Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳ.Бародар Муҳаммадиқбол,мо ҳар як барномаатонро тамошо мекунем ва сарфарозем, ки модари тоҷик чунин як марди Худоро ба дунё овардааст.Руҳи падаратон шод бод.Устод Лоиқ дар охирҳои асри 20 гуфта буд:
Бидон бе машъали ақли фурузон,
Бидуни офтобу илму ирфон.
Агар сад Нораку Роғун бисозӣ,
Бимонад Тоҷикистон торикистон!
Бале, ҳақ ба ҷониби Лоиқ!
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон лимити барқ ҷорист.Имсол ҳатто дар дохили шаҳри Исфара барқ нест.Аммо лесакҳо,чоплусакҳо ба мисли ҳамон Хайёмиддин (садқаи номи Хайём шавад) аз Худо шарм надошта қасам мехурад, ки барқ доимисту ягон лимит мавҷуд нест! Ин муғулзоди муғулпарасти тоғут хуни тоҷикӣ надорад.Зеро модаркалону бобокалонаш муғуланд. Баъди аз Хуҷанд ронда шудани муғулҳо момокалонҳояшон ба тоҷикони Хуҷанди бостон оиладор шудаанд,ки хунашон омехта гардидааст.Мардуми боору номуси Хуҷанд, ҳеҷ вақт чоплус набуданд ва нестанд!
Баъзеҳо гуфтанд, ки вай аз Исфара (яъне Хайёмиддин) аст. Мо мардуми Исфара чоплусони шаҳрамонро хуб мешиносем, аммо аниқ карда натавонистем, ки ӯ аз куҷо?
(Хайёмиддин аз Исфара нест ва ҳеҷ гоҳ нагуфтаем,ки ӯ аз Исфара аст.Ӯ аз Панҷакент аст ва устоди донишгоҳи Хуҷанд ва ровии як барномаи телевизиони вилоятӣ дар Хуҷанд. ”Ислоҳ”)
Асосан чоплусакон ду-се нафар аз кормандони ҳукумати Исфара,авангардҳо ва вакилони мардумӣ (садқаи номи мардум шаванд),зиёиён мебошанд.Хусусан вакили мардумӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ, ки мақолаҳои таҳқиромези зидди мухолифин менависаду дар Фейсбук доимо аз пешвояшу Рустамҷонаш таърифу тавсиф менамояд.Ин як муаллимаи деҳотӣ барои лесакиву чоплусиҳояш ва мақолаҳои зидди Муҳаммадиқбол навиштааш ба калончоплусон писанд меояду шиносоӣ пайдо намуда дуст гардида(албатта бо кӣ, дар куҷо,чи гуна буданашро баъд…) то ба Маҷлиси Олӣ роҳ меёбад.Авангардҳои Исфара шогирдони ҳамин муаллима мебошанд.Устод Лоиқ гуфтаанд:
Агар бинам зиёиро риёӣ,
Кулухеро бигуям, авлиёӣ!
Чоплусон, пешобпарастон ва тоғутпарастони Чоркуҳи Исфара Раҷабов Савриддин, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Икромовҳо Фурқат, Шавкат, Фаридун, Исматулло Абдулло, ки бо номи Э.Раҳмонов аз хоб мехезанд ва ба номи у ба кор оғоз мекунанд, на ба номи яздони пок.Онҳо доимо дар таҳқиру танқиди мухолифинанд.
Мо якчанд нафар хизматчиёни давлатӣ аз шаҳри Исфара ба Шумо муроҷиат менамоем. Дар шаҳру деҳоти Исфара тарафдорони Шумо хеле зиёданд, аммо чоплусоне низ ҳастанд,ки фақат ба манфиати худ ба чунин чоплусӣ даст задаанд.Киҳоянд тарафдорони режими хунхори Раҳмонови лаънаткардаи Аллоҳ? Инҳо фоҳишаҳо, зинокорон, дуздон,қаллобон,порахурҳо ва мисли онҳо.Аз Исфара асосан як зан ба номи Муҷиба Чавҳрӣ,зодаи деҳаи Чоркуҳ,ҳоло депутати Маҷлиси намояндагон,ки барои чоплусиву леслесаки уро пешбарӣ намуда буданд ба депутатӣ,чоплусӣ мекунад.
Мо бовар намекунем, ки ӯ зодаи Чоркуҳ бошад, зеро мардуми Чоркуҳ мардуми диндору худотарсанд, хусусан занҳо. Ин чоплусаки қишлоқӣ ба аҳолии 40000 нафараи Чоркуҳ, хусусан ба падараш, ки бисёр шахси хоксору баруманди қишлоқ буданд, лаънат оварда истодааст. Доимо дар мақолаҳояш шумо ва ҲНИТ-ро танқиду масхара мекунад. Мо ба Муҷиба муроҷиат намуда мегуем, ки аз ин чоплусиву хушомадгуиҳоят даст каш. Синну солат ба нафақа наздик шуда истодааст, тавба куну сар ба саҷда гузор, на саҷда ба пешоби миллат.
Муҳаммадиқбол, илтимос ин номаи моро нашр намоед, то ки дигар чоплусони Чоркуҳ, ба мисли Савриддин Раҷабов, Исмат Абдулло, Шароповҳо, Икромовҳо аз ин роҳашон баргарданду ба мардуми Чоркуҳи номдор лаънат наоранд.
Исфара Навгилем
Ба шумо аз Исфара аз колхози ба номи Дӯстӣ, деҳаи Баланд ва колхози ба номи Зокирхуҷа Ҳасанови Навгилем гуфтанием
“Колхози Дустӣ,деҳаи Баланд раисаш Убайдуллоев Фурқат колхозро бисёр ғорат дорад, ба прокуратура ва дигар мақомот шикоят кардем, ягонтааш натиҷа надод, маҷбур шудем ба шумо гуем дарди диламонро.”
Дар колхози Дӯстӣ як фермаи гови ширдеҳ буд. Ферма 4 гектар замини корам,1ямаи калон ва чанд бочкаи систерна дошт. Онро раис ба як шахс ба номи Тураев Абдуваққос ба пули ночиз бо нархи 250,000 сомонӣ фурухт. Мо сокинони деҳа мехостем ин фермаро харем, раис ба мо надод ва ба дӯсти собутилникаш Тураев Абдуваққос фурӯхт. Мо фаҳмидем, ки инҳо ҳарду дӯст будаанд. Абдуваққос Тураев мегуяд “ин раисро маст карда ба гушаш зада фермаро харидам”.
Ба сокинони деҳа надод, гуфт инро бояд одами бегона харад. Як бочкаи он 100,000 меистад.
Ҳоло бошад ин Абдуваққос Тураев гирду атрофи фермаро захват карда гирифта истодааст. Ҳамчунин замини одамҳоро инҷо территорияи ферма гуфта гирифта истодааст.
Аз пешаш об мегузарад. 4 гектар замин ба 250ҳазор сомонӣ,ин яъне бепул аст охир.
Розиқ, писари Абдуваққос Тураев меояд ва соҳибони заминро ҳақорату дашном медиҳад. Мо фаҳмидем, ки Абдуваққосу писараш буз будаанд, бузи ментҳо.
Мо шикоят кардем ба прокуратура, аризаро қабул кард вале натиҷа нест. Фаҳмидем, ки раис онҷо одам доштааст. Боз хабар мекунанд аз прокуратура,ки инҳо шикоят навиштаанд бар зидди ту. Акнун ин ҳам давлатдорӣ шуд?.
Мо мехоҳем раиси шаҳр Баҳоуддин Баҳодурзода ва мақомот биеёянд бинанд ва ин фермаро тафтиш кунанд.
Дигар колхоз колхози ба номи Зокирхуҷа Ҳасанов аст.
Ин колхози деҳаи Навгилем аст.
Раисаш Файзидинов Савзидин аст. Дар бригадаи 15 бригадир Файзидинов Ҳасан мебошад.
Дар ин бригада Ҳусенов Азиз як шахси дузд, буз,зинокор , кор мекунад. Колхозчиҳо ба хотире кор мекунанд, ки дар вақти зардолу аренда гиранд, яъне баҷои музди меҳнаташон аренда, зардолу медиҳад колхоз гирифта хушк мекунанд. Дар вақти аренда соли гузашта моҳи июн дар вилояти Суғд фақат дар Исфара зардолу шуд. Зардолуи Конибодому Хуҷандро сармо зад. Дар ҳамон вақт -моҳи июн арендаро тақсим мекунанд. Бригадир ба ҳама колхозчиҳо 40-50 бехӣ зардолу вале ба Ҳусенов Азиз 280 бех зардолу медиҳад. Мо мегуфтем, ки чаро ин Азиз ҳамаи моро “угрожат” кард. Вай гуфт, ки “ман кори раиса мекунам”.Барои ҳамин аст ки ин Азиз бисёр дуздӣ карда аст. Дарахтони зардолуи колхозро мебурад, мефурӯшад, бо участковий ҳамкорӣ мекунад. Як рӯз ҳама кор карда истода будем. Бригадир камтар нушидагӣ буд. Азиз участковийро телефон мекунад. Участковий он вақт Алишер буд. Меояд мебинад бригадир Ҳасан маст. Мегирад протокол мекунад. Азиз миёна медарояд, гапзанон карда 2000 сомонӣ дода халос мекунад. Ҳасанро фиреб медиҳад. Худаш хабар дода боз гапзанон карда халос мекунад.
Азиз дар инҷо шабу рӯз дар участкаи колхоз кораш зино, дуздӣ. Ягон кас гап зада наметавонад, ҳатто раис ҳам. Азиз Ҳусенов мегуяд раис ман, забони раисро кутоҳ кардагӣ, чи хоҳам мекунам. Колхозчиҳо ҳама камбағал, калонсол, занҳо. Ҳеҷ кор карда наметавонем. Мо мехоҳем шумо дар “Минбари муҳоҷир” навиштаи моро хонед. Раис Файзидинов Савзидин бухгалтер Файзидинов Аслидин кору рафтори ин Азизро бинанд. Чаро ба ӯ 280 дона зардолу медиҳед вале ба боқии колхозчиҳо 40 донаӣ. Агар илоҷашро набинед, тамоми ҷинояти шуморо ба “Ислоҳ” менависем, шарманда мешавед.
Раиси пешинаи Навгилемро ёд доред?
Болтаев Аҳмадхӯҷа Ҳабибуллоевич буд,ки гурехтааст. Фаҳмидем, ки Германия рафтааст. Моҳи июни 2022 дар “Ислоҳ” мақолае зери сарлавҳаи “Навгилемиҳо аз сиёсати “пешво” норозиянд, иллат зулми раиси ҷамоаташон” чоп шуда буд, ки аз ҷиноятҳои ҳамин раиси суҳбат мекард. Худоро шукр, ин мақола ва навор кори худашро кард ва мо яқин кардем, ки ягона роҳи аз ин золимон ва дуздон халос шудан ин навиштан ба “Ислоҳ” аст. Чунки дар дигар расонаҳо навиштаҳои моро чоп намекунанд. Мо ташаккур мекунем аз шумо барои ин дастгириатон.
Аз шумо хоҳиш мекунем ин ду номаро дар “Минбари муҳоҷир” хонед. Чунки ин барномаро ҳама мебинанд ва натиҷаҳояшро бо чашмонамон дидем. Бигузор оянду тафтиш гузаронанд, санҷанд. Раис Убайдуллоев фермаро ба як шахси муттаҳам фурӯхтааст. Инҷо боз аз як ҷинояти Убайдуллоев мехоҳем бигуем. Колхози Дӯстӣ беш аз 100 га боғи зардолу дошт. Онро ба мардум тақсим карда саҳм дода буд. Аммо раиси ба ин боғ се сол пушти ҳам об надод. Нассос вайрон мегуфту дар вақти обхӯрии зардолу обро намедод ва дархтҳо хушкиданд.
Баъд ин дарахтҳоро ба маблағи ду милион сомонӣ фурӯхт. Акнун ин замини холишударо боз ба мардум ҳамчун саҳмия мефурӯшад ва гуфта истодааст, ки аз нав боғ созед. Хеле беинсоф аст. Барои манфиати шахсии худаш шуда ҷойи ризқу рӯзии мардумро харобу вайрон кард. Ҳамин фермаро ҳам фикр мекунем махинатсия карда фурӯхт. Вақте дар бораи “Ислоҳ” барнома карду нашр шуд Болтаев гурехт , омад ба Русия ва баъд ба Германия рафт. Азизу Ваққоси кала ғавс ҳарду хандида мегуянд, “сари раисро хурдем,фиреб додем,через бародараш Лутфиллохон гап зада замини мазоро гирифтем, ба мо мақомот кор надошт, раисро антен мондем” гуфта механданд.
Азиз ба Ваққоси калағавс мегуяд эҳтиёт карда дуздӣ кун, ба мо ҳам деҳ, ҳоло учаскови нав аст. Искандарзода, ин конибодомӣ бар ивази пул барои “любой” кор тайёр. Алишер одами худамон буд рафт, ҳоло бо Искандарзода кор мекунем. Абдуваққос Тураев ва Азиз Ҳусейнов бузи участковий мебошанд.
Бачаҳои сини даъватро мефурӯшанд,кадом бачаҳо намоз мехонанд, кадом муаллимҳо намоз мехонанд, дар маҳалла чи гап мешавад, хуллас бузи участковийянд. Абдуваққос гуфтааст, ки “забони имоми масҷиди маҳалларо кутох кардаам, ҳамсинифам ҳуштак занам, давида меояд, чизе гуям гуш мекунад”.
Мулло ҳам бо ин козёлҳо ҳамкорӣ мекунад, ба хотири муллоияш номашро намегуем. Абдуваққос ва Азиз ҷояшон заправка аст. Дар канори деҳа заправка ҳаст, онҷо мешинанду одамҳоро разведка мекунанду ба участковию ментҳо хабар мекашанд.
Абдуваққос ва Азизи дузд ба як духтар кори фаҳшо доранд. Ин духтар номаш Р…. ва шавҳардор аст. Азиз ба участкаи бригадаи 15 мебиёрад. Ҳарду бо вай корҳои ҳаромро мекунанд. (Аксҳои гирифтаашонро ба “Ислоҳ” фиристодаанд) Ба домуллои маҳалла гуфтанием, ки аз Ваққос худашро дур гирад, ки оқибат шармандаву расво мешавад. Як кори дигар ин ду нафар ин аст ки шаб дарахти бригадаи 15- ро мекучонанд. Азиз мекучонад Ваққос бошад харидор меёбаду мефурӯшад. Азизро барои ин кораш агроном бо номи Аҳлӣ акт мекунад. Азиз,ки бо участковий рафиқ буд, участквий ин корро рӯпӯш мекунад. Ин ҳодисаро ҳамаи мардум медонад.
Навгилемиҳо вақте Ваққос ва Азизро дидед эҳтиёт кунед. Инҳо бузи участковий ва ментҳо мебошанд.
Аҳмадхуҷа Болтаевро капаашро дуд кунонидем, айби худаш буд,гуфта механданд Ваққосу Азиз.
Тибқи иттилоъи расида ба “Ислоҳ” Болтаев Аҳмадхӯҷа Ҳабибуллоевич, раиси собиқи ҷамоати деҳоти Навгилем дар аврупо қарор дорад вале овоза кардааст,ки дар Новосибирск қарор дорад. Пас аз нашри матлаб ва наворе дар “Ислоҳ” нашр шуд ҳоло дар фирор қарор дорад. Ҳама моликияте доштаашро мусодира кардаанд. Ҳатто хонаи истиқоматияш ҳам дар садади мусодира қарор дорад. То имрӯз маблағи калонеро ба кормандони КДАМи вилояти Суғд фиристодааст, ки корашро ҳал кунанд. Ҳатто ба ин расидааст, ки ақалан хонаамро мусодира накунед. Дар дасти мо чанд фигуранте аз КДАМ, ки корашро бурда истодаанду аз ӯ пули калон ҳам гирифтаанд расидааст. Аммо чанд маротибае пул фиристодааст, боз ҳам аз ӯ пул талаб доранд. Вазъияташ хело бад аст. Мо дар мавриди инки ӯ дар Олмон аст чизе гуфта наметавонем, аммо ҳатман ӯро хоҳем ҷуст,то воқеиятҳоро бештар фаҳмем.Агар худи Аҳмадхӯҷа Болтаев хоҳиши суҳбат кардан дошта бошанд метавонанд вазъашонро ба “Ислоҳ” расонанд. Оқибати зулму ғорат фирор ва шармандагист.
Як ҳолати дигар. Директори мактаби№32 аз талабаҳо 30 сомонӣ ҷамъ кардааст. Гуфтааст, ки боми мактабро шифер мекунем. Аммо ҳеҷ коре накардаст, чаро назорат намекунед?.
Мо аз мақомот мехоҳем, ки ба ин ҷиноятҳо расидагӣ кунанд. Масъалаи ферма ва бо нархи ночиз фурухтани онро, ғорат кардани бригадаи 15 аз тарафи Азиз Ҳусеновро, хароб кардани 100 гектар боғи зардолуро, ба як нафар додани 280 бех зардолу ва ба дигарон чандин баробар камтар доданро.
То замоне, ки ҳақ ба ҳақдор нарасад, мо аз ҷиноятҳои шумо ба “Ислоҳ” ҳатман менависем.