Тақрибан се моҳ қабл Шайх Назратуллоҳ як доъии тоҷики муқими Саъудиро бо талаби ҳукумати Қазоқистон дар Саъудӣ боздошт намуданд. Аз ӯ то ба ҳол ҳеҷ хабаре нест. Оё ӯро ба Қазоқистон ё Тоҷикистон истидрод карда бошанд, ё то ҳол дар зиндон ё тавқифгоҳи давлати Саъудӣ қарор дорад? Ин руҳонӣ дар шабакаҳо бо забони русӣ машғули даъват буд ва аз шаҳрвандони Қазоқистон ҳаводорони зиёдеҳам дошта аст.Даъватҳояш сирф динӣ буда ва ҳеҷ ба сиёсат иртиботе надошта аст,аммо инҳам ӯро наҷот надод ва мавриди пайгарду боздошт қарор гирифта буд,то имрӯз ҳеҷ маълумоте аз ӯ дар даст нест.
Аз таърихи 30-уми ноябри соли 2018 инҷониб Муҳаммадҷони Абдуҷалил муканно ба Абусалмони Бухорӣ низ нопадид гаштааст. Агарчӣ як манбаъ ӯро сиҳату саломат гуфта ва гӯё масруфи корҳои шахсӣ ё гӯё аз шабакаҳои интернет дур мегӯяд. Аммо агар шахс ҳар машғулияте дошта бошад дар як ҳафта як маротиба ба вотсап, фейсбук ва дигар алоқаҳои тавосули иҷтимоӣ сар мезанад. Гоҳе пас аз содир шудани ҳукм дар Тоҷикистон огаҳ мегардем, ки шахсеро истирдод ва маҳкум ба солҳои тулонӣ зиндонӣ карданд.
Ҳадаф аз ин навиштаам он аст, ки Саъудӣ ки худро давлати тавҳид мехонад ва доъиёну ҳомиёнаш, ки шабу рӯз дар ҳаққи Малик ва валиаҳди ин давлат дуъои хайр мекунанд, дар амон нестанд. Барои бақо дар ҳукм агар давлатҳои диктатурӣ ва мухолифи ақидаи ин давлат аз ӯ талаби доъиҳои исломиро кунанд онҳоро бе таваққуф таслимашон мекунанд. Лутфан ҳар ки аз ин ду огаҳӣ дорад,чизе нависанд, то барои ҳамагон қазияаашон равшан гардад. Агар зиндон бошанд ва дар тавқифгоҳ қарор дошта бошанд, масъалаи онҳоро бубинем. Ин ду шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва аз онҳо ҳимояте анҷом бидиҳем.
Моҳҳои охир амалкардҳои сафорати Тоҷикистон дар Саъудӣ, хоссатан худи сафир толибилмонро ба изтироб оварда аст. Таҳдидҳои аз тарафи мақомоти амниятии кишвар ба хонаводаҳои толибилмони Донишгоҳҳои ҳукуматӣ ва расмии ин кишварро шунида будем. Ҳатто толибилмоне буданд, ки ба таътили тобистона ба Тоҷикистон рафта буданд ва таътилро комилан дар боздоштгоҳҳои амният гузаронида ва аз он зерхонаҳои КДАМ раҳо ҳатто хонаводаҳояшонро нодида ва дубора ба Саъудӣ фиристода шудаанд. Адади толибилмон рӯз аз рӯз кам ва қабул шудаҳо наметавонанд барои таҳсил ба Саъудӣ раванд. Инчунин толибилмоне, ки дар курси се ва чор ҳастанду фориғутаҳсил шуданиянд ба хонаводаҳояшон фишор меоранд, ки таҳсилро тарк карда баргарданд. Чун вазъияти нохуби толибилмони ин кишвар ноҳинҷор ва ғайри табии аст гум шудани ин ду шахс боз ҳам вазъро печидатар кардааст. Худо кунад ин ду озод бошанд, вале боз ҳам хостем мутмаин шавем ва огаҳӣ пайдо кунем.Дар мавриди толибилмони Саъудӣ ҳатман мақолаи муфассал менависам ва ҳолати онҳоро баён мекунам.
Мунтазири маълумотҳои шумо азизон ҳастем, агар нахоҳед дар комент чизе нависед, лутфан тавассути личка паёмакҳои худро ирсол намоед, то аз онҳо огаҳӣ пайдо кунем.