Дар ҳавои сиёсатҳои зидди исломиву зидди масҷиду муллоии Раҳмонов имрӯзҳо дар Тоҷикистон корҳое сурат мегирад, ки бовари кас намеояд. Барои онки як хонум зиндагӣ дар шаҳр мехостааст тавре масъаларо ҳал кардаааст, ки шавҳараш –як нафар мулло бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари худаш зиндони шуд. Бо туҳмат ва дуруғи маҳз. Аз ҷараёни ин ҳодиса шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон гузоришҳо нашру пахш намуданд, аммо асли қазия чӣ аст, дар ин нома бихонед.
Пенза
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Пенза бароятон ин номаро ирсол менамоям. Ман аз Исфара ҳастам. Аз Ворух ҳастам, номамро ифшо накунед, инҳо номарданд худатон хуб медонед домулло. Чанд ҳикояти воқеъиро бароятон қисса мекунам, ки ҳамин чанд рӯзи пеш бо худи ман руй дод. Рӯзи ахири баромадан аз Исфара дар назди нуқтаи сарҳадӣ дар роҳ дар пеши знаки «стоп» истодам, суст кардам суръатро. Баъди таваққуф ҳаракатро идома додам, ки корманди ГАИ боздошт. Гуфт, ки чаро дар «стоп» наистодӣ? Гуфтам истодам. Хуллас, байнамон баҳс бархосту гирифта сар кард ба навиштани протокол. Ман гуфтам, ки бародар ҳозир ба Русия рафта истодаам, бо кадом инсофу виҷдон ту маро ин қадар азият мекунӣ? Праваи маро чаро мегирӣ? Онҷо боз як нафари дигар корманди ГАИ ҳам буд, ки гуфт ин мардак бо бачаҳояш Русия рафта истодааст. Болои мошинаш курпаву ҷогаҳаш ҳаст. Ин кори ту айб аст, биё мон равад. Аммо вай гуфт сесад сомонӣ те. Маҷбур сесад сомонӣ додам. ( Аксе ба Ислоҳ фиристодашудааст акси ҳамон Лутфуллое дар Шаҳритузу Қубодиён машғул ба ғорату дуздӣ бударо ирсол намудаасту ҳоло дар ППС кор мекардааст бе значоки БДА . Дар номаи Қубодиён онро метавонед хонед) .
Аммо дар асл ман дар стоп истода будам. Як бор дар «стоп» истода сипас ҳаракат кардам. Аммо вай баҳона кард, ки ту наистодӣ ва ба мошини аз самти муқобил роҳ надодӣ. Дар ҳоле, ки он мошин дар ҳоли ҳаракат набуд, якҷо истодагӣ буд, шофераш ҳам набуд. Хуллас, ман аз баҳри сесад сомонӣ баромадаму додам, чунки агар аз роҳам гардонад кор безеб мешавад.
Аз ин ҳодиса чанд вақт пештар як бародар дар Русия гуфта буд, ки Ба Тоҷикистон пули калон дошта бошӣ, кунат бошад биё: «Ба Тоҷикистон бо пули калон мебиёед пул дода зиндагӣ мекунед. Пул намедодагӣ бошед набиёед Тоҷикистон». Ин гапаш он вақт ба ман сахт алам карда буд. «О чаро ба ватани худамон пул дода меомадаем, пул кам бошад зиндагӣ карда намешудааст?»
Дар Русия 25 сол зиндагӣ мекунам, як штрафам нест. Аммо дар Тоҷикистон бинед, ки панҷ праваи российскиамро гирифтанд, дар дасти онҳо монд, сахт аламовар. Бе ягон асос. Ман ҳар чор –панҷ сол як бор Тоҷикистон омада меравам. Праваи русии маро мегиранд. Як бораш гуфт 3 ҳазор медиҳӣ, баъд мегирӣ. Ҳатто одами амниятро миёндаро кардам, нашуд. Омада дар Пенза ба 800 рубл аз нав гирифтам.
Бародарҳо метарсанд гап занам. Мегуянд, ки гап назан, ҳамаро турма мекунанд. Бародарҳо маро гуфта истодаанд, ки моро ҳам аз рафтан ба ватан маҳрум мекунӣ.
Ман боз як ҳикояти дигар карданиам. Дар амнияти Исфара 7-8 духтари маҳаллиро ҳамчун агент аз паси одамҳо монагианд. Ҳамаи инҳоро дар амният як кас курироват ва контрол мекунад.
Яке аз онҳо дар пеши ман руирост мегуяд, ки мо бо амният шарикем.
Бачаҳоро подстава карда то як, якуним миллион пулашонро мегирифтаанд. Худам ба худам ҳайрон шудам. Инҳо Ворух фақат барои пулкоркунӣ меомадаанд, дигар ҳиҷ чи набудааст
Ҳозир ҳамон амнияти калонӣ номашро намедонам, маро гуфт, ки ту бо ин духтар нағз будаӣ. Ин амниятӣ ҳозир дигар ҷо рафтааст. Дар онҷо ҳам ин духтарро бурдааст. Ман историяи ин духтарро фаҳмида ҳайрон шудам. Ин духтар тамоми ворухиҳоро мефурухтаст. Инҷо гапи бисёре будааст. Ман якуним моҳ истодаму дигар баргашта омадам.
Дар туйхонаи «Ҳафтдодарон» 7автомату як гранатамётро монда туйхонаро махкам карда шиштааст. Боз дар тарафи боло чор корманди ОМОНро мондагӣ. Онҷо ҳам 5-6 кас бо оружия нишастаанд. Даромада дидам. Агар ду қирғиз хоҳаду дарояд ҳамааш, аз ҷумла Ворухро дар як дам захват карда мегирад. Лекин инҳо корашон фақат посредникӣ барои қирғизҳо аст. Ин нафар дар ҳамон дидбонгоҳи Ворух нишастааст.
Пул гирифта говҳои қирғизҳоро гузаронида пул мегирад, бо онҳо договор кардагӣ. Аммо одамҳои худамонр азоб дода шиштааст. Дигар ҳеҷ чи кораш набудааст дар онҷо.
Онҷо гап зада намешавад.
Одилбек Амонов гуфтагӣ як нафар инсони хуб ҳаст. Паспорташ қирғизӣ аммо худаш тоҷик. Он одам дар даҳ миллион хона карда буд. Барои онки бо он одам гапаш дуруст намеояд ҳамон хонаро алоб сар дод.
Акнун бо инҳо гап зада намешавад. Ҳозир бо амният сахттар гап занед, хонаву даратонро дар як дам алоб сар медиҳад.
Ба ҳаде аламам омада истодааст, ки гашта тарафи қирғиз шуда ҳамин амниятро несту нобуд кунем гуфта як фикр ҳам кардам. Боз гуфтам, ки ин тавр кунем Қирғизистон мегузарад. Аммо рости гап то инҳо омадан наоборот қирғиз бо мо нағз буд. Инҳо омаданду ҳамаро хароб карданд.
Фархор
Ассалому алайкум ва Раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз деҳаи Давлатобод «Ҷайралии боло»–и Фархор ин номаи пур аз дардро мефиристам. Дар нимаҳои моҳи август дар қишлоқи мо як кори боварнакарданӣ рух дод. Гап дар бораи Мулло Сайдаҳмад Идиев меравад.
Ин мулло шогирди Мулло Ҳайдари кулобӣ аст. Дар бораи ин мард навор карда дар шабакаҳои телевизионӣ ҳам намоиш доданд ва ба ҷинояти таҷовуз муттаҳам карданд.
Аз тарафи Душанбе кормандони ВКД –вазорати корҳои дохилӣ бо ҳамроҳии хусурбачаи Мулло Сайдаҳмад омада язнаашонро дастгир карда ба отдели ноҳияи Фархор мебаранд. Ин хусурбачааш худаш милиса аст ва дар боло кор мекунад. Хусурбача язнаи худаш Сайдаҳмадро дастгир карда месупорад. Барои онки язнааш Мулло Сайдаҳмад как будто духтари худашро, ки толибаи синфи 7 ё 8 аст қапида таҷовуз карда бошад.
Ин бовар накарданист. Мо дар қишлоқ ин муллоро мешиносем. Вай дар навбино зиндагӣ мекунад. Мо дар қишлоқи куҳна ҳастем. Беҳад одами хуб, боимон.
Кор аз инҷо сар мезанад. Мулло ҳамроҳи зану бачаи калониаш дар Русия тахминан 2сол кор мекунад. Сайдаҳмад бо занаш меояд ба қишлоқ. Духтарчааш дар қишлоқ дар хонай тағои дигараш. Баъди омадан ба қишлоқ кудакҳояшро меорад хонаи худаш. 24 соат зану фарзандон дар хона ягон ҷо намераванд. Чи хел вай духтари худашро қапид, зану фарзандҳояш надид. Э, мардуми Фархор! Ин туҳмат аст. Аз Русия омада як ҳафта истод, ки вардоштанаш. Ҳоло духтарашро хушру надида буд. Аммо таги гап чист?
Рӯзе занаш муллоро мегуяд, биё, 300 000 сомонӣ, ё ки зиёдтар овардем, дар Душанбе хона бихарему биравем дар шаҳр зиндагӣ кунем. Барои онки акаву апаи занаш дар Душанбе зиндагӣ мекунанд. Мулло нахост ва не гуфт ва гуфт, ки «занак и сумора хонамона ремонт мекунем, бачамона зан метем».
Занаш норозӣ ва нороҳат мешавад ва кудакҳоро гирифта хонаи авлодҳояш Душанбе меравад. Чанд вақт меистад ва дар онҷо бо акояш чи маслиҳатҳое мекунад.
Аз Душанбе хусураш бо ҳамкоронаш- милисаҳо омада язнаашонро бардошта отдел мебаранд, ки ту духтаратро расидаӣ. Наъузубиллоҳ ба ин туҳмат! Фақат барои онки мулло нахост дар шаҳр хона бигирад.
Духтарашро экспертиза мекунанд, ки 100фоиз соз аст. Худи духтар мегуяд, ки маро падарам нақапидааст: «и дуруғай падари ма гуноҳ надора сарш тен». Аммо уже рафт. Падараш резултат шуд аз ҷониби хусурбачааш. Боз хусурбачаи дигариаш, ки дар қишлоқ зиндагӣ мекунад изо нокашида пеши ҳамсояҳо ба мулло мегуяд, ки духтараш дар экспертиза сад фоиз тоза баромадааст. Вақте, ки муллоро хонааш меоваранд бо камераву кукла, ку бугу нишон те чи хел кардӣ гуфта таҳдид мекунанд. Мулло аз тарс ба гардан мегирад.
Ҳамсояҳояш мегуянд, ки вақте оварданаш наручник дар дастонаш, болои пойҳояш базур чухт меистод.Чунон задану шиканҷааш карданд, ки ба гардан гирифт. Мардуми қишлоқ хабаргириаш рафтанд отдел. Рӯ ба рӯ диданш. Гириста гуфт, ки «ма накардам, мара туҳмат доран». Милисаҳои шиноси мардуми қишлоқ тихо гуфтанд, ки мулло ин корро накардааст, бегуноҳ аст, туҳмат аст. Ҳатто милисаҳои Фархор гуфтанд, барои онки фармон аз боло, хусурҳояш омаданду шинонданд барои сум, ки хона дар шаҳр бигиранд.
Нигоҳ кунед бародар. Ин мардро бурданду шинониданд ба гуноҳи таҷовуз бо духтари худ, ки духтараш худаш рад мекунад ва бегуноҳии падарашро тасдиқ мекунад. Ҳатто экспертиза ҳам инро тасдиқ мекунад, пас адолат куҷост ? Охир барои мулло будан наход бо ин туҳмати хелло бад инсонро туҳмат кунед ҳой бе имонҳо аз Худо тарсед! Ин одам як духтар дорад.
Аммо занаш сумҳоро ёфту гирифт ва хонаашро дар қишлоқ ба савдо мондааст. Ана дидед, ки барои суму хона байни зану шавҳар чи хел спектакл барпо карданд: «Шавҳара бурд паси панҷара, худаш соҳиби пул мол кайф када гаштаст. Кҷодай адолат, кҷора нигаҳ мекна Пракрор Юсуф Раҳмон, С.С.Ятимови махуф?».
Хусурбачаи Мулло Сайдаҳмад дар Душанбе ё Хуҷанд точна ҷояшро намедонам кор мекунад. Корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Ку бинем, адолат дар Тоҷикистон ҳаст? Ку бинем туҳматчӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ё шахси тамоман бегуноҳ зиндонӣ мешавад?.
Қубодиён
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як сокини ноҳияи Қубодиён ҳастам. Мехоҳам дар бораи эшонҳои Қубодиён гап занам. Ман, афсус, ки тоҷикиро он қадар хуб намедонам. Падаратонро Худо раҳмат кунад, ки ҳақиқати гапро гуфтед. Мардум фаҳмиданд, ки эшонҳои махуф киҳоанд. Ман дар бораи эшони Муҳаммадаюб гуфтаниам. Он нафароне, ки ба Давлати исломӣ -ДОИШ пайвастанд аз пушти ҳамин эшонҳо рафта буданд. Чунон зулмашон карда буданд, ки ҳама безор шуда буданд.
Бародар бигзор исми ман пушида бимонад. Аз деҳаи Зиракиям. Аз қишлоқи ҳамин эшонҳо. Нафрин бар падарашон бод, ки ошкоро мегуфт ба ман аз як суми ҳалол сад суми ҳаром фоиданоктар аст. Пеш аз мурданаш гуфта буд, ки «дар қишлоқ мошинро бо суръати тез ҳай кунед, ки мардум бинанду битарсанд».
Ман феълан дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишварам.
Мутаассифона мардум ҳозир бисёр лесак ва буз шудаанд. Ин эшонҳои махуф агар як кас мабодо беправа мошин ҳай кунад дарав ГАИҳои нохия меоянду меқапанд ва 12 хазор сомонӣ штрафаш мекунанд, аммо худи ин эшонҳо аз калон то майдаашон права надоранд. Э, мардум медонам, ки ҳамаатон тамошо мекунед, бинависед ин каззобҳоро. Инҳо эшон нестанд. Именно эшонҳои деҳаи Зиракиро дар назар дорам. Фиребгару каззобу бузанд.
Мастчоҳ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Мастчоҳ менависам. Дар бораи як шахс бо номи Малик. Малик соли 1965 таваллуд шуда истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ аст. Дар минтақаи якум, деҳаи Зарафшон мешинад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд:- 3 писар ва 2 духтар дорад. Писари калониаш дар СИЗО-и Хуҷанд кор мекунад. Малик худаш дар шаҳри Екатеринбург дар як корхона бригадир шуда кор мекуна. Корхона Гумимакс ном дорад. Дар таги дасташ 25 то 30 нафар коргар кор мекунад. Ҳамааш аз Тоҷикистон ҳастанд. Ҳар як коргар аз Тоҷикистон меояд як моҳ кор мекунад маошашро гирифт. Малик барояш мегӯяд 5 ҳазор рубл бидеҳ барои инки ту инҷо кор омадӣ ва барои ҳамин аз ҳар як нафар 5 ҳазор рублӣ пул мегирад. Мегӯяд, ки ё 5 ҳазор медиҳӣ ё барои ман обу зиёфат ташкил мекунӣ. Коргари бечора, ки маошаш 20 ҳазор рубл аст барои ин гови шикамғафс 5 ҳазор медиҳад. Паспортҳои бачаҳоро маҷбурӣ гирифта зодрӯзҳояшонро тафтиш мекард ва маҷбуршон мекард, ки ҷашни зодрӯзҳоятонро қайд кунед. Коргари бечора дар як ними маошаш зодрӯз мекард. Малик аз коргарон пул қарз мегирифт барнамегардонд. Мегуфт ту пеши ман кор омадӣ, ту бояд барои ман пул диҳӣ, на ман барои ту пул диҳам. Як хоҳарзодааш муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ мебошад бо номи Мулосоқӣ. Шумо пештар дар бораш барнома карда будед. Мулосоқиро мо вешилкаи раис мегӯем. Раис куҷое, ки равад Атобуллоев Мулосоқӣ костюми раисро гирифта дар қафои раис «лабай раисҷон» гуфта мегардад. Ҳоло тӯли як сол мешавад, ки Малик ба Русия омаданро бас кардааст. Ба касали қанд ва фишор гирифтор шудааст. Хайр албатта, вақте ҳаққи касро хурдӣ аз гулӯят мебарояд. Кадом коргар агар барномаҳои шуморо тамошо кунад ӯро медид дар ҳол таҳдиду угрожат мекард. Мегуфт ту барномаҳои Ислоҳро тамошо кардӣ, ту дар Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор дорӣ, туро ҷустуҷӯ доранд ва ҳамин тариқ ину он гуфта одамро метарсонд. Мегуфт ман дар Тоҷикистон одам дорам коратро ҳал мекунад. Барои ман 5 ҳазор бидеҳ ман коратро ҳал мекунам гуфта аз коргари бечора пул канда мегирифт. Хулоса бо ҳар гуна баҳона ва бо ҳар роҳ аз коргарон чихел накарда пул мегирифт. 17-18 сол дар ҳамон корхона бригадир шуда кор кард. Кораш танҳо аз одамон пул гирифтан буд.
Ман бори аввал аст, ки ба шумо нома менависам. Агар ягон камбуд ё хатоӣ бошад, бахшиш.
Шаҳритуз
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракатҳу бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ҳозир барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» № 160 -ро тамошо кардам. Ҳамааш дуруст аст. Айнан дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Носири Хусрав «собиқ Бешкент» аз тарафи кормандони КДАМ кураторҳои ҳар як ноҳия бо ҳамроҳи участковыйи ҳамон минтақа хона ба хона гашта он нафарҳое, ки дар Русия ва дигар давлатҳо қарор доранд, ному насаб, соли таваллуд ва номери телефони дорои Ватсапи он шахси дар Русия ва дигар давлатҳо дар муҳоҷират қарор доштаро менависанд. Ман гуфтанӣ ҳастам эҳтиёт бошед. Ба шахсоне, ки дар ҳар куҷое, ки ҳастед ватсапҳоятонро дар настройкааш дароед: все последние звонка, все сведений, все статуса, все фото, Аватар ҳамаи ин чизҳоятонро маҳкам кунед. Кроме друзьяҳоятон касе дигар дида натавонад ва набинад. Вагарна Кумитаи ғамнияти миллии Тоҷикистон, бо ҳар роҳу восита, шуморо тафтишу контрол мекунад. Алалхусус муборизони роҳи ҳақро. Ба гуфти асосгузори қатлу куштор, Эдики педики хабиси касиф, номуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов: «зиракии сиёсиро аз даст надиҳед».
Носири Хусрав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар бораи як корманди ГАИ навиштаниам. Ин корманди БДА- Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Шаҳритуз, Қубодиён ва Носири Хусрав«собиқ Бешкент» зиёда аз 20 сол шуд кор ва фаъолият карда дар ҳамин 3 ноҳия чарх мезад. Номаш Лутфуллой Гаи аст. Бисёр инсони баднафс. Дар пулгири хун надорад. Дар ноҳияи Шаҳритуз чанд хонаву дар дорад. Ҳамсари якумаш аз дунё гузаштааст. Ду ҳамсари дигар дорад. Як ҳамсараш араб, як ҳамсараш узбечка аст. Ба як қавле кадом вақте, кадом ҳамсарашро бо кадом марди бегона дар як тахти хоб як ҷой капидааст. Ин як фосиқ аст. Видеоҳои ин одам дар Ютубу тик току инстаграм чарх мезанад.
Як марди узбектабор барояш мегуяд, ки дар видео дируз 100 ё чанд сомонӣ дода будамат. Як зани дигар дар дигар видео тамоми асноду протоколҳора аз дасташ кашида мегирад. Лутфулло аз думболи он зан -модари узбектабор давида мегӯяд «ҳуҷҷати давлата гирифти турррррмат мекнм». Ҳоло онки тюрма кардан дар дасти прокурору суд аст, на туи ГАИ. Бесавод ҷоғ зада ман миллатчигӣ, маҳал гароӣ намекунам. Кадом кормандони аз мардумҳои боло ба гуфти худашон Кӯлоб омадаанд. Ҳамаи ноҳияҳои гирду атрофи Кулоб дохил мешавад. Дар 3 ноҳияи Шаҳритуз, Қубодиён ва Носири Хусрав меоянд кору фаъолият мекунанд. Аксарияташ 99% фоизаш бесавод ва бемаърифат ҳастанд. Фақат ма, ма, ма мара медонанду халос. Баъдан пул канданро аз мардуми оддии мазлум. Ба мардуми узбектабор ва мардуми куҳистонӣ бисёр нафрат дорад. Шумо ғармиҳо шумо, вовчикҳо гуфта доим дуғ пуписа мекунад.
Як қонун баровард барои сокрошении ГАЙҳо. Дар он ҳолат ин аз кор барканор гашт ва дар ППС кор мекард чанд муддат бе сначоки БДА буд ва кораш танҳо шикор буд. Як пост дар даромадгоҳ ба ноҳияи Шахритуз аст баъди пули дарёи Кофарниҳон аз тарафи ноҳияи Қубодиён меомадаги ҳарӯз дар ин пост ҳазорҳо сомонӣ даромад дорад аз мошини майда ( легковой) аз 1-сомон то 3-сомон аз мошинҳои калон (грузовой) аз 10сомонӣ то 50сомонӣ мегиранд. Ин маблағ боз дар ҳоле ҳама ҳуҷатоят сад 100% бошад вагарна ба яку ду ҳазор сомон халос намешави. Ҳоло онки ин пост дар инҷо ғайриқонунӣ аст пости қонуни дар даромадгоҳи Ноҳияи Қубодиён аз тарафи Шаҳри Душанбе меомадги вуҷуд дорад. Дар баромадгоҳи ноҳияи Шахритуз Айвоҷ Хушоди мегӯянд баромадан ба Ҷумҳурӣ Ӯзбакистон Шаҳри Термиз бояд бошад аммо бинобар сабабеки ин постеки дар даромадгоҳи ноҳияи Шахритуз аст ин пости сер одам сер мошин ва сер даромад аст ғайриқонунӣ бошад ҳам истифода мебарандаш. Аз ин пост рӯзона Раиси милисаи ноҳияи Раиси Аминяти ноҳия ва Пракрори ноҳияи Шахритуз доляшона хуб мегиранд бо итминони комил мегуям ин Лутфулло гай ҳозир аз вазифай БДА рафтааст бо амри пирбузбалай аҳмақ гардан балони гази аммо бе значоки корманди БДА кор кардаистодааст. Танҳо бо либоси ППС корашро давом дода истодааст.
Алъон ин касифро ба ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд интиқол додаанд. Худо медонад ҳоли он мардум чи хоҳад шуд? Хуни мардуми онҷоро дар мекашад –аждаҳор!
Бо ҳамин қадар видеоҳо, доказатҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дар бораи ин Лутфуллои ГАИ нашр шуд, ин ҳукумати носолими оилавӣ ин хел шахсиятҳоро аз кор намеронад. Чунки худашону худи худаш ҳам ҳамин хел ҳаромхуранд.
Инша Аллоҳ рӯзе хоҳад расид, так -такатон ҷавоб хоҳед дод, барои ин ҳаромхуриву бетартиби ва касофаткориҳоятон. Ин гапро фаромӯш накун Лутфуллои ГАИ
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Номаамро бидуни муқаддима шуруъ мекунам. Дар бораи киву чи кора буданам чизе намегуям
Юсуф Раҳмон, Прокурори генеаралии Тоҷикистон аз чи бошад, ки ҳамаи корашро як су гузоштаву аз қафои баъзе ҳолату ҳодисаҳои пештара шудааст. Ба шогирдони наздикаш дар Прокуратураи Генералӣ амр додааст, ки тамоми маълумотҳо, маводҳоро аз ҳама мақомотҳо оиди Фаттоҳ Саид ҷамъоварӣ кунанд. Яке аз сардорони раёсати Прокуратураи Генералӣ гуфт, ки аз Юсуф Раҳмон пурсидаанд, ки«муҳтарам Генерал, барои чи лозим?» Юсуф Раҳмон гуфтаст, ки «даркорай». Боз гуфтанд ба Юсуф Рахмон, ки о агар Фаттоҳ Саид камбудие медошт кайхо амри дастгир карданашро Ҷаноби Олӣ медод. Юсуф Раҳмон гуфтаст, ки « ранги ту боринҳо, ки соз намекобен, мегардан да озодӣ Фаттоҳ Саид боринҳо. Просто талхакаф буданд ва Ҷаноба ростша гуфтанда метарсиданд. Ма мегум. Доказат мекнм, ки киян инҳо».
«Инҳо» гуфта Юсуф Раҳмон Шоҳрух ва падарашро дар назар дорад. Ҳозир Юсуф Раҳмон парвандаҳоеро, ки дар вақташ кормандони КДАМ кормандони коррпусияро якҷо бо муовинаш дастгир карда буданд ва ин кор дар замони раҳбарии Рустами Эмомалӣ сурат гирифта буд талаб кардааст ва хапу дам ксерекопия карда истодааст.
Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки ҳоло мебинед, ки, кӣ охирон механдад. Инҷо Юсуф Раҳмон чи нақшаҳои дигар дорад. Вай ин аснодро ҳамчун доказатаелство, ки дар ҳамаи ин корҳо Рустами Эмомалӣ қуш буд ба Русия ба Краснов Прокурори генеарлии Русия фиристоданӣ будааст то ба воситаи Краснов ба Путин расонад, ки Рустам як взятончнике беш нест.
Дар ҳақиқат Юсуф Раҳмон чи мехоҳад, маълум нест. Аммо корҳое карда истодааст, ки тааҷҷуби кас меояд.
Кулоб
Ассалому алайкум бародари азиз. Ман барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Ташаккур бар шумо.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи Фронти халқӣ ҷангида будам. Захмӣ ҳам шудам. Бо бобои Сангак шахсан шинос будам. Ҳозир дар хориҷ аз кишварам. Ман шоҳиди бисёр корҳо ҳастам.
Ҳозир мехоҳам дар бораи яке аз онҳо гап занам. Дар бораи Шариф Назар, генарали милиса, сардори УВД-и Хатлон, ки пеш аз инҷо дар ВМКБ сардори милисаҳо буд ва мо шоҳид будем, ки чи қадар онҷо одамкушӣ карданд?
Ман худам аз ҷигари Кулобам. Ҳодиса ин тавр шуда буд.
Раҳматии бобои Охун бо як одам камкам ҷанҷол ва ба сари ҳамдигар доду фарёд мекунанд. Ин моментро истифода бурда аз қафои ҳавлии онҳо медарояд ва бо снайпер мезанад ба сари ӯ ва мекушаду мебарояд меравад. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки додари ҳамин он нафари бо бобои Охун ҷангҷол кардапарондагӣ. Аммо на самом деле Шариф Назар парондагӣ буд ӯро. Ин ҳолатро бисёрии одамҳо дидагинад. Занҳои он гузар шоҳиди ҳоланд. Онҳо мебинанд, ки дар дасташ қопча ва дар қопча снайпер. Даромаду аз даҳани тиреза паронд он командирро ва баромад рафт.
Ин Шариф Назар боз раҳматии усто Қадамро парондагӣ аст. Ин ҷиноят дар даҳани дари милисахонаи Кулоб сурат гирифт. Ин одам-Шариф Назар чанд касро парондагӣ дар он солҳо. Боевик буд. Одамкуш. Падарашро Раҳмон«сухтук» мегуфтанд. Падараш бангӣ аст. Бародаронаш Салому Ҳасану Ҳусейн. Дар мавриди ҷиноятҳои бародаронаш ба Худо ончунон ҷиноятҳои вазбин анҷом додагӣ ҳаст дар минтақаи Кулоб, то бас гуфтан. Ҳама намуди ҷиноятро анҷом додагӣ ҳастанд аз одамкушӣ, то дуздӣ ва таҷовуз ба номус. Метонад касе гуяд на чунин корҳо накардаанд. Агар лозим бошад бо факту далел менависам ва ном ба ном. Охир ман ҳам аз ҳамин Фронти халқӣ ҳастам ва ҳамаро бо чашмони сарам дидаам.
Ҳамин тавр раҳматии бобои Охунро тақрибан дар пеши чашми ҳама паронида кушт. Акнун ҳоло милиса ва ҳомии ҳуқуқи одамҳо ва муҳофизи тартиботу қонун дар Вилояти Хатлон аст генерал Шариф Назар.