Шикояти кормандони коррупсия аз раис ва кашелекаш

Ислоҳ нет

 

Шикояти кормандони коррупсия аз раис ва кашелекаш

 

Шикоят аз Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон,ки ин ниҳодро чи гуна ба як ширкати тиҷоратӣ бадал кардааст?

 

…. Бовар кунед, он 10 нафари боздоштшуда аз Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳатто нисф аз дуздиҳои Сулаймонзода ва “кашелёк”-и ӯро, ки инак се сол аст роҳбарӣ мекунад дуздидаву ҷамъ накардаанд. Дар давоми се сол ин одам ба маънои томи калима миллионер шуд ва ҳоло яке аз шахсони сарватманди Данғара ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле, ки мо худ шоҳид ҳастем, ки зиндагии тамоман дигар дошт ва хеле табъаш болида ва вақташ хуш мешуд, агар ки ягон нафар ӯро барои сарфи ғизо дар ягон тарабхонаи гаронбаҳо даъват мекард.

 

Умед Додоҷонзода собиқ сардори Раёсати кадрхои Оҷонсӣ як инсон ва мутахассиси поквиҷдон ва ботаҷриба буд, ки дар интернат ба воя расидааст. Ӯро бе ягон асос ариза ташкил карда аз масъулият канор зад ва ба ҷои ӯ ҳамин кашелёки худаш Фирӯз Камолзодаро таъин кард. То ҳамин ҳоло барои мо, кормандони Оҷонсӣ хоксорӣ, фурӯтанӣ, одамигарӣ, кордонӣ ва ҳирфияти ӯ фаромушношуданист.Ӯ поквиҷдон ва қалби тоза дошт.

 

Умед Додоҷонзода, кадри Рустами Эмомалӣ буд. Мо мутмаинем Рустам аз ин вазъият, ки дар Оҷонси мубориза бо коррупсия ба вуҷуд омадааст ва бахусус аз барканор кардани Умед Додоҷонов бехабар аст. Зеро то ҷое медонем Умедро худи Рустам интихоб ва ба ин ниҳод ба кор овардааст.

 

Аммо имрӯз ҳатто худи кормандони Оҷонси мубориза бо фасод аз дасти Султонзода Сулаймон Саид ва Камолзода Фирӯз Анваралӣ ба дод омадаанд. Бовар кунед, дар мақомоте, ки худ бояд бар зидди фасод мубориза барад ва барои ҷилавгирӣ аз фасоду ришват ташкил шудааст, ягон корро бе маблағ ба иҷро намерасонанд.

 

Султонзода Сулаймон Саид, моҳи январи соли 2017 ба мақоми раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шуд. Ӯ дафъатан Фирӯз Камолзодаро аз Прокуратураи ҳарбӣ ба кор ба Оҷонсӣ овард ва дар ибтидо ба ҳайси ёрдамчии директор таъин кард. Ин овардан бесабаб набуд. Ҳамагӣ баъди як сол маълум шуд. Баъди як сол хост Фирӯз Камолзодаро ба яке аз вазифаҳои асосии Оҷонсӣ-сардори Раёсати кадрҳо-ҷойи фурӯши вазифаҳо таъин кунад. Тибқи низомномаи фаъолият дар Оҷонсӣ сардорони Раёсатҳо бо розигӣ ва мувофақа бо Президент таъин ва озод карда мешаванд. Зеро Оҷонсӣ ниҳоди давлатӣ аст ки мустақим ба раиси ҷумҳурӣ итоат мекунад. Барои ҳамин Султонзода Сулаймон, мудири Оҷонсӣ номзадии Фирӯз Камолзодаро барои ишғоли курсии сардори Раёсати кадрҳо ба Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурӣ муаррифӣ кард. Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,ки даст доштани Фирӯз Камолзодаро огоҳ буд, маълумоти муфассал ироа кард ва дар Дастгоҳ номзадии ӯро рад карданд ва таъин нашуд.

 

Аммо бо вуҷуди ин Султонзода сардори Раёсати кадрҳоро аз вазифа барканор кард ва Фирӯз Камолзодаро ба ин мақом ба сифати иҷрокунандаи вазифа таъин кард. Баъди чанд моҳ Султонзода номзадии Фирӯз Камолзодаро такроран барои таъин ба мақоми сардори Раёсати кадрҳои Оҷонси мубориза бо коррупсия ба Дастгоҳи иҷроия пешбарӣ кард. Вале ин бор ҳам Кумитаи амнияти бо ироаи маълумоти муфассал аз кирдорҳои ҷиноии Фирӯз Камолзода ба маъмурияти Президент ба тасдиқи номзадии ӯ мухолафат кард. Ва Дастгоҳи иҷроия ҳам боз посухи рад дод. Аммо ҷойи нигаронист, ки Сулаймон Султонзода бар хилофи муқаррарот ва низ дар муқобала бо мавқеи Дастгоҳи иҷроия ҳамоно Фирӯз Камолзодаро ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кадрҳо нигоҳ медорад. Мутобиқи қонун иҷрокунанда бояд на кам аз 4 моҳ кор кунад. Вале Фирӯз Камолзода то ба ҳол дар ин мақоми масъулиятнок ба таври ғайриқонунӣ як сол мешавад кор карда тамоми вазифа ва мансабҳои Оҷонсиро фурӯхта ва маблағи ба дастмеовардашро ба Сулаймон Султонзода медиҳад. Фирӯз Камолзода ҳанӯз 32 сола аст. Дар ёд дорем вақте ӯ ба Оҷонсӣ кор омад як мошини оддӣ ва куҳна дошт,ки нархаш 4000 ё 5000 бештар набуд. Давоми ҳамагӣ се соли кор ҳоло мошини шахсиаш “Тойота прадо”, соли барориаш 2019 ва арзишаш 40.000 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад. Дар маркази Душанбе, дар хонаҳои навсохт 10-ҳо хона харидорӣ карда ва дар ошёнаҳои аввали чандин ингуна биноҳо мағозаҳояшро фаъол сохтааст. Бинои ин мағозаҳоро ҳам ба пурагӣ харидааст. Дар ин шабу рӯз ҳар як метри квадратии мағозаҳо дар айни замон аз 2000 то 2500 доллар ва ин давру барҳо мебошад.

 

Дар шаҳри Кӯлоб, ки падару модараш онҷо ба сар мебаранд давоми ду сол 2 то қасри муҳташам,ки якеаш барои падару модараш ва дуввумӣ барои худаш аст,сохт. Як бародарашро, ки тамоман савод надорад ба Оҷонсӣ ба кор гирифт. Вай айни ҳол ба ҳайси ваколатдори фаврии Раёсати вилояти Суғд кор карда истодааст. Фирӯз Камолзода дар Оҷонсӣ худаш шоҳу табъаш вазир аст. Ягон касро гӯш намекунад. Ҳатто муовинҳоро писанд намекунад. Бо сардорони Раёсатҳо умуман салом намедиҳад. Кормандони одиро сиёсат ва дашном мекунад.Чунки ӯ одами раиси Оҷонсӣ аст. Бидуни маблағ ягон корро ба анҷом намерасонад. Барои мисол агар як корманд тағйири ҷои кор кард (перевод) шавад аз 3000 то 4000 доллар камтар пора намегирад. Агар ин вазифаи роҳбарӣ бошад “ставка” аз 20000 доллар поин нест. Сипас ба ҷойи дигар перевод мекунад. Барои даромадан ба кор дар Оҷонсӣ 10.000 доллар мегирад. Ин гапҳо, ки озмун асту конкурс ҳамагӣ як амали зоҳирӣ аст. Ҳатто рутбагирӣ ҳам пулакӣ аст. Фарз кардем агар мӯҳлати рутбагирии корманд расида бошад, ки бар тибқи қонун бепул аст, то ба Фирӯз Камолзода 500 доллар надиҳӣ, онро баҳона карда кашол медиҳад. Аз корманде, ки санҷиш-ревизия меравад ба ин ва ё он корхона ва муассиса ҳатман 1000 доллар мегирад ва сипас фармон содир мекунад. Вақте санҷишро ба итмом расонида меояд боз %-фоиз дорад. Бюҷети корхонаро фаҳмида %-и онро мегирад. Ҳатто барои рухсатии меҳнатӣ, ки корманд ҳақ дорад дар сол як бор бигирад, то 100 доллар надиҳӣ рухсатиро назди раиси дароварда имзо намегирад. Беш аз ин, шояд боваратон наояд, аз маблағи “отпускной” ҳам бояд як ҳисса пардохт кунӣ барои Фирӯз.

 

Хуллас, дар мақомоте, ки миссия ва рисолати он ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои коррупсионӣ аст, бепул кори корманди худи ҳамин ниҳод иҷро намешавад. Дар асл коррупсия дар худи Оҷонсии мубориза бо коррупсия бештар ривоҷ гирифтааст. Аз рӯзе, ки Сулаймон Султонзода ба ин мақомот омад, кораш тақсими вазифа, аз як ҷо ба ҷои дигар тағйир додан ва аз ҳамин қабил корҳо. Вале касеро парвои кори асосӣ нест. Ҳама кормандони Оҷонсӣ хаставу монда шудаанд. Дар ҳамин давоми роҳбарии Султозода инак бори 3юм аст ки дар сохтори Оҷонсӣ тағйирот дароварда мешавад. Бидуни кадом зарурат ва бидуни кадом асос. Бо ин баҳона чандин нафарони кордону ботаҷрибаро аз кор озод карда ва боз баъди чанде бардурӯғ озмун эълон намуда бар ивази маблағ ба кор қабул мекунанд. Ҳафтае нест, ки ҳолати вазифа ивазкунӣ нашуда бошад. Як кормандро ду моҳ дар якҷо кор фармуда боз баъди ду моҳ пул гирифта ба ҷойи дигар перевод медиҳанд. Ҳамааш ба хотири пул, ба хотири доллар. Рости гап то омадани ин ду нафар ба раҳбарии Оҷонсӣ коррупсия дар кишвар то ба ин дараҷа рушд наёфта ва рӯирост нашуда буд. Сафи ришвахорон дар тамоми мақомоту идораҳо зиёд шудааст. Фирӯз Камолзода озодона аз ҳама кор пул мегирад. Мегӯяд ин пулҳоро бурда ба шеф медиҳад. Бовар кунед аз ҳама мақомоти коррупсионер худи ҳамин Оҷонси мубориза бо коррупсия мебошад.

 

Ин ҳодисаро ҳама мардуми Данғара медонанд .Соли гузашта дар 29 майи дар деҳаи Исмат Шарифи ноҳияи мазкур бо иштироки Президент як маркази ташхисӣ-табобатӣ кушода шуд. Ин маркази табобатӣ дар асл аз они раиси Оҷонсӣ Сулаймон Султонзода мебошад, ки ба маблағи ҳудуди 20 миллион сомонӣ бунёд ва муҷаҳҳаз шудааст. Дар ҳамин деҳа Султонзода боз аз ҳисоби шахсиаш боғи Парчам, чанд бинои маъмурӣ ва фарҳангӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ сохта истодааст. Савол ин аст ки пули ин ҳама таъсисот ва сохтмонҳо аз куҷо аст? Албатта, ки аз ҳисоби гирифтани пораву ришва аст. Ҳоло онки ӯ се соли пеш, яъне қабл аз омадан ба коррупсия мисли мо як зиндагии маъмулӣ дошт ва одӣ мехӯрду одӣ мегашт. Вале имрӯз буруташро табар намебурад ва дар ҳавои даҳанаш санги осиёб мечархад. Чи коре хоста истодааст, карда истодааст. Оҷонсии мубориза бо коррупсияро мисли як корхонаи шахсии худаш истифода карда истодааст. Вақте маркази табобатӣ дар он деҳаро кушоданд, гуфта шуд, ки он аз ҳисоби соҳибкорон Содиқовҳо, яъне бародарони Султонзода сохта шуд. Аммо ҳамагон медонистанд, ки ин як дурӯғи навбатӣ аст. Чунки бародарони Султонзода кадом тиҷорат ва соҳибкорӣ надоштанд. Бародарони Султонзода се соли пеш бо мошинҳои опели куҳна мегаштанд ва дар деҳа то маркази ноҳия таксӣ мезаданд. Аммо дар ин се сол “замона” дигар шуду онҳо бо мошинҳои гаронарзиш мегарданд. Мошинҳои писарони Султонзода ҳар кадоме аз 80.000 доллар кам нестанд.

 

Султонзода солҳои пеш Содиқов буд,то омадан ба коррупсия аммо дертар иваз кард. Дар деҳа ҳама медонанд, ки Султонзода як хонаи миёна дошт, ки чанд бародару келинҳо бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Аммо ҳоло чиндин хонаҳои ҳамсояҳоро бо нархҳои қиммат харидорӣ карда онҳоро ба замин ҳамвор намуда дар ҷойи онҳо қаср сохтаанд. Ҳозир ҷавонҳои деҳа ҳама ҳаваси Султонзодаро мехуранд ва орзу доранд,ки ақалан як сол дар Оҷонсӣ кор карда мисли Султонзода серпул бишаванд ва оянду ҳамсояҳоро пул дода аз хонаҳо бихезонанд ва қасру кӯшкҳо созанд. Ҳол онки ин қадар катту кут бо маоши ҳалол дар 100 сол ҳам ба даст намеояд. Аз инҷо бармеояд, ки аслан дар фикри беҳтар кардани давлат нест, балки фақат барои худ кор карда истодааст. Султонзода Оҷонсиро ба ҳадде ҷазир намудаву беобрӯ кардааст, ки касеро намегузорад кор кунад. Касеро бо ришва дастгир мекунанд Султонзода ё ба воситаи бародаронаш ё ба воситаи Фирӯз Камолзодаи “кашелёк” маблағҳои калон гирифта онҳоро ҷавоб медиҳанд ва он нафарон на танҳо аз кор барканор намешаванд, ҳатто рафта дар ҷойи қаблӣ фаъолият ва ҳамин тавр ришвахориро идома медиҳанд. Ин тарзи корбарӣ ҳам обрӯи корманду Оҷонсиро аз байн мебарад ва ҳам ба обрӯ ва эътибори давлат латма мезанад ва ҳам ришваву фасодро дар ҷумҳурӣ авҷ мегиронад. Аммо ба ин тарафи кор Султонзода ва Камолзода Фирӯз камтарин аҳамият ва эътиор намедиҳанд. Барои мисол мо аз мақомоти амният як чизро мехоҳем, ки таҳқиқот баранд. Масалан ҳамин кормандони Кумитаи заминро аз сатҳи ҷамоат гирифта то ноҳиву шаҳру вилояту ҷумҳурӣ. Даҳҳо, шояд садҳо нафар бошанд, ки ҳатман ба дасти мақомот афтода бар ивази ришва раҳо шуда ва ҳоло боз аксарияташон дар ҳамон вазифаҳои пешина фаъолият карда истодаанд.

 

Пуштибони Сулаймон Султонзода дар ҳукумат Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президент оид ба кадрҳо мебошад. Барои ҳамин дилаш пур аст ки то чанд соли баъд ҳам ӯро аз вазифа намегиранд. Зеро ӯ маблағҳои “кор” мекардаашро бо Асадулло Раҳмон тақисм мекунад.Ин чунин дар мавриди хешу таборӣ бо модарӣ Пешво буданшро ҳам дар идора шунидаем вале то куҷо дуруст аст намедонем (Дар бораи инки Асадулло Раҳмон киҳоро “кришават” мекунад ва мансабҳоро чи гуна мефурӯшад, як матлабе дар ҳоли омода шудан аст. “Ислоҳ.нет”)

 

Инҷо боз мехоҳем як нуктаи дигарро ёдрас намоем,ки нишон медиҳад Сулаймон Султонзода ҳоло худашро чи хел “гирифтааст”,ки ҳатто супоришҳои Президентро ҳам иҷро намекунад.

 

Ҳамин сол вақте бинои нави Оҷонси мубориза бо коррупсияро бо иштироки Президент ба истифода доданд, дар он ҷласа Президент гуфт, ки 3 корманд-ревизорҳои Оҷонсӣ аз нерӯгоҳи Роғун 2 миллион доллар ришва гирифтааст. Супориш дод, ки фавран онҳоро аз мақомот озод кунанд. Аммо баъди чанде маълум шуд, ки Фирӯз Камолзода бо супориши Сулаймон Султонзода яке аз ҳамон кормандҳороки Фатҳулло ном дорад бар ивази 20.000 ҳазор доллар дар Раёсати Оҷонсӣ дар шаҳри Душанбе боз ҳам ба ҳайси ревизор ба кор қабул кардааст. Президент дар паёми имсолааш ба Маҷлис ҳатто аз ҳамин корманди Оҷонсӣ махсус ном бурда буд. Вале чи хеле мебинем Султонзода ӯро дубора ба кор гирифт ва ҳарфи Президентро эътино накард. Чунки дар воқеъ сумаш хеле зиёд шудааст. Мо кормандони Оҷонсӣ дар ҳайрат ҳастем,ки чаро ин ҳама ҷиноятҳои ошкорои ӯро ҳеҷ кас аз мақомот ва ҳукумат намебинад?

 

Мумкин аст бароятон аҷиб бошад,ки чаро ин шикоятро ба Ислоҳ фиристодем ,на ба ягон ниҳоди дигари ҳукуматӣ. Мо борҳо шоҳид будем,ки Султонзода Ислоҳро хонда ва ё тамошо карда ба Фирӯз амр карда буд, ки ин масалро тез бинед. Дар чанд ҷаласаҳои кормандони ниҳод Султонзода аз Ислоҳ истинод карда буданд. Мо ҳам хостем онро дар Ислоҳ нашр кунем,ки худаш бубинад ва дигар мақомот ҳам онро донанд ва ин ниҳодро аз ин фасод пок созанд.

 

Гурӯҳе аз кормандони феълӣ ва собиқи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.

 

Ба иттилоъи хонандагони Пойгоҳи Ислоҳ мерасонем,ки маълумотҳои коррупсионии дигаре аз Султонзода ва “кашелёк”-аш дар ихтиёри мо қарор дорад. Агар шумо ҳам маълумоте дошта бошед ба мо ирсол доред,то дар нашароти баъдӣ аз онҳо истифода намоем.

Шикояти кормандони коррупсия аз раис ва кашелекаш

Share This Article