӯро таҳқир карданд ки агар ҷоятро надиҳи гумат мекунем. Ин мард аз тарс ин ҷояшро бепул ба инҳо туҳфа карда гурехт ва ресторани ӯро гирифта як тарбхонаи 3 ошёна сохтанд ва 1кум ошиёнааш фоҳишахона дискотека аст ва 3юм ошиёнааш ҳотел мебошад. Аз ошиёнаи 1кум дискотека фоҳишахона духтарҳоро мебаранд ба ошиёнаи 3юм барои зинокорӣ. Он духтарҳоро Мансур Давлатов аз шаҳри Бохтару Ваҳдату дигар ноҳияҳо меорад ва ин шарму айб аст рӯ ба рӯйи ин фоҳишахона мактаби миёна ҷойгир аст ва баъзе талабаҳои мактаб синфҳои 9 алакай майзада шудаанду моил ба ин амалҳо. Ин толибаҳои мактаб мебинанд ҳама ончи мегузарад дар рӯ ба рӯяшон шавқашон медиҳад зеро ин фоҳишахонаро дар пешашон оварданд, ки ҷавнон расво шаванд. Оё ин ташфиқи фаҳш ва бад ахлоқ кардани насли наврас нест? Ё мақсади шумо ҷавонони моро ба чунин роҳҳо бурдан асту худатон ҳар коре хоҳед кардан гиред? Манъи ҷавонони то 18 сола аз масоҷид қонун баровардед, аммо духтарони 15,16 сола ҳар шаб дар ин дискоклубҳо ва меҳмонхонаҳо озоданд, чаро? Аз ҳама бадбахтияш инҷост,ки боз лентаи ҳамин фоҳишахонаро шахсан худи Эмомали Раҳмонов омада буриду ифтитоҳ кард. Пас аз он Мансур Давлатов идораи давлатии нотариусро кашида гирифта онҷоро маркази саломати “Оиша“ кард. Ин забту тасарруфи ӯ, то озераи Шаҳритус идома пайдо карда аз моликонашон бо зурӣ кашида гирифта онҷоро моҳипарвари кард. Ҳато майдони варзишии мактаби №1ро гирифта боз онҷоро чизе карда истодааст ва хонандагони мактаби №1 бе майдончаи варзишӣ мондаанд. Мансур Давлатов ҳама мағозаҳои ки тобеъи РАЙПО буданд онҳоро кашида гирифт ва он савдогароне ки дар он мағозаҳо савдо мекарданд ба онҳо мӯҳлат додаст ки агар хоста бошед 30 ҳазор долари оварда супоред ва ба номтон мегузаронам. Агар нафоратон холи кунед мағозаҳоро. Гузашта аз ин ҳама, ҳоло Мансур Давлатов дар як ноҳияи Шаҳритус қариб 10 то зиёдтар бонкҳо кушода алкай як шахси номаълум ними ноҳияро дар муҳлати ду сол тасарруф карда гирифтааст. Аммо як чизи ҷолиб ки чизе мекушояд дар номи шогирдҳояш мекунад. Ҳангоми ифтитоҳи он иншоот Президент қайчи кардан ё арғамчинашро кашидан аз рӯйи равҳаи он ишоот Мансур Давлатов шогирдҳояшро равон мекунад. Мансур Давлатов Президента задагӣ аст, зеро чияни азизмо аст дигар. Барои чӣ инро мегем як мисоли зиндае,ки шоҳидаш будам ман ва ҳама мардум онро диданд. Ҳангомеки Президент моҳи парвариро қайчи кардан омад ва ё бурдандаш ҳамчун шахсе,ки он моҳи парвариро таъсис дода аст як нигаҳбон ё охраники “Дискотекаи Марҳабо”ро костюм брюк пушонида ӯро дар назди президент ҳамчун муассиси он муаррифӣ намуданд, ки ин як дурӯғ ва таҳқир ва тавҳин аст. Ин аст қадри Президенти оила дар назди хусурбачаҳояш? Агар ин Президенти оиларо хусурбачаҳош писанд накунанд мо аҳолӣ ва сокинони кишвар аз куҷо қадраш кунем? Инчунин дар кушодашавии тарбхонаву маркази саломатӣ Холназар Достиев ки хешу табораш аст ӯро мефиристад ва ҳамаи бизнесҳои Муҳибулло Саъдуллоев ва Мансур Давлатовро Холназар Достиев дар ноҳия назорат мекунад. Ин ҳамаи заминҳоро Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор ба Мансур бо як қарораш кашида гирифта медиҳад раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор як дузди калон аст, ки ҳамаи заминаҳои ноҳияиро ба пулдорон мефӯрушаду алакаи хелоро фурӯхтааст. Ҷаббори Ғаффор бывший боевики “Фронти ҳалқӣ” шогирди файзали саид буда рӯзи дароз халтаи носаш дар дасташ замину вазифаҳои раисиро фурӯхта майшат карда гаштааст.
Баротов Маҳмасолеҳ бо лақаби “Калтакелас” яке аз бузичаҳои Муҳибулло Саъдуллоев буд, ки тамоми мардуми Шахритусро мефурӯхту зулм мекард. Баротов Маҳмасолеҳро барои он муовини раиси ноҳия гузошта буданд,ки дар вақтҳои муносиб хуб истифода баранд ва ниҳоят ин “Калтакеласк”ро подставааш карданду тавассути кормандони агентии коррупсия дасгираш карданд. Муҳим ҳама ончи дошт кашида гирифта сараш доданд ва ҳозир Худо ончунон хору залилаш кардааст,ки ҳеҷ иззат ва шарафу обурӯ надорад ва дар байни халқ мегардад. Ин яке аз услубҳои кории Муҳибулло Саъдуллоев аст,ки аввал хуб истифодаат мебарад ва вақте дид камтар ҷойгоҳ ва пулдору обурӯдор шудаи тамом. Дар ҳол подставаат мекунад пулҳои доштагиятро кашида мегираду агар дилаш сӯзад озодат мекунад ки гард. Агар қасдат гирад боз 20 соли дигар зиндоният мекунад ва пас аз он ба хонаводаат ҳар коре хоҳад мекунад. Ин аст наздикӣ бо Муҳиббулои номард бошу зинда бош.
Ҳилаи аҷиби Оилаи Раҳмонов дар Шаҳритус ва Қубодиён
Як масала аст, ки онро ман солҳост назорат мекунам ва дигар хулосаи худро баровардам. Дар умум мардуми соддаи Шаҳритус видео мекунанд муроҷиат мекунанд, шикоят мекунанд ба президент ки Муҳибулло Саъдуллоев бо мафияи худ ҳамаи дуконҳоро кашида мегиранд ва таҷовуз ба номус мекунад ва ину он мекунад. Дар ҳоле мардум ноогоҳанду намедонанд ки худи президент Муҳибулло ва ҳамроҳонашро мефармояд,ки чунин кунанд. Дар асл боварам кунед Раҳмонов ҳамаашро хуб медонад ва боз омада шарм нокарда ошкоро он ҷояҳое ки ин захватчикҳои хусурбачаҳояш аз мардум бо зури кашида гирифтаанд худаш омада он ҷойҳоро лентабурӣ ва ё бо арғамчинаш ифтитоҳ мекунад. Ин чунин он касоне ки муроҷиат кардаанд онҳоро бо ҳар баҳона ва туҳмату иттиҳом бурда зиндониашон мекунад.
Дар охир инро мехоҳам бигуям!
Агар мақомоти олии кишвар худро одил ва додрасу давлати ҳуқуқбунёду демократӣ меҳисобанд. Як маротиба омада раиси ноҳияи Шаҳритус ин боевики “Фронти халқӣ”ро ки гузоштаед ва медонед,ки инҷо минтақа ва майдони ҷанг буд ва чи мусибатҳое дар мо гузашта буд аз он хуб огоҳи доред. Як бор ҳайат фиристед то омада тафтиш кунанд корашро. То онҷое медонам чанд вазифаи калидии ноҳияи Шаҳритусро ба бачаҳои Раҳим Очилдиев бо пули калон фурӯхтааст. Бо эътирофи худи Раҳим Очилдиев бисёр пули калон масраф карда будааст барои писаронашро дар вазифаҳои муносиб таъин кардан. Як писарашро раиси дастгоҳи Ҳукумати Шаҳритус яъне дар ҷои худаш гузошту худаш нафақа баромад. Писари дуюмашро раиси барқи Шаҳритус мондааст ва чиянҳояшро раисони ҷамоатҳо ва раисҳои водоконалу ғайра….. Ҷаббори Ғаффор ҳамаи вазифаҳои раисиро тавассути Раҳим Очилдиев мефурӯшад. Ин Ҷаббори Ғафор як бесавод аст ва аслан идора ва раёсату сиёсатро аслан намефаҳмад. Раҳим Очилдиев пулро медиҳаду Ҷаббори Ғаффор бошад ҳар касеро ӯ гуяд бе саволу ҷавоб таъин мекунад. Камтар наззорат кунед, охир ин давлатдорӣ аст ва ё давлати шоҳӣ ва оилавӣ ?
Фархор
Адвокати ғоратгари Фархори мо сумро аз ҷабрдида мегираду мебарад ба судя Сунатуло Иброҳимзода, ҷияни СС.Ятимов медиҳад. Хонаи Ашури камазист дар пеши ферма аст. Девонаев Маъруф дар деҳаи Қаратови Фархор зиндагӣ мекунад. Вақти сардори ГАИ-и ноҳия буданаш бо мошини Нива дар деҳаи Қазоқо як кудакро заду кушт. Бо ёрдами Шералӣ Хайруллоев, вазири пешинаи мудофиа, ки хешаш мешавад аз инҷо ба Кулоб перевод шуд. Дар онҷо ҳам чи нарушений мекунад, ки аз кор гирифтанд. Чанд муддат бекор монд. Боз сумро дар боло ҷуқиду аз нав сардори ГАИ-и Фархор шуда омад. Як духтари 16-солаи деҳаи Қазоқоро таҷовуз кард. Овоза шуд. Маҷбур зани дуюм мекунад он духтарро. Баъди чанде он духтар бачадор мешавад.
Зани аввалаш мефаҳмад ҷанҷол мешавад. Зани якумашро талоқ медиҳаду бо зани дуюмаш зиндагӣ мекунад. Зани дуюмашро бо дигар мард меқападу инашро ҳам талоқ медиҳад. Аз якумаш 3 ва аз дуюмаш 1 кудак дорад. Чанд вақт мегузараду аз деҳаи Садоқат як беваи 45соларо мегирад. Вай хеши Рамазон Раҳимзда буда аст. Дигар зиндагиро идома медиҳад. Чунки ин занро агар сар диҳад капааш месӯзад. Як рӯз бо раиси маҳаллаашон, ки депутат ҳам мебошад ҷангҷол мекунад. Вайро зада рӯяшро варам мекунонад. Раиси маҳалла Девонаверо ба суд медиҳад. Девонаев Маъруфро аз кор гирифтанд. Вай хоҷагии деҳқонӣ дорад. Чандин гектар замини обӣ ва садҳо гектар лалмӣ. Ин заминҳои деҳаи Куҳандиёр, Қазоқо ва Лолазорро маҷбурӣ гирифтааст. Замини чарогоҳҳоро ҳам гирифтааст. Дар он ҷо фермаи асп ва ҳазорҳо сар гусфанд ва буз дорад. Мардуме, ки дар хонааш кор мекунанд, суми ночиз медиҳад. Боз агар ягон ҷавони ба синни хидмат расида бошадро бинад, таҳдид мекунад, ки туро ба аскарӣ мефиристам, чунки додараш Девонаев Рустам дар военкомат кор мекунад ва бо ҳамин роҳ ҷавонҳоро метарсонад ва бе пул кор мефармояд. Аммо кораш буд шуд боз таҳдид карда сумашро мегирад. Як сезон гузашт бузӣ карда хизмат равон мекунанд. Боз як хеши дигараш дар деҳаи Қаратов дар лаби дарё магазин дорад. Арақ сигарет, гера ва банг мефрӯшад. Дар лаби канал чанд хонача дорад. Ҷой барои зинову фаҳшо тайёр кардагӣ аст. Ин ҳукумат куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Ин магазинчи хеши наздики Девонаев аст. Чандин гектар заминҳои мардумро ғасб карда ба зурӣ гирифтааст. Нисфашро ба дигар одамҳо додааст. Номи яке аз онҳо Тошмурод аст. Вақте сардори ГАИ-и Фархор буд «гера» бизнес мекард.
Ин девонаевҳо бисёр номарду ноинсофанд. Ҳамин Маъруф ба як сокини деҳаи Баҳор,номашро намеоварам героинро медиҳад, ки дар фалонҷо бурда мерасонӣ. Ӯро дар роҳ меқапанд. Хуллас, маҳкамаш карданд, чанд сол шишт. Баромад. Боз мегуяд, ки «бор»-ро мебарӣ. Вай розӣ намешавад. Шаб мебарад ва дар лабаи канали Шафтолубоғ зада- зада зада таги хун мекунад. Аммо вай боз розӣ намешавад. Баъд «подстава»-аш мекунад ва коре мекунад,ки боз ба зиндон меафтад. Ҳозир дар зиндон аст. Девонаев Маъруф чандин духтарҳои ноболиғро таҷовуз кардааст.
Вақте сардори ГАИ буд Илҳом Қувватови раиси ҷамоати Ватанро маҷбур карда заминҳои бари роҳро ғайриқонунӣ гирифт. Дар бари роҳ, дар заминҳои деҳаи Садоқат, ки аз они водоканал мебошанду 3-4 паҳнӣ дорад бетон рехта дар ду ҷой мехост ҷойи шустушӯи мошинҳо- мойка сохтанӣ буд. Яктоашро сохт. Аммо барои сохтани дуввумаш прокурор мухолифат кард. Чунки дар онҷо мойка сохтан мумкин нест. Ва прокурор онҷоро ҳамвор мекунад. Зеро ҷои хокпартои заҳбур аст ва дар онҷо об таги замин меравад. Справкаи ҷои истиқоматро Қувватов Илҳом бо котибаш Ҷ. Ҳамидов 10, 15 сомонӣ мегиранд ва медиҳанд. Ҳар ҳуҷҷате талаб кардед бояд пул диҳед.
Як бизнесмен номаш Диловар Муҳиддинов аз ҷамоати Ғайрат дар деҳаи Карл Маркс зиндагӣ мекунад. Вай мехост аз маркази ноҳияи Фархор то деҳаи Карл Маркс асфалт кунад. Тахминан 18километр ҳаст. Лекин намонданаш. Он вақт раиси ноҳия Раҳматзода Раъно Мирзо буд. Гуфт ҳақи маро медиҳӣ баъд мекунӣ. Чанд вақт нагузашт, ки раиси ноҳия ва бародари сардори Идораи зиндонҳоро дар қочоқи маводди мухаддир қапиданд . Модараш аз фикру хиёли зиёд касал шуд. Баъдан мурд. (Албатта барои ин барномаи махсӯсе доштем ва ҳама медонанд,ки Фаридуни Пантера бародари Генерал Мансур Умаров буд) Ин бизнесмен,ки мехост роҳро мумфарш кунад тиҷораташ дар Маскав аст, рафт. Баъди чанд вақт омаду роҳи деҳаи худашонро асфалт кард. Чунки раиси ноҳия иваз шуда буд. Як чанд вақт баъд СС.Ятимов як каси дигарро маҷбур кард, ки аз ноҳия то Туғул (Орён) роҳро мумфарш кунад. Ҳозир бошад аз Туғул то Карл Маркс асфалти давраи СССР аст. Роҳ вайрону валангор. Роҳкриро аз ин сабаб 5 сомонӣ аст. Ин бизнесмен дар Душанбе дар 9 километр дар тарафи рости роҳ заводи шифер дорад. Ин бизнесмен ҳамкурси Бег Сабур аст. Ҳамкурсамро бинам гуфта пешаш меравад. Вай аз кору бораш ба Бег Сабур нақл мекунад. Бег Сабур мегӯяд,ки заводро ба ман мефурӯшӣ. Не гуфта наметавонад. Чунки бо вай қудо аст. Дар ивази завод дуто хона медиҳад. Мегуяд боқиашро сум медиҳам. Чанд вақт медавонадаш. Имрӯз биёву пагоҳ биё гуфта ғамаш медиҳад. Ин нафарро сахт қаҳраш мекунад. Бо Бег Сабур ҷангҷол мекунад. Шапак-шапак мешаванд. Бег Сабур ба милисаҳо занг мезанад. Милисаҳо меоянд мебаранд. Чандин сумашро мегиранд, заводро мегиранд ва сипас сараш медиҳанд. Бармегардад меравад Маскав.( Ин маълумоте буд ба “Ислоҳ” чунин расидааст вале дар мавриди Диловар Муҳиддинов маълумотҳои дигаре дорем мо, аммо ин навиштаро чуноне омадааст овардаем. Дар асл Диловар Муҳиддинов чунин мушкиле бо Бег Сабур надошта аст)
Чизи дигар ин аст ки бо ин ҳама иктифо накарда бозори ноҳияи Фархорро, ки ба ҳамин бизнесмен тааллуқ дошт сузониданд, оташ заданд. Идораи оташнишонӣ меояд, аммо об надорад. Аз Кулоб «пожарка» меояд, вале «после пожар…». ( дар ин маврид ҳам маълумоти дигаре дорем мо, аммо бо ончи омадааст иктифо менамоем..)
Раиси Шамолиддин дар бари масҷид як магазини давлатӣ буд, ки онро гирифт ва фермаи говаш кард. Дар канори роҳ боғ дорад, тахминан 10 гектар. Боз дар заминҳои тарафи деҳаи Баҳор 50 гектар дорад. Боз дар 30-солагӣ дар лаби канал хеле заминҳои зиёд дорад. Як комбайн дорад ва як трактор бо тамоми лавозимаш. Гараж буд дар Шафтолубоғ онро ҳам гирифт. Инҷо мактаб надорад, медпункт надорад. Обашро ҳам ба зӯрӣ мегиранд. Чунки Абдулмумин додари СС.Ятимов як гузарашро намедиҳадашон. Шафтолубоғ деҳаи калон аст. Аммо кудаконаш мактаби Туғул мераванд. Қариб як километр роҳро тай намуда мераванд. Баъд мегӯянд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев замини мактаби деҳаи худашро бар ивази 100$ фурӯхт ва ба фонди манзил гузаронд. Бояд онҷоро мактаб месохтанд. Чунки лаби роҳ буд. Заминҳояшро гандум мекораду гандумро мегирад ба заводи орд мебраду орд мекунад, чи чизе илова мекунад ва онро орди сафеди Қазоқистон гуфта мефӯрушад. Кумакҳои башарӣ меояд мисли орду равғану шакар асосан ба коргарони худаш медиҳад. Ба якта нимта камбағалҳо медиҳад тамом. Яке аз наздиконаш коронавирус шуду даргузашт. Муаллим Назирмат Раҳимовро маҷбур кард, ки ҷасади ӯро бишӯяд. Чанд вақт ногузашта ин муаллим ҳам коронавирус шуду мурд. Писари Шамолиддин як ранҷровери сиёҳ дорад. Ягон касро гуш намекунад. Вақте дар кучаҳои деҳа мошин меронад, мегуӣ, ки самолет рӯи замин роҳ меравад.
Абдумумин Ятимов писари Сайвалии туғулиро алов зада кушта буд, чуноне дар навиштаи қаблӣ онро оварда будем. Дар деҳаи Уртабуз Илҳом Қувватов бо раиси ноҳия мехост ба камбизоатҳо 299 замини наздиҳавлигӣ медод. Аз ҳамаашон сум гирифта баъд он заминҳоро дод. Боз барои 20 нафари дигар аз ҳар кадоме 4000 сомонӣ гирифта замин дод. Инҳо документ надоранд. Барои онки ҳуҷҷат кунанд боз бояд 5.ҳазор сомонӣ ба раиси ҷамоат бидиҳанд. Барои ҳар кадоме 8 сотихӣ аз заминҳои захиравӣ дод. Ва аз ин замин боз барои аренда медиҳад. Аз заминҳои Даҳани оби Уртабуз садҳо гектарро додааст.
Зокиров Икром ин шахс пули андози ҷамоати Ватанро ҷамъовари мекунад, шогрди Қувватов Илҳом аст. Пули об замин мегиранд, чек метиянд, соҳиби замин хоҷагии деқонӣ бошад фарқ надорад як сол мегзарад налог меравад аммо пул дар асл нагузаштааст ва қарздоршон мебароранд. Боз ин мардуми пул супорида қарздор боқӣ мемонанд ва маҷбур боз пул бояд супорад. Агар саркашӣ куни он пулро бо пения ҳисоб мекунанд тамоман як даҳшат мешавад. Дар ин ҳолатҳо вақте чунин корҳо мешавад. Зокиров Икром вақте мебинад вазият безеб аст меравад Москов ва коршро Қувватов Илҳом ҳал мекнад чунки он пулҳоро дукаса хурдагиянд. Пас аз корҳоро боз ҳал кардан боз хабар мекунад биё корҳоро ҳал кардам аз Русия бар мегардад ва боз идома медиҳанд.Аллоҳ шоҳид аст ҳазорҳо суми мардумро ҳаминхел хурдагиянд вале касе чизеашон намегуяд. Зокиров Икром аз деҳаи Садоқат аст.
Барои хоҷагии деҳқониҳои Фархор андоз хело мушкилзо ва тоқатфарсо аст.Масалан агар гандум кориди андозро баланд мекунанд, агар пахта кориди чихеле муаян кардаги меистад. Андози трактореки ҷуфт, чизил, чапар, касилка ҳамаи тракторҳоеки кор мекунад андози тракторро аз хоҷагӣ мегиранд. Акнун инҷо хоҷагии деҳқонӣ дар трактор пул медиҳад, инҳо ҳатто андози тракторро аз соҳиби трактор ҳам боз мегиранд. Яъне ду бор мегиранд аз соҳиби трактор ва аз хоҷагии деҳқони ҳам мегиранд. Аллоҳ шоҳид аст ниҳоят ваҳшат аст. Мисол дар як гектор 1000с масрафи ҷуфт кардан аз андози трактор алоҳида аз як кг чигит аз 10сомонӣ шурӯъ мешавад то 100 сомонӣ мерасад. Охир ин дар куҷо ва кадом меъёр дуруст мегирад? Бубинед як кг пахта 7.8 сомонӣ аслан дуруст намегирад, ҳуҷҷат карданаш 10 ҳазор сомониятро , то сртификат карданат мегиранд аз хоҷагии деҳқонӣ. Дақиқан чихеле барномаи Панҷро дида будам ва Панҷиҳоро чихеле азоб медиҳанд мо Фархориҳоро аз Панҷиҳо бештар азоб медиҳанд. Дар Фархор андозро месупори агар қайдаш накарди тамом андозат пения мехурад, боз қарздорат мебароранд. Мурда мурда қарза меспори, насупор бинамат чикорат мекунанд. Коррупсия санҷидан меояд андози ноҳияро, аслан барояшон муҳим нест чи гап аст, ҳайати коррупсия худашон коррупсионеранд ба Худо пулшона,ки муқаррар аст мегиранд мераванд. Аслан санҷиш тафтиш вуҷуд надорад. Бояд дигар бароятон фаҳмо бошад,ки КДАМ аз худашон аст СС.Ятимов барои оилаи ӯ ва наздикону хоҷагиҳои деҳқониҳояшон. Тамоман андози заминҳояшонро бо андози бино ва иншооту хонаҳо, ферма ва ҳама ончи доранд аслан як дирам намедиҳанд. Оилаи Убайдулоев бо Шамолиддин бошад инҳо ҳам намесупоранд. Агар супоранд ҳам як маблағи ночизе медиҳанд. Оилаи Девонаевҳо ҳам намесупоранд ва танҳо дар Фархор мардуми камбағал ва хоҷагиҳои камбағале,ки зиндагияшон ба зур мегузарад пурра ва чанд баробар зиёд месупоранд тамом. Ба Панҷиҳо гуфтани ҳастем ҳоли мо аз шумо садҳо маротиба вазнинтар аст. Шуморо оилаи Пешво дар асорат нигоҳ дораду зулму фишор кунад моро оилаҳои мақомоти пешво мисли СС. Ятимов ва дигароне дар боло номҳояшонро гуфта гузаштем. Пас мо бо шумо ҳеҷ фарқе надорему аз шумо ҳоламон бадтар аст. Хулоса тамоми сохторҳои ин ҳукумат дар ноҳияи Фархор ҳаромхурӣ ва дар коррупсия ғутаваранд. Гоҳо мешунавем шумо ҳамшаҳриҳои СС.Ятимов ва М.Убайдуллоев ва Мансур Умаров вадигар маъруфҳо ҳастед. Аллоҳ шоҳид аст мо зери зулми ин оилаҳо қарор дорему аз онки ҳамшаҳрии инҳоем ҳазорҳо маротиба норозием. Аз инҳо ҳеҷ хайре барои мо нест, бар акс моро истифода мебаранду ҳукумат мекунанд бар мо.
Қиссаи ҷолиби раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати Фархор
Сафарзода Ғазалшоҳ Ғулом аз фархор деҳаи Шафтолбоғ аст авал дар маъорифи н Фархор мудир кор мекард. Аз ҳамонҷо ҳаромхуриро сар кард, ҳазорҳо китобҳои дарсиро фурӯхта сумро ҷамъ кард. Пас аз он амният дар чикоре афтонданд ӯро ва табдилаш карданд ба “бузича”и худашон. Яке аз корҳояш ин мулоҳора фурӯхтан буд. Боварии раиси ноҳия даромад он солҳо 2010-2013 Раис ноҳия Қурбон Ҳакимзода буд, дақиқан ба Раиси ноҳия пул дод ва Ғазалшоҳ Сафарзода раиси маорифи н. Фархор таъин кард. Ана акнун дар ин мақом дузди майда табдил ёфт ба дузди калонтар ва ҳаромхурияшро зиёд кард. Аввалин иқдомаш дар мақоми мудири маорифи ноҳия ин иваз кардани директорони мактабҳо буд . Яъне барои таъини ҳар директори мактаб аз 10 ҳазор то 15 ҳазор сомонӣ пул гирифту ҳар нолоиқу бе саводеро таъин кардан гирифт дар ноҳия. Хуб дигар ҳар директори навтаъин барояш мисли гови ҷушо шуда буд дар ноҳия ва аслан сифати таълиму тарбия дар поёнтарин сатҳ қарор гирифта буд. Ҳар директорони мактабҳо баҷои онки барои таъмиру ободонии мактабҳо аз идораи маорифи ноҳия пул гиранд , ин бар акс буд. Дигар барои китобҳо ки бе пулу роигон аст ин аз ҳар китоб ба директорони макотиб онҳоро бо пул мекунад ва хулоса хело бе бандубориҳои зиёде анҷом дода буд дар ноҳияи Фархор. Хуб дигар аз ин мақомаш пули хубе пайдо мекунад ва дигар пулдор шуда буд .Ин дафъа назди Раиси Ноҳия Қурбон Ҳакимзода медарояд ва бо додани пул таъин мегардад ба ҳайси Раиси дастгоҳи ноҳияи Фархор. Хуб дигар ин мақом бештар ҷои пулкоркунӣ ва бо як имзо ва миёнаравӣ соҳиби пули хуб гаштан аст. Акнун дуздӣ ва ғорати мардуми Фархорро шурӯъ мекунад ва як имзои одди барои қитъаи замин дар навбат мондан 1000 сомонӣ. Агар заминҳои ҷанҷолӣ бошад қиматаш ҳатман фарқ мекунад ва нархоеро мегузорад,ки инсон дар таъаҷҷуб мемонад. Агар кадом сокини ноҳия ҳамроҳаш даъво кунад,ки охир ин коратон мухолифи қонун аст ва чаро аз мо пул талаб доред. Дар ҳол раиси ШВКДро занг зада мегуяд ин шаҳрванд маро дар утоқи кориям таҳдид дорад ва милисаҳо омада он сокини ноҳияро бурда боз аз ӯ пул мекананду бо ваъдаи ин гапро дар ҳеҷ куҷо нагуфтан озодаш мекунанд. Бо ин шакл ва наҳваи кор дигар мардум ҳарчи мехост барояш медоданд,ки корашонро ба ин идораҳо накашонад. Қурбон Ҳакимзода ҳамаро медиду чун забонкӯтоҳ буд аз ӯ барои додани пул ба ӯ чизе намегуфт. Сафарзода Ғазалшоҳ Ғулом дар ин мақомаш хело пулдор шуда буд дигар ва бо пулҳои ба ғорат андухтааш дар Душанбе хона мехараду боз як ҳамсари дигар ҳам мегираду мошини гаронарзиш ҳам мехараду даврон мекунад. Пас аз он Қурбон Ҳакимзодаро аз Раисии ноҳияи Фархор озод мекунанду муовини аввали раиси Вилояти Хатлон таъин мекунанд. Қурбон Ҳакимзода ба Сафарзода Ғазалшоҳ Ғулом, ки дигар дар порагирӣ моҳир шуда буд ва кор кардан бо ӯ барояш хело муносиб буд занг мезанад ва мегӯяд агар фалон миқдор маблағро тавони дода туро ба Хатлон ба дастгоҳи худам меоварам ва инҷо пули хубе метавони кор кунем ҳардуямон. Чунки барои Қурбон Ҳакимзода ин минтақаро хубтар намешинохту дар гирифтани пул сахт эҳтиёт мекард ва ба шахсе мисли Сафарзода Ғазалшоҳ ниёзи сахт дошт. Сафарзода Ғазалшоҳ Ғулом бо шунидани ин пешниҳод хонаи дар Душанбе харида ва чанд замину ончизе доштаро мефурӯшаду ба Қурбон Ҳакимзода медиҳад ва мегузарад ба датгоҳи муовини Вилояти Хатлон. Хуб дигар он тарафаш қиссаҳо ва ҳолатҳои худро дорад,ки ҳатман дар навиштаҳои баъди аз он корнамоиҳо хоҳем гуфт.
Данғара
Аз шумо кормандони «Ислоҳ» ва аз тамоми мардуми Тоҷикистон эҳтиромона хохиш мекунам, ки дар вақти суханронӣ, ки мегуед данғарагиҳо ин хеланду данғарагиҳо ин хеланд, дар назар дошта бошед, онҷо танҳо касоне кор мекунанд, ки лаганбардори ин оила ва хонавода ҳастанд ва аз тамоми минтақаҳоянд, хусусан барои мардуми Данғара инҳо ба ҷуз аз зарар ягон фоида ҳам наовардаанд. Барои мисол дар вақти зимистон агар назар кунӣ 10 ё 20 хонае, ки аз раисону вазирҳо асту дар он ҳеҷ кас зиндагӣ намекунад, шабу рӯз барқ ҳаст аммо дигар хонаҳо дар як шабонарӯз 5 соат барқ доранд. Ин ҳолатро дидан ва тоқат кардан аламовар нест? Дар маркази ноҳия коллеҷ ва донишгоҳҳое, ки таҳсил мекунанд фарзандони ҳамин раисону вазирон аз Душанбе барои инҷо беодобӣ кардан меоянду зада бо донишгоҳ медароянд ва ба тамоми дарсҳо халал мерасонанд. Дари ҳама синфхонаҳоро бо навбат мекушоянд, бо мошинҳои қиматбаҳои худ роҳи духтарони бечораро мегиранд ва ҳар хел харигарӣ кардаву баъзеашонро маҷбур савори мошин мекунанд. Инҳоро дидан аламовар нест магар?
Пеш мардуми ноҳия бо ғаллакориву чорвопарварӣ як қисми зиндагии худро пеш мебурданд. Ҳозир бошад тамоми заминҳои нохия дар ихтиёри Нуриддини трактористи бародари Эмомалӣ Раҳмонов аст. Аз вай монд ба писараш. Писараш раиси Данғара аст. Боқимондаи заминҳо бошад дар дасти Амриддин Нақшов. Агар мабодо як гови камбағал даромада монд 2 ҳазор сомонӣ ҷарима мешавад. Мардум дар қишлоқ бе чорво зиндагӣ доранд. Инро дидан аламовар нест магар?
Дар рӯ ба рӯйи деҳаи Себистон фермаи мурғпарварӣ сохтаанд ва тамоми буву тафи ин мурғхонаро шамол ба қишлоқ мебарад. Мардум дар хонаҳои худ нафас кашида наметавонанд, махсусан дар фасоли тобистон. Инро дидан аламовар нест магар?
Аз шумо хоҳиш мекунам дар оянда бисёр аз ободиҳоиву рифоҳу пешравии Данғара нагуед. Мардуми Данғара ҳама вақт тайёранд барои иваз кардани ин режим ва безоранд аз ин тоифаи ноуҳдабаро.
Хуҷанд- Бобоҷон Ғафоров
Ман дар бораи полковник Эмин Ҷалилов мехостам бинависам. Э.Ҷалилзода дар ШВКД шаҳри Хуҷанд кор мекунад ва хело як золим аст. Боз Ашуров Мурод ёрдамчии Эмин Ҷалилзода аст. Дар шаҳри Хуҷанд кор мекунанд. Эмин Ҷалилов ду писар дорад. Писари якумаш Эркин Ҷалилзода аст, капитан дар милиса Бобоҷон Ғафоров , дар шуъбаи кофтукоби ҷиноӣ-уголовний розиск кор мекунад. Писари дуввумаш Эраҷ Ҷалилзода аст донишҷӯ дар Хуҷанд. Ҷой истиқомати Полковник Эмин Ҷалилзода деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом.
Эмин Ҷалилов як махлуқи золим ва муғамбир аст. Мардуми Хуҷандро ба худаш ром карда гирифтааст.Чор соли пеш ду бачаи сантехникро грузит карда буд барои обогривателе,ки бачаҳои худаш канда буданд онро ӯ ин дуро грузит кард бо дашном. Он бечора аз ошноҳояш 20.000 сомонӣ қарз гирифта ба ӯ дод. Ин Эмин чил гектар замин дорад дар деҳаи Ҷаҳонзеб дар бари кумитаи сарҳадот. Нисфи ин заминро аз Мурод шахс ба зӯрӣ кашида гирифт. Мурод як подабон буд аз ӯ бо зурӣ бо як пули ночиз кашида гирифт. Ҳоло бист гектарашро гармхона ва бист гектарашро боғи ангур, шафтолу, зардолу кардааст.
Мурод Ашӯров дасти рости ӯст. Вай ба номаш корманди милитсия. Чанд сех дорад,аз ҷумла сехи шамъбарорӣ ва сехи сарпуши бонка( кришка).Аслан ин сехро аз амакбачаи Мурод Ашуров бо зӯрӣ кашида гирифт. Боз ин бечораро аз Тоҷикистон ба Русия депортатсия кард ,чунки ӯ шаҳрванди Русия буд. Мурод Ашуров як духтари бадахшониро таҷовуз карда буд ва он зан ҳомила ҳам шуда буд аз ӯ ва бо зури исқоти ҳамл карду гап заданаш намонд ва сару садоҳои зиёд шуду касе ҳеҷ кораш накард. Ҳозир он зан бероҳа шудааст.
Писари дигараш Эркин ном дорад. Рутбааш капитан. муовини УУР дар шаҳри Хуҷанд.Чанд сокини Қарачқуми собиқ Ҷаҳонзеби кунуниро азоб дода сумҳояшонро кашида гирифт. Вай байни ҷинояткорон ва милисаву прокурор миёнаравӣ мекунад. Вай аз ҷинояткорон зиёд пул мегирад, бо ин баҳона, ки корашонро буд мекунад.Аммо фиребашон медиҳад. Чанд нафар одамкушро дар тафтишот ҳато ёрдам карда ва ҳоло онҳоро барои абад «доля» баста ва гови ҷушо намуда аст.Аз онҳо ҳар моҳ пул меситонад. Аммо бовар кунед, ки он қадар гушнаи зихна аст ки пули светро намехоҳад диҳад. Ҳисобкунакашро иваз мекунад. Эркин як рафиқ дорад Ином аст, ки наркоман мебошад. Ин бечораи Ином дар дасти Эркин мисли ғулом кор мекунад. Барои онки Эркин камтар-камтара «грет» мекунад. Ином барои вай бузӣ ҳам мекунад. Эмин Ҷалилзода ду хона дорад. Якеаш дар қишлоқи Ҷаҳонзеб дуюмаш дар шаҳри Хуҷанд. Боз чорводорӣ ҳам мекунад. Дар лаби Сирдарё дачаи барҳавое дорад. Моли бисёре ҳам дорад. Чаҳор ҳазор сомонӣ маоши давлатияш мебошад вале масрафи моҳонааш аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд асту камтар не. Як гармхоне сохтаашба 150 ҳазор сомонӣ дар даҳ сотихаш масраф кард. Акнун фикр кунед чор гармхона сохтааст,ки 600 ҳазор сомонӣ танҳо сохти беруну макеташ ва дар умум аз 1 миллион сомонӣ беш масраф кардааст. Мошинҳои саворияш мереседес, прадо, тайота корола ва чанд мошини гаронарзиши дигар. Ин ҳамаро чихел бо чор ҳазор сомонӣ мехараду месозаду карру фар мекунад? Инҷо аз коррупсия, тиҷорати маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигар ҳатман даст доштанаш гап меравад.