Муруре перомуни баъзе вожаҳову ададҳо дар Қуръон ва эъҷози илмии онҳо.

Ислоҳ нет

Муруре перомуни баъзе вожаҳову ададҳо дар Қуръон ва эъҷози илмии онҳо.
(бахши аввал)
Нақши Қуръон чунки бар олам нишаст,
Нақшаҳои попу коҳинро шикаст.
Фош гӯям ончӣ дар дил музмар аст,
Ин китобе нест, чизи дигар аст.
Ин каломи Муҳаммадиқболи Лоҳур дар васфи Қуръон хеле баҷост. Қуръон китобест раҳнамо, китобест зиндаву пояндаву гӯё, китобест равшангари қалбҳо ва китобест роҷеъ ба ахлоқи воло, ки мусалмонон онро ҳамчун дастури ҳамешагии ҳаёти хеш истифода мекунанд. Қуръони азимушаън фарогири сура, оёт, ва ҷузъ мебошад, ки ҳар ҷузъ дар навбати худ ба 4 ҷузв гурӯҳбандӣ мешаванд, ки аз он ба истилоҳи ҳизб низ ёд мекунанд. Ҳамзамон дар Қуръони карим вожаҳое ҷой дорад, ки онҳо бо ҳисоби баробар маротибае чанд зикр гардидаанд. Мавзӯи мавриди матраҳи мо албатта ин нест балке баъзе эъҷози илмии ин китоби нуронӣ, ки дар шакли суолу посух баён мегардад.
1. Савол: Дар Қуръони карим чанд маротиба вожаи “يوم” рӯз омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим ин вожа 365 маротиба зикр мегардад, ки мутобиқи рӯзҳои соли шамсӣ аст. Инчунин ин лафз ба шакли умумӣ ё дугона 30 маротиба омада, ки он мутобиқ ба адади рӯзҳои моҳҳо аст.
2. Савол: Дар Қуръони карим чанд маротиба вожаи “الشهر” моҳ омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим ин вожа 12 маротиба омадааст, ки он мутобиқ ба 12 моҳи сол далолат мекунад.
3. Савол: Дар Қуръони карим чанд маротиба вожаи “الصالحات” накӯиҳо омадааст? 
Посух: Дар Қуръони карим вожаи “الصالحات” накӯиҳо дар муқобили вожаи “السيئات” бадиҳо 180 маротиба омадааст, яъне некиҳо 180 маротиба дар муқобили бадиҳо 180 маротиба омадааст.
4. Савол: Дар Қуръони карим вожаи “قالوا” гуфтанд ?
Посух: Дар Қуръони карим ин вожаро дар баёни он касоне гуфтанд аз инсонҳо, малоик, ҷин, баъзе махлуқот, шайтон, ки 332 маротиба омадаанд. Мегӯянд аз он махлуқоте офаридааст, ки инсоният аз онҳо огоҳ аст. Ҳайвонот, ҷимодот, махлуқот ба шакли умум 332-то мебошанд.
5. Савол: Дар Қуръони карим вожаи “الإيمان” имон ва ончӣ ба он иртибот дорад чанд маротиба омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим ин вожа ва ончӣ ба он иртибот дорад 811 маротиба омадааст. Дар муқобили имон вақте вожаи “كفر و ضلال” куфр ва гумроҳиро гузорем ин вожаҳо дар умум 697 маротиба зикр шудаанд, яъне 114 маротиба кам аз имон, ки он бартарии имонро дар муқобили куфру гумроҳӣ нишон медиҳад, инчунин адади 114 аз шумори сураҳои Қуръон далолат мекунад.
6. Савол: Дар Қуръони карим вожаи лафзи ҷалолат ” الله”Аллоҳ (ҷ) чанд маротиба омадааст?
Посух : Дар Қуръони карим лафзи ҷалолат Аллоҳ дар сураҳо ва оёти мухталиф 2698 маротиба омадааст.
7. Савол: Дар Қуръони карим чанд маротиба вожаи “رجل”мард омадааст? 
Посух: Дар Қуръони карим ин вожа, яъне мард дар шакли танҳо 24 маротиба омада ва дар муқобили он вожаи “امرأة”зан низ дар шакли танҳо 24 маротиба зикр мегардад. Яъне мардро танҳо наоварда, дар муқобилаш ба ҳамон адад занро низ зикр мекунад.
8. Савол: Дар Қуръони карим чанд маротиба вожаи “الهدي” ҳидоят омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим вожаи “الهدي” 79 маротиба омадааст, ки дар муқобилаш вожаи “الرحمة”раҳмат низ 79 маротиба меояд. Шахсе ҳидоят ёбад ва ё ҳидоятёфтагон раҳмшудагонанд дар раҳмати Аллоҳ қарор доранд.
9. Савол: Дар Қуръони карим вожаи “الدنيا”дунё чанд маротиба омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим вожаи “الدنيا” 115 маротиба омадааст, ки дар муқобили дунё вожаи “الاخرة” охират ҳам 115 маротиба зикр мегардад. Яъне чанд маротибе, ки дунё зикр шуд ба ҳамон андоза охират ҳам зикр мешавад, на кам ва на зиёд.
10. Савол: Дар Қуръони карим вожаи “الملائكة”малоикаҳо чанд маротиба зикр шудааст?
Посух: Дар Қуръони карим вожаи “الملائكة” 88 маротиба омадааст, ки дар муқобили он вожаи “الشياطين”шайтонҳо низ 88 маротиба омадааст.
11. Савол: Дар Қуръони карим вожаи “الحيات”ҳаёт чанд маротиба омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим вожаи “الحيات” 145 маротиба омадааст, ки дар муқобили он вожаи “الموت”марг низ 145 маротиба омадааст.
12. Савол: Дар Қуръони карим чанд маротиба вожаи “الناس”мардум омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим вожаи “الناس” 368 маротиба омадааст, ки дар муқобили он вожаи “الرسل” паёмбарон ҳам 368 маротиба омадаанд.
13. Савол: Дар Қуръони карим вожаи “النفع” фоида ё суд чанд маротиба омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим вожаи “النفع” 50 маротиба омадааст, ки дар муқобили он вожаи “الفساد” фасод низ 50 маротиба омадааст.
14. Савол: Дар Қуръони карим вожаи “الصبر”сабр чанд маротиба омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим вожаи “الصبر” 102 маротиба омадааст, ки дар муқобили он вожаи “الشدة” сахтӣ ва ё душворӣ низ 102 маротиба омадааст.
15. Савол: Дар Қуръони карим вожаи “الحر” гармӣ чанд маротиба омадааст?
Посух: Дар Қуръони карим вожаи “الحر” 4 маротиба омадааст, ки дар муқобили он вожаи “البرد” сардӣ ва чизе, ки ба он иртибот дорад низ 4 маротиба омадааст.
Хонандаи гиромӣ, ин буд 15 муъҷизаи лафзии Қуръони карим ва баробарии вожаҳо ва тасодуфи аҷибе бо чизҳои дигар. Иншоаллоҳ бо изни Худованд ва баъдан, агар фурсат бароям даст диҳад ҳатман ин таҳқиқотро идома медиҳам, то аз ин китоби Илоҳӣ ва муъҷизоти он огаҳӣ пайдо намоед.

Share This Article