Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №183

Ислоҳ нет

Ҳукумати Раҳмонов ба ҳадде дилгиркунанда аст, ки инсонҳои боимону боинсоф дар он кор кардан намехоҳанд. Ҳоло даҳҳо ҷойҳои холии кор дар мақомоти маҳалли шаҳру навоҳии кишварро дар расонаҳо эълон мекунанд, аммо касе ҳозир намешавад барои кор кардан дар он ҷойҳои холии корӣ.

 Мегуянд, ки барои камии маош мардум намехоҳад, ки онҷо кор кунад. Аз ҳаминҷо аст, ки ҳатто дар вазифаҳои масъуле, мисли раиси ҷамоат, котиби ҷамоат ё дигар вазифаҳои давлатӣ ҳатто нафарҳое кор мекунанд, ки масту пиёнанд. Чуноне муаллиф аз Ёвон менависад, на фақат раиси деҳа муовинаш ҳам ҳамеша пиён мегардад.

                                           Ёвон

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз шумо бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки ҳамин номаи моро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед ва зудтар нашр кунед. Мо аз деҳаи Пахтакори Ёвон ҳастем. Мехоҳем аз дуздиҳои раиси қишлоқ ва муовинаш гап занем.Раиси қишлоқ Қурбонов Бобоназар ва муовинаш Ҷурақул мебошад. Инҳо ҳар вақти мавсими облава мардумро ба дод меовранд. Норма ва ё план буд мешавад, аммо ин ду нафар боз аз боқии бачаҳои синни хизмат аз  3000 то 5000 сомонӣ гирифта дар кисаи худ мезананд. Қурбонов Бобоназар бисёр инсони муғамбир ва ҳушёр аст. Муовинаш Ҷурақулро фармон медиҳад, ки ту корҳоро пеш бар «усунаш дар калаи ман, аз ҳамин мардуми қишлоқ чи тавре ки хоҳӣ ба ҳар баҳона пул гир. Ман усунша ҳал мекунам». 

 Ба худо қасам ҳамин раиси қишлоқ Қурбонов Бобоназар ду рӯз баъд се рӯз баъд маст аст. Бо ин ҳолу аҳвол чи гуна қишлоқро идора мекунад? Қурбонов Бобоназар бачаи амаки Қурбонов Бахтиёр аст, раиси идораи ЗАГС-и Ёвон пештар дар Қубодиён кор мекард. Дар бораи ин одам дар «Ислоҳ» ду-се бор барнома карда будед. Қурбонов Бахтиёр ҷиянашро гуфтааст: «худмон дар сари қил хастем. Чи хеле ки ҳаст корро хапу дам баред. Яъне манзураш дуздиву ришвахориашон аст, ки мардум нафаҳмад».

  Ин амнияту милисаву прокурори Ёвон куҷоро нигоҳ мекарда бошанд, ки ҳамин хел одами масту алкашу дуздҳоро раис мемонанд?

                                               Ҳисор

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як нома дорам аз Гачаки шаҳри Ҳисор. Номаи ман ба амниятиҳо. Эй амниятиҳо, шумо барои ду сум пули бойҳо мардуми камбағалро зулм накунед ва азоб надиҳед. Шумо ҳам одам ҳастед ва аз инсон таваллуд шудаед. Ман сину солам аз 45 боло аст ва ман дар ҳукумат кор кардаам ва медонам чи қадар зулму ситам ва дуздиву ғоратгарӣ ва ҳаромхурӣ мекунед. Шумо агарки дар пайи амнияти тоҷикон ҳастед чаро мактаби мардуми Гачакро фурӯхтед?. Ин ки ҷиноят аст. Як шахс мактабро гирифту хона кард ва мардуми Гачак бесинфхона монданд. Вале шумо КГБ хап ҳастед. Барои онки шумо худатон хоин ҳастед ва мефурӯшед ватанро. Ёров Ҷамол мактабро гирифт, Нуралӣ шипангро, Ёрмаҳмад ҷои скважниро, Мумин шипангро, Гулбаҳор ҷои духтурхонаро гирифт ва шумо, ки пул гирифтеду муттаҳамед ва инҳоро чизе гуфта наметавонед. Барои онки шумо  аз одамҳои пулдор метарсед. Инҳо шуморо муттаҳам кардагианд.

Дар Гачак пули куҳнаро канда пули нав сохта истодаанд. Ман ҳар рӯз дар пеши ин пул ҳастам ва мебинам, ки чихел дуздӣ мекунад ва оҳанҳои куҳнаашро фурӯхтанд. Боз ҳамин Ҷамоли дузд дар инҷо дуздӣ кард. Агар кори бунёди ин пул як моҳ тул мекашида бошад,ин Ҷамоли дузд 3 моҳи дигар боз медавонад, то боз бисёртар пул ҷамъ шавад ва боз ягон замини мактабро харад барои дигар додараш.

 Чи қадар пул ҷамъ шуда бошад, пулҳо куҷо шуда бошад, ҳеҷ кас намедонад.

Лекин ман ҳамаашро медонам ва ҳар рӯз ман бо Ҷамолу Илҳом, раиси маҳаллаи Гачак ҳастам ва аз ҳама дуздиҳои онҳо бохабарам. Бовар кунед, рӯзе мерасад, ки ин ҳукумати пешво ба охир мерасад ва ман зинда бошам, сину солам, ки аз 45 болост, агар намурам шумо хоинҳо ва дуздҳоро ҳатман ба ҳукумати оянда муаррифӣ хоҳам кард. Шумо Маҳмадраҳимро девона мегуед. Лекин ин кас шахсро ман хуб мешиносам дар Гачак ва ӯ воқеан  буз аст. Бузи амният аст. Кӣ туй ва кӣ мурда дорад аввл ҳамин Маҳмадраҳим бохабар мешавад. Дар КГБ связҳояш зӯр аст ва худаш ҳам инро инкор намекунад.

 Дар Гачак ҳамин як одами ҳушёр аст. Шумо хато мекунед, ки ин ҷӯраи маро девона мегуед. Ин одам аз ҳамаи дуздҳои Ҷамол Ёров бохабар аст ва агар шумо амниятиҳо мард бошед гиред  мактабу шипангро аз дасти Ҷамол ва Нуралӣ. Он вақт маълум мешавад, ки шумо мардед ва барои амнияти тоҷикон кор мекунед, на ин ки бар зарари миллати Тоҷик.

Ман мехоҳам, ки мактаб, шипанг ва беморхонаи Гачак ба мардуми Гачак бар гардонида шавад. На ин ки як бригадири колхоз мактаби мардуми Гачакро гираду хона созад барои худаш. Агар ман хоин бошам, назди Аллоҳ ҷавоб медиҳам ва мардуми Гачак дида истодаанд, ки дуздҳо киҳоянд. Ман Худо мегуям,ки ҳақ ба ҳақдор расад ва КГБ –и Ҳисор ҳам мусалмон шаванду дар ғами миллати Тоҷик бошанд. Дар назди Аллоҳ ман ҳам якам шумо ҳам. Пулу моли дунёро ба қабристон намебаред. Нафси хукатонро нигоҳ доред ва аз Аллоҳ тарсед. Устод Лоиқ шеъре дорад:-«Баҳона чист? Номи халқ», аммо ҳозир наоборот «Баҳона чист? Номи камбағал». Барои онки пулдор сум медиҳад, одамро зада мекушад, лекин аз пулдор амният муттаҳам чун аз ӯ пул гирифтааст ва ҳарчи он одамкуш гуяд ҳамонро мекунад. Барои ҳамин зурашон дар камбағалон мерасад.

Пули Гачаки Ҳисор баҳор сел бурд. Як соҳибкорро аз Русия маҷбур крада истодаанд, муҳоҷирони меҳнатиро маҷбур карда истоданд, ки сум диҳанд, ба баҳонаи «ободонӣ». Боз маҷбур карда истодаанд, ки барои асфалти роҳ пул диҳем.

                                      Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Рости ман чандин сол мешавад, ки сайти шуморо мутолиа мекунам. Шумо дар воқеъ ҳақиқатҳоеро менависеду чоп менамоед, ки дар Тоҷикистон дигар расона ҷуръат ва тавони гуфтани онро надорад. Навиштаҳои ахири шуморо дар бораи Раҳмонов хондам.

Ман чи гуфтан мехозам. Ончи аз рӯзгори пешинаи Раҳмонов дар матлаби ахиратон чоп намудед саддарсад рост аст.

Чанд рӯзи пеш Раҳмонов бо Рустам ба Роғун рафтанд. Онҷо як дӯсти ман ҳаст, ки дар охранаи Раҳмонов кор мекунад. Ман ҳам солҳо дар Дастгоҳи иҷроия вақте Амиршо Миралиев-ҳамон қунғузи сиёҳ, ки мегуед кор кардаам. Ҳурматов ҳам онҷо буд.

Он нафари корманди баландмақом дар охранаи Раҳмонов гуфт, ки гуфтугуи раиси ГЭС-и Роғун Хайруллоро бо як инжинераш шунидааст, ки мегуфт… «ҳами лимит сар шава, ҷаноб давида Роғун меояд, ки дар телевизор нишон бтан, ки ана Роғуна сохтмонш ба қизиқ рафтестайю ками дигаш монд,свето баъд мешаванд ҳама вақт».

 Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳаст. Инро мо барвақт мушоҳида намуда будем. Пеш аз светкушиҳо Раҳмон мерава ва дар тамоми каналҳои телевизиони таърифҳо мешавад, ки «Роғун, ки шава, ҳама проблемаи барқ ҳал меша».  

Раҳмонов чандин сол аст, ки бо ҳамин Роғун дар гушҳои мардум лапша овезон мекунад. Қувваи барқи ҷумҳурӣ барои мардум мерасад. Аммо Раҳмонов онро мефурӯшад. Агар нафурӯшад тамоми мардум ва тамоми корхонаҳо аз барқ танқисӣ намекашанд.

Вале, ман дар бораи дигар масъала инҷо мехоҳам гап занам. Мутаассифона ҳам Амрико, ҳам Чин ва ҳам Русия ҳарсе ба таври худ бо ҳаракатҳои мазҳабӣ ва миллӣ назари нек надоранд. Ин се мамлакати бузург қувваҳои исломиро дӯсти худ намешуморанд,ҳамкорӣ ва робита намекунанд. 

Аммо воқеият барои мардуми тоҷик ин аст ки на Амрико ва на Чин ҷойи Русияро  гирифта ва пур карда наметавонад.

Бархе аз онҳое, ки аз Тоҷикистон дар Русия ризқу рӯзӣ касб мекунанд, бовар кунед аз ҳамон тангии  чаҳор куҳи деҳа ва хафоли худ қадаме намондаанд ва ба ҳукми ҷомадонанд, ки рафиқонашон мебаранду меоваранд ва онҳо бо ҳамин вазъу ҳол мераванду пул меоваранд.

Онки мегуянд 1 миллион ё 400 000 тоҷик муҳоҷир аст нодуруст мегуянд. Бовар кунед аз 2увумин 3 миллион кам нестанд. Ҳар кас оморҳо ва эҳсоияи муҳоҷиронро аз хонаводаи худаш, аз хонаводаи ҳамсояаш аз ҳаммаҳҳалу ҳамгузараш қиёс кунад. Даҳ соли пеш аз хона чанд муҳоиҷр буд ҳоло  чанд шуд? Масалан ман аз як минтақае хонаи падариям онҷост. 200 хонавода,ки 2000 ба ҳисоби миёна агар бигирем. Боварам кунед 3 мардро дидам, дигар худатон хулоса кунед. Як мурда мешавад гуркан ва мурдашӯ ва ҷанозагари мард нест мефаҳмед?

 Даъвати муҳоҷир барои баргаштан ба ватан хуб аст аст, аммо бар иваз чи дода метавонӣ? Амниияти тану ҷон? Кофӣ нест. Бовар кунед кофӣ нест. Вай нонковӣ, пулковӣ меравад. Вай хона хоҳару додар, зану фарзанд, бачаҳо падару модар мехуронад. Вай бояд туй кунад. Вай бояд мошин харад. Вай бояд маросими мотами волидонашро камтар аз ҳамсоя накунад. Хонаи беҳтар дошта бошад. Мошин харад. Фикр мекунед ҳамаи ин чизҳоро дар Тоҷикистон меёбад?

 Вай бояд замин бихарад. Вай бояд участкаи наздиҳавлигӣ бихарад. Бо кадом пул? Дар ҳоле, ки онҳое Русия мераванд меоянду мехаранд. Барои вай ҷонаш муҳимтар аст ё дунёяш нест.

Шумо агар ҳазор бор даъват мекунед, ҷону дилатонро месузед, ки баргардед ҷанги Укроин мебарандатон фоида надорад. Чун бозгашт на танҳо соҳиби ончизе ки гуфтему ҳамсояаш дорад намешавад, балки гушна мемонад.  Намеёбад. Вай танашро ба тир медиҳад, танашро ба туфон мегузорад. Чун дигарҳо рафтанду доранд. Боз инки баъзе аз ин дигарҳо, ки дар қишлоқ на худаш ва на падараш касе набуд ҳоло миллионер болои садҳо ҳамқишлоқӣ раис аст.

Ҳоло баҳси онки Русия ҲНИТ-ро дар чи шароите мамнуъ ва террористӣ эълон кард, ҷудо аст. Вале, мухолифин, минҷумла ҲНИТ масъалаи ихроҷи пойгоҳи 201 аз кишварро ба ин шитобзадагӣ пеш наяндозад беҳтар аст. Ҳамин гуна мухолифат ва урусситезӣ дар солҳои 92 буд, ки Русия ба Сангак такя кард. Бидуни Русия идораи Тоҷикистон ғайриимкон аст. Агарчи Амрико ҳамсола кумакҳои худро афзоиш бидиҳад. Русия амалан хонаводаҳои тоҷикро хуронида истодааст. Ин 2-3 миллион нафар Русия ҷаҳонгардӣ нарафтаанд ва турист нестанд. Онҳо муздур ва ҳамол ва мардикоранд. Зери сақфу чатр ва пушти сипар ва ҷавшани Чин паноҳ бурдани Раҳмонов танҳо қарзу пул нест, кафолат аст кафолати амнияти қудрат ва ҳокимият. Раҳмонов фаҳмид дигар русҳо ба вай доданӣ нестанд.

 Тоҷикистон ба масал як мавизе дар зери дандони аждаҳо аст. Аммо инҷо фавоид ва манофеи вофире барои Чин дорад. Маҳз ҳамин адами узвияти Тоҷикистон дар Евразес аст ки Чинро маҷзуб ва мафтунаш кардааст. Вале оппозитсион набояд робитааш бо Русияро хароб кунад.

                                            Рашт

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Рашт ин номаро бароятон ирсол менамоям. Ман ба шумо акс ва наворҳоро ҳам видеоӣ ва ҳам голосавой фиристода будам. Аз маросими пешвозгирии асосгузори қатлу куштор, ин барзагови Эмомалӣ Раҳмонов. Рузҳои 11-12 дар навоҳии минтақаи Қаротегин аз ҷумла Рашт омада буд. Он марде, ки дар гусел кардани Эмомалӣ суханронӣ карда истодааст, аз қишлоқи Кадара, номаш ҳоҷӣ Сафарбек будааст. Ҳоҷӣ Сафарбек бисёр марди арақхур, майзада мебошад. Барои адои фаризаи ҳаҷ, зиёрати хонаи Худо рафтан ба маблағи 10 ҳазор доллар пора гирифта баъд адои фаризаро ба кала гирифтааст.

 Аз тарафи  фарзандонаш, ки дар Қазоқистон, шаҳри Алмаато кору фаъолият  мекунанд, хело соҳибкори муваффақ  ҳам ҳастанд. Бо ин падари бе ору номусашон бо пораву ришва 3 маротиба хонаи Худо маҷбурӣ равонаш карданд.
Муаллими мактаб ҳолашро бинед. Дар гармӣ барои пешвози гарданбалонигазӣ, бадбахти хабиси аҳмақ чи қадар дар азоб аст. Оё инқадар меҳнату заҳмат, чанд ҳазор одам аз кору бораш, аз зиндагиашон монданд, сарсону саргардон, толибилмон аз дарсҳояшон монданд, муддати 3 моҳ  ҳоли мардуми Ғарм ҳамин хел бад шудабуд. Барои як чандсоата рафтани як мӯйсафеди пирбузбалаи аҳмақ. 

Ин чи маъно  дорад? Ин пирбузбала инҷо суханронӣ кард, аммо ягон суханаш маънӣ надорад ва бо ягон гуфтааш то ба ҳол амал накардааст ва намекунад.

  Барои мисол дар сулҳи 1997 хиёнат кард. Мансаби Вазири дифоъ бояд  аз тарафи  мухолифон, аз ҲНИТ  мешуд,номард, ғиромӣ кард надод, вазифаро ва ҳатто таҳдид кард,ҷанг мекунам ва намедиҳам ин вазифаро ва роҳбарияти ҲНИТ  фанд хурд. Ба гуфтаҳои ин номарди дузди шайтон бовар карданд ва ба  ин ҳад намедонистанд, ки хабис ин қадар номарду  аҳмақ аст. Ва ҳоло боз мардумро гипнозу гумроҳ карда истодааст ва инҳо ҳам дар наздаш саҷда доранд ва ба ҳоҷӣ Муҳиб  Бобоҷонови 85-сола, падари  Раҳими ғармӣ гуфтанӣ ҳастам «нангу ор ба ту барин мӯйсафед. Бо он сину солат дар пеши як беимони, Даҷҷол ба зону мезанӣ, мегуӣ, ҳар амру хизмати дигаре бошад, ман омода ҳастам мекунам. Ҳоло сабр кун, ҳоли фарзандрнатро аз аҳволи Зайд Саид бадтар мекунад. Ҳамон Саидмурод Давлатови суғдӣ ҳам ба мисли фарзандони ту соҳибкори  муваффақ  аст. Аммо мисли шумо дар назди як пир бузбалай аҳмақ ба зону намезанад, ба ин андозаи  шумо!»

 Эй, мардуми бо нангу номуси Раштонзамин куҷо шуд нангу номуси  Фузайл Махсуми шумо? Куҷо шуд нангу номуси Нусратуллоҳи Махсуми шумо ва Алии бедакии Шумо. Ҳайрони  ҷавонмардиятон мешавам….афсус..

                             Панҷакент

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур барои нашри номаи ман дар барномаи «Нома»-ҳо. Ин нома ҳам дар мавриди ҳамон муовини прокурори шаҳри Панҷакент Ҳоҷиев Толиб аст. Ҳоҷиев Толиб то ба ҳол аз корҳои худ даст накашидааст ва боз ҳам ҳамон ҳаромхуриҳои худро давом медиҳад.

   Мо як чанд вақт пештар дар як чойхона нишаста будем. Дар чойхона як ҷинояткор омада дар байни мо нишаст. Вай дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ва ҳар хел суханҳо мегуфт. Яке гуфт, ки ҳозир як даврае шудааст, ки ҳар гуноҳе мекунӣ бо пул ҳал мешавад, кори зидди қонунӣ мекунӣ иҷозат аст. Пулро ба Ҳоҷиев Толиб медиҳӣ, тамоми корҳоро ҳал мекунад. Он одаме, ки ҷиноят карда буд пулро ба Ҳоҷиев Толиб дода буд кораш ҳал шуд. Маблағи додааш 25ҳазор доллар мебошад. Ин ҳароме, ки пулро дода буд, ҳамдеҳаи худро лату кӯб карда дар ку..аш «бутулкая задагӣ ва акс ҳам гирифтагӣ».

Ин ҷабрдида, даъво мекунад. Ҷинояткорро фарёд мекунанду мегӯянд, ки 25 ҳазор доллар ба мо деҳ, яъне, ки Ҳоҷиев Толиб ва Ҷӯраев Ҷӯрабек корро мо худамон ҳал мекунем. Инҳо бо раҳбарии Сарвар ин корро анҷом ва делоро маҳкам мекунанд ва ҷинояткорро ҷавоб медиҳанд. Толиб мегӯяд, ки «то президента равад, ки ягонҷоята ғам набошад, бзан бхур бгард, ҳамаш дар дасти худам ягон кас ҳеҷ кор карда наметавонад».

  Вақте ки ин ҷинояткор дар ҳолати мастӣ мошин меронд,мо гуфтем,ки ГАИ дорад проблема мешавад. Гуфт, ки зинда бошад Ҳоҷиев Толиб ҳамаи ГАИҳоро очаашонро…..

  Аспи Ҳоҷиев Толиб бо номи Мерседес AMG аз аввали бузкашӣ кори ҳаромашро сар кард. Аспи худро бо номи Умед, ки як бузи прокуратура мебошад аз номи он баромад кард.

  Ин прокурори бе савод Ҳоҷиев Толиб дар Хуҷанд аз пули халқи Панҷакент падараш дом месозад. Аз болои ин дуздҳо ягон назорат нест. Чи коре хоҳанд ҳамон мешавад. Ҳаққи ҳамин 3 нафар зиндон аст: якум Азимзода Сарвар, дуввум Ҷӯраев Ҷӯрабек, сеюм Ҳоҷиев Толиб. Дар вақти сари кор буданашон инҳо ба зиндагии мардуми Панҷакент бисёр зарарашонро расонданд. Шахсан Ҳоҷиев Толиб мегӯяд, ки ман дӯсти наздики Сомон мебошам ба ман ҳеч кас кордор шуда наметавонад

      Аммо пас аз нашри мақолаи мо дар Номаҳои №176 дар мавриди прокурори Панҷакент ва муовини прокурори генералӣ бародар ин хабарро ҳам расонам, ки камтар бошад ҳам натиҷа шуда истодааст.               

 Боз як иловаи дигар. Мо алҳол дар шаҳри Панҷакент қарор дорем, аз муҳоҷирати меҳнатӣ, ки омадем дар бораи ин ҳаромхурҳо инқадар маълумотҳо фаҳмидем китоб нависедам, кам аст.

  Сунати чӯпон дар қишлоқи  Абдусамад бо бародарҳояш фермаи колхозиро   истифода мебурданд. Он ферма ва он чорпоҳо ,ки дар ҳисоби давлат буд бо ёрдами ҳаромхурҳо якум Азимзода Сарвар, дуввум Ҳоҷиев Толиб ва Ҷӯраев Ҷӯрабек шахсӣ карда гирифтаанд. Ана акнун вай фермаро ба худ источники доход кардаанд. Рӯзҳои истироҳат мераванд  ферма ва шаробнӯшӣ, маишат, гӯсфандкушӣ карда дам мегиранд.

Дар ҳамин ҷо бо ҷинояткорон муомила мекунанд: «пулро оварда дар ҳаминҷо- дар ферма мерасонӣ, тамом корат ҳал гуфта баъди пулро гирифтан ҷинояткорро ҷавоб медиҳанд». Ин Сунати чӯпон бо бародарҳояш мисли як ғулом дар хизмати онҳо мебошад.

                             Ҳамадонӣ  

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад,

Агар сӯзад шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.

Ассалому алайкум ва раҳаматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Дар аввал бояд бигуям, ки ман  барномаҳоятро тамошо мекардам ва фикр мекардам ин ҳама сохтааст ва шумо дуруғ мегуед ва аз худатон гап мебофеду барои сиёҳ кардани мақомот барнома месозед.

 Вале инхел набудааст ва  яқин кардам, ки ҳама ончи нашр мекунед ҳақ астанду рост. Ҳамаи гуфтаҳоятонро дидаму тасдиқ менамоям.

 Ман аз Ҳамадонӣ, аз деҳаи Ангурбоғ мебошам. Воқеан ин оилаи золими қотил як гурӯҳ шербачаҳои ҷойи моро дар вилояти Ленинобод, Суғди имӯза паронд. Ин кор дар солҳои пас аз ҷанг буд, тахминан  солҳои 1997- 1998

Масабур Саторов

Олимчон Сараев

Суҳроб Файзов

 Инҳо рафиқони Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Олим Желез буданд. Инҳо  рафту омад доштанд. Ин нафарон бо Маҳмуд Худойбердӣ ҳам шинос буданд. Вақти ҷанг дар Қурғонтеппа инҳо бо Маҳмуд Худойбердӣ гап мезананд,  ҷангро хомӯш мекунанд. Пас аз чанд вақт ҳангоме, ки Маҳмуд Худоибердӣ аз тарафи Узбекистон ба вилояти Суғд зада медарояд ҷангро шурӯъ мекунад, Эмомалӣ Раҳмонов, ки инҳоро медонист шиносҳои деринаи  Маҳмуд Худойбердӣ ҳастанду ӯро мешиносанд, фармон медиҳад, ки раведу    Ленинободро «тенҷ кунен ва пас баргарден ва ҳатман пас аз  баргаштан ҳар кадомитонро вазифаҳои нав медиҳам». 

 Инҳо мераванд ва вақте бо Маҳмуд Худойбердиев дар як стол шишта гап зада истода буданд, ки аз қафояшон тирборонашон мекунанд. Дар ин ҳолат як нафарашон дар чашмаш тир мерасад, ҳамонаш зинда мемонад тамом.

 Боз, пас аз чанде миёни размандагони Фронти халқӣ гап баромад, ки «иёра ҳукумат худуш паронда нобуд карда будаасту бори Маҳмуд Худойбердӣ карданшон».

Аммо дар бораи Комил Мирзоалиев, раиси Идораи Роҳи оҳвни Тоҷикистон. Ин шахс ҳам аз он нафарони дар боло зикр шуда метарсид. Баъди онки онҳоро куштанд Комил дар Ҳамадонӣ гапзан шуд. Як шери нари дигар баромада як ба як даъват мекунад Комилро ва мурданивор латукубаш мекунад, ки «хара дар лави замин ухели намезанан». Ин шахс Баҳром Мираков ном дорад. Ду бор Комил Мирзоалиевро мезанад то ҳатто дандонҳояшро мешиканад. Комил Мирзоалиев гуё рэкети Ҳамадонӣ буд. Вақте Баҳром Мираков Комилро мезанад, дигар ҳама райони Ҳамадонӣ аз деҳаи Ангурбоғ метарсид. Аммо ҳоло бошад Комил Мирзоалиев дар деҳаи мо барои Раҳмонов дача соз кардааст ва якбарбар заминҳоро гирифтааст. Онҷ ҳавзҳои моҳӣ доштем, ягон бор мерафтему моҳӣ меқапидем бо чангак дар лаблаби ҳавзҳо. Аммо ҳоло бошад Комил ҳамаро ришотка гирифтааст. Ин корро барои он мекунад, ки мардуми деҳаи Ангурбоғро Комил сахт бад мебинад. Иллаташро дар боло гуфтам, ки дар вақташ Баҳром ӯро зада буд.

 Мо як гурӯҳ бачаҳои Ангурбоғ маслиҳат дорем, ки агар Комил Мирзоалиев обод карда истодааст, ҳозир кораш намегирем. Вале агар бинем гузаронд баъд мо ҳам мисли бародар Баҳром, ки зада будаш мо бачаҳо ва шогирдонашро медонем,ки чи хел наказат кунем.

Албатта ҳам  Комил ва ҳам тамоми мардуми Ҳамадонӣ медонад, ки ангурбоғиҳо чи хелӣ одаманд. Дар хубӣ хубем, дар гандагӣ дигар нигоҳ намекунем, ки ӯ кӣ аст, чӣ аст, «ҳамара ружд мекнем мерем Ин шо Аллоҳ».

Дар пеши дачаи Ҷаноб се ҷо барои фуруди вертолёт сохтагианд. Барои чи? Барои бор, барои героин. Чун аз тарафи Афғонистн бор мезананд, мебаранд ба мошинҳояшон отделно. Баъд мо –мардуми одиро барои ним грамм меқапанду 10-15 сол мешинонанд. Охир, ин чи хел ҳукумат шуд. Аз руи шунидагиҳоям 25-26 сентябр Баҳром бо Тоҷ командир аз сарҳад бор мегузаронанд. Аммо Комил, ки мардуми деҳаи мо, махсусан Баҳромро бад мебинад бо фармонаш сарбозҳо автоматшапак мекунанд. Чанд кас захмӣ мешавад. Ҳозир дар беморхоани Ҳамадонӣ хоб ва таҳти назоратанд. Солҳои 1997-98, вақте деҳаи моро об мезанад: «Ҷаноб мия ҷой аму овзадагӣ гапоша мезана ва сни бачаҳои Ҳамадонӣ мега,ки шмо меген, ки кор нест,сум нест дастша сни Афғонистон мекна ва мега,ки ина сум бгирен наркотик двежени бкнен зиндагитона хуб кнен».

   Ҷаноб воля дод вале баъд оҳиста-оҳиста дар тули солҳои2005 то  2010 ҳамаро қапид, суд кардан гирифт:

«мардак мерава ай хоки Афғонистон бора мегира мия ай итараф сраза меқапан мебаран сутш мекнан». Охир ҳамаи бизнесро гирифтед: «ақалан ами наркотика монен, мо ҳам фурушем,морани машиной қимат хоноҳой баланошиёна мефора.Морани мефора зиндагии хуб дошта бошем, охи тоқа шмора мефора, ихели зиндагӣ? Мо ҳам ба як умеде ба ин дунё омадаем, ки зиндагии хуб дошта бошем, аз кадом роҳе набоша, нарокотикай чзи боша набоша, ҳаромхуро тоқа хтона фикр накнен,беномусой ҳаром».

Душанбе

Асалому алекум бародар Муҳммадиқболи Садриддин ман … истиқомат кунандаи  шаҳри Душанбе илтимос ҳамин номай маро чоп кунед, илтимос чун мо дигар ҷой шикоят кардан ва арзхоҳи намудан надорем.

Фарзандам дар кудакистон ё садики  82 микрарайон садики 56 меравад. Аммо директори ин садик Маҳмудова Ороста бе андоза зулм мекунад.  Бовар кунед дар дасти фарзандҳоямон як варақро навишта медиҳад:  парашок, собун, қоғази ташноб, ҷоруб ва ғ… ва фармон медиҳад ин ҳамаро аз хонаатон гирифта биёред. Аммо дар асл аз рӯйи қонун 250 сомонӣ пули садик аст. Агар ин пулро дар давлат супори мегуяд дар давлат насупор оварда дар дастаки худам 300 сомонӣ супор ва гапи зиёдати назан. Бовар кунед бе андоза зани ҳаромхур аст. Чанд вақт пеш  проверка омаданд рафтанд тафтишгарон ва пурсидем барой чи праверка омаданд?  Кадом падару модаре шикоят навишта будааст. Маҳмудова Ороста шарм нокарда бо садои баланд дар назди падару модарон ва кудаконамон мегуяд:  «мебиёян тафтишгарон чикорам мекунанд?  …. мехуранд. Ма таға дорум як занг мезанум ҳамара ҳал мекунанд». Номерҳои мошинаш 0777 Мо01

Номи духтари Маҳмудова Ороста Судоба номи хоҳараш Сабоҳат аст вале номи домодашро бо писараш намедонам инҳо ҳам омада мераванд.

Проверка омада буданд гуфтаншон ин хоҳарат ва ин духтараки хешу таборат инҷо кор накунанд ба номи дигар шахс дохил шудагӣ ҳастанду маош мегиранд?. Ба гуфти худаш як занги тағам кати кора ҳал кардам ягон кас дар Душанбе ягончи аз дастшон намеояд. Нанависен ягонҷода фоидатон намекунад. Бовар кунед давлати бе соҳиб Худованд хору залил гардонатон ҳаромхурҳо. Наход Рустами Эмомалӣ ва мақомоти тафтишотӣ зурашон ба ин зани бадахлоқ, ки мо бовар мекунем ва фарзандонамонро ба дасти ӯ супоридаем ояндаи ин насл чи мешавад? Умед дорам мақомот Ислоҳро ҳатман тамошо мекунанд ва ин мушкилоти бузургро аз сари мо дур мекунанд. Коррупсия якбор тафтиш кунед чаро пулро дар бонк нею дар дасти Маҳмудова Ороста супорем? Ин магар ғайри қонунӣ нест ?

Илтимос шабакаи Ислоҳ ин номаи маро чоп кунед.  Агар кадоме дурӯғ мегуяд Аллоҳ хораш кунад. Бо эҳтиром….

Share This Article