Расули акрам (с) мефармояд: мусалмоне, ки бо мардум мухолалтат

Расули акрам (с) мефармояд: мусалмоне, ки бо мардум мухолалтат (1) дорад ва ба озори онҳо сабр менамояд беҳтар аст аз мусалмоне, ки бо мардум мухолатат накунад, ва ба озори онҳо сабр нанамояд. (Ривояти Имом Аҳмад 5002, Имом Тирмизӣ 5307 ва Албонӣ дар “Силсилааҳодиси саҳеҳааш 939” саҳеҳаш хондааст)

Расули акрам (с) мефармояд: мусалмоне, ки бо мардум мухолалтат (1) дорад ва ба озори онҳо сабр менамояд беҳтар аст аз мусалмоне, ки бо мардум мухолатат накунад, ва ба озори онҳо сабр нанамояд.
(Ривояти Имом Аҳмад 5002, Имом Тирмизӣ 5307 ва Албонӣ дар “Силсилааҳодиси саҳеҳааш 939” саҳеҳаш хондааст)

Шореҳони ҳадис дар шарҳи ин ҳадис чунин менигоранд: мухолатат беҳтарин корест, ки мусалмон анҷом медиҳад, зеро тавассути мухолатат мардумро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад. Пас ин амал, яъне мухолатат беҳтар аст аз оне, ки аз мардум дур бошӣ ва ба азобу азияти онҳо сабру тоқат наорӣ, зеро ҳолатҳо мухталифанд ва дар ҷомеъа низ шахсиятҳои мухталиф бо афкори мухталиф вобаста ба ҳолат ва замон зиёданд. Пас барои мусалмони доӣ (даъватгар), ки бо мардум мухолатат дорад мебояд дар роҳи даъват сабур бошад, дар баробари кинаву адоват, туҳмату бӯҳтон ва макру реви дасисабозони замон таҳаммул намояд, дар анҷоми ин масъулияти пуршарафи имонияш устувор бошад ва фахр аз он намояд, ки Худованд ин ҳама ранҷу азиятро дар “РОҲИ ДАЪВАТ” барои ӯ насиб гардонидааст.
1.Мухолатат-ихтилот ва омезиш кардан бо ҳамдигар, ҳамдам, ҳамсуҳбат шуданро гӯянд.

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Ҳадиси -379

Аз Абу Мусо разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
Read More

Даҳҳаи Зилҳиҷҷа

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Салому дуруди Худованд бар Паёмбари хайруланом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (салаллоҳу алайҳи васаллам)ва хонадони поку асҳоби бузургвораш бод.