Оё Худованд моро дӯст медорад?

Ислоҳ нет

Оё Худованд моро дӯст медорад?

Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ дохил намегардад ё рахна намекунад дарвозаҳои осмонро чизе мисли дуъо ва ниёиш ба даргоҳаш.Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ мешунавад дуъои мурчаи сиёҳе,ки дар шаби торик диданаш барои мо мушкиласт.Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ пазируфт дуъои мурчаеро,ки бардошт дастонашро ва оҷизона барои қавме дуъои борон намуд.Сулаймон(а) ҳангмеки хориҷ шуд аз хонааш то дуъои талаби борон намояд,дар аснои рафтанаш ба масҷид дуъои мурчаеро шунид,ки аз сидқ ба сӯйи Аллоҳ талаби борон менамуд ва ҳангоме,ки дуъои содиқонаи он мурчаро шунид ба дари масҷид расид ва чунин гуфт: «Эи мардум боз гардед ба сўйи хонаҳоятон,ки моро басандааст дуъои содиқонаи мурчае,ки дар миёни мо ва шумо қарор дорад.Пас аз чанд лаҳзае чунон борони раҳмате борид ба сабаби дуъои он мурча ва ҳама қавм аз қаҳти бениёз намуд.

Нест Худое ҷуз Аллоҳ,ки боло меравад сухани зебо ва дуъои аз аъмоқи қалб берун гашта,ки ашк ва ниёишро ҳамроҳ дошта бошад ба даргоҳаш мерасад ва пазируфта мегардад.Пас биёед дарвозаҳои раҳмати Ўро бикубем ва бо дили отифи ва чашмони намнок даст ба сўяш бардорем чунки дарвозаҳои раҳмат ва магфираташ боз аст, то он ҳангоме,ки офтоб аз мағриб тулуъ намояд ва ҷон ба ҳулқумамон нарасида асту дар ҳолати кандани талхии ҷонкандан қарор надорем.Эй оне,ки ғаме дори ва эй онеки мусибате дори ва ё ҳочатеро мехоҳи ,эй мазлуме,ки бар ту зулмеро раво диданд ва ту мунис ва дастгиреро ҷуёи пас биштоб бо ниёиш ва тавалло ва ашки резон ба даргоҳи он соҳиби иззат ва ҷалолеки бо як калима амраш мушкилат ҳал ва ончӣ дар орзўяш ҳасти ва буди хоҳи расид. Агар ба сўйи Ў дуъо накунед пас кист онеки қодир ба бароварда кардани ҳама орзўҳоят мебошад. Оё ҳаст касе ончиро мехоҳӣ бароят бидуни миннат ва тамаъе ато намояд? Агар шикоятҳам куни ? Агар зори ва таваллоҳам куни ? Чуноне гуфтаанд :

Ҳеҷ чиз аз банда махоҳ агар дод миннат аст агар надод зиллат аст
Ҳама чиз аз Худо бихоҳ агар дод неъмат аст агар надод ҳикмат аст.

Эй оне,ки мубталои дарди ! Эй оне,ки аз буду набуди чизе ранҷ мебари! Эй оне,ки толиби чизе ҳасти ва он насибат намегардад! 
Бо дуъоҳоят дар дили шаб танҳо аз Холиқат бихоҳ дарвозаҳои раҳмати Ў ҳамеша боз аст. Шумо дуъо намоед Ў мепазирад агар онро холис ва бо дили соф ва чашми пур аз нам аз даргоҳаш бихоҳи.Инро ҳеҷгоҳ аз ёдат набар,ки дуъо сипар ва нури муъмин аст.Он бидуни шак мустаҷоб хоҳад гашт агар ту онро ба ваҷҳи накў анҷом диҳи.Дуъо нури осмонҳо ва замин аст. Ҳар гоҳе дуъои содиқона ба дарвозаҳои осмонҳо мерасад онҳо кушода мегарданд ва он пазируфта мегардад агарчи пас аз вакте ҳам бошад.Инчунин дар ҳадисе омадааст « Биҷуед ё ҷуё бошед аз дуъо зеро шахсе дареро зиёд мекубад,ман шак дорам,ки барояш дарвозаро накушоянд»

Яке аз орифон аз ибни Қайими Ҷавзӣ (р.ҳ.а) ривоят менамод,ки чунин қиссаеро овардаанд: «Дар яке аз қарияҳои Бағдод ба сӯйи масҷид мерафтам ва дарвозае кушода шуд ва аз он кудаке берун омад дар ҳоле,ки талаби кумак мекард ва гиря кунон аз хона берун шуд ва то берун шуданаш модараш аз пушти он кудак омад.Ҳангоме,ки он кудак берун шуд модараш дари хонаро аз пушти он кудак пушид ва онро қуфл намуд.Кудак аз он хона онқадар дур нарафт ва каме истод ва фикр намуд,ки паноҳгоҳи дигаре надорад ғайр аз он хонае,ки аз онҷо гиря кунон берун шуд аз он,донист,ки ғайр аз модараш касе ба ў ончунон ғамхори намекунад.Кудак дубора боз гашт ба назди дарвозаи хонаашон дар ҳоле,ки осори шикаста хотири ва ғамгинӣ дар чеҳрааш намоён буд.Дари хонаро баста дарёфт ва рухсорагонашро дар паҳлударии он хона гузошт ва хобаш бурд.Ман танҳо хориҷ шудани он кудакро дида будаму ба масҷид рафтам.Ҳангомеки аз масҷид бар мегаштам дидам он кудак хобидааст дар назди дарвозаи хона.Ин ҳангом модараш дарро кушод ва ҳоли фарзандашро дида худро бар замин андохт ва чунин гуфт: Эй фарзанди ман куҷо мерави аз назди ман? Кист ,ки туро ғайр аз ман паноҳ медиҳад ? Оё нагуфтам,ки маро гуш кун ва ончи мегуям накун онро мекуни ва манро мухолифат мекуни? Сипас Ўро бар оғушаш кашид ва ба хона дохилаш кард».

Пас хонандаи гироми каме ҳолати ин модарро фикр кун ва пас аз он ин ҳадиси расули акрам(с) бихон ва худат қазоват кун.
«Худованд раҳмкунандатар ҳаст (бар бандагонаш) аз модар ба кудакаш»
Пас хонандаи гиромӣ ва эй оне,ки аз дуъо ба даргоҳи Худованд дигар ноумед гаштаи ҳамеша дарвозаҳои раҳмати Ў боз аст агар хуб бипурси ва танҳо аз Ў бипурси.Инҷо фаҳмидем,ки раҳмату лутфи Худованд аз лутфу меҳру навозиши модар ба кудакаш ва ҷигарбандаш зиёдтар будааст.Пас танҳо инҷо каме таъаммул намо ва ниёиш ва дуъо танҳо ба даргоҳи Худованде,ки моро офаридаст ва уммати беҳтарин паёмбар гардонидааст бо дуъо бошем, то мушкилотамон ҳал гарданд.

Ман бе ту даме қарор натвонам кард.
Эҳсони туро шумор натвонам кард,
Гар бар тани ман забон шавад ҳар мўе.
Як шукри ту аз ҳазор натвонам кард.

Share This Article