Ислоҳ дар мавриди шиканҷаҳое дар зиндонҳо аз тарафи зиндонбонҳо сурат мегирад дунбол мекунад. Дар ин таҳқиқот мо тавонистем номҳои чанд золим ва шиканҷакунандагони зиндониҳоро пайдо намоем. Мансур Умаров диққати ҷиддӣ бояд диҳад вагарна ин шиканҷаҳо ӯро ба додгоҳи ҷаҳонӣ мекашонад!
Мансур Умаров!
Мо медонем,ки ин СИЗОро Хайров Лутфулло чандин вақте ки ҳамчун замначалник кор кард, ба як бозор табдил дода буд.
Вақте як нафар айбдоршаванда инҷо медарояд аввал ӯро ба «стаканчик» мебаранд-ҷое, ки то мурдан одамро мезананд, «дух»-ашро снимат мекунанд, ба гуфти худашон «полпаталок» мекунанд. (Ҷаллодони дар стаканчик:
Навруз аз Лучоб, ҳозир УИД-СРИҶҶ гузаштагӣ аст, чанде пештар Акбари дароз- прапоршик аз Дурбати Ҳисор, Шамшод Сафаров лейтенант, Ҳомид аз Шарора, Ҷамшедча қайнии додари Мансур Умаров, Далер началники 8-прадол буд, ҳоло зиндони №1 гузарониданд, Бахтиёр Садиров началник режим, Олим аз Советский, хеши Нуриддин Раҳмон, муовини аввли УИД, Шорух Ҳамроев, началники режим буд, ҳозир спецзона фиристоданд.
Баъдан ин нафари айбдоршавандаро ба камераҳои карантин мебаранд. Камераҳои старий прадол 2,3,4, то чил нафар барои 14 нафар аст дар ин камераҳо,то 40 нафарро ҷо мекунанд. Ҳаррӯз мезананд, издиватса мекунанд, 20 рӯз баъд раскидка мекунанд-ба дигар камераҳо мегузаронанд. Хайров Лутфулло ва Ҷамшед Соҳибназаров , масъули раскидка, касе пул диҳад камераҳои кам одам мепартоянд. Нархҳо аз 1500сомонӣ то 5000сомонӣ. Ҳар камераи беҳтарро дар назар дорем. Бепулҳо-камбағалҳо ба камераҳои серодам ва ифлос, бе свет, беоб ва бо фарши сементӣ гузаронида мешаванд.
Тарзи гирифтани пул бо телефон. Телефон метиян занг мезанӣ ва ба соҳибонат-наздиконат мефаҳмонӣ
Як дуздӣ ва ҷинояти дигар инки тамоми СИЗО аз ҳисоби маҳбусҳо таъмир мешавад. Вале барои пулдорҳо боз дар инҷо азоби дигар аст. Масалан Командир Илҳоми ботурободӣ прадол-ҷои хоби 8умро бо пули худаш таъмир кард
Ҳамин тариқ китобхона ва офитсерский столовий ва чанд ҷойи дигарро Илҳом Ҳотамов, Ҷамшед Зиёев, раиси «Тоҷпромбонк» Пардаалӣ Алимардонов-додари Муродалӣ Алимардонов(пули калонро доду озод шуд) Бахтиёри Бобоҷони домсози узбеки ҳисорӣ (ин ҳам пула доду озод шуд матлабаш дар Ислоҳ нашр шуд) Мардони сохтмончӣ, Сафолов Раҷабалӣ, Дадобоев Шариф, Тағоев Меҳрубон,ки сумдор буданд таъмир карданд.
Лутфулло Хайров замначалник ва Ҷамшед Соҳибназаров началники ОРО ҳатто аз пули инҳо хонаҳои шахсиашонро таъмир карданд.
Ҳозир ҳам ин корҳо идома дорад. Мансур Умаров чаро пеши роҳи истисмору таҳқиру ғорати маҳбусонро аз тарафи зердастонат намегирӣ?
Мансур Умаров ва Музаффар Ашуриён вазири Адлия, ҳоло маълумотҳои зиёди дигаре дорем,ки вақташ омад ҳамаашро расонаӣ мекунем.
Аз ҳама хонандагони гиромӣ тақозо менамоем,ки дар мавриди афроди золиме дар ин нома номҳояшон омадааст маълумотҳое дошта бошед фиристед. Аксҳои ин золимон барои мо хело муҳиманд. Бояд чеҳраи махуфи ин золимони мардумозорро ҳама миллат бубинанду огоҳ бошанд. Мо мунтазири маълумотҳои шумо ҳастем,то онҳоро нашр намоем ва зулмро дар зиндонҳо коҳиш диҳем.